Рустам Сӯҳробро шинохт. Чаро ӯро кушт?

Пажӯҳандагони доноӣ “Шоҳнома” и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бар онанд, ки бо вуҷуди ҷусторҳои бешумори пурмуҳтаво ва нашри ҳазорон рисолаҳои пурмоя, ҳанӯз на ба ҳама нуктаҳои дар ин асари ҷовидонӣ пай бурдаанд ва ҳар ки бо донистани ҳама нуктаҳои ин шоҳкори бузург ифтихор мекунад, яқин аст газоф мегӯяд.

            Донишманди фарҳехтаи Ирон, Муртазо Мусавӣ хеле хуб гуфтааст, ки “барои хондани “Шоҳнома” ва фаҳмидани он бедуни тардид ба дониши васеъ ниёз аст” (М. Мусавӣ, “Бежан ва Манижа”, Т. с.1375, мутобиқ ба 1996, саҳ.6). Ин донишманди нуктасанҷ меафзояд, ки огоҳӣ аз сохтори забони форсӣ, яъне сарфу наҳву луғату решашиносӣ, ошноӣ бо забонҳои иронии пеш аз ислом, огоҳӣ аз торихи Ирон ва Ислом, ошноӣ бо ториху фарҳанг ва динҳои Ирони бостон, ба вижа динҳои Зартушт, Монӣ, Маздак, Зарвонӣ, Меҳрпарастӣ, ошноӣ бо устураҳои бостони иронитаборон, аз заруриятҳои ҳатмии дарки пурраи номаи бостон аст.

            Равшан аст Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ шоҳи китобҳоро дар рӯзгоре менавишт, ки бар тахти каёнӣ тагинони турк такя зада, халифаҳои Бағдод бо ҳамёрии онҳо забону фарҳанги арабиро бар сари порсиён ба бор оварда буданд. “Шоҳнома” чун дастури хештаншиносиву меҳанпарастӣ, ки хори чашми онҳо гашта буд, хонандаву донандагонашро гирифтори таъқиб ва заҷру азоб қарор медоданд ва Султон Маҳмуд чанде аз порсизодагонро ба “гуноҳи” Шоҳномахонӣ ба қатл низ расонда буд. Бо вуҷуди он номаи бостон дар хонаву дуконҳои озодагон пинҳонӣ мутолиа мегашт ва гарчи дар он замон чопхона набуд, сатрҳои заррини ба худогоҳиву меҳанпарастӣ бахшида, сина ба сина, аз даҳон ба даҳон, гӯша ба гӯшаи сарзамини озодагонро фаро гирифта буд.

           Муаллиф дар мазори Фирдавсӣ Мавзӯи ватан, ҳуввияти иронӣ ва муборизаи беамони иронитаборон бо анирониёни (ғайриирониёни) даст ба маҳди онҳо ёзида, андешаест фарогири 50 000 (ё 60 000) дугониҳои “Шоҳнома”. Агар муноддии аслу насаби порсӣ ҳатто аз ишқу издивоҷ ҳам сухан мегуфт, мавзӯи нигаҳдории асолати ирониро пеши дидор меовард. Бо ин ҳама арҷу арзише, ки ба ишқу вафодорӣ нишон медод, ошиқро бохабар мекард, ки ҳаргиз набояд ба хотири меҳри бепоёни ба дилдодааш дошта, Меҳанро фаромуш кунад, арзишҳои ватанпарварӣ бояд аз тамоми арзишҳои дигар фаротару гиромитар бошанд. Ҳамин аст, ки ҳар гоҳ шаҳриёрону сипаҳсолорон аз қавми бегона ҷуфтҷӯӣ мекарданд, хирадмандон ҳушдорашон медоданд накунад, ки аз паёмади ҷуфт шудан масалан бо “туркзода”, “хоқоннажод”, “румизода”, “арабнажод”  ба ватан газанду офату осеб ба бор ояд. Ва ҳар гоҳ сипаҳбадону шоҳзодагон аз бегонагон ҷуфт пайдо мекарданд, ҳатман бо ниёи худ машварат мекарданд ва ниё раъйи подшоҳро мепурсид, ки фарзандаш бегоназодаро чун бонуи хона бипазирад, ё на. Подшоҳ дар навбати худ ин мавзӯъро дар маҳфили ситорашиносону мӯъбадон баррасӣ мекард.  Ҷунончи дар достони “Зол ва Рӯдоба”, Соми Наримон нахуст комилан розӣ намешавад, ки писараш Рӯдобаи арабзодаро ҷуфт ихтиёр кунад ва чун Зол аз ӯ зориву таваллои бешумор мекунад, пеши тахти шоҳаншоҳ – Манучеҳр сари таъзим фурӯд оварда, барои ин издивоҷи нобаробару ғайриоддӣ иҷозаи шаҳриёрро мехоҳад. Шоҳаншаҳ нахуст нобовариашро ба пайванди паҳлавони иронӣ бо арабзода баён мекунад:

Гар аз духти Меҳробу аз пури Сом,     

Барояд яке теғи тез аз ниём.

Кунад шаҳри Ирон пурошӯбу ранҷ,    

Бад – ӯ боз гардад магар тоҷу ганҷ.

Дар “Шоҳнома” достонҳои ҷуфтҷӯӣ аз ҳисоби бегонагон зиёд дида мешавад, ки паёмади бархе аз онҳо ба Ирон зиёнбор ва бархе аз дигарашон бо пирӯзӣ ба душманони Ирон ба поён мерасад.

Издивоҷи Гуштосб, ки дар замони ӯ Зартушт зуҳур кардааст, бо Катоюн — духтари қайсари Рум, Сиёвуш бо Фарангис – духтари ашаддитарин душмани Ирон, Афросиёб, Зол бо духтари фарзанди Заҳҳок – Рӯдоба, Рустам бо Таҳмина, ки аз табор туронист, Ардавон бо ҳоқоннажод, Дороб бо Ноҳид – духтари шоҳи Рум, Файлақус ва монанди он. Бо назардошти ин издивоҷҳо шахсиятҳои “Шоҳнома”  ро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд;  иронӣ, аниронӣ (ғайрииронӣ) ва нимаиронӣ. Шоҳону паҳлавонони “Шоҳнома”, Рустам, Исфандиёр, Кайхусрав, Суҳроб нимаиронӣ мебошанд.

Бар хилофи ҳақиқати торихӣ, Искандари “Шоҳнома” и Фирдавсӣ нимаиронӣ мебошад. Назар ба бозтоби Ҳаким Фирдавсӣ Искандар писари Дороб ва бародари нотании (аз модар ҷудои) Доро аст. Дороб дар ҷанг румиёнро мағлуб карда, шоҳи Рум Файлақусро маҷбур мекунад, ки духтараш Ноҳидро ба ӯ ба занӣ бидиҳад. Аммо чун аз даҳони Ноҳид бӯи нохуш меояд, Дороб Ноҳидро ба Рум бозпас мефиристад. Ноҳид аз Дороб обистан буд ва ин сирро ба касе ошкор намекунад. Барои рабудани бӯйи нохуш аз даҳони шоҳдухтар, пизишкони Рум аз гиёҳе кор мегиранд, ки “искандарус” ном доштааст. (Бад хотири ин гиёҳ навзодро Искандар ном ниҳода буданд).Искандар дар Рум таваллуд мешавад, вале касе намедонад, ки ӯ писари Дороб аст. Дар Ирон яке аз фарзандони Дороб, ба номи Доро ва дигараш бо номи Искандар дар Рум ба шоҳӣ мерасанд. Искандар ба Ирон ҳамлавар шуда, тахти шоҳаншаҳиро соҳиб мегардад. Дар ин ҷо дида мешавад нигорандаи номаи бостон намехоҳад, ки шикасти Иронро бо дасти бегонагон бозгӯ намояд, зеро барои ӯ чун ба меҳанпарасти бузург, нангу номус намегузорад, ки додани тахти каёниро ба бегонагони аниронӣ қаламдод кунад. Ҳамзамон паёму зинҳору ҳушдор медиҳад, ки Искандар аз нутфаи Дороб, Суҳроб аз нутфаи Рустам ба Ирон ҳамла овардаанд ва Исфандиёр аз нутфаи Гуштосб, бо Рустами нигаҳбони тахти каёнӣ размидааст ва паёмади ҷуфтҷӯйиҳо бо анирониҳо, чун издивоҷи Дороб бо Ноҳид метавонад риққатбору пургазанд бошад.

Гуфтанист, ки паёмади бади издивоҷ бо бегонагон дар достони Рустам ва Суҳроб ниҳоят ба равшанӣ ба намоиш гузошта шудааст. Рустам дар Самангон бо духтари подшоҳи он кишвар Таҳмина издивоҷ мекунад ва аз ин ҷуфт Суҳроб ба дунё меояд. Пас аз барӯманд шудан бо макру ҳилаи Афросиёб, Суҳроби ҷавон ба ҷанги Ирон раҳсипор мегардад. Рустам дар набард аз бехабарӣ писари худ, Суҳробро мекушад ва ба ҳангоми рӯйи даст ҷон додани ӯ, ҳамдигарро мешиносанд. Дар зоҳир ин достон сода аст, яъне дар асари нашинохтан, падар писарашро бикушт. Ин гиреҳҳои рӯзгор, мубтани бар нашинохтани ҳамдигар ба эҷоди чандин достонҳои фоҷеавии ҷаҳонӣ асос шудааст. Аммо дар достони Рустам ва Суҳроб, мисли соири достонҳои “Шоҳнома” и Ҳаким Фирдавсӣ, сухан дар сари нақли қиссаи ҷолибу ҳаяҷонангези фоҷевӣ нест, зеро Фирдавсии озармин ҳар он чи дар ин ранҷи сиву панҷ солааш навиштааст дурӯғу афсона нест ва суханро ба рамз овардааст, ки маънии онро бо хирад метавон дарёфт:

                       Ту инро дурӯғу фасона мадон,   

                      Ба яксон равиш дар замона мадон.

                      Аз ӯ ҳар чи андар хварад бо хирад,  

                      В – агар бар раҳи рамз маънӣ барад.

Инҷониб дар мутолиаҳои хеш хостам нуктаеро дарёбам, ки ба пайдо шудани меҳри падарӣ, ба ҳангоми разми хунин бо писар ишорае дошта бошад. Ҳама медонад, ки дар дили Суҳроб ҳангоми гуштигирӣ меҳри фарзандӣ ҷӯш мезанад ва дар маврид ба Ҳумон мегӯяд:

                                   Зи пою рикебаш ҳаме меҳри ман,    

                                  Биҷунбад ба шарм оварад чеҳри ман.

                                  Гумоне барам ман, ки ӯ Рустам аст,           

                                  Ки чун ӯ набарда ба гетӣ кам аст.

Аммо ба гумони мо Рустам низ дар жарфои дил эҳсоси мармузе ба ин “яли ҷавон” дорад, эҳсоси ҳамхуниву ҳамрешагӣ, бӯйи фарзанд, ки аз нафасаш меояд. Шояд ҳамин пайбурданҳо буд, ки дар ибтидо Рустам равону нерӯ аз даст медиҳад ва ин бачаи аз даҳонаш бӯйи шир омада, кӯҳи бузурги устувориву пойдории Иронро ба замин меафканад. Вақте ки Рустам аз чанголи Суҳроб раҳо меёбад, ба Худованд менолад, ки “Эй пок парвардигор, ҳамон зӯре, ки дар оғоз бароям дода будӣ, онро боз деҳ”. Ва ҳангоме ки дубора ба гуштигирӣ мепардозанд, Рустам ғамӣ буд, гӯё ки паёмади ин набардро пай бурда бошад:

                                    Ғамӣ буд Рустам биёзид чанг,    

                                   Гирифт он бару ёли он ҷангипаланг.

 Аммо Фирдавсии ҷони хешро фидои Меҳан карда, ки рӯҳаш дар симои Рустам ниҳон буд, наметавонист Суҳробро накушад. Охир Суҳроб барояш хушгилу азиз ҳам бинамояд, қасди сарнагун кардани тахти каёнӣ ва вайрон сохтани Иронро кардааст. Ӯ мехост ҷуз аз Рустам ҳама сипаҳсолорони Иронро нобуд кунад. Ин ҳадафи Суҳроб дар саросари кишвар овоза шуда буд:

                                    Барангезам аз гоҳ Ковусро,                   

                                   Зи Ирон бибуррам пайи Тӯсро,

                                   На Гургин бимонам, на Гударзу Гев,  

                                   На Густаҳми Нузар, на Баҳроми Нев.

 Шояндаи ёдкард аст, ки иддае аз пажӯҳандагони “Шоҳнома” писаркушии Рустамро бадкирдорӣ ва ҳатто ноҷавонмардӣ доварӣ мекунанд. Гӯё барои нигаҳдории тахти Ковус писари худро кушт. Аммо чунин доварии бечунучаро ба шахсе, ки “Шоҳнома” ро бо дидаи як ватанпараст хонад бегона менамояд, зеро дармеёбад, ки дар ин дастури мардуми иронитабор рӯҳи  миллӣ аз ҳама ҷойгоҳи баланд дорад  ва арзишҳои инсонӣ дар назди арзиши меҳанпарастӣ ҳеҷанд. Ҳамин аст, ки дар ҷойи дигари шоҳкори беҳамтояш овардаст:

                                    Чу Ирон набошад тани ман мабод,    

                                    Бад – ин буму бар зинда як тан мабод.

 Ва бояд донист, ки тору пуди ин достони ғамангези писаркушии “Шоҳнома” и Ҳаким Фирдавсӣ танҳо аз рӯҳи худқурбонкунӣ барои сарзамини аҳуроии Ирон бофта шудааст ва набояд “во дареғ” гуфт, ки падар писарро нашинохту кушт ва набояд бо дареғу дард мӯягарие ба сони “Суҳроби ман, меҳроби ман”, дошт.

       Достонҳои “Шоҳнома” баҳри бекаронест, ки шоистаи филмбардориҳо ва тасвиру суратгариҳо мебошад. Мо пиромуни ин мавзӯъ дар нуктаҳои гуфтании дигарамон суҳбат хоҳем дошт.

     (идома дорад)

Реклама

Один ответ

  1. На классическом персидском языке ширинзабони порси правильно пишется Эрон, а не Ирон, как сейчас некоторые произносят в ошибочной манере.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: