Ислом Каримов вассофи Темури ланг

                                                                   

                                  “Мен торихчӣ эмасман”

(Тақриз ба китоби мавсуф, зери унвони “Маънавий юксалиш йӯлида” – Дар роҳи боззоии маънавӣ. На пути духовного возрождения. Тошканд, 1998)

  Нахуст ба устоди гаронмоя, донишманди фарҳехта Валӣ Самад, ки инҷонибро шоистаи навиштани тақриз ба китоби Ислом  Каримов, унвонии “Маънавий юксалиш йулида”  (Дар роҳи боззоии маънавӣ — На пути духовного возрождения), дониста, китоби мазкурро бароям фиристодаанд, сипоси бепоён арз мекунам. Дуввум, таъкиди ин нуктаро ҳатмӣ медонам, ки барои мо мақоми ҳаммеҳанону ҳамсоягони узбак дар густариши фарҳанги Вароруд ва ободсозии ин паҳнаи зебо, пас аз харобкориҳои Чингизу Ҳалоку, Темурлангу ҷангҷӯёни дигари рамагарду бодиянишин хеле баланд буда, ин қавмро бародар низ хондаем. Ва агар дар ин навиштори пеши дидоратон буда, касе сухане бар бадбиниву нотавонии халқи созандаи узбак дарёбад, ҳатман ба дарки андешаи мо ва мутолиаи нахустсарчашмаҳои торихӣ нотавон аст. Севвум, тақризнигорӣ ба китоби шахсе ки аз торихшиносӣ дур аст (худаш дар маърӯзаҳояш чандин бор ишора кардааст. Чунончи: “Мен торихчӣ эмасман” маҷаллаи “Мулоқот”, 1988, №5, ҳамчунон дар маърӯзааш бахшида ба 660 солагии Темур) ва бо андешаҳои бузургманишиву миллатгароӣ миллатеро бо нуфуси 10 миллион нафар, (дар пойтахтҳои торихиаш Самарқанду Бухоро) ҳеч медонад, арзише надорад. Вале ба ҳангоме ки торих саросар таҳриф мешавад ва ҳини хондани маърӯзаҳову баёнияҳое, ки онҳоро қаламфарсоёни миллатгарову ҷоҳил, барои президенти як мамлакат таҳия мекунанд ва онҳо бедуни мулоҳизаву андеша, дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, Милали Муттаҳид, корпуси дипломатӣ бо дабдабаву дамдама хонда мешаванд ва он гуфтаҳо китобат шуда, бо шумори 10 – 15 ҳазор нусха интишор мешаванд, лаб ба хомӯшӣ бастану аз навиштани тақриз худдорӣ кардан гуноҳ аст. Чаҳорум, ҳар матлаби пайваста ба пайдоиши қавми узбак дар Осиёи Марказӣ, шаҷараву саҷоёи Темури Курагонӣ, ки рӯи ин саҳифа оварда мешавад, сирф маҳсули андешаи банда набуда, баргирифта аз пажӯҳишҳои торихнигорони овозаманди машриқиву мағрибӣ мебошад.

         Шояд пурсише ба миён ояд, ки китоб дар кишвари мустақили дигар навишта шуда, ба чоп расидааст ва муаллифи ин навишторро чи рабту пайвандест ба нигоштаҳои шахси дигар. Бояд посух бидиҳам, ки пеш аз ҳама дар сарзамини мо бародарони зиёди узбак зиндагӣ ва кор мекунанд ва маълум аст, ки дар Узбакистон низ миллионҳо тоҷикон умр ба сар мебаранд, ки бархеҳоро замона маҷбур кардааст, то асолати тоҷикии хешро ба гарав монанд. Моро, ки касбу кор ховаршиносист, донишҳои андӯхта ва қарзи миллиамон иҷоза намедиҳад, ки ҳаммиллатони узбакистонӣ ва ҳамватанони узбактаборамон саросар дар раҳгумии торихӣ қарор дошта бошанду касе ба шарҳи он навиштаҳои бепоя даст назанад.

                            Узбакон ба ситоиш арзандаанд, аммо…        

Дар китоби калонҳаҷм ва мусаввари “Маънавий юксалиш йилда” (Дар роҳи боззоии маънавӣ), соли 1998 бо забони узбакӣ ба чоп расида, маърӯза, гузориш ва мақолаҳои Президенти Узбакистон, Ислом Каримов гирд оварда шуданд. Ноширон дар 465 саҳифаи китоб гуфтаҳои Каримовро пиромуни торих ва маърифату маънавиёти халқи узбак таълиф намудаанд. Ин ки президенти як кишвар халқи худро меситояд табиист ва узбакон ба ситоиш арзандаанд, зеро ба ҷаҳони илму маърифат бузургони зиёдеро чун Фурқат, Фитрат, Ғафур Ғулом ва дигарон додаанд. Вале торихи қавмҳои дигарро таҳриф кардан, зимнан гузаштаи ҳазорсолаҳои фарҳанговариву фановарии дигаронро моли танҳо узбакон донистан, ҷаллоди даҳр, Темури лангро хирадманду некманишу нексиришт ва нахустин густаришдиҳандаи некӣ бознамоёндан, куфри беҳадду канор аст. Ислом Каримов бо ин кори аз растагорӣ дури худ, як насли узбаконро, аз ҳақиқати тасбит шуда, ба кӯрароҳи торих бурда, ба бодияи раҳгумиву сароб афкандааст. Ин ситоишҳову арҷгузориҳо ба Темурланг ва падари миллати узбак бознамоёндани меъмори калламанораҳо, пеш аз ҳама барои худи узбакон зишту музир аст, зеро миллиятҳои дигар, ба вижа онҳое ки аҳли китобанд, ба равшанӣ медонанд, ки торихи ҷаҳон дерест ин хунхортарин барбари даҳрро, дар заболадони торих якҷоя бо Чингиз, Ҳалоку, Гитлер, Пиночет, ПолПот ва амсоли он ҷаллодони башар барафкандааст, вале узбаки дар муҳити санохонии каримовӣ ба воя расида, бо китобхондагон метавонад умре даст ба гиребон бошад ва мояи тамасхури донандагони торих гардад.

                                  Пайванди узбакон ба «Авасто»?        

Пеш аз он ки ба бозгӯии фишурдаи ҷиноятҳои фаҷеҳи Темури ланг бипардозем, чанде аз гуфтаҳои Ислом Каримовро дар мавриди торихи фарҳанги узбакон ва муҳоҷирати ниёкони қавми узбак, аз марзҳои Турқойи Олтой ба сарзамини Вароруд, мавриди таҳлил қарор медиҳем. Муаллифи китоби номбурда дар маърӯзаву мулоҳизаҳои худ, ҳар он чиро аз фарҳангу тамаддуни ориёӣ, ки илми ҷаҳонӣ, бедуни хурдтарин шакку тардид ба иронитаборон нисбат додааст, моли узбакон медонад. Дар гуфтори ишон пеши рӯи ҷамъияти бисёрҳазораи узбакону тоҷикон, ақвоми дигари маскуни Узбакистон ва хориҷиёни дар маҷлису кунгураву гирдиҳамоиҳо ҳузур дошта, хурдтарин инсофе, як зарра озарме ҷой надорад. Ҳатто дар ҷое бо ҳавобаландиву қатъият, торихи пайдоиши тамаддуни қавми узбакро, аз замони Зартушт, аз китоби муқаддаси порсиён “Авасто”, оғоз мекунад. Ба ҳангоми мулоқот бо олимони торихшиноси кишвараш гиламандона, бо шиддату ҳассосият пурсиш ба миён гузоштааст, ки давлатдории узбакон аз кадом аср ибтидо гирифтааст. Беҳтар аст дар ин ҷо баргардондаи гуфтори муаллифро меоварем, ки фишурдааш ба сурати зерин аст: “Куҷост таҳқиқоту пажӯҳишҳои дақиқи олимон, ки бар пояи он таблиғоту ташвиқот густариш ёбад? Ҳоло на дар матбуот ва на дар омӯзишу дарсҳо ба ин пурсиш посухи дуруст дода намешавад; давлати торихии Хоразми 2500 солаи мо дар “Авасто” сабт аст. Ин китоби ноёфтро XXX  аср пеш, дар байни ду дарёи сарзаминамон, аҷдодони мо иҷод карда буданд. Олимон асосан дар таҳқиқоти худ менависанд, ки Бартолд гуфтааст, Гумилёв гуфта буд ва монанди он. Ман меҳнатҳои олимони русро кам гуфтанӣ нестам, аммо чаро мо дар навиштани торихи худ ба нуктаи назари онҳо такя кунем. Мо як қатор институтҳои таҳқиқотӣ дорем, аммо пурсида мешавад, ки мутахассисони онҳо ба чи кор машғуланд…..”

         Ончуноне дида мешавад, Ислом Каримов ба тахти баланди хонигарии Туркистон баромада, пажӯҳишҳои олимони дигарро ҳеҷ медонад ва зимнан ба торихнигорони зердасти худ дастуре медиҳад, ишора бар бознигаристани торихи Вароруд, аз пушти айнаки тираи панузбакизм. Аммо ҳатто ба як андакхондае маълум аст, ки “Авасто” пайвастагии хурдтарине ба фарҳанги туркиву муғулӣ надошта, ин аз худ донистаниҳои Ислом Каримов ва ҳамтоёнаш фарогири танҳо андешае буда метавонад, ки худбузургбинӣ ва дар маврид нотавонбинии дигарон, ошуфтаву шӯридаву парешонаш кардааст. Муаллиф ба ҳангоми ёдкарди номҳои навобиғи илму фарҳанг, зодагони Бухорову Самарқанду Термиз, чун Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Имом Термизӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Шарафиддини Яздӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдураззоқи Самарқандӣ, ақаллан аз ибораи “халқҳои Узбакистон”, кор нагирифтааст. Гӯё дар ин вилоятҳо ҷуз аз узбактаборон, ақвоми дигаре буду бош надоштаанду надоранд. Лек мо тоҷикон ба падидаи куҳнаи навобиғу бузургони илму ҳунарро моли худ донистани пантуркистону панузбакон одат кардаем ва ин аст, ки ба чунин тангназариҳо вокунише ҳам нишон намедиҳем, аммо шигифтовару дилхарош он аст, ки гумон мекунам ҳар инсони бохираду башардӯсту парастори оромиву осудагиро нахоҳад бетараф гузошт, ки хунхортарин ҷаллоди торих, қотили миллионҳо тифлону занону пирсолон ва ба оташ дардиҳандаи ҳазорон шаҳру деҳот, ба бодияву биёбон табдилдиҳандаи ҳазорон ҳазор боғистону чаманистонҳо, аз сари пиру ҷавон бунёдкунандаи садҳо манораҳо, кушандаи садҳо сарварону подшаҳони қавмҳои дигарро фарҳанговар, озодихоҳ, адолатпарвар, бунёнгузори давлати додхоҳон, ҳаётбахш, ҷаннатмакон, зоти шариф, ҳазрати Амир Темур ва боз бо даҳҳо маъниҳои аҳуроӣ ном оваранд. Магар рӯҳи ноороми миллионҳо тифлону ҷавонони ҷавонмарг, дар фазои Самарқанду Бухоро, Балху Марву Исфаҳон, Сиистону Табрезу Шерозу Измир, Еревану Бағдоду Мисру Ҳинд, ноумед рӯ ба хирадмардони рӯи замин наовардаанд?! Магар рӯҳи онҳо чун рӯҳи садҳо ҳазор армании ибтидои асри XX , 40 миллион мардуми шӯравӣ, табъидшудагони урдугоҳҳои сталинии Сибирия ва бо каланд куштагони кхмерҳои сурх, бар вассофони он ҷаллодҳо нафрин намефиристанд?

                                 «Аҳроме бо каллаи мардум…»        

Гарчи дар ин маҷоли маҳдуд наметавон ҳатто номнависи нисфе аз ҷиноёти Темури лангро қаламдод кард, лек кӯшиш мекунем намунаҳое чанд аз ҷиноятҳои хунинтарину дилозортарини дар ҳар кишвари содир кардаашро, танҳо бар пояи пажӯҳишҳои торихнигорони машриқиву мағрибӣ бозгӯ намоем. Мо дар ин навиштори хеш мекӯшем, ки гуфтаҳои ховаршиносону туркшиносони бузурги дар ҷаҳони фанни торихшиносӣ овозаманд, Бартолд ва Гумилёвро иқтибос наоварем, зеро Ислом Каримов нигари онҳоро ғайриилмӣ ва ғалат ҳукм кардааст. Мо далоили хешро бар пояи пажӯҳишҳои Рене Груссе, Сэр Денис Росс, Брус Бусвелл, А.А. Семёнов, Аббос Иқбол, Абулғозӣ Баҳодур, Шарафиддини Яздӣ ва дигарон бозгӯ менамоем. Нахуст ин  нуктаро аз пажӯҳиши туркшиноси овозаманди ҷаҳонӣ, Рене Груссе (1885 – 1952), иқтибос меоварем, ки нақши Темури лангро, дар шӯрбахтиву фаҷоеҳи форсизабонон бозгӯ кардааст. (Воқеан дар яке аз ин гуфтаҳо Р. Груссе форсизабононро “тоҷикон” унвон кардааст): “Ба муҷарради ин ки Амир Темур салтанати худро дар Мовароуннаҳр таъсис намуд (салтанате асосан турк, вале бар ҳасби хоноте чингизхонӣ), дар Ирон ҷанги турку муғул алайҳи тоҷикҳоро аз сар гирифт”. (Р. Груссе, с. 700)  “Аҳроме, ки (пирамидаҳое, ки) бо калла ва сари мардум бино намуда бо камоли сароҳату вузӯҳ тарзи рафтори ӯро ошкор месозад. Маъҳазо касоне, ки аз ин қатли омҳо ҷоне ба саломат ба дар мебурданд, дарси ваҳшатеро ки дода шуда буд фаромӯш мекарданд. (ҳамон ҷо с.688)”

             Ислом Каримов аз торихнигорони худ гила мекунад, ки чаро аз гузаштаи 2500 солаи Хоразм, ки маҳди “Авасто” аст, чизе наменависанд. Ӯ намехоҳад бифаҳмад, ки камтарин инсофу озарм дасти шахси китобхондаро намегузорад, то дар мавриди узбак будани хоразмиёни бостон ва гузашта аз ин аз қавми узбак будани «Авасто» ро қаламфарсоӣ кунад. Торихи ҷангҳову хунрезиҳои Темур худ гувоҳи ба онҳо бегона будани хоразмиён аст. Темурланг се бор ба Хоразм лашкар кашидааст ва ончуноне Рене Груссе навиштааст «Темур маҷбур шуд, ки се бор Хоразм ва шаш то ҳафт бор Ийли, ду бор Ирони шарқӣ ва лоақал се бор Ирони ғарбиро тасарруф намояд ва ду бор ба Русия лашкаркашӣ намояд.» (ҳамон ҷо. С.689)

          Бинобар ривояти Ибни Арабшоҳ, ба амри Темур дар Сабзавор “ду ҳазор асирро зинда бар рӯи ҳам афканданд ва бо гилу хишту оҷир (хишти пухта), бар рӯи онҳо манораҳое барпо намуданд. Сиистон, ки мардумаш исён карда буданд ба чунин сарнавишти шум гирифтор шуд …” Ахборнависи дарбори темуриён навиштааст, ки “сарбозони мо аз ҷасади мурдагон кӯҳе сохтанд ва бо сари онҳо манораҳое афроштанд.” (Ибни Арабшоҳ, Т.,1348. с.25, 27)

          Зимни бозгӯии қатли оми Темурланг, Р. Груссе, аз китоби “Зафарнома” и Шарафиддини Яздӣ (торихнигори дарбори темурӣ), ки онро куфргӯён “Шоҳномаи Темурӣ” ном бурдаанд, чунин сатрҳоро иқтибос овардааст: “Дар шаҳри Заранҷ, пойтахти Сиистон ба амри Амир Темур аҳолиро аз марду зан ва хурду калон ва пиру ҷавон, аз ашхоси садсола то атфоле, ки дар гаҳвора буданд, аз дами теғ гузарониданд…..” “Амир Темур дастур дод, — идома медиҳад Р. Груссе, , —  тамоми қанавот (каналҳои зеризаминӣ ва корезҳои Сиистонро баргардонданд ва об ба тарафи саҳроҳову шинзорҳо (регзорҳо) равон шуд ва чун ба соҳили наҳри Ҳилманд расиданд, садди онро ки мавсум ба “Садди Рустам” буд чунон хароб намуданд, ки асаре аз ин бинои (иншооти) қадимӣ бар ҷой намонд. Сарзамини куҳансол ва торихии Сиистон чунон вайрону хароб шуд ва қатли омҳову харобкориҳои Амир Темур он хитаро чунон боиру хушку фақир кард, ки имрӯз низ таваҷҷӯҳи ҳар мусофирро ба худ ҷалб менамояд. Темур кори муғулони чингизиро ба поён расонд.)” (“Торихи Осиёи Марказӣ”, саҳ.345)

          Торихнигори барҷаста бо таҳлили куштору харобкориҳои Темурланг ва ба биёбонҳо табдил додани заминҳои сарсабзу киштзорон, манишу сиришти биёбонгардии темуриёнро хеле воқеъбинона дарёфтааст. Дар ин замина ӯ нигоштааст: “Чи аъмоли чингизӣ ва чи аъмоли темурӣ, хоҳ дар натиҷаи хислати саҳронавардиву биёбонгардӣ, ки дар зоташон мухаммир (хамирмояашон) буд ва хоҳ дар натиҷаи майл ба тахрибу вайронӣ, ки бо барандохтани ароизи мазрӯъ (заминҳои киштбоб) ва эҷоди шинзорҳо (регзорҳо) ва саҳро, ин қабоили фотеҳ бо Аҳримани марг муовинат ва ҳамкорӣ намуданд….. Ҳар ҷо ки ин биёбонгардон расиданд, дарахтро канданд, басотин (бӯстонҳоро) хушконданд, мухтасар обе, ки буд ба ботлоқҳо равона намуданд ва арозии (заминҳои) қобили дарахткориро ба саҳро мубаддал сохтанд.” (Ҳамон ҷо, с. 700).

          Темурланг соли 1383 аз Сиистон ба Мозандарон лашкар кашид ва Астарободро забт карда, “ҳар ки буд куштанд ва ҳатто ба тифлони ширхор низ раҳмат наёварданду онҳоро ба диёри адам (нестӣ) фиристоданд…… Сипас Арманистонро ишғол карда, тамоми сокинони қалъаи Ванро, ки аз худ дифоъ мекарданд, дасту гардан баста, аз болои кӯҳ дарандохтанд” (Аз “Зафарномаи темурӣ”).

         Темури Ланг ба соли 1387 аз Ҳамадон мустақиман ба Исфаҳон роҳӣ шуд. Мавлоно Шарафиддини Яздӣ шумори сарҳои буридаро дар Исфаҳон, ки дар чанд ҷойи шаҳр манораҳо барпо карданд, беш аз 70 ҳазор гуфтааст. Ба амри Темур шаҳнаи шаҳр ярлиқе баровард, ки бар асоси он ҳар сипоҳӣ муаззаф гардид, то сари бурида бисупорад. Он торихнигори дарбори темурӣ ин хунхории Темурро пирӯзӣ дониста,  чунин бозгӯ намудааст: “….баъзе лашкариён, ки намехостанд, ки бо дасти худ мубашири (иҷрокунандаи) қатл шаванд, сар аз маъмурини иҷро мехариданд ва месупориданд. Дар авоили ҳол саре ба 20 динор буд ва дар авохир ҳар кас ҳиссаи худ супурда буданд, як сар ба ним динор омада буд ва касе намехарид ва ҳамчунон ҳар киро медиданд мекуштанд….. Амир Темур Исфаҳонро табдил намуд ба қатлгоҳ ва ҷасаду ҷанозаи мардуми бегуноҳ дар саросари он шаҳр афтода буд” (Навиштаҳои Шарафиддини Яздӣ, баргирифта аз “Императории саҳронавардон”, с. 711).

           Дар ин ҷо ёдкарди ин нуктаро аз ҳуввияти Шарафиддини Яздӣ зарур медонам, зеро эҳтимол дорад  бархе аз хонандагони нашрия аз ин адибу торихнигор огоҳии пурра надошта бошанд. Шарафиддин Алии Яздӣ аз шоирон ва торихнигорони давраи темурӣ буда, “Шараф” ро тахаллус кардааст. Шуҳрати ӯ ба замони салтанатронии Шоҳрухи темурӣ рост меояд. Шарафиддин ба дархости шоҳзодаи темурӣ, Иброҳим Султон ба навиштани “Шарафномаи Темурӣ” мепардозад, ки онро темуриён бо куфр, “Шоҳномаи темурӣ” ном ниҳода буданд. Вақте ки Шоҳрух ба Исфаҳон тохт, бар Шарафиддин бадгумон шуд ва ӯро ба Самарқанд фиристод. Пас аз марги Шоҳрух, ба Язд баргашт. Чун Шарафиддини Яздӣ дар дарбори темуриён хидмат мекард, ба ҳангоми навиштани торихи Темури Ланг, қатлу барбарияти ӯро лашкаркашиву қаҳрамониҳо бозгӯ намуда, гумон накардааст, ки пас аз гузашти замонаҳо, он далелҳо мадраки ҷиноёти фаҷеҳи он ҷаллод хоҳанд гашт.

              «Ҳар сарбоз  як сари буррида биорад»         

Пиромуни қатли оми Темурланг дар Бағдод Шарафиддини Яздӣ менависад, ки “ҳар сарбозе маъмур буд, ки бо як сари бурида бозояд”, вале Ибни Арабшоҳ овардааст, ки “ҳар як сарбоз маъмур буд бо ду сари бурида бозояд.” Дар ин маврид навиштаҳое аз китоби “Зафарнома” иқтибос мегардад, ки ба сурати зайл аст: “…. бозори сиёсат чунон тез гашт, ки даллоли аҷал пири ҳаштод сола ва тифли ҳашт соларо ба як нарх мефурӯхт. Аз он сарҳо манораҳо барафрохтанд ва ибрати омиён сохтанд……. Чун оби Даҷла аз бисёрии хуни куштагон,  гунаи сиришки ошиқон маҳҷур гирифт ва ҳавои Бағдод аз уфунати (бадбӯйии) ҷифаҳои (ҷасадҳои) мурдагон……” (Шарафиддини Яздӣ, “Зафарнома”, ҷ. II c. 369)

            То хонандагони гиромӣ хубтар дарк кунанд, ки мо дар бозгӯии торихи қатли оми Темур танҳо ба сарчашмаҳо такя дорем, ин порчаи аз китоби “Зафарнома” ба англисӣ ва сипас ба русӣ баргардонда шударо айнан моварем, ки аз забони худи Темур нақл шудааст ва дар байни қавс тарҷумаашро пешниҳод менамоем: ( забони тарҷумаи русӣ бархе ошуфтагиҳои имлоӣ дорад)

In a short space of time all the people in the Delhi fort were put to the sword, and in the course of one hour the heads of 10,000 infidels were cut off. В короткий промежуток времени все люди в Дели форта были поставлены на меч, и в течение одного часа головы 10000 неверных были отрезаны. The sword of Islam was washed in the blood of the infidels, and all the goods and effects, the treasure and the grain which for many a long year had been stored in the fort became the spoil of my soldiers. Меч ислама промывают в крови неверных, и на все товары и эффекты, сокровище и зерно, которое для многих долгих лет были храниться в форт стал портить из моих солдат. They set fire to the houses and reduced them to ashes, and they razed the buildings and the fort to the ground….All these infidel Hindus were slain, their women and children, and their property and goods became the spoil of the victors. Они подожгли дома и сократили их в пепел, и они разрушили здания и форт на землю …. Все эти неверные индусы были убиты, их женщин и детей, а их имущество и товары стали добычей победителей . I proclaimed throughout the camp that every man who had infidel prisoners should put them to death, and whoever neglected to do so should himself be executed and his property given to the informer. Я объявил по всему лагерю, что каждый человек, который неверных заключенные должны предать их смерти, и тот, кто забыл сделать это должен сам быть выполнен и его имущества, переданного на информер. When this order became known to the ghazis of Islam, they drew their swords and put their prisoners to death. One hundred thousand infidels, impious idolaters, were on that day slain. Сто тысяч неверных, нечестивых идолопоклонников, в этот день убит. Maulana Nasiruddin Umar, a counselor and man of learning, who, in all his life, had never killed a sparrow, now, in execution of my order, slew with his sword fifteen idolatrous Hindus, who were his captives….on the great day of battle these 100,000 prisoners could not be left with the baggage, and that it would be entirely opposed to the rules of war to set these idolaters and enemies of Islam at liberty… Гуссейн Насируддин Умар, консультант и ученый, который за всю свою жизнь, никогда не убил воробей, теперь, во исполнение своего заказа, умертвили мечом пятнадцать идолопоклоннический индусов, которые были его пленных ….

 (Дар як муддати кутоҳ, тамоми мардуми дежи, ё қалъаи Деҳлӣ аз дами теғ гузаронида шуд ва дар байни як соат сари 10 000 кофирон аз тан ҷудо карда шуданд. Шамшери ислом дар хуни кофирон шустушӯ мегардад ва сарвату мол, зару зевару ғаллае, ки барои солҳои дароз дар деж нигаҳ дошта мешуд, сипоҳиёни ман онҳоро ба харобӣ бурданд. Онҳо хонаҳоро оташ зада, ба хокистар табдил доданд, иморатҳову дежро валангор карда, ба замин яксон карданд. Ҳама ҳиндувони номусулмон, аз зану мард ва кӯдакони онҳо кушта шуданд ва молу маноли онҳоро сипоҳиёни ғолиб “ӯлҷа” (ғанимат) гирифтанд. Ман ба саросари урдугоҳ эълом доштам, ки асирони номусулмонро ба қатл бирасонанд ва касе ин амрро фаромуш кунад, худаш ба қатл расида, амволаш талошӣ хоҳад шуд. Дар ин рӯз 100 000 бутпарастони кофир кушта шуданд. Ҳусайн Насираддини Умар –  олиму мушовир, ки ҳаргиз гунҷишкеро накушта буд, акнун барои иҷрои амр, бо шамшери худ 15 бутпарасти асири худро бикушт….. )

                    Темурланг ҳатто туркҳоро низ қатли ом карда буд           

Темурланг моҳи январи соли 1399 фармуд Деҳлии ғоратшударо тарк гуфта, шаҳри Миртро тороҷ кунанд. Бинобар ривояти “Зафарнома”, “…..абнияи (биноҳои) он шаҳр аз беху бун барканд ва ҳиндувонро зинда – зинда пӯст аз танашон канданд.” (“Императории саҳронавардон”, с.740) 

            Дар Туркияи усмонӣ низ Темурланг қатли омро пайгирӣ намуда, дар шаҳри Измир аз ҳазорон сари пиру ҷавон манора барпо кард. Назар ба васфи муаллифи “Зафарнома” дар он ҷо низ мардумро зинда ба гӯр афканданд: “…… ва чун сипоҳиёни Илдирим Боязид, ки бештар арманӣ буданд ҳукм шуд, ки чаҳор ҳазор сипоҳиро бар тумонот қисмат карданд ва ҳамаро аз барои сиёсат зинда дар чоҳҳо ба хок бианбоштанд, то ибрати дигар мухолифон гардад.”

            Нигари торихнигорони ҷаҳон, чи урусу яҳудиву, англисӣ ва чи фаронсавиву тоҷику чинӣ, дар мавриди хунхории Темури Ланг ғолибан ҳамгун мебошанд ва мо аз бозгуфтани он ҳама худдорӣ карда, ин нуктаи ҷолибро аз мақолаи Брус Бусвелл, зери унвони “Туркони Қипчоқ” иқтибос мекунем: “….ин достони ҷиноии оинаи тамомнамои Амир Темур аст. Хислати боризи ӯ макиавализми (machiavelisme) шадид, (яъне рафтори ҷиноятомезу кирдорест омехта ба тазвиру тадбир, ки мутлақан ҳисси инфиъол ва шарму озарм дар он вуҷуд надорад). Ӯ риё ва макру дурӯғро ба пояи “масолеҳи олияи давлат” расондааст. Наполеон аст, бо рӯҳи Фуше, ё Филипи II аст, ки аз Атилло ба вуҷуд омада бошад” (Б. Бусвелл, “Туркони Қипчоқ”, маҷаллаи “Славяник”, с.1988, с.307).

            Ончуноне торихшиносони овозаманди аврупоӣ, аз ҷумла Сэр Денис Росс, баршумурдаанд, Темурланг дар ҷараёни ҳамлаҳои ваҳшиёнаи, худ 19 миллион пиру ҷавон, занону кӯдаконро ба куштан додааст. Тасаввур шавад, ки агар дар ҷараёни Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Щӯравӣ 20 миллион нафар талаф дода бошад, дар муқоиса ба ҷангҳои темурӣ, ки силоҳи оташнишон ва тупу танку ҳавопаймо набуд, миқёси ҷаллодии Темурланг нисбат ба Ҳитлер даҳчанду садчанд будааст.

           Чун ба гумони мо бозтоби чеҳраи хунхортарин аҳримани даҳр – Темури Ланг, бедуни нигариши торихшиносони тоҷик пурра нахоҳад буд, нигари донишманди фарҳехтаи тоҷик, Ҳақназар Назарзодаи фақидро низ пеши дидори хонандагони гиромӣ мегузорем. Равоншод Ҳ. Назарзода соли 2004 (чанде пеш аз даргузашти худ), пажӯҳиши фишурда, вале пурарзишеро бо забони русӣ, зери унвони “К истории происхождения и расселения племён и народов Центральной Азиии” (Аз торихи пайдоиш ва муҳоҷирати қабилаҳо ва миллатҳои Осиёи Марказӣ), таълиф намудаанд, ки он аз роҳи расонаҳои интернетӣ пахш гардида буд. (www.naison.tj 07.08.2007). Дар ин навиштори боарзиш торихи пайдоиши туркони гуногунқабила, симову саҷоёи лашкаркаши хунхоре, чун Темурланг, бо далоили қотеъ бозтоб гардидааст. Муаллиф дар мақолаи номбурда “фарҳанговарии” Темурро чунин бозгӯ кадааст: “Ба таври умда қатлу куштори оммавии аҳолии таҳҷоии иронӣ, вайрону валангорсозии шаҳрҳо, тахриби заминдорӣ, ки асоси тамаддунро ташкил мекард, хусусияти хоси замони ҳукмронии муғулӣ буд, ки давраи ҳукумати Темур ва авлодони ӯ бо тамоми вижагиҳояш шомил ба он замон мебошад. Темур дар ин росто гарчи худро пушти пардаи исломӣ пинҳон мекард, аз Чингизхон комилан тафовут надошт. Бесабаб нест, ки дар адабиёти торихӣ вайро аз Чингизхон ҳам бештар разилу нафратангезтар тавсиф кардаанд”. (Расонаи интернетии дар боло ёд шуда.)

         Ҷолиб он аст, ки ин андешаро донишманди барҷастаи Фаронса, Рене Груссе низ ҳамсон бо торихнигори тоҷик дарёфтааст: “Ҳамосаи темурӣ (агар бишавад як силсила хиёноту ғадру тазвиру қатли омро ҳамоса номид), ҳарчанд аз лиҳози нажодӣ турк буд, маъҳазо ҳамон ҳамосаи муғулист, ки бо таъхире зоҳиру падидор гаштааст” (“Императории саҳронавардон”, с. 687)

                              Темурланг узбак набуд?             

Бозгӯии торихи ҷиноятҳои Темури Лангро саҳифаҳои як ҳафтавор тавон надорад, бинобарин идомаашро мегузорем барои донишиёне, ки ба чопхонаҳову маблағҳои чоп дасти дароз доранд. Мо дар ин ҷо чанд сатри дигареро ба пайвастагии Темури Курагонӣ бо қавми узбак мебахшем. Ба ин мавзӯъ бад – он сабаб таваҷҷӯҳи вижа медиҳем, ки Ислом Каримов дар китоби номбурдаи худ гаштаву баргашта пурсиш ба миён мегузорад, ки “номи узбак кай пайдо шудааст?”, “Торихшиносони советӣ исбот карданӣ буданд, ки гӯё номи “узбак”, дар асри XVI пайдо шудааст. Куҷост мантиқ?”, (Китоби номбурдаи И. Каримов, саҳ. 436), “Аждодони қадими мо киҳо буданд?”, “Шакли узбакҳо чи гуна буд?”  (ҳамон ҷо с. 434), “Куҷост хулосаи олимон; Амир Темур таҷовузкор буд, миллатчӣ, ё инсонпарвару маърифатпарвар” (с. 440) “Баъзе торихчиён моро, ҳатто Амир Темурро низ ба авлоди Чингизхон, ба қавми муғул мепайванданд. Фикр карда бинед, бобоямон Амир Темур мансуб ба кадом миллат аст?” (Айнан: Бази тарихчилар бизни Чингизхонинг авлоди, ҳатто Амир Темурда ҳам Чингиз қони бор, у муғӯл қавмидан, демоқчи бӯлади. Ӯйлаб кӯрайлик, Амир Темур бобомиз қайси миллатга мансуб? Саҳ. 438 )

             Муаллиф, ки бар пояи “қаҳрамониҳои” Темур ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва ғурури миллӣ тарбияву ба воя расонданӣ мешавад, бингаред; магар таззоду мухолифатро дар миёни ду халқи ба ҳам қарин эҷод карданӣ нест?! (Айнан; бедуни баргардондан ба тоҷикӣ ҳам тоҷик ба ин мазмун дармеравад: Йӯқса, Амир Темур қаёқдаю, муғуллар қаёқда! Қани бу ерда фидойлик, ватанпарварлик? Қани миллий ғурур, миллий ифтихор? Ҳамон ҷо.)

            Ончуноне торихниорони барҷастаи мағрибиву машриқӣ ба таҳқиқ овардаанд, пайдоиши калимаи узбак ба сулолаи шайбониён пайваста аст. Ба торихдонон равшан аст, ки Шайбон яке аз набераҳои Чингизхон, муассиси хонадони шайбониҳо, бародарони хонҳои қипчоқ, Боту Ноён ва Барка буд. Шайбон дар ҷангҳое, ки муғулон дар Маҷористон (соли1241) мебурданд, аз худ шуҷоат нишон дода буд ва агар муғулҳо он ҷо мемонданд, наздик ба яқин буд, ки ҳукуматро ба ӯ вомегузоштанд. То поёни асри XIV тамоми навоҳии Олтой, то Турқой (Тургай) таҳти тасарруфи Шайбон қарор дошт. Бад  он гуна ки Рене Груссе дарёфтааст «тамоми тавоиф (тоифаҳо)» ва қабоиле мутеъи шайбониён шуда буданд аз авосити (миёнаҳои) қарни чаҳордаҳум, ба номи «узбак» номидаву шинохта шудаанд» (Р.Груссе, саҳ.785). Дар ин маврид Бартолд навиштааст, ки муассиси воқеъии қудрату ҳашмати «узбакон», шаҳзодаи шайбонӣ Абулхайр аст, ки зиндагии пур аз ҳаводисе дошта ва моҷароҷӯи баном будааст. (Бартолд,  «Доират – ул маорифи исломӣ», зери луғати «Абулхаййр», ҷ.I, с. 98).

Рене Груссе ба қайд овардааст, ки Абулхайр соли 1428 дар 17 солагӣ расман ба унвони “хон” ва “подшоҳи юрт” ва “подшоҳи шайбонӣ”, дар канори шаҳри Тура, воқеъ дар Сибирия эълом шуд. Ӯ аз соли 1430 то 1431 ҳатто Хоразмро гирифт ва Урганҷро низ ғорат кард. (Р.Груссе, «Императории саҳронавардон».)

              Набераи Шайбон, Муҳаммадхони Шайбонӣ — писари Шоҳбудоқ ба Бухорову Самарқанд лашкар кашида, силсилаи темуриёнро аз байн бурд ва ба зудӣ Хоразм, ё сарзамини Хеваро,  ки ба Султон Ҳусайни Бойқаро таалуқ дошт, забт кард. Пас аз он ба торихи 27 майи соли 1507 Ҳирот —  охирин пойтахти темуриёнро азхуд кард ва бад – ин тартиб Муҳаммадхони Шайбонӣ соҳиби Туркистони ғарбӣ ва Мовароуннаҳру Фарғонаву Хуросон шуда буд. Чуноне ки дар китоби “Императории саҳронавардон” омадааст, “бояд дар назар овард, ки дар тамоми шууни зиндагӣ сафавия ва узбак бо якдигар муғойират (мухолифат) доштанд. Сафавия иронӣ буданд, узбакҳо муғулӣ. Сафавиҳо шиамазҳаби муттаасиб буданд ва узбакҳо суннимазҳаби муттаасиб” (Ҳамон ҷо, с.791 — 794)

              Шарқшиноси машҳури рус, академик Семёнов А.А. низ ба он нигар аст, ки номи узбак аз исми Узбакхони Шайбонӣ (1313 — 1340) баргирифта шудааст. (Семёнов А.А. К вопросу о происхождении и составе узбеков Шайбонихана., 1954, саҳ. 12)

              Торихшиноси фарҳехтаи тоҷик, доктор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, узви Академияи улуми Тоҷикистон, дар китоби худ зери унвони “Тоҷикшинос”, дар мавриди пайдоиши қавми узбак дар Вароруд далоили қотеъ овардаанд, ки аз нигоҳи таҳлилу таҷзияи илмӣ бар сатҳи пажӯҳишҳои торихнигорони овозаманди мағрибиву машриқӣ мебошанд. Он кас бо далоили қотеъ (бо такя ба сарчашмаҳои боэътимоди торихӣ) тасбит кардаанд, ки ташаккулёбии халқи узбак дар ҳудуди тоҷикнишин, аз асрҳои XV – XVI шурӯъ шуда, дар асрҳои XVII – XIX қисман ва баъди ташкил ёфтани Ҷумҳурии Узбакистон ба охир мерасад.” (Ю. Яъқубшоҳ, “Тоҷикшинос”, Д.1999, саҳ.94). Донишманди пуркор, иддаои пантуркистону панузбаконро арзёбӣ карда, онҳоро бо суолгузории мантиқӣ бепояву бемоя донистааст: “Дар таърихи Узбакистон ташаккули узбаконро ба асрҳои XI – XII нисбат медиҳанд. Саволе ба миён меояд, ки бо кадом далелҳо? Ку забони адабии узбакон, кани тамаддуну фарҳанги хоси онҳо, кани номи этникӣ, кани ноҳияҳои яклухти зисти узбакзабонон? Ҳамаи ин шартҳо на танҳо дар асрҳои XI – XII, ҳамчунин дар асрҳои XV – XVII низ вуҷуд надоштанд. Пас дар кадом асос ташаккулёбии узбаконро аз асрҳои XI – XII меҳисобанд? ” (Ҳамон ҷо, саҳ.95)

             Ислом Каримов: Торихро бознависӣ кунед      

 Ба гумони мо Ислом Каримов хеле дер ба торихшиносони худ супориши қатъӣ медиҳад, ки торихи қавми узбакро бознигариву бознависӣ кунанд. Он кас ва атрофиёнаш, агар вақти бештареро ба китобхонӣ мебахшиданд, ҷуз аз асарҳои овозаманди барояшон номатлуби шарқшиносону туркшиносони ҷаҳонӣ, Бартолд ва Гумилёв, даҳҳо китобҳоеро мутолиа менамуданд, ки торихи дар Осиёи Марказӣ пайдо шудани қавми узбакро бозгӯ намудаанд. Дар он сурат на танҳо аз бознависии торих, балки аз таалуқ доштани Темури Ланг ба қавми узбак худдорӣ мекарданд. Бад – ин тартиб ҷуз аз торихшиносони тоҷик, чун Ҳақназар Назарзода ва Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, зубдатарин ва хушфикртарин пажӯҳишгарони ҷаҳон, ҳанӯз дар нимаи аввали асри XX натиҷагирӣ кардаанд, ки Темур аз қабоили туркони чағатоии “барлос” буда, ҳастаи узбакон аз муғулони шайбонӣ таркиб ёфтааст. Ин қабила номи худро аз хони олтин урда (урдаи тиллоӣ)  — Узбакхон баргирифтааст ва марҳилаи ибтидоии ташаккули қабоили кӯчие, ки сипас узбак ном гирифтанд, зери роҳбарии Шайбонихон, набераи Чингизхон, дар саҳроҳои Дашти Қипчоқ сурат гирифтааст. Ва далели гӯёи аз аждоди темуриён набудани узбаконро як гузаштаи торихии дигаре гувоҳӣ медиҳад, ки мубтани бар он соли 1500  Муҳаммадхони Шайбонӣ, ногаҳон дохили Бухоро ва сипас Самарқанд шуда, авлодони Темурро саросар ба қатл мерасонад. Аз ҷумла охирин авлоди Темур, наберааш Бадеъуззамонро дар Ҳирот ба ҳалокат мерасонад. Чунин аст хулосаи фишурдаи пайдоиши номи узбак ва қабилаи мавсум бар ин ном. Ба хотири бори дигар такя овардан ба нахустсарчашмаҳои торихӣ, ин дарёфтҳои пажӯҳишгари фаронсавӣ зарур дониста шуд: “Бад – ин тартиб Бухорову Самарқанд ва тамоми Мовароуннаҳр ба дасти узбакҳо афтод………. Ин шайбониёни муғулинасаб, ки аз лиҳози забону фарҳанг турк шуда буданд, даста – даста ва монанди хонадони темурӣ ҷуха – ҷуха (яъне гурӯҳ — гурӯҳ) гардиданд.” (“Императории саҳронавардон”, саҳ.794).

                  Мо дар сатрҳои болои ин навиштор талош кардем, намунаҳое аз далоили торихшиносони овозаманди ҷаҳониро дар мавриди ҷинояткору хунхорамард будани Темури Курагонӣ бозгӯ намуда, хурдтарин пайвастагӣ надоштани пайдоиши қавми узбакро бо ӯ бознамоёнем. Ҳамзамон фарохӯри ёдкард аст, ки ҳар шахси ҳисобии алоқаманди ториху фарҳанг аз он дар шигифт мемонад, ки Темурлангро “падари миллати узбак” номидан, таҳқиру таҳвини ин миллати бофарҳанг мебошад. Пайкари сангини асбсавору пиёдаи вайро дар Самарқанду Тошканд бунёд кардан ва арҷгузориҳое монади солеро бахшидан ба тамаддуноварии Темур, олитарин нишони тиллоии давлатиро нишони Амир Темур пазируфтан, дар асъори миллӣ акси ӯро сикка задан, бад – он гунаест, ки тандиси Чингизу Ботуву Ҳалокуро дар Улан Батор (Гарчи муғулон дар Улан Батор барпо кардани тандиси ҷаллоди дигари торих, Чингизро ба худ раво дидаанд), Ҳитлерро дар Берлин, Мусоллиниро дар Рим, Пол Потро дар Претори барпо кунанд. Агар бузургманишони темурпараст мехостанд торихи кишвари худро дар осорхонаҳо ба намоиш гузоранд, пас чаро саҳнаҳои қатли ом (генотсиди) халқҳои дигарро бозтоб накардаанд?

                                    ЮНЕСКО Темурлангро кӣ донист?                 

 Дар сатрҳои боло ёдовар шудем, ки муассиси воқеии сулолаи узбакия, шоҳзодаи шайбонӣ Абулхайр буд, зеро дар 17 солагӣ расман “хон” ва подшоҳи юрт эълом шуда буд. Ӯ шаҳри Сақноқро пойтахти худ қарор дод ва аз ҷангу ҷидолҳои миёни набераҳои Темурланг ҷараён гирифта истифода намуда, Мовароуннаҳрро забт намуд. Ин ҷо пурсише ба миён меояд, ки чаро торихшиносони Узбакистон ин далелҳои бебаргашти торихиро ба Президенти кишварашон нафаҳмондаанд. Чаро сиёсатпешагон Абулхайр ва ё Муҳаммадхони Шайбониро чун бунёнгузори давлати худ напазируфта, ба ҷойи тандиси Темур, пайкари онҳоро бунёд накардаанд.? Шояд сабаби асосии Абулхайрро аз худ надонистану Темурлангро “ота” номида, некуманиш бознамоёндан ва арҷу варҷгузориҳо, дар он аст, ки Абулхайр чун Темур симои ваҳшатангез ва намоди салтанатхоҳӣ набуда, ба хаёлу орзуҳои ширини роҳбари Туркистони бузург будан,  созгор намебошад. Бартарихоҳон дар дил орзӯ мепарваранд, ки сарзамини бостонии Варорудро Туркистон унвон гузошта, бад – ин васила, гузаштаи торихии чандҳазорсолаи тоҷиконро дар пеши дидори дигарон ҳеч бинамоёнанд. Ҳамин аст, ки муаллиф яке аз баёнияҳои ба торихнигорӣ ҳамсонашро “Туркистон – хонаи ҳамаи мо” унвонгузорӣ кардааст. Аз чунин хаёлу гумонҳои дижаму ошуфтазо , ҳар он ки озодманишу меҳрофарин аст ва хостори оромиву осоишу дӯстии халҳои тоҷику узбак мебошад, озурдаву дар шигифт мемонад. Тоҷикону узбаконро сарнавишт, бедуни пурсише аз каси дигар, дар ин паҳнаи худододи Вароруд ҷойгоҳи абадӣ бахшидааст. Ҳар беморандешаи бар сари маснад нишаста, яке аз ин ду қавмро инкор кунаду дар пайи ҷудоии онҳо бошад, ба хиёнат даст меёзонад. Аммо шигифту ошуфтагиҳои мардуми ба донишу фарҳанг сару кор гирифта, бештар ба ҳангоме  меафзояд, ки созмонҳои муътабару овозаманди байналмилалие чун ЮНЕСКО (бо сарвари вақти худ, Федерико Майор Сарагоси, бо қарори хеш аз 26 августи соли 1995) ҷашнгирии 660 солагии ҷаллоди даҳр, Темури Курагониро эълом дошта, қатлиомҳои мудҳиштарини торихро, маърифатпарвариву фарҳанговарии гуманистӣ бозменамоёнад. Ба гумони мо Созмони муътабару иззатманди ЮНЕСКО, дар рӯзҳои ба поён расидани Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон, (16 ноябри соли 1945, ки чанде пеш 65 солагии тадвини оинномаашро ҷашн гирфта будем), на барои он таъсис ёфта буд, ки ҷангҷӯёну одамхоронро биситояд. Ин обурӯи созмони башардӯстиро паст мезанад, чуноне ки дар чашми ман ин созмон аз соли 1995 ба ин тараф коҳидааст. Агар “хирадмандоне” чун Федерико Майор, созмонҳои фарҳанговару сулҳхоҳро роҳбар бошанд, дар он сурат аз ЮНЕСКО пурсида мешавад, ки ҷашни 100 солагии Ҳитлер ва 70 солагии Пол Потро кай таҷлил хоҳанд кард ???  (Аммо умед аз он дорем, ки хонуми донишманд, Ирина Бокова  — Директори генералии ЮНЕСКО,  ки даъват кардааст “паёми ман башардӯстӣ аст”, ба чунин ошуфтагиҳои ҳамгун бо “фрагментация”-ро раво намебинанд.

Реклама

комментария 3

  1. Зинда бод, устод! Сад сол бизиед!

  2. Устод Зафар, оли аст, оли!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: