Турки ту бирехт хуни тоҷик

Шояд хонандаи гаронмоя чунин пурсише ба миён оварад, ки аз чист фалонӣ ба мавзӯи туркон ва турктозӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Ва бархе бипиндоранд, банда ба қавмҳои турктабор дар сина ситезаву нотавонбиниҳо парваридаам, ки ба тохтутозҳо ва кушту кушторҳои гузаштагони дури онҳо ишораҳо дорам. Аммо инҷониб аслан нажодгароиву таассуби сиёҳи миллиро хуш надорам, ба фошистону шовинистҳои бузургманиш кароҳат дорам. Чуноне ки ҳамин шовинизми бузургманишии русӣ дар нигарам хандаовару нафратангез аст, зеро онҳо ба яҳудиёну қафқозиҳо, аз ҷумла гурҷиҳо бо чашми бад нигоҳ мекунанд, вале дар санъативу фарҳангӣ сохтани Русия маҳз ҳамин қавмҳо нақши чашмгир доштаанд. Гузашта аз ин русҳо бо қавмҳои ғайрирус он қадар омехтаанд, ки аз русияти онҳо чизе боқӣ намондааст. Худбузургбинии бархе туркнажодони Вароруд, аз ҷумла пантуркистони узбаку қазоқ ва ҳамчунон озарӣ ҳамзамон бо пиндоштҳои хандахаришона, табъизи қавмҳои дигари маскуни он кишварҳо, ба шумули 9 – 10 миллион тоҷикон дар Узбакистон ва 1 – 2  миллион толишҳову тотҳо дар Озарбойҷони Қафқозро дар пай дорад ва пеш аз ҳама он ақвоми худбузургбинро ба вартаи раҳгумии таассубангез дарафкандааст. Паёмади каҷнигориҳо ва таҳрифсозии  торихи қавмҳои Вароруд мебошад, ки дар миёни фарҳангимаобони Узбакистон хислати бади бартарихоҳии қавмиро устувор гардонда, миёни тоҷикону узбакони дар дарозои наздик ба 500 сол дар як сарзамин буду бош доштаву бо ҳам гиреҳи таборӣ баста, тухми нифоқ мекоранд. Имрӯз дар кишварҳои туркнажоди Осиёи Марказӣ худбузургбинон торихи мардумони ин фалотро бар хостаи хеш бозбиниву бознависӣ мекунанд. Торихнигорони навини ин сарзамин торихи пайдоиши қавмҳои туркнажодро бад – он гуна дурӯғбор кардаанд, ки агар тоҷики китобхонда набошад, гумон мебарад порсигӯёни ин паҳна ба Вароруд (яъне Осиёи Миёна) ҳеҷ наздикие надошта, аз сайёраи дигаре ба замин фуруд омадаанд. Ин дурӯғпардозии торихнависон гаҳе агар бар пояи таассуби туркгароӣ устувор бошад, гаҳи дигар обишхӯри пинҳон доштани шарму озарми хеш бар ошкор гаштани ҳамлаҳову кушторҳои гузаштагонашон мебошад. Қайчизанони торих, дар баробари бознамоёндани зисти бобоёни хеш аз замони Нӯҳи набӣ дар сарзамини Вароруд, ҳамлаву чаповули яғмогарони гузаштаро “ҳаракат барои густариши қаламрави худ, бештар аз рӯди Омӯ”, унвон кардаанд. (Иқтибос аз китоби Булакбек Ботирхон, зери унвони“ «Шоҳнома»  ва адабиёти қазоқӣ”, тарҷума ба форсӣ, чопи Теҳрон с. 1383/2004, саҳ.29.)  Ҳамин таҳрифҳои фоҳиши торихи мардуми Вароруд, минҷумла нотавонбинии тоҷикон аст, ки гурӯҳи муаллифони чиноӣ, ба ҳангоми рӯи коғаз овардани шумораи халқиятҳои дар Узбакистон буду бош дошта, вуҷуди тоҷиконро дар ин сарзамини ниёконашон ҳеҷ донистаанд: “Дар Узбакистон қавми узбак 68,5%, ҷамъияти рус 10,3% ва қазоқу тотор ҳар як 4% ҷамъиятро ташкил медиҳанд.” (Ҷою Чанг Чин, Шинг Гуанг Чинг, Суанг Ҷуанг Ҷи, “Чин ва Осиёи Марказӣ”, тарҷумаи Муҳаммад Ҷавод Умедвор Ниё, Теҳрон – 1379/2001.) (Бубинед, 11 миллион тоҷики Самарқанду Бухоро, Хоразму Фарғонаву Сурхондарё, Чирчиқу дигар вилоятҳои он кишвар 1% — ро ҳам ташкил намекунанд. )

Риққатбору дардовар аст, ки бахши зиёди он торихнигорону нависандагони турктабор, ҳамчунон бархе чиниёну урусон, бо кӯшишу талоши ҳангуфт иддао пеш меоваранд, то Варорудро маҳалли рақобати императориҳои гуногуни Ирон, аз ҷумла ҳахоманишиён бознамоёнда, бад – ин васила гузаштаи тоҷиконро аз ирониён дар ҷудоӣ бозгӯ намоянд. Ва мехоҳанд тасбит намоянд, ки ирониён аз роҳи ишғоли Вароруд, фарҳангу забони порсиро ба ин фалот овардаанд. (Ҳамон ҷо, саҳ.12 – 13.) Ҳамзамон пажӯҳишгарони Чин, аз ин ки ба сарчашмаҳои бостонӣ чираманд мебошанд, гаҳе тафсирҳои норости дар Осиёи Марказӣ пайдо шудани узбаконро дуруст арзёбӣ карда, яке аз нукоти муҳими пайвастагӣ надоштани қавми узбакро бо Темури ланг дарёфтаанд: “Дар қарни XVI узбакҳо ба сӯи ҷануб ҳамла бурданд, темуриёнро дарҳам шикастанд ва хоноти Хева ва Бухороро бар пой доштанд.” (Ҳамон ҷо, саҳ.19)

Решаи вожаи “турк”.

Маҳз ҳамин кажнигориҳову таҳрифҳои торихи мардуми тоҷик моро водор месозад, то аз роҳи ҷусторҳои ночизи хеш ҳамдиёронро огоҳ созем, ки на ҳама навиштаҳои илмгунаи унвондорони бархе кишварҳо, ҳанӯз посухгӯи воқеияти торихии иронитаборони Вароруд мебошад. Ва чунон ки ба чашм мехӯрад, гаҳе ҳамдиёрон ба ҳангоми гуфторҳои хеш, дар мавриди вожаи “турк” ва пайванди қавмҳои туркзабони ҳамсоя бо қавми турк, ба вижа дар шарҳи ашъори шоирони гузаштаи форс – тоҷик  ба норостиҳову нодурустиҳо роҳ медиҳанд, тасмим гирифтем ин нигоштаро пеши дидори хонандагон оварем.

            Гарчи дар мавриди решаковии вожаи “турк”, пас аз дарёфтҳои донишмандони доное чун Рене Гроссеи фаронсавӣ, Муҳаммад Ҷаводи Машкур, Иноятуллоҳ Ризо, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ, Нодир Баёт, нигари дигаре доштан ҳадди густохист, аммо бинобар ин ки ишон бо донишҳои баланди худ тардид доштанд, ки чиниён табаъаҳои хонҳои “ошино” ро “ту – кию” (tu — kiu)  ҳамчунон «ту – чу – я» (tucheh) мегуфтанд ва аз ин ки чиниён дар забони худ овои «р» надоранд, ба гунаи дар боло оварда талаффуз мекарданд, вале баъдҳо ин ном ба сурати “тур – киёт” даромадааст, бозгӯ намудани шарҳе зарур дониста мешавад. Чуноне ки дар навиштори банда зери унвони “Туркон ва гургон” ишора шуд, вожаи “ошино” ба маънӣ гург аст. Дар забони туркии бостон гургро “бури” мегуфтанд, вале дар забони муғулӣ ҳанӯз ҳам гургро “шино” (shino) меноманд. Туркҳо боварманданд, ки вожаи “турк” ба маънии устувор, ё нерӯманд аст ва туркҳо низ худашонро аз насли Осино (Assena? Ҳамон ошино), яке аз қабилаҳои ҳунҳо медонистаанд. Ба пиндори як идда донишпажӯҳони барҷаста, аз ҷумла доктор Муҳаммад Ҷаводи Машкур, туркон номи худро аз кӯҳе ба шакли кулоҳхуд (тоскулоҳ), ки дар доманаи он маскан гузида буданд, баргирифтаанд, зеро ба забони туркӣ кулоҳхудро “дурку” (Durku) мегуфтаанд. Гумон меравад пиндори устод Машкур бештар ба яқин наздик аст, зеро дар донишҳои номшиносӣ бо номҳое фаровон дучор меоем, ки ғолибан халқиятҳо хешро (ва ё ҳамсоягонашон онҳоро), ба исми зодбум, ё ягон вижагии зистгоҳашон унвонгузорӣ кардаанд. (Чунин пиндоре низ вуҷуд дорад, ки вожаи тоҷик баргирифта аз номи “Дотик” – “Доятик”, номи бостонии рӯди Омӯ мебошад. Яъне сокинони ду соҳили рӯди Доятик.) Пиромуни чеҳра ва пайкари туркон ва симову сурати падарони ишон – ҳунҳо муаллифони чинӣ ва сайёҳони фаронсавӣ Гиюм де Рубрук ва Дуплан Корпин (зиндагиашон дар оғози асри XIII ) иттилооти басанда додаанд. Аз рӯи нигоштаи онҳо “ин мардуми кутоҳқаду хамидақомат сохтаву пардохтаи марғзорҳои васеъ ва саҳроҳои паҳновар мебошанд ва чун ба шароити сахти моддӣ фоиқ омадаанд, афроди саркашу аносири фармоннобардор шудаанд. Бодҳои тунду хашен, фалоти муртафеъ (баланд), сармои сахту гармои муҳлик (марговар) ба ин чеҳраҳо дидагони рез (чашмони танг), пилкҳои кашида, гунаҳои баромада ва пайкаре каммӯ додааст. Заруратҳои зиндагӣ, чӯпониву кӯч кардан барои рафтан ба айлоқу қишлоқ боис гардида, ки онҳо биёбонгард ва саҳронавард ба бор оянд.”  (Р.Груссе, “Императории саҳронавардон”, саҳ. 2)

Яке аз муаррихони чинӣ дар бораи сурату симои “ту — кию” – ҳо чунин овардааст: “… ҳамагӣ зери чодарҳои намадин зиндагӣ мекунанд. Муҳимтарин машғалаи онҳо нигаҳдории рама ва шикор аст. Нисбат ба пиронсолон таваҷҷӯҳе надоранд. Аз суннатҳои мазҳабӣ ва адолат иттилоъе надоранд. Дар нӯки тираки ҳомили байрақҳояшон каллаи заррини як гурги модае насб мебошад. Муҳофизину муроқибине, ки ҳамеша мусаллаҳ ҳастанд ва бо шоҳ ҳаракат мекунанд, номашон “бӯри” аст, яъне гург.” (Ҳамон ҷо саҳ. 167) Ҳамчунон овардаанд, ки пас аз гӯродани мурдагони худ ба шумораи шахсоне, ки дар замони зинда буданаш одам куштааст, қитъаҳои санг дар канори қабраш мегузоранд. Пас аз вафоти падар, ё бародари калонӣ, ё амак, бародари хурдӣ, ё бародарзода бо занони беваи онҳо, бо хоҳарони онҳо издивоҷ мекунанд. (Ҳамон ҷо саҳ. 168)

Иддаи зиёди пажӯҳандагони қабилаҳои туркро чунин андеша фарогир аст, ки дар шимоли Чин 500 хонавода, ё қабилае бо номи “Ошино” сокин буданд, ки бар асари омезиш бо қабилаҳои гуногун падид омада буданд. Иддаи дигар бар ин нигаранд, ки “Ошино” номи раиси қабилаи хӯрде будааст, ки давлату ҳукумате надоштаанд. Ин қавм дар аввал ба тарафдории чиниҳо бар зидди ҳунҳо ҷангидаанд, вале сипас ба тобеъияти ҳунҳо даромаданд. Пас аз шикасти ҳунҳо, ин қавм бо дасти “тубоҳо” (toba), ба ҷануби кӯҳи Олтой паноҳ бурданд ва дар он ҷо ҷойгузин шуданд Донишманди овозаманди Ирон, Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ навиштааст: “Натиҷае, ки метавон аз пажӯҳишҳо дар ин бора гирифт он аст, ки ақвоми турк дар садаи V мелодӣ аз омезиш ва дарҳамомехтагии қабилаҳои сокини доманаи кӯҳҳои Олтой (сарзаминҳои шимоли Чин ва бахше аз заминҳои Сибирия), падид омадаанд.” (Шаҳидии Мозандаронӣ, “Марзҳои Ирон ва Турон”, с.47). Ҳамин тавр туркон дар рӯзгори фармонравоии Ийлхон. Ба соли 555 мелодӣ саросари заминҳои фаросӯи рӯди Сирро (сарзамини имрӯзини Қазоқистонро) тасарруф намуданд. Ҳама медонем, ки дар дарозои ҳазору анд соли дигар туркон сарзамини ориёитаборон, минҷумла Вароруду Хуросонро пайваста маҳалли тохтутози худ қарор дода, қатлу кушторҳои ваҳшиёна ба миён овардаанд, ки се тан аз онҳо, ба шумули Отило, Чингизхон ва Темури ланг, чун сарварони одамхор овозаманд мебошанд.

Бояд донист, ки на ҳама ақвоме, ки имрӯз гуфтугӯяшон ба забони туркист, аз қавм асолатан турк мебошанд. Чунончи кишвари Озарбойҷон ҳеҷ пайвастагие ба ин ном надорад ва ин топоним бо ҳамёрии сиёсатбозони русӣ дар нақшаи торихи ҷаҳон ба хато ҳувайдо шудааст. Аслан ин макон, ки курсиаш шаҳри Боку мебошад, Олбониёи Қафқоз ном доштааст. Озарбойҷони Ховарӣ ва Озарбойҷони Бохтарӣ, ки ду устони Ирон мебошанд, ба туркон камтарин хешовандӣ надоранд ва забони туркӣ дар аҳди салҷуқиён ба забони модарии ин мардум, ки форсии озарӣ буд, чираманд гашта, онро аз байн бурд ва ҷояшро гирифт. Ҳамчунон қирғизон ба туркон хешовандӣ надоранд ва низ бахши зиёди мардуми Туркияи Усмонӣ, ки чеҳраи ориёӣ доранд, асолатан аз мардуми Бизонси (Византия – ҷазираи Анатоли) мебошанд, ки забони худро ба фаромушӣ дода, пас аз чирамандии туркон ба ин сарзамин, забони туркӣ пазируфтаанд. Ин андешаҳо ҷуз аз осори ховаршиносони мағрибӣ, дар китоби “Ирон ва туркон дар рӯзгори Сосониён” (с.27 – 35) тасдиқи худро ёфтааст.

Турку тоҷик.

Он чи то кунун омад бозгӯии гузаро пиромуни вожаи “турк” ва пайдо шудани туркон дар сарзамини тоҷикони иронитабор буд ва он чи пас меояд дар бораи корбурди фаровони вожаи “турк” ва таркиби нақизи “турку тоҷик”, дар забони адабиёти гузаштаи форс – тоҷик мебошад.

Бахши зиёде аз ҳамдиёрон чунин мепиндоранд, ки шоирон бо овардани вожаи “тоҷик”, қавми форсигӯи Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистони имрӯзинро дар назар доранд, ки чуннин пиндошт норосту нодуруст буда, реша дар ноогоҳии гӯяндаи он бар нукоти зерин дорад;

Нахуст бо корбурди вожаи “тоҷик” пешиниён форсизабонони тамоми фалоти Иронро дар назар доштанд, дар муқобили туркон ва арабҳо, зеро тоҷикон, яъне иронитаборон на танҳо бо забони худ, балки бо чеҳра, маниш, кирдор, расму оин ва тарзи зиндагии шаҳрнишиниву киштварзӣ, аз туркону тозиён тафовути куллӣ доштанд. На танҳо дар осори классикони форс – тоҷик, балки дар пажӯҳишҳои ховаршиносони аврупоӣ низ, масалан шерозиҳову исфаҳониён, ҳамадониҳову нишопуриён, бо номи “тоҷик” ёд шудаанд. Чунончи: “Он чиро дар бораи Осиёи Сағир гуфтем, ба ҳадди бештаре дар бораи Ирон низ тасдиқ мекунад. Тоҷик тавонистааст он воҳаҳоеро даври шаҳрҳо вуҷуд доранд, ба боғҳои дилкашу зебои сарв ва ба гулзорҳои фиребандае табдил кунад”. (Рене Груссе, “Императории саҳронавардон, с.274”). Ё: “… ва аҳолии Ирон низ аз сағиру кабир ва барнову пир ва хурду бузургу тоҷику турк, нақди ҷонро фидуёна дар роҳи он мебохтанд ва молу ҷону аҳволи худро нисори шоҳроҳи он месохтанд.” (“Оламорои носирӣ”, ба таълифи Муҳаммад Козими Марвӣ, с. 1191 – 1192, ҷ. III.) Ва ё Толиби Омӯлӣ, ки зодаи Омули Ирони имрӯзин буд ва дар мулки Ҳинд умр ба сар бурдааст, дар ин байт бо овардани вожаи “тоҷик”, ҳама иронитаборонро дар назар доштааст:

                                   Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд сутуд,

                                   Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.

Дуввум, нақзи вожаи “тоҷик” бар “турк” аз ин аст, ки шароити сахти зиндагӣ, вазъи иқлимии ваҳшатангез, хушксолиҳои пай дар пай, ки боиси қиршавии гову гӯсфанд ва қаҳтии соҳибонаш мегардид, қабилаҳои рамачарони турку муғӯлро ба юришҳову ҳамлаҳои мавсимӣ ба сарзамини ҳосилхез ва бӯстонҳои фалоти Ирон вомедошт. Онҳо мисли гурги сармохӯрда, ки ӯро ҷадди бузург медонистанд, ба сӯи ҳадафи худ – тоҷикон ҳамлаи ногаҳонӣ карда, ба кӯдакону пирсолон ҳам раҳм наоварда, қатли ом мекарданд ва ҳар чи дар сари роҳашон меомад, ба ғорату яғмо мебурданд. Ҳамин аст, ки дар адабиёт ба ибораву таркибҳое монанди “турки яғмо”, “турктозӣ”, “турки бадхоҳ”, “турки ҷафокор”, “турки хунхорамаст”, “турки ғаддор”, “туркҷӯшӣ” ва монанди он ниҳоят фаровон дучор меоем. Ва шоирон васфшавандагони худ, ғолибан маъшуқаро, ки бо рафтори бераҳмонаи хеш “дилро ба яғмо мебарад”, “хуни дили ошиқ мехӯрад”, “дар каманд банд мекунад”, “шӯру ғавғо бадар меоварад”, “вафодорӣ барояш бегона аст”, “ситамгар аст”, “хуни дилро мехӯрад” ва монанди он ташбеҳоти ба хислати туркони замони худ ҳамсон, бозтоб кардаанд. Ба монанди:

                                   Ҷаҳон пуршӯр аз он дорад лаби ширини ёри ман,

                                   Ки туркон дӯст медоранд доим шӯру ғавғоро.          (Саъдӣ)

                                   Вафо н – ояд аз турк ҳаргиз падид,

                                   В – аз ирониён ҷуз вафо кас надид.                   (“Гаршосбнома”)

Туркӣ аҷаб аст ишқ донӣ,

К – аз турк аҷиб нест ғорат.                   (Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ)

Хунам ҳамехӯрӣ, ки туро дӯстам, бале,

Турк инчунин кунад, ки хӯрад хун ба дӯстӣ.                         (Хоқонӣ)

Севвум, дар адабиёти ҳазорсолаи мо ҳар гоҳ чашмони зебо, мижгони сиёҳ, доми зулф, ба таври умда зебоии душиза ба сони “турк” (“туркӣ”) ташбеҳ мешаванд, киноя бар бераҳмиву беэътиноии дилдода мебошад, на бар ҳуввияту асолати қавмии он. Ончуноне бархеҳо мепиндоранд, ки Ҳофиз дар байти машҳури “Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро”, душизаеро дар нигар дорад, ки аз қавм турк асту аз Шероз. Аммо дар замони Ҳофиз дар Шероз як нафар турк ҳам набудаасту ҳадаф аз “турк” номидани душизаи шерозӣ ишора бар бераҳмӣ ва бепарвоии ӯ нисбат ба ошиқи зор мебошад. Яъне Ҳофиз мегӯяд, ки агар он духтари бераҳму шафқати Шероз, ба ӯ лутф карда, маъшуқааш мешуд, ба холи сиёҳаш (“ҳинду”, яъне сиёҳ – дар адабиёт шаби бемаҳтобро низ “ҳинду” гуфтаанд), Самарқанду Бухоро – ин ду шаҳри гаронарзиши дунёи порсиёнро, ки туркон барои соҳиб шудан ба онҳо калламанораҳо бунёд намуда буданд, мебахшад. Дар байти зер аз ғазали Саъдӣ равшантар аст, ки “турки хитоӣ” дар мисраъи аввал ишора ба қавми турк аст, вале дар мисраъи дуввум киноя ба ҳамон душизаи шерозии чун турк  ҷафокор:

                                    Зи дасти турки хитоӣ касе ҷафо чандин,

                                    Намебинад, ки ман аз дасти турки шерозӣ.

Чаҳорум, дигарбора пиромуни таркиби нақизи “турку тоҷик” боясти гуфт, ки шоирони гузашта дар баробари чашмони фиребову бераҳми маъшуқаро ба турк ташбеҳ додан, хешро бо вожаи “тоҷик” унвон кардаанд, яъне тоҷике, ки қурбонии ҳамлаи ногаҳонии турк гаштааст:

                                    Шояд, ки ба подшаҳ бигӯед,

Ки турки ту бирехт хуни тоҷик.

Дар ин байт Саъдӣ бо вожаи “подшаҳ” дилдодаро дар назар дорад (Ба ёд меоварем “эй подшаҳи хубон…”) ва манзур аз “турк” чашмони бераҳми ёр аст, ки чун тоҷики дар ҷанги туркон ҷон бохта, хуни дили шоири бечораро рехтааст.

            Нуктаи дигаре шоистаи гуфтан аст, ки дар адабиёти мо ҷуз нақзи вожаи “тоҷик” бар “турк”, ба нақзи вожаи “ҳинд” (“ҳинду”) низ фаровон дучор меоем. Монанди:

                                    Саъдӣ аз пардаи ушшоқ чи хуш менолид,

                                    Турки ман парда барандоз, ки ҳиндуи туам.

Яъне эй, чун турк бераҳм, пардаро барандоз, ки ман ба сони ҳинду қурбонии туам. Чуноне дар торих омадааст, туркони Маҳмуди Сабуктегин, барои ғорати сарватҳои Суманот, дар сарзамини Ҳинд қатли ом раво дида буданд. Темури ланг дар як шабонарӯз 100 000 сари ҳиндуёнро бурида, пас аз тороҷи  шаҳри Мирт,  даҳҳо ҳазор ҳиндувонро зинда пӯст карда буд.

Набояд аз дида дур дошт, ки вожаи “турк” дар адабиёти мо на ҳама вақт дархӯри маънии номеҳрубону нерӯманду бебоку хунхор будааст. Аз торихи турктозиҳо медонем, ки замоне ғуломону канизони турк доштан, мояи саргармии иронитаборон будааст. Бад – ин манзур дар шеъри шоирони гузашта аз ғуломону канизони турк фаровон ёдоварӣ шудааст:

                                    Варо панҷ турк парастанда буд,

                                    Парастандаву меҳрубон банда буд.                 (Ҳаким Фирдавсӣ)

Дар аҳди бостон канизони турк давоту қалами муншиёни дарборро мебардоштанд: “Ва Бӯнаср тарҷумаи муаммо ба турки давотдор дод.”(“Торихи Байҳақӣ”). Ва низ доноён огоҳанд, ки аз миёни канизу ғуломи дарбори Сомониён, Сабуктегини, падари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, пештар ғулом буд, ки Сомониён вайро ба сарлашкарӣ гумоштанд ва дар фарҷом ба Сомониён хиёнат карда, ҳукуматро ғасб намуд. Дар мавриди канизиву ғуломии туркон, ин гуфтаҳои Ҳаким Носири Хусрав аз ҳама беш гӯёву равшантар аст:

                                    Туркон раҳиву бандаи ман буданд,

                                    Ман тан чи гуна бандаи туркон кунам.

Ва ё:

                                    Туркон ба пеши мардон, з – ин пеш дар Хуросон,

                                    Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.

                                    Имрӯз шарм н – ояд озодазодагонро,

                                    Гардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.

Нуктаи дигари дархӯри таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар адабиёт бо номи “турк” чунин ҷурмҳои осмониеро чун Миррих, Офтоб, Абр, Раъду барқ, маҷозан ба маънии бадқаҳру ғазабу сӯзанда ва ҷангҷӯ овардаанд; “турки зардкулоҳ”, “турки нимрӯз” – киноя аз Офтоб; “турки ашқар”, “турки фалак”, “турки панҷумин” – киноя аз Миррих:

                        Меғ чун турке, ки ошуфта тир андозад,

                        Барқ тир аст мар ӯро магару рахш камон.   (Аз “Луғати Фурс”.с. 215)

Яъне меғ (абр) ба сони турки ба ғазаб омада тир меандозад, ки гӯё барқ тираш бошаду рӯшноии озарахш камонаш.

Бояд ин нуктаро низ изофа кард, ки афзун бар манишу кирдор, дар адабиёти форс – тоҷик ба ҷодупарастии туркони бостон ишораҳои фаровон ба чашм мехӯрад, бад – он гуна ки дар “Шоҳнома” сарзамин туркон “Ҷодуситон” ва хоқони турк, Совашоҳ “турки ҷоду” ба ном оварда шудаанд:

                                    Аз он пас бипурсидаш аз турки зишт,

                                    Ки “Эй дӯзахирӯйи дур аз биҳишт.

Чи мардиву номи нажоди ту чист,

Ки зояндаро бар ту бояд гирист.”

Чунин дод посух, ки “Ман ҷодуям

Зи мардиву аз мардумӣ яксӯам”.

Торихнигорони куҳан, аз ҷумла Рашидаддини Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ дар мавриди боварии туркон ба сеҳру афсуну ҷодугарӣ ишораҳои зиёд доранд. Нависандаи китоби “Ирон ва туркон дар рӯзгори сосониён”, дар баробари иқтибос овардан аз муаррихони туркшинос, таваҷҷӯҳи хонандаро ба вожаҳои туркии “ядачӣ” – “ҷадачи”, “ҷадалмиш”, ки маъниаш ҷодугар аст ҷалб намуда, шарҳи онҳоро аз ду фарҳангнома, яке “Амид” ва “Луғатнома” – и Деҳхудо берун овардааст. Назар ба овардаи ин вожаномаҳо туркон боварманд будаанд, ки “ба василаи сеҳру ҷоду метавон барфу борону сармо нозил кард. Барои ин санги махусеро дар об мегузоштанд ва мешустанд….” “Дар ин маврид Рашидаддин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ навиштааст: …..ишон (туркон) ҷадалмиш карда буданд, то барфу дама барояд ва маънии ҷадалмиш он аст, ки афсуне бармехонанд ва сангҳо аз анвоъ дар об мениҳанд ва борандагӣ бисёр мебошад…” (Иноятуллоҳи Ризо, “Ирон ва туркон дар рӯзгори Сосониён”, Теҳрон – 1381, с.41 – 42)

Вожаи “тош” низ дар лаҳҷаҳои туркии Осиёи Миёна ва Туркистон ба маънии санг аст, ки чуноне дар пеш ишора шуд, туркони то – кию, ба ҳангоми гӯрондани ҷасади ҳамқавми худ, ба шумори одамони дар зиндагӣ куштааш санг болои қабраш мегузоштанд, ки шояд пайвастагиҳои динӣ ва ҷодугарӣ дошта бошад. Эҳтимол ба яқин аст, ки топонимҳои “Тошқурғон”, “Тошбулоқ”, “Тошариқ”, “Тошқалъа” ва бештар сангтӯдаҳои мармузу пурасроре, ки дар бархе мавзеъҳои Вароруд ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд, ҳокии расму оини куҳани гӯрондани ҷангҷӯёни туркиву муғулӣ, дар рӯзгори ҳамлаҳои онҳо бошад.

Дар осори адибони гузашта ҳамчунон таркибҳои “туркҷӯшӣ” “туркзод” ва “туркисифатӣ” фаровон ба чашм мехӯранд, ки шарҳи онҳо низ беаҳамият нахоҳад буд. Вожаи “туркҷӯшки”, ки аз “турк” ва “ҷӯшидан” таркиб ёфтааст, ишора ба тарзи хӯрокхӯрии бодиягардон дорад. Туркони бостон аслан гӯштро нимахом мехӯрдаанд ва бад – ин манзур истеъмоли хӯроки ҳанӯз напухта ва ё кори нимкораву саросемаро “туркҷӯшӣ” унвон кардаанд:

                                    Туркҷӯшӣ кардаам ман нимахом,

                                    Аз Ҳакими Ғазнавӣ бишнав тамом.

Ва бад – он гуна ки дар луғатномаҳо омадааст, “туркзод”, яъне “туркзода, ки зане турк ӯро зода бошад, фарзанди турк.” (“Фарҳанги Анандроҷ”, “Бурҳони қотеъ”). Ончуноне ҳар гоҳ Ҳаким Фирдавсӣ, вожаи “туркзод” – ро ба кор бурдааст, шахсеро дар нигар дошта, ки падар иронитабор ва модар аз туркон бошадаш:

                                    Ки ин туркзода сазовор нест,

                                    Кас ӯро ба шоҳӣ харидор нест.

Вожаи “туркисифатӣ” – ро шоирони гузашта, бар маънии беқавливу аҳдшиканӣ ба кор бурдаанд ва далелҳо овардаанд, ки туркон ҳаргиз бар ваъдаи худ вафо намекунанд ва ҳаргиз фирефтаи аҳдҳои онҳо набояд шуд. Дар ин бора Низомии Ганҷавӣ дар муқаддимаи достони “Лайлӣ ва Маҷнун” – и худ гуфтааст:

                                    Туркисифатӣ вафои ман нест,

                                    Туркона сухан сазои ман нест.

                                    Он к – аз насаби баланд зояд,

                                    Ӯро сухани баланд бояд.

Дар поён  бозгӯии нуктаеро зарур медонем ва он ин аст, ки туркон аз торихи худ навиштае ба мерос намондаанд ва донишмандони доно муътақиданд ҷуз аз сангҳои рӯи гӯрҳои туркон, дигар осори хатие ишора бар гузаштаи туркон, рӯи даст нест, ки онҳо наметавонанд “ҷойгузини навиштаҳои торихӣ” гарданд. (“Ирон ва туркон дар рӯзгори сосониён”) Бинобар ин омӯзиши торихи туркон танҳо аз маъхазҳои ба туркон бегона, чун аз маъхазҳои чинӣ сурат гирифтааст, ки на ҳама вақт боварибахш мебошанд. Туркшиносони забардасти ҷаҳон, ба монанди Р. Груссе, Я. Бичурин, Н. Аристов, В. Бартолд ва дигарон дар баробари омӯхтани солноманависони императории Чин, аз сарчашмаҳои румӣ, иронӣ ва арабӣ низ кор гирифтаанд. Шояд ҳамин надоштани маъхазҳои торихии боэътимод бошад, ки бархе адвори туркгарои муосир, бедуни кадом шарму озарм, гузаштаи худро ба Отило, Чигизхон ва Темури ланг пайвастаанд ва иддае аз адабиётшиносони мо низ дар бознамоёндани ташбеҳоти вобаста ба вожаи “турк”, ғолибан ба иштибоҳот роҳ медиҳанд.

Реклама

Один ответ

  1. Сарвари арчманд,

    Бузургвор Сафар Ъабдуллоҳ аз байти зер хонише дигар доранд:
    Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд сутуд,
    Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.
    ____________________

    Теғи май бояд кашиду ҷоми май бояд сутуд,
    Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.

    Назари Шумо дар ин маврид чист?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: