Паёми вопасини Ҳаким Фирдавсӣ

Дар бораи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва номаи номвари ӯ дар ин ҳазор сол, донишмандони арҷманд ҳазорон ҷусторҳову пажӯҳишҳои пурсамари торихӣ, адабӣ ва фалсафӣ берун овардаанд, ки дар нигари нахуст гумон меравад нуктае намондааст, ки онро бо чашми донои худ надида бошанд. Аммо низоми фикрии «Шоҳнома», ки дар он наҳваи ҳастишиносӣ ҷойгоҳи вижа дорад, ба нуктаҳои зиёди ҳанӯз нодида ишораҳо дорад, ки барои дӯстдорони ин шоҳкори фанонопазир хилвати хаёл густурдаву бепоён аст.

            Сарнавишти ояндаи сарзамини аҳуроии Ирон ва озодагони он дар гӯшаи намоёни андешаҳои бекарони Ҳаким Фирдавсӣ ҷой дорад, ки дар муҳтавои 50 ҳазор (ё 60 ҳазор) дугониҳои “Шоҳнома”, бо рамзу тамсил ва бознамоёндани гузаштаи ифтихорманди ниёкон бозгӯ шудааст. Ҳакими Тӯс дар ин паёми ҷовидонаи ҳуввияти миллии ирониаслон, дар баробари ситоиши пойдориву посдории Ирони Бузург, бо дареғу дард аз хатари вайрон шудан (“Дареғ аст Ирон, ки вайрон шавад…”) ва рӯзҳои тираи он ҳушдор медиҳад ва бе Ирон тану ҷони хешро ҳеҷ медонад (“Ки Ирон набошад тани  ман мабод…”)

            Мо дар ин навиштор хостаем аз оянданигариҳову сухани вопасини Ҳаким Фирдавсӣ бозандешии гузарое дошта бошем. Ҳаким Фирдавсӣ чун паямбари ростин паёми вопасини инфиродиву шахсӣ надошт. Паёми вопасини ӯ нигаҳ доштани арҷу арзиши ҳуввияти миллӣ мебошад, ки ба истилоҳи донишманди донои Ирон, устод Каззозӣ онро “дар шеъри ҷон гуфтааст, на дар шеъри нон.”

            Дар ҳама замон шоҳону фармонравоёни Ирону Вароруд, ки ағлаби онҳоро худованд аз дониши жарфу андешамандӣ бенасиб гардонда буд, бар фарҳехтагони донишҳои замони худ ҳосиду бахил буда, бо худхоҳиву бартарихоҳии хеш боиси аз байн рафтани арзиши дониш ва хориву ҳақорати донишиён гашта буданд. Агар ҳакиме чун Фирдавсӣ, ки бо гузашти замонаҳо ҷаҳони илм ӯро ба рутбаи паямбарӣ шоиста донистааст, ба амирони ахири сомонӣ аз паёмади талхи маснаднишин сохтани ғуломони турк ва додани ҷилави лашкардориву давлатдорӣ ба дасти онҳо заволи шоҳаншоҳии сомониён ва бад – ин васила тира гаштани рӯзгори иронитаборонро пешгӯӣ карда бошад, барои он худпарастон арзиши ҷаверо надошт. Ва агар дабирону андешамандон ва диноварону дингустаронро ҳушдор дода бошад, ки яздон бипарастанду бар Паямбар салавот бифиристанд, вале аз “зоғсорони беобу ранг”, яъне арабҳо ки маниши ориёиро барбод медиҳанд эҳтиёт дошта бошанд, касе гӯш фаро надода забони динро арабӣ сохтанду кушту куштори Чингизу Темурро ғазаби худо бознамоёнда бад – ин сон аз озодагон подаҳои галӯи сар ба таслим дода дуруст карданд. (Торихнигорон овардаанд, ки ба ҳангоми хилофати аббосиёну уммавиён, агар савораи арабу тоҷик ба ҳам рӯ ба рӯ меомаданд, аз рӯи дастури Бағдод тоҷик мебоист аз асп поин фаромада, ду даст рӯи сина, ба араб “ассалому алайкум” бигӯяд. Ё дар замони чирамандии чингизиён бар Хуросон, савораи муғул бо панҷ нафар тоҷик бархурд намуда фармудааст, ки яке дигареро дасту по бибандад ва ба – дин тартиб чун чор тан аз тоҷикон дасту пои ҳамдигар барбастанд, муғул аз асп фуруд омада, он панҷ тан тоҷикро сар мебуррад.)

            Дар он рӯзгоре, ки сулолаи “тагинон” хешро “ғазнавиён” унвон дода, бо ҳамтаборони қарахонии худ, сомониёнро сарнагун сохтанд, Ҳаким Фирдавсӣ ҷони пурдарду пурошӯби хешро дар ин суханҳо мерезад:

                                     Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,

                                    Нажоду бузургӣ наёяд ба кор.

                                    Зи ирону турк в —  аз тозиён,

                                    Нажоде падид ояд андар миён.

                                    На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,

                                    Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.

                                    Ҳама ганҷҳо зери доман ниҳанд,

                                    Бимиранду кишвар ба душман диҳанд.

 Пажӯҳандагон бар онанд, ки манзур аз “бандаи беҳунар”, ишора ба Маҳмуди Сабуктегин аст, ки гузаштагонаш на аз бузургону шоҳон буданд ва на сухан барояш арзише дошт. Аммо аз диди мо Ҳаким Фирдавсӣ замони заволи сомониёнро бознамоёнда, он андешаро дар нигар дорад, ки аз омезиш бо турку тозӣ нажоду дудае падид меояд, ки барои ӯ арзишҳои ориёиву авастоӣ арзиши ҷаверо нахоҳад дошт. Дар ҳақиқат то рӯзгорони мо асолатбохтагоне ба воя расидаанд, ки барои онҳо забони форсӣ, сурату сиришти ориёӣ арзише надорад ва мутаасифона чунинҳо, чи дар Ҳироту Балх, чи дар Самарқанду Бухоро, Душанбеву Хуҷанду Хуталон зиёданд, ки бар маснадҳои илмиву идорӣ такя зада, барояшон сухан “ба кирдори бозӣ” мебошад.

            Нобиғаи яктои беҳамто вазъи ҳалокатбори бар Меҳанаш соя густурдаро омӯхта, ба масобаи паямбари ояндабин чунин суханҳои андӯҳолуд берун меоварад, ки пас аз ӯ дар дарозои садсолаҳо он пешбиниҳо дар зиндагии иронитаборон таъйид шуданд:

                                     Замоне биёяд, ки покизамард,              

                                    Шавад хор чун оби дониш бих(в)ард.

                                    Замоне биёяд бад – он сон бувад

                                    Ки доно парстори нодон бувад.

                                    Парешон бувад донишманду хор,        

                                    Дарахти хурӯшон наёяд ба кор.

 Воқеан, гузаштагон ҳикоят мекунанд, ки аз худхоҳии шоҳону фармонравоён ва торикиҳои таасубу ҷаҳолат чашмаҳои ҷӯшон, ки дарахти маърифати ҳамтаборони мо обишхӯри он буданд, рӯ ба хушкӣ ниҳода, пойгоҳи ҳунар ба мағрибзамин ҷой иваз кард. Дар сарзамини берункунандагони оҳану гавҳар ситоиши дурӯғини шоҳон ҳунар дониста шуда макру фиребу дурӯғ бар ақлу доноӣ ва ростиву  дурустӣ бартарӣ пайдо кард.

            Пеш аз ковиши арзишҳои дар “Шоҳнома” нуҳуфта боясти дарк кард, ки Ҳакими Тӯс номаи бостонро барои ки ва барои чи навиштааст. Чи ниёзе доштааст, ки тану ҷон ба ранҷ дода, умри хеш ба бознависии саргузашти мардуми худ бибахшад. Ногуфта равшан аст, ки Фирдавсии озармин дар рӯзгори маргборе, ки мавзӯи будан ё набудани ҳаммеҳанонаш дар миён буд – тахти шоҳаншаҳӣ вожгуну маниши турктозӣ ба ҷаҳонбонӣ чираманд гардида буд, забони дину фарҳанги порсӣ дар ҷараёни нобудӣ ва хотираи торихиву рӯҳи миллӣ рӯ ба завол ниҳода буд, барои бозшинохти ин нажоди куҳан саргузашти фарҳанговарӣ ва ҷаҳонсозиашро дар корномаву таборномаи иронинажодон ба бозгуфтан пардохтааст. Бад – он соне ки “Таврот”, чун таборномаи яҳудиён аз номи паямбарашон ба қавми бани Исроил паём мефиристад, то ба ҷаҳон пареш хӯрда зару зевари моддиву маънавии ҷаҳониёнро барчида ба замини падарон бозгарданд, (Ва ончуноне ки мебинем онҳо асолати яҳудии хеш аз даст надода чунин ҳам кардаанд, гузашта аз ин аҳволи кишварҳои аммома ба сарону абову қабои сафед ба танонро, ки замини падарони яҳудиёнро тасхир намуда буданд, табаҳ  кардаанд), Ҳаким Фирдавсӣ низ дар поёни шоҳкори худ, аз номи шоҳи охирини сосониён, Яздигурд, рӯйи ду саҳифаи “Шоҳнома” паёми вопасини хешро баён мекунад, ки аз он ин маъниро мебиниву менигарӣ: “Барои аз газанди ду нерӯи аҳриманнажоди гетӣ — яке тозиён, дигаре туркон эмин мондан, мебояд ба роғу кӯҳи баланд панаҳ бурд:”

                                     Ҳамоно зи роғу кӯҳи баланд,

                                    Зи турку зи тозӣ наёяд газанд.

 Дастур дода мешавад, ки аз хӯрданиҳову пӯшиданиҳо “ҳама ҳар чи ҳаст”, “зарринаву ҷомаи набурид” (яъне матоъ), “аз хӯрданиҳову ҳар гуна соз”, “зи говони гардункашон чил ҳазор” (говони аробакаш), “гурунҷу дувоздаҳ ҳазор хирвор гандум, арзану пиставу нордон, рӯи ҳазор ароба намак, шакар, ангубин гӯшти намакхӯрда, ба сесад шутур нафти сиёҳ бор карда, ба ганҷурҳои кӯҳҳо бикашонанд:”

                                     Зи говони гардункашон чил ҳазор,

                                    Гурунҷ оваранд он ки ояд ба кор.         

                                    ……………………………………………………..

                                    Шутурвор сесад зи нафти сиёҳ,

                                    Биёранд бар борҳо то ду моҳ.

             Яқин аст, ки иронинажодон, ба вижа тоҷикон, ба пайравӣ аз паёми вопасини, муннодии аслу насаби тоҷикӣ, аз куштору фишори биёбонгардон, ки талошу задухӯрд барои замини чарогоҳ доштанд, сабзазорони худро гузошта, бар кӯҳҳои баланд паноҳ бурданд. Ҳамин аст, ки тоҷикони мо ғолибан дар кӯҳҳои баланд макони зист ихтиёр карда, ночор даштҳои ҳамворро ба турку тозӣ вогузоштаанд. Аммо табиати рамагардии чодарнишинон даштҳои сарсабзро ба кавиру нимбиёбонҳо мубаддал карданд. (Ба гунае ки то замони шӯравӣ заминҳои водии Вахш аз нимбиёбон иборат буда). Ва ҳамин аст, ки Аҳмадшоҳи Масъуду қавми сарбаланди Панҷшерро натавонистанд на русҳо, на амрикоиҳову аврупоиҳо ва фошистҳои толибонӣ ба зону афкананд. Бояд донист, ки андешаи Ҳакими Тӯс ишора ба паноҳ бурдан дар кӯҳҳои баланд доштаро андешапешагони аврупоӣ низ бозгӯ кардаанд.    Ҳамон гуна ки Стюарт Бреску овардааст, “ба ҳангоми ба ранҷ андар омадан инсон ба кӯҳҳо фирор мекунад.” (“Когда человеку плохо, он убегает в горы”.)

            Чашми доно аз хиради андешаи Ҳаким Фирдавсӣ пай мебарад, ки қаҳрамони асосии номаи номвар, чеҳраи хориқулодда – тахтнишони шоҳону нигаҳбони Ирон, ки аз зӯри шефтагӣ бар Меҳан, фарзанди худ мекушад, номи баланди Рустамро дорад ва дар фароварди “Шоҳнома”, ба ҳангоми вожгун гаштани тахти шоҳаншаҳӣ қаҳрамони корзори Ирон Рустам унвон дорад, вале Рустами дигар, ки хешро дар замона гунаҳкортар аз ҳама медонад, зеро хонаи нажоди худ, яъне Иронро аз подшаҳ тиҳӣ мебинад. Чун ирониёну сосониён ҳақ ва ҷойгоҳи худро аз даст дода буданд, ӯ чорае надошт ҷуз ба ҳолашон зор гирён шудан:

                                     Гунаҳкортар дар замона манам,

                                    Аз эро гирифтори Оҳарманам.

                                    ………………………………………………….

                                    Бар ирониён зор гирён шудам,

                                    Зи сосониён низ бирён шудам.

             То он ҷо ки нигаристаам, касе аз пажӯҳандагон бар ин нукта таваҷҷӯҳ надоштаанд, ки деҳқонону бузургон аз ҳамлаи араб ночор мехостанд “пеши хоқони турк паноҳ бибаранд”, яъне ба ҳангоми чирамандии як душман, ба сар андешаи мададхоҳӣ аз душмани дерини иронзамин мепарваранд. Аз ин тасмими бузургон шаҳаншоҳ “бо мижгони пур аз об, бо дард мегӯяд, ки ёрмандӣ аз бадон нашояд ва чунин ёрмандӣ ба зиён меанҷомад:”

                                     Нахоҳам, ки ояд шуморо газанд,

                                    Мабошед бо ман ба бад ёрманд.

                                    ……………………………………………………

                                    Мабошед якчанд к – аз тозиён,

                                    Бар ин суд ҷустан, сар ояд зиён.

 Ва ончуноне аз диди жарфбини Ҳаким Фирдавсӣ дарёфта мешавад, ба туркону чиниён набояд ихлос дошт, зеро ба ҳангоми рӯзгорони сарнавиштсоз бар иронитаборон пайваста зиён ба бор овардаанд. Дар ин маврид Низомии Ганҷавӣ низ дар “Хамса” и беҳамтояш ишораҳо дорад:

                                     Зи чинӣ ба ҷуз чини абрӯ махоҳ,

                                    Надоранд паймони мардум нигоҳ,

                                    Сухан рост гуфтанд пешиниён,

                                    Ки аҳди вафо нест дар чиниён.

 Ин нукта низ гуфтанист, ки худовандагори адаби порсӣ дар поёни “Шоҳнома”, паёмади шикасти Иронро аз се ҷиноҳ дидаву бознамоёндааст; яке аз ҳамлаи “тозиёни зоғчеҳра”, дигар аз хиёнати ирониёне чун Моҳуи Сурӣ, ки барои нишаст бар тахти каёнӣ, Яздигурд – авлоди Нушинравонро бо дасти осиёбоне ноҷавонмардона кушта, ба рӯдбор мепартояд ва севвум аз хиёнати онҳое, ки аз нажод турк буда, дар Самарқанду Бухоро нишастангаҳ доштанду бо табиати маккоронаи хеш, бо баҳонаи кайфари  кушандаи Яздигурдро додан, (яъне Моҳуи Суриро куштан), бо сарварии писари Тархони турк, дар вазъияти ногувор, алайҳи ирониён лашкар кашида, кори арабҳоро дар забти Ирон осон мекунанд:

                                     Чу бишнид Бежан сипаҳ гирд кард,

                                    Зи туркон саворони рӯзи набард.

             Ба таҳлилу қиёсе, ки Худованд танҳо ба паямбарон арзонӣ доштааст, он бузурги беҳамто дар мавриди рӯзгори дар отия носозгору бадтари ирониаслон  ояндабиние дорад, ки росту дуруст будани онро рӯзгори пасин намоён кардааст:

                                     Битарсам, ки яздон бар ирониён,

                                    Аз ин бадтариҳо сар орад замон.

             Ҳама медонанд, ки пас аз он замон паҳнаи Ирони Бузург ва ҳарими ҳарами “Авасто” фарогири нотавониҳо ва заволи саросарӣ гардида, биёбонгардон, кӯчгарон ва рамагардону галлачаронон дар сафи лашкарҳои Чингиз, Ҳалоку, Темури ланг ва соири турктозон қарор дошта, бар сари мардуми шаҳрсозу ҷаҳонсоз ҳамвора ҷафокориҳои муҳлик ба бор овардаанд. Дархӯри нигариш аст, ки 200 сол пеш аз падид омадани чеҳраи манфури Темучин, офарандаи номаи бостон гӯё номи ситамкори хуношоми ояндаро пешгӯӣ карда бошад, яке аз персонажҳои “Шоҳнома” – “турки хунхорамард”, Чингишро (дар достони “Рафтани Чингиш ба ҷанги Рустам”), ҳаммонанди номи Чингиз унвон кардааст:

                                     Бар ў офарин кард хоқониЧин,

                                    Ба пешаш бибўсид Чингиш замин.

 Ба гуфтаҳои боло бояд афзуд, ки тасаллути бегонагони бегавҳар бар фарҳангу ҳуввияти миллии ирониаслон, аз замони Фирдавсӣ то ҳанӯз дунбола меёбад ва паёмади он бештар ба зиндагии тоҷикон соя афкандааст ва инро тоҷикони худогоҳ дар пайкари худ ҳис мекунанд.

            Дар поён ин ишораро басанда медонем, ки агар ҳадаф аз талошҳои маънавӣ азнав боло бардоштани парчами коваёнӣ бошад, боясти ба васиятҳои паямбари аслу насаби ориёӣ, Фирдавсии озармин гӯш фаро дода, дар талоши берун шудан аз кӯчаи бунбастҳои зеҳнӣ буд.

Реклама

комментария 2

  1. Зинда бошед! Дар хакикат Фирдавси пайгамбари точикхову форсхо. Ва Шохнома Куръони мо аст!

  2. ba asrore Shohnoma va daryoe bikanore andishae dar on nuhufta chun shumo ozodagone bihamto mitavonid vorid boshid

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: