Ҳофиз мехӯрд пинҳон шароб

(Назари гузаро ба торихи бодагусорӣ)

Ҳанӯз аз хотир фаромӯш нашуда, ки 30-40 сол пеш ағлаби донишҷӯёни бахши забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, ба иллати ворид шуда натавонистан дар печидагиҳои ҳикмати тасаввуф, нокоми  имтиҳони устоди зиндаёд Шарифҷон Ҳусейнзода мегардиданд. Лек бад-он сон, ки возеҳ буд қисмати бештари файласуфону адабиётшиносонамон худ низ огоҳии равшане аз нозукиҳои ин рукни фалсафаи миллӣ надоштанд. Имрӯз хушбахтона чанд донишиёнеро метавон ном овард, ки ба тафсири паҳлӯҳои гунагуни фалсафаи тасаввуф дастболо шудаанд. Аммо гумон меравад, ҷомеаи шиорзадаи мо, бар ҳасби тадобири мавлуди Ҷалолиддини Румии Балхӣ, дар миёни довариҳояшон пиромуни тариқати суфия, ҳовии биниши саросарии суфигарӣ дар андешаҳои шоирони гузашта, чанде ба ифроту тафрит роҳ додаанд. Аз ҷумла ҳар гоҳ аз маю маъшуқаву соғару соқӣ сухан равад, матлабро саросар маҷозиву маънавӣ пиндошта, имкони роиҷ будани бодагусориро дар рӯзгорони Хайёму Ҳофизу Камол инкор мекунанд.

            Дар ин ҷо кӯшидаам аз торихчаи майгусории гузаштагон, бар пояи навиштори бузургон, ба таври иҷмолӣ ёдовар шуда, таваҷҷӯҳи азизонро бори дигар ба достонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҷалб намоям, то бубинанд, ки дар торихнома ва дастури форсигӯёни ҷаҳон чи гуна лутфи нозуку табъи парвардаи ниёконамон дар ба кор бурдан аз май бозтоб шудааст. Аз пеш гуфтаниам, ки заҳамоти он пажӯҳандагонеро, ки майи бозтобкардаи Хайёму Ҳофиз ва дигар перостагарони сухани порсиро маҷозиву рамзӣ дониста, онҳоро гузоришгари асрори илоҳӣ пиндоштаанд ва ҳолати бехудии соликони тариқати суфияро ҳамгун ба эҳсоси бодагусорони майкада гуморидаанд, то ҳадде меситоем. Аз ҷумла дар авохири соли гузашта донои суханшинос, Рустами Ваҳҳоб, рӯи чандин саҳафоти нашрияи «Миллат» (28-30 июли с.2007), зери унвони «Дар маҷлиси мо бода ҳаром аст…» матолибе интишор кардаанд, ки пазируфтанист.

            Гуфтугӯ пиромуни майгусорӣ ва майкашӣ(тавлиди май) дар торихи ақвоми иронинажод, мусалмонони форсизабон ва васфи май дар адабиёти тоҷик доманадор аст ва мо дар ин маҷол ин мавзӯъро ба таври густурда баррасӣ карда наметавонем.(зеро он аз ҳавсалаи як ҳафтавор берун аст). Минҷумла роҷеъ ба бодагусорӣ дар бостон ва ин ки майхӯрӣ аз чи замоне вуҷуд дошта басе сухан аст, ки сӯҳбати он чандин саҳафотро метавонад пур кунад. Дар ин ҷо ночор ба худ иҷоза медиҳем, ки дар мавриди пайдоиши май устураи ирониаслонро ба ихтисор оварем. Бино бар он устура, Меҳр ( номи дигари Ҷамшед ) ба дастури Худованд, аввалин гови офаридаро ба ғоре бурд ва кушт. Аз ҳар қисмати ҷисми гов гиёҳе сабзид. Дар маҷмӯъ панҷову ҳафт навъ гиёҳи донагӣ, дувоздаҳ навъ гиёҳи табобатӣ ва аз хуни гов дарахти ток (ангур) рӯйид. Ҳамин аст, ки дар адабиёти форс-тоҷик ба май «духтари раз» ва низ «духтари Ҷамшед» мегӯянд. Манучеҳрӣ гуфтааст:

 

                     Чунин хондам имрӯз дар дафтаре,

                      Ки зинда аст Ҷамшедро духтаре.

 

Ҷолиб ин ҷост, ки дар баъзе аз кишварҳои истеҳсолкунандаи май, ба шумули Молдова, Булғористон, Русия, навъе аз май вуҷуд дорад ба унвони «Хуни гов» («Бычья кровь»), ки гумон ба яқин аст ба устураи номбурда пайвастагӣ дорад.

            Ончунон ки Ҳеродот (с. 484-425 пеш аз мелод) тавсиф мекунад румиҳо, юнониҳо ва дигар ақвоми пешрафтаи бостон, завқу салиқаи парвардаи гузаштагони моро эътироф мекардаанд. «Порсҳо,- менависад Ҳеродот, ба май алоқаи бисёр доранд. Аммо ҳамвора риояи эътидолро дар ғизову шароб маръӣ (риоя) медоштанд .» («Торихи Ҳеродот», банди аввал, баргирифта аз китоби Ҳошим Разӣ- «Торихи мутолааоти динҳои иронӣ», Т. с. 1371-1993, саҳ.16).

            Дар навиштаҳои сайёҳи венетсианӣ, Марко Поло (авохири асри XIII), зоҳир шудааст, ки «форсҳо ҳар навъ майҳо ва меваҳои фаровони ранг-ранг доранд.»

            Нуктае, ки дар ин мақом бозгуфтанӣ менамояд  он аст, ки истеҳсоли май ва бодагусории босалиқа ҷузви фарҳанги боарзиш ва василаи боздеҳи фаровони саноати майкашии ҷаҳонӣ дониста шудааст. Худованд на ба ҳар гӯшаи замини офаридааш шароити парвариши ангурро ато кардааст ва на ҳама мардуми рӯи замин аз неъмати арзонӣ доштаи парвардагор, тавонистааст барои рифоҳи бошандагони кишвараш самар бардорад. Чуноне, агар кишварҳои арабиро фурӯши нафту газ мояи баҳрагириашон бошад, Фаронсаву Пуртагол, Испонияву Булғористон, Молдоваву Гурҷистонро то 25-30 дар сади содироти мол аз майи ангӯрӣ мебошад. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ оидоти буҷаи кишвар аз ҳисоби тавлиди шароб 150 млрд рублро созмон медод.

            Аз ангӯр,  мувофиқ ба табъи парвардаи хоса, майи хушгувор   кашидан, ҳунару заҳамот ва завқу салиқаи латиферо иҷоб мекунад. Текнулужии вижаеро мехоҳад, ки майкашони мо онро фаромуш кардаанд ва урупоиҳо чун сирри тавлидотии хеш ( ноу- хау) дигаронро ба нозукиҳои он ворид нахоҳанд кард. Ногуфта нагузорем, ки содироту воридоти май (яъне коньяк, вино) ба сиёсати давлатдорӣ иртибот дорад. Аз торихи ҳазорсолаҳои мубориза барои соҳиб гаштан ба бозори ҷаҳонӣ намунаҳо бешуморанд, ки ин ҷо намеоварем.  Гӯётарин гувоҳ дар ин маврид сабқату муҷодилаҳои навин байни Гурҷистону Русия, байни Молдоваву Русия мебошад, ки онро «ҷанги шаробӣ» (винная война) унвон кардаанд.Назар ба гуфтори родиёӣ, ба хотири ғаразҳои сиёсии хеш, Русия майҳои  машҳури ин кишварҳоро сохтаву пастсифат эълом дошта буд. Сарвари Молдова танҳо пас аз пофишориҳову гузаштҳо тавонист иҷозаи Раиси Ҷумҳури Русияро барои ворид кардани шароб ба он кишвар ба даст оварад.

            Аммо дар ин ҷо нуктаеро бояд ба ёд дошт, ки байни шаробнӯшии аз русҳои пролетарӣ ба мерос гирифта (водка ва самогони 40-50 дараҷа) ва бодагусории фарзонагон, «дар шоми нӯши бодахорӣ» тафовутҳост. Худи русҳо мақолҳои зиёде доранд, ки шаробхории авомро ба масобаи табъҳои парвариш наёфта мазаммат мекунанд. («пьян как сапожник»-мисли мӯзадӯз маст аст, «пьёт как деревеньщина, до хрьюканья » — чун деҳагӣ, то хуквор садо баровардан менӯшад.)

            Ҳар он кас, ки ба шеърҳои шоирони гузаштаи дури форс-тоҷик сару кор гирифта бошад, табъан пурсишҳое дар зеҳнаш ба миён омадааст, ба чунин тахмин:

— васфкунандагони бодагусорӣ худ низ аз лаззати ба истилоҳ «бодаи арғавонӣ» бархурдор будаанд, ё на?!

— агар аз май чошние нагирифтаанд, бо кадом усул он ҳама вижагиҳои латофати бодагусорӣ ва накҳату нӯши бодахориро омӯхтаанд, ки дар хилоли каломи манзум бо маҳорати хориқулодда тавонистаанд бозгӯ кунанд?! Аммо агар барои посух ба пурсиши хеш ба шеършиносе аз мактаби адабиётшиносии шӯравӣ муроҷиа шавад, дар мавриди довариҳои намоди соғару маю маъшуқа, ё хоҳанд гуфт ин ашъори даҳриву андешаҳои риндона аст ва ё ирфониву тасаввуфӣ, зеро то имрӯз ҳар чи ховаршиносони русиву аврупоӣ ба мо ба савғо оварда буданд, ҳамонро дастури пажӯҳиши худ қарор дода омадаем. Масалан, агар Евгений Бертелс ашъори бузургеро чун Ҳофиз сӯфигарӣ дониста, дар образи соғару май танҳо фалсафаи ниҳон гаштаро дида бошад, дигар ҳама ба як овоз пайгири ҳамон хулоса гаштаанд. Аммо боре фикр мебояд кард, ки ин аврупоҳо ки аз диди аврупоиёнаи худ (ё худ яҳудиёнаи худ), азбаски ҳунари майкаширо маҳсули андешаи ақвоми мутамаддин медонанд, накунад, ки бо хулосаҳои худ, мабни бар дастнорасии андешаи форсиён ба он фарҳанг ишора карданӣ бошанд. Ховаршиносони мағрибӣ ва пайравони маҳаллии онҳо рӯзгорони қадими моро он қадар тираю тор ва дар чаҳорчӯбаи қавонини шариат, чун замони инквизитсияи Итолиё ҷилвагар кардаанд, ки кас наметавонад дар он замонаҳо вуҷуд доштани майкашону майхонаҳо ва мутрибону маъшуқаҳоро аз гӯшаи хиёли хеш гузаронад. Ҳол ки дар даврони дури давлатдорӣ (гумон аст то даврони туркони манғития) майкашиву бодагусорӣ таҳти таъқиб қарор намегирифт. Албатта бо унвонҳои «муҳтасиб», «раис» мартабадорони диннӣ буданд, ки майкашиву бодагусориро, ҳамчун иснод бар аркони шариат мазаммат мекарданд, дар масоҷиду тадобири диннӣ бар мунофиқон лаънат мефиристоданд. Вале одамон, ба вижа ашхоси соҳибмақом, дар рафтори худ то ҳадде мухтор буданд. Бегумон дар шаҳрҳо мавҷудияти хароботу тарабхонаҳо, истеҳсолу тиҷорати май амри оддиву маъмулӣ буда ва ин матлабро мебояд дар назар дошт, ки ҳакимону бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Анварӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Хоқонӣ, Қоонӣ ва ҳазорони дигар, дар ҳусну қубҳи май, дар осори илмиву адабиашон суханҳои воқеии заминӣ гуфтаанд, на маҷозиву осмонӣ. Онҳо нашъаи ба Худованд пайвастанро шабеҳ бо маводи дар «Қуръон»-и маҷид кароҳатбор дониста шуда надидаанд. Шуаро қасидаҳои вижа дар васфи май таълиф мекардаанд, ки дар адабиёт «Хамрия» унвон шудааст ва ин жанр марбут ба тасаввуф нест. Табибон барои ба кор гирифтани дуруст аз май, рисолаҳо ба табъ мерасонданд. Чуноне  Абӯалӣ ибни Сино дар китоби оламгири хеш «Алқонун», ба фоидаву зарари май фаслҳо бахшидааст. Пири табибони ҷаҳон (ва шайхурраис ! ), дар боби ҳаштуми асари ҷовидонаи хеш, зери унвони «Андар тадбири об ва шароб», пиромуни истеъмоли оқилонаи шароб назари фаннии хешро  ба таҳқиқ бозгӯ намуда аст, ки то ҳанӯз арзиши тиббиву ахлоқии он коста нашудааст. Дар бахши дигари ин фасл, ки «Андар шароби пирон», унвон шудааст, «шароби сурхи куҳанро барои истеъмоли солхӯрдагон» муфид арзёбӣ кардааст. Ва амсоли он. (Абӯалӣ ибни Сино, «Қонуни тиб», китоби 1. Д.1991, с.193-203).

            Мутаасифона мо иронитаборон, ба вижа тоҷикҳо ба хотираҳои саргузашти қавмии худ он қадар сабуксорона муносибат кардаем, ки аз гузаштаи бузургони хеш ҳеҷ чиз намедонем ва агар чизе ҳам бозгӯ шуда бошад, аз шунидори касеву гумони тазкиранигоре беш далеле дар даст надорем. Ҳамин аст, ки ғолибан тахмин мезанем, ки фалон шоири бузург сӯфиву ориф буд, ё як даҳриву заминӣ. Биноан ночор ашъори шоиронро таҳлил карда, пиромуни мавзӯе баҳсу андешаҳои росту норост мекунем.

Чунончи: аз ашъори Хоқонӣ бармеояд, шоир дар чандин ҷой, вақте мехоҳад пеши подшоҳ биравад, аввал мегӯяд, ки «байни ману шароб талоқ воқеъ шуда ва хусрав дастури авдат нафармояд». Бар пояи ин гуфта назаре вуҷуд дорад, ки Хоқонӣ бодагусориро амали зишт донистааст. Дар ҳоле ки бо диди бозтар метавон ҳадс зад, ки шоир то талоқ додани «Духтари раз», (май) бо ӯ никоҳ дошта будааст. Яъне пештар май мехӯрдаст. Ё худ дар яке аз тазкираҳо омадаст, ки боре подшоҳ Ҳусайни Бойқаро ба Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, то ӯро дар боғи машҳураш ба меҳмонӣ бипазирад. Чанде пеш аз рӯзи таъин шуда, надими меҳмондории шоҳ назди Ҷомӣ омада, нишастангаҳу тартиби ғизоҳоро дастур медиҳад. Чун сухан аз хону асбобу анвоъи шароб ба миён омад, Ҷомӣ иброз дошт, ки майгусорӣ барояш бегона аст ва надим ҳар навъи шароберо дархӯри табъи Султон бинад, аз ҳисоби нақди мизбон, яъне Ҷомӣ корсозӣ кунад.

            Гуфтании бисёр, баргирифта аз тазкираву навиштаҳои гузаштагон, ки аз бодагусориҳои Ҳофиз бо маъшуқа, бо шоҳ Шуҷоъ, ҳамчунон дар мавриди маросими ҷанозаи шоирро раво надонистани муллоҳо сухан рафтааст, маҳфуз аст. Аммо он чи аз гуфтаи ба ихтисор овардаи зер бармеояд, маю маъшуқаи Ҳофиз на ҳама вақт маънавиву маҷозӣ будааст:  « Яке аз шогирдони Охунд Мулло Алии Нӯрӣ аз маонии ин байти Ҳофиз пурсид аз Охунд:

                          Майи дусолаву маҳбуби чордаҳсола,

                          Ҳамин бас аст маро сӯҳбати сағиру кабир.

 

 

 

 

Зеро шунида буд, ки баъзе урафо (орифон) мегӯянд, ки «муроди Ҳофиз аз маҳбуби чордаҳсола паямбари ислом аст, ки дар чиҳилсолагӣ мабъус (барангехта) шуда ва чаҳор то даҳ сол низ чиҳил аст ва муродаш аз майи дусола, «Қуръон» аст, ки дар ду сол амри нузули оёташ бар паёмбар сомон гирифта. Охунд Мулло Алӣ дар ҷавоб навишт: Эй, нури ҳар ду чашми ман! Маънии майи дусола он шаробест, ки ду сол монда бошад ва аҳли нишоти бода гӯянд таъсири чунин шаробе барои мастӣ бештар аз шаробҳои дигар аст ва мурод аз маҳбуби чордаҳсола низ душизаест, ки ба синни чаҳордаҳ бошад. Ҳамин асту бас ва Ҳофиз ғайр аз ин маънӣ ирода накардааст. Он чи урафо тавҷеҳ ва таъвил(таъбир) мекунанд, ашҳадду биллоҳ, воллоҳу таоллоҳ, ки хилоф аст ва муроди Ҳофиз набуда, набуда ва набуда аст. Вассалому нома тамом». («Қассас-ул-уламо».Қисмате нақл ба айни иборат. саҳ.322)

            Албатта дар ин ҷо нуктаеро бояд ба ёд дошт, ки ҷуръати бодагусорӣ ва васфи май дар сухани манзуми даврони дур шояд аз он ҷо ноши шуда, ки дар «Қуръон»-и муқаддас ба кор гирифтан аз бода шадидан куфр эълом нагаштааст ва қарнҳо баъд фуқаҳо алайҳи бодахорӣ ба ҷиҳод пардохтаанд. Ҳакимоне чун Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Ҳофиз ва бузургони дигар маърифат доштанд, ки ин ҷиҳод ҷузъи шариат набуда, ҷузъи дастуроти илми фиқҳ аст ва фиқҳ ба унвони як қонун тавассути инсонҳо падид омадааст, дар сурате ки шариат аз каломи Худованд аст ва бад-ин поя шоирону олимон бедуни кадом бок майро ба таври густурда васф кардаанд. Воқеан дар паёми муқаддаси илоҳӣ, дар сураҳои 5 (ояҳои 90,91) ва 16 (ояи 67) ба таври омӯзишу насиҳат зарари «хамр» (ҳамаи маводи хумморкунанда), фитнаангез буданашон ва кори хирадмандон набудани он амалҳо зикр гардидааст: «Ҳамоно шайтон қасд дорад, ки ба василаи хамру қимор миёни шумо адоват ва фитна барангезад ва шуморо аз зикри Худо ва намоз боздорад.» Сураи 5, ояи 91. «Ва ҳам аз меваи дарахти хурмо ва ангӯр, ки аз он нӯшобаҳои ширин ва ризқи ҳалоли некӯ ба даст ояд ва дар ин кор низ ояти қудрати Ҳақ, барои хирадмандон» Сураи 16, ояи 67.

            Бад-ин тартиб бояд чунин бардошт шавад, ки майгусории гузаштагон чизе нест, ки аз дидаи касе ки ба ториху адабиётамон ошноӣ дорад, пӯшида монад ва бо вуҷуди амали ношоиста донистанаш, бодагусорӣ як амри маъмули зиндагии маишии мардум будааст.

            Аммо соликони тариқати сӯфигарӣ, ки худро «ориф» номида, аз «обидон» (зоҳидон), дар бовариҳо ҷудоӣ ҷустаанд, амдан ҳолати бехудии худро ба ҳолати хуммории бодапарастон яке гуморидаанд. Дар зимн тамоми васоили бодахорӣ, чун соқиву пиёла, кӯзаву қароба, нуқлу кабоб ва  амалу ҳолоти бодагусоронро, ба шумули сабӯҳиву хамморӣ, дурдакашиву бехудиву амсоли онро, мушобеҳи ҳолоти хеш-дарди ба дидори Ҳақ расидану бо асли гусастаи худ дубора пайвастан, дарёфтаанд. Ногуфта нагузорем, ки маслаки тасаввуф дар сайри торихии худ, агар шахси бузургеро (мисли   Иброҳими Адҳам, ки бар тибқи қиссаи сӯфиён, шоҳии сарзамини Балхро тарк гуфта, ба сӯфигарӣ гаройида буд), пайрави силки худ гардонда натавонад, кӯшидааст пас аз даргузашти он шахсияти андешаварз, андешаҳояшро ба шеваҳои тафаккуру пиндорҳои сӯфигарӣ тафсиру интишор намоянд. Ҳамин барсохтаҳо буд, ки бовариҳои нодурусти баъзе пажӯҳандагонро ба миён оварда, дар навбати худ, боиси гумроҳии адабиётдӯстон гардидааст.

            Ҳамон гуна ки дар пеш гуфта шуд, пажӯҳандагони мағрибӣ, ғолибан фарҳанги гузаштагони моро дар фаросӯи пардаи тираи асри миёна дида, зиндагии донишиёнамонро бо зиндагии фақеҳону сӯфиёнамон саросар ҳамгун бозтоб кардаанд.(Воқеан ҳамин аст, ки «художникҳо» чеҳраҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ ва ҳамаи дигаронро чун ходимони масоҷид, бо ришу саллаву сари бо теғ тарошида ба қалам мекашанд.) Аммо он бузургон, ба вижа Ҳофизу Хайём, дар ҳар гардиши андешаи хеш зоҳидону сӯфиён, обидони мутаасибро зери маломату сарзаниш қарор дода, пайваста аз озодии баёни андешаву аз биниши вижаи ҳастӣ, аз «бартарии нақди зиндагӣ бар насяи машкуки фардо, ошкору равшан изҳор кардаанд. Ҳамчунон набояд аз ин нукта сарфи назар кард, ки он бузургон шеъри худро тайи умри 70-80 сола иншо кардаанд ва табъи латифу биниши бузургоне чун Ҳофизу Хайём ҳамеша яксон буда наметавонист; гаҳе фарогири лаҳзаҳое буданд, ки чун сӯфиён «дар пиёла акси рухи ёр», яъне Худоро медиданд ва ҳолоте доштанд, ки бо атрофиёнашон  (гаҳе паричеҳрае чун Шохи Набот, гаҳе як дилрабои сияҳҷурдае ва гоҳ шоҳи мулк Шуҷоъ), аз нафасҳои ширини зиндагӣ, ба истилоҳ таматӯъ гирифта, дар зимн ба хотири ёдбод, он рӯзгоронро ба муҳраҳои назмашон илова мекарданд. Мо дар ин навиштор пеши худ ҳадаф нагузоштаем, ки ба тафсири ғазалҳои Ҳофиз бипардозем, вале бад-он хотир, ки азизон бори дигар дар мавриди мазмуни сӯфигарӣ доштани ғазали мавриди мутолаашон, пеш аз хулосаҳо, жарфтар андеша кунанд, байтеро аз ғазали машҳури Лисонулғайб ба таври намуна меоварам ва хоҳиш мекунам бори дигар биандешанд, ки ин байт то куҷо ба сӯфигарӣ рабт аст:

 

                           Ди азизе гуфт Ҳофиз мехӯрад пинҳон шароб,

                           Эй, азизи ман, гуноҳ он беҳ, ки пинҳонӣ бувад.

 

Ва низ пурсиши дигареро метавон ба миён гузошт, ки агар Ҳофиз мутасаввиф мебуд, аз чи сӯфиёнро бо ҳақорат найрангбозу ҳуққабоз унвон мекард:

 

                          Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,

                          Бунёди макр бо фалаки шӯъбадабоз кард.

 

Далоили бешумор ҳокии дар гузашта вуҷуд надоштани таъқиби майкашону бодагусоронро ин нукта равшангару гӯёст, ки аз рӯзгори куҳан ба мо номи анвоъи зиёди майҳо ба мерос омадааст, бо ибораҳои шоирона ва тавсифи рангу атри нафис , ки аз табъи нозуку андешаи латифи ниёконамон гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи «Духтари офтоб» («Шоҳнома»,ҷ.VIII, саҳ328), «Хуни хурӯс» (ҳамон ҷо саҳ321), «Бодаи райҳонӣ»(ҳамон ҷо, саҳ347)- шаробе, ки дар он ақсоми гулҳои хушбӯдор андохта бикашанд. (шарҳ аз «Ғиёс-ул-луғот»), «Ноба»-шароби холис, «Духтари раз»- навъи шароб, «Шароби Шероз» — шароби ангӯрии сурхранг, «Зароб» — шароби зардранг, «Тоҳу» — навъе аз шароби сурх, «Саҳбо» — шаробе, ки майл ба сурхӣ дорад, «Парткол» — навъе аз шароб, ки баъд аз ҳафт бор кашидан, ҳосил шавад, «Ғубайро» — шароби аз санҷид таҳия шуда, «Набиз» — шаробе, ки аз хурмо ва ҷав таҳия мешавад, «Ол» — навъи шароби арғавонӣ. Афзун бар он чи дар боло оварда шуд, таркиботу ибороти зиёде мавҷуд аст, ки (инҷониб беш аз дусаду панҷоҳ адад гирд овардаам),  бар таъйиди амри боло буда, гумон ба яқин аст дар ҳеҷ  кадом аз кишварҳои тавлидкунандаи май, ном ва ҳолатҳову васоили ба май иртибот дошта, чун дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба ин фаровониву гунагунӣ дида намешавад. Дар ин ҷо якчанд таркибот ва ибороти рехтаро, барои намуна, ба чунин тафсил  меоварам:      1.Ҳолатҳои аз бодагусорӣ ба амал омада:

— «шергир»- касе, ки ӯро мастии шароб мутавассит бошад.

— «шодхорӣ»- шароб хӯрдан бе музоҳимати ғайр (яъне бе «бигир,бигир»)   

— «новунӯш»- нағмаи най шунидан ва шароб хӯрдан.                                                                    — «ҷабо» — пиёлаи худро ба дигаре тавозӯъ кардан.

— «дӯстгонӣ»-пиёлаи пур аз шароб, ки дӯстон ба дӯстон диҳанд, ки дар ёди фалонӣ   бинӯш.Ва дар «Кашф» омада, ки мастӣ аз шароб чанд мартаба дорад; аввал «сархӯш», баъд аз он «тардимоғ», баъд аз он «сияҳмаст» ва баъд аз он «хароб».

— «сабӯҳӣ» — субҳ, пас аз шоми бодагусорӣ, пиёлаи май нӯшидан.

Ин нукта шоистаи таваҷҷӯҳ аст, ки дар забони форсӣ-тоҷикӣ таркиби «салосаи ғассола» мавҷуд аст, ки шарҳи он дар «Ёддоштҳои Аллома Қазвинӣ» хеле гӯё омада, андешаҳои дар қудамо амри маъмулӣ будани расми бодахориро таъйид мекунад: «Бино ба расми бодахорон, ҳангоми сабӯҳӣ ва хумморшиканӣ, се пиёла шароб бо фавосил (фосила) менӯшанд», ки онро «салосаи ғассола», («салоса», аз калимаи арабии сулс, яъне шумораи се ва «ғассола», аз ғусл, яъне шӯстан), меномидаанд. Пиёлаи аввал ташнагиро мешиканад, дуввум ғизоро гуворо мекунаду мегузаронад ва севвум рӯҳу равонро хуррам мекунад ва афзун бар ин зойид аст.» (ҷ. II, с.124-299).

 

2. Таркибҳое, ки дар гуфтор мақолу масал шуда буданд:

— «бар тоқи абрӯи касе шароб хӯрдан»- ба ёди касе шароб хӯрдан.

— «ҷоми холӣ додан» — имтиҳон кардани ҳуши касе.

— «ҳаво хӯрдани бода» — зойил шудани кайфияти бода.

— «май дар гиребон кардан» — ба зӯр шароб додан.

— «гӯши соғар молидан» — майгусорӣ кардан .

3. Васоилу афзори майгусорӣ, ки бо ташбеҳоти  шоирона унвонгузорӣ шудаанд:

— «бати сурхобзой» — шишаи шароб.

— «Бағдоди хароб» — соғари тиҳӣ.

— «рикобӣ» — табақча ва пиёлаи шароб.

— «риши қозӣ»- пунбае, ки дар даҳони шишаи май ниҳанд, то аз он май          соф  шуда дар пиёла биёяд.

 

 

                                                    II

 

Он чи дар бахши аввали ин нигариш(ба истилоҳ андар майи хӯрданӣ ва майи маънавӣ) сухан рондем, намоёнгари роиҷ будани бодагусорӣ дар рӯзгори Хайёму Ҳофиз буд ва ҷои шигифт аст, ки имрӯз адабиёти классикии моро саросар дар меъёри маслаки сӯфигарӣ месанҷанд ва натиҷаи мавриди назари худро ба истилоҳи адабиёти тасаввуфӣ, «адабиёти ирфонӣ» қолаб мезананд. Акнун дар бахши дуввуми ин навиштор диданием, ки офаринандаи торихи манзуми бостонии тоҷикон, Фирдавсии бузург, зимни бозтоби саргузашти қаҳрамонону паҳлавонони миллӣ, аз мавзӯи май ва майгусорӣ чи гуна ба кор гирифтааст. Агар мо достонҳои «Шоҳнома»-ро нек баррасӣ кунем, дида хоҳад шуд, ки дар ҳар ҷо сухан аз маҷлиси шоҳону гурдон, ба вижа аз лаҳзаҳои бодагусорӣ, пас аз пирӯзӣ бар душман равад, он саҳнаҳо бо чунон ҳарфофариниҳои зебо бозгӯ шудаанд, ки хаёл намекунам дар адабиёти форс-тоҷик, «хурӯш омадан аз нӯшу хӯр»-ро каси дигаре бад-ин чирагӣ ба қалам оварда бошад.

Худовандагори адаби порсӣ дар тасвири бодагусории хусравону қаҳрамонони асари ҷовидонааш аз ташбеҳоту таркиботи гунагун кор гирифтааст, ки он ҳама гувоҳ бар камоли зеҳну табъи нозуки ҳазорсолагони мо мебошанд. Мисли «майи хусравонӣ» ва «бодаи хусравонӣ», «майи зобулӣ», «майи сурх», «майи лаългун»(«майи лаъл»), «майи арғавонӣ», «майи равшан», «майи хушгувор», «майи сурхфом», «майи солхӯрда»(«майи солхвард») ва амсоли он. Он чи ки ба назар мерасад, ин бодагусорӣ аз зарфҳои нозуку гаронбаҳои озин шуда мебошад, ки дар «Шоҳнома», ғолибан бо таркибҳои «ҷоми каӣ»,«ҷоми хусравонӣ»,«ҷоми шоҳаншаҳӣ»,«ҷоми шаҳриёрӣ»,«ҷоми заррин», «ҷоми булӯр», «ҷом зи ёқути зард», «ҷом зи пирӯзаву лоҷавард» ва монади он омадаанд. Ҳамон тавре аз васфи мукаррари Ҳакими Тӯс бармеояд, майи он рӯзгоронро озодагоне таҳия мекарданд, ки зеҳнҳои парварда ва завқҳои латиф муяссарашон буд. Он майҳо шомил аз атрҳои дилкаш ва рангҳои чашмрабо буданд, ки таркибҳои дар «Шоҳнома» овардае, чун «ҷоми пурбодаи мушкбӯй», «атри майи хушгувор», «май аз гулоб», «майи арғавонӣ»ва ғайра гувоҳ бар камоли салиқаи гузаштагонамон мебошад.

            Бояд бад-ин нукта таваҷҷӯҳ дошт, ки бодагусории озодагон усулан бар пояи расму одоби муайян қарор дошта, қобили бозшинохтан аст. Чунон ки дар «Шоҳнома» қаламдод шудааст, яке аз вижагиҳои майгусорӣ,(чун маросимҳои пазироӣ дар хонадони ашрофзодагони имрӯзаи инглисиву фаронсавӣ), расми пас аз фориғ шудан аз хӯрдан, ба бодагусорӣ пардохтан будааст:

 

                                 Чу нон хӯрда шуд, маҷлис оростанд,

                                 Навозандаи рӯду май хостанд.

 

Нуктаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳ мебошад он аст, ки расми хон густурдани дар «Шоҳнома» бозтоб шуда, аз тасаввуроти казоии ховаршиносону иҷодгарони синамову театр ба куллӣ тафовут дорад. Дар тасаввури номбурдаҳо (чун нишастангаҳи хонҳои хайманишин), маҷлиси бодагусорӣ рӯи кӯрпачаву болишт аст, на мизу курсӣ. Яке аз вижагии пазироии меҳмон дар гузашта, барои бодагусорӣ, ороиш додани мизи ҷудогона (тахт) аз мизи сарфи ғизо будааст. Рӯи мизи бодагусорӣ, дар баробари майҳои рангину муаттар, нуқлу меваҳову шарбатҳо мечидаанд:

 

                                  Чу аз хони хусрав бипардохтанд,

                                   Ба хони дигар ҷой месохтанд.

 

(Дар инҷо мехоҳам саҳнаҳои бодагусориҳои шоҳону қаҳрамонони «Шоҳнома»-ро аз филмҳои Кимёгаров, ки ҳовии лаҳазоти хӯрокхӯрии нимваҳшиёна, яъне дар даст устухонҳои калони гӯшт ва косаҳои чӯбини шароб мебошанд, ба ёд оварам.)

            Дар қудамо ҳамчунон расме роиҷ буда, ки бар тибқи он овардани май ба шахси солору хирадманд вогузор шуда, он шахс ҷоми нахустро худ мехӯрдааст:

 

                                     Касе к-ӯ май орад нахуст ӯ хӯрад,

                                     Чу бешаш бувад солиёну хирад.

 

Дар гузаштаи дур майгусорон, ё бодакашон (вожаи «соқӣ», арабии ҳамин маънист), ғолибан занони зебо, ба истилоҳ «паричеҳра» будаанд. («Биёмад паричеҳрае майгусор»- ҷ. IX, с.306). Дар маҷлиси шоҳону сипаҳбадон шумораи майгусорон (соқиҳо) вобаста ба шумораи маҷлисиён, аз якчанд «занони паричеҳра» иборат будаанд. Дар маҷлис ҳамчунон «фурӯзандаи маҷлис» (ба иборати русӣ «тамада») ва дастаи ромишгарон ҳатмӣ будаанд, ки онҳо «чарбгуфторӣ» мекардаанд.( ҷ. II, с.78, 195).

Ин мавридро низ бояд афзуд, ки барои бодагусорӣ вақту миъоди муайяне таъин буда, ки назар ба овардаҳои Ҳаким Фирдавсӣ, усулан шабҳангом, пас аз фориғ шудан аз масъулият(хоҳ набард, хоҳ шикор ва ё корсозиҳои дигар) ба бодагусорӣ иштиғол меварзиданд. (ҷ. III, с.177)

            Гурдону сипаҳбадон, пас аз пирӯзиҳои бузург дар набард бо душманон, ҳатто то як ҳафта ба бодагусорӣ мепардохтаанд («Нишастанд як ҳафта бо рӯду май», ё «Бибуданд як ҳафта бо май ба даст»- ҷ.IV, с.267).

            Аз «Шоҳнома» дарёфт мешавад, ки май ағлаб ба фурӯдастон (ба истилоҳи вожанигории имрӯз, «камбизоатон») ҳамеша қобили дастрасӣ будааст ва меҳмондорӣ бо майгусорӣ, дар хонаи мардуми фурӯдаст низ амри маъмулӣ будааст. Мутобиқи гувоҳиҳои ин шоҳкори беҳамто, шоҳон гаҳе бо тасодуф ва гаҳе бар ҳадафе, мартабаи хешро пинҳон дошта, дар манзили ба истилоҳ табақаи пойини ҷомеа меҳмон мешудаанд. Мизбонҳои, пас аз сарфи хӯроки соддаву фақр низ, аз қабили нони кашкин, яъне ҷавин (дар достони меҳмонии Кайковус дар кулбаи пиразан), нону тара-як навъ бодиринг (ҳангоми паноҳ бурдани Хусрави Парвиз дар нишастангаҳи сӯгворон), ҳамчунон дар лаҳазоти меҳмониҳои Шопур дар хонаи боғбон ва Баҳроми Гӯр дар хонаи Ланбаки обкаш, бо вуҷуди нодорӣ, шоҳонро бо май меҳмондорӣ мекунанд.

            Иштибоҳ аст, агар тасаввур биравад, ки гузаштагони мо ҳамвора майро ситоиш карда, ҷиҳатҳои пургазанди онро мазаммат накарда бошанд. Ҳамон тавре ки торихнигори Юнони бостон, Ҳеродот ишора кардааст, ҳанӯз хирадманди диновар, Зартушт, пиромуни ифрот дар бодагусорӣ, бо ҳасрат гуфта будааст ва дар зимн нӯшидани маводи хуморкунандаи «ҳавма» (haoma)-ро дар маросими мазҳабӣ қабеҳ дониста, истеъмолашро манъ кардааст, ки дар ин ҷо бино ба фурсати маҳдуд онҳоро иқтибос намекунем.

            Ҳаким Фирдавсӣ ба мавзӯи эътидол варзидан дар бодагусорӣ сатрҳои фаровон бахшидааст. Ба вижа дар мавриди ҳарому ҳалол донистани май ду достони шоҳкори худро тахсис додаст; яке «Достони Баҳроми Гӯр бо Кабрӯй ва ҳаром кардани ӯ майро», дигаре «Достони кӯдаки кафшгар бо шер ва ҳалол кардани Баҳром майро». Дар достони аввал марди майхора бо исми Кабрӯй назди шоҳ бо тӯҳфаҳо меояд. Шоҳ вайро бо май меҳмондорӣ мекунад ва Кабрӯй аз хушнудии бо шоҳ ҳамнишин шудан, ба як дам ҳафт ҷоми пурмай мехӯрад. Сипас ба асп савор шуда, рӯ ба ҳомун мениҳад. Аз он ҷо ба кӯҳ расида, зери дарахте ба хоб меравад. Кулоғе (зоғе) дар парвоз мастро дида фуруд меояд ва ҳар ду чашми Кабрӯйро меканад. Аз ин ҳодиса Баҳроми Гӯр воқиф гашта, пурдард хурӯш мебарорад ва майро барои ҳама, чи паҳлавону чи пешавар, ҳаром эълом медорад:

                                  Ҳаром аст май дар ҷаҳон сар ба сар,

                                  Агар паҳлавон аст, агар пешавар.  (ҷ.VIII, с.453)

 

Дар достони дигар, пас аз сипарӣ гаштани соле аз ҳодисаи Кабрӯй, писари кафшгарро, ки дилбохтаи духтаре гашта буд, барои ором гирифтан, модараш «ҷоми пур аз набид» медиҳад ва чун ҷавонро «ҷом густох кард», дар роҳи расидан ба ҳадафи хеш дучори шери аз қафаси шоҳ раҳо ёфта мегардад. Ҷавон, ки аз май далер гашта буд, ба шер дарафтода савораш мешавад ва то боргоҳи шоҳ шерсавор меояд. Шоҳ фармон медиҳад, ки аз кадом дудаву нажоди паҳлавон будани ҷавонро муайян созанд. Ниҳоят модари ҷавонро пайдо карда назди шоҳ меоваранд, ки ӯ қазияи май хӯрондани писарашро бозгӯ мекунад. Баҳроми Гӯр хандида мегӯяд, ки акнун касе майро ба андозае бихӯрад, ки бар наррашер савор шавад, барояш май ҳалол дониста шавад:

 

                                  Бар андоза бар ҳар касе май хӯрад,

                                  Ба анҷому фарҷоми худ бингарад.

 

            Ҳаким Фирдавсӣ, чун ситояндаи хирад, ки дастур додааст, то хирадро ҳамеша раҳнамову афсар намоянд, дар бодагусорӣ низ аз хирад кор гирифтанро ҳатмӣ донистааст. Он бузург таъкид ба амал овардааст, ки май на дар ҳама ҷо, на дар ҳама вақт ва ба табиати на ҳама кас метавонад созгор бошад. Ба вижа касеро, ки май андӯҳ орад, огоҳ мекунад, то чунин шахс «набояд, ки бинад зи май рангу бӯй». Дар мавриди интихоби дурусти вақт барои майхӯрӣ, лаҳзаҳои барошуфта сухан гуфтани Рустами Дастон ба яке аз чеҳраҳои барҷастаи «Шоҳнома», ҷаҳонпаҳлавони дуввум Тӯс, хеле ҷолиб мебошад. Нахуст барои пеш аз набард май хӯрдани худи Тӯс ва бори дигар аз май сархӯш дидани яке аз сипаҳбадони ӯ, Руҳҳом ҳангоми омодагирӣ ба разм:

 

                                    Ба май дар ҳаме теғбозӣ кунад,

                                    Миёни ялон сарфарозӣ кунад.

 

Ҳамин тавр дар фасли андарзҳои шоҳ Ардашер омада, ки бодагусорӣ ба рӯзи шикор, пеш аз рӯ ба рӯ омадан бо душман ва ғолибан хуммор зи май аз хона берун шудан, бехирадӣ дониста шудааст.

            Бо ин ҳама гарчи Ҳаким Фирдавсӣ таъкид карда, ки «Ба пиру ҷавон аз май ояд гуноҳ», дар зимни ёдоварӣ аз рӯзгори хеш, ба бодагусорӣ ишораҳои ошкор дорад:

 

                                     Ба Фирдавсӣ овоз додӣ, ки май,

                                     Махӯр ҷуз ба ойини Ковуси Кай.

 

Ҳамчунон дар чандин ҷои «Шоҳнома, дар иртибот ба синну соли ҳамон лаҳзаи достонофаринӣ, зи пирӣ ба тарки май ихтиёр фармудан ишораҳо кардааст:

 

                                     Чу солат шуд эй, пир бар шасту як,

                                      Маю ҷому ором шуд бенамак.

 

Ва гаҳе бо байтҳое ба мазмуни дар пирӣ  майгусорӣ ихтиёр кардан, дучор меоем, ки оҳанги ашъори Хайёму Ҳофизро ба ёд меоваранд:

 

                                       Май овар, ки аз рӯзи мо бас намонд,

                                       Чунин буд то буду бар кас намонд.

 

            Гуфтем, ки сухан аз май дар адабиётамон доманадор аст ва модоме сӯфиён парастиши Худои ягонаро бо ошиқиву майгусорӣ олуда карда, дар зимн шеърдӯстонро ба нодониҳо кашидаанд, ин мавзӯъ ба чашмандози воқеъбинона, бо шеваи орӣ аз хароботигароиву гурез аз тақлиди ховаршиносони мағрибӣ, ниёз дорад. Ба вижа дар рӯзгорони мо, ки ба иллати фақри маънавиву нодорӣ, ситоиш ва гароиш ба силки сӯфиён (хоса нигилизму ояндабадбинӣ) рӯ ба афзудан аст, ҷустори алоҳидаву комилтареро ба фурсате дигар мегузорем.

 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: