Гургон ва туркон дар «Шоҳнома»

Бисёре аз мардуми ҷаҳон аз бостон барои худ нишон, аломат, символ  аз ҳайвоне,  ё паррандае чун рамз интихоб карда, онро вижагии миллии худ донистаанд ва аз он боифтихор нерӯи рӯҳи бардоштаанд. Одамон ғолибан он паррандаву ҳайвонеро, ки аз хотири ҷисму сифатҳои неки худ монанди ҷасорат, ҳушёрӣ, озодипарастӣ, тавозуни (гармонияи) ҷисм ва дигар вижагиҳо овозаманд гаштаанд, ба сурати намод ва рамзи миллии худ пазируфтаанд. Чунончи нишони амрикоиҳо уқоб, аз фаронсвиҳо хурӯс, аз англисҳо шер, аз канадагиҳо хирс, ҳамчунон аз дигарон фил, бабр, говмеш мебошанд. Нишони иронитаборон, ҳамчунон тоҷикони бостон шер дониста шуд буд, ки рамзи хуршедро дошт.  Ҳамзамон ҳайвонҳои ба одамон зиёновар, ҳилагар,  зиштчеҳра, мурдорхор,  чун мӯш, рӯбоҳ, шағол ва монанди онро ҳамчун намоду рамзи худ намепазируфтанд. Аз миёни ҳайвонҳои ба одамон зиёновар, гургро ҳамчун намоди ифтихори миллӣ халқҳои турктабор пазируфта, бисёре аз онҳо решаи пайдоиши худро ба ин ҷонвари дарранда пайваста донистаанд. Лозим ба гуфтан аст, ки дар баробари туркон, румиҳо достоне доранд, ки назар ба он пойдор мондани мардуми шаҳри Рум гӯё вобаста ба модагурге будааст, ки пас аз  кушта шудани саросарии аҳолии он шаҳр, ду писараки зинда мондаро он модагург шир дода ба воя мерасонад ва румиҳо аз насли он писарон интишор ёфтаанд. Ҳанӯз аз китобҳои торихии дар дабистон омӯхта медонем, ки дар ковишҳои ҳафриётии кишвари Итолиё, тандисеро пайдо кардаанд, бо тарсими ду бачаи  ширхор аз пистони модагург.

Ҳамсони ин афсонаи румӣ, туркҳо достонҳое доранд, гӯёгари он ки саргузашти гузаштагонашон пайваста ба ин даррандаи ҷангалу саҳро мебошад.

Дар ҷаҳони кунунӣ 7 кишвари мустақили туркон, 13 ҷумҳурии худмухтори турктаборон ва вилоятҳои зиёди туркнишин мавҷуданд.  Ҳар кадоме аз он давлату ҷумҳуриҳо парчами гуногун доранд, вале тамоми кишварҳои ҷаҳони туркӣ аз гург намоди (символи) муштарак доранд  ва гаҳе бо ишора ба ин рамз мехоҳанд  ба ҳамбастагии саросарии туркон таъкид намоянд. Ҳатто дар миёни бархе аз туркгароён расме ривоҷ дорад, ки бо қатъ кардани ду ангушти васат гургро нишон дода, ба туркии худ ишора мекунанд. Вобаста будани туркон ба намоди гург ривоятҳои мухталиф дорад ва яке аз онҳоро, ки ба пайдоиши қабилаҳои туркӣ ишора дорад, дар ин ҷо меоварем: « Дар рӯзгори қадим одамон ба қабилаҳо ҷудо шуда, саросари заминро ишғол карда буданд ва танҳо гузаштагони туркҳо дар соҳили ботлоқзори бузурге зиндагӣ доштанд. Ҷанговарони қабилаи ҳамсоя ба ҷойгоҳи онҳо дарафтода, ҳама мардумашонро нобуд мекунанд. Танҳо як бачаи даҳсола аз куштор раҳо меёбад. Ба хурдсолии бача нигариста, ӯро намекушанд, аммо дастону пойҳояшро буррида, рӯи сабзаҳои ботлоқ мепартоянд.  Дар ин замон Тенгрии Бузург – худои тоисломии туркон, дар сурати уқоб аз болои он ботлоқ парвоз карда, дар пайи бо гӯшт ғизо додани писарак мешавад. Сипас Тенгри модагургеро барои парвариши он писар мефиристад, ки он модагург пас аз ба воя расондан ҳамхобааш мегардад. Бо гузашти замон хони қабилаи душман, гумонбари наздикшавии бадбахтӣ гашта, ба шаманҳои худ муроҷиа мекунад, ки сабаби сар задани бадбахтии гумон доштаашро дарёбанд. Шаманҳо дуру дароз андешида, сирри бадбахтии пеш меомадаро дармеёбанд ва ба хон арз мекунанд, ки авлодони он писар ба давлат нобудӣ меоваранд. Хон ба саросари замин ҷанговарони худро мефиристад, то писарро пайдо карда, ба қатл расонанд. Навкарони хон дашту даманро ҷуста ӯро гирифтор ва сар аз танаш ҷудо месозанд. Хон ба ҳангоми дидани сари буридаи душмани худ,  суру шодӣ меорояд ва фармон медиҳад, ки аз ҷамҷамаи (косахонаи сари) он писар ҷоми боданӯшӣ таҳия кунанд. Дар ин замон модагург ба кӯҳсор гурехта, дар ғори ниҳоние даҳ бача мезояд, ки ҳар кадоме аз онҳо бунёдгузори улусе бо унвони худ мегардад. Пас аз гузашти замоне аз тухмаи гургу инсон одамони зиёд таваллуд шуда қавмеро бунёд мекунанд ва аз миёни даҳ фарзанди гург якеро хоқони нахустин интихоб мекунанд.»  Ҷолиб он аст ки бисёре аз қавмҳои турктабор ба ин афсона боварӣ дошта, бархе аз ишон хоқони нахустин Оғӯз (Уғӯз хоқон) — ро падарбузурги худ дониста, бо қабилаҳои дигар аз пайвастагии  воқеии хеш бо ӯ баҳсу мунозираҳо дар миён мегузоранд.  Ва дар ин росто пажӯҳандагони русиву аврупоӣ, ба монанди  Бичурин Н.Л., Бернштам А.Н. корҳои илмие анҷом додаанд («Историческая правда в легенде об Огуз-кагане» Бернштам А.Н., «С.Э.», 1935, №6, с.34, Ҳақиқати торихӣ пиромуни достон дар бораи Оғуз — хоқон). Гузашта аз ин бархе гурӯҳҳои турксолориву туркгароӣ бо ин символизм, ё тотеизм чунон ҷиддӣ муносибат кардаанд, ки ҳатто соле пеш дар Боку турктаборони Қафқозро дар ҷаласае (конгрессе)  гирд оварда , зимни сухангустариҳо ба сони бартариҷӯии турктаборон, шиорҳо вобаста ба хислату хӯйи наҷиби гург ва гирд омадани туркон зери ҳикматҳои ин намоди рӯҳафзо, ба миён оварда буданд. Аз ҷумла аз ин сатрҳо шиори бузурге ороста буданд, ки маъниашро  дар зер меоварем:
MƏN, TƏK MƏNƏM! TÜKƏNMƏZƏM! YANAR ATƏŞ,HEÇ SÖNMƏZƏM!
TANRI OĞLU,TÜRK OĞLUYAM! MƏN YOLUMDAN HEÇ DÖNMƏZƏM!

Яъне: Гург хуношом аст, Гург ҳавои ғуборолудро меҷӯяд.

 Гургро набояд ба гӯсфанд супурд,

 Ба гург дӯхтан биомӯзон, вале даррондан касби гург аст.

Гургро дар хона нигаҳ бидорӣ ҳам, хонагӣ нахоҳад шуд.

Агар гург бовиҷдон мебуд, рӯзона рушод пайдо мешуд.

Туркон дӯст доранд, ки бо ёдкари достони нисбат доштани миллаташон ба гург бартарии ин даррандаи сахроро  бо сифатҳои ҷасорат, ғалаба, ғамхорӣ баҳри шиками сери худ ва гургбачаҳояш бозгӯ намоянд. Ҳатто чунин тавсифҳо низ дар бораи рӯҳи гургсони турк ба чашм мехӯранд:

«Душа Тюрка не кусается, а загрызает на смерть!!! Бозкурт!!! Это не просто животное, не просто серый волк, а это символ ТЮРКСКОЙ ДУШИ!!!» (Рӯҳи турк намегазад, балки то ба куштан хойида, пора мекунад. Бозкурт ин на танҳо ҳайвон аст, на танҳо гурги хокистариранг аст, балки рамзи руҳи туркӣ мебошад.)

Ҳамин аст, ки бисёре аз саркардагон ва доҳиёни турк боифтихор аз номи гург ба худ тахаллус ихтиёр кардаанд. Ба монанди достони ба дунё омадани гузаштагони Чингизхон ва ё сарвари давлати Туркияи Усмонӣ, Камол Ататуркро,  «Гурги Хокистариранг» унвон кардан. (Гурги Бур. Вожаи бозгӯкунандаи ранги хокистарӣ —  «бӯр» аз калимаи туркии «гург» вом гирифта шудааст.)

Ин ҳама сифату кайфиятҳои неке, ки ба гург нисбат медиҳанд, чеҳраи зишту зиёнбори ин даррандаро аз нигар дур мебаранд. Ончуноне ки аз маводи  Википедия — фарҳангномаи озод бармеояд, гург ҳамааш шуда аз оилаи сагу шағол мебошад: «Волк, или серый волк, или обыкновенный волк[1] (лат. Canis lupus) — хищное млекопитающее семейства псовых. Вместе с койотом (Canis latrans) и шакалом (Canis aureus) составляет небольшой род волков (Canis).»

 Дар китоби «Луғатномаи символҳо» — и Ҷек Трессидер омадааст, ки ба гург хислатҳои хунхорӣ, ваҳшигарӣ, хашму ғазаб, бераҳмӣ, ҳирсу пурхӯрӣ, кинаварзӣ маккорӣ ва ҳамзамон ҷасорату ғалаба хос аст.

Ба гуфтан меарзад, ки бо ишора ба ин хислатҳои нопок, ғайритуркон ғолибан гургро зишту кареҳу бадсиришт дарёфта, дар чеҳраи он ҷодӯгарӣ, ҳирсу тамаъ ва гурусначашмиро бознамоёндаанд. Чунончи насрониҳо гургро символи бераҳмӣ, маккорӣ, шарру хашм ва фалокату куфр, иблиси таҳдидгар ба бовармандони дин медонанд. Достонҳо дар бораи занони шарири ҷодӯпараст ва мардони ба иблис табдил гаштаи ба худ сурати гург касб карда зиёданд, ки намоду символи таҷовузкорӣ, зӯроварӣ ва садизм мебошанд.

            Агар нигоҳе бар осори гузаштагони дури худ, аз ҷумла ба китоби муқаддаси «Авасто» барафканем, ба равшанӣ мебинем, ки гург намоди бадхоҳон, барҳамзанандагони покиву ростӣ, ҳампаймону ҳамсони дуздону раҳзанон ва шарирону аҳриманзодагон мебошад. Дар ниёишҳои Зартушт ба худованд омадааст, ки «… то пирӯзӣ ёбам бар ҳама ситезагарону душманону бадхоҳон ва барандозам ононро ҳама аз девону мардуми бадравиш ва ҷодӯвону париёну бедодгарон ва кавиҳову карпанҳо (шайтонҳо) ва барҳамзанони назму ростӣ ва гургони чаҳорпо ва сипоҳи бадхоҳе, ки ба душманӣ ҳамлавар аст…. Аз ту хоҳонам аз газанди дуздону раҳзанон ва ҳуҷуму ҳамлаи гургон аз пеш огаҳ шавам.» («Авасто», Т., 13    с. 457) Дар банди 11 «Урдабиҳишт яшт» низ гург аз офаридаҳои Аҳриман дониста шуда, дар ҷое, ки аз сифатҳои фариштаи Урдабиҳишт гуфтугӯ мешавад, омадааст, ки ин фаришта барозандаи ҳама зуҳуроту офаридаҳои Аҳриман аст. Гург дар шумори офаридаҳои Аҳриман ва аҳриманчеҳрагон — Vehrko — Tcithra) мебошад. Ва чуноне ки дида мешавад, вожаи «гург», баргирифта аз «аҳриман» аст.

Бархе аз донишпажӯҳон вожаи туркӣ – муғулии «ошино» — ро ба маънии гург донистаанд. Гург дар забони туркии қадим ба сурати «бурӣ» аст, вале дар забони муғулӣ гургро «шину» (shino) меноманд. Пешванди «о» — آ, ки пеш аз «шину» омадааст, дар забони чинӣ, нишонаи эҳтиром аст. Бад – ин тартиб вожаи «ошину», «ошино» ба маънии «гурги муҳтарам ва наҷиб»аст. (Маънӣ баргирифта аз пажӯҳиши туркшиноси овозаманд, Л.Н.Гумилёв, «Древные тюрки», М.,1967, с.23)

Дар яке аз тасвирҳои суратгари бузурги Ирони асри XVI, Султон Муҳаммад, ки имрӯз дар осорхонаи Лондон нигоҳ дошта мешавад, ба унвони «Каюмарс дар ҳалқаи одамону ҳайвонот» — подшоҳи нахустини ҷаҳон Каюмарс бо писараш Сиёмак ва Аҳриман низ бо писараш, ки сураташ ба сони гург буд, бозтоб гардидааст. Аз ниҳоди писари Аҳриман ҳасудиву хашму кина, бар чеҳрааш тобида буд ва ҳамзамон амшосипанди Суруш шоҳро аз дасисаи ниҳонии душман бохабар мекард. (М.М.Ашрафӣ, «Эволюция творчества Султон Мухаммада», ж. «Ирано – Славика», 2005 г., №2(6), стр.56).

            Чунон ки дар «Шоҳнома» ҳувайдост, Ҳаким Фирдавсӣ низ симои аҳримании гургонро ба туркони Турону Чин намоён кардааст:

 

                                   Ки он турк бадандешаву риман аст,

                                   Ки ҳам баднажод асту Аҳриман аст.

Ва ё:

 

                                    Ду чашмаш кажу сабзу дандон бузург,

                                    Ба роҳ андарун каж равад ҳамчу гург.

 

Пеш аз ин дар боло омад, ки туркон аз номи гург тахаллус касб карда, аз бозгуфт ва бознамуди андешае, ки гузаштагонашон гургзода буданд, ифтихор доранд. Чунон ки дида мешавад, гаҳе дар «Шоҳнома» низ ба номи туркии вобаста ба гург дучор меоем ва низ номи яке аз сарлашкари туркон бо забони форсӣ, унвон гирифтааст:

 

                                   Яке турк буд номи ӯ Гургсор,

                                   Зи лашкар биёмад бари шаҳриёр.

 

Афзун бар ин бояд ишора кард, ки Ҳаким Фирдавсӣ гургро аҳриманзода номида, ҷараёни ҷангҳои паҳлавонони ирониро бо гургон, аз ҷумла дар достонҳои «Куштани Гуштосп гургро» ва  «Куштани Исфандиёр ду гургро» хеле ботафсил бозтоб кардааст:

 

                                   Зи пеши падар рафт Исфандиёр,

                                   Сӯи роҳи Турон або Гургсор.

 

Пеш аз анҷоми ин навиштор боиста медонам ин нуктаро бозгӯ намоям, ки ба гург нисбат додани туркон дар «Авасто» ва низ хешро зодаи модагург гуморидан ва ҳамчунон бо гургсифатӣ чашм дӯхтани бархе беморони қиссаҳои торихӣ ба сарзамини аҳуроии мову талошҳоямон барои бозшинохти миллӣ ва раҳоӣ ёфтан аз гиреҳҳои барсохтаи ҳамсоягон, моро бештар ба худогоҳии таборӣ, жарфтар андешидан ба хештани хеш вомедорад. Ва дар поён аз ҷустори гузарои худ натиҷагирӣ мекунам, ки мавзӯи пеши дидори хонандагони гиромӣ оварда, дар нигари нахуст дархӯри жарфковӣ намебошад. Аммо агар нигоҳе бар дарёфтаҳои фароторихии миллати тоҷик, ба таври умда иронитаборон барафканем, метавонем чунин бардошт кунем, ки дар он замоне, ки рӯҳи дарунандешагии падарони мо маниши нек, куниши нек, гӯиши нек буд, он ҳамлаварони биёбонгард, насли худро дар рӯҳияи гургманишӣ ба воя мерасонданд ва ҳамин буд, ки дасти нопоки рӯзгор ва душманони ғаддор ба сарзамини озодагони донишгаро чираманд гашта, дар дарозои ҳзору анд сол пеши роҳи донишзоӣ ва фарҳанговариро бастанд, ки фарҷоми он кӯч бастани машъали эъҷозу бозёфтҳои фановарӣ аз Ирони Бузург, ба Руму Фарангу Сақлоб мебошад.

Реклама

Один ответ

  1. Пас ин мактабхои гурги дар кишвари мо киро тарбият мекунанд? Шеронро табдил ба гург мекунанд ва ё шерон Шер мемонанд?
    Хар гунае ки бошад эътимод бар галабаи рушнои дорем ва бовари дорем ки хуни поки Офтоби галаба хохад кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: