Кош Аҳмад Зоҳире медоштем

Инҷониб байни солҳои 1970-1986, ба муддати 9-сол, дар кишвари Афғонистон фаъолият ва зиндагӣ кардаам. Ду сол пеш аз марги Аҳмад Зоҳир, ба сӯҳбаташ мушарраф гашта, то ҳанӯз сад афсӯс мехӯрам, ки бо худ суратгирак надоштам, то симояшро акс кунам ва таҳти таъсири сӯҳбати ширину фурсате маҳдуд, ҳатто соядасте нагирифтам. Агар Аҳмад Зоҳири фақид, ин дурдонаи беҳамторо дасти иртиҷоъ ба куштан намедод, имсол 65 – сола мешуд. Ончуноне ба нигар мерасад бисёре аз дустдорони таронахои «поп» мехоҳанд чун ӯ аз қаъри дил оҳанг берун кунанд, вале бояд ёдовар шуд танҳову танҳо касе метавонад пайрави ӯ шавад, ки мутолааи зиёд ,тарбияи баланди зеҳнӣ, табъи зарифу нафис дошта, дар дарёи бекарони адабиёти форсу тоҷик шино карда бошад.

Дар рӯзи яксолагии марги Аҳмад Зоҳир, яке аз дӯстонаш бо захми дар дил нишаста, бо лаҳни дардноку ғуссабор гуфта буд: «Сафари бебаргашти Аҳмад Зоҳир ва муроҷиати ӯ дар шаҳри маргу нобудӣ ҳар чӣ бошад, сафар ба диёри фаромӯшӣ нест. Сафар ба курароҳи гумроҳӣ нест, чаро ки дар ин як сол пайваста дар сӯги ӯ гиристем, пайваста садояшро шунидем ва пайваста ёдашро тоза кардем». Аз рӯзи марги фаҷеҳи  Аҳмад Зоҳир, ин хунёгари савти довудӣ, дилбохтаи дунёи зебоӣ, 32-сол сипарӣ гашта бошад ҳам, ба ростӣ хотираш дар ёди шефтагони садояш тоза аст ва таронаҳои нотакрори ӯ то зинда будани соҳибзавқон зинда хоҳанд буд.

Нависандаи ин сатрҳо чанд сол пеш бо ду – се навиштори хеш, руйи саҳифаҳои ҳафтаномаҳо кӯшише дар таҳлили андешаҳои ин ҳотифи оҳангҳои осмонӣ карда будам. Он навишторҳо ғолибан бозтоби андешаҳои худи ӯ роҷеъ ба санъати асил, ба суруди муосир ва назари якчанд ҳамдиёру ҳамкораш дар мавриди нобиғаи ӯ буданд. Агар хонандагони гиромӣ ҳангоми руйи дида овардани ин сатрҳо аз навиштаҳои пешин, чунончи аз мақолаи дар саҳифаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”                                           (№24, 12.06.2003.) дуборанавиштҳоеро мушоҳида кунанд, муаллифро мавриди сарзаниш қарор надиҳанд, зеро он чи гуфта будем ҷустораки баде набуд  ва дар нигари мо он гуфтаҳо метавонанд дархӯри омӯзиши дӯстдорони ҳунари асил  бошанд.

 Дар миёни пажӯҳишгарони зиндагӣ ва осори Аҳмад Зоҳир ва пайвастагиаш бо Тоҷикистон, пажӯҳандаи доно, Султони Ҳамад таълифоти чашмрасе пешниҳод кардаанд. Мо дар ин ҷо саъй мекунем пиромуни ангезаҳои роҳ ёфтани ҳунари беҳамтои   Аҳмад Зоҳир ба дилҳои соҳибзавқон гап занем ва зимнан аввалин овозхонони эстрадиеро, ки бо забони форсии дарӣ сурудаанд, ёдовар шавем. Нигари хешро роҷеъ ба сеҳри таронаҳояш, ки тавассути онҳо шӯҳрати фаровон касб карда ва рӯзгор нишон дода, ки он таронаҳо ҳанӯз ҳам кӯҳна нашудаанд ва барои аҳли завқ ҳаргиз кӯҳна нахоҳанд шуд, пешниҳод кунем.

Он гуна, ки аз навиштаҳо ва филмҳои русӣ пайдост, ҳунари эстрада дар ибтидои пайдоиш, ҳатто дар пойтахтҳои давлативу фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ — Маскаву Ленинград ба осонӣ роҳ сӯи саҳна наёфтаанд. Дастгоҳҳои идеологии ҳизби коммунистӣ, чун фарҳанги буржуазӣ, дар ибтидо ба густариши ин ҳунар монеаҳо эҷод мекарданд. Аммо ончуноне гуфтаанд: «Ҳунар марзҳоро намепазирад». Дар Маскаву Ленинград солҳои 30-уми асри гузашта ҳунари эстрада авҷ гирифта, сипас овозхононе мисли Утёсов ва Лемешев қалби ҳазорҳо ҳавасмандони оҳангҳои марғуби вокалӣ-созиро тасхир карда буданд. Зуҳури ин жанри мусиқиро дар Тоҷикистони мо ба охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-ум, ба хонум Лайло Шарифова, дуруд бар равони покаш, нисбат медиҳем. Ҳамзамон дар Узбакистон ҳунармандони ба тозагӣ рӯи саҳна омада, Луиза Зокирова ва Ботир Зокиров якчанд сурудҳои бо забони форсӣ-тоҷикӣ, ба пайравӣ аз Лайло Шарифоваи мо мехонданд.

            Бояд гуфт, то сурудхонии Лайло Шарифова оҳангнавозони тоҷики мо, на танҳо аз асбобҳои мусиқии нафасӣ, мисли «труба», «саксафон», «тромбон», «клорнет» истифода намекарданд, балки аз созҳои бодӣ, мисли аккордеон истифода ба амал намеомад, вале мардуми мо бори аввал соли 1957, ҳини сафари ҳунармандони Афғонистон пеши дидори худ диданд, ки таронаҳои тоҷикиро мешавад бо ҳамовозии клорнет, труба, аккордеон, армония иҷро кард. Ҳамон солҳо дар Тоҷикистон бисёриҳо хонданиҳои оқоён Ҳафизуллоҳи Хиёл, Салими Сармаст, Фазлаҳмади Найнавоз, Сорбон, хонум Рухшона аз қабили «Шӯхи ҷафокор куҷо меравӣ?», “То туро дидам, ҷома даридам”-ро замзама мекарданд. Ахири солҳои 50 ва аввалҳои солҳои 60-уми қарни гузашта дар ҷаҳони мусиқии «поп», ё эстрадӣ, минҷумла дар Амрико ва Аврупо як силсила чеҳраҳои дурахшон пайдо шуданд, ки офаридаҳои онҳо ним аср инҷониб ба ҷавонони эҷодкор илҳом мебахшид. Ситораҳои дурахшони эстрада, Ҳенрико Массес, Шарл Ознаур, Ив Монтан, Марк Ариан (Фаронса), Элвис Пресли, (ИМА), Ҷон Леннон, Пол Маккартни ва умуман чаҳоргонаи «Битлз» (Бритониёи Кабир), Мукеш, Муҳаммад Рафӣ, Лата Мангешкар (Ҳиндустон), дилҳои ҷавонони ҷаҳонро тасхир карда буданд. Ҷавонон дар ҳавлиҳову кӯчаҳои худ дастаҳои ҳунарӣ созмон дода, либосҳо ва мӯйҳои хешро ба услуби «Пресли» ё «Битлз» ороиш медоданд. Мо овози мусиқии эстрадиро дар ҷумҳуриямон ба ҷуз аз гулӯи хонум Лайло Шарифова, (иронии муқими Тоҷикистон), дигар аз касе намешунидем, аммо дар дил умед доштем, ки аз байни ҷавонони мо низ рӯзе ҳунарманде пайдо хоҳад шуд, ба савияи хориҷиҳои машҳури номбаршуда. Дар ин ҷо мехостам як лаҳзаи зиндагии хешро ба хотир оварам, ки он баёнгари интизориҳо дар шунидани таснифи эстрадӣ бо забони тоҷикӣ ва роҳ ёфтан ба дунёи таронаҳои Аҳмад Зоҳир мебошад. Соли 1968 ҳунармандони машҳури Афғонистон, оқоён Ҳафизулло Хиёл, Салими Сармаст, Мададӣ, хонумҳо Рухшона, Залонд ва Жило дар толори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон консерти хеле ҷолибе пешкаши мардуми Душанбе карданд. Дар ин консерт ҷавони гиторнавозе ба исми Акбари Ромиш, варианти форсии таронаи овозхони фаронсавӣ Ҳенрико Массесро бо нақароти «О диторам, диторам…» (О гитара, гитара…) бо як ҷаззобӣ ба истимоъ расонд. Шӯру ҳалҳала ва кафкӯбиҳои толор, ки аз қавмҳои тоҷику русу ғайра пур буд, ӯро маҷбур сохт, ки таронаи дигареро бо матлаъи «Аз ғамат ай нозанин, азми сафар мекунам»-ро бихонад. Либосҳои зебо, овози гиро ва гиторнавозии моҳиронаи он ҷавони ҳамсоламро наметавонистам фаромӯш кунам. Ман он вақт фикр мекардам, ки Акбари Ромиш ду-се сол намегузарад, ки дар қатори он ситораҳои машҳури ҷаҳонӣ ҷой мегирад. Ду сол пас аз консерти фаромӯшношуданӣ барои кор ба Афғонистон рафтам. Дар он ҷо аз кадом касе, ки роҷеъ ба Акбари Ромиш мепурсидам, посух мегирифтам, ки аз вуҷуд доштани овозхоне бо чунин ном хабар надоранд. Чанде пас, ба ин пурсишам аз донишҷӯи Донишгоҳи Кобул, бо исми Нодӣ, ки ба зудӣ бо ҳам дӯст шуда будем, маълум намудам, ки Акбари Ромиш як гиторнавози оддӣ буда, дастаи ҳунарии Фазлаҳмади Найнавозро дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ кардааст ва дар кадом вазоратхонае маъмурият доштааст. Аммо Фаромарзи Нодӣ ба ман роҷеъ ба Аҳмад Зоҳири мисли мо донишҷӯ, вале «хонандаи солу», «булбули ҳабибия» (литсейе, ки дар он таҳсил карда буд) ҳикоят кард. Ва бори аввал овози Аҳмад Зоҳирро аз навори магнитафонии он дӯсти афғонистониам, моҳи августи соли 1970 шунидам. (Он вақтҳо ҳанӯз магнитофони касетадор набуд). Соле пас, аз тариқи барномаҳои хеле зебои «Замзамаҳои шабҳангом»-и родиёи Кобул, таронаҳои марғуби «Хоб аз чашмонам рабудӣ, эй бевафо, бевафо….», «Намедонам ба рӯйи ки бигирям…»-ро шунидам, ки бо берун омадани онҳо ҳунари Аҳмад Зоҳирро барои худ яктову беҳамто дарёфтам. Аз он рӯзҳо таҳаввули маънавии Аҳмад Зоҳирро дар интихоби шеъру оҳанг, дар офаридаҳои тоза ба тозааш мушоҳида мекардам. Медидам, ки чи тавр ӯ бо кор гирӣ аз созҳои мусиқии урупоӣ, оҳангҳои классикиву модерни итолиёвӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, ҳатто русӣ ва савтҳои маҳаллӣ, бо омезиши бинишварону моҳиронаи шеъри форсӣ, муноддии иззату аслу насаби иронинажодон – тоҷикон мегардид. Дар чӣ буд ин сеҳри ба дилҳо роҳ ёфтану, нӯри чароғи хилвати андешаҳо шудани ӯ? Комёбиҳои Аҳмад Зоҳирро ба осонӣ мавриди қазоват қарор дода намешавад. Ҳанӯз айёми зинда буданаш, ё дар солгарди рӯзи маргаш, ҳини қазоват дар атрофи эҷодиёти ӯ, фикрҳо мухталиф буданд ва аз зумраи ҳунармандони ҳамдиёраш, буданд ашхосе, ки (мисли Маҳсур Ҷамол-муаллифи марши «Ватан ишқи ту…» воқеан ин сурудро Саидқул Билолови мо аз ӯ баргирифта низ мехонад) комёбиҳои Аҳмад Зоҳирро дар зиндагии мураффаҳу аз оилаи сарватманд буданаш медиданд, ки ин гуна андешаварзӣ комилан ғалат аст. Ин комёбии бемонандро дар баробари овози худобахш, дар чизи дигаре дидан лозим аст; дар пайванд ва омезиши мусиқӣ бо шеъри форсӣ, дар фаҳмиши мӯҳтавои шеъри ҳақиқӣ, бастабандии он бо мусиқии ҷиддӣ, ахлоқи ҳамида, ба таври умда табъу завқи баланд бо китобхониву заҳматҳои шабонарӯзӣ .

Бинишварони гузаштаи мо бар онанд, ки шеъру мусиқӣ дар канори ҳам зода шудаанд ва густариш ёфтаанд. Асосан дар замони қадим шоирони мо хунёгару овозхон буда, шеъри эҷод кардаи худро месурудаанд. Аз Рудакӣ, ки рӯд ё чанг менавохт ва Фаррухӣ, ки шаҳруднавозу Ҳофиз, ки хунёгари рубоб буд, то Боқӣ Раҳимзодаву Сайдалӣ Вализода ашъори худро бо овозу нағмаҳои мусиқӣ варандоз мекарданд. Ва арзише, ки мо ба Аҳмад Зоҳир қоилем, ҳаргиз аз он сарсариҳо нест. Таъкид мебояд кард, ки яке аз хусусиятҳои барҷастаи Аҳмад Зоҳир ба ҷо нишондани маъниву овои шеър бо оҳанг мебошад. Ба ҳангоме ки сабтҳои касетаҳои ӯро дар хилвати фикрӣ, танҳои танҳо гӯш карда (беҳтараш ниюшида), ба интихоби шеър, омезиши мусиқӣ бо ҳолати шеърофаринии шоир чира мешавӣ, мебинӣ ки он равоншод на танҳо ғарқи дунёи шеър буд, балки хешро эҷодгари он шеър медид. Бигирем ҳолати рӯҳии Ҳофизи Лисон-ул-ғайбро ҳангоми бурун овардани ғазали зерин ва ҳолати Аҳмад Зоҳирро дар лаҳазоти бастабандии оҳанг, ки гӯё ӯ низ бо Ҳофиз ҷигару сина доғ мекунад:

                                    Даст аз талб надорам, то коми ман барояд,

                                   Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

                                    Бигшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,

                                   К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.

             Маҷмӯи таронаҳои касетаҳои ӯ намоишгоҳест, ки шевотарин ашъори ноби форсӣ гулчин шудааст ва онҳо ҳокии дониши амиқ дар адабиёти форсу тоҷик, дар вазни арӯз, дар санъати сухан мебошанд. Уро бо идроку завқи фаҳмише дар тасаввуф доштан, аз як таронагӯ, таронапардоз ё таронасарои маъмулӣ, бояд фарқ кард.

            Мунаққид ва шоири барҷаставу беҳамтои Ирон, Маҳди Ахавони Солис дар як пажӯҳиши худ, дар атрофии ғазал овардааст, ки пас аз Ҳофиз дигар ҳамаи шуарои форс суханро дар ғазал ё такрор доштаанд, ё тақлид кардаанд. Дар зимн аз ҳамзамонони садаи 20, ғазалҳои шоири тавонои Ирон (солҳои 1940) Фаррухии Яздиро нағзу ноб дониста, ҳамчун намунаи салосату балоғат як ғазалашро пешкаши хонандагон кардааст, ки матлаъаш чунин аст:

                                    Шаб, ки дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,

                                   Моҳ агар ҳалқа ба дар кӯфт, ҷавобаш кардам.

             Ҳангоми мутолиаи навиштори мазкури донишманди бузург, мо ба нуктасанҷиву нозукандешии Аҳмад Зоҳир дар ҳайрат мондем, зеро ӯ бедуни хондани он дарёфтҳои шеършиноси фарзона Ахавони Солис, худ аз байни ашъори Фаррухии Яздӣ он ғазали камназирро хуш карда, оҳанги дилнишине бастааст. Ин ғазал дар баҳри Рамали Махбуни Мусамман (ҳашт «фоилотун» ва ду тои охираш «фоилот») бад – он сон оҳанг баста ва хонда мешавад, ки қофияҳои «нобаш» ва «ҷавобаш» бар радифи «кардам», бо як нозукӣ, аз як тақтеъ ба тақтеъи дигар гузаронида мешаванд. Ва ҳини гӯш кардан, нозукандешону дӯстдорони шеъри ҳақиқӣ аз дастёбии овозхон ба парвариши шеър огаҳӣ меёбанд, зеро ӯ ба оростагии каломи бадеъ ва дилнишин будани он риояи пурра мекунад. Дар ин ҷо мехостам бо як — ду сатри мулоҳизаҳои хеш овозхонони имрӯзаи моро дар мавриди парвариши шеърӣ, бо Аҳмад Зоҳир қиёс кунам. Агар малоли баъзеҳо ҳам ояд, аз таҳлилу мушоҳидаҳои хеш ва диди як силсила тамошогарони бофарҳанг ба хулоса омадаам, ки дар байни овозхонони эстрадаи имрӯзаи тоҷик чеҳраи умедбахш ва лоиқи ситоиш  дида намешавад. Яъне ҳеҷ касе ба истеъдоди бо заҳматҳо ба даст овардаи Аҳмад Зоҳир наздик шуда ҳам наметавонад. Чаро? Ҷавобаш хеле содда аст. Чунки китоб намехонанд, сари касби худ кор намекунанд, худро ғам намедиҳанд. Маишатпарастанд, туйгарданд… се-чор сол ҷилвафурӯшӣ карда, дили чанд безавқи хумории шаробро соате дар тӯй тасхир карда, маблағаке меситонанд ва хонаву мошинчае мехаранд. Вассалом.

            Дар хонаи Аҳмад Зоҳир бештар аз 8000 ҷилд китоб маҳфуз буд. Барои таҳияи як тарона даҳҳо китобро варақ мезад ва ба хотири ворид шудан ба мӯҳтавои ғазале аз луғату фарҳангҳо ба таври густурда истифода мебурд. Дар қиёс метавон манзили даҳҳо овозхонони тоҷикистониро пешкашатон кард, ки дар ҷевонашон як ҷилд китоб ҳам нест. Ба таври умда эшон аз мӯҳтавову мундариҷаи шеър, услуби баёни каломи бадеъ бехабаранд. Дар лаҳзаҳои нахустини муколима аз фақри маънавӣ ва дур будан аз ҷаҳони маънии ишон пай мебарӣ. Шеърдониву ғазалхонии қориёнаи ишон ба сони қуръонхонии бархе муллоёни аз ҷаҳони маънӣ бехабар мебошад. Мутаасифона харидорони маводи онҳоро ба шумули меҳмонони сари мизҳои шаробу кабоб, масъулони фарҳангу ба истилоҳ оинаи нилгун, худованд аз завқи малеҳи шеър ва табъи фасеҳи нағмаи асил бенасиб гардондааст. Бадбахтӣ дар он аст, ки дар миёни 15 – 20 соли ахир ин даҳҳо манижаҳову нозанинҳо, ин буриҳову суҳробҳои микрофонбалаби андакхондаву аз кӯчаи салиқаи шеъру тарона нагузашта, як табақаи ҷавони миллатеро ба беҳунариву безавқӣ ҷалб кардаанд, ки дар толорҳои пуршукӯҳ ба беистеъдодиву беҳунарӣ дасткӯбиву пойкӯбӣ  мекунанд ва гумон мебаранд, ки ҳунар ҳамин чашмакзаниву ишваву нозу карашма аст. Бад – он гуна ки Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст:

                                    Зоғ хоҳад нафири нохуши зоғ,

                                    Чи шиносад сафири булбули боғ. 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: