49 сол, ё шояд 490 соли Русия дар Точикистон

Чанде расонаҳои хабарӣ пиромуни паймони Русияву Тоҷикистон барои дар кишвари мо 49 соли дигар бозмондани нерӯҳои низомии Русия сару садо баланд карда буданд ва бахше аз онҳо пурсише ба миён гузоштанд, ки чаро муддати паймонро маҳз ба 49 рақам задаанд, на масалан ба 50, 55, ё 47, 48. Шӯхтабъон дар  ин рақам фолеро ҷӯстанӣ шудаанд, ба монанди 49 соли вомондани нерӯҳои Русия, пайваста ба дарозои умри отияи президенти ояндаи ин кишвар, Путин. Аммо иддае аз таҳлилгарон рақами 49 – ро таҳқире гуморидаанд, ки Медведев бедуни хурдтарин назокату эҳтироме ба худмухтории давлати дигар тамасхур задааст. Бархе таҳлилгарон низ бар онанд, ки буду боши он пойгоҳ барои амнияти кишварамон судманд буда, бадкирдорони толибӣ ва ҳамсояҳои бадсиголамонро бо роҳи ҳампаймон будан дар Паймони Шонҳой, аз таарузи эҳтимолӣ бозмедорад. Андешаварзони дигар гумон доранд дар кишваре, ки 20 сол кунун соҳибистиқлол аст, буду боши низомиёни кишвари бегона нангбор менамояд, ҳатто агар бегонагон аз дӯстӣ лофу газоф гӯянд. Ҳанӯз кӯрдуди мунозираҳо пиромуни ин иқдоми ғайричашмдошти Русия бартараф нашуда буд, ки сиёсастбозони ин кишвари ҷаҳонхор ҳилаи дигари ниҳонии худро аз пушти ғубори дуд намоён сохтанд; демократияи русиро ба соддаҳои ҷаҳон ба ин гуна намоиш доданд,  яъне “бубинед, мо чун осиёиҳои бетамаддун ва хонпарасту шоҳманиш, мақоми президентиро барои як умр (чун Назарбоев), ё меросӣ (чун Алиев) ва ё аз роҳи ҳилаҳои шарқиёна (чун Ислом Каримов) намепазирем. Мо ин корро бо тамаддуни баланди авруосиёӣ (“цивилизованно”) мекунем; се – чор сол сояи худро ҷонишин месозему сипас ба мақоми пешин бозмегардем.

 Ҳилаи тозатарини таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб карда ва сиёсатдононро дар ҳайрат гузошта, ваъдаҳои навини Путин дар мавриди бунёди Иттифоқи сегонаи Русия – Белорусия – Қазоқистон ва сипас ба он ҳамроҳ кардани Қирғизистону Тоҷикистон мебошад. Ин ҳилаҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳони истеъмор барои жарфандешон ҳайратангезу шигифтовар нестанд. Ба нуктасанҷони жарфнигар равшан аст, ки Русия ба масобаи як ҷаҳонхори классикӣ на мо ва на кишвари дигари Осиёи Марказиву Қафқозро ҳаргиз раҳо карданӣ нест ва буду боши низомии хешро дар ин паҳна яке аз хостҳои миллии худ медонад. Ва агар ин кишварҳоро демократпарасти ғаюртарин ҳам сарварӣ кунад, дар сурати напазируфтани хостҳои миллии ҷаҳонхории Русия, таззорҳои (царҳои) кунунии он, дар ниқоби «Президент», бо дасти дарозу дастгоҳи ҳамабин ва ҳамашунави худ (всевидящие глаза, и всеслышащие уши –  М.Ю.Лермонтов),  он  сарвари ғаюри ҷӯяндаи озодии мутлақро, ё бо дасти рақибону мухолифонаш аз курсии раҳбарӣ меафканад, ё он кишварро ба вартаи нооромиҳову нокомиҳо гирифтор мекунад.

Мо дар ин фурсат маҷоли бозгӯ кардани торихи 400 солаи юришҳои таззорону лашкакашони русиро барои ишғоли сарзаминҳои Уролу Сибир, Шарқи Дуру ҷазираҳои Уқёнуси Ором, Қафқозу Осиёи Марказӣ, соири марзҳои мутаалиқ ба Ирону Туркия, ҳамчунон ба хости худ аз нав тартиб додани нақшаи ҷуғрофиёии шашяки ҷаҳон  ва зимнан номгузории кишварҳоро (ба гунаи Туркистон унвон кардани Вароруд, ё дар  даҳсолаҳои ахир “кашф” кардани қораи нав ба номи Евразия), надорем. Танҳо ҳаминро бояд бигӯем, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бохтҳои бахше аз марзҳои Императории Русия, барои рафтори ҷаҳонхории бузургманишони он фоҷеабор аст ва ишон ин шикасти худро дар поёни асри XX ҳаргиз нахоҳанд бахшид ва бо шеваҳои ҳилабори навин дар пайи ҷуброни бохтҳои хеш мебошанд. Дигар имрӯз ҳар кишвари равиши Русия напазируфтаро метавонанд бо таркибу истилоҳоти навин, аз қабили «дастнишондаҳои терроризми байналмилалӣ», «миллатгароёни паймоншикан», “сепаратистон”  унвонгузорӣ намуда, ба ҷудоихоҳону русгароёни он кишварҳо тамғаи «озодипараст», «истиқлолиятхоҳ» ва монанди он насб намоянд. Ғолибан тасаввур мешавад, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, дар рӯи вайронаҳояш 15 давлати мустақил барпо гаштааст, аммо бинандаи тезбин огоҳ аст, ки ҷуз аз ҷумҳуриҳои Литва ва Эстония дигарон аз истиқлолияти мутлақ бархӯрдор нестанд ва ағлаби ин кишварҳо аз паёмади истиқлолхоҳӣ ба шикасту осебҳои ҳангуфт дучор омада, то ҳанӯз дар вартаи носозиҳову ошуфтагиҳо ҷой доранд. Ончуноне ки бо сарвариву фармондеҳии полковники бознишасти нерӯҳои низомии Русия, Стефан Китсак ва ҳамлаи десантчиёни  генерали рус, зери фармондеҳии Александр Лебедев, бар асари хунрезиҳои мардуми бумӣ ва муқовимати дастаҳои силоҳдори ғайримолдов, Приднестровяро аз Ҷумҳурии Молдова ҷудо карда, давлати ба расмият нашинохта, ба унвони “Ҷумҳурии Приднестровии Молдова” барпо карданд. (Президенти Русия, Елтсин фармон дод, ки Артиши 14 уми Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Молдова ҷойгир аст, ба салоҳдиди Русия баргардонда шавад.) Ва ё бинобар ин ки Гурҷистон аз рӯзҳои нахустини рӯ ба завол ниҳодани Шӯравӣ мавзӯи аз марзи худ берун кашидани ҷузвитомҳои низомии Русияро  ( онҳо дар мавзеъҳои Гудаута, Визиани, Батуми ва Ахал – калаки ҷойгир буданд), ба миён овард, чанде нагузашта дар иёлати Абхозияи ин кишвар дастаҳои чирикӣ созмон ёфтанду бо ҳамёрии козокҳои қафқозии русӣ ба куштори саросарӣ ва берун кашидани мардуми гурҷитабори муқими ин иёлати  солиёни дароз дар марзҳои Гурҷистон қарор дошта, пардохтанд. Ва ба он комёб шуданд, ки Абхозияро аз марзҳои ҷумҳурии бозбунёди Гурҷистон ҷудо карда, давлати ҷудогона эълом доранд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ (ҷуз Русия) онро ба расмият нашинохта, амали сарварони Русияро истилогарӣ бознамоёндаанд. Чун Гурҷистон аз ин истиқлолиятхоҳии мутлақ «дарси ибрат» нагирифта, талош барои пайвастан ба паймони НАТО карда, афсарони худро дар мактабҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба омӯзишу парвариш пардохт, русгароёни Осетияи Ҷанубиро зидди гурҷиҳо барангехта, дар он ҷо ҳамчунон ҷанги байнихудӣ барангехтанд ва Русия бедуни эъломи ҷанг на танҳо ба Схинвал, маркази вилояти  мухтори Осетияи Ҷанубӣ, балки то ба шаҳри Гори,  ҳамла карда, ба ишғоли Тифлис таҳдид овард ва ин ҷузви Гурҷистонро низ ҷудо сохта, давлати алоҳида эълом кард. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои шомили ба ном Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин дастнишондеҳи Русияро низ ҳамчун давлати мустақил напазируфт.

Ба гуфтан меарзад, ки дар оғози истиқлолхоҳӣ Озарбойҷон низ ба самти ҳамкориҳо бо ҳамзабонони худ, Туркияи Усмонӣ майлу талошҳое аз худ нишон дода, хоста буд артиши худро ба гунаи амрикоиву туркӣ муҷаҳҳаз кунад ва дар тавлиду фурӯши газу маводи нафтӣ бо кишварҳои дигар корсозӣ кунад. Аммо ба зудӣ ин ҷумҳурӣ низ гирифтори ҷанг гашта, арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, бо ҳамёрии силоҳи русӣ тавонистанд маъвои падарии хешро аз Озарбойҷон ҷудо созанд. (Қарабоғи Кӯҳӣ аз қадим устони арманинишин буда, 184 ҳазор, ё 74% ҷамъияташ иборат аз арманиҳо мебошад. Ва то Инқилоби Октабр шумораи ҷамъияти арманиҳои Қарабоғ то 93% ро ташкил мекард.)

Украина, ба вижа Украинаи Ғарбӣ яке аз он кишварҳое мебошад, ки мардумаш ба монанди наздибалтикҳо ва гурҷиҳо дар замони шӯравӣ ҳам ба истиқлолиятхоҳӣ гароиш дошта, ҳамеша бо сарбаландӣ ғурури миллиашонро пайгирӣ мекарданд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ як идда шаҳру вилоятҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим, монанди Қрим, Одесса, Севастопол, Донбас дигар акнун ба Русия таалуқ надоштанд ва аз ин бохтҳои ҳангуфт сиёсатпешагони рус хеле афсӯс хӯрда, ҳич намехоҳанд фазои русӣ ва сарбози русӣ ба вижа новгони (флоти)  Баҳри Сиёҳ аз он марз ба кишвари худ бозгардад. (Ёдкарди ин рӯйдодҳо аз воқеоти зиёди Қрим намунаи чашмгирест: нахуст бо ҳамёрии дастгоҳҳои маълум, анбӯҳи тоторҳои Қрим аз ҷойи зист ба зодбуми бобоиашон сарозер шуда, ба маъмурияти украинӣ махмасаҳо бунёд карданд. Бо баҳонаи он ки Қрим зери фармонравоии Екатерина забт гардида буд, бузургманишони русӣ дар он ҷо пайкараи  мармарини ӯро насб карда, дар миёни ҷамъияти украинҳо ошӯбе барпо намуданд.) Барои паст кардани истиқлолиятхоҳии мардуми украин аз тамоми ҳилаҳову говзӯриҳо кор гирифта шуд, то ахиран бар он комёб шаванд, ки ба ивази Юшенко шахсияти русгаро, Януковичи парвардаи Донбас маснади президентиро азхуд кунад ва ҳамзамон Русия яке аз муҳраҳои довии (козырная картаи) худ масъалаи шартҳои фурӯши гази табиъиро дубора ба миён гузоранд. (Дар ин фурсат аз фоҷеаҳои мудҳиши Тоҷикистон, аз “қувваи севвум”, ки ба оташи ҷанги худии тоҷикон пайваста равған мерехт ва то ҳанӯз ҳам дар сафҳаи торих аз ин “қувваи севвуми” мармуз чизе нигошта нашудааст, маҷол нест.)

Воқеъан, яке аз муҳраҳои довии бозиҳои ҷаҳонхории Русия, “дасисаи энержӣ” (энергетический шантаж) мебошад, ки аз он дар кишвари мо ба таври гирову фаровон кор мегирад. Ва ҳамин аст, ки дар сарзамини бегона, монанди Тоҷикистон, бо истифода аз шароити мусоиди гидрологӣ ва нерӯи кории арзон, нерӯгоҳи барқи обӣ (Сангтуда 1) сохта, бо роҳи, бастани шартномаи асоратомез, 75% боздеҳии  нерӯгоҳро моли худ донистааст ва тасмим дорад бо пардохтҳои ночиз рӯйи заминҳои кишвари камзамини мо пояҳои барқӣ насб карда, барқашро ба Афғонистону Покистон бифурӯшад. (Ногуфта намонад, ки ба ҳангоми насб кардани пояҳои баландшиддат, рӯйи садҳо ҳектар замин, роҳҳои мошингарди муваққатӣ сохта шуда, ба табиат – ҷангалдориву заминҳои чарогоҳ осеб расонда мешавад). Ҳамин аст ки Тоҷикистонро дар забон шарики стратегии худ дониста, дар амал ҳаводори дасисаи энержии (энергетический шантажи) Узбакистон барои сохтмони Роғун мебошад. Ҳамин аст, ки дар миёни мизоҷони бозори нафти Русия, нархи сӯзишвории нафтӣ барои Тоҷикистон болотар аз давлатҳои дигар мебошад. Ҳамин аст, ки ба сони 15 сол пеш ба воридоти майҳои Гурҷистон ва Молдова,  бо вуҷуди майҳои беҳтарини ҷаҳон дониста шуданашон таҳрим эълом кардан, дар ворид кардани меваҳои хушки Тоҷикистон низ ба Русия саддгузорӣ мекунад.

Яке аз ҳилаҳои навини давлатдории Русия бо баҳонаи демократияву озодии эътиқод як идда ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаҳои миллатгароиеро бунёд кардану салоҳияти густурда бахшидан аст, ки бахши чашмгире аз онҳо аъзои Думаи Русия буда, фраксияхои худро ташкил додаанд ва пайваста аз тариқи воситаҳои ахбори омма, бештар аз пушти пардаи шишагини телевизион,  фарҳанги точикбадбинӣ ва шовинизми миллиро дар миёни русҳо интишор ва талқин мекунанд. На танҳо роҳбарони он ҳизбу ҳаракатҳои шовинистӣ чун  Жириновски, Рогозин, Митрофанов, Лимонов ва як силсила галасагони неофошистиву скинхедӣ, балки сиёсатмандони баландҷойгоҳе монанди Гризлов, Белов (вакили Дума), бо ҳамёрии шабакаҳои телевизионии НТВ, РТР ва дигар расонаҳои хабарӣ ба коштани тухми нафрат бар тоҷикон (культивация ненависти) пардохтаанд. Мо дар ин ҷо намехоҳем барномаи казоии маймунгариҳои Галустянро ёдовар шавем, зеро дар бораи он вокунишҳову гуфтаҳо зиёд буданд. Ҳоло мехоҳам бардоштҳои иҷмолии худро аз мизгирдҳо ва маърӯзаҳои сиёсиёни русӣ, ки рӯзҳои ахир аз телевизион пахш гардидааст, пеши дидори ҳамдиёрон оварам.

Шоистаи гуфтан аст, ҳар гоҳ аз забони гӯишгарони шабакаҳои бешумори телевизионии Русия номи қавми худро ба гунаи “таджик” ва он ҳам бо ришханд мешунавам, як сӯзанзание дар дил эҳсос мекунам ва шоме бо шунидани ин вожаи бароям пурарзиш, ба садои қутии ҷодӯии телевизион, ки ба шабакаи ОРТ (4 08 2011) нигаронида шуда буд гӯш фаро дода, намоиши мубоҳисавиеро унвонии Ток – шоу “Национальный интерес”  тамошо кардам.  Дар толор намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи русӣ, аз ҷумла муовини Жириновски, вакили Дума Митрофанов ва се нафар вакилони Дума аз фраксияҳои гуногун ва ҳуқуқдонону шахсиятҳои расмии сиёсӣ гирд оварда шуда буданд ва шигифтовараш он буд, ки ин тудаи ҳомиёни адолату додхоҳии байналмилалӣ ҷавонаки тоҷики мардикорро бо номи Фирӯз ва модараш Наргисро рӯ ба рӯи худ шинонда, якдилона ба самимияти ишқи он ҷавон нисбат ба маъшуқаи русиаш шак бурда, пайваста ҳама тахмин мезаданд, ки ин шахси бехонаву дар, танҳо барои ба қайди (пропискаи) Маскав гирифтани худ, духтари русиро ҳомиладор кардааст. Қобили ситоиш аст, ки Фирӯз бо қомати баланду мавзун, чеҳраи ориёӣ, мӯйи сари хушороиш, бо забони русии пурраву лаҳни қотеъ, иддаои як мушт одамони гирифтори шовинизми бузургманишии русиро радду такзиб мекард. Бо тамоми ҳавсала тасбит карданӣ мешуд, ки дар қайди Маскав будан барояш муҳим нест, бо ишора ба шоҳидии модараш Наргис изҳор медошт, ки дар Душанбе ҳавливу манзил доранд, чун он ҷо кори арзанда пайдо накардааст, дар коргоҳи мошиншӯӣ кор мекунад ва ин духтарро самимона дӯст доштааст. Духтар низ талош дошт ба ҳозирон ва модару падарандараш бифаҳмонад, ки ишками баландаш маҳсули ишқи самимиашон мебошад ва онҳо бо расми мусалмонӣ никоҳ кардаанд, аммо бинобар муҳоҷир будани ҷавон натавонистааст сабти идораи ақди никоҳ дошта бошанд. Аммо анбӯҳи миллатгароёни расмии русӣ, яъне на тоссарҳои скинхеди ғайрирасмӣ, балки депутатҳои Думаи Давлатӣ, ки дар зери санадҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар имзо гузоштаанд, чӣ таҳқирҳое намекарданд Фирӯзро бо модараш. Ҳатто яке аз вакилони Дума мегуфт “ту чи ҳақ дорӣ, ки бо пули гастрабайтериат ба духтари русӣ  издивоҷ кунӣ.” Митрофанов он ҷавон ва ба таври умда тоҷиконро густох (наглый) номид ва аз соҳиби нуқтаи мошиншӯйӣ пурсид, ки ин муҳоҷир чи гуна кор мекунад? Кордеҳи Фирӯз посух дод, ки бисёр ҷавони хушахлоқу ботарбияву доно аст ва бисёре аз мавридҳо коргоҳро дар ихтиёри ӯ дода, худ ба корҳои дигар машғул мешавад. Як копек ҳам ба ӯ хиёнат накардааст… Саранҷом Каромат Шарифов раиси ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ба масобаи як бечора, ночор ба ҳозирон ваъда дод, ки масъаларо баррасӣ карда, мардикоронро вомедорад то дастҷамъӣ ба Фирӯз ёрӣ расонанд.

Чанде пеш тамоми шабакаҳои радиотелевизионии Русия барномаҳои зиндаро аз Анҷумани 23 уми Ҳизби Либерал Демократии Русия (ЛДПР), бо суханронии якунимсоатаи сарвари он Жириновски ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пахш кард. Жириновски зимни суханронии хеш саросар арзишҳои миллии русиро зидди арзишҳои миллатҳои дигар, бо лаҳни дағал мегузошт ва бо як нафрати вижа даъво мекард:  “маблағҳои буҷа ба вилоятҳои ҷанубии Русия ҷудо карда мешаванд, ки дар хонаводаҳояшон то 10 – 15 нафар кӯдак зиндагӣ мекунанд. Бояд пулро ба оилаҳое дод, ки як фарзандӣ доранд, ба он навоҳие, ки он ҷо русхо зиндагӣ доранд.” Вай гаштаву баргашта таъкид мекард, ки дар гузаштаҳои торихӣ ба Русия Чингизхон таҳдид мекард, сипас Ғарб – Олмон, аммо ҳоло бошад таҳдид аз Ҷануб аст. Ӯ мегӯяд “Амрико режимҳоро иваз мекунад, Ироқро бомборон мекунад, ҷаҳонро маҷбур мекунад то ба шеваи амрикоӣ рафтор кунанд ва мо бояд тамоми ҷаҳонро маҷбур кунем, ки бо забони русӣ сухан гӯянд, моламонро бояд Амрико бихарад.” Ҳамчунон пайваста иддао дошт, ки осиёиҳо бояд гӯсфанд бичаронанд, ангӯр бипарваранд, пахта кишт кунанд ва чун Александри III ҷонибдор аст, ки Русияро бо Ҷануб деворбандӣ кунанд. Пас аз   шиорпартоиҳои ҷунуномез, ба сони “За русских, за Россию” (барои русҳо, барои Русия), бо сурудани суруди ҳизбӣ, ки оҳанги маршгунаи фошистони ҳитлериро ба ёд меоврд, анҷуманро ба поён расонданд. 

Дар авохири моҳи гузашта барномаи дигари телевизионие унвонии “Поединок” (РТР, “Ҷанги тан ба тан”) ба чашмам хӯрд, ки он ҷо сиёсатмандони шинохтаи Русия, вакили Дума Рогозин, раиси ҳизби “Яблоко”, Митрохин, раиси ҳаракати “Русский фонд”, генерали мустаъфӣ Вячеслав Никонов, доктори фалсафа  Леонид Поляков, як силсила сиёсатшиносони овозаманди он кишвар гирд омада, бисёре аз ишон аз русҳои бахтбаргаштаи бечора шикваву нола мекарданд, ки бар асари маҳрумият аз худэҳтиромии миллӣ (национальное самоуважение) ва либерализм нишон додан нисбат ба халқҳои дигар, дар ватани худашон хору зоранд. Рогозин мегуфт, ки мо русияти худро аз даст додаем, мо шароит фароҳам овардаем, ки моро эҳтиром накунанд (мы перестали быть русскими, мы позволяем себя, так что нас не уважают),  мардикорони (гастрабайтерҳои) тоҷик худро густохона  (вызывающе) нишон медиҳанд. Он Рогозине ки дар давлатдории Русия мақоми баландро ишғол мекунад,  гуфторе дошт ки гӯё 70 сол пеш аз минбари Рейхстаг садо медиҳад; “Русия барои онҳоест, ки Русия ватанашон аст.” (Россия для тех, кто Россия для них родина.)  Сиёсатпешагони бузургманиш дар ҷараёни гуфтор хешро гум карда, гаҳе ба истеъморгару таҷовузкор будани кишвари худ ба ногоҳ қоил мешуданд. Аз ҷумла Рогозин мегуфт, ки “Россия ҳамсони таҷовузгарони дигар, чун англисҳо сарватҳои кишварҳои забт кардаашро кашида бо худ набурда буд, балки дар он кишварҳо бунёдгар будааст.” (Россия как колонизатор создал в других странах, а не как англичане выкачивали из этих стран…)

            Лозим ба ёдоварист, ки албатта  Русияи фарҳангӣ, яъне Русияи Лермонтову Тютчев, Есенину Шаляпин наметавонад саросар аз шовинистҳо иборат бошад. Ва дар барномаи дар боло ёдшуда низ чанд  тан аз фарҳангиёни бохирад чун Митрохин пайдо шуданд, ки мегуфтанд «тоҷикон магар гуноҳе кардаанд, ки партовҳои шуморо ҷамъ карда мепартоянд». Ва аз толор шахсе низ садо баланд кард, ки «мехоҳед тоҷикон бо ин рафторе, ки ба онҳо муносиб медонед таври дигар муносибат кунанд? (Вы хотели бы, чтобы таджики вели себя иначе как вы относитесь к ним?).» Дар ин кишвари паҳновар шумори зиёди одамоне зиндагӣ доранд, ки аз миллатгароиву шовинизми бузургманишӣ безоранду гурез доранд ва бархе аз онҳо, монанди рӯзноманигорони овозаманди ҷаҳонӣ, Олег Панфилов ва Матвей Гандполски Русияро тарк гуфта ба Гурҷистон ҳиҷрат намудаанд. Онҳо дар барномаи русии «Час пик» и Тифлис хати маши сарварони имрӯзи Русияро заволовар (губительно) арзёбӣ кардаанд. Мегапроекти Путинро дар мавриди бунёди иттиҳоди сунъии Авруосиё (конгломерат Евразия) – ро ҳамсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) бепояву бемоя донистаанд. Дар ҳақиқат бохтҳои Русия дар Қафқоз бохтҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистонро монад, зеро лашкар кашидан бар зидди ҳампаймони худ бохти азимест, бад – он гуна ки Русия ба Гурҷистон лашкар кашид. Сиёсатдонони солимандеша таҷовузи Русияро ба Абхозия ва Осетияи ҷанубӣ фоҷеаи ҳам халқҳои Русия ва ҳам Гурҷистон номидаанд. Аз ҷумла сиёсатшиноси шинохта Максим Шевченко онро«як гоми устувори Русия ба самти империализм» номидааст. Ва ёдкарди ин нукта зарур аст, ки дар он замон Шӯравӣ бо кишварҳои дигар ғолибан бо лаҳни дипломатӣ гуфтугӯ мекард, аммо Путину Медведев дар рухдодҳои риққатбор, ки боиси талафу бехонумонии мардуми бегуноҳ гаштааст бо таҳдид сухан ба лаб меоваранд: «Пусть скажут спасибо, что я не приказал водить войска в Тбилиси. (Бигзор ташаккур гӯянд, ки ман амр накардам, то лашкарро ба Тифлис ворид кунанд.)» Ҳамин шеваи муносибатҳои худхоҳонаи бузургманиширо ба нигар гирифта, шахсияти овозаманди сиёсии Русия, Борис Немтсов, ки чанд сол пеш дар сари деги сиёсатпазии он кишвар қарор дошт, чунин гуфт: «Внешняя политика наша катастрофична; вокруг нас нет ни одного друга. (сиёсати хориҷии мо фалокатбор аст; дар атрофамон мо як нафар ҳам дӯст надорем.) »

Ва мо бо овардани гуфтаҳои Борис Немтсов ба навиштори хеш анҷом дода, орзӯ дорем, ки таҳлилгарони ҳамватанамон ба ҳангоми шунуфтани шакарсуханиҳои ҳампаймонон, иштиҳои қозгири  ҷаҳонхориашонро аз дида дур надошта бошанд. Ончуноне ки Соиб гуфтааст:

                                   Осмон обист зери каҳкашон, аммо дареғ,

                                   Макрҳо дар парда бошад оби зери коҳро.

Реклама

Один ответ

  1. Мутаасифона он чо сиёсати руси не, балки сахюнисти амали гашта истолааст, ки хоху нохох агар хамингуна идома ёбад, сари тамоми кавми дар Руссия бударо хохад хурд. Ва баъд онхое ки худро пешвоёни марудми рус мехисобиданд тагири ном ва милат ва хатто ватан мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: