“Шоҳнома” ва нотавониҳо дар филмсозӣ

Чуноне ки дар гуфтаниҳои гузашта мулоҳиза шуд, достонҳои “Шоҳнома” баҳри пурдурру гавҳарест, ки дар он садҳо мавзӯъҳои шоистаи филмбардориҳо, сазовори бозтобиш дар  саҳнаҳои театрӣ ва намоишгоҳҳои суратгарӣ нуҳуфтаанд. То ҷое, ки банда мутаваҷҷеҳ шудам ҳанӯз дар филм ё намоишҳои театрии кишварҳои иронитабор маънии жарф ва шукӯҳи беҳамтои ин асари ҷовидонӣ чандон ки мебояд инъикос наёфтааст. Шояд дромнависи донои “Шоҳнома” – ро бо дидаи ватанпарастӣ гаштаву баргашта хонда, актёрҳои сазовори зебоӣ ва пайкари бузурги шоҳаншаҳону гурдони номаи бостон ҳанӯз чашм ба ҷаҳон накушодаанд. Ва ҳазинаву буҷаеро, ки арзиши бознамоёндани саҳнаҳои набард, шукӯҳу ҷилои тахту тоҷу авранги шоҳаншаҳону сипаҳбадон ва соири виросториҳову пиросториҳо ва декоратсияҳоро таъмин карда тавонад, берун аз тавони кишварҳои иронитабор бошад. Ба мо маълум аст, ки дар филмсозии силсилаустураҳои Юнони Бостон беш аз 15 миллиард доллар ба харҷ додаанд. Аммо саҳнаҳои “Шоҳнома” хеле рангинтару ҷолибтар, драмавӣ, фоҷеавӣ ва дилошӯбтар мебошанд. Шояд пурсида шавад, ки силсилаи филмҳои дар Тоҷикистон ба навор гирифтаи коргардон Бенисон Кимёгаров, бо ҳамёрии филмноманавис Игор Колтунов ва ба наворгиранда Давлат Худоназаров то чи андоза посухгӯи ин шоҳкори беҳамто бошад. Мо дар ин ҷо арзиши филмҳои «Достонҳои «Шоҳнома», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» — ро кам карданӣ нестем. Офарин мегӯем ба ходимони фарҳанг ва ба ҳунари баланди Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқ, Сайрам Исоева, умуман ба аҳли эҷоди ин филмҳо. Дар он шароит бо биниши он замон соҳиби ин филмҳо шуданро метавон қаҳрамонӣ донист. Мо ки ҳоло мехоҳем ба нукоти аз дидаи синамогарону мунаққидони тоҷик  дур монда ишора намоем, танҳо талоше дорем барои оянда, ки агар шароит фароҳам ояду «Шоҳнома» — ро ба таври шоиста ба филмбардорӣ ё дар саҳнаҳои театрӣ ҷилвадиҳӣ бипардозанд, шояд ин мулоҳизаҳои ками камтарин низ ба кор ояд.

            Дар бораи бузургии «Шоҳнома» бузургони зиёде суханҳои зебову гӯё гуфтаанд ва дар маврид ин гуфтаи ховаршиноси барҷастаи Олмон, Теодор Нёлдеке баҷост, зеро он гуфтаҳо баёнгари қоил будани як донишманди баландҷойгоҳи аврупоӣ, ба нобиғаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мебошад: «Ин як ҳамосаи миллӣ чунон боазамат аст, ки ҳеҷ миллате дар рӯйи замин назири онро надорад.»

            Ончуноне дар навиштаҳои пешини худ ёдовар шуда будем, чи адабиётшиносии сиёсатзадаи замони шӯравӣ, чи тазкиранависони дарбории хонҳову султонҳои садсолаҳои гуногун кӯшидаанд, ки андешаи марказӣ, идеяи асосии номаи бостонро бар суди давлатдории худ ба кор баранд. Онҳо талош варзидаанд, ки нигоҳи мардумро аз ормони асосии «Шоҳнома», яъне бузургии Ирон ва аз газанди арабу турк нигоҳ доштани ин сарзамини аҳуроӣ ва ҳуввияти миллии иронитаборон ба канор бурда, биниши хонандаи шоҳасари Ҳаким Фирдавсиро дар чаҳорчӯбаи  муқобилаи некӣ бо бадӣ (арабиаш хайру шарр), афсонаву устураҳо маҳдуд намоянд. Дар филмномаҳои навиштаи Игор Колтунов  ва коргардонии Бенсион Кимёгаров низ мавзӯи асосӣ дар атрофи ҳамин мавзӯи некиву бадӣ давр мехӯрад. Афзун бар он барои равшантар бознамоёндани таззоди некиву бадӣ, намоди Туладро бофтаанд, ки дар 60 000 байти «Шоҳнома» чунин ном вуҷуд надорад. Албатта ҳар муаллиф ихтиёр дорад, ки то андозаи муайяне усули муҷассам сохтани намоду ҳодисаҳоро ба хости худ тағйир диҳад. Аммо бозгӯии «Шоҳнома» — ин «Қуръон» — и худогоҳии ирониитаборон эҳтиёту тамкини ҷиддиро мехоҳад.

            Дар замони шӯравӣ аз ёдкарди ҳақиқати торихии ҷузви Ирони Бузург будани Вароруд – Осиёи Марказӣ худдорӣ мекарданд ва бинобар туркзодаву муғултабор будани ҳиссае аз сиёсатмадорон (дар Душанбеву Тошканду ҳатто Маскав) ва бартарихоҳии туркманишони тоториву панузбакӣ, аз вожаи «Ирон» парҳез ихтиёр доштанд. Ҳамин аст, ки номи ҷуғрофиёии кишваре, ки Фаридун шоҳаншаҳаш буд ва Коваи оҳангар дар он ҷо ба қиём бархоста буд, дар филми «Коваи оҳангар», Хуррамобод унвон шудааст, на чун Фирдавсӣ Ирон. Аммо чуноне ёдрас шуда будем Ирон ҳаставу ҷони шоҳкори беҳамто аст. Дар воқеъ на ҳама медонанд, ки ин кишвари аҳуроии озодагонро маҳз Ҳаким Фирдавсӣ ба бори нахуст «Ирон» ном ниҳодааст. Ба чунин андеша як идда аз донишмандони Ирон, аз ҷумла доктор Фаршедвар омадааст. Пеш аз Фирдавсӣ ба ин кишвар, ки тоҷикон низ ҷузви он буданд, ба гунаҳои мухталиф, аз ҷумла Айриёнам, Ориёном, Ориён, Ориёно ном гузошта буданд. Дар «Бурҳони қотеъ» омадааст, ки дар аҳди сосонӣ ин кишварро «Ироншаҳр» мегуфтаанд. Ирони Ҳаким Фирдавсӣ, ин ҳамон паҳнаи ҷуғрофиёиест, ки дар он озодагон, порсиён ё ориёиён дар рӯ ба рӯйи Турону туркон, Юнону румиён ва арабҳо истодааст ва маҳди далерону ҷойгоҳи шермардон аст. Воқеан, дар мавриди паҳнаи ҷойгир будаи Турони Фирдавсӣ, пажӯҳишгарон андешаҳои гуногун доранд, ки ин нуктаро вомегузорем барои суҳбатҳои оянда.

Акнун бармегардем ба мавзӯи бархе вижагиҳои достонҳои «Шоҳнома», ки синамогарони шӯравӣ то чи андоза  онҳоро ба тасвир овардаанд. Ҳамчун намуна боз ҳам ба ёдкарди саҳнаи фоҷеаи Рустаму Сухроб бармегардем. Боясти ба якборагӣ гуфт  ин саҳнаи ниҳоят ҳассоси  достонро, то ҷое ки Ҳаким Фирдавсӣ тавсиф кардааст, филмноманигор, коргардон ва ҳунармандони барҷаста бознамоёнда натавонистаанд. Ҳаким Фирдавсӣ фоҷеаи писаркуширо дар асари ҷовидониаш бад – он сон ғамбору дилхарош тасвир кардааст, ки ҳангоми мутолиаи сатрҳои бахшида ба он лаҳзаҳо кас наметавонад ашк дар дида нигоҳ дорад.

Равшан аст, ки асолати сухани осмонии порсиро наметавон дар тарҷума бозгӯ кард, дигар ин ки барои ба намоиш гузоштани рӯҳи номаи ниёкон мебояд аз табор тоҷик буд – чи иронӣ, чи варорудӣ. Паямбари сухани порсӣ бад – он устодӣ вожаҳоро сара кардааст, ки ҳар овои он гӯёи оҳу нолаву дарду дареғ мебошад. Вожаҳоеро ба кор бурдааст ба вазни «Шоҳнома» (мутақориб), ки гарчи он вазн бештар баёнгари разми диловарсарону шукӯҳи шаҳриёрон ҳам бошад, овои оҳу фарёду ноумедиҳо ба ин вазни шеър оҳанги дардгӯйӣ бахшидааст. Ҳангоме ки Рустам, пас аз ханҷар задан ба ҷигаргоҳи Суҳроб мепурсадаш, ки «бигӯ то чи дорӣ зи Рустам нишон» ва чун яқин мекунад, ки писари худро куштааст, бо садои раъдосо фиғон мекашад:

Ки Рустам манам, к – ам мамонод ном,

Нишинод бар мотамам пури Сом.

Яъне ҳамон Рустаме, ки ӯро меҷӯӣ манам ва Худо дар мотамам пури Сом, яъне падарам Золи Дастонро бинишонад… Бубинед, дар 8 калимаи асосии ин байт (ҷуз пешованду пасовандҳо), 8 овои «а» ва 6 овои «о» ҷой шудааст. Ва ҳангоми аз синаи марде чун Рустам берун баровардани ин суханҳо мебоист кӯҳҳо ба ларза меафтоданд, асбҳо шиҳа мекашиданд, дарёҳо аз соҳил мебаромаданд, осмонро раъду барқ метарконд. Аммо Колтунов ва Кимёгаров бузургии Рустами Фирдавсиро фурӯд оварда, ханҷар ба паҳлӯи писар задани намоди додхоҳӣ,  сипари фулодини Иронро  ниҳониву ноҷавонмардона намоён кардаанд. Чунин номардӣ ба Рустам намезебад. Ин лаҳзаро Ҳаким Фирдавсӣ бад – ин сон тасвир кардааст:

 Хам овард пушти далери ҷавон,

 Замона сар омад набудаш тавон,

Задаш бар замин – бар ба кирдори шер,

Бидонист к – ӯ ҳам намонад ба зер.

Сабук теғи тез аз миён баркашид,

Бари пури бедордил бардарид.

 Яъне Рустам дар ҷанги дуввум нахуст Суҳробро бардошта бар замин зад ва чун медонист, ки ӯ дар зер зиёд наистода, даст аз силоҳ барнамедорад, теғ ба паҳлӯяш мезанад.

Синамогарони номбурда ба хотири инъикоси ҳаҷми бузурги фоҷеа ба ин саҳна аз худ лаҳзаҳое афзудаанд, ки ҳусни баёну маҳорати фоҷеанигории Фирдавсии озарминро костааст. Соҳиби номаи бостон ба ҷойгоҳи фоҷеа на модари гирёну дилдодаи мӯйпарешонро, яъне Таҳминаву Гурдофаридро овардааст, балки сипаҳсолорони лашкари Ирон, Тӯсу Гударзу Густаҳмро ба ғамшарикии Рустам хондаст. Яли номвар дашна бигрифта, мехоҳад сари худ аз тан бибурад, аммо бузургон гирён бад – ӯ даровехта, дашна аз дасташ мегиранд. Рустам ба  ҷойи кулаҳ хок бар сар мепошад ва фиғон мекашад, ки «фарзанд куштам дар пирсолӣ. Сазоворам, ки ин ду дасти маро бибуранд. Акнун ба модари ту чи ҷавоб медиҳам. Ба модари ниёям чи мегӯям…»:

              Ба гетӣ ки куштаст фарзандро,

         Далеру ҷавону хирадмандро.

 Яке аз лаҳзаҳои дигари пурдарди ин достон он аст, ки Рустам бо чашмони ашкбор, бо дастони фӯлодини хеш аз чӯби уд тобути писарро метарошад. Пеш – пеши тобут пиёда то ба Сиистон меравад ва чун тобутро падари Рустам – Дастони Сом мебинад аз асп фурӯд меояд. Рустам сари тобутро кушуда, ҷомадаридаву хок ба сар, бо дили реш ба падар мегӯяд: бубин, ки дар ин тобути танг на Суҳроб, балки падарат Сом хуфтааст. (Яъне бубин, ки чи сон Суҳроб ба бобояш монанд аст):

                                                 Бад – ӯ гуфт бингар, ки Соми савор,

                                      Бад – ин танг тобут хуфтаст зор.

Дастони пир ба тобут нигариста, аз ду дида хун мегиряд ва Рустам тобутро ба айвон бурда, назди модараш Рудоба мегузорад ва фиғони модари Рустам «аз айвон ба Кайвон мерасад». Пиру ҷавон, зану мард ҳама ба расми азо «рух кабуду ҷома чок» карда буданд.

            Аммо Таҳмина дар Самангон бохабар мешавад, ки фарзандаш Суҳроб бо теғи падар кушта шудааст, мӯйканону рӯйканон «зи хуни мижа хокро лаъл мекунад», сару рӯйи аспи Суҳробро бӯса мезанад, хам мешаваду рӯй ба суму наъли асп мемолад. Таҳмина рӯзу шаб нолаву мӯя мекард ва «пас аз марги Суҳроб соле бизисту бимурд.»

Намунаи дигари ба саҳнагузории (ё режисураи) нокоми гузаштаву имрӯзаи мо, ин нотавонӣ дар бознамоёндани саҳнаҳои набарди лашкари ирониён бо румиёну турониён мебошад. Ҳаким Фирдавсӣ сипоҳи ирониёнро бо вожаҳои «гашн», яъне анбӯҳ, «сели гурдони оҳанинпӯш», бо кулоҳу сипару найзаҳои фӯлодину ҷосалиқ (дастгоҳи сангандозу хуми оташафкан), ҳама озодагон савора, сару синаи аспон бо зиреҳи оҳанин пӯшида, шайпури мисин, буқ, нақора, ҳиндидарой ва дигар олаҳои мусиқии ҳарбӣ размандагонро ҳамроҳӣ мекард, ки сипоҳии иронӣ болотар аз силаҳшӯрони румӣ буданд, на бад – он гуна, ки дар филмҳои номбурда артиши империяи Ирони Бузургро ба сони партизанҳои беназму гуногунлибос ба тасвир меоваранд.

            Шояндаи ёдкард аст синамогарони аз достонҳои «Шоҳнома» филм сохта, нахуст ба иллати дар қайди идеологияи замони шӯравӣ будан, дуввум норасоии маблағ дар сабти сазовори саҳнаҳои пурмуҳтавову пурмоҷарову пуршукӯҳи ин шоҳкори беҳамто ва севвум ончуноне дар оғози ин навиштор гуфта шуд, бинобар мутолиаи зиёд надоштан дар торихи Ирон, забони форсӣ, шеъри форсӣ, торихи динҳои иронитаборон, расму ойинҳои мардуми ин сарзамин, ки донистани он ҳама ҳатмист, дар бозтоби шоистаи  номаи бостон ноком мондаанд. Гузашта аз ин шахсе, ки мехоҳад гузаштаи иронитаборонро ҷилва диҳад мебояд дар замири хеш меҳри бепоён ба имрӯзу гузаштаи ин мардум дошта бошад, Ирони Бузург, яъне маҳди ниёконро аз Халиҷи Форс то марзҳои Чин тасаввур карда битавонад. Барои дастрасӣ ба ин, ба ояндаи дури синамои тоҷик метавон умед дошт ва он ҳам ба шарте ки наслҳоро битавонем дар рӯҳияи худогоҳии таборӣ, шинохти гузаштаи хеш, фарҳанги чандҳазорсолаи ниёкон, донистану гиромидошти забони форсии тоҷикӣ ба воя расонем.

Реклама

комментария 2

  1. Орзу дорам…
    Солҳост орзу дорам, ки дар Майдони Шаҳидон дар Абарканд тандисе бигзорем аз санги хоро. Тандисе, ки намоди ҷанги Рустаму Суҳроб бошад. Тандисе аз чанги падару писар чун намоде аз ҷанги тоҷику тоҷик. Тандисе, ки Суҳробро кушта ба дасти падар ва Рустамро кушта аз марги писар нишон диҳад. Тандисе пур аз дарду сӯгу «пур оби чашм», ки ҳар дили нозукеро биёрад ба хашм…
    Тандисе ойинавор, ки ҳар кӣ дар он бигарад, худро дар он бинад, кушта ба дасти худро дар он ёбад ва худро низ кушта ба дасти дигаре дарёбад… Тандисе, ки намоди пушаймониву тавбаи ҷангидагон ва панду андарзе барои ояндагон бошад барои зиндагӣ дар кишваре озоду орому обод…
    Орзу дорам, ки ин тандис ёдгоре шавад барои 150 ҳазор шаҳид, ки бештарашон беному нишону гӯру кафананд…
    Худованд биёмурзад онҳоро ва бибахшояд моро!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: