Ғам низ ба худ худое дорад

Он кас, ки дар ин замона ўро ғам нест,

Ё одам нест, ё аз ин олам нест

 Ба ростӣ одамони дил дар оташи ғамҳо дода ба ҷуз аз даври Хайёму Ҳилолӣ, дар ҳама макону замон буданду хоҳанд монд. Дар батну сиришти ҳастии инсон ғам ниҳон аст ва фаҳмиши жарфи он ба ҳама дода нашудааст, зеро ғам доштан ба тарбияи зеҳнии одамон иртибот дорад. Аз мисраъҳои боло метавон чунин бардошт кард, ки шоир бо таъкид «ба ин олам», ҷуз «олами бевафо», ба олами дарунии одам низ ишора кардааст. Яъне инсони андешаманду дарунгаро ҳаргиз наметавонад беғам бошад. Ва ғам паҳлӯҳои гуногун дорад. Яке ғамест, ки аз роҳи дарду ранҷи таҳмил шуда ба бор омадааст.

 Дигар ғамест, ки зодаи нотавониву тангдастӣ ва парвардаи хушкдастии кишвардорони вақт мебошад. Ва дигар ғами одамест, ки дар дунёи даруни худ зиндагӣ мекунад. Ин ғами рӯҳӣ, ғами касонест, ки аз сарвату давлати ҳассосиву андешамандӣ баҳраманданд ва ин ғамро шоирону нависандагон дар оинаи шеъру асарҳои худ бозтоб кардаанд. Ин ғам метавонад гаҳе ба колбуди одамони дорову комгору омир роҳ ёбад, танҳо дар сурате ки онҳо аз тарбияти рӯҳӣ бенасиб набошанд. Торихи башар намунаҳои бешумореро медонад, ки сарватмандони тарбият ёфтаи ғампараст ғанои анбоштаи худро ба одамони сияҳрӯзу табаҳрӯзгор бахшидаанд, ё ҳар чи доштанд барои шугуфоии илму фарҳанги миллаташон харҷ кардаанд. Номи сарватмандони ғамшарики қавми рус, чун Морозов ва Третяков, ё Нобели машҳур ва садҳои дигар барои абад аз хотири мардуми олам зудуда нахоҳад шуд. Мисли бисёре аз сарватмандони Аврупову Амрико, ки ҳазинаҳои хайрияи зиёде ба кишварҳои Танзания, Конго, Сомалӣ, Нигерия, Кения, Уганда, Қирғизистон, Тоҷикистон ва соири мамлакатҳои ниёзманди ёрӣ ҷудо мекунанд. Шояд Худованд бо посдорӣ аз ғамшиносиву саховатмандии мардумонашон, новобаста аз ғайримусалмон будан, онҳоро комгору комёб ва кишварҳояшонро ободону шугуфон кардааст. Маҳди Ахавони Солис ҳар рӯбоии Хайёмро ба як кӯҳ ва усулан шеъри ӯро ба гӯристон ташбеҳ додааст. Ва устод Ахавони Солис мегӯяд ин ҳарфҳоро Абӯсаид Абулхайр, аз қавли яке аз бузургони ислом баргирифта, иқтибос овардааст: «Ҳар вақт ғамгин ҳастед ба гӯристон биравед ва ҳар вақт ҳам, ки хеле шод ҳастед, ба гӯристон биравед.» Ин марди хуҷаста чи хубу дақиқ қудрати сухани Хайёмро дарёфтаву арзёбӣ кардааст. Ба ростӣ сухани Ҳофизу Хайём ва андӯҳофаринии бузургони наздик ба онҳо иҷоза намедиҳад, ки кас аз худ биравад, фаҳму пазириши ғаму дардро фаромуш кунад. Шахси андешамандеро, ки некбахтии ба дарунмояи зиндагии худ ворид шудан насиб гаштааст, дарди шикасти миллаташ намегузорад, ки беғам бошад; сӯзу ҳасрати марзҳои аз даст рафта, сӯги Хуросони куҳан, сӯги рўзгорони маргбори солҳо 90, мотамшарикӣ бо модарону арӯсони ҷавонакҳои ҷавонмарге, ки дар талоши маош лаҳазоти вопасини умри кутоҳи хешро бенасиб аз дидори падару модару фарзанд, маҳрум аз нафаси охирини ҳавои Ватан, дар ғурбат сипарӣ кардаанд… Ғам миллати ранҷкашидаи тоҷикро аз ибтидо то ҳол ҳамроҳаш буд ва ин аст, ки адабиёти ҳазору андсолаи мо, ҳанӯз аз асри VIII, аз шеъре оғоз ёфтааст, бахшида ба ғам:

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,

Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.

Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,

Хирадманде наёбӣ шодмона.

Ғами кӯҳи азими донишу хирад, Ҳаким Фирдавсӣ, ки фарзанд аз даст дод ва чун он фоҷеаро ғами танҳо худ медонист, дар чанд байти маҳдуде сӯгнома навишт, аммо ғами Меҳанро, ки саҳрои андӯҳ гунҷоишашро надошт, дар 50 ҳазор байт, дар садади 35 сол навишт:

Дареғ аст, ки Ирон вайрон шавад,

Куноми палангону шерон шавад.

Ба зоҳирбинон муяссар нахоҳад буд, ки ғами бекарону дили шикастаи Лоҳутиро, дар пушти он ҳама тавсифҳои пролетариату кохи додхоҳии ҷаҳон, Кремл бубинанд. Ва бидонанд, ки дар навиштаҳои Лоҳутии ошиқи ноком, маъшуқаи бевафо яке буд – Ирон. Куҷо донанд назарбозон, ки Лоҳутии дар Тоҷикистон пораи Иронро дарёфта, мехост ин ҷо бимонад, вале мо ӯро аз ин ҷо рондем. Бале, сиёсатпешагони адабиёти мо тавонистанд, ки Лоҳутӣ меҳани дуввумашро низ тарк кунад. Ва сари болини маргаш ҳамзабоне набуд, то суханони вопасини ба форсӣ ба лаб овардаашро бифаҳмад. Асрори хотири озурдаи Лоҳутиро аз забони устодони иронии донишгоҳӣ ва хонум Лайло Шарифова, сарояндаи беҳамто ва бунёнгузори таронаҳои эстрадии тоҷикӣ шунида будам, ки ин ҷо мехоҳам ҳамзамон аз ғами ӯ низ ёде кунам. Соли 1965, дар Бокуи Озарбойҷон бо дӯсти ҳамдарси фақидам Одил Исломӣ хидмати аскарӣ доштем. Аз устоди иронии донишгоҳиамон, равоншод Акбар Зореъ огоҳ шудем, ки хонум Лайло Шарифӣ (Шарипова) аз Тоҷикистон қаҳр карда, ба Боку мувосилат кардааст. Рӯзе, ки ба мо гирифтани рухсатномаи сайри шаҳр муяссар шуд, бо нишонии аз устодамон гирифта, манзили хонумро пайдо кардем. Дар лаҳзаҳои нахуст, хонум Лайло аз дидани ду сипоҳӣ каме дар шигифт монд. (Чанде пас гуфт, ки дар Тоҷикистон хостанд ӯро ба гуноҳи ҷосусии Ирону Амрико муртакиб созанд.) Мо ба зудӣ худро шинос кардем ва гуфтем «парасторони ҳунари Шумо ва шогирдони устод Акбар Зореъ, аз Тоҷикистон мебошем. Омадем, ки аз номи тоҷикони асил аз Шумо узру омурзиш бихоҳем». Хонум Лайло моро ба ҳуҷра даъват кард ва дида пур аз ашки ҳасрат аз захми доғи нотавонбинону нокасон ҳикоят кард. Ва низ афзуд: «шумо намедонед, ки Лоҳутиро низ сиёсатпешагони адабиёт водор карданд, ки Тоҷикистонро тарк кунад. Лоҳутӣ на танҳо дар пушти худ нахустин дастгоҳи чопи китобро ба Душанбе овард, балки ирониёни муҳоҷирро дар Душанбе гирд оварда, усули бостонии хиштпазиро, барои сохтмони биноҳои пойтахт ба роҳ монд.» Хонум Лайло Шарифӣ шеъри ба тозагӣ навиштаи худро унвонии «Бар саводи санги мазорам», бо радифи «оҳиста, оҳиста», бо хафақони гиря дар гулӯ бароямон хонд, ки мо низ натавонистем ашки рӯи мижгонро пинҳон дорем. Ғами сипаҳбади аз набарди душманони миллаташ пирӯзу сарбаланд баргаштаро касе надида бошад, ба аксҳои Аҳмадшоҳи Масъуд бингарад. Ин аксҳоро ғолибан журналистони аврупоӣ бардоштаанд ва чун чашмро оинаи ғаму шодӣ гӯянд, онҳо ҳини аксбардорӣ ба чашмони Аҳмадшоҳи Масъуд таваҷҷӯҳи вижа додаанд, ки дар жарфои он чашмони дардбор, як дарё ғам нуҳуфта буд; ғами ба куштан доданҳои миллат, сарнавишти мармузи зиндамондагону аз коми аждари ситезаҷӯён раҳо ёфтагонаш… Ҳар гоҳ фарогири муҳтавои таронаҳои зарифу нозуки Аҳмад Зоҳир мешавӣ, ҷони азими дардмани ӯро пай мебарӣ. Бо вуҷуди ноздонаи як сарзамин шефтагони ҳунараш будан, як кишвар гирифторон аз дилбарони шӯхи ширинкори шаҳрошӯб доштан, дар хонадони падари соҳибсарвату соҳибмаснад растану фарри шӯҳрат болои сар нигаҳ доштан, танҳову танҳо ғамсароӣ мекард, ҳатто ҳангоме ки мехонд «Ғами дунёро аз сар бадар кунед…» Хеле зиёд мебинам, ки сарояндагони мо бо навои ҳушрабои Аҳмад Зоҳир тақлид мекунанд, вале садояшон хеле хушк ба гӯш расида, ҳаракоташон ноҳанҷор ба чашм мехӯрад. Онҳо чун бинишу дониши шеърӣ надоранд ва ба дарунмояи маънӣ дарнамераванд, шеъри ғамро мехонанду намедонанд, ки ғам чист. Чуноне ки як хонуми саҳнаву телевизион, бо чеҳраи аз худ ниҳоят розиву шодоб, таронаи ғамбори Аҳмад Зоҳирро бо матлаъи «Бигзарад, бигзарад, умри мо бигзарад…» хонда, тори асабҳои шефтагони овози ин ғамсарои беҳамторо озор медиҳад. Ва як ҷуфт сарояндаи дигар, ба ғазали дардноки равоншод Абдулло Қодирӣ, бо матлаъи «Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ», оҳанге басатаанд, ки пас аз ғамсароии Аҳмад Зоҳир бо ин матн, хонданиҳои он дуэт гувоҳи аз чашми шеършиносӣ бениёз буданашон гаштааст. Албатта ин безавқиҳо марбут ба тарбияти фарҳангии мардум аст. Ҳангоме ки дар ин 10-15 соли ахир, бинобар аз байн рафтани нақди адабӣ, табъу завқи мардум осонписанд шуда, ҳазёни ҳар раҳ оварде бедуни назари коршиносони корозмуда, чун ҳунар таллақӣ мегардад. (Манзурам нақди созанда аст, ки рӯзномаҳои ба истилоҳ ҳукуматӣ намехоҳанд норасоиҳои худиҳоро аз роҳи танқид ислоҳ кунанд ва нақди рӯзномаҳои озодро хурдагирона арзёбӣ карда, ба чашми расмиҳо бегона нишон медиҳанд.) Агар касе ба мафҳуми «осонписандӣ» дарнаравад, бояд гуфт ки ин истилоҳ ишора бар фақри андешаву афкор, нигаришу биниши ҳам устодони иддаи зиёди ҳунармандони имрӯз ва ҳам харидорони безавқи онҳо мебошад. Ҳар гоҳ , ки аз фаросуи қуттии ҷодуии аврупоӣ (TV) рақсгароиву рақсзадагии фарҳанги муосири тоҷикро мебинам, равшан мешавадам, ки ин фарҳанг на танҳо гувоҳ аз фақри андешаварзии бархе аз ходимони ҳунар аст, балки гувоҳи гӯё аз бозоргароиву безавқии барномарезони шабакаҳои телевизион низ мебошад. Гӯё дигар имрўз рақс ҷои андешаро гирифтааст. Чунин аст, ки агар сарояндагони «Шашмақом» аз дунёи ҷабаруту малакуту лоҳут тараннум ҳам кунанд, душизаҳои чолок бо лабони хандон (балки бо даҳони гиз), дар саҳна камару кафал меҷунбонанд. Ҳамон тавре ки ансамбли «Шашмақом» ғазали Ҳофизи лисонулғайлбро бо матлаъи «Душ дидам, ки малоик дари майхона заданд», мехонанду душизаҳои бехабар (мисли режисёрҳову раҳнамоёнашон), «ваҳдати вуҷ уд»-ро дар абрӯпарониҳо бозтоб карданӣ мешаванд. Ё ҳамон тавре ки шодравон Зафар Нозим, бо садои осмонии худ, ҳангоми фиғону нолаи дилхароши Саъдиро, дар мавриди рафтани ҷон аз бадану аз сорбон тавалло кардан, то қофиларо оҳиста ронад мехонд, ҳамон душизаҳои чолок бо лабони хандон (бо даҳони гиз), ба ҳавои валс мечархиданд. Ду сол пеш дида будем, ки таронасарои номвари иронӣ, Муин бо садои ҷодуии хеш як толор тамошогарро дар кохи Борбади пойтахт гирд овард. Маълум аст, ки мавзӯи хонданиҳои (репертуари) Муин, ғолибан аз ғамномаи талху дарднок, чун «рахт барбастан аз диёри ёрон», «сӯхтани ҷон зи тоби оташи ғамҳо», «нолаҳои марголуд» ва монанди он иборат буд. Аммо тамошогари осонписанди тоҷик (дар поён хоҳем гуфт, ки кианд он осонписандҳо ва харидорони табъу завқи ҳақир), ҳай ҳалҳалаву валвала мекарданд, ки Муин ба истилоҳ «ҷазуш бигирад». Онҳо на танҳо худ аз ҷой бархоставу (бархе дар ҷой нишаста), камар меҷунбонданд, балки даст мезаданду пой мекуфтанд, то Муинеро, ки аз ғами худ менолид, ба рақсидану шӯр задан таҳрик кунанд. Муини бечора маҷбур шуд оқилонаву мӯадабона изҳор кунад, ки овозхони дарунгаро аст ва шеваи навояш бештар маҳзунист, аммо аз ин ҷамъе, ки лутф карда ӯро бо шӯру шааф пазироӣ мекунанд, сипосгузор аст. Одамони ҳамеша аз худ ниҳоят розиву худхоҳу худписанд, гаҳе барраву курраҳои ширмасти фасли баҳорро ба хаёл меоваранд, ки чор пойро ба истилоҳ «хода карда», парак-парак мекунанд ва бархе аз ишон, ки фохиру кобир (бокибр) роҳ мераванд, ба назар мерасад заминро гӯё миннатдор карданианд, ки:«Замин! сипосгузор бош, ман пой болоят мегузорам, вагарна дар осмонҳо гом мезадам бе ман чи мекардӣ?!» Ба чунин одамони худхоҳу худпараст, ҳамзамон аз табъу завқи парварда нокому бенасиб нигариста, асарҳои нависандагони асри XIX Русия, Гогол, Достоевски, Тургенев, Грибоедов, Чеховро ба ёд меоварам. Қаҳрамонони асарҳои онҳоро ғолибан ба се гурӯҳ мешавад фасл кард. Яке пизишку муаллимони равшангарое, ки ихтиёран ба деҳоти Русия ба кор рафта, мехостанд ҳамқавмони хешро аз вартаи бемаърифативу бефарҳангӣ ва фақру нодорӣ наҷот диҳанд. Дигаре табақаи равшанфикре, ки аз аҳволи риққатбори мардуми Русия дар шигифту ноумедӣ, рӯ ба рӯҳафтодагӣ ва нигилизм оварда буданд, ки иддае аз ишон даст ба худкушӣ ҳам мезаданд. Ва қишри севвуми ҷомеа, мешчанҳо (кӯтаҳбинони бозорӣ, ё тоҷирони комёб) буданд, ки мо дар рафтору кирдори табақаи навзуҳури тоҷикон ва он мешчанинҳои асри XIX (мисли тоҷир, ё маъмури комёби бо роҳҳои ношоиста сарват анбоштаи тоҷик), мехоҳад бартарии худро аз дигарон нишон диҳад ва ё худро бо ашрофзодагони ҳушманд, таҳсилкардаву тарбияти олӣ гирифта ҳамсон созад. Онҳо (мисли бойҳои ин ҷо), бо харҷи маблағҳои ҳангуфт, фарзандони китобгурези худро ба Аврупо, бештар ба Фаронса, барои таҳсилу тарбият гирифтан ва омӯхтани маниши аврупоӣ равон мекарданд, аммо аз торихи Русия медонем, ки аз ин галлаи «бачаҳои оча» як нафар ҳам ба ҷаҳони андешаву илму дониши Русия ворид нашуд. Ҳама ба Русия баргашта курсиҳои баланди идориро ишғол карданд, вале бо айёшиву бебокӣ умр гузаронида, сармояи падаронашонро харҷ намуданду дар шадид гаштани буҳрону инқирози сиёсиву иқтисодии кишвар саҳм гузоштанд. Аммо ин кӯшишҳои мешчанҳо дар чашми соҳибони табъу завқи парварда, донишиёни асилу воқеӣ музҳику хандадор менамуд. Мешчанҳои тоҷик низ халои маънавии худ, табъу завқи ҳақиру нотавони худро мехоҳанд бо либосҳои фохир, атрҳои гаронарзишу мӯйҳои шоназада, автомобилҳои ҷилодор, бо рақамҳои вижа, ҳавливу опортумонҳои пур аз қоливу асосияҳо, ҳатто тоблуҳои (портретҳои) наққошон, ки ғолибан асл набуда, копиии асарҳои бадеии ҳақиқӣ мебошанд, пур кунанд. Сайр ба маккаи писандидаашон, шаҳри арабҳои дур аз фарҳанги асил (ҳанўз кас надидааст, ки аз он ҷо овозхони барҷаста, нависандаву наққоши забардаст, ё ҳунарманди театру синамо шӯҳратёр шуда бошад), вале мамлу аз колову ашёҳои ҷаълии ширкатҳои итолиёӣ ва шайхҳои зиндакафанпӯши занакабоз – Дубай, барои мешчанҳои тоҷик на танҳо нисфи ҷаҳон, балки тамоми ҷаҳони фарҳангу тамаддун гаштааст. Вижагии дигари ин табақаи нави ҷомеаи мо дар он аст, ки ишон барои намоиши бартарии хеш, дасту гӯшу гардани занҳои худро бо тиллову ҷавоҳироти истеҳсоли кишварҳои дӯст доштаашон озин мекунанд. (Куҷоянд он яҳудиёне, ки бо нимнигоҳ тақаллубиву ҷаълӣ будани тиллокориҳову ҷавоҳироти Дубайу Туркияро баҳо диҳанд.) Таъсири марази мешчанӣ дар миёни қишри дингаронамои тоҷик низ ба равшанӣ мушоҳида мешавад. Дар ноҳияе дидам, ки боми хонаи имомхатиби масҷид бо оҳантахта пӯшидаву девори баланди хонааш аз хишти пухта зиннат дода шуда, дар пушти дарвозаи филизии пурнақш ду автомибили нави сабуксайру кӯҳгард, ба истилоҳ «тавила» буд. Бинои гилини масҷид, ки дар паҳлӯи ҳавлии имомхатиб қарор дошт, сарои ғарибонро ба хаёл меовард. Ин манзараро ҳамсафари доноям, бо табассум баҳо дод: «Имомхатиб, ки шахси порсову поктинат аст, пули садақаву подоши тоҷирони ҳероину ҳаққи мардумхӯрон ва ришватхоронро, ба хотири ҳаром накардани бинои масҷид, дар сохтмони хонаи шахсиаш масраф кардааст.» Аммо дар гузашта диндорони мо чун Иброҳими Адҳам шоҳиро тарк карда, дарвешӣ ихтиёр карда буданд:

Бар кулоҳи фақри Иброҳими Адҳам нақш буд,

Қадри дарвешӣ касе донад, ки шоҳӣ кардааст.

 Аз роҳи бахшишу подошҳои ҳаромхорон сарват анбоштани бархе аз ходимони баднафси дин, ҳамзамон хешро дар назди дигарон шайхи покдоман вонамуд кардан, ҳамсони ҳамон харидорони ҳунарнамоиҳои беҳунарӣ мебошад, ки халои маънавӣ ва дарунмояи ковоки зиндагии хешро мехоҳанд бо ҷилои тилло ва шукӯҳи ҳавливу мошинҳо пур кунанд. Аммо ғам онеро, ки одам асту аз ин олам аст, ҳамеша ҳамсафару ҳамроҳ хоҳад буд, ҳатто агар ӯ ширинкору аҳли танзу ҳазл ҳам бошад. Дарвоқеъ инҷониб, бинобар баҳра надоштани бархе шӯхиҳои ширинкорони телевизионҳо, аз танзу ҳазли асил (ки барои таҳрик ба хандидан се – чор қаҳ–қаҳазан низ гулӯ медарронанд), наметавонам худро ба ханда маҷбур созам. Зеро он саҳнаҳо маҳсули иҷоди нависандагон набуда, ғолибан тарҷумаи факоҳиҳои (анекдотҳои) русӣ мебошанд, ки онҳоро аз русҳо шунида будем. (Албатта дар ин ҷо ҳунармандони боистеъдод айбе надоранд, зеро дигар нависандаҳои ҳазлнавис асар намеофаранд. Ва чаро асар офаранд, ҳангоме ки барои заҳмати камаршикани иҷодӣ, ба қавли Убайди Зоконӣ касе «филисе ҳам намедиҳад.») Ва аммо танзу ҳазли воқеӣ дар пушти худ ғам дорад; ҳамон «ханда дар пардаи ашк» — и Антон Чехов. Дар ин маврид ҳикоятеро меоварам, ки дар сарсухани китоби адиби Туркия, Азиз Несин хонда будам: Шахсе бо шикоят аз дарди дил ба қабули пизишке меояд. Пизишк, пас аз ташхиси сиҳати дил, беморро назди тиреза хонда, бо ишора ба тахтаи эълони рӯи хиёбон, ки акси хандони ширинкор тарсим шуда буд, мегӯяд: «Ба намоиши ин ширинкор равед, аз хушҳолӣ дилатон дармон хоҳад ёфт.» Бемор мегўяд: «Доктор, охир чи кунам, ки ҳамон ширинкор манам.» Ва ғам ҳатто одамро дар ҳолати мастӣ ҳам раҳо намекунад. Чуноне ки шоири барҷаста, Шаҳриёр ба тарабхонаи дардолуди Хайём ҳам мерафт, ғам ба таъқибаш меомад:

Эй, ғам бигӯ! Аз дасти ту охир куҷо бояд шудан,

Дар кунҷи майхона ҳам моро ту пайдо мекунӣ.

Ва ғамсарои хуҷаста, Маҳдӣ Ахавони Солис маҳз ба хотири ситоиши ғампарастони ғамшарик гуфтааст:

Ғам низ чун шодӣ барои худ худое дорад,

Пас зинда бошад, мисли шодӣ ғам.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: