Чаҳор фариштаи чаҳор унсур

Тоҷикон (чи дар Ирони имрӯз ва чи дар Хуросону Вароруд) мардумоне мебошанд, ки дар бовариҳои бостонии худ занро фариштаи нигаҳбони обҳо дониста, ба номи Аноҳито – Ардвисура Аноҳито ситоишу ниёиш мекардаанд. Мардуми мо дар бостон ба унсурҳои чаҳоргона эҳтироми зиёде мениҳоданд. Хок, Об, Ҳаво, Оташ (Офтоб) чор унсуре мебошанд, ки ҳар кадоме фариштае дошатанд. Хок ё заминро фаришати “Спиндоромуз” сарпарастӣ мекард, Оташро фариштаи “Озар”, фариштаи Ҳаво “Войу” (vayu)  буд, «Аноҳито» ё Ноҳид, ки имрӯз ба хотири гиромидошти рӯзи занон аз он ёдовар мешавем, фариштаи обҳои пок дониста  шуда буд.

            Худованд ба паямбар Зартушт дастур медиҳад, ки изадбонуи Аноҳиторо бипарастанд ва ситоиш кунанд. Дар банди якуми Обон Яшт омадааст: «Аз барои ман эй, Зартушти Спитамон ин Ардвисура Аноҳиторо биситой, касе ки ба ҳама ҷо густурда, дармонбахшанда, душмани девҳо, мутеъи кеши аҳуроӣ сазовор аст, ки дар олами моддӣ вайро ниёиш кунанд. Муқаддасе, ки ҷонафзост, муқаддасе, ки физояндаи галлаву рама аст, муқаддасе, ки физояндаи сарват аст, муқаддасе, ки физояндаи мамлакат аст.»

            Аноҳито ҷуз аз сарпарастии обҳо вазифаҳои дигаре дошт, ки аз ҷумла некону поконро ба арҷгузорӣ ба озодӣ, нерӯву қудрат, шоистагиву фарзонагӣ, ба дунё овардани насли нерӯманду некӯкор ҳидоят мекард. Онҳое ки ин дархостҳоро амалӣ мекарданд, барояшон баракату сарвату қудрат бахшида мешуд. Аноҳито нигаҳбону мудофеъи насл аст, занону мардонро меполояд, то ки ба покӣ фарзанд оранд. Тамоми зӯрмандон ва ҷанговарони роҳи ҳақиқатро ёрӣ мекунад. Ин аст ки Худованд таъкид мекунад, ки ӯро аз нерӯ ва иродаи худаш офаридааст. Пайкари Аноҳито чунин тасвир шудааст: «Бозувонаш зебову сапедгуна ба фарохиву паҳнии шонаи аспе аст. Ин эзадбону ба гардунаи (аробаи) зебо, ки чаҳор аспи сафеди якшакл ба он баста шудааст ҳамвора омодаи он мебошад, то бар девону ҷодувон ва ситампешагон ҳамла бурда ва нобудашон созад» (Ҳошим Разӣ, «Затушт ва таъолими ӯ», Т.,1348, мутобиқ ба соли 1969 исавӣ, саҳ.102.)

            Дар сурудаҳои «Авасто», пас аз ниёиши «Модари зиндагӣ», ки ишора ба ҳурмат кардани хок (замин) аст, ниёиши «Оби зиндагӣ» дар ҷойи дуввум аст, зеро ки Зартушт дар андешаҳои худ дарёфт, ки об ҳамчун мояи зиндагисоз аз хок (замин) камтар намебошад. Хок дар якҷоягӣ бо об (рутубат) аст, ки зоянда мешавад. Об (рутубат) аст, ки заминро қодир месозад дар шакл гирифтан, ҷавона задан, шукуфтан, дона баровардан.

            Гузаштагони мо ба об эҳтироми вижа доштанд ва мардум бад – он сон тарбият шуда буд, ки обро аз олудашавӣ пешгирӣ мекарданд. Ва боясти пурсид, ки онҳо агар эзадони (фариштагони) хок (замин), ҳаво, оташ (раъду барқ) – ро  ба гунаи мард гумон карда бошанд, аз чист ки фариштаи обҳои покизаро зан тасвир намудаанд. Ба гумони мо ниёконамон, ки дар инсонсозии башар нақши муҳим доштанд ва яке аз нахустин фарҳанговарони рӯйи заминанд, пай бурда буданд, ки зан қудрате дорад, ки обҳоро пок нигаҳ дорад, зан қудрати зойидан дорад ва об барои замин ба сони ҷараёни хун дар ҷисми инсон ва сохтмони ҳама мавҷудоти зинда мебошад.

            Бечуну чаро ин бардоштҳо обишхӯри хиради гузаштагонамон будааст, ки мардуми мо тавониста буд ба хушк шудани рӯдҳову чашмасорон роҳ надода, обҳои покро нигаҳ доранд. Дар аҳди бостон аз ҳама зишту кароҳатбор олӯда кардани обҳо буд. Аз он бовариҳои бостон мо чандин шеваи гиромидошт ба обро мерос гирифтаем, ки хушбахтона дар миёни мардуми деҳот ҳанӯз ҳам ривоҷ доранд. Чунончи куҳансолон ба мо таъкид мекарданд, ки обро рост истода хӯрдан «вубол аст», бояд нишаста об хӯрд. Пас аз нӯшидани об мебояд ибораи «худоро шукр» — ро ба забон овард. Зинҳорамон медоданд, ки дар обҳои покиза нопокиҳоро напартоем. Обҳои равон (ҷӯйҳо) набояд аз канори оғилҳову ҳоҷатхонаҳо гузаранд. Чун ин ҳамаро гуноҳ эълом дошта буданд, аз рӯйи насиҳати падарон, мо аз тифлӣ ба об туф карданро нораво медонистем. (Ин гиромидоштҳои об сабабгор бар он шуда буд, ки арабҳои муҳтоҷи об иддаое паҳн кунанд, ки гӯё дар ойини порсҳо, бинобар муқаддас донистани об, шустушӯ гунаҳ аст. Дар асл гузаштагони мо ба обҳои равон, рӯдхонаҳову дарёҳо муносибати вижа доштанд ва барои олӯда нашудани сарчашмаҳо дар обҳои равон обтанӣ намекарданд, то ки аз поёни ҷараёни ҷӯй одамон оби олӯда нахӯранд.)

            Мутаасифона ҳоло ин ҳикматҳои гузаштагон тира гаштаанд. Ҳар гоҳ дар масири обҳои равон ба партовҳову наҷосатҳо менигарӣ, дил фишори нохуше эҳсос мекунад. Ҳама наҳру ҷӯйборҳои Сияҳоб ва Лағмони Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои водии Кӯлоб аз партовҳои рӯзгордорӣ олӯдаву ифлосанд. Ин нописандӣ ба панди бузургон дар маркази кишварамон, дар дараи Варзоб ва рӯдхонаи он бештар ба чашм мехӯрад. Дар соҳилҳои рӯдхонаи Варзоб ҳазорон гектар заминро сарватмандони навзуҳур ишғол карда, ҳазорҳо биноҳои баланди тарабхонаву меҳмонсаро ва дигар манозили ишрату фароғат сохтаанд. Албатта ин кори нек аст, бигзор мардум осудаҳолу роҳат бошанд, сайёҳонро бипазиранд ва аз зебогиҳову фаровониҳои сарзамин бархурдор шуда тиҷорат кунанд, вале мутаасифона касе ба ташвиш наомадааст, ки лӯлаҳои фузулоби ҳоҷатхонаҳову ҳаммому ошпазхонаҳо ҳама ба рӯдхонаи дар гузашта симину дурру гавҳарбор мерезад ва ин оби ҳоло олӯдаву заҳрогин ба бистари пойтахт ҷорист.

Бар он боварам, ки ин ҳама беэҳтиромиҳову ношукрӣ ба додаҳои Худованд, паёмади нохуше дорад. Худованд кайфари онҳоеро хоҳад дод, ки неъматҳои бахшидаашро хор мекунанд, ба ҳикматҳофяш бепарвоӣ нишон медиҳанд.

            Боясти низ аз худ пурсид аз чист, ки гузаштагони дури мо дар бовариҳои динниашон, дар баробари заминро модари зиндагӣ донистан, хуршед – офтобро падари зиндагӣ номидаанд. Ба гумонам ниёкони ҳушманди мо ба Худованд сипос мефиристоданд, ки барояшон неъмтҳои аз ҳама муҳим — хок, об ва офтобро ба миқдору меъёри кофӣ арзонӣ доштааст. Ба мо он қадар об додааст, ки аз он на танҳо заминамонро шодоб мекунем, балки аз он нерӯ берун меоварем ва бо ин нерӯ заминҳои нозоро ба зоиш дармеоварем. Ба мо он қадар офтоб ва нерӯи онро ҳадя кардааст, ки барои ҳаракату бороварии гиёҳону дарахтон басанда аст. Дар мавриде, ки ҷойгоҳи бархе қавмҳои дигар ё аз офтоби зиёд сӯзон аст ё барои рустану растан басанда нест.

            Ҷойи шакку шубҳа нест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо дарки ҳикмати бузургон дар миёни андешапешагони ҷаҳон мавзӯи обҳои пок, сохтмони нерӯгоҳҳои барқ, захираи об, ва наҷоти Аралро матраҳ кардааст.

            Ба монанди ниёкони ҳазорсолаҳоямон, мо низ дар пок нигаҳ доштани обҳои ин сарзамин  умед ба покии занон дорем. Агар мо мардҳо дили ин фариштагони заминиро гарм созем, онҳо тавон доранд, ки покизагии обҳоямон, сарзаминамонро дубора бозсозӣ кунанд. Бинобар он ки ҳафтод пушти мо эҳтироми вижа ба эзадбонуи обҳои пок, фаровониву зебоӣ – Аноҳито қоил буданд ва барояшон ниёишҳову ситоишҳои вижа изҳор мекарданд ва чун дар намоди ӯ, симои ӯ занро медиданд, дар ин ҷо бардоштеро аз китоби «Авасто» меоварем, ки баёнгари гуфтаҳои боло мебошанд;

            «Ситоиш кунем эзадеро, ки дарди зоишро дар занон мекоҳад; ки синаҳои занони зояндаро, ки чашмаи зиндагист барои кӯдакони навзод. Ситоишгарам Ардвисура Аноҳиторо, он нигаҳбони шоистаи обҳои наёлӯдаи гетиро ва он оби паҳнагустари заминро, ки созандаи зиндагист, ки чашмаи зояндаи нерӯст аз барои тандурустӣ, ки чун фурӯ резад, девонро нобуд созад ва чун равон шавад нопокиҳову олӯдагиҳоро нест гардонад. Ва инак биситоем Аноҳиторо —  эзади баландпояи шоистаро, ки дар бистари замин равон мешавад; ки нерӯ мебахшад танрову равонро; ки ҷунбишу зндагӣ медиҳад гетиро, мерӯёнад гиёҳҳову сабзаҳоро; ки бо он галлаҳову рамаҳо афзоиш меёбанд; ки хостаи мардумон афзун мегардад; ки кишвар ободону нерӯманд мешавад. Биситоем он эзади тавонманди аҳуроофаридаро, ки сутург (тануманду бузургҷусса) аст, сутург чун ҳамаи обҳои ноолӯдаву пок, ки аз абрҳо сарозер шуда ва бар синаи замин чун рӯдҳову чашмасорҳо ва дарёҳову дарёчаҳо ором ёфтаанд ва мепироянд зиндагии боландаро, пок мекунанд ниҳоди мардонрову занонро ва тавонманд менамоянд шири занонро.» («Авасто», Т.,1388, мутобиқ ба соли 2009, саҳ.278).

Шубҳа надорем, ки тавсифи зан бо қалами нобиғаҳои адабиёти классикии форс – тоҷик обишхӯри ин сарчашмаи хиради ниёконамон аст, ки занро мазҳари покиву обҳои соф донистаанд. Ончуноне ки Мирзо Абдулқодири Бедил ба истилоҳи худаш «дар он муҳити ташналабиҳои сароб», бо ин байти шиоргунаааш мардҳоро дар назди занон ба абад имтиҳондиҳанда донистааст, ки барои ҳамеша росту дуруст хоҳад монд:

 Бедил ин дунё на имрӯз имтиҳонгаҳ асту бас,

То  ҷаҳон боқист зан меозмояд мардро.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: