Киёнанд он зиёиён?

Ҳангоме ки дар ҷомеаи мо «зиёӣ» мегӯянд, ҳамон калимаи «интеллигенция» и  ба истилоҳ русӣ —  интернационалистиро дар назар доранд, ки онро идеологҳои шӯравӣ сохта буданд. Инқилоби Октябр бо моҳияти худ «интеллигенцияи» классикии Русияро нобуд кард. Бахше аз онҳоро барои «буржуа» ва ашрофзода будан ба куштан дод, ба Сибир табъид кард, бахши дигар ба Аврупову Амрикои Лотин фирор кард ва дар рӯйи хокистари интелигенсияи миллии русӣ, «интеллигенцияи коргару деҳқон» — и худро бунёд кард, ки он дар чил соли нахустини сохтмони ҷомеаи сусиёлистӣ аз  андакхондагону  чаласаводон таркиб ёфта буд, сипас аз ҳисоби як каме босаводони дар деги  андешаҳои «пролетарӣ, синфиву партиявӣ обутоб ёфта» (ҳама ибораҳои дар нохунак оварда, моли забони сиёсии замони шӯравӣ мебошанд.) ташаккул ёфт. Идеологҳои шӯравӣ ин қишри ҷомеаро ба миён оварда, бо вуҷуди аз байни синфи коргару деҳқон сара кардани онҳо  , бисёр эҳтиёт мекарданд, то ба сафи интеллигентсия мабодо дигарандешон ворид нашаванд. Аммо новобаста ба хостҳои доҳиёни диктатураи пролетариат, дар паҳлӯи интеллигентсияи васфкунандаи “ояндаи дурахшон” ва доҳиёни “ғамхори халқ”, равшанандешоне чеҳра мекушоданд, ки он интеллигентҳои казоиро бо ҳомиёни ҷомеасозашон мавриди истеҳзову нешханду ришханд қарор медоданд. Аз ҷумла Зошченко, Илф ва Петров аз он истеъдодҳои хориқулоддаи танзу тамасхур буданд, ки бо сухани нозуку зариф ҷамъияти зоҳирпарастони Русияи болшевикиро бо интеллигентсияи ноқису сиёсатзадааш зери тамасхур қарор дода буданд. Албатта навиштаҳои онҳоро барои нашр дар матбааҳо роҳ  намедоданд, худашонро бо футуристу космополит будан, аз минбарҳои расмӣ танқид мекарданд, вале равшанӣ равшанист; аз пушти чодари сиёҳ низ нур хориҷ мекунад, ба вижа пас аз сӯрох шудани он чодари сиёҳ. Ба ҳангоме ки дар сарзамини иртиҷоъи ҳамабину ҳамашунави сталинӣ фазои гармгунаи хрушчёвӣ (хрущёвская оттепель) густурда шуд, осори нависандагони дар боло ёд шуда дубора ба чоп расида, як силсила филмҳои ҷолиб низ ба навор гирифта шуданд. (Аз ҷумла «12 курсӣ», «Гӯсолаи заррин»). Новобаста аз ин, озодандешони нисбат ба интеллигентҳои ба воя расондаи болшевизм дар ҷомеасозӣ диди мутафовит дошта, гирифтори таъқиби ҳукуматдорони ҳизбӣ мегаштанд ва бахше аз онҳо кишвари бобоии худро тарк гуфта, берун аз ватан доғи ватанро месароиданд. Ва ҳизбу ҳукумат бо ҳампешагони худ аз доираҳои илмиву маърифатӣ, он озодандешагонро ба қишри «интеллигенцияи коргару деҳқон» — и худ шомил намекарданд, дар маҷлису маъракаҳояшон онҳоро роҳ намедоданд.

          Тарҷумонҳои тоҷик барои баргардондани вожаи «интеллигент», заҳмати зиёде накашида бозгӯкунандаи ин мафҳумро дар калимаи арабии «зиё» дарёфта, бо изофа кардани  «ӣ» — йи сифатӣ, вожаи «зиёӣ» — ро сохтанд. (Дар луғатномаҳо, аз ҷумла дар «Ғиёс – ул – луғот» омадааст; зиё – рӯшании офтоб, бидон ки зиё аз нур қавитар аст). Пешиниёни мо, аз ҷумла дар адабиёти форс – тоҷик вожаи «зиёӣ» — ро  ба маънии донишманду донишовар комилан ба кор набурдаанд, гӯё ки мардуми форсизабон то Инқилоби Октябр «интеллигент» надошта будааст. Аммо дар осори гузаштагонамон вожаҳои «донишӣ», «фарҳангӣ», «равшанандеш», «равшанравон», ба таври фаровон кор бурда шудаанд, ки муодили маҳз ҳамон калимаи «интеллигент» мебошад. Чунончи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар баробари донишиву равшанандеш номидан, онҳоро “фарҳангӣ” хондааст:

                              Ки ӯро супорам ба фарҳангиён,

                             Ки дорад сари мояву ҳанги он.

           Ҳоло гарчи тарзи давлатдориву усули ҳукуматдории шӯравӣ аз миён рафта бошад ҳам, дар ин замон низ мартабадорон равшанандеширо бо диду фаҳмиши шӯравӣ ёфтанӣ мешаванд. Гумон мебаранд, ҳар ки дипломдору унвондор аст, соҳиби ҷоҳу ҷойгоҳи баланд аст, суханро моҳирона на аз дил, балки аз нӯки забон берун меоварад, ҳар он ки ба истилоҳи шоир «илмро макру бузургиро ҳила, доноиро фиреб» донистааст, зиёӣ —  ҳамон интеллигент аст.

          Аммо донишии равшанандеш (интеллигент) — ро пайдо кардану парвариш кардан кори осон нест, зеро ниёз ба зеҳнҳои парваридаву дарозои замонӣ дорад. Он шахсест, ки умри худ, ҷавонии худро фидои китобхонӣ карда бошад. Як дӯсти донишиам дуруст дарёфта буд, ки агар ба шахси китоб нахонда ганҷи Баҳромро бидиҳӣ, бар танаш либоси инглисии «смокинг» пӯшониву аз сараш як сатил атри фаронсавӣ ҳам бирезӣ, аз оддитарин рафтору гуфтор ҳатто чеҳраи кундамонандаш  фурӯмоягиву фақри зеҳниаш намоён мегардад. Боре аз пардаи телевизионии Русия шахсе мегуфт, ки барои фарҳангӣ шудан, касро мебояд се пушт маълумоти олидор бошад. Албатта дар назар аст маълумоти олии сатҳи Аврупои ғарбӣ, на таҳсилоти имрӯзини мо. Гаҳ – гоҳе аз телевизион ба ҳайати расмии вазоратхонаҳо, ки сафар ба беруни кишварамон доранд нигариста, ба ростӣ хешро нороҳату шармгин эҳсос мекунам, зеро фақри маънавии бархе аз ишон аз зери сари тарошидаву тоқии чоргул низ, аз фаросӯйи пардаи телевизион ҳувайдо мегардад. Тасаввур мекунам, ки ин ишон чи тавр фарҳанги чандҳазорсолаи тоҷиконро ба хориҷиён бозгӯ мекунанд.

          Воқеан, фарҳангиву донишӣ будану набудани як миллатеро, онтенҳои шабакаҳои телевизионӣ, ки имрӯз кайҳонӣ гаштаанд, пеши дидори бегонагон намоён мекунанд. Рӯзномаву ҳафтаномаҳои моро на ҳама дар беруни кишварамон медонанду мехонанд, вале намоишҳои телевизиониамонро аз роҳи шабакаҳои моҳвораӣ бисёриҳо мебинанду мешунаванд ва зеҳнҳои сухангӯёну фарҳанговаронро қиёс мекунанд. Мо низ аз шабакаҳои телевизионии бегонагон нигари онҳоро ба фарҳанг, ба эҷоду эъҷоз, ба донишовариву фарҳанггустарӣ қиёс мекунем ва гаҳе гуфтори равшанандешони кишварҳои дигар, муносибати масъулонашонро ба истеъдодҳо арзёбӣ карда, чунин натиҷагирии нигилистӣ низ фарогирамон мешавад, ки мо ҳанӯз хеле дар дуриҳои дур қарор дорем, то масалан чун русҳо равшанандеш (зиёӣ) дошта бошем.

          Чанде пеш яке аз чеҳраҳои намоёни телевизиони Русия, намоди гӯёи равшанандешӣ (интеллигентность), Виталий Вулф, ки барномаи ниҳоят зебову пурхиради «Курраи симини ман» («Мой серебрянный шар») – ро роҳандозиву гӯяндагӣ мекард, дар сини 81 солагӣ даргузашт. Ин марди донишманд бо лакнати забон, (ки маймунбози машҳур Максим Галкин онро бо танз тақлид мекард) тайи понздаҳ сол бо як меҳри бепоён, маҳорати хориқулодда, нуктасанҷии мӯшикофона, табъу завқи латиф, аз гузаштаву ҳозираи саромадони театр, синамо, илм ва адабиёти рус ҳикоят мекард. Гузаштагони боргоҳи ҳунари Русия ва Аврупову Амрикоро, ки дар фарҳангӣ сохтани кишварҳояшон нақш доштаанд, ончунон дилсӯзонаву дилбарона ёдовар мешуд, ки шахси фарҳанггурезро ҳам гирифтори фарҳангу ҳунар месохт. (Афсӯс, ки мо тоҷикон чунинҳо надорем ва чунинҳо дар пешамон арзише надоранд.)

          Фарҳангӣ будани қавми русро ҳатто барномаҳои хабариашон гувоҳӣ медиҳад, зеро хабари даргузашти ҳунарманд, адиб, ё шахсияти донишиву фарҳангиашонро пеш аз хабарҳои расмии давлатӣ, ҳатто пеш аз хабари расмии сафарҳои президенти кишварашон пахш мекунанд. Ҳамин буд, ки рӯзи даргузашти Виталий Вулф, барномаи «Вести» ҳашт дақиқа бо ҳузну таасуф аз талафи гарони фарҳанги Русия хабар дода, сипас ба ахбор дар мавриди масъулони кишварро пазируфтани президент Медведев пардохт. Дар рӯзи ҳафтаи даргузашти Вулф, шабакаҳои телевизионӣ, барномаи яксоатаи ёдбуди ӯро ба намоиш гузоштанд. Аз саргузашти вай, дар васфаш хотираҳову суханҳои ҷолибе гуфта шуд, ки яке аз онҳо гӯёи донишу хиради ин шахсияти равшанандеш буд ва он ин аст, ки «Ҳар шахс гузаштаи худро дорад ва ояндааш дар пеш аст, аммо зиндагии имрӯзинаш пулест байни имрӯзу фардои ӯ.» Дар ин барномаи телевизионӣ ҳунармандони номвари Русия, нависандагони шинохта ва дигар донишиён бо салиқаи баланди хоси равшанпешагон (интеллигентҳо) суханҳои шоиста гуфтанд. Чунончи ҳунарманди номвар Вера Глаголева гуфт, ки Виталий Вулф зиндагии шахси дигарро аз ботини худ чунон мегузаронд, ки кас гумон мекард, ӯ дар бораи худаш ҳикоят дорад. Ҳунарманди овозаманди дигар Элина Бистритская ёдовар шуд, ки боре дар барномаи телевизионии худ як чизҳоеро дар бораам нақл кард, ки ман ҳайратзада шудам, зеро ӯ он андешаҳои маро бозгӯ мекард, ки сиррӣ буданд ва ман он суханҳои диламро ба ҳеҷ кас  нагуфта будам. Ҳамчунон дар васфаш гуфтанд, ки «Вулф дар бораи кадом замоне гуфтугӯ накунад, ба назар мерасад, ки ӯ дар он замон умр ба сар бурдааст. Масалан дар мавриди филме, ки гузаштаҳои торихии соли 1868 – ро бозтоб менамуд, ҳамчун шахси он воқеаҳоро аз сар гузаронида ҳикоят мекард.»; «Норостиву нодурустиҳоятро ончунон моҳирона мегуфт, ки  гумон мекардӣ тавсифат мекунад. Аммо дар пайи ислоҳи норасоиҳо шуда, заррае ҳам аз ӯ малол намешудӣ.»; «Дӯсти наздиктаринаш модараш буд. Дар сӯги модараш моҳҳо сар ба сукут оварда буд ва танҳо бо ҳамёрии дӯстону ёрони ҳамандеша ба идомаи кори эҷодӣ бозгашт.»; «Ба меҳраш он қадар вафодор буд, ки пас аз даргузашти ҳамсар, ба пофишории дӯстон аҳамияте надода, то ахири умр дубора бо хонуме лутф надошт. »  Хонуми зебои мусине, ки худ аҳли илм буд гуфт, ки «ман ба ростӣ ҳам дӯсташ медоштам ва ҳар чи талош кардам, ба дӯстдоштанҳоям бовар накард. Гуфт он ки маро дӯст медошт ва дӯсташ медоштам, аз ин чаҳон рафт, дигаре наметавонад ӯро иваз кунад.»

          Виталий Вулф зодаи модари рус ва падари яҳудитабори Русия буд ва бад – он гуна, ки арбоби бузурги синамои рус, Никита Михалков дар ёдовариаш аз ӯ гуфт «Ӯ кори бузургеро, ки барои миллати рус анҷом додааст, ҳеҷ каси дигаре накардааст.»

Чунинанд донишиёни фарҳангӣ ва ҷомеаи бар равшанандешони воқеӣ такяи устувор дошта. Гумони инҷониб бар он аст, ки дар мавриди бознамоёндани донишиёни равшанандеш боясти ҳамеша бомулоҳиза буд. Ҳар бозаргони сарватандӯхтаи унвон харида, ҳар болонишини аз роҳи макру ҳила ба мартаба роҳ пайдо карда ва монади он китобгурезони андакхондаро саршири миллати тоҷик бознамоёндан, боиси овозаи фақри маънавии миллат хоҳад буд..

Реклама

Один ответ

  1. як зумрае зиёинамоёни кишваранд,
    унвонашон зиёи валокин зиёнваранд
    лутфан дар тамос шавед тел 951122307

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: