Дар бораи муаллиф

Зафар Мирзоён-факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Давоми солҳои 1970 ва то нимаи 1980 дар Афғонистон ҳамчун тарҷумони гурӯҳҳои кории русӣ кор кардааст.

Китоби рӯимизиаш «Шоҳнома» буда, умре ба ҷустори торихи гузаштагон аз нигоҳи миллӣ ҳаст.

Шиораш: Торихро набояд аз пушти айнаки урупоиён дид

Дар шаҳри Кӯлоб беш аз даҳ сол боз маҳфиле бо номи «Шоҳномахонӣ» таъсис дода, ҷавононро аз ин китоби китобҳо тадрис медиҳад.

Ба қавле, ӯ шоири бедевон ва олими беунвон аст

Ин торнигори сохтаи шогирдонаи мо шогирдони устод Зафар Мирзоён мебошад. Дар ин торнигор маколахои  тоза иншошуда  ва инчунин нигоштахои солхои ахири муаллиф, ки дар матбуоти даврӣ рӯи чопр дидааст, нашр хоҳад шуд.  Агар нуқсе дар пешниҳоди мавод ҷой дошта бошад, аз якояки Шумо пузиш мехоҳем.

Реклама

комментариев 19

  1. Durud ba Shumo kalamkashi rushanfikr ustod Zafar Mirzoyon!
    Vurudaton ba tornigorhoi tojikiro shodbosh meguyam.Piruzu sarbaland boshed.

  2. Дуруд бар устод Мирзоён!

    Ҳузури сабзи шумо дар торнигористони тоҷик рӯйдодест фархунда. Хуҷаста боду пойдор!

  3. Дуруд Устод!
    Кудуматон нек ва муборак бод! Дастатон дард ва каламатон оромиро набинад 🙂
    Ва як хохиш. Бисёр хуб мешуд, агар навиштахоятонро акаллан ба руси низ баргардон мекардед, то доираи васеи хонандагон аз фикру андешахои муфиди шумо хабардор шаванд. Ташаккур!

  4. Навиштахои устод Зафари Мирзоён (бо ин ки бо бархе аз нукоти он мувофик нестам) накши босазое барои худшиносии мардуми мо, ба хусус чавонон доранд ва онхоро ба ситеги илми вокеи, донистани таърихи ростини мо, омухтани забони поки модарии мо хидоят мекунанд.
    Дар ин кори начиб ва амри хайр ба устод тавфики бештар хохонам. Саратон дардро набинад!

  5. Salomu durud ba ustodi aziz!
    Tabrik meguyam Shumoro baroi in tornigori khelo ham jazob va khonani.Baroi Shumo orzui muvafaqiyat mekunam,Va bovari doram,ki dar nazdiktarin vaqt yake az tornigori purhonantarin meshavad,baroi mardumi muqimii kishvaramon va berin az marzi kishvar.

  6. салом .
    ман пас хондани маколаатон хостам минатдории самимонаи худро баён созам.
    зинда бод таърихи форси.
    ба турони биёбони зафарёб бошед,усоди гироми.
    бо эхтиром точики таърихдуст.

  7. Salomu durud bar ustodi giromi.
    Siposi behad ki ba mo khonandagoni khud fursat va imkoniyati beshtare baroi shinosoi bo tarikhi khud faroham ovardaed. Khudo nigahbonaton.

  8. Хушхолам, ки донишмандонамон ба дунёи технология гом ниходанд ва андешахои арзандаву гаронмояи худро дар ин чо мегузоранд. Имруз вакти он расида, ки барои пешрафту пуштибонии фархангу таърихамон аз тамоми васоит истифода барем. Бахусус барои устоди донишманде чун Мирзоён доштани дастраси ба чунин техника бисёр мухим аст, чун донистани тамоми навиштахову гуфторхояш барои хар як фарди точик мухим аст. Пояндаву сарбаланд бошед УСТОД!

  9. Сайтатон ва андешаои нобатон муборак, устод Зафар. Пас аз устод Тохири Абдучаббор дигар шахси азизу андешамандро мебинам, ки бо ин дилсузи, котеъият, чустори жарф ва покизаги дар сайри торихи пурифтихор, вале пур аз душман ба ин бебоки сухан мегуед.
    Умратон дароз, килкатон хмеша корсоз ва суханатон бурранда бошад!
    Сабз бошед,
    Ахмадшохи Комилзода.

  10. Дуруд бар Шумо, устоди арҷманд!
    Донистан мехостам ки ноҳияе дар Хатлон расман чӣ ном дорад. Манобеъ ин ноҳияро ба ду ном — Шӯрообод ва Шӯробод ёд мекунанд, аммо кадомашон росту дуруст аст?
    Бо сипос, Умед Ҷайҳонӣ

    • Дуруду сипоси бешумор, дусти донишии хамандеша, Умед Чайхони!
      Номи Шуробод аслан унвонгузорихои замони шурави аст, аз хамон «шуро». Ин мавзеъ дар гузашта Терай ном доштааст, ба гумонам ба маънии гузаргох. Шояд бад — он хотир, ки ин макон гузаргохи мардуми водии Кулоб аз ин сохили Ому ва мардуми Чохобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст. Комгору комраво бошед!

    • Дуруду сипоси бешумор, дусти донишии хамандеша, Умед Чайхони!
      Номи Шуробод аслан унвонгузорихои замони шурави аст, аз хамон «шуро». Ин мавзеъ дар гузашта Терай ном доштааст, ба гумонам ба маънии гузаргох. Шояд бад – он хотир, ки ин макон гузаргохи мардуми водии Кулоб аз ин сохили Ому ва мардуми Чохобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст. Комгору комраво бошед!

  11. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат
    дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

  12. Салом Мирзоён! Хохишмандам ба назари беном чавоб нависед ,зеро вай Давлатмандбийро лакай мегуяд. Назари беном дар сайти озоди дар зери маколаи «Назаре ба озмуни «Ман дар СССР зистаам» чоп шудааст

  13. abdulloew2012@yandex.ru Ахмад Зохир хам надошта бошем, хофизхои бисёре дорем, ки худашон менависанду худашон мехонанд ва худашон мераксанд ва худашон карсак мезананд!

  14. Дуруд Устоди арчманд!
    Бобои ман Кова ном дошт. Илтимос ба ман гуед, ки насаби ман Коваёни мешавад ё Ковиёни. Бо эхтиром Бузургмехр Собирпур.

  15. Ба номи худаванди чону хирад,
    К-аз ин бартар андеша бар нагзарад..
    Блоги хуб аст ва мехохам матолибу маводхо бисёртар бошанд.

  16. Кодиршои Мурувват
    Устод Зафари Мирзоён вокеан хам донишманди пуркору дакикназар ва хамзамон часуру бебок хастанд ва ошнои бо хамин чанд матолиби дар торнома чойдошта ин акидаро таквият мебахшад.Банда боз бар ин эътикодам , ки окои Мирзоён алорагми надоштани унвону макоми расмии илми ,аз аксари академику докторхои сохаи таърихи фархангу адабиёт болотар хастанд.Банда аз он ифтихор дорам дар факултете тахсил кардаам, ки чанд сол пештар устод Зафари Мирзоён форигултахсил шудаанд.Ба ин марди фозилу миллатдуст дар рохи ковишхои илми бурдбори ва пешрафтхои тозаро орзумандам.

  17. Салом арз мекунам бароят, ай устоди азизу мехрабон! Хучаста бод кудуматон ва хумоюн бод дидоратон ба торннигор ва фархангистони сабзу хурами миллати точики тамаддунофар. Мавриди зикри хос аст, ки Зафархони Мирзиён аз зумраи он родмардони бофарханги миллати точик аст, ки дар катори дигар шахсиятхои маъруфи точик чун ситораи тобони гулзори маърифат ва тамаддуни милат шинохта шудааст. Аллакай ин устоди бузрг унвони баландро аз шогирдон ва афоди бофарханги точик гирифтааст. Гумони голиб бар он аст, ки барои устод дигар унвон чун бахои халк балндатар унвони дигаре нест. Устод девони худша дорад, унвони худша дорад, дар эчод сабку услуби худша дорад. Бамаврид аст бигуям , ки хангоми ворид шудан ба дунёи фаригиёна, орифона ва содиконаи устод дарк мекуни, ки ин шахсияти барчастаи миллат бо килки тезу бо сухани бурро, чавхари суханро аз умки дарёи забон ва торихи точик берун баровардаву ба чахониён ба намоиш гузошта. Ба мислаш касе забонро тоза нагуфтаву торихро насуфта. Зихи ба ту ай устоди сухан! Бароят дар ин чода пеш аз хама тани вораста аз дардхо. дили ори аз гам ва тамоми шодкомихои зиндагиро таманно дорам. Бо арзи сипос ва эхтиром самими шогирдат Насрулло аз нохияи зебоманзари Ховалинги бостони….

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: