Обишхӯри маҳалгароӣ кадомин чашма аст?

Ончуноне пайдост ҷавонони ҳушманди тоҷик пеши худ ва меҳони  ҷомеаи тоҷикӣ пурсише ба миён мегузоранд, ки падидаи зишту кареҳи маҳалгароӣ аз куҷо реша гирифта, обишхӯри кадом чашмаи нопок аст. Ин аст, ки дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла дар «Блогистони Озодӣ», рӯзноманигори овозаманд, Зафар Абдуллоеви гиромӣ пиромуни пайдоиши маҳалгароии тоҷикон ҷӯёи андешаҳои дигарон шуданд, ки инҷонибро водор сохтанд то барои дарёфти посух ҷустори гузарое дошта бошам.

Боварӣ дорам, ки ба дарёфти посухи пурра ба ин падидаи наомӯхта ва пурпечу тоб, ҳанӯз касе комёб нашудааст ва ба гунаи «Дарахти генеалогии маҳалчигӣ», «Торихи пайдоиш ва густариши маҳалгароӣ ва роҳҳои бартараф кардани он», ё «Маҳалгароӣ элементи ҷомеаи буржуазӣ» ва монанди он назарияву теорияи илмие кадом доктору профессори тоҷик эҷод ва кашф накардааст.

Ҳама медонем, ки он ҷое маҳалгароист, он ҷо завол, ошуфтагиву пажмурдагӣ, нобоварӣ ба ҳамдигар дасти болову расо доранд. Ва он ҷо ки хешовандпарастӣ ҷой дорад, он ҷо истеъдод фарогири хафақон гашта, кушта мешавад, иртиқоъ (прогресс), зери пойи иртиҷоъ (регресс) гарду хок мешавад. Маҳалгароӣ дар миёни бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба чашм мехӯрад, аммо ин падида бештар дар миёне он қавмҳое ривоҷи густурда дорад, ки гузаштагонашон аз рамачаронӣ пеша доштанд. Ба монанди қабилаҳои гуногуни турктабор, арабҳо, паштунҳо ва соири рамагардон, ки гарчи кунун пешаи падариро вогузошта бошанд ҳам,  манишу куниши рамагардиашон бар дигар вижагиҳои миллӣ дастболо мебошад. Ба сони гузаштагони дерини худ, ҳанӯз ҳам ба ийл, улус, уруқ, ашира, тайп, қиёт (киёт) ва чандин  қабилаву зоти гуногун ҷудо мешаванд. Онҳо дар ибтидо аз қабилаҳое чун уғуз, уғузғуз, туғузғуз, утурғур, қутурғур, унуқишдур ва на кам аз ҳазор қабилаи дигар аз саҳроҳои Гоби ва фаросӯи рӯди Иртиш, ба сарзамини ориёиҳо сарозер шуда, кори падарбузурги худ Атилоро ба анҷом расонданд. Мо дар ин фурсати кутоҳ ба бозгӯии торихи ҳамлаҳои хайманишинон маҷол надорем ва талоши мо ба ҷустани маҳалгароии тоҷикон дар саҷоёи рамачаронӣ мебошад, ки онро аз паёмади  қабиласолории ҳамсоягони аз саҳроҳо омада мушоҳида мекунем.  Шояндаи ёдкард аст, ки ҳамдиёрони мо ҳамеша решаи маҳалгароиро дар хисоли шахсиятҳо ва мардуми маҳаллаҳо ҷустанӣ мешаванд, аммо каманд касоне, ки яке аз решаҳои устувори маҳалгароии тоҷиконро дар ҳилаҳои дасисабори аз қабиласолорон вом гирифта бубинанд.

            Маҳалгароӣ дар замони чирамандии қавмҳои туркнажод, ба вижа дар замони шайбониҳо ва темуриҳо ривоҷи густурда пайдо кард. Дар он рӯзгор, ки қабилаҳои рамачарони кӯчнишин байни худ заминҳои ишғол кардаашонро тақсим мекарданд, таззоду мухолифатҳои фаровон онҳоро то ба кашмакашиҳои хунин расонда буд. Ба гуфтаи торихнигорони русӣ, Шайбонихон ба ҳангоми қабилаҳои худро ба Вароруд сарозер кардан, ба хотири онҳоро дар заминҳои шодобу хуррам ҷой кардан, ҷойгоҳи аҳолии таҳҷоӣ, асосан тоҷиконро то ба кӯҳсорон танг карда, заминҳои беҳтаринро ба ҳамқавмони рамачаронаш тақсим кард. Қабилаҳои аз ҳама наздиктар ба шайбониҳо  дар водиҳои Зарафшон, Қашқадарё ва Сурхондарё ҷой гирифта, бахши дигарашон ҷойгузини соҳили чапи рӯди Омӯ, яъне шимоли Афғонистони кунунӣ гаштаанд. Ҳар вилояте аз давлати онҳо ба юртҳо ҷудо мешуданд ва ҳар юрт амири худро дошт. Чунончи Тирмиз шомили юрти қунғуротҳо, Қундуз қатағанҳо буд. Чуноне ки торихшиноси  рус Бахрушин С.В. овардааст «Ҷо ба ҷо кардани қабилаҳои муғулии рамагард ба он оварда расонд, ки заминҳои киштзору боғистонро ба асбону устурону рамаҳои худ сум зада, ба чарогоҳ табдил доданд.» (Бахрушев С. В., «История народов Узбекистана», 1947). Гумони наздик ба яқин аст, ки манишу саҷоёи рамачаронӣ, ҳар чи бештар соҳиб шудан ба алафчарҳои шодоб, турктаборонро ба қабилаву улусҳои бешумор фасл карда буд. Ва ҳамин аст, ки бархе саҳронавардон худро вобаста ба рангу зоти гӯсфандонашон унвонгузорӣ мекарданд. Монанди туркмонони «оққуюнлу», «қароқуюнлу», гӯсфандсафедон, гӯсфандсиёҳон. Ва аз ин ки ҳастии маишӣ ва мояи зисташон вобаста ба рамачаронӣ буд, ин вижагии шуғли хешро, ҳамчун нигаҳбони асолати миллӣ аз ҳама беш азизу гиромӣ медоштанд. Чуноне туркшиноси овозаманди Фаронса, Рене Груссе навиштааст, хуни туркӣ барои туркон болотар аз дину мазҳаб буд ва ба ҳангоми ҷангҳои байни кишварҳо, ҷанговарони турктабори бедин аз сафи лашкар фирор карда, ба ҳамқавмони худ мепайвастанд: «Мусибат барои Бизонс (Византия) ин буд, ки ҳар вақт байни туркони бедини Аврупо афродеро меоварданд, то алайҳи туркони мусалмон дар Осиё ба муҳориба бипардозанд, уруқу хуни туркӣ қавитар аз нерӯи мазҳаб мешуд ва бад – ин ҷиҳат буд, ки дар 1071 шаб қабл аз пайкор, печенгҳо (турктаборон) аслан аз хидмат ба император сар боз зад ва ба Алп Арслон пайваст.» (Р. Груссе, «Императории саҳронавардон», с.304).

Таҳлилгарони аврупоӣ дарёфтаанд, ки мубориза миёни маҳаллаҳо аз ҳама беш дар Узбакистон то ҳанӯз ривоҷ дорад, ки паёмади қабилагароиҳои асри миёна мебошад. Ба вижа миёни маҳаллаҳое, ки омехтагони тоҷику турк, тоҷикони узбак шуда ва ё тоҷикони барои ишғоли мақому мансаб худро узбак вонамуда, аз ҷумла самарқандиҳову бухороиҳо ва тошкандиҳову фарғонагиҳо, ки гаҳе бо онҳо намангониҳо низ ҳамроҳ мешаванд, то ҳанӯз мубориза ҷараён дорад. Роҳбарони Узбакистон дар замони шӯравӣ ғолибан аз Фарғонаву Тошканд интихоб мешуданд. Чунончи Усмон Юсупов (1937-1950), Амин Ниёзов (1950-1955), Инъомҷон Усмонхоҷаев (1983-1988), ҳама аз Фарғона, Акмал Икромов (1929-1937), Нуриддин Муҳиддинов (1955-1957), Собир Камолов (1957-1959), Рафиқ Нишонов (1988-1989), ҳама аз Тошканд буданд. Шароф Рашидов аз Ҷиззах ва Ислом Каримов шартан аз Самарқанд дониста шудаанд. Чун маҳалгароӣ дар Узбакистон ривоҷи фаровон дошт ва ин ошуфтагиҳои он ҷумҳурӣ Маскавро хуш меомад, дар интихоби роҳбарони Тоҷикистон бо Тошканд машварат мекард ва бедуни шак метавон гуфт, ки ҳама роҳбарони ҳизбиву давлатии Тоҷикистон бо тавсияи сарони Узбакистон муқаррар мешуданд. Равшан аст, ки дастандаркорони узбак ашхосеро дар ҳукуматдории Тоҷикистон ба болонишинӣ мегумоштанд, ки маниши узбакӣ ва ё бетафовутии миллӣ бар андешаҳои худогоҳии тоҷикиву иронитабориаш чираманд бошад. Ҳамин буд, ки ҳатто дар интихоби вакилони Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, ё Тоҷикистон, дар паҳлӯи ҳар вакили тоҷик, ҳатман як вакили узбак «интихоб» мешуд. (Нигаред ба рӯзномаи «Садои Мардум», солҳои 2009-2010.)

Метавон тахмин зад, ки маҳалгароии узбакон обишхӯри гузаштаҳои дури сарозершавии шайбониҳо барои дарёфти алафчарҳои фаровон дар сарзамини Вароруд ва соири паҳнаи шаҳрнишинону киштварзон мебошад, аммо чун ниёкони тоҷикон рамагарду қабиласолор набуданд дар ин ҷо ҷойи пурсиш аст  , ки маҳалгароии тоҷикон реша дар кадом боғу роғ дорад. Ва ин нукта ин фикрро ба миён меоварад, ки шояд маҳалгароии тоҷикон дар ҳамҷаворӣ бо ғайритоҷикон пайванд дошта бошад. Он чи ки аз ҳама беш дар чашм мезанад ин аст, ки ғолибан маҳалгароён кӯшиш мекунанд, ки на бо ибороте ба сони «мо тоҷикон», аз қавми хеш ифтихор кунанд, балки онҳоро писанд аст, ки бештар бо ифтихор гӯянд «мо кӯлобиҳо», «мо хуҷандиҳо» ва монанди он. Яке аз ношоистагии маҳалгароён дар он аст, ки ғолибан талош мекунанд, то бошандагони музофоти сирф тоҷикнишинро, ки дар он ҷамъияте аз қабилаҳо буду бош надоранд ва он ҷо зодбуми кӯҳнишинон мебошад, бо пайвастани вожаву таркиботи зоҳиран ҳазломез, онҳоро бадкирдору зиштрафтор бознамоёнанд ва ё қиссаи барсохтаи кароҳатбореро бар онҳо бипайванданд. Агар ба намояндагони маҳалгароён наздиктар шавем, дармеёбем, ки онҳо дар чеҳра аз тоҷикон тафовуте доранд, гаҳе номҳояшон тобиши туркӣ дорад ва ё зодагони қишлаҳое мебошанд, ки мавсум бо вожаҳои «турк», «муғул», «қипчоқ», «ҳазора», «қарлуқ», умуман улусҳои дар боло ёд шуда мебошанд. Чуноне ки дар водии Кӯлоб бархе аз он маҳалгароён зодагони музофоти Дашти Ҷамро ба сони «тагновиҳои пишакхӯр», ноҳияи Ховалингро «ховалингиҳои шайтон» (ё «дулонахӯр»), ғайритоҷикони Хуҷанд мардуми Масчоҳро «мачоҳиҳои ҷӯгӣ», усурушаниҳоро «уротепагиҳои табармусулмон» ва ба гунаҳои дигар мехоҳанд тоҷиконро дорои нотавониҳову ошуфтагиҳои барсохта, ба истилоҳ доғдор бознамоёнда, бад – ин васила тухми нобовариву дурӣ аз ҳамдигар бикоранд. Афзун бар ин онҳо талош кардаанд, ки ба пиндоштҳои диннии мардуми содда достонҳову ойинҳои барсохтаеро бофта изофа кунанд, то тоҷикон дар шинохти ҳамдигар ба раҳгумӣ гом ниҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки таркиби «тагновиҳои пишакхӯр» — ро пайваста ба достоне медонанд, ки шайхи бузурге дар Дашти Ҷам гӯшанишинӣ ихтиёр мекунад ва мардуми таҳҷоӣ барои мазоҳи ӯ гурбаеро пухта ҳамчун баррабирён ба шайх пешкаш мекунанд. Аммо шайх, ки донишманду соҳир буд, ба кори таҳҷоиҳо пай бурда, ба самти табақ «пишт» мегӯяд ва дар яки он гурба зинда шуда ба берун меҷаҳад. Ва ё дар миёни ноогаҳон  пиромуни ойину суннатҳои мардуми кӯҳнишин барсохтаҳои дурӯғине овоза мекунанд, ки чуноне гуфта шуд, то як  тоҷик дар нигари тоҷики дигар бегонаву бадкеш намояд. Ҳамин аст, ки ғайритоҷикони ношоистатарин даҳсолаҳо пеш овозаи дурӯғине пахш намуда буданд, ки гӯё бадахшониҳои мо дар шаби арӯсӣ баногоҳ чароғро хомӯш мекунанду ҷамъияти мардон новобаста аз шинохти ҳамдигар бо занон ҳамоғӯш мешаванд. Албатта чунин достонҳо  барои як шахси ҳисобӣ хандадору омиёна аст, аммо гаҳе мардуми сода, ба вижа ҳангоми бозтоби онҳо дар пардаи пиндоштҳои диннӣ, метавонанд норостиҳоро ба дурустӣ дарёбанд.

Намунаҳои зиёдеро метавон ёдовар шуд, ки дар замони шӯравӣ тоҷикситезе ба шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо роҳ ёфта, новобаста аз назорати пурзӯри ҳизбӣ, ҳамандешону ҳамдеҳагони худро ба мартабаҳо мебурд, аммо дар тавҷеҳи нозуксанҷона ба равшаниву басандагӣ ба чашм мехӯрд, ки он масъули ба истилоҳ ҷо ба ҷо кардани кадрҳо, аз миёни ҳамдеҳагон низ онҳоеро меписандид, ки аз улусу ийлу қабилаи худ бошанд.

Албатта қабиласолориву бартарихоҳӣ ба мо бегона аст ва гузашта аз ин бадбинии қавмҳои дигар кори норавову ношоиста барои як ватанпарвар мебошад, зеро мо мехоҳем, ки ҳама қавму миллиятҳои кишвари беҳамтоямон ин сарзамини озодагонро меҳани аслии худ бидонанд ва ҳамзамон ҷустани роҳҳоеро шоиставу боиста медонем, ки қабиласолории аз замонаҳои ба Вароруд сарозер шудани чодарнишинон асар гузошта, мавриди сарзаниши саросарӣ қарор гирифта, зиёни бебаргашти он дар бунёди Тоҷикистони навин, пайваста дар нигари равшанандешон бошад.

Реклама

Один ответ

  1. Салом устод!
    Якчанд руз пеш — дар рузи чашни 100-солагии Матбуоти точик сомонаи http://www.blogiston.tj кори худро огоз кард, ки бахри муттахид сохтани блогерони точик мехохад сахмгузор бошад. Аз ин ру ба Шумо пешниход менамоем, ки дар ин сомона низ сахифаи худро боз намуда, маколахои чолиби худро дар он низ руи чоп оварда, истифодабарандагони точикзабони Интернетро хушнуд гардонед.

    Барори кор!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: