Шукӯҳи шаҳаншаҳони «Шоҳнома»

Донишиёни доно бар онанд, ки мутолааи «Шоҳнома» ва дарёфтани маънии жарфи он дониши густурдаи касро мехоҳад ва бинобар сабаби гусехтагии идроки хонандаи тоҷик аз гузаштаи фароторихӣ ва тоисломӣ ва ҳамзамон худноогоҳии таборӣ мабни бар ҷуғрофиёи торихии худро танҳо дар маҳдудаи Вароруд дидан ва кӯшиши марказҳои давлатдориву фарҳангии қавми тоҷикро дар ин фалот ҷустан, бисёре аз ҳамдиёронро ба ғалатгӯиҳову ғалатнигориҳо гирифтор кардааст. Дар нигари мо ин каҷандешиҳо дар бегонагӣ ба хати форсӣ, зимнан аз мутолиаи китобҳои гузаштагони дурамон маҳрум будан, реша дорад. Ҳамин андакхониҳост, ки борҳо мушоҳида кардаем, одамони дар ҷойгоҳи баланди илмиву идорӣ қарор дошта, бедуни камтарин мулоҳиза шоҳ Исмоили Сомониро бунёнгузори давлати тоҷикон бозгӯ мекунанд ва бо чунин гуфтори худ мехоҳанд гузаштаи дури тоҷиконро ба таъкид ишора намоянд. Аммо торихи тоҷикон ба чунин нодонҳои гузаштаи миллати тоҷик иҷоза дода наметавонад, ки саргузашти ҳазорсолаи тосомониёнро аз дафтари худ хат зананд. Ончуноне борҳо гуфтаем, кунун ки соҳиби давлати мустақили худем, боясти коре кард, то занҷири тилисми дар замонаҳои ишғолгарон ба гардани фарҳангиён печидаро шикаста, аз нигариши аврупоии русӣ ва ҳатто арабиву туркӣ ба хештани хеш баргардем. Боясти ҳаргиз фаромуш накард, пажӯҳишгарони аврупоӣ, ки бештарашон афсарони иктишофии (разведкаи) давлатҳои худ буданд, барои ҳукумат кардан ба ин мардум, дуконҳои дуруғфурӯширо равнақ дода, мардумро дар тилисми нохудогоҳии милливу таборӣ гирифтор карда буданд. Ва ҳоло ки низ дар рӯёрӯи ҳуҷуми фарҳангии Ғарб ва азаматхоҳони Вароруд қарор дорем, бояд рӯҳи пажӯҳандагиву пӯёӣ дошта бошем, то барои нигоҳ доштани арзишҳои миллии хд ба шеваҳои муносибу муосир омодаи посухгӯӣ бошем. Ин бардоштҳои банда, ки пеши дидоратон овардаем, муқоисаи гузарои бозтоби давлатдории гузаштаи иронитаборон мебошад, бо қалами муқаддаси Ҳаким Фирдавсӣ, дар муқобили таҳрифоти таҷзияталабони бузургманиши мағрибӣ. Бадхоҳони мо, мактаби адабиётшиносии шӯравӣ бо Шоҳномашиносони худ, ба ҳар усуле, ки дар даст доштанд, ҳатто зери пӯшиши ҷашнгириҳову бузургдоштҳо кӯшидаанд, то мардум надонанд, ки ҷавҳару ҷони «Шоҳнома» чист. Метавон гуфт онҳо бар ҳадафашон расидаанд, зеро дигар имрӯз ба шумули дарсхондаҳо ва коргузорони иҷтимоъ низ дар баробари андакхондаҳо наметавонанд дарбираванд, ки Ҳаким Тӯс дар хилоли бозгӯ кардани моҷароҳои тахту тоҷхоҳӣ, дар иҳотаи душманони хуношом, посдории муқаддасоти миллиро мавзӯи рӯз дониста, аз вайрон шудану ба лонаи даррандагони ваҳшӣ табдил гаштани Меҳан ҳушдор додаст. (Афсӯс, ки ҳушдори Ҳаким Фирдавсӣ ба гӯши шоҳони худхоҳи ахири сомонӣ асар накард, ки онҳо лагоми лашкардориро ба туркон бовар карданду шикасту маргбор ба давлатдорӣ оварданд.) Гуфта шуда буд, ки замони зиндагии Фирдавсӣ ва воқеияти торихии фалоти Ирон ба рӯзгори асорати сесаду панҷоҳ солаи халифаҳои аббосӣ ва туркони бодиягард бар меҳани шоир рост меомад. Ғосибон ба ҳар усуле, ки дар ихтиёр доштанд, даст ба барҳам додани забон, одоб, русум, торих ва умуман ҳуввияти як қавми бофарҳанги куҳансол бардошта буданд. Ҳаким Фирдавсӣ ҳамчун фидоии меҳани хеш, дар қолаби достонҳои торихӣ, бар зидди бартарихоҳии душманон қиём карда, ба хотири бозтоби таҷаллиёти асолати миллии ориёӣ, ба тавсифи шукӯҳу шаҳомат, ҷалолу шавкат, додгустарӣ ва хирадгароии шоҳони иронӣ аҳамияти вижа додааст. Табъан пеши онҳое, ки «Шоҳнома» — ро сарсарӣ мутолаа кардаанд ва умуман пеши шитобзадагон чунин пурсише ба миён нахоҳад омад, ки аз чист сарояндаи номаи бостон, дар ҳар достони шоҳкори беҳамтои худ, ба васфи парчаму тахту авранг, тоҷу кулоҳу гурзу нигин, қасру нишастангаҳ, маю афзори майгусорӣ, дурру гавҳари ноёб, атру хушбӯиҳо, либосу ҷойгаҳи хоб, афзори пайкору шикор, расми пазироии шоҳону гурдони пирӯз, ойини тадфини гурдону сипаҳбадон ва дигар нозукиҳои хоси қавми босалиқаи дорои давлатдории пурзӯри куҳан, сатрҳои бешумор бахшидааст. Аммо бо жарфнигарии бештаре метавон дарёфт, ки нубуғ ва ҷаҳонбинии густурдаи Ҳаким Фирдавсӣ, аз роҳи бозтоби шукӯҳу азамат шоҳон ва завқи баланди мардуми оддии сарзаминаш, бартарии озодагонро бар чодарнишинону саҳронавардони ишғолгари бе шаҳр варумиёни ҳарис инъикос кардааст. Муноддии аслу насаби ориёӣ тамоми дороии маънавиву моддии худ, умри пур аз ранҷи хешро фидои он кардааст то қавми ӯ дар асорати арабҳову туркҳои бодиягард қарор дошт, набояд аз гузаштаи пурифтихори худ ноогоҳ монда, аз байн биравад. Яъне умед аз орзӯи худовандагори сухани порсӣ, дар баробари ранҷҳои сивупанҷсолааш, гум нашудани асолати тоҷикӣ ва дар ин росто аз падарони хеш бо ифтихору ғурур сухан гуфтан буд. Мутаасифона бар асари надоштани диди бозтари миллӣ, нотавонӣ дар омӯзиши жарфи ториху адаби миллӣ, ҳамчунон дар қайди сиёсати замон будан, иҷодгарони мо тавон надоштанд ормонҳои «Шоҳнома» — ро аз зовияи нигариши Ҳаким Тӯс бозтоб намоянд. Ҳамин маҳдудияти диди миллӣ ва андакхонии шумораи намоёни аҳли иҷоди синамову театр, суратгариву тандиснигорӣ ва ҳатто шуморе аз адибон аст, ки бозтобти шавкату ҳашамат, шукӯҳу ҷалол, зӯриву тавонмандӣ ва бузургиву ҷаҳонсозии гурдону шоҳаншаҳони салтанатҳои Ирони Бузург, шоиставу боиста ба нигар намерасад. Дар филмҳо ва намоишномаҳои овозаманд нишастангаҳу афзори зиндагӣ, либосу кулоҳу парчам ва васоили кору осоиши шоҳаншаҳони ориёӣ ибтидоӣ, ночиз ва ба завқу салиқаи бо назокат парвардаи мардуми бофарҳанги иронитабор, ношоиста тасвиру бозтоб гардидааст. Бетаваҷҷӯҳӣ ба сарчашмаҳо, ва нописандӣ ба донишиёне, ки ба он сарчашмаҳо вориданд, ба вижа ба сарчашмаи ба абад бекарону шодобе чун «Шоҳнома» аст, ки дар тандиси шоҳ Исмоили Сомонӣ тоҷи аз филизи зард сохта ибтидоӣ ва барои шоҳаншоҳи меросдори салтанати каёниёну сосониёну ношоиста бунёд шудааст. Исмоили Сомонӣ рӯи асп (дар шаҳри Қурғонтеппа), монанди саворони ҳиндуҳои Амрико (аз филмҳои ковбоӣ) ба назар меояд. Дар ҷои дигар (дар шаҳри Кӯлоб) шоҳи ориёитабор бо чеҳраи муғулӣ ба тасвир расидааст. Ҳакимону шоирону хирадмандон (аз Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш) ғолибан бо ришҳои дароз ва аммомаву дастор ба гунаи фақеҳони дини ислом бозтоб шудаанд. Ё худ дар филмҳое, ки аз «Шоҳнома» мавзӯъ баргирифтаанд, лашкари иронзамин бо сару либоси ба истилоҳ чирикӣ (партизанӣ) бознамоёнда шудааст, на сипоҳ боназми ғарқи оҳан, ки Ҳаким Фирдавсӣ бо ифтихор ва ботафсил бозгӯ кардааст: Таҳамтан ҳамегашт гирди сипоҳ, Зи оҳан ба кирдори кӯҳе сиёҳ. Ончуноне ки дар навиштори ховаршиноси урупоӣ омадааст «… ирониён афвоҷи (фавҷҳои) саворанизоми зиреҳпӯшро ба суфуфе (сафҳое) чунон анбӯҳ ба муқобили румиён мефиристоданд, ки аз барқи зиреҳу силоҳи он чашми душман хира мешуд. Афвоҷи савор гӯё як порча оҳан буд. Тани афрод ба кули аз сафаҳоти оҳан пӯшида шудааст…» (Кристенсен, баргирифта аз тарҷумаи донишманди фарҳехта Муртазо Мусавӣ) Бегонагиву ноогоҳии иронитаборон ба гузаштаи пурифтихори худ, бадхоҳону нотавонбинони мағрибиву машриқиро савқ медиҳд, ки ниёкони моро бад- он гуна ки дар филмҳои Ричард Стоун «Александр» ва Зак Снайдер «300 спартанҳо» ба тамошои ҷаҳониён гузошта шудааст, ҳақиру нотавону золиму зиштрӯй бозтоб намоянд ва аммо дар лаҳзаҳои тасвири Рум таваҷҷӯҳи тамошогаронро ҳар чи беш ба саҳнаҳои намоишдиҳандаи кохҳои бошукӯҳ, императорҳои бошавкату ғуруру ҷалол, обтанӣ дар гармобаҳои мармарин, бонувони бо завқи баланд ороставу пероста, тахти хобу афсару авранги боҳашамати ашрофон, сарлашкарони зиреҳпӯши савори аспони парвардаву хушзот, ҷалб намоянд. Қайсаронашро бо вожаи «император» силаҳшӯру нерӯманду пирӯзу сарбаланд нишон диҳанд. Филмсозони мағрибӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд бипазиранд, ки Руми бостон беш аз сад сол таҳти асорати каёниёну сосониён буда, ба ин кишвар умре боҷ мепардохтанд. Нангашон меояд, ки аз қайсарони Рум, чун Валериан Камей, ки шоҳаншоҳ Шопури Аввал дар рабарди тан ба тан, бо дасти худ асираш карда буд, ёдовар шаванд. (Нигаред «Всемирная история», 2000 г. Стр.63) Дар Нақши Рустам, дар устони Форси Ирон, рӯи нигораҳои девор бозтоби лаҳзае дида мешавад, ки шоҳаншоҳ Шопур болои аспи бузургпайкари ороста ва қайсари Рум дар рӯ ба рӯи шоҳаншоҳи Ирон, ба зону зада, бо дастони имдодхоҳона талаби омурзиш дорад. Ҳамчунон аз нигоштаҳои торихнигорони Руми бостон равшан аст, ки соли 412 мелодӣ дар музофоти Лакемедон байни кишварҳои Форсу Спарта шартномаи сулҳ баста шуда буд, ки аз рӯи он қайсари ҳамон Спартаи ситоиш кардаи синамогарони Амрико, пас аз мағлуб шуданаш, дар зери чунин сатрҳо имзо гузошта буд: «… ҳама шаҳрҳо ва саросари кишварҳое, ки ҳоло марбути шоҳаншоҳ аст ва дар гузашта марбути аждодони ӯ буданд, ба Форс таалуқ дода мешаванд. Ҳама даромадҳо ва боҷу хироҷе, ки то ҳол ба Афина дода мешуд, ба шоҳаншоҳи Форс оиду ворид шаванд….» («Всемирная история», М.1999, стр.93) Боре ёдовар шуда будем, ки фарангиёнро нангашон меояд то аз рухдоди торихии дар «Шоҳнома» бозгӯ шуда, пиромуни ба ғанимат бурдани чалипои (салиби) рӯи он чормех шудаи Исои Масеҳ, ки муқадасоти диннии насрониҳои ҷаҳон аст ва аз қиссаи бо зориву таваллои қайсари Рум бозгардондани он, дар гуфтору навишторашон ёдрасие дошта бошанд. Дар «Шоҳнома» он салиби чӯбин «дори Масеҳо» (крест Иусуса) номида шудааст: Дигар к – ат зи дори Масеҳо сухан, Ба ёд омад аз рӯзгори куҳан. Ва агар дар ҷой – ҷое ҳам аз ин далели торихӣ гуфтанӣ шаванд, дурӯғпардозӣ мекунанд, ки он салиб пас аз мағлуб сохтани форсҳо, баргардонда шуда буд. Дар асл рухдоди торихиро пажӯҳандагон ба таҳқиқ овардаанд, ки соли 614 мелодӣ сипаҳсолори сипоҳи Хусрави Парвиз, бо номи Шаҳрварз, пас аз разми 20 рӯза Уршалимро (Байт – ул – муқаддасро) тасхир кард. Бо амри Хусрави Парвиз чӯби чормехшудаи Исои Масеҳ, ки дар андаруни сандуқи бузурге ниҳон буд, ба ғанимат ба Ирон бурда шуд. Торихнигорони рус, (аз ҷумла ховаршинос Луконин В.Г.) бар онанд, ки аз пушти сандуқи дори Масеҳо кашиши калисои Уршалим, Закариё то ба Ирон роҳ мепаймояд. Бо хоҳиши яке аз занҳои Хусрав, ки массеҳимазҳаб буд, дори номбурда дар калисои насрониҳои Ирон, дар канори кохии шоҳаншоҳ нигаҳ дошта мешавад. Хусрави Парвиз ба Закариё ва ҳамраҳони банди ӯ эҳтирому арҷгузорӣ мекунад. Чӯби дори Исои Масеҳ, назар ба овардаи торихнигорони румиву русӣ, аз тарафи импратор Ираклий, пас аз марги Хусрав ба Уршалим бозоварда мешавад. Аммо Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» саҳнаи зориву таваллои қайсари Рум ва ройи шоҳаншоҳи Иронро барои бозгардондани салиби Масеҳо, ба равшанӣ бозгӯ кардааст. Ҳамин аст, ки ба манзури дарки беҳтари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва тавонманд будан барои посухгӯӣ ба бартарихоҳони мағрибиву машриқӣ, зеҳнҳои хонандагони гиромиро ба вижагиҳои (атрибути) давлатдории тоҷикон дар аҳди бостон, ҷалб намудан шоиста дониста шудааст. Гумон меравад ин мавзӯи шояндаи омӯзиш, ки ба вижагиҳои ойини давлатдорӣ пайваста аст, аз диди соҳибназарони доно дур мондааст ва пажӯҳандагонро мебояд дар оянда ҷустори фанниеро ба он бубахшанд. Шоистаи гуфтан аст, ки аврупоиҳову русҳо пиромуни мавзӯи парчам, нишон, тоҷу тахт, гурзу шамшери таззорҳову қайсаронашон жарфнигариҳои фаннӣ доранд. Садҳо таълифоти фарогири ин мавзӯъ бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва русиву итолиёвӣ сурат гирифтааст. Онҳо бахшҳое дар илми торихнигорӣ доранд, чун «вексилология» (парчамшиносӣ), «геральдика» (разшиносӣ), ки торихдонони мо ҳанӯз ба омӯзиши густурдаи паҳлӯҳои миллии он таваҷҷӯҳ накарданд. Русҳову аврупоиҳо ба ҳангоми бозтоби филмиву теотрии дарбори қайсаронашон, аз ҷумла дар саҳнаҳои тасвири Борис Годунов, Иван Грозни, Алексанр Невски, Юлий Сезар, Александр Македонски, Людовики XIV, Наполеон Бонапарт ва дигарон тахту тоҷу кулоҳ ва соири вижагиҳои салтанаташонро бо шукӯҳу шавкату ҷалоли хос бозменамоёнанд. Бад – ин тартиб онҳо ба монанди мо тоҷикон дар ҳангоми интихоби парчам, нишон ва тасвири тахту тоҷу сару либоси шоҳону сипоҳиёнашон ба баҳсу натиҷагириҳои норост роҳ надода, рамзҳои аз аждодон ба мерос гирифтаашонро азнав пазируфтаанд. Дар ин ҷо боясти ёдовар шуд, ки ҳангоми бунёди давлати навини худ, бинобар огоҳии дурусте надоштан аз гузаштаи фароторихии тоҷикон ва ҳамчунон дар миёни вакилони маҷлис ҷой доштани асолатбохтагону бегонапарастони рӯйпӯшида, ки мехостанд моро бе парчаму бе тахту тоҷ бинанд, кӯшиш ба амал омада буд, то пайвандҳоро дар хилоли гузаштаву имрӯзаи давлатдориамон гусаста намоянд. (Чуноне ки вакилзане бо тамасхур изҳор дошта буд, «дар парчами давлати тоҷикон на шер, балки гурбаро тарсим кунед.») Пажӯҳишгарони фарангӣ дар таълифоти худ сарчашмаҳои пайдоиши нишону рамзҳои давлатдориро дар осори устуранигорони Юнони бостон, чун Ҳомер, Вергилий, Плиний дарёфта, нахустин тахти шоҳиро дар ҷаҳон, ба Соломон (Сулаймон) нисбат додаанд. Онҳо садҳо сатрҳои заррину ноёфти «Шоҳнома» — ро ки дар ин росто бо бузургии офаринанда инъикос гардидааст, нодида гирифтаанд. Мулоҳиза мешавад, ки адабиётшиносии аврупоӣ ба шумули русиву шӯравӣ, ҷойгаҳи адабиёти бостонии форсу тоҷикро, ки фаротар аз устураҳои Руму Юнони бостон мебошад, дар фарҳангофарии ҷаҳониён ҳеч медонад. Ҳамин аст, ки дар китобҳои илмиву таҳқиқотии хеш, вобаста ба назарияи адабиёт, агар сухан аз «поэма», «эпопея» ва монанди он равад, намунаҳои бешумор аз Эсхил, Софокл, Ҳомер, Софокл, Вергилий, Данте, Лессинг, Толстой ва дигар аврупоиҳо меоваранд, вале ба «Шоҳнома» — и беҳамтои Ҳаким Фирдавсӣ, бо худхоҳии хоси аврупоӣ ишорае ҳам намекунанд. (Чун намуна метавонед ба китоби «Теория литературы», Н.А.Гуляев, М.1997). Мо дар ин нигариш ба «Шоҳнома» — и муқаддас талош бар он дорем то аз шукӯҳу азамати шоҳону гурдони торихӣ, ки аз ғурури миллӣ моя доштанд, сухан бигӯем . Ёдоварии ин нуктаро зарурӣ медонем, ки ғолибан вижагиҳои ё мушаххасоти муҳимтарини давлатдорӣ дар гузаштаи бостон иборат буданд, аз парчам, нишон, тахт, тоҷу кулоҳ, муҳру нигину гурзу шамшер. Суханвари бузурги Тӯс ба ҳар кадоме аз онҳо гуфтаниҳои зебои фаровон дорад ва мо дар ин маҷоли маҳдуд шарҳи бархе аз онҳоро муҳим донистем.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: