Зартушт Ҳазрати Иброҳим аст

Ончуноне дар гуфтори гузаштаамон ёдрас шуда будем иллати нотавониҳои фақеҳону олимон дар муҳтавои уқёнусмонанди “Қуръон” аст, ки пиромуни тафсирҳои худ дар бозшинохти шахсиятҳои барҷастаи рӯйи саҳифаҳои каломи Худованд омада, ба натиҷагириҳои зидду нақиз ва гаҳе омиёнаву аз мантиқ дур расидаанд.

 Ва гумон меравад чун «Қуръон» и карим, ки бо забони қадими арабӣ табйин шудааст, ва бо он забон гӯиши форсӣ ғайриманъусу мушкилифода менамуд ва шояд бад – ин сабаб номҳои Зартушт ва Курӯш ба гунаи забонҳои сомӣ Иброҳим ва  Искандар ифода ёфта бошанд. Ҳамзамон китоби муқаддаси «Қуръон» он қадар бузург аст ва чуноне ишора шуд бинобар бо забони қадими арабӣ рӯи коғаз оварда шудани паёми Худованд, фақеҳону дингустарони овозаманди замонҳо ва имрӯзин ба шарҳу тафсири пурраи каломи илоҳӣ ҳанӯз ҳам нотавонанд. (Тавре яке аз муфассирони ниҳоят донишманди «Қуръон» бо забони русӣ, хонум Имон (Валерия) Порохова дар сарсухани чопи китоби илоҳӣ тазаккур кардааст,  «Қуръон» и маҷид тарҷуманашаванда аст.) Бад – он соне ки то ҳанӯз дар атрофи  ҳарфҳои мухтасари  (абривиатураи) дар оғози як силсила сураҳо табйин шуда баҳсу мунозираҳои гуногун хеле зиёд ба миён омадаанд ва касе натавонистааст яқин кунад, ки дар овардани ҳуруфе (комбинатсияе) ба шакли «алиф – лом – мим» (сураи 2), «коф – ҳо – ё» , «айн – сод» (сураи 19), «алиф – лом – ро» (сураи 20) ва амсоли он чи асроре ниҳон аст (хати арабӣ аз 28 ҳарф иборат буда, 29 сураи «Қуръон» аз ин ё он комбинатсия оғоз мешавад). Ва ҳатто бархе аз донишмандон ин ҳарфҳоро ба шеваи имрӯз «рамзи ниҳонӣ», «код», ё «шифр» гуморидаанд, ки дар онҳо мазмуни мармуз,  вале муҳим ниҳон аст. Ончуноне хонум Имон (Валерия) Порохова дарёфтаанд «таҳлили фонетикии онҳо нишон медиҳад, ки дар ҳарфҳои оғози 29 сураи номбурда тамоми овоҳои артикулятсионӣ (тарзи талаффуз) ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо асроре ниҳон аст, ки бо гузашти вақт он зоҳир хоҳад гашт».

Ногуфта намонем, ки дар адабиёти  мусалмонӣ ин ҳарфҳоро ба гунаи “ал – ҳуруф ал — муқаттаъот” (ҳарфҳои асрорангез), ё бо таркиби “ал — фавотеҳ” ( фотеҳаҳо ) ёдовар мешаванд ва дар тафсири онҳо аз наздикони Муҳаммад (с), чун  Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Масъуд шурӯъ карда, то Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Ат – Табарӣ , Сайид Қутб ва садҳо муфассирони дигар натиҷагириҳои гуногун кардаанд. Бахши зиёди онҳо бар он будаанд, ки он ҳарфҳо ба Муҳаммад (с) нозил гашта, дигарон ба дарёфти маънии онҳо нотавонанд.

Чеҳраи дигари «Қуръон»  и карим, ки иддае аз пажӯҳишгаронро ба боварии Зартушт буданаш водор мекунад, Иброҳими паёмбар мебошад. Инҷониб солҳост ба бардоште расидаам, ки дар китоби илоҳӣ аз ду шахсият ба унвони Иброҳим ёд шудааст, вале чун  ҳамдиёрони мо ғолибан нисбат ба гуфтаҳои худӣ ба бегонагон боварманданду навиштори хориҷиёнро арҷгузорӣ мекунанд, аз изҳори хаттии ин андешаам худдорӣ карда, то фурсате ки нигари хориҷиеро пайдо кунам наздик ба дарёфтҳои хеш. Дар миёни донишмандоне, ки нигарашон дар маврид ҳамсони дарёфтҳои мо мебошад мехоҳам ба овардаҳои мантиқии пажӯҳишгари озарбойҷонӣ, Воқиф Алиакбаров ишора намоям. Албатта мо ба ақидаҳои Воқиф Алиакбаров, ҳамчунон ба хулосаи тамоми ҳамақидаҳои мағрибиву машриқиаш, дар бораи зодаи Озарбойҷон будани Зартушт ҳаргиз ҳамбовар нахоҳем буд, зеро донишиёни донои аз таасуби миллӣ орӣ буда тасбит намудаанд, ки зодбуми паёмбари порсиён Балх мебошад ва ба паямбарӣ расиданаш бо рӯди Доятик (Дотик), яъне рӯди Омӯ пайвастагӣ дорад, яъне пас аз обтанӣ дар он, фариштаи Ваҳуман ваҳйи худоро барояш расондааст.

Ба номшиносони доно равшан аст, ки номи Зартушт аз ду вожа; «зар» ва «тиштра» (ситора) баргирифта шудааст, яъне ситораи зарин. Тахмине низ дар миён аст, ки Зартушт, яъне «дорандаи уштури тиллоӣ», аммо чунин натиҷагирӣ пиромуни маънии “зартушт”  аз нигоҳи вожашиносӣ аз мантиқ дуртар аст.

Дар китоби Худованди яктои беҳамто, дар сураи 53, «Ан — наҷм» (ситора), дар бораи китобҳои Мусо ва Иброҳим бо жарфтар андешидан ин нукотро метавон эҳтимол ба яқин донист, ки дар иборати “суҳуфи Иброҳим” ишора бар навиштаҳои “Авасто” ҷой дорад. Чунончи:  “… ки огаҳ нашуд ба он чи роҷеъ ба “Таврот” и Мусои Имрон аст ва ҳам дар суҳуфи Иброҳими халили вафодор бар қавли худ, ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро ба душ нахоҳад гирифт” (ояҳои 36, 37)

Ва ҳамчунон ояи 49 касро ба андешае раҳнамун месозад, ки Худованд маҳз офарандаи ситораи “Шӯъро” (Сирус) буданро ба таъкид бозгӯ кардааст. (Шӯъро – аврупоиаш Сирус, аз ҳама ситораи дурахшони Дуби Акбар – саг мебошад, ки бо шуъои кабуди худ дар дили маҷусон тарс меофарид ва бинобар ин ситораро худо мепиндоштанд. )

Бад – он гуна ки дар боло ёдрас шудем, Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст, ки Худованд сад саҳифа ва чаҳор китоб бар анбиё нозил кард; 50 саҳифа бар Шис, 30 саҳифа бар Идрис ва 20 саҳифа бар Иброҳим. Ва ба ҳангоме ки дар “Қуръон” – и маҷид аз китобҳои Иброҳим ва Мусо ёд мешавад, андешае фарогири кас мешавад, ки кадом китоби Иброҳим дар назар аст?! (Ишора бар сураи 88, ояҳои 18, 19 ки омадааст: “Ин гуфтор ба ҳақиқат дар кутуби расулони пешин зикр шудааст. Ба хусус дар суҳуфи Иброҳим ва Мусо муфассал баён гардидааст.”)

Ҳамчунон дар сураи 3 “Оли Имрон”, ояи 65 дар мавриди китоби пешин будани сатрҳои ба Иброҳим нозил шуда чунин баён гаштааст: “Эй аҳли китоб, чаро дар ойини Иброҳим бо якдигар муҷодила мекунед? “Таврот” ва “Инҷили” шумо баъд аз ӯ нозил шуд. Оё ақл намекунед?”

Чуноне гумон меравад дар “Қуръон” и карим ду шахсият бо унвони Иброҳим ба назар мерасад; яке Иброҳими (Авраами) аз бани Исроил, ки фарзандонаш Исмоил ва Исҳоқ (Самуил ва Исаак) мебошанд ва дар “Тавроту” “Инҷил”, падари тамоми яҳудиён дониста шудаанд; дигаре Иброҳими Озар, ки на яҳудӣ буду на насоро ва нигоштаҳо аз гуфтаҳои Худованди якто ба ӯ тааллуқ дошт. Набояд аз дида дур дошт, ки дар “Таврот” ва “Инҷил” падари Иброҳим, яъне Авраам бо номи Форра (Оташ) ва дар “Қуръон” ба унвони Иброҳими Озар омадааст. Гумон низ меравад, ки вожаи “озар” ба Иброҳим бад – он хотир тахаллус шудааст, ки дар Оташи Намруд тори мӯйе аз худ кам накарда, аз он берун баромадааст ва Зартушт низ ба ҳангоми назди шоҳ Гуштосп намоён шудан, аз миёни кӯҳи оташ берун меояд.

Воқиф Алиакбаров ва чанде дигарон низ бар онанд, ки дар “Қуръон” и карим пиромуни ду нафар, вале бо як ном сухан гуфта шудааст: “Один из них – Авраам, другой Заратуштра и их следует различить. Тогда становится понятным соседство Ибрагим и Сириуса в суре “Звезда” – это фактически одно и то же. И конечно же Заратустра не был иудеем. Важно и то, что “свитики Ибрагима” обнаруживается в виде знаменитой книге зороастрийцев – “Авесты”.” (Яъне: “яке аз онҳо Иброҳим (Авраам), дигаре Зартушт ва боясти онҳоро аз ҳам дар тафовут дид. Дар он сурат ҳамдӯш будани Иброҳим ва Сирусро дар сураи “Ан — наҷм” метавон фаҳмид – дар асл ҳар ду яканд. Албатта Зартушт яҳудӣ набуд. Муҳим он аст, ки “Варақаҳои Иброҳим” дар шакли китоби машҳури зартуштиён – “Авасто” муайян гардидааст.) (В. Алекперов., “Возвращение Заратустры” ,“Б.Б”, 19.06.1999).

Бад – он гуна ки дида мешавад дар он ояи “Қуръон” вожаву таркиби “варақаҳо”, “саҳафоти Иброҳим”, ба сони “китоби Иброҳим” омадааст, ки андешаи жарфбинро ба ёдкарди китоби тоҷикони бостон “Авасто” равона мекунад.

         Саранҷом метавон чунин бардошт кард, ки Зартушт ба масобаи яке аз паёмбарони барҷаста, нахустин густаришдиҳандаи тавҳид дар раванди дингустарӣ, рӯи ояҳои  китоби муқаддаси “Қуръон”, бо номи Иброҳим ёдкард шудааст. Ва гумон ба яқин аст  эҳтироми вижае, ки дархӯри Иброҳим аст обишхӯри боварӣ доштан ба Худои ягона мебошад ва Зартушт низ нахустин паёмбаре буд, ки яктову беҳамто будани худовандро эълом дошта, монанди Мусо ву Исо ва Луту Оду Самуд дар ибтидо аз боварии қавми хеш бархурдор нагардид. Нобоварии ибтидоии мардум ба раъйи паямбарони Худо дар сураи 17 (Ал Ҳаҷ), ояҳои 42, 43, 44 баён гардидааст. Аз ҷумла: “Ва агар кофирон уммати худро такзиб карданд (дурӯғгӯ донистанд) афсурдахотир мабош, ки пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Оду Самуд низ паёмбарони худро такзиб карданд”(42), “Ва ҳамчунон қавми Иброҳим ва Лут”(43). “Асҳоб бад – ин ҳама расулони худро такзиб карданд ва Мусо низ такзиб шуд…”(44)

Албатта он чи дар боло гуфта шуд фақеҳону динпаноҳони дини исломро қонеъ нахоҳад кард, зеро бад – он сон ки ёдовар шудем дар бораи зиндагӣ ва сирати шахсиятҳои бостоние чун Иброҳим, Мусо, Исо ва дигар паёмбарони яҳудитабор ривоятҳое дар даст доранд, аммо дар бораи Зартушт ва китоби “Авасто” ҳатто доштани бовариҳову довариҳо ҷоиз дониста намешуд. Чунон ки ошкор аст арабҳо аз дарёфтаниҳои фароторихӣ гурез доштанд, то ки гузаштаи нимваҳшиёнаи худ ва ҳамзамон фарҳангу пиндоштҳои диннии пешрафтаи иронитаборони бостон аз нигари мардум ниҳон монад.

Ва дар поён шояндаи ёдкард аст, ки мо тоҷиконро дар баробари як мусалмони воқеъӣ будан, донистани гузаштаҳои фароторихӣ ва бовариҳои дерини ниёконамон ҳатмиву муҳим аст, то битавонем дар миёни мардуми ҷаҳон бо ифтихор бигӯем, ки ҳафт пушти пешини мо диновар буданд ва ба рӯзгоре, ки арабро ғизояш “шири шутуру сусмору малах” буд, бобоёни ҳушманди мо аз Худои яктову беҳамто сухан мегуфтанд.

Реклама

комментария 2

  1. Банда низ ба ин назар эътимод дорад. Итминон дорам коршиносони мо дар кушодани ин муаммо ки хазорсолахо нихон аст ошкор хохад шуд. Муваффак бошед. Макола писандам омад, вале мехостам ки далелхои бештар бошад.

  2. Маъзарат мехохам,10-сол пещ аз як мизи руи кучагузоштаи китобфурушии назди истгохи метрои Нагатинская-и ш Маскав,китоберо бо номи»Зараастро»харидам.Азбаски дар сохтмон кор мекардам,кувваву мадор ва вакти муфид намеёфтам,ки ин китобро хубтар мутолиа кунам.Афсус,ки ин китобро кучо кардам баъд худам хам намедонам.Дар ончо сатрхое иншо шуда буданд,ки гуё кампире ба падари Зартушт,мурочиат карда фоли худро мегуяд,ки аз хамсари у ,яъне аз модари Зартушт фарзанде ба дуньё меояд,ки паямбар хохад шуд.Лекин хангоми зоидани фарзанд,хамсараш ба мушкилихои нихоят сахту душвор ру ба ру мешавад..Баъд аз чанд мох зани хомила дар хакикат хангоми таваллуд бо марг даст ба гиребон мешавад.Хамон кампири солхурда маслихат медихад,ки батни занро чок кунанд,то писар рахои ёбад…Ин сахнаи вокеахо хам дар оилаи иронтаборон сурат гирифта буд,на яхудиён.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: