«Дар Қуръон Искандар ба ҷои Куруш зикр шудааст»

Дар ҳадиси паёмбари ислом, Муҳаммад (с) ишора гардидааст, ки «ман аз паси 8000 паёмбар, ки ниме аз онон аз бани Исроил буданд, ба нубувват мабъус (фиристода шуда) гаштаам». Донишманди Қуръоншинос Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ (1671 — 1732), дар «Қиссаҳои Қуръон» ин ҳадисро бозгуфта илова кардааст, ки «аз миёни онҳо 313 нафар, аз ҷумла Ҳазрати паёмбари хотим мурсал (фиристода) буданд ва ба саволи мизони китобҳои нозил шуда Ҳазрати расули акрам фармудаанд: Маҷмуан сад саҳифаву чаҳор китоб бар анбиё нозил гашт, 50 саҳифа бар Шис, 30 саҳифа бар Идрис, ва 20 саҳифа бар Иброҳим». (Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ, «Қиссаҳои Қуръон», Т. 1380, мутобиқ ба с. 2001, саҳ.23) Ва аммо китобҳои нозил шуда иборатанд аз «Таврот», «Инҷил», «Забур» ва «Қуръон».

Имом Содиқ бар он будааст, ки Худованд 144 ҳазор нафарро ба шарафи нубувват (пайғамбарӣ) барангехт. Ҳамчунин Имом Содиқ бар он будааст, ки Абӯзар бо пурсиши адади анбиё, аз расули акрам посух гирифтааст, ки шумори онҳо 320 ҳазор нафар буд.

Ин шумори зиёди паёмбарон касро ба андешае меоварад, ки аз чи бошад аксарашон аз қавми бани Исроил буда, китобҳои яҳудиёну насрониёнро нозил шуда донистаанд, вале чаро паёмбари порсиёни тоисломӣ Зартушти Спитамон, ки нахустин баёнгари тавҳид ва хиради азалӣ буд, ба ҷумлаи мурсилон дохил нагашт ва китоби порсиён «Авасто», ки дархӯри нахустин ҳикматҳои худошиносиву худшиносӣ, қоил будан ба ягонагии Худо, вуҷуд доштани дӯзаху биҳишт, пули Сирот (дар ойини зартуштӣ пули Чинвот, ё Чинот) ва соири ақидаҳои дингустариро меомӯзонад, аз нигари дини мубини ислом дур мондааст. Ба хиради инсонӣ бегона менамояд, ки китоби бузургу муқаддаси «Қуръон» аз шахсияти дар манишу куниши башар ислоҳоти куллӣ, (инқилоби андешаҳо) ҷорӣ карда, ёдкарде надошта бошад.

Ҳамин аст, ки якчанд пажӯҳандаи донои торихи динҳо гумон доранд, ки Ҳазарати Иброҳим ва Зартушти Спитамон бо бархе ҳамсониҳои саргузашташон як шахси торихӣ мебошанд.

Рӯи мақолаҳои пешини худ ёдовар шуда будем, ки дар қиссаҳову бовариҳои яҳудиён ва низ насрониён баргирифтаҳои зиёде аз торихи дингустарии иронитаборони бостон ҷой доранд («Нигоҳ», зери унвони «Зартушт диновар ва падари фалсафаи ҷаҳон.»), ки мутаасифона фақеҳони ислом аз ёдкарди иҷодгарони он ҳикматҳо лаб ба хомушӣ бастаанд. Аз ин ки рӯҳониёни мутаасиби арабгаро (бештар халифаҳои фошистмаоби аббосӣ), пайравону мубаллиғони фарҳанги арабӣ дар миёни бовариҳои диннии қавмҳои ғайриараб ақидаҳои зартуштии порсиёнро дар худогоҳии таборӣ нерӯманд медиданд, тамоми кӯшишу талош бар он равона доштанд, то зартуштиёнро бадсиголтарин ва бовариҳояшонро зишту кареҳ бознамоёнанд. Бад – ин манзур бовариҳои маҷусҳои калдониро моли зартуштиён эълом дошта, чанд ойини он мардуми ғайриориёиро, аз қабили издивоҷ бо модару хоҳари худ, амвот (ҷасади мурдаҳоро) ба лошахорон додан, бар хотири бузургдошти об танро бо об нашустан ва монанди он музахрафотро аз форсҳову тоҷикони тоисломӣ таъбир кардаанд.

Ҳамин нотавониҳои фақеҳону олимон аст, ки дар тафсирҳои худ ҳанӯз ҳам дар бозшинохти шахсияти Искандари Зулқарнайн ба гуногунандешиҳои аз ҳам ниҳоят дур роҳ дода, бархе онро Александр Македонский (чун Ал — Замахшарӣ), дигаре Ас – Саъаб бини Зийзон ал – Хумайрӣ (чун Ибни Ҳишшом ва Имом Ал Қуртубӣ) ва муфассирони дигар ба гунаҳои зидду нақиз тафсир кардаанд, ки пояи илмӣ надоштану норосту ғалат будани иддаояшонро донишмандони доно дарёфтаанд.

Дар «Қуръон», дар муҳтавои 16 ояҳои (83 – 98 ) сураи «Ал каҳф» (Ғор) аз ИскандариЗулқарнайн, ҳамчун шахсияти некхоҳу некрой, кишваркушову додхоҳи то ба канори замин сафар карда, бунёнгари садди оҳанини ҷилавгир аз ҳамлаи қавми бадхоҳи Яъҷӯҷу Маъҷӯҷ, ёд шудаааст.

Торихи Александр Македонскиро румиёну аврупоиён дар ҳазорон пажӯҳишҳову навиштаҳояшон равшан сохтаанд ва боре ба «зулқарнайн», яъне душоха будани ӯ нимишорае надоранд. Ва дар торихи ин истилогари даҳр аз сохтмони «садди искандарӣ» низ матлабе ба чашм намехӯрад. Аммо дар муқоисаи саргузашти Курӯши Бузург бо Искандари Зулқарнайни «Қуръон» ба як силсила ҳамсониҳо дучор меоем, ки онҳо дарёфтҳои танҳо инҷониб набуда, натиҷагирии мутолиаву мулоҳизаи донишпажӯҳони шинохтаи ҷаҳонӣ мебошанд. Яке аз он доноёни фарзона Абулкаломи Озод, пажӯҳишгар ва баргардонандаи «Қуръон» ба забони урду мебошад, ки натиҷагириаш бар пояи маводи ҳафриётии бостоншиносон устувор аст. Ин марди донишӣ навиштааст, «ҳангоме ки ман натиҷаҳои ҳафриёти бостонии Иронро бо маводи пажӯҳишии донишмандон омӯхтам, ҳама гумону тардидам аз байн рафтанд, зеро тасдиқи ҳафриёти бостонӣ (археологӣ) ин нуктаро ки Зулқарнайн ҳамон шоҳаншоҳ Курӯш аст, дарёфтам. Ин пайкараи сангини инсоне буд, рӯйи пой истода, дар сар тоҷи шоҳаншаҳӣ ба сони ду шох ва бозувони дорои пару бол, ки ба пиндори яҳудиён пиромуни душоха будани Курӯш мутобиқ буд. Яҳудиён ба Курӯш эътиқод ва меҳри беандоза доштанд, зеро шаҳаншаҳи Ирон онҳоро аз асорати садсолаи бобулиён ва ғурбат дар Месопотамия раҳонида, бо баргардонидани зару зевари рӯёндаашон, равонаи ватанашон Уршалим карда буд ва низ маблағе подош дода буд, то киништи марказии худро дубора бино кунанд. Ин аст, ки дар «Таврот», дар фасли «Дониёл», дар мавриди Искандари душоха, унвонии «ситоиш ба шоҳи ориёӣ», ҳамчун шоҳи додхоҳу додманиш нигоштаҳо омадааст. Сарчашмаҳои юнонӣ низ Курӯши Бузургро додхоҳ, бахшоянда ва башардӯст бозтоб намудаанд.

Дар ҳақиқат Курӯши Бузург дар миёни асри VI пеш аз мелод ба кишварҳои Бобулистон ва Ошур чираманд гашта буд ва бад – он сон ки дар ояҳои 86 ва 90 сураи 18 — «Ғор» омадааст, кишварҳоеро аз самти офтоббаромад (Шарқ) ва самти офтобнишин (Ғарб) ба ҳам пайвастааст; «Ва аз ту эй расул савол аз Зулқарнайн мекунанд посух деҳ, ки ман ба зудӣ ҳикояти ӯро ба шумо тазаккур хоҳам дод. Мо ӯро дар замин тамаскун (ҷойгоҳ) бахшидем ва аз ҳар чизе риштае ба дасти ӯ додем, то ҳангоме ки дар сайри худ Зулқарнайн ба мағриб расид; ҷое ки хуршедро чунин меёфт, ки дар чашмаи оби тирае ғуруб мекунад.» (ояи 86) «…Зулқарнайн боз бо ҳамон васоилу асбоб сафарро идома дода ва таъқиб кард, то он ки ба машриқзамин расид.» (ояи 90)

Аз торих маълум аст Александр Македонски ҳаргиз ба самти ғарб (офтобнишин) ҳамлавар нашуда буд, вале Куруши Бузург ба кишварҳои зиёди самти ғарб ва шарқ чираманд гашта буд.

Дар адабиёти форс – тоҷик ва дигар кишварҳои мусалмонӣ оид ба «Садди искандарӣ» ёдкардҳои зиёде ба чашм мехӯранд, вале торихнигорони сарнавишти Александр Македонски аз ин мавзӯъ чизе нагуфтаанд. Аммо дар адабиёти румиву аврупоӣ ба таркиби «Ойинаи искандарӣ», ишораҳо фаровонанд, ва дар ин мазмун ривояте доранд, ки мабни бар он бо амри Александр Македонски дар халиҷи (дарёи Эгей) назди бошишгоҳаш, рӯйи пояи баланд оинаи калони мисинеро насб мекунанд ва дидбонҳо ҳаракати киштиҳои душманро аз инъикоси он оина мушоҳида мекарданд.

Дар нигари бархе донишмандони доно қавми «яъҷӯҷу маъҷӯҷи» дар «Қуръон» ёдовар шуда қавмҳои рамагарди бодиянишин дониста шудаанд. (Дар ояи 91 сураи «Ғор» зикр гардидааст, ки «… то расид Зулқарнайн миёни ду садд, он ҷо қавмеро ёфт, ки сухане фаҳм намекарданд.») Аз ҷумла тафсиргари китоби «Қуръон» (чопи Теҳрон), ҷаноби оқои Маҳди Илоҳии Қумшаӣ дар матни тафсирии худ, миёни қавсайн сарзамини миёни ду кӯҳеро, ки дар он қавми яъҷӯҷу маъҷӯҷ ҷойгир буданд, «кишваре дар шимоли ҷанубии интиҳои Туркистон», номидааст. Ин далел низ бозгӯкунандаи саргузашти Куруши Бузург аст, зеро равшан аст, ки шаҳаншоҳи Ирон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои пай дар пайи бодиягардон то ба саҳроҳои Чин (муғул) лашкаркашӣ мекунад.

Ин далели равшанро донишманди дар оғози ин навиштор ёд шуда, ҷаноби Абулкаломи Озод низ таъйид кардаанд. Аз нигари ин пажӯҳишгари доно қавми яъҷӯҷу маъҷӯҷ биёбонгардони кӯчии ваҳшие мебошанд, ки ҳафт маротиб ба сарзаминҳои ғарбиву ҷанубӣ дарафтодаанд: «Мо метавонем боҷуръат таъйид намоем, ки ақвоми зери фишори ваҳшиёнаи бодиягард қарор гирифта аз Куруши Бузург хоҳиш кардаанд то барояшон садде бисозад. Торихнигорони Чин бар онанд, ки қавми «юваси» дар он саҳроҳо буду бош доранд ва касбашон раҳзаниву тохтутоз мебошад ва калимаи «ю -васи», ба шеваи забони оромӣ ба гунаи «яъҷӯҷ» тағйири шакл кардааст.»

Бад – ин тартиб метавон сари чунин натиҷагирӣ гуфтугӯ кард, ки Искандари Зулқарнайни дар китоби «Қуръон» ёд шуда, на лашкаркаши румии вайронгари кохҳову ободиҳои Ирони Бузург ва на кадом араби бенишону ноаён, чун Ас – Саъаб бинни Зайзонии мисрӣ буда, балки гумон ба яқин аст Куруши Бузург, сарвари донои ирониён, (форсиёну бохтариёну суғдиёну хоразмиён), нахустин бунёнгузори шоҳаноҳӣ дар паҳнаи дарёи Уммон – халиҷи Форс, то марзҳои Чин, нахустин муаллифи Эъломияи Ҳуқуқи Башар, мебошад.

 

Реклама

комментария 4

  1. Фирдавсӣ Нуралиён

    Унвонгузории мақола дуруст нест, зеро дар Қуръон на номи Куруш ёд шуда аст ва номи Искандари Мақдунӣ. Дар сураи Каҳф фақат лақаби Зулқарнайн зикр шуда аст, вале кӣ будани ӯ пайдо нест. Аммо ин ки бархе шореҳон ва муфассирони Қуръон Зулқарнайнро Искандари Мақдунӣ донистаанд, бардошт ва раъйи хусусии онҳост.

    Вчера, в 11:45 · Мне нравитсяБольше не нравится.Фирдавсӣ

    Нуралиён Яқинан, наметавон гуфт, ки Зулқарнайн Икандари мақдунист, зеро ӯ бутпараст буда аст ва Зулқаранайни Қуръон фармонравое бодину борой аст. Вале, боз ба яқин ва ҷазм наметавон гуфт, ки Зулқарнайн Куруши Кабир аст. Ин қавл аз иҷтиҳодоти Абулкаломи Озод аст, ҳамчуноне ки қавли муфассирони пешин мисли Табарӣ ва дигарон бар ин устувор гашта ки Зулқарнайн Искандари Мақдунист.

    Вчера, в 11:59 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед

    Ҷайҳонӣ Торихнависони бостонӣ Курушро подшоҳе бодину борой донистаанд. Агар вай Зулқаранайн нест, пас кадом ҷаҳонгиреро аз подшоҳони бостонӣ метавон Зулқаранайн гумон дошт?

    Вчера, в 12:05 · Мне нравитсяБольше не нравится.Фирдавсӣ

    Нуралиён
    Ҳама муфассирин бар як қавл иттифоқ накардаанд, ҳар яке аз рӯи иҷтиҳоду фаҳми хеш маслаке гирифта ва тариқе пӯида аст. Дар мавриди Зулқарнайн миёни муфассирони пешин ва навин чанд раъй аст:
    1) Бархе бар инанд, ки Зулқарнайн Искандари Мақдунист, монанди Табарӣ ва амсоли ӯ.
    2) Бархе ӯро за шоҳони туббаъи Яман аз қабилаи Ҳимяр донистаанд ва тгуфтаанд, ки ӯ Сайъб ибни Зи-Мароид буда, мисли Ибни Касир.
    3) Бархе ӯро Куруши Кабир гуфтаанд, мисли Абулкаломи Озод.
    4) Бархе ӯро Ахнотун — фиръавни мисрӣ пиндоштаанд, мисли баъзе муфасирони муосири мисрӣ.

    Вчера, в 12:10 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед

    Ҷайҳонӣ Аммо он подшоҳон ки Куруш барин аз Чин то Мисру Юнонро нагирифта буданд? Ё Худованд масале зада ки барои бандагонаш дарёфтанӣ нест?

    Вчера, в 12:17 · Мне нравитсяБольше не нравится.Фирдавсӣ

    Нуралиён Қавли Абулкаломи Озод қавли ваҷеҳ аст, зеро аз миёни далелҳои дигар, бар ду далели умда такя мекунад, яке бар нақши дахмаи Куруши Кабир, ки кулоҳаш ду шох дорад ва далели дуввум, бар ҷаҳонгирии ӯ ва тасаллути ӯ бар Ховару Бохтар.

    Вчера, в 12:21 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед

    Ҷайҳонӣ Домулло Сайидюнуси Истаравшани дар ин бора чи назар доранд?

    Вчера, в 12:30 · Мне нравитсяБольше не нравится.Фирдавсӣ Нуралиён Валу чуноне ки қабл аз ин гуфта омад, бар ин қавл низ эътимоди комил натвон кард. Зеро ақволи дигар ҳам ақволи мантиқиянд, аз ҷумла, қавли муфассироне ки Зулқарнайнро аз шоҳони Ҳимяр донистаанд ва ҳар яке барои хеш далеле дорад…

    Вчера, в 12:34 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед
    Ҷайҳонӣ Шоҳони Ҳимяр ки будаанд ва аз куҷо то ба куҷоро гирифтаанд?
    Вчера, в 12:35 · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани Воқеан ин баҳс дар хӯри таваҷҷӯҳ аст. Аз муфассирони муосир, ҳамчунин Аллома Таботабоӣ (соҳиби тафсири Алмизон) низ ба ин бовар аст, ки Зулқарнайни Қуръони Карим ҳамон Куруш аст ва далелҳои қобили таваҷҷӯҳе зикр мекунад. Агар фурсате шуд ният дорам суханони Алломаро дар таъйиди ин эҳтимол рӯи сафҳаи сойт биёварам, ҳарчанд ба гуфтаи оқои Фирдавсӣ ҳамаи ин оро, дар ҳадди эҳтимолот боқӣ мемонанд.

    Вчера, в 12:36 · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани Муҳимтарин далели марҳуми Аллома дар ин замина, ба иловаи ончи марҳуми Озод ёдовар шудааст, ин аст, ки мефармоянд, Куруши Кабир мавриди таъйиди бархе аз анбиёи Бани Исроил, замоне ки Куруш ин қавми мӯъмин (дар он замон)-ро аз асорати Бухтуннаср озод месозад мебошад. Яъне касе ки мавриди таъйиди як паёмбари илоҳист ва аз ӯ тамҷид мешавад ва ба унвони подшоҳи одил аз ӯ ёд мекунанд, чизи каме нест.

    Вчера, в 12:42 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани Албатта, ба лиҳози торихӣ, подшаҳони Ҳимяр ҳаргиз пояшон ба машриқи дур дар он замон нарасида.

    Вчера, в 12:45 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Mumin Ahmadi Салом, дустон. Агар таваччух карда бошед, дар макола бо такя ба ояи Куръон ишора рафтааст, ки «бад – он сон ки дар ояҳои 86 ва 90 сураи 18 – «Ғор» омадааст, кишварҳоеро аз самти офтоббаромад (Шарқ) ва самти офтобнишин (Ғарб) ба ҳам пайвастааст; «Ва аз ту эй расул савол аз Зулқарнайн мекунанд посух деҳ, ки ман ба зудӣ ҳикояти ӯро ба шумо тазаккур хоҳам дод. Мо ӯро дар замин тамаскун (ҷойгоҳ) бахшидем ва аз ҳар чизе риштае ба дасти ӯ додем, то ҳангоме ки дар сайри худ Зулқарнайн ба мағриб расид; ҷое ки хуршедро чунин меёфт, ки дар чашмаи оби тирае ғуруб мекунад.» (ояи 86) «…Зулқарнайн боз бо ҳамон васоилу асбоб сафарро идома дода ва таъқиб кард, то он ки ба машриқзамин расид.» (ояи 90)

    Вчера, в 12:57 · Мне нравитсяБольше не нравится.Mumin Ahmadi Дуруст аст, ки Искандар хеч гох ба Гарб лашкар накашида буд, Куръон хам дар баробари китоби осмони будан, таърихи вокеи аст. Пас чаро бовар накунем, ки дар Куръон дар симои Зулкарнайн бо тамсил аз некихои Куруш ёддовари шудааст?

    Вчера, в 12:59 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед Ҷайҳонӣ Торих гувоҳ аст ки Куруш яҳудиёнро аз асорати Бобил раҳо кард ва пулу молашонро баргардонд то дар Уршалаимашон маъбади Сулаймонро бозсозӣ кунанд. Ҳамин мардумнавозиву ҷавонмардияш буда ки яҳудиён номашро ба некӣ ёд кардаанд ва дар ториху худойномаҳошон гавиштанд. Дигар ин ки Куруш нахуст ба сӯи Ғарб лашкар кашид ки сарзаминҳои юнонинишини Осиёи Хурдро гирифт ва сипас ба сӯи Шарқ лашкар кашид ки сарзаминҳои эронинишини Осиёи Миёнаро гирифт. Он сура ҳам нахуст аз кишварситонӣ дар ғарб ёд мекунад ва сипас аз лашкаркашӣ ба шарқ мегӯяд.

    Вчера, в 13:06 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Mumin Ahmadi Пас чои шак нест, ки Куруш дар Куръон бо рамз Зулкарнайн ном бурда шудааст
    Вчера, в 13:08 · Мне нравитсяБольше не нравится.Mumin Ahmadi ‎…Зулқарнайн боз бо ҳамон васоилу асбоб сафарро идома дода ва таъқиб кард, то он ки ба машриқзамин расид.» (ояи 90)

    Вчера, в 13:09 · Мне нравитсяБольше не нравится.Mumin Ahmadi Хеч гох Искандар ба Гарб ва баъдан бозпас ба Шарк барнагаштааст

    Вчера, в 13:10 · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани Ин ки Искандари Мақдунӣ ба шарқу ғарб лашкаркашӣ кардаву ин сарзаминҳоро зери сайтари худ дароварда шакке нест, аммо Зулқарнайни Қуръони Карим, бо вижагиҳое ки барои ӯ дар Қуръон ёдовар шудааст, ба ҳеч ваҷҳ қобили татбиқ бо Искандар нест; ӯ на одил буда ва на яктопараст, балки бо яктопарастон дар сарзаминҳои муқаддас пайкор ҳам карда, ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бо қотеият метавон иддао кард, ки ӯ Зулқарнайн намебошад. Аммо бо қароине ки дар Аҳди Қадим ва ҳамчунин ёфтаҳои торихӣ дида мешавад, бо Куруш мутобиқати бештаре дорад.

    Вчера, в 13:16 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Mumin Ahmadi Бале, назари Шумо макбултар аст

    Вчера, в 13:17 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед Ҷайҳонӣ Ҳазрати домулло, чаро дар «Қуръони маҷид» аз дину ойинҳои эрониён ёде нашудааст? Оё Худованд Исломро танҳо барои арабҳо фиристода буд ки танҳо аз гузаштаву устураҳои сомиён ёд мекунад ва ҳамсоягонашонро «фаромӯш» кардааст?
    Вчера, в 13:20 · Мне нравитсяБольше не нравится.Фирдавсӣ Нуралиён Агар аз ёд кардани номи Зулқарнайн суде мебуд, Худои таоло номашро ёд мекард. Ёд кардани номи чандҳарфае барои Худои таоло душвор набуд ва нест. Достони ӯ масалест, барои шоҳон ва фармонравоёни баъдина то аз ӯ ибрат бигиранд ва бар равиши ӯ бошанд, чун Зулқарнайн шоҳе буда солеҳ, боимон, додгар, парҳезгор, ҳушманд, мубтакир, ки бо чанг задан бар асбоби муяссар ҷаҳонгир шуд ва адлро густурд ва ситамдидагонро ёварӣ кард.

    Вчера, в 13:22 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед
    Ҷайҳонӣ Албатта кори Худост ки бандаешро ёд кунад ё накунад. Аммо ин суол аз ҳамон оғоз матраҳ буда ва ҳануз ҳам посухашро наёфтааст: чаро Худованд танҳо аз устураву афсонаву гузаштаи сомиён умуман ва яҳудиён хусусан масал меорад? Оё мухотабаш танҳо арабҳо будаанд ё ҳама ҷаҳониён?

    Вчера, в 13:24 · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани На ҳаргиз Умеди азиз, мо 124 ҳазор паёмбар ва фиристода дорем, ки ҳамаи онон сомӣ набуданд. Аммо ин ки чаро бештар аз паёмбарони Бани Исроил ёд шуда, далелҳое дорад, ки ин ҷо макони тафсили он нест. Муҳимтарин нуктааш ҳам ин аст, ки саргузашт ва иттифоқоте ки бо паёмбарони Бани Исроил рух дода, ҳамагӣ ибратофарин будааст; нақли он ҳам ҷуз ба ангезаи дарсу ибрат ёдовар нашуда, вагарна Қуръони Карим китоби торих нест, ки бароямон аз асосӣ ва торихи онон нақл кунад. Асосан, дар мантиқи Қуръони Карим, аз куҷо будан ва мутааллиқ ба кадом қавм ё миллият будани Паёмбарон аҳамияте надорад.

    Вчера, в 13:27 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани ‎..асомӣ…
    Вчера, в 13:28 · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани Зеро, тарҳи ин суол ки шумо матраҳ фармудед, бархоста аз ин аст, ки барои маҳаллу макон ҷойгоҳе қоил ҳастед, инсон ҳамон инсон аст, чи дар шарқ бошад ва чи дар ғарб.

    Вчера, в 13:29 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Умед Ҷайҳонӣ Ман одамизода ҳастам ва масалҳои Худовандро ба андозаи хираде дармеёбам ки Худаш додаастам. Вале чун аз Худаш намешавад пурсид, домани шуморо гирифтаам. Оё магар дигар мардум, чуз аз сомиён, зиндагие ибратомӯз надоштаанд? Ё ине ки яҳудиён худро «қавми баргузидаи Худованд» мешуморанд, аз ҳамин масалзаниҳо об мехӯрад?

    Вчера, в 13:32 · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани Ин ки яҳудиён замоне «қавми баргузида» буданд, тардиде надорад; аммо ин «гузиниш» бартарибахшӣ ба онон набуда, балки масъулиятофарин бар онон буда, ки байни «бартарӣ» доштан ва «масъулият» бар гардан доштан, фарқ аз замин то осмон аст. Ин ки арз кардам, торихи паёмбарон дар миёни Бани Исроил дарсомӯз аст, бештар аз ин назар аст, ки онон тибқи масъулияте ки бар ӯҳда доштанд, амал намекарданд, балки баръакс, бо паёмбарон таомул ва рафторҳои аҷибу ғарибе аз худ нишон медоданд, ки ҳар як аз он, дарсомӯз барои динбоварон аст. Онон паёмбаронро мекуштанд, азиаяташон мекарданд, ва ғайра… Чи басо Паёмбарон дар миёни соири милал, бо чунин вокунишҳое аз сӯи миллатҳояшон мувоҷеҳ набуданд, ки ёлдоварии он дарсеро ба дунбол надорад.

    Вчера, в 13:42 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани Таъкиди банда рӯи «дарсомӯз ва ибратофарин» будани саргузашти Паёмбарон аст, Умедҷон, на муҷарради зикри исм ва торихи саргузашти онон.

    Вчера, в 13:43 · Мне нравитсяБольше не нравится · 2 пользователяЗагрузка….Фирдавсӣ Нуралиён Бешак, мухотабаш ҳама ҷаҳониёнанд, аммо Қуръон китоби достонҳову асотиру фолклор нест, то ҳама достону қиссаҳои арабу яҳуду турку тоҷику африқоӣ гирд оварад. Мақсуд аз нузули Қуръон ҳидояти башар аст, на ҷамъ овардани қиссаҳои ақвоми ҷаҳон, то ҳар касе қиссаи қавми худ ва ватани ҷуғрофиёияшро дарёбад. Ҳар гоҳ Қуръон қиссаеро меорад, он қисса ҳадафе судманд дорад ва дар он ҳикмате ва панде ва тавҷеҳе нуҳуфта аст, мисли ҳамин қиссаи Зулқарнайн, ки гуфта шуд, масалест, барои ибрати шоҳону фармонравоён.

    Вчера, в 13:46 · Мне нравитсяБольше не нравится · 2 пользователяЗагрузка….Умед Ҷайҳонӣ Мақсуду мухотабашро донистам. Аммо ин пурсиш ҳам ҳаст: чаро Ислом эрониёнро яктопараст нашнохт?

    Вчера, в 14:23 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Фирдавсӣ Нуралиён Фарз кардем, ки дар оғоз дини эрониён дини яктопарстӣ буда, аммо вақте ки Ислом омад, ин дин таҳриф пазируфтаву аз фалаки яктопарастӣ дур шуда буд. Яктопараст, он аст, ки як Худоро мепарастад, на ду, ё якчанд маъбудро.

    Вчера, в 14:33 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед Ҷайҳонӣ Бино бар ин таърифе ки шумо медиҳед, оё масеҳиён ки Худоро сегона мепиндоранд, яктопараст ҳастанд?
    Вчера, в 14:37 · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани Умеди азиз, бар асоси бархе ривоёт ва бо такя бар порае аз оятҳои қуръонӣ, ки ҳаргиз маҷус (зардуштиён ба таъбири арабӣ)-ро дар қатори мушрикон ва бутпарастон қарор надодааст, ва ҳатто ҷое ҳам дар канори собеиҳо зикр кардааст, метавон гуфт, зардуштиён аз назари ислом ҷузъи пайравони адёни осмонӣ (ба ҳамон маъное ки дар мавриди яҳуду насоро ба кор меравад) маҳсуб кард.

    Вчера, в 14:43 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани Албатта зардуштиёни замони ислом дар инҳироф камтар аз масеҳиёну яҳуд набуданд, балки бештар, ва ба маънои дигар, мунҳариф ва гумроҳ (аз назари ислом) буданд.

    Вчера, в 14:44 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Фирдавсӣ Нуралиён Тарсоён яктопараст нестанд, вале аз зумраи аҳли китобанд. Аз аҳли китоб будан, қатъан, маънои яктопараст буданро надорад. Аҳли китоб пеш аз он ки китобҳояшонро таҳриф кунанд, яктопараст буданд, вале чун ба таҳриф даст заданду аз хатти сайри он каҷ рафтанд, яктопарастиро пушти сар гузоштанд.

    Вчера, в 14:45 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани Бале, байни яктопараст ва аҳли китоб будан фарқ аст, сад дар сад.

    Вчера, в 14:46 · Мне нравитсяБольше не нравится.Умед Ҷайҳонӣ На танҳо аз назари Ислом ки аз назари ҳама динҳо ҳар касе дар он дин нест, мунҳариф ва гумроҳ аст. Оё чунин нест?

    Вчера, в 14:47 · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани Оре, аз назари ислом, ҳар касе ки дар ойини ислом нест, гумроҳ аст, аммо мо ду навъ гумроҳӣ дорем: огоҳона ва бидуни огоҳӣ, ки дуюмӣ ҳаргиз мавриди муҷозот нахоҳад буд. (Ва мо кунно муаззибина ҳатто набъаса расулан… яъне Мо ҳеч гоҳ касеро мавриди муҷозот қарор намедиҳем модоме ки паёми анбиё ба гӯшашон нахӯрда бошад). Банда, ба унвони мусалмон, муддаӣ ҳастам, ҳар кӣ бо ислом ошно шавад ва замири пок дошта бошад, маҳол аст, ки ба он нагарояд. Ин дидгоҳи банда ва ҳамчунин ҳар мусалмоне аст. Вале қобили ёдоварист, дар сатҳи таомул ва дар амал, мусалмон тибқи фармудаи Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбар (с) ба ҳамагон эҳтиром қоил буда ва пойбанд ба асли «Ло икроҳа фиддин» (Дар дин иҷборе нест) мебошад.

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани Ва чи басо, як нафар яҳудӣ ва ё масеҳӣ низ нисбат ба мо як чунин дидгоҳероро дошта ва моро гумроҳон ба шумор оварад, ки нӯши ҷонаш!

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Фирдавсӣ Нуралиён Ҳар дине ақидаи худро дорад ва тибқи ақида, дид ва таъолими худ ҳукм мекунад. Вале сухани чигил сари ин аст, ки оё ҳар дине ки дигареро мунҳариф ва гумроҳ мепиндорад, дуруст аст? Масалан, метавонад, буд, ки дузде ё фиребгаре моли дигаронро ба тороҷ бараду сипас, ононро ба ғафлат ва гӯлӣ муттаҳам кунаду худро чусту чолок биномад.

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Умед Ҷайҳонӣ Гирифтем ки шумо ду бузургвор мусулмон набудед, ки ҳаргиз чунин мабод, ва масалан монавӣ будед, онгоҳ назаратон чигуна буд?

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится.Сайидюнуси Истаравшани Умеди азиз, агар бар фарз монавӣ будам, ки нестам, ҳаргиз пойбанди музахрафоти монавият намешудам, инро бо қотеият арз мекунам Умедҷон, ҳатто агар масеҳӣ будам, ҳаргиз пойбанди андешаи «таслис» намешудам, билохира инсон ақле дорад ва аз хираде бархӯрдор аст, ки бояд бар асоси он мӯътақадоти хушро маҳак кунад. Асосан, касоне ки барояшон Худову дину Паёмбар муҳим бошад, ҳар ки, мусалмон, масеҳӣ, яҳудӣ, қатъан дар бораи ақоиди худ таҳқиқ мекунад.

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 2 пользователяЗагрузка….Фирдавсӣ Нуралиён Ба фазли Худо монавӣ, набудам, аммо пеш аз ин, дар солҳои донишҷӯӣ, як маслаке доштам омехта, ниме аз ислому муште аз зартуштӣ ва ниме аз ҳиндуӣ. 🙂 Аммо оромиши рӯҳӣ надоштам. Замоне, варзишҳои йогаро низ ҳамвора иҷро мекардам. Аз ҷумла, панҷ сол гӯшт нахурдаам. Аз ин хотир, то ҳол гӯшт мехӯраму қазои он замонаи ногӯштхӯриям ҷуброн намешавад. 🙂
    Китобҳои зартуштиро ҳам хондам ва ба ҳукми тақозои пешаам, китобҳои дини ҳиндуиро, аммо баъди иттилоъ бар кутуби исломӣ ҳама шубҳаву саргардониям зудуда шуд ва қалбам ба ин дини ростин росих гашт.

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 2 пользователяЗагрузка….Сайидюнуси Истаравшани Хуб, ин ҳам таҷрубае аз бародар Фирдавсӣ, ки наметавон пойбанд будани ӯ ба исломро бар навъе «ирсӣ» (ё меросӣ) ҳамл кард, эй кош ҳамагон чунин буданд!

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….Умед Ҷайҳонӣ Худованд шуморо хайру баракат диҳад бешумор (то мо ҳам аз давлататон кам-кам файз барем 🙂 ). Сипосгузорам аз посухҳоятон.

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 2 пользователяЗагрузка….Фирдавсӣ Нуралиён Сарафрозу комгор бошӣ, бародари фозилам!

    23 ч. назад · Мне нравитсяБольше не нравится · 1 пользовательЗагрузка….

  2. Бародарони донишманд. Аввал узр мехохам, ки аз шумо барин донишмандони воломаком нуктагири карда истодаам. Аммо асли гап дар ин чо мебошад, ки ба Зафар Мирзоён миннатдори баён кардан лозим аст, ки хамчун як точики сохиби миллати точик ифтихормандона аз таърихи динхо гуфта, точиконро ба гуфтаи худашон диновар нишон додааст. Шумо ин ёфтахои арзишманди устодро як су монда аз донишхои худ ба фазлфуруши огоз кардед. Ин хама аз характери бади точикон гувохи медихад ки як олими аз хати кашидаи расмихои болонишин ва факехони 1300 сол пеш акида ронда камтар берун баромадаро ба танкид огоз мекунанд. Агар устод мутолиаи кам медоштанд ин кадар тахлили амик намекарданд. Бояд аз чунин донишмандон ёд гирифт ва уро дастгири кард, ки мисли хамин маколахояшон боз маколахои дигар эчод кунанд, то ин ки дар байни мо точикон хафтафахмон камтар шаванд. Ман шахсан навиштахои устод Зафар Мирзоёнро аз хамаи дигарон боло медонам ва барояшон аз парвардигор тани сихат ва кувваи монданашаванда орзу мекунам!

  3. Ihsan Muhammadyusuf 3 Октябрь г. 3:29

    Бах бах чи бахсхое чолибе, аз ун як бахсчаи Искандару Куруши бе ному нишон аллакай тардид дар акоид? Бародар Исфандиёр агар хар суолу тардиде дар масоили дошти дар арази ом на, балки дар як бо як бо окои Саидюнус матраху мунокаша мекардед, на ба маъное он ки дигаронро ба шакк меандозед ба ин маъно ки айбхои инсон хувайдо мешавад аз ин ки маърифате дар масоиле ба кулли надорад дар чои чамъияти мунокаша кунад. Хилоли мунозараатон чавобатон пайдост,» ки Хофиз дар бораи он аквоме ки дар дигар манотики чахон мезистанд сухан нарондааст» оре , зеро тасвири хаёти рузмараи мардум ё ёдрасии онхо аз ахбороти собиконашон ибратомузу пандгиртар аст, зеро кобили тасдику ба акл наздик аст, чи чое, ки аз манотики бегона барояшон тазаккур додан, аз инчост ки Худованд инсонхоро бо кадри аклу идрокашон хитоб мекунад. Пас хикоёте аз таърихи гузаштагони араб ё яхудиён ё паёмбарони гузашта дар Куръон зикр шуданаш барои араб ва манотики атроф Яхудиёну Масехиён наздику шинос буд то ибратомузашон шавад. Хитоби Куръон хитоби аклхо ва афкорхост ва инчунин омм аст било худуд, на миллатхову кавмхои алохида аз инчост ки дар Куръон вожаи «Акл» 51-бор такрибан зикр шудааст. Пас акл дар Аврупоихам хамон акл хаст дар Куриёихам ва дар Жопуниву Омрикои низ. Ё бояд оятхое ба алохидаги нозил мешуд ки зикри хар як кавм бо минтакааш мерафт, ки мо бар шумо ин Китобро нозил кардем? Хоб дар ченаки тарозуии аклии хар инсон ки пас аз тадаббуру пурсиши уламо мавзун нашуд, у медонаду аклаш. Хеч исботу далел чуи бо ин илми кучак лозим нест зеро аз мо донотару окилтарон дида баромаданд. Бо камоли Эхтиром на аз хашму газаб.

    Предыдущие комментарии Сайидюнуси Истаравшани 3 Октябрь г. 1:13

    Ташбеҳи шумо, Исфандиёри гиромӣ, дар сурате қобили қабул аст, ки мо, Қуръони Каримро ҳосили кори инсон бидонем, дар сурате ки ин китоб, ҳадди ақал ҳасаби иддаои мо мусалмонон, китоби Худо ва фурӯфиристода аз сӯи офаридгор аст. Ва тоза, касе ки бо осори Ҳофиз ва ё амсоли ӯ ошност, ва ҳамчунин огоҳ бо маорифи Қуръон аст, тафовут миёни он дуро аз замин то сурайё мебинад. Ба назари камин, мушкили бархе — албатта манзурам ҷаноби шумо нестед — дар ин аст, ки эшон бо Қуръон ошно нестанд. Вагарна, баъид ба назар мерасад, ки як чунин доварӣ намоянд.
    Esfandiar Adina 3 Октябрь г. 0:48

    Сайидюнуси гироми, мегуянд ки Хофиз харгиз аз Шероз берун нарафтааст, вале дар шеъри у низ шумо хеч гуна буи махдудият ба минтакае хос намебинед. Шеъри у барои хамаи инсонхост. Вале вакте сару нуки шеъри уро таку ру мекунем, мебинем, ки у агар аз шахре ё минтакае ном бурда, пас ин хамон шахрхо ё манотике буда, ки Хофиз медониста ё дар бораи онхо хабар доштааст. Хофиз аз Хинду Чин ё Бангола ном мебарад, вале аз Лондону Маскав ва Жопун ва Куре ном намебарад, чун инхоро намедонист. Ё масалан дар газалиёти Хофиз шумо ишорахое ба асотир ва достонхои сомию эрони пайдо мекунед, вале аз асотири румию келти ва искондинови на. Ва ин табиъист, зеро Хофиз дар густарае махдуд мезист ва дар бораи ончи иттилоъ надошт, наметавонист нависад ё ба он ишорра кунад. Аммо ин бад-он маъно нест, ки шеъри Хофиз ва паёми Хофиз танхо барои иддае аз хамшахриёнаш бошад, паёми Хофиз бас чахонгиртар аз бисёре кутуби дигар аст.
    Сайидюнуси Истаравшани 3 Октябрь г. 0:24

    Исфандиёри азиз, аз қазо дар Қуръони Карим, ҳеч ояте вуҷуд надорад, ки аз он бӯи маҳдудият ба минтақаи мушаххас истишмом шавад; ин иддао нест, шумо метавонед ин китоби осмониро зеру рӯ кунед вале оятеро дар он пайдо намекунед, ки аз он чунин бардошт шавад, ки мунҳасир ба аъроб ва ё минтақаи Ҳиҷоз бошад, балки баръакс дар тамомии оятҳояш ранги умумият, фаромиллӣ будан ва фароминтақа будани он ошкоро ҳувайдост. Хитобҳояш, ё «айюҳаннос» аст, ё «алаззина оману» ва аз ин қабил… Ҳеч хитобе ба унвони «айюҳал аъроб» вуҷуд надорад. Саломат бошед!
    Esfandiar Adina 3 Октябрь г. 0:10

    Фирдавсии гироми, суханат маро аслан конеъ накард, харчанд мумкин аст худат конеъ шуда боши, албатта на барои ин ки посухи дурусту мантикие ба ман дода боши, балки ба ин хотир ки камоли нафрати худро бар ман фуру рехти, ки ин рохи дурусте нест. Аммо Умед суоли дурустеро матрах карда ва он ба чугрофиё ва шими ва колбадшиноси хеч иртиботе надорад. Суоли у вокеан ба имон ва гайбиёт муртабит аст. У мепурсад, ки «Ҳазрати домулло, чаро дар «Қуръони маҷид» аз дину ойинҳои эрониён ёде нашудааст? Оё Худованд Исломро танҳо барои арабҳо фиристода буд ки танҳо аз гузаштаву устураҳои сомиён ёд мекунад ва ҳамсоягонашонро «фаромӯш» кардааст?» Инхо магар чугрофиё аст? Ва ман хам бо мисоле оди ва замини ва вокеъи ва мантики ишора кардам, ки аз Куръон набояд чунин таваккуъе дошт, зеро чахонбинии ин китоб махдуд ба минтакае мешавад, ки имруз Ховари Миёна ном дорад ва чанд кишвари араби ва Исроилро дар бар мегирад. Магар ин хакикат нест?
    Фирдавсӣ Нуралиён 2 Октябрь г. 5:46

    Қуръон роҳнамои улуми дунявӣ, чун ҷуғрофиву кимиёву риёзиёт нест, гарчи гоҳе дар сиёқи оёт ба ин улум ишораҳои нозук карда аст . Ин ҳамон Қуръонест, ки нахустин ояташро бо амри хондан «Иқра бисми раббика-л-лазӣ халақ» оғозида аст ва илму имонро бо ҳам пайвандида ва ҷаҳони ғофилро аз хоби таъассуб бедор карда ва сӯи роҳи илмаш иршод карда ва фармуда аст, ки инони ақлро дар майдони илм итлоқ кунанд ва барои суди башар ғаниматҳо баранд. Ҳамин фармони илоҳӣ илҳомбахши донишмандон ва пажӯҳишгарон буд, ки дар ҳар риштаи улум бар ҷаҳониён сабқат гузидаанд ва дар колбади илм ҷони пажӯҳиш дамидаанд ва корҳое кардаанд, ки донишмандони пешин ва муосирро мабҳут карда. Ончи ки Афранг аз шукуфоии улуми дунявӣ дорад, мавҷест, аз тӯфони илмии олами исломӣ, ки аз роҳи Андалус ба соҳили Аврупо расид.
    Иқбол ба ҳамин маънӣ некӯ ишорат карда аст, ки:
    Ҳикмати ашё фарангизод нест,
    Асли у ҷуз лаззати эҷод нест.
    Нек агар бинӣ, мусулмонзода аст,
    Ин гуҳар аз дасти мо уфтода аст.
    Чун араб андар Урупо пар кушод,
    Илму ҳикматро бино дигар ниҳод.
    Дона он саҳронишинон коштанд,
    Ҳосилаш афрангиён бардоштанд

  4. Хатто саводамро кофи нашумурдам, то ташаккур бигуям ё рахмат.
    Ба хар сурат ахсант ба пажухишгарон, ки чанд лахзае аз корхои бехуда моро рахо карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: