«Қуръон» ва андешаҳои қуръонии «Шоҳнома»

Нахуст зарур медонам огаҳ созам, ки матлаби ин навиштор ба муттаасибони андакхонда нигаронида нашудааст, зеро тоифаи аз жарфнигариҳои илмӣ дар дуриҳо ҷой дошта, ҳаргиз маҳрами асрори нуктаҳои ҷаҳоншумули «Қуръон» ва ҳикматҳои осмонии «Шоҳнома» нахоҳанд буд. Ҳанӯз Ҳофизу Носири Хусрав ва Хайёму Камол суҳбатро бо зоҳидон ҳаром дониста буданд. Ва фарзонагон, ки мутаасибонро аз ҷуҳҳол донистаанд, аз зеҳни кунду яксӯнигарии ишон аз жарфнои сина «дод» баровардаанд:

Пеши ҷуҳҳол зи дониш масароед сухан,

                                                               панд гиред зи ман,

                        Ки ҳаром асту ҳаром асту ҳаром асту ҳаром,

                                                                  дод аз дасти авом!

Хонандаи гиромӣ шояд бохабар бощад, ки дастае аз нотавонони биниши пайваста ба дониш, ки дар миён кажтаъбони мутаасиб низ бартарии бовариҳои динии худро дағдаға карданӣ буданд, изҳори назари гузарои инҷонибро дар маҳфили «Зеҳн»-и Донишгоҳи Миллӣ, бо дидаи тираи худ нигариста, ҳарзагӯиҳое аз баландгӯи радиои «Имрӯз», нашрияи «Имрӯз Ниюс», «Азия пилус», торнамоҳои «Озодӣ», интишор намуданд. Дар зимн чанд тан аз гадоёни унвонҳои баланди илмӣ ва риҷоли номии динпаноҳ, ки боре ҷомеаи тоҷиконро ба вартаи ҳалокат оварда буданд, талош варзиданд, то ин бандаи камхондаро ба мақому манзалати қудсии «Қуръон» шинос кунанд.

«Қуръон» — ин паёми беҳамтои ҷаҳоншумули Худованд, бо суханҳои муназзам, бо мантиқи раднопазир, бо фалсафаи посухгӯи маънии офариниши одаму олам, бо ташбеҳоту истиороти фаровон, бештар ба хештан нигаристану ба ҳастӣ андешидан, инсон сохтани башар равона гаштааст. Ба ҳангоми мутолааи «Қуръон», як шахси нуктасанҷи ворид ба дарунмояи он метавонад дарёбад, ки ояҳое барои авом нигаронида шудааст ва ҳикматҳои оёти дигар дорои андешаҳои жарфе мебошад, ки барои наздик шудан ба онҳо ниёз ба мутолааи пайвастаи якумрӣ дорад. Ин амрро на танҳо маънии бекарони «Қуръон», балки ин оя (ояи 29:43), бедуни кадом шаку тардид тасдиқ кардааст: «Ва мо ин ҳама масалҳо мезанем, то ҳақоиқ барои мардум равшан шавад. Валекин ҷуз мардуми донишманд ақли он нахоҳад кард». («Ва тилкаламсолу назрибаҳо линноси ва мо яъқилуҳо илал олимуна.») Худованд бад – он гуна ки зеҳнҳои бинишваронаро на ба ҳама арзонӣ доштааст, паёми оламшумули худро бо нукоти пурасрор фиристодааст. Чуноне то ҳанӯз касе гуфта натавонистааст, ки муфассири мутлақи ҳарфҳои асроромези дар оғози ояҳои «Қуръон» омада (мисли «алиф – лом – мим», «то – син – мим», «йо – син» …) мебошад. Ва донишмандони доно натиҷагирӣ кардаанд, ки  ҳуруфи пурасрор танҳо барои паёмбар фиристода шудааст ва дар рӯзи растохез маъниашон тафсир хоҳад шуд.

Каломи Худованд ба сурате тадвин шудааст, ки як шахси донистаҳояш рӯи пояи маҳками аз илмҳои замонаҳо устувор набуда ва аз зеҳни парвардаи таҳлилӣ бебаҳра, бо азёд кардан ва ҳамзамон дарнарафтан ба маънии чун уқёнусҳо бекарони ояҳои он, метавонад савдоӣ гардад ва ҳамин аст, ки агар бархеҳо ба мурдоби таассуб ғутавар гашта бошад, бархеи дигар танҳо роҳи ҷунуни меҳри Худоро пазируфта, ҷуз дингустарӣ ба соири донишҳо бо ангушти тардиду инкор ишора кардаанд. Аз рӯзгори фиристода шудани паёми илоҳи то ҳанӯз дар роҳи худошиносӣ баҳсу мунозираҳои фаровон ҷараён дорад ва он хилофи назарҳо ҳанӯз дар замони Ҳофиз бовармандонро ба 72 ҳизб, ё миллати динӣ тафсил карда буд ва гузиниши як киштӣ аз 72 киштиву зид будан ба 71 киштии дигар маънии онро дорад, ки ҳар кас бо роҳи худ худоро биҷӯяд ва Худо ба касе иҷоза надодааст, ки хешро ба ҷои ӯ ҳаками динхоҳон бигуморад. Худованд ва паёмбар ҳукми омӯзгорони илоҳиро доранд ва ҳаргиз бо тавассул ба зӯр пайравӣ аз суннатро оғоз накардаанд. Дар маҷаллаи «Кайҳони фарҳангӣ» матлабе пеши дидор омад, ки дар он файласуфи баландҷойгоҳе дар гуфтумони худ бо рӯзноманигори иронӣ гуфтааст: «… мо ҳамвора аз замон ақиб ҳастем. Вазифаи аслии мо ба унвони мусалмонии ҷаҳон эҷоди навгароӣ ва тозасозӣ дар ислом аст. Албатта на ба шакли он чи дар Ғарб роиҷ аст, балки навгароие, ки бар асоси шариат бошад ва низ бар пояи фиқҳи асрҳои шашуму ҳафтум устувор набошад.» («Кайҳони фарҳангӣ», с. 1994, №1, с.7)

Иддае аз ҳамдиёрон аз мушкилифода будани таълифоти илмии замони пеш изҳори нигаронӣ мекунанд, зеро сабк ва шеваи баёни осори илмии гузаштагонамон барояшон бегона аст. Бояд аз худ пурсид, ки чаро дар замони пеш андешаи фалсафиро аз вожаву таркиботи муғлақ пироҳан сохта, табйин мекарданд ва осори файласуфон барои аксарияти мардуми он замон бегона буд ва имрӯз низ ҳатто ағлаби забоншиносон тавони даррафтан ба маънии осори насри классики форс – тоҷикро надоранд?! Бар он ҳадаф, ки авом ва мутаасибони андакхонда ба ҷараёни баҳсу таҳлилҳо,  пиромуни паҳлӯҳои бешумори норавшани дингустарӣ дарнарафта, хурдтарин андешаеро, ки фаротар аз биниши якҷониба ва маҳдуди онҳо буд, ширку куфр дониста дар пайи таъқибу озурдани андешагароён мешуданд. (Ҳатто дар миёни авом дар нисбати пажӯҳишгарони фалсафаи динӣ ба гунаи «фалон домуллоро илм вардоштааст», гуфторе роиҷ буд). Ҳанӯз ҳазор сол пеш фарзонагони ҷаҳони дониши тоҷикон, ки дар мавзӯъҳои худошиносӣ ва кайҳоншиносӣ асарҳои беҳамто берун овардаанд, масъалаҳоеро мавриди баҳс қарор медоданд, ки фақеҳони яксӯнигар ва зоҳидони худбин, барои гунаҳкор хондани онҳо талош меварзиданд то аз «Қуръон» и маҷид далел пайдо кунанд ва чун ғолибан аз паёми Худованд барои осиву гунаҳкор бознамоёндани он фарзонагон мадраке пайдо намекарданд, рӯ ба гуфтаҳои фақеҳе меоварданд. Аммо гуфтаи фақеҳе дар кадом сатҳе ҳам қарор надошта бошад, андешаи як бандаи хокӣ аст, на каломи илоҳӣ. Ончуноне ки боре мавзӯи барои баҳс ба миён гузоштаи  фарҳехтагони андешаҳои осмонӣ ба гунае будааст, ки мубтани бар он дар ин паҳнаи ломакони худ Худованд танҳо як оламро бо Одаму Ҳавво офаридааст ва ё бо ин қудрати беинтиҳои хеш дар макони дигар олами дигареро низ офаридааст. Донишманди пуркори гиромӣ Акбари Турсон биниши Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯрайҳони Беруниро дар мавриди гунагунии (плюарилизми) кайҳонӣ овардаанд, ки метавонад намунаи дигарандешии бузургони тоҷик дар он замони дур пиромуни Худошиносӣ бошад; Абӯрайҳони Берунӣ дар мактубе аз Абӯалӣ Сино пурсидааст: «Чаро Арасту суханҳои онҳоеро ботил медонад, ки берун аз олами мо вуҷуд доштани олами дигарро талқин мекунанд, оламеро ки ба зоти худ вуҷуд пазируфта ниҳоди ғайреро дорост?» Ибни Сино дар ҷавобаш нуктаҳои фалсафаи Арастуро аз ин боб шарҳу таъбир дода, аз худ афзудааст: « Шояд ба ҷуз ин олами яккаву ягонае, ки ҳаюлояш муайяну мушаххас аст, бисёр оламҳои дигаре низ бошанд. Чизи имконпазир нисбат ба ашёи ҷовид ҳатмӣ мешавад. Пас дар баробари  олами мо вуҷуд доштани анбӯҳи оламҳои ғайр ҳатмист.» (А. Турсон, «Эҳёи Аҷам», Д.1984, с.105)

(Боясти гуфт агар ин суханҳо дар толори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гуфта мешуданд, ҳатман шахси андакхондае бо тахаллуси хотуни биёбонии Томирис ва он ҳам Каёнӣ – ду номи нақиз, дар кадом нашрияи Ниюси дигар ба мусалмонон аз таҳқири ислом бонгу вовайло сар медод.)

Ҷойи шигифт нест, ки дар кишвари мо шумори воизони муқаллиду андакхонда дар нисбат бо зокирону орифони жарфандеш афзун ба нигар мерасанд. Барои ба воя расидани андешапешагони динӣ 20 сол ҳеҷ аст ва шояд 20 соли дигар сипарӣ гардад, то ҷахони маънавии дингустарони мо бад – он сон ғанӣ гардад, ки ранҷи бедорхобиҳо дар мутолааи зиёд, пешгирӣ аз нафс, яъне ишкамчарониву қасрсозӣ ва бад — ин манзур аз хонҳои ҳероинфурӯш ва маъмурони ришватситон маблағи хайрия нагирифтан, тамкин дар муҳокимарониҳои ноҷову нораво ва парвардани хисоли ба як орифи дил дар роҳи тариқати Худованд дода, шояд дар чеҳраи онҳо нури маърифати илоҳӣ ҳувайдо гардад. (Бар ивази лунҷҳои пуф кардаи дар зери тахтаришҳо ниҳон ва лабони моил ба носазогӯӣ…)

Мо дар унвонгузории ин навиштори хеш  номҳои Қуръон ва Шоҳномаро ёдовар шудем, то ба шарҳи дурӯғини ноошноёни кажнигор тафсире оварем. Ки гуфтааст, ки «Қуръон»-ро метавон китоби дигаре иваз кунад. Чунин андешаро аз хаёл гузаронидан ишора бар инкори паёми Худованд аст, ки аз бефарҳангии гӯяндааш гувоҳӣ хоҳад дод. Аммо ба ҳангоме гӯянд, «Шоҳнома Қуръони порсиён, ё Қуръони Аҷам аст, ё «Маснавии маънавии Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ», бо ташбеҳи шоирона, ишора бар бузургии он китобҳо мебошад, ки чунин унвонгузориҳоро фарзонагони худоҷӯйи адаби порсӣ,  чун Унсурӣ, Анварӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Маликушшуаро Баҳор раво дидаанд. Новобаста бар он ки Муҳаммад пайғамбари хотим дониста шудааст, Ҳаким Фирдавсиро шоистаи унвони «пайғамбар» донистаанд. Чуноне ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар китоби «Маснавии маънавӣ» овардааст:

«Шоҳнома» бо Калила пеши ту,

                                    Ҳамчунон бошад, ки дар «Қуръон» уту(в).

Ва Анварии Абевардӣ фармудааст:

Офарин бар равони Фирдавсӣ,

                                    Он суханофарини фархунда,

                                    Ӯ на устод буду мо шогирд,

                                    Ӯ худованд буду мо банда.

Ва ё «Рутбаи донои тусӣ рутбаи пайғамбарист.»

Маликушшуаро Баҳор, ки аз тақводорони замон буд, бо ихлосе, ки ба Фирдавсӣ дошт, гуфтааст:

   Ба сад нишони ҳунар андеша карда Фирдавсӣ,

                                    Наузабиллоҳ пайғамбар аст, агар на худост.

Тавсифҳо ҳамсони овардаҳои боло хеле зиёд аст, ки бозтоби онҳо рӯйи ин саҳифа зарур дониста намешавад. Ва низ бояд пурсид чаро ҳазорон ҷилд китобҳои саромадони донишу адаби форс – тоҷикро дар рӯзгори тира ва нагунбахтиҳо ба коми оташ дода буданд, ки танҳо пораҳое аз он нигошатҳо ба мерос мондааст, вале 50 ҳазор байтҳои «Шоҳнома» — ро иронитаборон ҷуз нигаҳ дошта омадан, раво дидаанд то бар он сатрҳо 10 ҳазор байт афзуда шавад? Зеро офариниши «Шоҳнома» рухдоди хориқулоддае буд, ки ҳамчун шаҳодатнома, ё санади ҳуввияти миллии иронитаборон, сарнавишти ин мардумро тағйир дода, аз вартаи худбохтагӣ раҳо бахшид. «Шоҳнома» ба қавми худбохтаи лағжидаву афсурдаи иронитабор ҳушдор дод, ки бояд забону фарҳанги гирифтори тӯфони балои арабгароӣ гардидаи худро бозёбиву бозсозӣ кунад, ба хештани хеш баргардад. Ҳамин аст, ки ба гуфтаи Сайид Муҳаммад Дабир Сиёқӣ «сокинони ин марзу бум дар нақли сина ба сина аз падарон ба писарон ва ё аз забони ноқилону ровиён ва достонпардозон ба гӯши шунавандагон расида ва ба гузашти рӯзгорон шоху баргҳо пайдо карда ва ба тадриҷ бар он афзуда шудааст.» («Зиндагиномаи Фирдавсӣ ва саргузашти «Шоҳнома», Т.1383 – 2004, с.322»)

Баҷост шунидаеро аз дӯсти донишмандам, доктор Саидшоҳи Акрамӣ ёдовар шавам, ки мабни бар он як шахси мисрӣ ба ҳамдиёрамон гуфтааст, «агар мо «Шоҳнома» медоштем, мо низ фарҳангу забони мисрии худро аз даст намедодем.» Бешак «Шоҳнома» — ро Худованд дар дили Ҳаким Фирдавсӣ ҷой додааст, то ба порсизабонон барои нигаҳбонӣ ва бақои ҳуввият ва ғурури қавмии худ чун паёме бошад ва шояд ин нусрати худро барои заҳамоти Салмони Форс ва умуман порситаборон дар интишори каломи Худо арзонӣ дошта бошад.

Шахси огоҳ аз ториху адабиёти форс – тоҷик  ба равшанӣ дармеёбад, ки дар осори шоирони бузург, пас аз Ҳакими Тӯс ба сухангустарӣ пардохта, чӣ Носири Хусраву Мавлонои Балхӣ ва чӣ Хайёму Ҳофиз мазмуну ташбеҳот ва сатрҳои бешуморе баргирифта аз «Шоҳнома» — ро ҷой додаанд. Дарвоқеъ «Шоҳнома» таркиши истисноӣ на танҳо дар адабиёт буд, балки дар миёни иронитаборони он замон инқилоби фарҳангие буд, ки рӯҳия ва виҷдони мардуми аз хештани хеш рӯ сӯи худноогоҳӣ ва бегонагӣ овардаро дубора зинда кард.

Ҳамзамон «Шоҳнома» дар синаи худ маънии зиёдеро аз «Қуръон» ҷой кардааст, ки як тоҷик, як порсизабони ба муҳтавои паёми Худованд даст надошта, метавонад сухани илоҳиро дар баёни порсии равшану гӯёи Ҳаким Фирдавсӣ дарёбад. Ҳама медонанд, ки нахустсухани «Шоҳнома», «Ба номи худованди ҷону хирад / К – аз он бартар андеша бар нагзарад», аслан бардошт аз сухани такрими «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим» мебошад. Ва инҷониб зимни баррасиву таҳлилҳои барои худ анҷом дода беш аз 50 порчаҳое аз «Шоҳнома» дарёфтаам, ки баргирифтаи ояҳои «Қуръон» ва аҳодиси паёмбару Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб мебошад. Донишмандони доно даҳсолаҳо пеш натиҷагирӣ кардаанд, ки «Шоҳнома» мамлу аз илмҳои ақлӣ ва шаръӣ мебошад. Агар кас аз ақлу ҳунари қиёс бенасиб набошад ва рӯзгоре ба мутолаа сипарӣ карда бошад, ба ҳангоми хондани ин байт аз «Шоҳнома»:

Яке нест ҷуз довари кирдигор,

                                    Ки ӯро на анбозу на ҷуфту на ёр.

дармеёбад, ки ин маънӣ бар ҳамон каломи илоҳист, ки «Қулҳуаллоҳу аҳад, аллоҳу самад, лам ялид ва лам йулад ва ламм якунлаҳу куфуван аҳад», яъне «ҷаҳон аз ҷуфт афзоиш бигирад, аз ин рӯй ҳар киро ҷуфте офарид ва танҳо худи ӯст, ки ҷуфту ёру анбоз надорад».

Мутаасифона дар ин кишвари аз китобхонӣ канораҷустагон, бар ивази андешидан пиромуни ҳикматҳои дар «Қуръон» ҷой дошта, омӯзиши нукоти дар «Шоҳнома» ва «Маснавӣ» ишора гардида, арзишҳои динро танҳо дар шарҳи андозаи ришу саллаву сатр, талош ба хотири соҳиб шудан ба тахти ҳукуматронӣ мебинанд. Борҳо гуфтаем ва боз ҳам мегӯем, ки ниёкони мо дини мубини исломро то ҷое тавонистаанд аз тобишҳову чолишҳои арабгароии лашкариёни араб зудуда, сипас пазируфтаанд. Халифаҳои араб ва лашкариёни мутаасиби арабгаро, мардуми порсизабонро бинобар надонистани забони арабӣ, «уҷм», «аҷамӣ», яъне гунг номида, дар талош буданд, ки ҳар чӣ пайваста ба фарҳанги ориёӣ бошад барканор кунанд. Дар замони зимомдории халифаҳои аббосӣ, тамоми аъроб худро мутаббарук ва муқаддас ва ходимини ҳарамайн муаррифи мекарданд, андозу ҷизияи ҳангуфт бар души ғайриарабҳо таҳмил мекарданд, то он рӯзгоре, ки сарафрозшерони Вароруду Хуросон гардан афрохта, барои нигаҳбонии аслу насаби тоҷикии хеш сар ба савдо гузоштанд. Ин ҳама таҳқиру заҷр нахуст қиёми Абӯмуслими Хуросониро барангехт, вале бо макру ҳилаи ноҷавонмардонаи Мансури Аббосӣ, Абӯмуслим ба қатл расонида шуд. Аммо бо ин аббосиён натавонистанд садди роҳи ҷунбишу қиёмҳои тоҷикон гарданд. Қиёмҳои интиқомҷӯии пай дар пайи зиддиарабӣ ва зидди халифаҳои аббосии тоҷикон, пас аз марги Абӯмуслим шиддати бештар гирифт. Пас аз Абӯмуслими Хуросонӣ, Синдбод (с.756), Бӯ Осими Бустӣ (с.757), СайидҶулоҳ (с.757), Ҳазини Риқо (с.758), Озарӯя, Марзбон, Муҳаммади Шаддод (с.767), Юсуфи Барам (с.776), пайи ҳам бар зидди истилогарон барангехтанд. Яке аз шӯришҳои чашмгири зидди истилогарони араб, қиёми Сиси Бодғисӣ буд, ки бо дастгирии саросарии аҳолии тоҷик, Хуросон ва Марвро аз чанги аъроб раҳо кард, вале дере нагузашта (с.777) дастгир шуда дар Бағдод ба қатл расонда шуд. Ҷунбиши дар торих овозаманди Ҳошим бинни Ҳакими Балхӣ, мулаққаб ба Ҳаким Муқаннаъи ниқобпӯш аз Кеши Бухоро бархоста, бо номи «сапедҷомагон» ҳазорон ҳазор мусалмонону зартуштиёнро алайҳи халифаҳои аббосӣ барошуфт ва пас аз муборизаҳои 4 – 5 сола 2000 нафар пайравони Муқаннаъ ба рағми эътироз, дар назди мардум худро оташ зада, ба арабҳо таслим нашуданд. Назар ба сарчашмаҳои арабӣ дар миёни асрҳои VIII – IX мелодӣ дар Хуросон ва Вароруд 109 қиёмҳои зиддиистибдодӣ сурат гирифтааст. Натиҷаи ин ҳама қиёмҳои хунини тоҷикон буд, ки соли 822 Тоҳири Пушанҷӣ истиқлолияти Хуросонро аз халофати Бағдод эълом дошт. Сипас Яъқуб Лайси Саффорӣ истиқлоли давлати тоҷиконро эълон карда, ба ҷойи забони арабӣ забони порсиро расмӣ донист. Ҳама медонем, ки пас аз Яъқуб Лайси Саффорӣ, ҳукумат ба дасти Сомониён гузашта пойтахт ба Бухоро кӯч кард. Аммо халифаҳои аббосӣ ба ин ором нагирифтанд, зеро медонистанд, ки мардумони сарбаланди иронитабор дини исломро пазируфта бошанд ҳам, ба ҳукуматронии мустабидонаи аъроб тан дар надода, фарҳангу забони онҳоро қабул надоранд ва дур нест, ки рӯзе пайвастагиашонро бо Бағдод гусаста менамоянд, ҳамоно дар пайи ҷонибдории туркони ғазнавӣ ва қарахониву қарахитоӣ, барои аз тахт рондани тоҷикон гаштанд. Ҳамин буд, ки авлодони ғуломони турк, бо сарварии Маҳмуди Сабуктегин рӯи кор омада, аз тарафи хулафои Бағдод «Айнуддавла» (яъне чашми давлат) унвон гирифта ва ҳамон замон бо номаш хутба хонда шуд. Ин «айнуддавлаҳову сайфуддавлаҳо» — и биёбонгард, ки аз саҳроҳои Гоби ва куҳҳои Олой ба сарзамини обшорону алафчарҳои сарсабзи Вароруд сарозер шуда буданд, аз фурсат истифода бурда, зери парчами ислом бо номҳои муқаддаси ислом тағйири ном карда, қасдҳои нопоки хешро бароварда сохтанд. Муҳаммад Қарахонӣ ва Муҳаммад Шайбонӣ ва сипас Темури ланги курагонӣ ба кушту кушторҳои фоҷиабори иронитаборони шиъимазҳаб ва аз ҷониби дигар туркони салҷуқӣ ба қатли иронитаборони суннимазҳаб даст заданд. Мо дар бораи қатлиомҳои ирониаслон бо баҳонаҳои муътазилӣ, рофизӣ, қарматӣ, исмоилӣ, махлуқияӣ, лафзияйӣ, ҳашвияйӣ ва ғайра борҳо гуфтаем ва дар ин фурсат аз бозгӯии онҳо худдорӣ мекунем. Фаромуш нашавад, ки аъроб аз донишҳои иронитаборон ба таври фаровон кор гирифтаанд, онҳоро дар нашри адабу дониш, густариши илмҳои ақливу шаръӣ ба кор бурда, тамоми китобу омӯзаҳои ба забонҳои паҳлавӣ ва порсӣ таълиф гаштаро ба арабӣ баргардонанд ва ҳамзамон бо баҳонаи ҷорӣ кардани дини ислом бахши зиёдашонро ки натавонистанд ба кишварҳои дур ҷилои ватан кунанд, аз дами теғ гузаронданд. Сухани Ибни Халдун, ки ишора бар ҳадис аст «агар дониш ба ситорае аз ситорагони осмон овехта бошад, мардуме аз сарзамини Ирон ба он даст меёбанд», гарчи дар васфи мардуми андешагарои форс – тоҷик бошад ҳам, миллатгароёни фошистии араб фозилонеро чун Рӯзбеҳ писари Додбеҳ, Башорбард, Исмоили Ясор, ба таври куллӣ хонадонҳои Бармакӣ, Навбахтӣ  ва  донишмандони фарҳехтае чун Балозарӣ, Ҷабала писари Солим, Ҳушшом писари Қосим, Мусо писари Исои Касравӣ, Зодуя писари Шоҳуяи Исфаҳонӣ, Муҳаммад писари Баҳром писари Матёри Исфаҳонӣ, Баҳром писари Мардоншоҳ, Умар писари Фархон ва садҳои дигар, бо вуҷуди ислом пазируфтан ва дар баргардони китобҳои илмӣ корҳои ҳангуфтеро иҷро кардан, бо дасти халифаҳои аҳримансиришт кушта шуданд. Воқеан, дар ин миён донишмандони тоҷиктабор буданд, ки барои забони арабии то ҳанӯз бе қавоиди сарфунаҳвӣ буда, дастури забони арабӣ ва сарфу наҳви онро навиштанд.

Ҳорун – ур – рашиди аббосӣ аз ҳамсари иронии худ соҳиби фарзанде шуд бо номи Маъмун – ур – рашид. Ирониён аз ин фурсат кор гирифта, хостанд вайро бар асоси фарҳанги иронӣ парвариш диҳанд ва дар Хуросон конуне бунёд карданд, ки дар маҳофили он баҳси андешаҳо доир мегардид. Дар конуни номбурда бар он омаданд, ки намозгузорӣ бо забони порсӣ равост, дар сурати ҳиҷои хурдтарине аз «Қуръон» ҳазфу тағйир наёбад. Ва намозгузорӣ дар бахши зиёди Ирон, аз ҷумла Бухоро беш аз 15 сол ривоҷ пайдо кард. Дар ин анҷуман донишмандон, пажӯҳандагон ва хирадмандон гирд омада, ба ройзанӣ мепардохтанд, то замоне, ки Амин – фарзанди арабзоди Ҳорун (аз Зубайда), бо амри падари хеш даст ба қатли ом зада, он конунро аз байн бурд. Дар ин маврид чун аз саҷоёи милатгароӣ ва табиати фошистии хулафои аббосӣ гуфтумон дорем, бесуд нахоҳад буд агар таваҷҷӯҳи хонандаи гаронмояи бодонишро ба як қиссаи дар китоби донишманди бузурги Ирон, адабиётшинос, торихшинос ва тасаввуфшиноси овозаманд Абулҳусайни Зарринкӯб, зери унвони «Ду қарни сукут» омада, ҷалб намоем. Соҳиби ин китоби пурмуҳтаво дар бахше аз китоб, бо унвони «Бӯзинаи Зубайда» воқеъиятҳои торихиро аз саргузашти хулафо бозгӯ намуда ҳикоятеро меоварад, ки мабни бар он Ҳорунуррашид маймунеро парвариш дода сару либоси фохир бар тани ӯ мекардааст ва гардану дастони он маймунро дастбанду гӯшвораҳо аз шаддаҳои марвориду тилло озин медодааст. Дар камарбанди он бӯзина шамшери тиллоӣ овезон буда, атрофиёнро вомедоштаанд, ки дасти маймунро бибӯсанд. Ҳатто бӯзинаи Зубайдаро аз ҳисоби асираҳои форс зан дода, ҳамхоба буданро омӯзонда буданд ва дар он китоб ба эҳтимолияти ҳамхоба будани бӯзина бо Зубайда ишора меравад. (Нигаред ба китоби А. Зарринкӯб, «Ду қарни сукут», Т., 1376, с.169)

Муносиб аст ёдовар шавем, ки мо пеши худ ҳадаф нагузоштаем дар ин фурсат ба бознигоштани торихи муқовиматҳову сар ба дор доданҳои тоҷикон барои нигаҳдории асолати миллӣ ва нигаҳбонии дурри дарӣ бипардозем, зеро он торихи пурмоҷарову хунини сарбаландон маҷоли овардан рӯи саҳифаи рӯзнома надорад. Боясти гуфт, ки дарёфтҳои инҷониб ба гунаи «динро ҷилои миллӣ мебояд бахшид» ва ҳамчунон тавсифи шеваи динхоҳии урусҳо, арманиҳо ва яҳудиён, ғолибан ноошноёни сиёсати рӯзро ошуфта сохта, бархеро водоштааст то ба мо носазогӯиҳо раво бинанд, ки боз ҳам ноши аз тангии биниши миллӣ ва таасуби динии эшон мебошад. Чунинҳо мепиндоранд, ки ҷилваи хостҳои миллат ба арзишҳои дини мубини ислом газанд меоварад. Аз торихи башар ҳувайдост, ки миллати гирифтори нокомиҳои маргбор ҳамеша ба дини худ такя карда, миллатро аз маҳв гаштан дар тазвири бегонагон боздоштаанд. Ҷойи шак ва муҳобот низ нест, ки тоҷик дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Дур не, ба сад соли гузашта ва ҳаводиси солҳои 90 – ум бо дидаи хирад бингаред, дармеёбед, ки рӯ ба инқирозу нестӣ овардани миллати тоҷик дигар кадом «шоху думе надорад». Даҳ миллион тоҷики Узбакистон алҳамдулиллоҳ мусалмонанд, вале кунун тоҷикии хешро бохтаанд. Дувоздаҳ миллион тоҷики Афғонистон дар ҷумҳурии исломӣ зиндагӣ доранд, аммо дигар тоҷик нестанд, афғонанд. Сиёсатмандон ғолибан решаи ҷангҳои беш аз садсолаи Афғонистонро мехоҳанд дар ҷойи дигар ҷустуҷӯ кунанд, аммо каманд касоне, ки дарёфта бошанд, ки ин ҷангҳо обишхӯри нигаҳбонӣ ва баргашти мардуми тоҷик барои асолати миллии худ мебошад. Миллатгароёни паштунӣ ҳаргиз пазируфта наметавонанд, ки Хуросони ба номи қавми хеш «афғонистон» унвон кардаашон асолати бохтаи хешро бозёбад; исми Хуросонро баргардонад, он кишварро тоҷик сарварӣ кунад. Ҳамин аст, ки миллатгароёни аз Покистону Паштунистон ба Хуросон сарозер гашта, ҷиҳодашонро бо парчами дини ислом рангомезӣ карда, намегузоранд фарҳанги порсӣ дар сарзамини обоии хеш ҷилвагар бошад. Агар бад – ин сон набуд, пас чаро Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд кишварро аз гиреҳи коммунистгароён раҳонида, ҷумҳурии исломӣ бунёд карданд, ки гӯё дигар ормонҳои дингустарон  амалӣ шуд, вале боясти қотеъона пурсид дигар чӣ мехоҳанд «ҳомиёни» дини ислом, ки бо номи толибон шахсиятҳои барои устувории дину миллат тану ҷон ба гарав додаро ба қатл расонида, дар пайи куштани занону кӯдакону пирсолон мебошанд.?! Пурсиши дигар пеш меояд, ки чаро дингустарони Ҳизби Исломии Узбакистон маҳз дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Чӣ ҷустуҷӯ доранд исломгароёни Узбакистон дар сарзамини тоҷикон?! Торихи нокомиҳои тоҷикон, фоҷеаҳои 20 сол пеш моро ҳушдор медиҳад накунад, ки зери парчами ислом милатгароёни узбак дар кишвари мо ошуб барангехта, аз он барои пароканда сохтани тоҷикон баҳраҷӯӣ кунанд. Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудем, ки тайи як – ду моҳи ахир нахуст 17 нафар ва сипас 34 нафар аъзои Ҳизби исломии Узбакистон дастгир шуданд, ки гунаҳкориашон дар куштор, таъсиси гурӯҳҳои мусаллаҳ, таъсиси анҷуманҳои мусаллаҳи ҷинояткор, барангехтани низоъҳои миллӣ ва мазҳабӣ, ғасби ҳокимият, даъват барои тағйири иҷбории сохти давлатдорӣ, тасбит гаштааст. Ҳамчунон маълум аст, ки ҲИУ бо гурӯҳи толибон ва Ал Қоида пайваста буда, дар навоҳии Исфара ва Қубодиён намояндаҳои онҳо дастгир шуданд. Дар расонаҳои хабарии электронӣ, дар мукотибаҳои фейсбукӣ пайваста таблиғгарони ҳаракати Ат – Таҳрир, Салафия ва Ихвон – ул – муслимин , ки ғолибан тоҷикону узбакони дар кишварҳои Мисру Покистон таълим гирифта мебошанд, бештар бо номҳои мустаъор тоҷиконро ба ҷиҳод ва ҷонибдории ин ҳаракоти тоҷиккуш даъват менамоянд. Чунин кунишҳову талошҳо як шахси ба гузаштаи торихии халқи худ бо нигари таҳқиқ нигариста ва ба сарнавишти он бетафовут набударо вомедорад, ки торихи ҷиҳодҳои турконро зери парчами ислом, алайҳи тоҷикон бори дигар ёдовар шавад. Нигоштаҳои хирадмандони доно гувоҳӣ медиҳанд, ки бадхоҳон бо кор гирифтан аз андешапарешонии тоҷикон, (ба таври умда иронитаборон) дар бовариҳои диниву миллии худ, борҳо кашмакашиҳои иҷтимоӣ, бархӯрди шадид байни ақоид ва мазоҳиби гунагунро ба миён оварда, нокомиҳо ва ҳамдигаркушиҳои тоҷиконро ба роҳ андохтаанд. Бузургихоҳони ҳилагар барои чирамандӣ бар дигарон ҳамеша арзишҳои неки инсониро шиор карда, ҳушу ҳавсалаи қавмҳои соддадилро ба канор мебаранд ва онҳоро аз хештани хеш мерабоянд. Ончуноне ки русҳо зери шиори интернатсионализм даст ба дасткушии забони форсии тоҷикӣ, рабудани ҳуввияти иронитабории тоҷикон зада, то ҷое бар ҳадафи хеш комёб шуданд, интернатсионализми динӣ низ дар роҳи хунсо сохтани рӯҳияи порситабории тоҷикон хидматҳои чашмрасе анҷом додаст. Ҳамон Ҳизби Исломии Узбакистон, ки чун Толибони Афғонистон аз бунёди давлати ягонаи (хилофати – империяи) исломӣ лоф мезанад, дар асл ҳадафи густариши фошисми паштунӣ дар Афғонистон ва узбакизми пантуркистӣ дар Варорудро доранд. Воқеан, ормони бунёди дубораи Хилофат замони ахир дар миёни мамолики арабӣ ниҳоят ривоҷ пайдо мекунад. Ин нукта нав нест, ки Туркияи Усмонӣ, ки худро меросхори Императории Усмонӣ медонад, мехоҳад дар раъси Хилофат қарор дошта бошад. Ташрифоти расмии навини нахуствазири Туркия, Эрдоган ба Арабистони Саъудӣ ва Қатарро маҳз бад – ин манзур метавон арзёбӣ кард. Ҳадафи аслии ташрифоти нахуствазири Туркия ҳамёрӣ ба мухолифини Сурия барои мубориза бар зидди президент Ал Асад ва «лаҷом задан» ба барномаи ҳастаии Ирон мебошад. Барои пиёда сохтани ин аҳдоф Саъудӣ ва Қатар маблағҳои ҳангуфтеро дареғ нахоҳанд дошт. Ногуфта нагузорем, ки барномаи тахрибии мағрибиён, унвонии «Баҳори арабӣ», яъне барангехтани мухолифин алайҳи ҳукуматдорон, барои ошуфтасозии Ирон нигаронида шудааст; бо нигари таҳлилии хурде метавон мушоҳида кард, ки мухолифини кишварҳои арабии Тунис, Миср ва Либия бо ёрии мағрибиён комёб шудаанд ва идомаи он сиёсат дар атрофи Арабистони Саъудӣ ва Қатар муттаҳид кардани сунниҳо бар зидди Ирон мебошад.

Ба мушоҳида мерасад, ки дар миёни мутаасибини динии Тоҷикистон як идда аз ашхосе ҷой доранд, ки асолатан аз ғайритоҷикон мебошанд ва ғайритоҷик будани хешро пинҳон дошта, ба ориёиву иронитабор номидани тоҷикон, форсӣ номидани забони тоҷикӣ, ҷашнгирии Наврӯз танаффур дошта, ба ин вижагиҳову суннатҳои миллӣ тамасхур мезананд. Бархе аз ишон тоҷироне мебошанд ғайритоҷик, ки дар масоҷид дархӯри эътибору обурӯ буда, имомонро дастгирии молӣ мекунанд. Мо дар ҷанги дирӯзаи беномусии тоҷикон дидем, ки чи гуна ғайритоҷикон аз фурсати муносиб истифода бурда, тоҷиккушӣ кардаанд. Ҳоло бо каме жарфнигарӣ метавон ба мушоҳида расид, ки бархе аз ишон либоси ҳуҷҷоҷ ба бар карда, шахси даъватгару даъвогари тарбияи ғурури миллии тоҷикиро бо нидои «миллатчӣ» ва монанди он хомуш сохтанӣ мешаванд.

Ёдкарди нуктаи дигареро зарур медонем, ки гаҳе ҳамдиёрони мо мехоҳанд Инқилоби Исломии Иронро барои худ намунаи динхоҳиву дингустарӣ бознамоёнанд. Барояшон бояд гуфт, ки инқилоби исломии бародарони иронии мо падидаи нодиру вижа аст. Дар он замон дар он кишвари андешапешагон оятуллоҳои меҳанпарасту мубтакир мардумро зери диравши ташайюъ ба қиём барангехтанд, зеро кишварашон зери хатари порашавӣ қарор дошт. Душманони мағрибиву машриқӣ дусад сол беш аз бими зӯрманд гаштани Ирон, монеъи санъатишавии он гашта, дасти нопок ба ҷудо сохтани Озарбойҷонҳои Ирон зада буданд ва бад – ин манзур адвори миллатгароёни пантуркистии Бокуро низ таҳрик мекарданд, ки барои бунёди давлати муқтадири Озарбойҷони воҳид талош варзанд. Ва дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз миллат ба дини хеш паноҳ бурд, зеро дин дар он ҷо ҷилои иронӣ дошт. Ва яке аз бартариҳои бародарони иронии мо дар он аст, ки ишон дар бовариҳои динии хеш бомулоҳиза буда, аз арабгароӣ ва соири эътиқодҳои миллатгурез тамкин меварзанд ва ба арзишҳои миллии иронӣ ба таври шоиста арҷ мегузоранд. Онҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки машоихи нафтфурӯши кишварҳои арабӣ дар сар танҳо ҳавои айшу нӯш дошта, нимхаёле ба сарнавишти мусалмонони дигар надоранд. Ҳамин аъроб буданд, ки дастаи зоирини ирониро дар Макка ба куштан дода буданд. Чун Ирон ҷумҳурии исломӣ шуданашро эълом дошт, низомиёни Ироқ ба марзҳои Ирон ҳамлавар шуданд. Ҳоло даъво доранд, ки номи Халиҷи Форс (Персидский залив) – ро бардошта, «Ҳалиҷи Араб» бихонанд. Ҳамин чанд ҳафта пеш  108 нафар кӯдакону занону пиронсолони бегуноҳро дар як деҳкадаи Сурия ба қатл расонда айбро яке бар сари дигаре бор карданӣ мешаванд. Рӯзе ё ҳафтае нест, ки дар Покистон таркише рух надиҳад ва 20-30 нафар қурбони ҷаҳолат нагардад. Дар Миср «Ихвон – ул – муслимин» талош доранд бар курсии ҳукумат нишинанд. Ҳамон ихвон – ул – муслимине, ки соли 1971 ба тозагӣ бунёд ёфта буданд ва инҷониб онҳоро дар Афғонистон дида будам, ки пас аз гирдиҳамоӣ нахуст бинои синамотеатр, сипас театрро оташ зада, дар пайи вожгун сохтани мактабҳои духтарон шуданд.Ҳар сол садҳо миллиард доллар аз ҳисоби зоирини ҷаҳон дар хазинаи Арабистони Саъудӣ гирд оварда мешавад, вале кишваре, ки бо номи муқаддаси Худо маблағи ҳангуфт ҷамъ мекунад, магар боре ҳам ба тоҷикони Афғонистон, ки дар талоши динхоҳиву худогоҳӣ хонавайрон гашта, дар хами ҳар кӯчааш даҳҳо ятиму беваву алили бепарастор ба лутфи худоҷӯён нигарон аст, пули сиёҳе харҷ кардааст?! Кишварҳои Арабистсони Саъудӣ ва Қатар ба нерӯҳои корӣ ниёз доранд, вале шунидаем, ки барои шайхҳои араб ҷолиб будааст, то асосан занонро аз Тоҷикистон ба кор истихдом намоянд, бедуни шавҳаронашон.

Мо мебинем, ки қувваҳои тундгароро дар кишвари мо киҳо эҷод мекунанд ва ба ҳангоми дидани кӯриву асолатбохтагиҳои бархе муфассирини каломи Худованд,  тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳукуматро дар амри пешгирӣ аз ифротгароии диниву мазҳабӣ, ҳанӯз басанда намедонем. Бад – он сон ки иддае аз имомон номҳои тоҷикии ҷавононро ҳақир бозгӯ карда, онҳоро иваз мекунанд, ҷашни милливу давлатии Наврӯзро ба мусалмонони тоҷик ҳаром эълом медоранд ва монанди он ба арзишҳои миллии тоҷикон таън мефиристанд. Ба гумони мо барои чунин амалҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мебояд гунаҳкоронро гирифтори тавбихи ҷиддӣ қарор дод ва воизонеро ки барояшон андешаҳои хештаншиносии миллӣ ва худогоҳии таборӣ бегона аст, набояд бар пояи минбари мусалмонони тоҷик роҳ дод. Паёмади гуфторҳои чунин воизон аст, ки дар шаби соли нави исавӣ, дар Душанбе, бо  нидои мусалмоннамои тундгарое ҷавонони сархуши май, корд бар синаи ҷавони зебои тоҷик заданд. Дар кӯчаҳои шаҳр бештару бештар мешунавем, ки кӯдаки 9 – 10 сола бар сари дигаре фарёд мекашад: «ба номи аллоҳ, каллата мебуррам», «ба номи аллоҳ авлодата аз дами теғ мегузаронам»…. Дар масҷидҳо сухани ноҷову носазо унвонии бародарону хоҳарони шиъимазҳаб, исмоилимазҳаб берун меоваранд. Ин ҳама кирдорест, ки ба миллати тоҷик метавонад шикаст оварад. Ниёкони мо дини мубини исломро чун дини пок пазируфта буданд, вале аз ҳамон замон аз арабгароӣ ва бохти фарҳанги миллии худ бим доштанд. Ҳамин аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ лаҳзаҳои чирамандии лашкари Саъди Ваққосро бар ирониён бозгӯ намуда, аз шикасти миллӣ, аз бохтани фарри ориёӣ дареғ хонда буд:

Дареғ он сари теғу он тахту дод,

                                   Дареғ он бузургиву фарру нажод!

                                   К – аз ин пас шикаст ояд аз тозиён,

                                   Ситора нагардад магар бар зиён.

PS: Мутаасифона ҳангоми таҳрир дар нашрияи «Самак», бар ивази вожаи «КОНУН», вожаи арабии «ҚОНУН» — ро овардаанд, ки маъниро ниҳоят ошуфта сохтааст. Азизон бояд бидонанд, ки «конун», яъне оташдон ва ё «кузница» — и русӣ, «кураи оҳангарӣ», ки он ҷо оҳангарон оҳанро об мекунанд. Ва конун дар ин навиштор ба маънии марказ омадааст.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: