Рӯзе гури Бозорро зиёрат меравем

Ин ҳафта ночор нуктаҳои нотамоми гуфтаниро, пиромуни бохтҳои дидориву шунидории тоҷикон ба канор гузошта, саҳифаро ба узрҳо аз шоири бузург  Бозор Собир мебахшам, зеро дар шумораи гузашта мақолаи сардабири «Пажвок», Аҳмади Иброҳим, бо номи «Бозор Собир туро оқ кардам» ба чоп расидааст, ки дар нигари мо аз одоби як тоҷики худогоҳ берун аст. Инҷониб, ки ташкилдиҳандаву номгузори ҳафтаномаи «Пажвок» мебошам, хеле ва хеле ошуфтаву озурда шудам, ки дар чунин як нашрияи бо ҳазорон умед ба хотири бознигарӣ ба хештани хеш таъсис дода, сухани кажу носазо ба номи яке аз бунёнгузорони дигарандешӣ, қаландари кашкул ба бари тариқати тоҷикия, Бозор Собир, раво дида шудааст. Забони форсӣ он қадар равону зебову шевост, ҳар ки хоҳад бо каме талош метавонад суханро бо назм гўяд. Аммо шоире чун Бозор Собир дар ин ҳазору анд сол аз Халиҷи Форс то марзҳои Чин шояд яксаду панҷоҳ-дусад беш набудаанд ва номуси миллӣ ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳад , ки лаб ба сарзаниши ин фарҳехтагон кушояд.

             Банда ҳанўз ҳафт сол пеш аз ин, дар посух ба навиштори кадом як доктори фанҳо (ки ў ҳам хизмати шоён карда, фарҳанги истилоҳоти пизишкӣ ба табъ расонда аст), мақолае зери унвони «Тоҷикистон ашки шоирро намепазирад» навишта будам  ва воқеиву ночор будани ҳиҷрати фарзонагонро дар ҳар макону замон амри оддӣ дониста будам, зеро авом ҳамеша ба нуктаи жарфу баланди доноён дарнарафта, гаҳе онҳоро  фурўмоя арзёбӣ мекунанд ва ба ҳамдастӣ бо курсинишинону дингароёни муттаасиб боиси ошуфтагиҳову тирарўзиҳо ва тарки ватан ихтиёр кардани онҳо мегарданд. Торихи фарҳанговарии Вароруд низ саршори нокомсозии фарҳехтагонаш мебошад.

            Ба ростӣ ҳам касро дардаш меояд, ки ҳангоми ба миллату меҳанат чун ба Худо эътиқод дориву аз жарфҳои дил умре  онҳоро тавсиф мекунӣ, аммо муште аз ҷоҳилон пайдо шуда, чун ба сари  Мансури Ҳаллоҷ санги маломат ба сўят меафкананд.

            Бозор Собир ва чанде аз ҳамтоёни ангуштшумори ў солҳои 60-ум, дар муҳити гулўгири идеологияи шўравӣ нахустиҳо буданд, ки аз миллати тоҷик, ҷашни Наврўз ва дигар арзишҳои миллӣ озодона сухан гуфтаанд ва онҳо беҳамтоёне буданд ки дар роҳи истиқлолияти давлвтӣ даъватҳо ба амал овардаанд.

            Аз хаёлам ҳаргиз дур намеравад, ки соли 1991 вакили мардумӣ, Бозор Собир аз минбари порлумони тоҷик бо сад дарду ҳасрат пешниҳод кард, ки чун Иттиҳоди Шўравӣ аз байн рафтааст, мебояд тақозо кард, ки Русия бозёфтҳои гаронбаҳои бостоншиносии тоҷиконро, ки дар зерхонаҳои Эрмитажу Третьяковская галерея маҳфузанд, ҳамчун сарвати бебаҳои ин сарзамини бостонӣ бозпас бидиҳанд. Аммо дар ҳамон лаҳза нидоҳои дағалу тавҳинбори вакилони асолатбохта, аз ҷумла Рафика Мусаева, Валентина Абдурахманова ва якчанд Қул Қулиеви дигар амр мекард, ки шоир минбарро тарк кунад. Ў мехост ба суханаш идома бидиҳад, ки аз Русия ҳиссаи мошин-олот ва лавозимоту муҳиммоти низомии Тоҷикистонро бозхоҳӣ кунанд. Боз ҳам асолатбохтагон бо ҳам-ҳама  аз минбар поин шудани ўро талаб карданд. Бозор Собир бо ришханду лабханд хоҳиши хондани як порча шеърашро кард, вале қисме аз вакилон рўи по хоста , хостанд шоирро бо зўри даст аз минбар дарафкананд. Шоир дафтарчаи вакилиашро рўи миз гузошта берун шуд.

            Банда низ бар онам, ки Бозор Собир бо дили саршори меҳри Тоҷикистон ва Самарқанду Бухоро намебоист ба кўрароҳи ҳизббозиҳо гом биниҳад. Баъдҳо ҳама дарёфтанд, ки муқовиматҳову даргириҳои кишвари мо зери шиори озодӣ дар толоби бунёди ҷумҳурии исломӣ реша доштаст. Русҳо ва узбакҳо аз бими густариши ҳаракати озодихоҳии Тоҷикистон ба Тотористону Бошқирдистону ҷумҳуриҳои худмухтори Қафқоз ва Самарқанду Бухорову Фарғона вокуниши шадиде  нишон додаанд. Меҳанпарастону миллатпарастоне чун Бозор Собир, Тоҳири Абдуҷаббор ва даҳҳо ҳамтоёни эҳсосотии онҳо ҳамон вақт фаҳмиданд, ки нўги ин ришта дар дасти шайхони араб буда, миллат ва демократия шиоре беш набудааст. Аммо дигар хуни тоҷик аз саводи рўи асфалт ба ҷўйҳо ҷорӣ шуда буд. Бозор Собир дарк намекард, ки танхо се-чор шеъри пурэҳсоси дар мавзўи худнигарии миллати тоҷик навиштааш , ба истилоҳи шоири бузург Сиёвуши Касроӣ, «Кори садҳо садҳазорон теғаи шамшер»-ро ба анҷом расонидааст. Ва дар ин шеърҳо ба гумонам беҳтарин сухан дар мавриди забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик гуфта шудааст, ки ҳатто онро суруди миллӣ низ гуморидаанд;

                                         Қомати кўтоҳи манғит,

                        Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд.

                        Пастии саҳрои Қипчоқ

                        Аз баландии Бадахшон шуд баланд.

Ё :

                        Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

                        Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

                        То забон дорад ватандор аст ў,

                        То забондор аст бисёр аст ў.

Ва ё:

                        «Мо ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепўшем……»

                       Имрўз дар коргаҳи пизишки шеърпарасту шеърнавис, мудири шўъбаи тандурустии шаҳри Кўлоб, ҳоҷӣ Сафармади Раҷабмад будам, ки низ аз он мақолаи Аҳмади Иброҳим гила карда, зимнан чунин суханҳои ҷолибе гуфт: «Чанд сол пеш дар Анталияи Туркия саёҳат доштам ва чун сафарамро бе зиёрати Ҷалолуддини Балхӣ ноқис медонистам, новобаста аз мушкилиҳои роҳ, яъне ҳашт соати сайри яктарафа бо автобус, ба хокбўси мазори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ расидам. Ба писарам , ки маро ҳамроҳӣ мекард, гуфтам,  сарнавишти бузургони мо чунин буду чунин мондааст; имрўз мо тоҷикон ба Қунияи дурдаст омада, мазори Мавлоноро зиёрат мекунем, фардо фарзандони шумо ба Сиетли Амрико рафта, санги мазори Бозор Собирро тавоф хоҳанд кард». Вақте ки аз утоқи кории ҳоҷӣ Сафармади Раҷабмад берун мешудам, ба навиштае аҳамият додам, ки аз сақфи даҳлез ба пеши дидори одамон овезон буд ва гўё гуфтаҳои болоро оро медод:

                         Ғами шоир Ватану миллату чархи фалак аст,

                        Ҳама кас ғайри Худо аз ғами ў бедарак аст.

             Пас аз мутолиаи навиштаҳои Аҳмади Иброҳим, хостам аз номи мардуми ин сарзамин узрномае навишта, дар саҳифаҳои «Нигоҳ», «Фараж», «Миллат», «Озодагон» ба интишор расонам. Аммо ёдам омад, ки ҳафт сол пеш чун як посдори намакдони шеъри Бозор Собир, аз номи ҳамаи онҳое, ки намаки шеърашро чашида, кўрнамакӣ кардаанд пўзиш хоста будам. Ва дар он навиштор ин байти Ҳофизе, ки «шайхони ҷохилу гумроҳ» дар аввал кўшида буданд пайкарашро дар мазори мусалмонон ҷой надиҳанд, овардаам:

                         Боду ҳавои форс аҷаб сифлапарвар аст,

                        Ку ҳамраҳе, ки хайма аз ин хок барканем.

Реклама

комментариев 12

  1. Офарин, Устод Мирзоён!

  2. Ба надешаатон сад дар сад роям устод!

  3. Устод, хазорон шукри Шумо ки хастед. Локин ин «ок»кунаки хамшахриатон бояд фарзандони худро ок кунад, на шоири як миллатро.

  4. Устод Зафар, сухане гуфтаед оли ва андешае болотар аз он, ки дар ин чомеаи гумрохзадаи мо на хар касе ба дарки чунин андеша воло метавонад бирасад.
    Сабз бошед!

    • Хеле фикрхои оличаноб!
      Вале ин Ахмади Иброхим кист, ки Бозор Собирро ок мекунад?

      • Барои ман хам Бозор Собир дигар шоир нест! Ватани ман Точикистон аст ва аз вай ИМА.

  5. Аз шархи шумо хушхолам, дустон

  6. Ташаккур барои ин дардномаи точик.
    Хушунатбор аст фарханги ичтимоии мо, ки дар он оки писар, духтар, як шахси шинохтаву ношинохта як бонги нишонаи номехрубони ва бемехрии густурда дар замона ва ахли замондорон. Курнамаки,курдили маразест сангин…Кош арч ва сипосгузорон хамеша пурсадо буданд ва некии човидонро мисли хуршед тобон нигах медоштанд то чашми курнамаконро як каме рушание мебахшид.

    Бо сипос ва ихлос, Муборак

  7. Харгиз!
    Магар мешавад ба инсоне, ки нахост — харчанд замоне инро эълом карда буд! — «бо хасу хори Точикистон зиндагй кунад» ва гамбургерхуриро (дар поёни умр) аз ин хама боло донист?
    Шоири БУЗУРГ хам набуд.

    • Устод Бозор сохибдил аст ман аз чону дил уро тарафдорам у номуси миллати точик аст бо мехромезтарин таманниёт ва мухаббати калби яке аз дустдорони Бозор ва шеъри у Захайризода Зайнуриддин касе ба у душмани мекунад точик нест

  8. Шоири хакики пайгамбар аст.Пайгамбар дар кадом чои олам,ки хасти кунад,пайгамбар мемонад.Миллате,ки шоиру пайгамбари хешро нашиносад,миллат нест,ин гурухи калони одамиро мемонад,ки хамчун махлук вучуд доранду халос.Бузургону пайгамбарон дур аз ватану манзили хеш низ мефавтанд.Дар кисмати онхо чунин будааст. Харгиз хориро набини шоир Бозор Собир.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: