Шаби ялдо

yaldoПеш аз баёни матлаб лозим медонам маънии вожаи «ялдо» ро ба таври гузаро шарҳ диҳам. Вожаи «ялдо» аз забони сурёнӣ ба форсӣ ворид шудааст ва ин маъниро дар забони арабӣ «мелод» мегӯянд.
Шаби ялдо дарозтарину ториктарин шаби сол ва охирин шаби тирамоҳ (пойиз) ва шаби нахустини зимистон мебошад. Аз рӯи бовариҳои динии пеш аз зартуштии иронитаборон, дар шаби ялдо, соати 12 (шаб) хуршед (офтоб) таваллуд мешавад. Гузаштагони дури мо он шабро (аввали даймоҳ), ҳамчун шаби зуҳури Меҳр (Митро) ҷашн мегирифтаанд. Дар ин шаб, то лаҳзаи валодати хуршед, яъне соати 12 и шаб шодиву хушнудӣ мекарданд.
То замони зуҳури Зартушт ниёкони мо бар он бовар буданд, ки хуршед (меҳр, офтоб) худои бузург аст. Парастиши офтоб дини расмии шоҳаншаҳони ҳахоманишӣ ва ашконӣ буд. Лозим ба ёдоварист, ки парастиши хуршед (офтоб), ба шаклҳои гуногун хоси бовариҳои диннии якчанд қавму қабоили рӯйи замин мебошад. Аз ҷумла яке аз қабилаҳои майя, ки дар Амрикои Лотин маскан доранд, то ҳанӯз хуршедпарастиро ихтиёр доранд. Дар аксарияти бовариҳои диннии ҷаҳон эҳтирому ниёиш ба офтоб вуҷуд дорад. Чуноне ки дар яштҳои дини зартуштӣ омадааст, Меҳрро низ ситоиш мекардаанд. Дар “Қуръон” и маҷид низ сураи вижае, унвонии “Ашшамс”, ба ситоиши офтоб бахшида шудааст.
Бояд ба таъкид овард, ки маросими таваллуди Исои Масеҳ ва умуман боварии насронӣ ба меҳрпарастӣ пайвастагии равшане дорад. Рӯзи таваллуди Исои Масеҳ 25 декабр тасбит шудааст, ки дар асл ҷашни зуҳури Меҳр (Митро) мебошад. Масеҳиён ин рӯзро ҳамчун рӯзи мелоди Исо, дар асри IV қарор додаанд.
Исои Масеҳ, пас аз ба дор кашиданаш, дар осмони чаҳорум ҷой мегирад, ки дар донишҳои ситорашиносӣ, “хонаи офтоб” дониста шудааст.
Аз шаби таваллуди хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница”, роиҷ аст.
Аз ҷашнгирии хуршед, дар миёни мардуми иронитабор, рақами “чил”, ҳамчун шумораи беҳин (нек) дониста шудааст. Аз ҷумла чиллаи зани обистан (ҳомила), чиллаи кӯдаки навзод ва таваллуди дигар, яъне марг. (Марг таваллуди дигар аст; тарки ин дунё ва рафтани рӯҳ ба назди падари инсон – хуршед.) Чилланишинии суфиён низ баргирифта аз ойини меҳрпарастӣ аст. Суфӣ чил рӯз дар торикӣ гуруснанишинӣ карда, ба таваллуди дигар мерасад. Яъне ба худо мепайвандад.
Ҳамин тавр чилрӯзагии хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (феврал), чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро, ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Дар адабиёти классикии форс – тоҷик, ки май (шароб) ро “духтари ангӯр” (арабиаш раз) ва ангӯрро духтари офтоб номидаанд, ки дар рӯзи чиҳилум мерасад ва ба монанди хуршед равшану тобнок мешавад. Чуноне ки Ҳофиз гуфтааст:
Ки эй, суфӣ шароб он гаҳ шавад соф,
Ки дар шиша барорад арбаъайне.

То замони мо чандин суннатҳои меҳрпарастӣ дар миёни мардуми деҳот, ба вижа мардуми кӯҳнишини тоҷик (ирониён низ), боқӣ мондаанд. Аз ҷумла дар рӯзҳое, ки ба ҷашни Сада рост меояд, аз болои оташ паридан ҳанӯз ҳам дида мешавад ва ин маросимро “аловпарак” номидаанд. Ҷолиб он аст, ки то ҳанӯз яке аз расмҳои пур аз рамз, дар миёни мардуми кӯҳнишини Тоҷикистон аз ёдҳо фаромӯш нашудааст. Ин маросим вобаста ба нигоҳ доштани тарбуз, то шаби ялдо ва рӯйи лаган дупора карда ба дастархон ниҳодани он аст. Гарчи дар шаби сарди зимистон хӯрдани тарбуз он қадар дилчасп нест, вале тарбузи гирду сурхро ҳамчун рамзи хуршед, то шаби ялдо нигоҳ карда, дар соати 12, онро рӯйи дастархон мениҳанд.
Дар мавриди хуршедпарастӣ ва пайвастагии он бо динҳои дигар, мо дар оянда суҳбатҳои вижае хоҳем дошт ва ҳоло, ки ният дорем аз шаби ялдо сухангустарӣ дошта бошем, беҳтараш чанд байт дар бозтоби он, аз гуфтаҳои шоирон меоварем:

Адиб Собири Термизӣ гуфтааст:

Рӯзи фироқи ту, ки набинам ҷамоли ту,
Бо ман ҳикояти шаби ялдо кунад ҳаме.

Хоқонии Шервонӣ овардааст:

Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,
Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби ялдо бинанд.

Ва Саъдӣ хеле зебову шево торикиву дарозии шаби ялдоро тасвир кардааст:

Ёри осоиши гетӣ бизанад бар дили реш,
Субҳи содиқ надамад то шаби ялдо наравад.

Ҳамин тавр дарозтарин ва ториктарин шаби сол, шаби 21 декабр фаро мерасад ва чун ҳазорсолагонамон дуоятон мекунем, ки Худо нурро дар дилатон, чашмонатон ва дилу чашмони наздикону атрофиёнатон арзонӣ бидорад!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: