Босмачиёни яғмогар ва Давлатманди нангманд

Чанд сол ба ин тараф бахше аз равшанандешон гузаштаи 90 сол пеши тоҷиконро бозбинӣ карда, дар мавриди босмачигарӣ рӯи саҳифаҳои рӯзномаҳо андешаҳои зидду нақиз баён кардаанд. Муттаасифона ин мавзӯи барои худогоҳии тоҷикон ниҳоят муҳимро бояд пажӯҳишгарони доно бознигарӣ намуда, бар пояи далелҳои воқеии дар санадҳои бойгониҳои КГБ (имрӯз ФСБ), Таърихи КПСС ниҳон, таҳлилҳои мӯшикофонаашонро ба ҳамдиёрон пешниҳод намоянд. Яқин аст, ки миёни Академияи Илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои торихшиносии Русия шартномаҳои ҳамкорӣ, барои дастёбӣ ба иттилооти зарурӣ, ба хотири омӯзиши гузаштаи муштарак вуҷуд дорад ва чи мешуд агар Пажӯҳишгоҳи торихшиносӣ (Раҳим Маҳсов) як – ду нафарро ба бойгониҳои Маскаву Петербург равон мекарданд, то ки ба саволҳои бешумори равшанандешони тоҷик посухҳо пайдо кунанд. Равшан аст, ки дар бойгониҳои хадамоти махсус (ВЧК) шарҳи аҳволи сарони босмачиён сабт мебошад.

            Маълум аст, ки аксарияти сарварони босмачигариро лақаю қунғуротҳои водиҳои Осиёи Марказӣ ташкил медоданд ва бахше аз онҳо, то омадани русҳои сурх дар қамишзорону бодияҳо ҷуз аз рамачаронӣ қарақчиву роҳзанӣ низ мекарданд. (дар адабиёти классикӣ онҳоро «қавми яғмо» ном бурдаанд). Бархе муаллифони он мақолаҳо номҳои Иброҳимбеку Туқайсари, Кӯри Шермату ҳамтоёнашонро ҳамчун роҳзанон арзёбӣ кардаанд, ки росту дуруст аст. Чун дар уруқи қатағану қунғуротҳо кӯчигарӣ муставлӣ буд, барояшон мафҳуми “меҳан” арзише надошт. Барои онҳо танҳо ҷойе лозим буд, ки рамаҳояшонро бичаронанд. Торихи садсолаи ахири тоҷикон  намунаи сӯистифодаи авлодони рамагардро аз нооромиҳои сарзаминашон зиёд медонад. Агар дар мавриди хиёнаткориҳои онҳо дар қиёми Восеъ аз китоби устод Сотим Улуғзода ва рӯбоиёти халқӣ (“ Восеъ рафт Ховалинг; Лакаё гуфтан “боринг”; Факиро мондан поинг – аз китоби “Восеънома”, Душанбе, соли 1985) огоҳӣ дошта бошем, чеҳраҳои пурғарази Файзалӣ Саид, Маҳмуд Худойберди, кушандагони булбули куҳсори тоҷик – Кароматулло,  Хуҷа «камандир» ва ҳамтоёнашон ки аз табор қатағанзодагонанд дар ин замон дидаем. Онҳое, ки зинда мондаанду дар кишварамон, ё дар фаросӯи марзҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд шабу рӯз дар интизоранд, ки чи рӯзе дар ин ҷо дубора нооромиҳо сар бизананд, то баҳонае пайдо шавад, барои кушту куштору ба яғмо бурдани дороии ин мардум. Агар соли 1992 алайҳи дингароёни муттаасиб ва демократихоҳон шиор бардошта бошанд, имрӯз зери парчами исломи соф (Ҳизби исломии Узбакистон) ва ҳар гуна таҳририву салафӣ ва номи неки демократия ҳадафманданд қавми соддаву худноогоҳи тоҷикро пурра пароканда созанд. Дар ин ҷо зарур дониста мешавад, ки бояд пайваста ҳамватани меҳанпарастро ҳушдор дод, ки дар ҳар нафаси худ, ҳатто дар хоби шаб ҳам аз таҳдиди бадхоҳони тоҷик андеша дур надошта бошанд, ба истилоҳи Ҳофиз “раҳзани даҳр нахуфтаст машав эмин аз ӯй”.

            Аммо бисёре аз муаллифони мақолаҳо беадолатиҳоеро, ки сарнавишт ба Давлатманд ва дигар ватанпарастони бонангу номус раво дида буд, имрӯз такрор мекунанд. Тоҷикеро, ки танхо ба хотири нигаҳбонии нангу номуси ватан дар рӯ ба рӯйи бегонагони бо силоҳ ба замини падарон омада қиём кардааст, душман пиндоштан носипосии беш нест.

            Инҷониб ба бори нахуст (ҳанӯз 9 сол пеш) рӯйи саҳифаҳои ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, зери унвони “Хурӯши Давлатманд”, мавзӯи босмачигариро  ёдовар шуда будам. Он мақоларо зери таъсири кандани гӯри Анварпошшо дар мавзеъи Чаган, деҳаи Оби Дараи ноҳияи Ховалинг навишта будам. Соҳибони Анвар аз Туркия омада, устухони ӯро ба ватанаш мебурданд. Вақте ки муҳаррики чархбол ба кор даромад, боди чархҳо хоки тозаи аз гӯри он турк канда шударо рӯйи хокдони Давлатманд пошид. Мисле ки Давлатмандро ба тозагӣ ба хок супорида бошанд, гӯраш тоза ба чашм мехӯрд.  Ин лаҳза касро ба андешае водор мекард, ки гӯри тоҷики барои озодии миллаташ ҷон нисор карда, ҳамеша ноаён  буд; ҳеҷ кас намедонад, Темурмалик дар рӯйи замин хокдон дорад ё на, пайкари беҷони Восеъро манғитиҳо дар куҷо ба чоҳ афканда бошанд. Шахсро нангаш меомад, ки авлодони Анвар намоишкорона ба писари Давлатманд, бобои Ғозии пирсолу набераҳояш ду халта орду ним халта шакар ҳадя карданд ва онҳо бо табассуми шармгин сипосу меҳрубонии самимӣ нишон медоданд. Эҳсосе фарогирам гашт, ки гӯё рӯҳи Давлатманд бо нолаву дард эътироз дошт, ки “охир эй тоҷик, чаро ин кадар сипосношиносӣ?! Ман ҷони ҷавонамро фидои нангу номусат кардам, вагарна метавонистам бо асби саманду наварӯсам, чун ҳазорон ҳамдиёрон ба кишвари ҳамсоя паноҳ барам. Эй ҳамдиёри носипос, магар шумо набудед, ки аз ҳамлаҳову шабехунҳои қарақчиёни қатағану лақай шикоят кардед ва ман ҷавонони кӯҳнишинро ба қиём барангехта то Саройкамар пайгирашон карда, тавбаашон додам, ки дигар пойи нопок ба сарзамини деҳқонон нагузоранд. Магар рӯҳи озодихоҳи ман ба як каф дуо, ё дастагуле арзиш надошт?…. ” Сипас дар ҳафтаномаи “СССР” аз хотираҳои падарам, ки соли 1989, дар синни 84 солагӣ даргузашта буданд ва саҳнаи кушта шудани Давлатмандро бо чашми худ дида буданд, мақолае ба интишор расонда будам. Ва чанд ҳафта пеш наберагони Давлатманд, писарони бобои Ғозӣ чун бохабар шуданд, ки радиои “Озодӣ” Давлатмандро турк номидааст, хешро таҳқир шуда дониста ба инҷониб муроҷиа карданд, ки ба коршиноси ин расонаи хабарӣ, Мирзои Салимпур посух навишта, аз кадом нажод будани ӯро бифаҳмонам. Ва чунин ҳам кардам.

            Лозим ба зикр аст, ки новобаста аз шарҳи иҷмолии банда, пиромуни пайдо шудани вожаи “босмачи”, (рӯйи саҳифаи “СССР”) дар расонаҳои хабарӣ пиндорҳои норосту нодурусти ин вожа зиёд ба чашм мехӯрад. Бояд гуфт, ки вожаи “босмачи” барои илқо додан ба аксулинқилобиёни Осиёи Миёна барсохтаи дастгоҳҳои иктишофии (разведка) ва идеологии Русияи болшевикӣ буд. Яке аз усулҳои маъмули кори дастгоҳи иктишофии Русия, аз пулиси махфӣ то ЧК, ВЧК, НКВД, МГБ, КГБ барои зишту бад бознамоёндани мухолифони режими давлатдориашон , бо забони худи ҳамон мардум унвонгузорӣ кардани мухолифон мебошад. (Монанди “душмани”, “духи”, “вовчики”, “юрчики”…) Ҷолиб он аст, ки маънии луғавии номи интихоб кардаи он органҳои махсуси русӣ, гарчи зишту аҳриманӣ ҳам набошанд, кормандонаш дорои ҳунару ҳилаҳое мебошанд, ки дар як замони кутоҳ он номро зишту бад месозанд. Ҳамон вожаи “босмачи”, баргирфтаи вожаи туркии “босма” мебошад, ки бар шахси либоси заррин ба тан далолат мекунад, яъне “зарринапӯш”. (Нигаред ба “Бурҳони қотеъ”). Кормандони ЧК – и Русия ин тамғаро бар пешонии ашхоси норозӣ ва аксулинқилобиҳои Осиёи Марказӣ часпонданд ва баъдҳо чеҳраи онҳоро дар роману повестҳо, театру синамо бад – он  сон бо рангҳои сиёҳи нокасӣ, ғоратгарӣ, бераҳмӣ, хунхорӣ рангубор кардаанд, ки авлодону набераҳояшон шарм медоштанд, ки пайвастагии хешро бо бобову амаки ба истилоҳ босмачиаш ошкор кунанд.

            Ончуноне дар боло ёдовар шудем дар миёни ҳаракати босмачигарӣ аксарият қарақчиёну раҳзанони дашту туқайзорон (қамишзорон) буданд, ки зери шиори ҳимоят аз дини ислом, озодтар ба ғорати мардум машғул мешуданд.

            Аммо набояд дар миёни мухолифони русҳои болшевикӣ саросар душманони қавми тоҷикро ҷуст, зеро дар он замон кас дарнамерафт, ки ҳадафҳои болшевикон дар саросари ҷаҳон бунёди давлатҳои мазлумону нодорон ва ҷомеаи хаёлии пурормони коммунистӣ аст. Он кӯҳнишинони тоҷик, ки рӯ ба рӯйи аскарҳои рус бо шамшер истода буданд, ҳадафе надоштанд, ҷӯз ҷон нисор кардан дар роҳи нигаҳбонии сарзамини падарон ва бовариҳои худ.

            Бад – он гуна ки ёдовар шудем, бархе муаллифони ноогоҳ Давлатмандро турк ва гумоштаи мири Балҷувон тахмин задаанд, ки ба ҳеҷ рӯй чунин гумонро наметавон пазируфт. Мо аз нақли ҳамдиёрони 85 сола ҳанӯз 30 сол пеш шунавида будем, ки Давлатманд дар солҳои 1916 – 1919 бо хоҳиши мардуми Сари Хосору Ховалинг дастаи саворони мусаллаҳ созмон дода, ба қишлаҳои чодарнишинони водии Кӯлоб, ки мураккаб аз қарақчиҳои қатаған, қунғурот ва қалуқу лақай буданд ва ба деҳоти кӯнишинони тоҷик шабҳо даромада духтарону молу манолашонро ба яғмо мебурданд, ҳамла карда оқсақолонашонро гирд меоварад ва зинҳору тавбаашон медиҳад, ки дигар ба деҳоти тоҷикон шабехун намезананд, сари роҳи тоҷирони кӯҳнишинро ки ғолибан меваҳои тару хушки худро ба бозорҳои Кӯлобу Янгибозор (Ваҳдати имрӯз) гирифта, амволашонро ба яғмо намебаранд. Аммо роҳзанони қабилаҳои кӯчандаву тозанда, бо табиати гургонаи худ, дар миёни қамишзорон пинҳон шуда, пайваста пеши роҳи мардуми кӯҳнишинро мегирифтанд ва ранҷу азияташон медоданд. Тақрибан соли 1918 – 1919 роҳзанон боре ба корвони бозоракиҳои ховалингиву сарихосорӣ дарафтода, ҷавонеро бо ханҷар мекушанд, ки он ҷавонмарг барои хариди ҷиҳози хонадоршавӣ ва туҳфаи арӯсаш аз бозор бармегаштааст. Ришсафедон чораи хотима бахшидан ба ин ноамниҳоро танҳо дар барангехтани ҷавонони силаҳшӯри худӣ медиданд, зеро мири Балҷвон, ки худ манғитиву турктабор буд ва рамаҳояшро хайманишинони бодияҳо мечаронданд, ба доди кӯҳнишинон намерасид. Гузашта аз ин хонҳои манғитӣ, ки пас аз қиёми Восеъ ба мардуми Ховалингу Сари Хосор қасд доштанд, ҳамеша барои неш задани мардуми ин билод дандон тез мекарданд, ҳатто балегӯи роҳзанон буданд. Ришсафедон назди Давлатманд рафта чунин арз мекунанд: “Эй Давлатманд, ту худро ”бий” (унвони низомӣ, баробар бо полковник) ном додаӣ, фикри халқатро намекунӣ?! Охир ин қатағанҳои раҳзан шабҳо духтаракҳои 10 – 12 солаи моро мерабоянд, сари роҳи тиҷоратамонро гирифта, молҳоямонро тороҷ мекунанд. Ин ҳама кам буд, ки навҷавони навхати азми тӯй доштаро куштанд. (Инҷониб суханҳои дар боло овардаамро аз суҳбати Андалеби Хоҷаи Калон ва падарам шунида будам, ки он замон яке 87 сола ва дигаре 76 сола буданд. Андалеб дар синни беш аз 102 солагӣ вафот кард ва дар зиндонҳои Қарағанда, Актубинску Сибир беш аз 30 соли умри худро сипарӣ намуда буд. Ҳоло писару авлодони Андалеби Хоҷаи Калон дар Ховалинг зиндагӣ доранд.) Давлатманд ин бор ҷавонони ғаюри Ёхсу, Тавилдара, Вахиё, Муъминобод, Балҷувону Терайро низ гирд оварда, бо ҳамлаи барқосо раҳзанони қатағанро то Саройкамар (Панҷи имрӯз) таъқиб карда савгандашон медиҳад, ки дигар дар қаламрави кӯҳистон пайдо нашаванд. Пас аз чанде русҳои сурх бо  низоми муҷаҳҳазу мусаллаҳ вориди кӯҳистон мегарданд. Барои Давлатманд ва ҳамраҳонаш тафовуте надошт, ки ин зардмӯйҳо омадаанд то ҷаҳони нав бисозанд. Ақидаву андешаҳои онҳо ҳеҷ арзише барои ватанпарастони баномус надошт. Ҳаминаш басанда буд, ки бегонаҳо бо силоҳ омадаанду дар ватанаш ҳукмронӣ карданианд. Бинобар ин муқовимат бо русҳои сурхро идомаи мубориза бо чаповулгарони қатаған дониста, аз рӯйи ҳикмати “душмани душманам дӯсти ман аст”, Анварпошшои туркро, ки саводи низомӣ дошт ба ҳаммаромӣ пазируфт.

            Бархе аз муаллифон бар онанд, ки Давлатманд шоистаи пайкараву унвонҳост. Аммо дигар Давлатманд ба унвону тавсифу пайкараҳо ниёз надорад. Баръакс мо ба тавсифи онҳое, ки барои дифоъи ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ниёзмандем. Метавонем ба бегонагону ояндагон бигӯем, ки дар даҳаи дуввуми асри XX сипоҳиёни  давлати дигар ба ватанамон даромад, онҳо хеле пурзӯр буданд, вале буданд диловарсароне, ки ба нобаробарии нерӯҳо, надоштани силоҳи дуруст нигоҳ накарда, аз худ сарсупурдагӣ нишон додаанд. Албатта тоҷикон ранҷе, ки аз амирони манғитиву гумоштагонашон бо унвонҳои «ишағабошӣ», «мингбошӣ», «аталиқ», «қурбошӣ» ва монанди он медиданд ва аз ин ки асрҳо сарзаминро авлодони рамачарони ишратпараст идора мекарданд, як рӯҳафтодагие дар замирашон чираманд буда, бо бетафовутӣ ба сарнавишти зодубуми вайронаашон менигаристанд ва фарқе надошт, ки ин кишварро кофири бутпараст забт мекунад, араби исломпараст, ё атеисти бехудо.

            Аммо набояд аз дида дур дошт, ки мо барои тарбияи меҳанпарастӣ дар ҳар марҳилаи торихии қавми худ, ба вижа замони чирамандии бегонагон ба кишварамон, бояд қаҳрамононе дошта бошем, ки мояи ифтихори миллиамон бошад.

Русҳо ҳанӯз дар замони ҳукмронии идеологияи шӯравӣ ба ошубу ошуфтагиҳои он замон бо чашми меҳанпарастиву ҳамдигаршиносии худ менигаристанд. Дар асари машҳури Михаил Шолохов, «Дони ором», низоми зиндагии қаҳрамони асосӣ Григорий Мелеховро Инқилоби Октябр мешиканад. Ӯ як деҳқон – казаке буд, ки замин кишт мекард, ошиқ ба душизаи зебои деҳааш буд, силоҳу асп дошт ва ҳар гоҳ душман ба ватанаш таҳдид мекард, бо ҳамдеҳагонаш станитса (деҳа ) – ро  ба гарнизони ҳарбӣ табдил дода, зидди душман бармехостанд. Барои онҳо Дон, Русия ва шоҳ гиромӣ буд ва омода буданд барояшон ҷони ҷавон дареғ надоранд. Бинобар ин дар сафи аксулинқилобиҳо зидди сурхҳо меҷангад, вале чун мебинад, ки ҳамтоёнаш – киштварзони оддӣ алайҳи сарватмандон меҷанганд, ба сафи сурхҳо мепайвандад ва аз ин ки сарварони болшевикӣ собиқаи вайро ёдовар шуда, «контра» (мухолиф) номаш мегиранд, дубора бо сафедҳо мегарояд. Ва ин Григорий намоди (образи) як ҷавони киштварзи Русияи он замон аст, ки дар ин ошӯбҳои сиёсатмадорон раҳгум монда буд.

Аммо чаро Давлатманд размандаи он замони пурошӯби барои як тоҷики ватанхоҳ номаълум, қаҳрамон дониста нашавад, ба вижа қаҳрамоне, ки дар муқобили сипоҳи бо тӯпу туфангу пулемёт муҷаҳҳази кишвари дигар, бо ормонҳои ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллӣ ҷони ҷавони хешро нисор кардааст. Барои рӯ ба рӯ шудан бо сипоҳи муҷаҳҳазу ҷангомӯхта, ба истилоҳи мардум, ҷигар лозим аст ва бояд фаҳмид, ки тоҷикони ба по бархоста ҳама бой ва сарватманд набуданд. Агар тарафдорони бешумори Давлатманд ҳама сарватманд мебуданд, пас зиндагӣ дар кишвари мо хуб будааст.

Иддаои маъмурият доштани Давлатманд дар миригарии Балҷувон низ мантиқӣ нест. Ба ҳангоме ки амири Бухоро ба Афғонистон мегурехт, гумоштагонаш аз пушти ӯ равон буданд, вале Давлатманд то ба водии Кӯлоб расидани аскарони сурх, кадом вокунише аз худ нишон надода буд, зеро барои ӯ ва ҳамразмонаш мафҳуми ватан хеле маҳдуд буд; онҳо музофоти буду боши худро ватан мегумориданд, на ҳама қаламрави аморати Бухороро.

Худо накунад дар замони мо кадом Худойбердӣ, ё Мулло Аҳмадзай валади Қудратулло аз кишварҳои ҳамҷавор, зери шиори «ҷиҳод», ё ваъдаи бунёди ҷомеаи афсонавии миллиардерӣ ба кишварамон ҳамла кунад (туф, чашми бад кӯр), магар ману ту, сарсупурдагони ин Меҳан метавонем бо онҳо ҳамроҳ бошем?! Албатта наметавонем. Номуси милливу нанги ватандориро нашояд бо идеяҳои пешқадам, зару фаровонӣ иваз кард. Давлатманд барои мо рамзи қаҳрамони баҳри озодии Ватан ҷон дареғ надошта, ба абад боқӣ хоҳад монд. Равонаш шод бод!

Реклама

Один ответ

  1. Рахмати калон бародари бонангу номуси точики ман рахмат ки номи ин хел кахрамонхоро руй китоб меоред.Минаторам аз шумо.Худо нигахбонат шавад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: