Ғалабаи тундии туркӣ бар нармии тоҷикӣ

Ҷойи шак нест агар гуфта шавад, ки миллати тоҷикро мебояд дар пайи боззоии андешаи миллии худ талоши паййгиронаву ҷиддитаре дошта бошад. Борҳо гуфтаем ва боз хоҳем гуфт, ки ҳама даъватҳо ба гунаи «бознигарии миллӣ», «худогоҳии миллӣ», «хештаншиносӣ», «худогоҳии таборӣ» бад – он сабаб ба миён омадаанд, ки тоҷикон дар қиморхонаи торих ҳамаро, аз ҷумла андешаи миллии хешро бохтаанд. Аз ин бохти маргбори миллат дар солҳои 60 – 70 асри гузашта чанд бедордили ангуштшуморе, чун Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Валӣ Самад садо баланд мекарданд ва танҳо чандсад равшандили дигар ба он гӯш фаро медоданд, гуфтаҳоро дуруст дармеёфтанд, аммо аз бими режим ва дастнигарӣ ба бегонагон наметавонистанд сухане озод бигӯянд. Имрӯз ба шарофати истиқлолият, ки бедуни кадом муҳобот аз натиҷаи наъраи дигарандешони Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне аз Тарковскиву Солженитсин то Бозор Собиру Лоиқу Тоҳири Абдуҷаббор ба тоҷикон арзонӣ шудааст, мо метавонем дар роҳи бозшинохти хостҳои миллии худ пой устувор гузоштаа, ба хештани хеш баргардем. Аммо андешаи миллии мо, ки онро бо баҳонаҳои интернатсионализми коммунистиву диннӣ рабуда буданд ва решаҳои рӯ ба хушкӣ ниҳодаи онро диловарсароне хостанд об диҳанд, имрӯз гирифтори заҳрпечакҳо ва алафҳои ҳарзаи аз кишварҳои бегона ворид карда гаштаанд. Имрӯз аз кишварҳои Туркияву Русия, Амрикову Чин анбӯҳи маводи дидориву шундорӣ (аудиовидеоӣ), ба мулки мо сарозер шудааст, ки ғолибан ба ҳадафҳои тира сохтани худнигариҳои қавмҳои дигар ва тобиши бартариҳои худ бофта шудаанд.

Ончуноне ба чашм мехӯрад, аз миёни ин маводи видеоӣ, дили мардуми тоҷики андакхондаро аз ҳама беш филмҳои туркӣ ба худ ҷалб кардаанд, ки ноком аз арзиши адабиву бадеӣ, сирф бар ҳадафи меҳрварзӣ ба маниши туркӣ, аз ҷумла зӯровариву хушунати туркӣ бофта шудаанд. Шояд хонандаи гиромӣ пай бурда бошад, ки зимистону баҳори имсол ҳатто дар соатҳои хомӯшсозии барқ оилаи тоҷик бо нархи гарон бензин харида, бо кор гирифтан аз мотори бензинии барқӣ қартаҳои филмҳои туркии «Ҳомиён» ва «Водии гургҳо» ро давр медоданд. Филмҳои «Ҳомиён» (дар ҳаҷми 24 бахш) ва «Водии гургҳо» (дар ҳаҷми 38 бахш), ки идомаашон ҳанӯз ҳам дар ҷараёни сабт аст ва тоҷикон ҳар рӯз аз 3 то 6 соат рӯй сӯйи онҳо доранд, бо эҳтимоми студияи «Ҳамсадо» ба тоҷикӣ баргардон ва пахш гаштааст. Албатта мо огоҳӣ надорем дар пушти ин студия, унвонии «Ҳамсадо» чи касоне ҷой гирифтаанд, ки хешро пайваста «Ҳамсадои дили шумо» муаррафӣ карда, ҳамзамон дар синаи бинандагонаш тухми бераҳмӣ, бадкирдорӣ, нокасӣ ва соири кирдори ваҳшиёна мекоранд. Ин филмҳо дар баробари бознамоёндани адолатпарварии кишвари Туркияи усмонӣ, дар симои қаҳрамонони додхоҳе чун Йигит («Ҳомиён»), Пӯлод, Искандари Бузург (чи номи торихии «адолатпарваре», аз филми «Водии гургҳо»), шеваи ваҳшиёнаи интиқомгирии туркиро бозтоб мекунанд, ки ҳамсони барбарияти фошистони ҳитлерӣ мебошанд ва ногуфта намонем, ки он интиқомҷӯён қаҳрамонони мусбии филмҳои ёдшуда мебошанд. Қаҳрамонони ин филмҳо дандонҳои (орвораҳои) душмани худро бо анбур берун мекашанд, рақибонашонро дар ҳуҷрае баста, хонаро оташ мезананд, бар сару тани душмани худ бензин рехта, ҷисмашро чун ҳезум месӯзонанд, сари мухолифонашонро бо табар аз тан ҷудо мекунанд ва шеваи оддитарини муносибаташон бо асирон иборат аз бурридани гӯш ва ба ҳангоми истинтоқ заҷру азоб додан бо қувваи барқ мебошад. Вижагии дигари ин филмҳо дар он аст, ки бахши зиёде аз занони интиқомҷӯйи туфангча ба даст, ғолибан сатр ба бар доранд.

Дигар имрӯз мавзӯи суҳбати бонувони хонаву бозор зиндагии ашрофонаи туркҳои усмонӣ ва зебоии сурату сирати ин мардум аст. Қаҳрамони даврон ва чуноне гуфтаанд шаҳриёри дили дӯшизаҳои қадрас ҷавони турки хушсару либос шудааст. Ҳатто бархе забондонону фалсафафурӯшон, пас аз тамошои наворҳои туркӣ, он шеърҳои классикони адабиёти форс – тоҷикро, ки ишора ба бераҳмии туркон доранд, ҳамчун баёнгари зебоиву дилрабоии туркон тафсир кардаанд. Чунончи аз гуфтори унвондори болонишине шунидам, ки дар байти машҳури ғазали Ҳофиз «Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро», гӯё «турки шерозӣ» ба маънии туркони шерозанд, ки хеле зебоянд ва ба қавли ишон умуман халқи турк ниҳоят зебост. Мо албатта ба он унвондори андакхонда гуфтем, ки дар замони Ҳофиз дар Шероз як нафар турк ҳам пайдо намешуд ва Лисонулғайб вожаи «турк» ро ба душизаи шерозӣ бад – он ҳадаф пайвастааст, ки ӯ ба сони туркон бераҳму шафқат аст ва агар он зебои Шероз дили шоирро ба даст меовард, ҳамин ду шаҳри тоҷикнишинро ки дар он замон туркон барои ба даст оварданашон, бо сардории Темури ланг тоҷиккушӣ карда буданд, бедуни кадом қатли ом, ба як холе мебахшид.

Шояндаи ёдкард аст, ки дар мавриди чеҳраи тоҷикона ва рӯйи туркӣ мо ҷустори алоҳидае дорем, ки онро дар оянда пеши дидори хонандагони «Нигоҳ» хоҳем овард, аммо пиромуни симои аврупоимонанди туркон мехоҳам ёдовар шавам, ки дар сарзамини имрӯзини Туркияи усмонӣ давлатҳои бузурги Бизонс (Византия) – Рум ҷойгир буданд, ки аҳолиашон аврупоинажод ва бовариҳояшон насронӣ буд. Пас аз забти туркон, ин сарзамин бо марказҳои фарҳангиаш тағйири ном карда, мардумонаш забону ҳуввияти миллии хешро аз даст доданд ва онҳоро ба гунаи туркӣ иваз намуданд.

Аммо ба унвондорону дастандаркорони тоҷик чи гуна бояд фаҳмонд, ки имрӯз дар тафовут бар рӯзгори Ҳофизу Темури ланг чирамандашавӣ ба Самарқанду Бухороҳову Хуҷанду Душанбеҳо шеваву усулҳои дигари соддаву осонтар, вале маккоронаву фиребанда ба худ касб кардааст. Бисёре аз мӯягарони турксозии тоҷикон бар он боваранд, ки дар пушти мизҳои 7 адад литсейҳои тоҷикиву туркии кишвар андешаи миллии ҷавонони тоҷикро рабуда, аз онҳо раҳимбоевҳову файзуллохоҷаевҳои миллатфурӯши нав ба воя мерасонанд. Дар нигари нахуст гӯё дар он литсейҳо касе ҳадафманд нест, ки аз тоҷикон турктарошӣ кунанд, зеро сухане аз пасмониҳои фанниву фарҳангии тоҷикон ва бартариҳои туркон ба лаб намеоваранд, аммо онҳо ин корро бо шеваи дигар, ҳар лаҳза таъкид мекунанд. Устодони ин дабистонҳои муштарак ғолибан ҷавононе мебошанд хушчеҳра, ботамкину дорои ахлоқи ҳамида, дар омӯзондани компутар ҳунарманд, аз аҳволу орзӯву ормонҳои шогирдон бохабар. Агар навҷавонии хешро ба ёд оварем, ҳар кадоми мо орзӯ доштем аз худ бузургтар дӯсте дошта бошем раҳнамову ҳомӣ ва ҳамандеша. Устодони дабистонҳои тоҷикиву туркӣ барои шогирдонашон аз чунинҳоянд, на мисли устодони имрӯзини мактабҳои тоҷикӣ: омир (амркунанда), хашенгуфтор (дағалгӯ) ва гирифтори як силсила хислатҳое, ки навҷавонро аз худ мегурезонад. Илова бар ин шумори бештари муаллимони мактабҳои тоҷикиро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки гоҳе бачаҳо маҷбуранд дар гуфтору рафтор ба онҳо пайравӣ кунанд. Ҳамин аст шевае, ки литсейҳои тоҷикиву туркӣ андешаҳои навҷавононро ба сӯйи худ мебаранд. Шеваи дигари андешаи тоҷиконро ба сӯйи худ бурдани туркон, роҳ ёфтан ба дилҳо аз роҳи дингустарӣ, ё худ суннигарӣ мебошад. Дар ҳамон наворҳои дар боло ёд шуда, турк ҳар замон гаштаву баргашта «аллаҳ, аллаҳ», «вах – вах аллаҳ, аллаҳ», ба забон оварда, тақводории хешро таъкид мекунад, ки аз ин ба истилоҳ «пойи динпаноҳони тоҷикро об мебарад». (Ба вижа дар ин рӯзгоре, ки ҳизби исломии Туркияро пуштибонони фарангиашон бар сари қудрат овардаанд). Ва ё дар маркази кишвар тарабхонаи туркиро бино мекунанд, бо манъи нӯшокиҳои алкулӣ, унвонии «Мерве», на бо шеваи тоҷикӣ – Марва, бар ҳадафи чунин таъкиде: яъне, бубинед кишвари мо ҷойгоҳи риояти аҳкоми шариат аст… Дар оромгоҳи Мавлонои тоҷик, Қуния низ андешаи мардум майл бар шеваи туркгароиву суннимазҳабӣ равона шудааст. Чунон ки ошкор аст дар он ҷо тариқати навини тасаввуф эҷод шудааст, бо вижагиҳои тасаввуфи класссикӣ, рақси самоъ, вале бо шеваи туркӣ; пеш аз ҳама фаромушӣ аз гавҳари аслии “Маснавӣ”, яъне забони форсӣ, забони модарӣ — забони андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Воқеан, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пас аз қиёси маниши точикӣ бо туркӣ, дар «Маснавии Маънавӣ» гуфтааст:

Як ҳамлаву як ҳамла, омад шабу торикӣ,

Тундӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ.

Ва ин нармии тоҷикӣ бад – он гуна фарогири курсинишинон аст, ки туркҳо дар синаи Тоҷикистон меҳмонсароҳо бунёд мекунанд, бо унвонгузорӣ ба гунаи туркӣ, яъне «ҲЕЯТ», на Ҳаёт. Бад – он сон ки русҳо бо вуҷуди доштани ҳарфи «ф», бо роҳи Фархорро ба гунаи Пархар ва Кӯлобро бо Куляб талаффуз кардан, қасдан тоҷиконро таҳқир карда, бартарияти худро таъкид мекарданд. Бад — ин тартиб туркҳо дар ин кишвари нармтабиатон наворҳои видеоиеро пахш мекунанд, ки дар кишвари худашон, ба иллати пешгирӣ аз таблиғи зӯроварӣ, интишорашон «қатаған» (манъ) аст. Аммо актёрҳои дублагари тоҷики ТВ «Сафина» он наворҳои музахрафи хатароварро мазза карда ба тоҷикӣ баргардондаанд, ки пайдост бо иллати дар оғози ин навиштор гуфтаамон, яъне бинобар бохти асолати миллӣ ва чун маъмурони нигаҳбонии маънавиёти миллат, ки худ гирифтори худноогоҳии милливу таборӣ мебошанд, дарвозаҳои кишварро барои воридшавии василаҳои андешарабои душманони фарҳангу забони ин мардум кушодаанд.

Ва ин ҳама намоиши бартариҳои дигарон, ба вижа бартариҳои туркон ба ҷомеаи тоҷикии мо, ки метавон гуфт равшанандешонаш дар пайи дарёфти тамаркузи (консолидатсияи) миллат мебошанд, ниҳоят осебпазир аст. Агар пурсише ба миён ояд, ки «чаро маҳз бартарии туркон?», метавон чунин посух дод: чун мо тоҷикони зиёде дорем, ки ба ҳангоми ҷустуҷӯи шаҷараи насабии (генеалогии) худ, ё чуноне мардуми мо гӯянд «кундаи худ», гузаштагонашонро аз қабилаҳои туркии аз даштҳои Қипчоқ ба Вароруд сарозер шуда меёбанд. Ва ин табиист, зеро масалан дар мавзеъҳои ҷуғрофиёие чун Қипчоқ, Турконӣ, Турко, Муғулҳо, Лақайбегӣ (водии Кӯлоб) ва монанди он дар водиҳои дигари Тоҷикистон ба воя расидаанд. Ончуноне ба нигар мерасад имрӯз забон, расму ойин ва соири вижагиҳои этникии онҳо пайванде ба туркӣ надошта, комилан тоҷикианд. Ҳамзамон онҳоро, ки колбуди ҳафт пушти пешинашон олудаи туркӣ буд, ба ҳар он чи туркист бо чашми меҳр менигаранд ва дар талоши пайравӣ бо аждодон, фарзандони хешро низ дар донишсароҳои туркӣ дарс меомӯзонанд.

Бад – ин тартиб бахше аз тоҷикон, бинобар реша дар уруқи туркӣ доштан, дилашон ба хаёли гавҳари тоҷикӣ тапиши самимона надорад ва ҳар лаҳза омодаанд асолати ирониву тоҷикиро бо туркӣ иваз кунанд. Чуноне борҳо ба мушоҳида расидааст онҳо ғолибан бо камоли майл аз тоҷик будан ифтихор мекунанд, вале аз иронитаборӣ ва ҳамрешагӣ бо ирониёну форстаборони Афғонистон парҳез доранд.

Шумори дигари тоҷиконе низ ба чашм мехӯранд, ки чун хешро ишону сайидзода пиндошта, гумон доранд шаҷараи насабиашон ба пайғамбари ислом (с) мерасад, ба асолати ирониву тоҷикӣ самимият надоранд ва дар нигари ин тоифа забону шеваи зиндагии арабӣ бар форсӣ бартарӣ дорад.

Ҳамчунон иддае аз узбакони кишвар, ки дар шиносномаҳо хешро «тоҷик» унвон додаанд, шояд барои худро фаротар аз мардуми тоҷик бознамоёндану ба дунёи сивилизатсия наздик вонамудан, бо вуҷуди донистани забони тоҷикӣ, бо ин забон гап заданро ор дониста, бештар бо забони русӣ гуфтугузор мекунанд.

Шумори зиёди тоҷикон низ дорем, ки ояндаи дурахшони фарзандони худро дар донистани забон ва фарҳанги урусиву амрикоӣ дида, дилу дасту андешаи ҳанӯз шакл нагирифтаи ноздонаҳои хешро ба дасти дабирони русӣ, амрикоӣ ва ҳатто чиноӣ месупоранд. Дар ин росто бояд пурсид, ки магар барои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ боясти ҳатман дар дабистонҳое омӯзишу парвариш дошт, то андешаи русиву ғарбӣ бар тоҷик чираманд бошад? Чаро чунин дабистонҳо дар кишвари ҳамзабонону ҳамкешонамон, дар Ирон вуҷуд надоранд, вале ҳар шахси босаводи ин кишвар инглисиро медонад?! Чаро дар дабистонҳои «Русская школа» (Мактаби русӣ), «Инглиш интернешнл скул» (Мактаби байналмилалии инглисӣ), «Русско – таджикский славянский университет» (Донишгоҳи русӣ – тоҷикии славянӣ), ҳатто дар унвонгузории донишсароҳо вожаҳои славянӣ, туркӣ ва инглисӣ ба таъкид оварда мешавад?!

Мебояд аз маъмурони ноогоҳу асолатбохтаи гумрук, аз пахшгарони фарҳанги зӯроварӣ ва андешарабоёни асолати тоҷикӣ, ки дар студияи «Ҳамсадо» фаъолият доранд пурсид, ки дар қиболи чӣ ва дар ҳамкешиву ҳамёрӣ бо кадом тоҷикбадбинон чунин маводи хатарзоро дар саросари кишвар пахш кардаанд?

Воқеан, рафиқе гуфта, ки бахше аз кормандони студияи «Ҳамсадо» омӯзондаҳои литсейҳои тоҷикиву туркӣ ва дипломдорони донишкадаҳои Истамбулу Анқара мебошанд. Ин дархӯри маъниест, ки дарахти дирӯз сабзондаи донишсароҳои самти туркӣ дошта, имрӯз гул кардаанд ва дар ҷараёни бороварии меваҳои талхи тоҷикгурезиву форсиситезӣ мебошанд.

Набояд аз дида дур дошт, ки миллати тоҷики масъунияти (иммунитети) миллии худро аз даст дода, бояд ба хурдтарин омезишҳо, аз ҷумла омезишҳо бо фарҳангу забони бегонагон эҳтиёт варзад, ҳамеша ин нуктаро пеши дидор дошта бошад, ки ин 5 — 6 миллион нуфуси камтарин метавонад дар ғори беҳудуди бузургманишони мағрибиву машриқӣ фурӯ равад.

Реклама

комментариев 5

  1. Voqean durust ast.
    Aslan dar injo tanho guruhi HAMSADO-ro naboyad tanho did. Man aniq medonam, ki Vaziri Maorif Jabborov mahz bo puli Turkho kursiro kharidaast va baroi ba maktabhoi turki monea ejod nakardan mablaghi hangufte ham giriftaast.
    Boyad donist, ko holo nafaroni ziyode hastand, ki ba khotiri sohibi kursi shudan az kursii mudiriyati Kafedragi (dar Donishgohi Milli pas az ba kor omadani N. Saidob kusihoi mudirii kafedrahoro ham mefurushand, albatta dar digar Donishgohho hiz boyad hamin khel boshand, ammo dar borai onho man ma^lumot nadoram) sar karda to Vaziriju Deputati az Afghonho, eroniho va turkho karzdor hastand. Dardi mo bisyor amiq ast.

  2. Аз ин бехтар тахлил намешавад. Афсус, ки ин суханхои дармонбахши устод Мирзоиёнро чалласаводони олимнамо ва доништарошони болонишин намехонанд. Хайф!

  3. Ташаккур бародари арчманд !

  4. Man ba in zidam. Farhang sarhad nadorad va film ham hamchunin chi turki boshadi chi rusivu Amikoi . Har filme,ki khub boshad u qobili tamosho ast va in manoi onro nadorad,ki mardum az farhangi khud dur meshavand. Digar in,ki kosta gashtani zabon va farhangi tojikon mahsuli dasti na din va na arabho meboshad ,balki sababgori in hama badbakhti Hukumati imruzai Tojikiston meboshad. Sababi digar boz ham hukumat ast ,ki nasli javonro gulomi halqabargushi rusho kardaand va hej dilsuzie ba onho nadorand . Az in safsataho bigzared va ba khalq joi kor tamin namoed khalq ,ki ser shud farhangham obod meshavad , Beshtar mavzui ehyoi joi korro pairavi namoed na safsatai fashistii nazhodparastonaro . Ismoili Somoni arabiro medonist va namoz mekhond bo in hej joi farhangi mo kam nashud ba hamin khotir kamtar misli sag bijakedu az Islom bagui nakuned Islom baroi hamai bashariyat ast na tanho baroi arabho va az arabho!!! Charogi Ezid barfuruzad, Kase k-uro puf kunad rishash bisuzad !!!!

  5. дар асл дуруст кайд кардед бародар Kurush ман ба фикри шумо тарафдорам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: