Замин – модари инсон.

Мардуми рус, ки шашяки рӯйи ҷаҳон зистгоҳи онҳост, аз киштзорҳои фароху ҷангалистонҳои сабзу хуррам беҳтарин неъматҳои худододро берун меоваранд ва бо як навозишу меҳрубониҳо  заминро «модар», «гаҳвораи инсон», «сайёраи обгуна» (Голубая планета) ва бо дигар ташбеҳоти зебо ном мебаранд. На танҳо русҳо, балки мардумони саросари ҷаҳон ба замин, ба бистари орамидаи одамон арҷгузорӣ карда, онро аз харобшавӣ нигаҳбонӣ мекунанд. Иштибоҳ нахоҳам кард, агар бигӯям тоҷикони мо дар садсолаи ахир он гиромидошти боистаеро, ки аз ниёкон ба мерос гирифта буданд, ба фаромушӣ супоридаанд. Ин андеша дар он лаҳзаҳо фарогир мешавад, ки дар бозорҳои мо орди Қазоқистон, картошкаву пиёзи Покистон, себу ноку нашпотии Чин ва дигар зироату меваи аз кишварҳои бегона воридгашта ба фурӯш гузошта мешаванд. Дар чунин ҳолат кас аз худ мепурсад, ки чи шудааст киштварзони моро? Магар киштаҳояшон судовар нестанд, ки ҷойи меваву сабзавоти ширину шаҳдбори онҳоро ҳосили киштаи камшарбати бегонагон гирифтаанд?!  Шояд тоҷикон арзишҳои ниёконро дар пиромуни борвар нигаҳ доштани замин аз ёд рабуда бошанд? Шояд дар ҷараёни омезиш бо мардумони рамагарду шикорафкан  заминро танҳо алафчари уштурону рамаҳо донистаанд?! Мо аз ёдкардҳои гузаштаи тоҷикон дарёфтаем, ки  гузаштагони мо, нахустин киштварзон, деҳнишинон дар тафовут бо саҳронавардону ғорнишинон, биёбонгардону ҷангалнишинон, заминро муқаддас дониста, онро дар ситоишҳои динии худ бо таркиби «Духтари Аҳурамаздо», яъне духтари худои ягона унвон карда буданд.  Паямбари ориёиҳо Зартушти Спитамон духтари худро «Пуручисто» номида буд, ба ҳамон маънии духтари худо, яъне замин ва яке аз писаронаш «Истуастр» ном дошт, ба маънии парварандаи киштзор. Дар бовариҳои зартуштиён худованд нигоҳубини заминро ба фариштае вогузоштааст бо номи «Ормайити», ё «Спинта Ормайити», ки замин низ бо ин унвон ном гирифта шудааст, яъне замини борвар ва ё Модар – Замин. Одамон бо ин фаришта, ки нигаҳбонии заминро уҳда дорад, ниҳоят наздиканд, зеро аз бахшишҳои рӯзмараи он баҳраманд мебошанд ва дар андешаи тоҷикон, ки рӯзгорашон ғолибан бо киштварзӣ мегузашт, ҷойгоҳи бузург доштааст. Номи ҷуғрофиёии «Ориёно» низ ба вожаи «Ормайити» пайвастагӣ дорад, бахусус ҷузъи аввали ӯ ба сони«Айр». Дар саросари китоби пурарҷи тоҷикон «Авасто», ба гиромидошту  ниёиши замин ояҳо бахшида шудаанд ва яке аз ояҳои нахустини «Авасто», ба унвони «Ниёиши модари зиндагӣ» ба замин бахшида шудааст ва дар он баён гардидааст, ки ин чанд ваҷаб қабати ҳосилхези замин аст, ки ғизои гиёҳон, хӯроки ҷонварону одамонро фароҳам месозад: «… замине, ки маншаъи саросари зиндагии моддӣ аст ва оромгоҳи ҳамаи ҷондорону беҷон, ки дорои кӯҳҳо, чарогоҳҳо, рӯдҳои паҳн ва қобили киштиронӣ, гиёҳону рустаниҳои хуб, ки мардуму чаҳорпоён ба рӯйи он ором доранд».[1] Дар «Авасто» ҳамчунон борҳо дар баробари бузургдошти замин, ёдкардҳо аз кишоварзи заминпарвар ҷой дорад. Дар банди  24 Фарвардин Яшт, ҳангоми ситоиши Зартушт омадааст, ки Зартушт нахустин касе буд, ки парвариши замин ва кишоварзиро биомӯхт ва ба дигарон биомӯзонд: «Фуруҳари Зартушти Спитамони покро меситоям, нахустин касе, ки нек андешид. Нахустин касе, ки нек гуфт. Нахустин касе, ки некӣ ба ҷой овард. Нахустин кишоварзи ҷаҳонпарвар. Нахустин касе, ки биёмӯхт ва нахустин касе, ки  биёмӯзонд. Нахустин касе, ки биёмӯхт парвариши заминро, ростиро….».[2]

Ин нукта низ ҷолиб аст, ки дар навишторҳои бостон ба зироати гандум ҷойгоҳи вижа дода, пайдоиши донаи гандумро ба пазируфтани дини зартуштӣ ва густариши саросарии он дар миёни ориёиён нисбат додаанд.  Дар оғоз ба Зартушт рисолати паямбарӣ таъин мегардад, вале касе ба гуфтаҳояш гӯш фаро намедиҳад, вале пас аз он ки аз донишмандии паёмбар огоҳ шуданд, мардум оҳиста – оҳиста пайрави ӯ гаштанд. Ривояте вуҷуд дорад, ки шоҳи иронзамин  Виштасп боре ба ҳангоми бозгашт аз ҷанг ба боғе расид, ки дар он ҷо шахсе чун устод менамуд бо шогирдони худ машғули таълими кишти зироат, парвариши гиёҳон, донаҳову дарахтон. Чун шогирдон шоҳ ва ҳамроҳонашро диданд, даст аз кор бардошта, рост истоданд ва барои гузаштани шоҳ роҳро боз карданд. Шоҳ дар канори устод, ки Зартушт буд истод ва гуфт медонам, ки марди доное ҳастӣ. Ман ба пешат барои он омадаам, ки ту рози офариниши табиъатро ба ман бигӯйи, ба пурсишҳои доимиам, дар мавриди маргу зиндагӣ ва нопойдории умри инсон посух бидиҳӣ. Аммо ҳоло фурсатам маҳдуд аст, ин посухҳоро аз ту бишнавам, бояд ҳар чи зудтар ба пойтахт бозгардам. Зартушт, ба гуфтаҳои шоҳ гӯш карда, аз замин донаи гандумеро бардошт ва онро  рӯйи дасти шоҳ гузошту гуфт, ки агар нек биандешӣ, ин донаи гандум посухгӯи ҳама пурсишҳои ту мебошад. Шоҳ аз ин гуфтаҳои Зартушт дар шигифт монда, ба маънии он гуфтаҳо дарнарафт ва пай бурд, ки ҳамроҳонаш бо истеҳзо механдиданд. Шоҳ ба ғазаб омада донаи гандумро ба замин партофта ба Зартушт гуфт, ки ӯро шахси донову бузург мепиндошт ва ҳоло огоҳ шуд, ки бо як шахси нодон гуфтугӯ карда, вақташро беҳуда зоеъ кардааст. Пас аз рӯ овардани шоҳ ба сӯйи пойтахт, Зартушт донаи гандумро аз замин бардошта, ба шогирдон гуфт, ки донаи гандумро нигоҳ медорем, зеро ба зудӣ рӯзе мерасад, ки ин донаи гандум ба шоҳ ва омӯзгораш зарур хоҳад омад. Солиёне чанд мегузарад ва шоҳ Виштоспи пирӯзу комёфта аз надонистани асрори зиндагӣ, аз маҳрумияти неъмати дониш пайваста ранҷ мебурд. Ба вижа пурсишҳои ниҳоние, ки ӯро шабҳо то субҳ орамидан намегузоштанд, дар пиромуни нобаробарии зиндагӣ, нопойдории умр ва вуҷуд доштан ё надоштани зиндагӣ пас аз марг, сабаби фақру бенавоии мардум, дуруст ё нодурустии иддаои бутпарастон дар мавриди пас аз марг табдил гаштани инсонҳо ба ҷонварони дигар, ин ҷаҳон чи гуна пайдо шуд, худо худ офаридгор аст, вале ӯро ки офаридааст, замон чист ва ӯ оғозу анҷом дорад ва  монанди он садҳо муаммоҳое, ки донишмандони ӯ наметавонистанд посухе дошта бошанд. Солҳо сипарӣ гаштанд ва шоҳ аз гуфтугӯи бо Зартушт доштааш пушаймон шуда, корвонеро бо подошҳои гаронбаҳо ба самти Зартушт мефиристад ва дар зимн хоҳиш мекунад, ки ӯ ва ё шогирде аз шогирдонаш ба пойтахт омада ҳамсуҳбаташ гардад.  Зартушт подошҳои шоҳро напазируфта, онҳоро бозпас мегардонад ва танҳо халтаву  порчаҳои дар онҳо бастабандӣ шударо гирифта, сипос мефиристад, ки бо он халтаҳову порчаҳо дар вақтҳои шиддати сармо, дарахтонро аз офат хоҳад пӯшонд. Зартушт туҳфае ба шоҳ мефиристад ва мегӯяд ба шоҳ арз кунед, ки ман шогирди худро ба наздаш нахоҳам фиристод, ман омӯзгорамро назди шоҳ мефиристам, зеро он чи дар бораи  нерӯи зиндагӣ, қонунҳои табиъат, асрори зиндагӣ донистаам аз вай омӯхтаам. Виштосп дар шигифт монда мегӯяд, ки ин тавр бошад пас омӯзгори ӯ куҷост. Сипас фиристода туҳфаи хурде, ки  дар барге печонда шуда буд ба шоҳ дод. Шоҳ баргро кушод ва дар миёни он ҳамон донаи хурди гандумро дарёфт ва ин бор хулоса кард, ки асрори ҳастӣ дар донаи гандум ниҳон аст. Шоҳ ҳама доноёни дарборро гирд овард, вале ҳамаи онҳо аз шинохти маънии он дармонданд. Пас фармон дод, донаи гандумро дар қуттии заррин ниҳода дар ганҷурхонаи шоҳӣ пинҳон карданд. Шоҳ маҳзун шуда, гумон кард, ки Зартушт ё худ чизе аз зиндагӣ ва фалсафаи он намедонад ва ё шоҳро мавриди истеҳзо қарор медиҳад. Виштосп бо хашм андешид, ки бедуни ёрии ӯ ба асрори  зиндагӣ дархоҳад рафт. Дар он замон дар сарзамини Ҳинд файласуфи бузурге мезист ва Виштосп корвонеро мефиристад ба сӯйи ӯ, то ки омада чанде омӯзгораш бошад ва асрори дар он донаи гандум ниҳонро бозкушояд. Донои Ҳинд лаҳзае ба донаи гандум чира гашт ва пас аз чанде андешидан гуфт: «Аз сафари дарози худ розӣ мебошам, зеро ба натиҷае расидам, ки Зартушт донишманди донову  беҳамтое  аст ва дар ҳақиқат Зартушт омӯзгори худро ба назди шоҳ фиристодааст. Ин донаи гандум метавонад асрори зиндагӣ ва нерӯҳои табиъату низоми ҷаҳонро ба мо биомӯзонад, зеро ҳамаи инҳоро дар даруни худ дорад». Файласуфи Ҳинд пас аз суханрониҳо дар мавриди обу хоку боду ҳаво ва нерӯи зояндагии табиъат гуфтори худро чунин идома медиҳад: «Омӯзгори Зартушт низ табиъат будааст. Аммо ҳар гоҳ ту ба наззораи рушди ин донаи гандум биншинӣ, дархоҳи ёфт, ки нерӯҳои поённопазир ва сеҳрофарине дар он вуҷуд дорад ва саршор аз нерӯи зояндаи зиндагӣ аст. Ва чун нек бингарӣ, мебинӣ, ки дона худ маҳву нопадид мешавад ва шохае бармеояд аз дили хок, ки бар ҳамаи сахтиҳо ва мавонеъ пирӯз аст. Ин донаи тағйири шакл ёфта ва ба шохаҳо бузургу бузургтар мешавад. Медонӣ барои чӣ? Чун нерӯи зиндагии саршор дар худ дорад. Ҳар гоҳ сангеро дар дили хок пинҳон кунӣ ва ё ба ҳаво партоб намоӣ, ҳеҷ иттифоқе нахоҳад афтод. Бар замин фуруд омада ва беҳаракату ҷунбиш мемонад, чун ки мурда аст ва зиндагӣ дар он вуҷуд надорад… Ҳангоме ки як гиёҳ ҷавона мезанад ва як дона табдил ба соқа ва шугуфа (ғунча) мешавад, ин озод шудани нерӯҳои зиндагӣ дар он аст. Ин пирӯзӣ аст, пирӯзӣ бар марг ва сокитӣ ва дарвоқеъ гиёҳу соқа дар ҳар лаҳза аз рушду нумӯъи худ ба сӯйи рӯшноиву хуршед сар мекашад ва бо нерӯҳои табоҳкунанда муборизаву пайкор мекунад».[3]  Шоҳ мегӯяд, ки дуруст гуфтӣ, аммо он гиёҳ дар охир пажмурда гашта ба хок меафтад ва маҳву бесамар мешавад. Донои Ҳинд мегӯяд: «Оре, худ пажмурда шуда, дар синаи хок мепӯсад, аммо пеш аз ин марҳилаи  офаринишро анҷом дода, худро табдил ба садҳо дона карда, ки ҳар як ҳамчун донаи нахустин мебошад ва дар ҳақиқат зиндагӣ ва ҷунбишу таҳарруки худро садҳо баробар карда ва тавсеъа додааст….. Донаи гандум дар ҳақиқат як омӯзгори бузург мебошад. Ман ки як ҳаким (файласуф) ҳастам ва ту ки як шоҳ мебошӣ, бояд басе сипосгузори Зартушт бошем, ки донаи гандумро назди мо фиристод. Эй шоҳи бузург! Ман бар онам, ки имрӯзро биёсоем ва фардо ба сӯйи Зартушт рахти сафар баркашем, бошад ки ӯ чизҳои бисёр ба мо биёмӯзад». Гуфтаҳои он ҳакими Ҳинд ба шоҳ Виштосп таъсири бисёр расонд ва пешниҳоди ӯро пазируфта, бо корвоне аз дарбориён, худ бо ҳакими Ҳинд савори асбон, сӯйи ҷойгоҳи Зартушт равона гаштанд. Шоҳ як сол дар суҳбати Зартушт гузаронид ва ба тахтгоҳи худ Балх баргашта, аз Зартушт хоҳиш кард, ки омӯзишҳояшро дар китобе гирд оварад. Натиҷаи ин омӯзиш сабабгори  навиштани китоби муқаддаси «Занд Авасто» гардид ва бо фармони Виштосп дини зартуштӣ ойини расмии императории вай шуд.

Чуноне ба нигар мерасад китоби муқаддаси зартуштиён, «Авасто» ҳамзамон бо фарохонии мардум ба яктопарастӣ ва манишу кунишу гӯйиши нек, арҷгузорӣ ба замин, об ва оташро ҳадафи асосии динхоҳӣ донитсаанд. Метавон гуфт китоби Зартушт, китоби нигаҳдории замин ва инсонҳо мебошад.

Ба гуфтан меарзад, ки ниёкони ҳушманди мо ягона мардумоне буданд, ки ҳар сол як рӯзро ба гиромидошти замин бахшида, дар он рӯз шодиву хушнудӣ мекарданд, ойинҳоеро вобаста ба арзишҳои замин иҷро менамуданд. Дар замони бостон ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯз ҳамсон меомад, мардумони мо ҷашне барпо мекарданд, ки баёнгари маънии номи он моҳ бошад. Масалан рӯзи фарвардин, ки дар оғози моҳи фарвардин меомад, ҷашни Наврӯз барпо мешуд, рӯзи меҳр дар аввали моҳи меҳр, ҷашни Меҳргон доир мегашт. Бад – ин тартиб рӯзи испанд, дар аввали моҳи испанд, ҷашни Испандагон, ё Испандормузгон барпо мегашт, ки рӯзи арҷгузорӣ ба замин ва зан дониста мешуд.[4] Ин ҷашн дар моҳи панҷуми сол, яъне моҳи испанд (исфанд), ки дар тақвими григорианӣ ба моҳи июл рост меояд, барпо мегардид. Ба боварихои гузаштагони дурамон замин бо ин ҳама хоксориву фурутанӣ, ба ҳама меҳрварзӣ мекунад, чун модар дар домони пурмеҳри худ  ҳамаро нигаҳбонӣ мекунад.

Шоиста ба гуфтан аст, ки на танҳо китобҳову омӯзаҳои иронитаборон, балки пажӯҳишҳои торихшиносон ва ёдкардҳои сайёҳони аврупоӣ  дар мавриди гароиши тоҷикон ба боғпарастиву киштварзӣ, гувоҳӣ  медиҳанд. Донишманди бузурги Фаронса, Рене Гроссе (1885 – 1952) ҳангоми бозтоби шеваи зиндагии бодиягрдони тозиву турктабор, дар рӯзгори ҳукуматрониашон дар Вароруд, зистгоҳи онҳоро аз растаниву дарахтон тиҳӣ нишон додааст ва ҷолиб он аст ки ин донишманд иронитаборонро дар муқобили туркон «тоҷик» номидааст: «Тоҷик тавонистааст он воҳаҳоеро ки даври шаҳрҳо вуҷуд дорад ба боғҳои дилкашу зебои сарв ва ба гулзорҳои фиребандае, ки Умари Хайёму Саъдӣ васф намудаанд, табдил кунад. Аммо аз атрофи ин шаҳрҳо ва аз ҳудуди ин боғҳову гулистонҳо ки гузаштед марғзорҳои бемарзу ҳисорро мебинед, ки саҳронавардон дар он ҷоҳо машғули кӯч мебошанд ва галлаҳои (рамаҳои) сиёҳи худашонро ба тарафи обишхӯре роҳнамоӣ мекунанд ва бо қарияҳои мутаҳаррикашон (кӯчандаашон) ва сиёҳчодаронашон ба бодияпаймоӣ ва биёбонгардӣ пардохтаанд…… Аз қарни ёздаҳум то қарни шонздаҳум мебинем, ки аз хориҷ боз биёбонгардони тозанафасе ҳар чанд ба чанд меоянд ва дар остонаи марғзорони қирғиз, ё даштҳои туркман, ё дар ҷулуви (пеши) мазореъ (киштзорон) падидор мешаванд ва мехоҳанд бо тоҷикҳо шарик шаванду саҳме бардошт намоянд ».[5]

Аз намунаҳои дар боло оварда, пиромуни пайванди бовариҳои динии фароторихии тоҷикон бо заминдорӣ, киштварзиро паёми худованду дастури паёмбар донистан ва дар муқобили онҳо аз боғпарарвариву  киштварзӣ гурез доштани ҳамлаварони дар замини тоҷикон ҷой гирифта, метавон натиҷагирӣ кард, ки ниёкони мо омӯзгори он ҳамлаварони хайманишин буда, ба онҳо ҳунари растанипарвариву боғдорӣ омӯзонда буданд. Чуноне дар оғози ин гуфтор ишора доштем, дар рӯзгорони мо, ҳар гоҳ ба рухдодҳои  бесамарии киштаҳо ва аз зоиш бозмондани порчазаминҳо менигарӣ, гумоне ба сар меояд, ки он мардумони ба замин беэҳтиромӣ нишон дода, асолати тоҷикии худро бохтаанд. Ба вижа дар он замоне, ки Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон ҳазор қитъаҳои заминҳои киштро ба деҳотиён бахшидааст ва барои азхуд донистани киштзорҳо дар сарзаминамон фазои ҳуқуқӣ фароҳам овардааст, ба  бозор ворид кардани маҳсули киштаҳои дигарон бояд нанги заминдоронро оварад.  Чанд сол аст дар кишвар ҳизбе ба майдони сиёсат омадааст,  унвонии Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, ки ҳадафи асосиаш нахуст, боззоии гиромидошти замин, борвар сохтани ҳар як порча замини кишт ва бад – ин васила таъмин намудани амнияти озуқавории меҳани озодзодагони деҳқоннажод мебошад. Дар атрофи сарварони ин ҳизб бештар кордонони ҷавоне гирд омадаанд, ки талош доранд навгониҳои фании фарҳанги киштварзиро ҷорӣ кунанд.

Дар поёни ин гуфтор ба сарварон ва аъзои ин ҳизб дар марҳилаи навини фаъолияти сиёсиашон комёбиҳо орзу карда, бар он боварем, ки баҳам омадани андешаву пайкори ҳизбҳои некманишу солимандеш, ба ягонагии мардуми сарзамини зебову сарватбор ва пойдориву шугуфоии тоҷикон хоҳад овард.

[1] «Авасто»,  тарҷумаи Ҳошими Разӣ, Т., 1388 (2009), с.401 – 402

Ҳамон ҷо, с.32

[3] «Авасто»,  тарҷумаи Ҳошими Разӣ, Т., 1388 (2009), с. 95

[4] Иброҳим Пури Довуд, «Маҷмӯаи мақолоти Аноҳито», интишороти Донишгоҳи Теҳрон, Т., 1342 (1963), с.165

[5] Р. Гроссе, «Императории саҳронавардон», баргардони Абдулҳусайни Майкада, Т. 1368 (1989), с.274

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: