МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА

Ҷойи хушҳолист, ки имрӯзҳо мавзӯи мушкили забон (бештар мушкили алифбо) бар сари забонҳо уфтодааст ва мардуми кишвар ва фарҳан¬гиён назариёт ва пешниҳо¬доти худро дар ин робита баён меку-нанд. Ман ҳамчун як фарди тоҷик хушбин ҳастам, ки агарчи хеле аз мушкилоти алифбои мо натавонад ҳал шавад, вале бахши зиёди он ислоҳ шуда ва боиси пешрафту рушди забони мо мешавад. Дар ин ахир пешниҳодоту андешаҳои Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ислоҳоти алифбо ва забон хондам, ки метавон дар ин раҳгузар умедвории бештарро чашмдор шуд. Нахуст, ба сари мақоми чунин як ташкилоти муътабари давлатӣ роҳ ёфтани шахсияти до-нишманде чун ҷаноби Саймуддинов боиси эътимод буда метавонад.

Аз сӯйи дигар, таҳ¬лилу андеша, баррасиву пешниҳоди донишмандони асили кишвар чун: Бобоназари Бобохон, Зафари Мирзоён, Обид Шу-курзода, Сайфиддин Назарзода ва шояд ду-се тане дигар воқеан омӯзанда ва маорифпарваронаву ислоҳгарона аст. Ба ин далел, ки дар навиштаҳои онҳо анде¬шаҳои беғаразона, донишмандона ва бо фаро-сати волои ислоҳпазир хеле рӯшан аст. Аз сӯйи дигар, ин донишман-дон дардҳои мушкилоти забони моро беҳ¬тар аз дигарон дарк карда-анд ва дар ислоҳи онҳо дидгоҳи наву ғайрати бештар доранд. Чун шунидем, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷи¬кистон тарҳи ислоҳотеро таҳия кардааст, бовар дорам, ки онро ба барасии мардум во мегузорад ва пешниҳодоти мардумро шунидаву онҳо¬ро мунсифона мавриди корбурд дар лоиҳаи қонун қарор медиҳад. Мушкили алифбо Бештарин мушкилоти забонии мо бар асари набуди алифбои ху-дист, ки сарчашмаи илмҳое чун овошиносӣ-фонетика, сарф-морфология ва то андозае ҷумла-граматика мебошад. Бояд таъкид кард, ки мушкилоти забон бар асари камбудиҳои ҷиддии алифбо дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллии мардуми мо, ки забон яке аз манбаъҳои аслии он аст, нақши манфие бозидааст. Донишмандон борҳо ин нуктаро таъкид кардаанд ва рӯшан аст, ки имрӯз ҳам хеле аз мардуми мо ба далели камбуди ҷиддии надонистани забон ба заъфи андешаи пешрав ва тафаккури созанда рӯбарӯст. Албатта мушкили камтаваҷҷӯҳии мардум ба омӯзиши забон, тадриси заъифи забономӯзӣ дар ҳама сатҳ¬ҳои муассисаҳои омӯзи¬широ, ки низ дар та-шаккули тафаккури пешрафтаву созанда нақши боризе ифо накарда-аст, бояд рӯшану ошкор баён кард. Ҳамаи ин мушкилот роҳи ҳалл до-ранд ва ба назари ман, дар ҳалли ин мушкил пеш аз ҳама зарурати да-холати давлат зарур аст. Мушкилоти алифбои мо чандин даҳсолаҳост, ки ба рӯзгори мар-дум ва то ҷойе ба фарҳанги миллати мо таъсири номатлуб доштааст, ки донишмандонамон ин мавзӯъ¬ро борҳо таъкид кардаанд. Ҳамагон медонанд, ки ин мушкилот бар асари зери султаи бегонагон қарор доштани ҷумҳурии мо зӯран ба зиндагии мардум ворид шудааст. Имрӯз, ки қуд¬рати давлат ба дасти мардуми таҳҷо афтодааст, табъан бо дарки дуруст ва равиши миллатдӯстона мавзӯи ислоҳот рӯйи кор оварда шудааст. Бале, алифбои имрӯзии мо ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯст ва ва бар асари мушкилоти алифбои ҳозира оҳангу ово, шеваи гуфтор ва гӯйишу лаҳ¬ни хеле аз ҳамдиёрони мо ба тарзи хастакунанда коҳиш дидааст. То ҷойе, ки ҳангоми сӯҳбат бархе аз калимаву вожаҳои ҳамсӯҳбатонамон дуруст фаҳмида намешаванд. Дар бораи ҷумлаҳои аз нигоҳи меъёр ғалату сактадор, берабту беназм, ки дар радиёву теле-визион ва дар матбуоти даврӣ беамон пахш мешаванд, дар фурсати ҷудогона бояд сӯҳбат кард. Аммо бо таъкид мегӯям, ки ин дағалгуфторӣ аз мушкили алифбо маншаъ гирифтааст. Дар алифбойи имрӯзии мо ҳарфҳоест, ки ҳамааш ифодакунандаи са¬до¬ҳое ҳастанд. Аммо ба назар мерасад, ки чанд ҳарфи дигар барои овоз¬ҳое камбуд дорем. Мо се йотбарсар дорем, Я, Ё, Ю ва ҷабран ҳарфи Е-ро йотбарсар ном гузоштаанд, ки амалан вазифаи йотбар-сарро ифода намекунад, балки дар забони мо чун дар забони русӣ ба-рои ифодаи овойи Е (дар форсӣ ى ي) корбурд дорад. Барои мисол, мо дар ифодаи калимаи (Мо мегирйем-гиря мекунем) йотбарсари ЙЕ на-дорем. (Агарчи ин йотбарсар дар забони форсии тоҷикӣ камистеъмол аст). Мо йотбарсари ЙИ низ надорем, ки воқеан забони гуфтори мар-думи моро хеле ғализ кардааст. Солҳо дар телевизион кор мекардам ва ҳамеша шоҳиди камбуди ин ҳарф дар гуфторҳо мешудам. Бо таъкид аз гӯянда¬гони телевизион талаб мекардем, ки ба ҷойи «хонаи мо» «хонайи мо» бигӯянд, вале чун дар навиштор вуҷуд надошт, боз ҳамон камбуд рух медод ва имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ин муш-кил ба як ғалати омм ва ҳамагир табдил шудааст. Албатта, мутахасси-сини азизи мо медонанд, ки манзури ман ҳамон йотбарсари ЙИ ме-бошад, ки амалан дар охири калимаҳо ва пас аз овозҳои садодор ифо-да мешавад. Тарзи дигари ҳалли ин масъала ҳамоно пешниҳоди Сай-фиддин Назарзода – райиси муҳта¬рами Пажӯҳишгоҳи забон ва ада-биёти Фарҳангистони кишвар аст. Ба назари ман ҳам, осонтарин роҳи ҳалл ҳамоно истифодаи ҳарфи Й – йот, пеш аз ҳарфҳои а (йа) = ба ҷойи Я, у (йу)= ба ҷойи Ю, о (йо)= ба ҷойи Ё, ҳамчунин пеш аз и (йи, йӣ)= ба ҷойи йотбарсари ЙИ, е (йе)= ба ҷойи йотбарсари ЙЕ мебо-шад. Мушкили умдаи дигари мо овоз ва ҳарфи ӯ, яъне вови маҷҳул (ӯ-йи дароз низ гӯянд) аст, ки имрӯз низ боиси баҳсу гуфтугузори ҷиддӣ шудааст. Ман то ҳанӯз намедонам, ки чаро олимони пешини мо дар навишти вожаҳое, чун (муҳтарам, муътабар, муъҷиза ва амсоли инҳо) навишти ҳар¬фи ӯ-ро ҷорӣ кардаанд, чунки ин гурӯҳи калимаҳо дар алифбойи аслии мо – форсӣ бо у-йи кӯтоҳ навишта мешаванд. Бино-бар ин роҳи осони навишти ӯ-йи дароз ва у-йи кӯтоҳ, агар бар пояи алифбойи пешини мо сурат бигирад, дигар ҷойи баҳс намемонад. Дар ин масъала талаффузи ин ҳарф низ баҳсбарангез шудааст. Дар бархе аз манотиқи кишвар чанд навъи талаффузи ӯ вуҷуд дорад, ки сарчаш-маи пайдоиши он чандон рӯ¬шан нест. Баройи мисол, агар талаффузи ин ово бар пояи алифбои пешин пайдо шудааст, пас набояд дар ҳар мавриди лозиму нолозим ин амал сурат бигирад (масалан, дар забони бархе мардум калимаҳои мӯҳтарам, мӯътабар, мӯъҷиза, ангӯр – зару-рат ба ин ғализии талаффуз надоранд). Имрӯз кор ба ҷойе кашидааст, ки дар гуфтори бархе аз ҳамватанони мо ин навъи талаффуз ба ифрот баробар шудааст. Гоҳе ба назар мерасад, ки ин гуна одамон ба ҷойи рӯз¬нома – резнома, имрӯз – имрез… мегӯянд. Дар баробари ин навъи талаф¬фузи хос, ки дар боло гуфта шуд, гӯяндагон ҳарфи ӯ-ро хеле кӯтоҳ талаффуз мекунанд. Ба назарам, ислоҳи ин камбудӣ ба падару модарон, кӯдакистон, мактаб ва ниҳоят ҷомеа марбут мешавад. Боз ҳам дар мавзӯйи алифбо як масъалаи печидае дорем. Ҳангоми омӯзиш ба мо ёд медиҳанд, ки Е – ин ҳарфи ЙЕ ё йотбарсари ЙЕ аст. Дар боло гуфтем, ки ин ҳарф вазифаи йотбарсар буданашро дар алифбои имрӯз иҷро намекунад. Аз сӯйи дигар, ин ҳарф дар навиш-тор амалан вазифаи ҳарфи Э-ро иҷро мекунад. Барои мисол, вожаҳои меравам, мегӯям, рег, бекор ва садҳо калимаҳои дигар бо ҳарфи Е на-вишта мешаванд. Ба ҳамин далел аст, ки мардуми мо ин ҳарф Е (но-маш дар алифбо ЙЕ аст)-ро ҳамчун ҳарфи Е мешиносанд ва ҳамин тавр талаффуз мекунанд. Пас мушкили алифбо чӣ мешавад? Чаро мо Э талаффуз мекунем, вале ЙЕ менависем. Маълум аст, ки ин шакл баргирифта аз забони русист. Мо ба забони русӣ коре надорем, аммо чун имкони ислоҳи ин мушкил пеш омадааст, бояд, ки ислоҳ шавад. Тавре аз навиштаҳои матбуот бармеояд, дар пешнависи имлои ҷади¬ди забони тоҷикӣ аз сӯйи Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳу¬рии Тоҷикистон ҷойгоҳи ҳуруфи арабӣ, ба мисли “айн”, алома-ти сакта ва шояд ҳамза низ мушаххас шуда бошад. Мо дар мавриди истифодаи ин ҳарфу аломат ва талаффузи вожаҳои арабӣ низ сардаргумиҳои зиёде дорем, ки воқеан ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз доранд. Ҳоло намехоҳам дар ин робита суханро ба дарозо бикашам, чун бо умеворӣ пас аз пешниҳоди лоиҳаи имлойи ҷадиди забони тоҷикӣ мешавад дар ин маврид низ муфассал сухан гуфт. Беҳтарин ва корсозтарин роҳи ҳалли ин мушкилот пешниҳоди до-нишманди мӯҳтарам Обид Шукурзода ҳаст, ки мегӯяд, гузаштан ба алиф¬бои форсӣ ҳама мушкилро ҳал мекунад. Масъалаи гузаштан ба алифбойи пешини забони модариамон акнун ба як воқеияти фавқулода табдил шудааст, ки он метавонист ба ҳама ин хараҷу мараҷ дар забон, гуфтор, навиштор, талафузу овои лаҳҷаҳо – ба якборагӣ хо-тима бахшад. Вале тавре дида мешавад, ин масъала барои бархе аз мардуми кишвари мо ҳанӯз ҳам захми дарднок аст. Чун бо бовар метавон гуфт, ки мардум ва кишвари мо дар ҳоли ҳозир дар рӯбарӯйи амалӣ кардани ин ормон ва пойгоҳи бузурги тараққӣ дасти кӯтоҳ доранд, биноан, ҳадди ақал ба миён овардани меъёрҳои воҳиди имло дар алифбойи мавҷуд низ гоми барҷастае дар боло рафтани сатҳи маърифати мардум хоҳад буд. Мушкили баён Мушкили баён, манзур калимаву ибораву ҷумлаҳои ноқису ғалат аст, ки чи дар гуфтору чи дар навиштор забони моро саросар фаро гирифтааст. Истифодаи барғалати вожаҳо, ноҷо истифода бурдани калимаҳо, бе¬мав¬қеъ ҷой додани калима дар ҷумла, ҷумлаҳои шика-стапораи бефеълу бехабар ва мисли ин чанде дигар костагиҳо имрӯз дигар ба ҳукми анъана даромада, ба оҳистагӣ ба ғалати омм табдил мешаванд. Ман ба ҳамаи хабарнигорони муҳтарами кишвар изҳори сипосу қадрдонӣ мекунам, ки дар амри таҳаввулоти забони даврони нав саҳми арзанда доранд. Ба туфайли тозакории бештарини онҳо садҳо калимаву вожаҳои тозаи форсии тоҷикӣ забони моро поктар, хушоҳангтар ва ниҳоят тоҷикитар кардааст. Беҳтар аз гуфтаи профес-сори муҳтарам Додхудо Саймиддинов дар ин мавзӯъ сухане гуфтан амри маҳол аст: «Вақте насли русизадаи пешин ҳоло шикоят меку-нанд, ки забон барояшон номафҳум шудааст, ман хурсанд мешавам. Зеро медонам, ки ин нишонаи пешрафти забонамон аст». Вале бо ка-моли таассуф, шумораи касоне, ки маъниву ҷойгоҳи вожа¬ҳоро надо-ниста ва беэҳтиёт истифода мебаранд, низ фаровон аст. Як нуктаро мехоҳам таъкид кунам, ки аз беэътинойӣ, таҷрибаи кам, бетаваҷҷуҳӣ ба ҳирфаӣ ё касбияти журналистика, ки бояд қотеона бар пояйи дониши мукаммали забон ва орфография устувор бошад, дар матбуоти имрӯзи кишвари мо бемуҳобо хараҷу мараҷи забонӣ ба вуҷуд омадааст, ки мутассифона ин беморӣ ба забони мар-дум ҳам таъсири манфӣ расондааст. Барои мисол, имрӯз дар забони матбуоти кишвари мо калима¬ҳои бун¬ёдии кардан, шудан хеле камёфт шудаанд ва ҷойии худро камокон ба гардидан ва намудан, ки дар асл маънии дигареро бар уҳда доранд, супоридаанд. Як лаҳзае ба гуфтори радиову телевизион, навиштаи рӯз¬но¬маву маҷалаҳо таваҷҷуҳ кунед. (Фалонӣ ин корро иҷро намуд. Ин кор аз тарафи фалонӣ иҷро гардид), ки истифодаи ин феълҳо дар ин мавқеъ ва дар ин шакл ҳусни суханро ба сурати ҷиддӣ коҳиш медиҳад. Дар ҳоле ки ба тоҷикӣ бисёр осон мешавад гуфт: Фалонӣ ин корро кард. Ин кор аз тарафи фалонӣ иҷро шуд. Ҳангоми таҳияи ин мақола, ба манзури дарёфти далел ба гуфтаҳоям нашрияҳои рӯйидаст – маҷаллаи бонуфузи «Бонувони Тоҷикистон» – №8, 2010, нашрияи муътабари «Пажвок» – №15, 03.11.2010 ва ҳаф¬таномаи «Фардо» – №17, 09.09.2010-ро интихоб ва навиштаҳоеро аз онҳо мутолиа кардам. (Пешакӣ аз дастандаркорони маҷал¬лаву ҳафтаномаҳои номбурда узр мехоҳам, зеро ҳадафи ман гуноҳҷӯйӣ ва насиҳат кардани онҳо нест. Балки дарёфти мисоле барои мушкили баён аст, ки табъан дар ҳама нашрияҳо ва матбуоти кишвар фа-ровон мушоҳида мешавад). Дар мақолаи «Ҳусни табиб – сухани хуш» («Бонувони Тоҷикистон», саф. 3, 4) вожаҳои номбурда 7 маротиб истифода шуда, гузашта аз ин, мавориди истифодаи ноҷо ва барғалати калимаҳо, ҷумлаҳои бетаҳрир бештар аз интизор ба назар мерасад. Ба ин ҷумла таваҷҷуҳ кунед: «Боре, ҳангоми дар синфи 6-ум хонданаш, Алла-хола, ки дар ҳамсоягӣ мезисту гирифтори бемории диабети қанд буд, хоҳиш намуд, ки сӯзандору¬яшро гузаронад». Ин ҷумла мушкили зиёди истифодаи но-дурусти ҷойи калима дар ҷумла ва офариниши ҷумла дорад, ки фаҳмиданаш то ҳадде мушкил шудааст. Дар таҳрири нав мутобиқ ба меъёри забони навиштор тақрибан чунин ба назар мерасад: «Алла-хола, ки дар ҳамсоягиашон мезист ва гирифтори бемории диабети қанд буд, боре, ҳангоми дар синфи шашум хонданаш, аз ӯ (манзур Гавҳар, қаҳрамони мақола аст – шарҳи АК) хоҳиш кард, ки ба баданаш сӯзандору занад». Вале дар мақолаи «Нотаи ҷопониҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон» («Паж¬вок», саф.7) вожаҳои номбурда 9 маротиб мавриди истифода қа¬рор гирифтаанд. Агарчи ғалатҳои дигари имлоиву луғат ва сабку таҳрир дар ин мақола ҳам ба назар мерасанд, вале дар муқоса бо на-вишта «Бонувони Тоҷикистон» камтар аст. Ҷумлае барои мисол: «Ҳамчунин ин дӯстам нақл кард, ки дар Ирон мошинҳои бори моро, ки ба воситаи он мегузаранд, аз 24 тона зиёд агар бор дошта бошанд, гумрукчиёни иронӣ намегузоранд, то вориди роҳҳои Ирон шаванд». Ин ҷумла тақрибан ба чунин таҳрир ниёз дорад: «Ҳамчунин ин дӯстам нақл кард, ки мошинҳои моро, агар аз 24 тона зиёд бор дошта бошанд, гумрукчиёни иронӣ намегузоранд, то вориди роҳҳои ин кишвар шаванд». Аммо дар мақолаи «Аз ваҳдат то истиқлолият» («Фардо», саф. 5) мушкилоти бештари забонӣ, таҳрирӣ ва мантиқӣ ба назар мерасад, дар баробари он ки вожаҳои болоӣ дар ин мақола 5 маротиб ноҷо ис-тифода шудаанд. Дар матбуоти имрӯзи мо истифодаи ноҷо аз баъзе луғату истилоҳот, ибораву ҷумлаҳои протоколиву расмӣ, ки хоси диплома-тия ва расмиёти ҳукуматдорист, ба сурати дағалона вориди матбуот шудааст. Барои мисол, ибораҳои «ташриф овардан» ва «ҷаноби олӣ» пеш аз ҳама исти¬ло¬ҳоти дипломатӣ ва баъдан вожаҳои забони расмии ҳукуматӣ, дар ниҳоят калимаҳои забон мебошанд. Ба ҳамин маънӣ, мақомоти расмӣ ба ҳан¬гоми дидор ва мулоқотҳо ин иборотро фаро-вон истифода мебаранд ва комилан мутобиқ ба меъёр аст. Аммо аҷибаш ин аст, ки имрӯз дар матбуоти мо дар баробари ҳар роҳгузаре, ки аз як шаҳр, вилоят ва кишвари дигар омадааст, ин истилоҳот исти-фода мешавад. Дар иртибот ба ҳамин ғалатгуфториҳо мехоҳам бигӯям, ки ҳар журналист, корманди васоити ахбор ба таври қатъӣ вазифадор аст, ки нормаҳои меъёрии забонро риоя кунад ва ҳамеша тобеъи он бошад. Барои мисол, солҳои ахир мӯд шудааст, ки хеле аз хабарнигорон му-хотаби худро дар тамоми навиштаҳояшон ба унвони эҳтиром дар шакли ҷамъ ном мебаранд. Мо навиштаҳоеро дар назар дорем, ки (ғайр аз мусоҳиба) на дар ҳолати бо худи мусоҳиб сӯҳбат кардан, бал-ки дар ҳолате ки дар бораи қаҳрамони мақола ҳикоят карда мешавад. Масалан: «фалонӣ гуфтанд, фалонӣ карданд, фалонӣ рафтанд»… Ам-мо меъёри забони бахусус навиштор, талаб мекунад, ки ҷумлаҳо ва ифодаи андеша ба забони меъёр мутобиқ бошад. Ин ҷо бо ифодаи ан-деша дар хусуси касе дар шакли талаботи забони меъёр – дар бораи як нафар истифода аз ҷонишини шахсии танҳо набояд беэҳтиромӣ до-ниста шавад. Масалан, мо дар бораи як қаҳрамони дӯстдоштаамон, агар аз ҷонишинҳои эҳтиромии шахси ҷамъ истифода мебарем, пас мо ҳамаи шоиру нависандагон, қаҳрамонон, ни¬ҳоят ҳама одамонро дӯст медорем. Шояд ҳамаи онҳоро дар шакли ҷамъ унвон кунем – он гоҳ меъёри забон чӣ мешавад? Як тарзи ифодаи дигар, ки хеле ривоҷ ёфтааст, истифодаи ноҷойи калима дар ҷумла мебошад, ки хеле ғализ ба назар мерасад. Тайи сад¬солаҳо дар забонҳои форсӣ ҷойи калима дар ҷумла дақиқан муяйян шудааст ва мардуми соҳибкалом ин қоидаро дуруст истифода меба-ранд. Мубтадо дар аввали ҷумла, хабар дар охир, аъзои дигар дар миёни ҷум¬ла. Вале имрӯз, ҳар гоҳе ки мешунавему мехонем, ки «мо омода кардаем ин барномаро барои шумо», ба назар мерасад, ки за-бон ба як шикастапорае табдил шудааст. Ман, ки хеле вақт аст, барномаҳои шабакаҳои радиоии Тоҷикистонро мешунавам, бо раҳбарони ин боргоҳи сухан дар ин маврид борҳо сӯҳбат кардаам. Ман дақиқан метавонам бигӯям, ки дар сӯҳбату навиштаҳои журналистони тавонманд Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва Ҷонибеки Асрориён ин гуна ғалатҳои фоҳишро надидаву нашунидаам, аммо дар ҳамон коргоҳҳое, ки онҳо фаъолият мекунанд, ин гуна ғалатгуфториҳо хеле ва хеле зиёд аст. Дар коҳиш ёфтани фасоҳату асолати забони модарии мо, мутаас-сифона, шаба¬каҳои телевизионии кишварамон (албатта, то ҳадде) нақши манфӣ мебозанд. Гоҳе ба назар мерасад, ки шабакаҳои телеви-зионии мо ба забони адабии тоҷикӣ назари сатҳӣ доранд. Ба далели беэътинойӣ, камтаҷрибагӣ, мавҷуд набудани касбият дар миёни кор-мандои гуногуни ин навъи ВАО амалан касоне, ки аз забони тоҷикӣ огоҳии кам доранд, бо истифода аз ин минбар озодона ба баёни андешаҳои ғалат, бегона, бадтар аз ин, ба ғалатбаёнии фоҳиш роҳ медиҳанд ва аз даричаи ин воситаи муҳими тарбияи мардум аз навиштаҳои барғалат чашм наканда сактахонӣ мекунанд. Имрӯзҳо саҳнаи телевизионҳо ба майдони худна¬мо¬йи¬ҳоиҳо табдил шудааст. Касоне, ки аз илми журналистика ва сухано¬фаринӣ огоҳие надоранд ва аз мавзӯъҳои мавриди баҳс комилан ошно нестанд, микрофонро гирифта аз рӯйи матнҳои сохтаву бофта бо ҷумлаҳои худсохтаи ғалат мардумро ба сӯйи гумроҳӣ мебаранд. Омӯз¬горон ва устодоне, ки му-тахассиси соҳаҳои дигари илму омӯзиш ҳастанд, ноогоҳона ва барғалат дар бораи забон ва соҳаҳои барои онҳо комилан номафҳум ҳукми девонсолорона мебароранд. Ва кор ба ҷойе кашидааст, ки хонан¬даҳои синфҳои болоийи мактабҳо аз пардаи телевизион дони-ставу надониста ба мардум ақл ёд медиҳанд, насиҳат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки духтарону писарони зебову хушқади мо ба унвони муҷрии барнома, бидуни он ки ин андешаҳои барғалатро ислоҳ кунанд, дубо-ра ҳамин гуна саволҳои ғайримантиқиро дар барномаҳо матраҳ меку-нанд. Маълум аст, ки ин ҷавонони хушгил, ки ба дасташон микрофони барои як журналисти огоҳро додаанд, худашон аз мавзӯи баҳс огоҳии комил надоранд. Мо як мушкили умдаи дигар низ дар роҳи таҷдиду рушди забони давлатӣ дорем ва ман бо итминон мегӯям, ки роҳи ҳалли он дақиқан ба дӯши ҳукумати кишвар аст. Дар шаҳри Душанбе, ки пойтахти кишвар аст ва масъулияти пахшу густариши фарҳангу маънавиёти миллат, бавижа забони онро дорад, даҳҳо рӯзномаву маҷал¬лаҳои кӯчабозорӣ ба за¬бон¬ҳои ғайр нашру паҳн мешавад. Бо таъкид бояд гуфт, ки ин гуна нашрияҳо дар густариши фарҳангу забонҳои ғайр дар миёни насли ҷа¬вону ноогоҳи кишвари мо нақши умда ва душманона-ро мебозанд. Муҳ¬тавойи бештарини ин нашрияҳо холӣ аз ҷавҳари до-нишу маълумот ва маънавиёт буда, танҳо зоҳири фиребанда доранд. Дар ин гуна нашрияҳо амалан матолиби рӯзномаҳои кӯчабозории Ру-сия рӯйнавис шуда, саросар аз таблиғот, маводи фолбинӣ, ҷадвалу му-аммо ва саргармиҳойи бефоида иборатанд. Мушкили навиштор Матбуоти навиштории мо, ки худ табиатан масъулияти омӯзиши забон ва имлоро дар рӯбарӯйи мардум бар уҳда дорад, ин масъулият-ро то кадом ҳадд иҷро мекунад? Воқеият ин аст, ки имрӯз забони мат-буоти мо дар маҷмӯъ ба мушкили ҷиддие рӯбарӯст. Дар матбуоти на-виштории мо ға¬лати имло, аз нигоҳи маънӣ истифодаи барғалати ка-лима, ҷумлаҳои шикаста, пуриштибоҳ, бемаънӣ, гоҳе бе истифодаи хабар дар он, башиддат риоя нашудани аломатҳои китобатӣ ва чанд камбуди дигар ба дара¬ҷае зиёд шудааст, ки дар маҷмӯъ ин хатокориҳоро метавон вазъияти фав¬қулода номид. Ман бо матбуоти расмии ҳукуматӣ (нашрияҳои чопӣ) ошноийи чандоне надорам, аммо бархе аз ҳафтаномаву рӯзнома ва нашри¬яҳои чопии мустақилро аз нигоҳи забониву хабарнигорӣ қалами таҳрир задам, ки дар натиҷа сафҳаҳои онҳо манзараи ҳузнангезе гирифтааст. Як воқеият ин аст, ки имрӯз забони форсии тоҷикӣ бар асари таҳав¬ву¬лоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа дар ҳоли диграгуншавӣ ва тағйирот қарор дорад, биноан то ҳол натавонистааст шакли нормати-вии баён ва истифодаро касб кунад, яъне ҳанӯз забони меъёр (манзури ман меъёри забони матбуот аст) ба сурати лозим шакл нагирифтааст. Забони меъёр маънои онро дорад, ки дар истифодаи луғату вожаҳо, истилоҳоту ибо¬раҳо ҳамгунӣ ба вуҷуд меояд ва дар тамоми воситаҳои ахбор амалан аз онҳо истифода мешавад. Барои мисол, мо ин гуна меъёри истифодаро дар забони русӣ ва дар забони форсӣ дар Ирон мушоҳида мекунем. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки забони меъёри форсии тоҷикӣ вуҷуд надорад. Баръакс, забони меъёрии мо хеле устувор ва побарҷост. Яъне забони адабиёти классикии мо, ки бештарин унсурҳои граматикии он дар забони имрӯзии мо (дар се кишвари форсизабон) побарҷо ва устувор ҳастанд, яке аз забонҳои пурғановати дунё мебошад ва дар дарозои торих ба ҳадди лозим суф-таву коро шудааст. Таври маълум бо ин забон ҳазорҳо осори оламшу-мули илмиву адабӣ иҷод шудааст ва ҳар касе, ки аз сайри торихии ин забони бузург огоҳӣ дорад, бемуҳобо мегӯяд, ки ин забон барои ифо-даи пурраи андешаҳои илмӣ, фаннӣ, умури давлатдорӣ ва ҳама арсаҳойи зиндагии як миллат иқтидори шигифтангез дорад. Мисоле дар ихтиёр дорам, ки пешкашатон мекунам. Мо дар забони форсии тоҷикӣ ду калимае дорем «чатр» ва «соябон», ки ифодакунандаи ду зарурати иҷтимоӣ ҳастанд: чатр барои борон ва соябон барои офтоб. Шоир ин таъбирҳоро рӯшантар гуфтааст: Ёри ман ҳар ҷо нишинад, офтоб он ҷо бувад, Чатри хуршед аст, гӯё соябоне бар сараш. Ин мисолро барои он овардам, ки ҳамин гуна имконоти бузурги во-жаву калима, истилоҳу таъбир на дар ҳамаи забонҳо ба назар мерасад. Вале тавре дар боло ёдовар шудем, забони мо дар садсолаи ахир ба далели зери фишор қарор гирифтани мардум ва давлатдориамон ба чунин мушкил рӯбарӯ шудааст. Агар дақиқтар бигӯйем, мушкил дар он аст, ки мо ворисони забон ба далелҳои гуногун аз имконот ва тавонмандиҳои забонамон огоҳии кам дорем. Амалан мушкили баёну гуфтор ва навиштор дар забони форсии тоҷикӣ боз ҳам ба мушкили сад соли ахир бармегардад. Пас аз таш-кили Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон Ҳукумати Шӯравӣ барои иҷоди як давлати воҳиди Шӯравӣ, халқи ягонаи советӣ ва забо-ни ягонаи советӣ (табъан забони русӣ) барномаи мушаххасеро рӯйи даст гирифт. Мутобиқи ин барнома барои амалӣ кардани се аҳдофи муҳими он, ба истилоҳ мутахассисини ба гуфтаи худашон, варзидаеро вориди ҷумҳу¬риҳои миллӣ (амалан мустамликаҳо) карданд. Ба бад-бахтии мо, бо дастгирии ҳамсояҳои ғаразхоҳ ба ҷумҳурии мо сели ҳамин гуна «мутахассисон» аз ҷумлаи турктаборони шӯравӣ (аз самбӯсафурӯшу кӯҳнадуз то галлабону боғбон) рехтанд. Дертар ин қавмҳои кӯчитабор тамоми умури давлатро дар Тоҷикистон ба даст гирифтанд. Русҳо дар ғами иҷоди ҳукумату забони мутта¬ҳиди шӯравӣ буданд ва умури аслии идораи давлатро дар даст доштанд. Аммо ҳама боқимонда турктаборон, ки умури фарҳангу маънавиёт ва ҳам¬замон раҳбарии сатҳи дуввумро дар даст доштанд, ҳадафҳои хоси худро дар миёни ин мардуми бечора пиёда мекарданд. Агар имрӯз забони мо-дарии мо дар гуфтору навиштор ба ин кӯчаҳои дарҳаму барҳам ворид шудааст, дар навбати аввал заминаи ин мушкилро ҳамон «мутахасси-син» гузоштаанд. Онҳо, ки дигар зимоми давлатро дар даст доштанд, хиёнатҳои бузургеро дар баробари шикастану пора кардани забони мардуми мо анҷом доданд. «Ба забони омма наздик кардани забони адабии ҳозираи тоҷик», «истифодаи калимаҳои забони мардум дар забони адабии ҳозираи тоҷик» мисли ин шиорҳоеро ба зеҳни мардум ворид карда, сипас ба шикастани забони навишторӣ ва гуфтори мар-дум даст заданд ва то ҷойе муваффақ ҳам шуданд. Натиҷааш ин шуд, ки имрӯз забони гуфтори мо олуда ва ба як забони махлуту пур аз вожаҳои номафҳуми бегона табдил шудааст. Ва аммо забони навишторамон тақрибан ба забони кӯчаву бозор баробар шуда ва аз пойгоҳи аслии худ забони ноби форсии тоҷикӣ (ончуноне ки мебоист буд) хеле канор рафтааст. Ва ин амалро ворисо-ни он сиёсат, ки ҳанӯз дасти болое дар ин кишвар доранд, ҳамчун як бозёфти нодир, қаҳрамонии касоне ҷилва медиҳанд. Кор ба ҷойе ка-шидааст, ки гоҳе мо маҷбур мешавем сӯҳбати як ҳамдиёрамонро ба-рои як форсизабони дигар тарҷума кунем. Бояд иқрор кард, ки киш-вари мо Тоҷикистон дар ин раҳгузар аз ҳама ҷумҳуриҳои дигар зарари бештар дидааст. Мо дар боло намунаҳое аз ин шикастапораҳоро ми-сол овардем. Вале пештар аз ин, тарҳ ё плани барномаҳои омӯзишии забони мо¬дарӣ ва фанҳои дигар хеле моҳирона роҳандозӣ шуда буданд. Грамма-тикаи забон ва барномаи ҳамаи фанҳои дигар то сатҳи мушаххас дар асоси барономаҳои мактабҳои русӣ сохта ва барномаҳои Вазорати маориф амалан аз онҳо рӯйбардор шуда буданд. Барои омӯзиши за-бони тоҷикӣ он қадар қоидаҳои гуногун ва мушкилро эҷод карда бу-данд, ки хонандагони мактабҳои мо то охири умр онҳоро аз бар карда наметавонистанд. Бадтар аз ин омӯзиш дар мактабҳои мо тарзе буд, ки шогирдон амалан ба қоидаазёдкунӣ мепардохтанд, вале аз тафак-кури худӣ ё андешаи шахсӣ, баёни андешаи худ, баёни ҳатто гуфтори оддӣ дар ҳузури дигарон ва ба хусус мақомдорон комилан ва ба таври шигифтангез дур нигоҳ дошта мешуданд. Ҳатто ба дараҷае тарс ворид карда буданд, ки дар ҳузури мақомдорон ҳеч гуна сухане набояд гуфта шавад. Ҳоло мо ҳамагӣ медонем, ки бештарини мо ҷуръат надорем, ки дар ҳузури як мақомдор ё як фарди баландмартаба бигӯем, ки «Ман мехоҳам бо Шумо сӯҳбат кунам!» Таъсири он сиёсат, ки муттассифона, ҳанӯз ҳам идома дорад, ба устодони маҳаллии мо ҳам комилан асар гузошта буд. Ба ёд биёрем, ки омӯзгорону устодони мо дар мактабу донишгоҳҳо дар бештар маврид ба мо иҷозат намедодаанд, ки сухана-монро озоду ошкор бигӯем, вале барои гуфтани сухани ҳаққ ва анде-шаи худ шояд борҳо гирифтори маломату сарзаниш шудаем. Яъне ҷуръати баёни андешаи худӣ ва дархости хоҳи¬ши шахсӣ амалан саркӯб мешуд. Бо таассуф, ин раванд як навъ хусусияти умумии донишомӯзӣ ва он чи, ки таълимаш мехонанд, дар ҳама сатҳи омӯзишии кишвари мо мавҷуд буд. Борҳо дар кишварҳои Русия, Афғо¬нистон ва Ирон бо хоҳиши худ дар дарсҳо ширкат кардам. Чун далерона ва бо ҷуръат сухан гуфтани шогирдони мактабҳо ва пуртоқату солорона гӯш додани устодони мактабҳои ин кишврҳоро медидам, ҳамеша орзӯ мекардам, ки дар ватани ман ҳам чунин бошад. Агар як далели хараҷу мараҷи имрӯзӣ дар табдили иҷбории алиф-бо аз сӯйи ҳукуматдорони Шӯравӣ бошад, далели дигари ба ҳадди ло-зим рушд наёфтани забони имрӯзии мо боз дубора ба сиёсати ҳамон ҳукумат марбут аст. Чунки забонҳо, назар ба табиату ҳамрангӣ, решаҳои торихӣ, ҳамзистии минтақавӣ ба ҳамдигар хеле таъсиргузор мебошанд. Табиист, ки забони форсии тоҷикӣ бояд аз кишварҳои Ирон ва Афғонистон, ки ҳамин забон дар онҳо роиҷ аст, луғату истилоҳот, вожаву номҳои навро мавриди истифода қарор дода бо онҳо рушди мураттаб меёфт. Ончуноне ки имрӯз ворисони забони форсӣ ҳам дар Ирон ва ҳам дар Афғонис¬тон аз нигоҳи истифодаи ва-сеъи забони муштараки форсӣ иртиботи ногусас¬танӣ доранд ва ҳамгун ҳастанд ва ҳамдигарро ёриву пуштибонӣ ва рушду нумӯъ ме-бахшанд. Аммо, мутаассифона забони форсии Вароруд ба далелҳои дар боло номбурда аз ин раванди пешрафт ва меъёрӣ шудан дар ка-нор мондааст. Гуфтанист, ки шурӯъ аз оғози даҳаи 80-и садаи гузашта таъсири забони форсӣ аз Ирону Афғонистон ба форсии мо (яъне тоҷикӣ) хеле чашмрас будааст. Ҳамчунон вожаҳои хоси забони имрӯзии мо на танҳо ба Ирону Афғонистон, балки ба забонҳои дигари минтақа ҳам ворид ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Албата ин мавзӯъ қобили таҳлил ва барасии хос аст, ки маҷоли ин навишта нест. Аммо мавзӯи сиёсати забонии шӯравӣ, ки нисбат ба забони форсии тоҷикӣ хеле душманона буд ва дар ин замина кадрҳои «ихтисоснок»-еро барои худ тарбия кардааст, ин кадрҳо ҳанӯз ҳам бо унвонҳои бо-лохонадор дар сари дегу кафлези фарҳангу забони мо бо дасту остини барзада барои мардуми мо «ғизо» медиҳанд. Ин «устодони забону фарҳанг» ба осонӣ вожаҳои (копрук, қушун, қурол, тумшуқ, прокурор, студент… ва садҳо калимаву вожаҳои дигар ва ҷумлаҳои сохти шика-ста)-ро вориди забони мо карда ва агар лозим шавад, дар ин бора фармони ҳукуматро содир мекунанд. Чунки онҳо мисли устодони шарқшиноси советиашон аз он тарс доранд, ки мабодо ягон калимаи ба қавли худашон «иронча ё афғонча» ба Тоҷикистон наояд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки ҳар касе дар ин кишвар, агар як вожаи тоҷикии навро шунавад, онро иронӣ ё афғонӣ ҳукм мекунад ва ин ҳукмро тарзе баён мекунад, ки гӯё гӯяндааш гуноҳи азиме содир карда бошад. Ба-рои мисол, агар шумо ба касе «дуруд» бигӯед, ба шумо бо шубҳа нигоҳ мекунад ва шуморо иронӣ ё афғон мепиндорад. Вале агар «копрук» ё «қушун» бигӯед, шуморо аз худ медонад. Албатта, касоне, ки ҳамеша ин мардумро аз номи Ирон ва Афғонистон метарсонданд, то як андоза бефараҳ шудаанд. Зеро имрӯз дигар зӯри онҳо барои бартараф карда-ни вожаҳои асили тоҷикӣ чун «фурӯдгоҳ, чархбол, донишгоҳ, пажӯҳишгоҳ, фарҳангистон» ва садҳо калимаи дигар, ки ҳамагӣ 10-15 сол пеш онҳоро иронӣ хонда мардумро метарсонданд, намерасад. Маълум аст, ки мутобиқ ба фармудаҳои ҳукумат бояд истилоҳоти «Президент, суд, прокурор» ва даҳҳо калимаҳои ба инҳо монанд ис-тифода шаванд. Вале бовар кунед, аксари мардум «Раиси Ҷумҳур, додгоҳ, додситон»-ро истифода мебаранд, зеро ин гуна вожаҳо ҳам аз нигоҳи маънӣ ва ҳам аз нигоҳи табиати забониашон ба зеҳни мардум хеле наздику худианд. Васоити Ахбори Омма масъулияти бузургеро дар баробари мар-дум ба уҳда доранд. Мардум ба нашрияҳои мустақил дастрасии беш-тар доранд ва табиист, ки дар поксозии забону баён, истифодаи дуру-сти вожаву истилоҳот ва бештар аз ин, сохти дурусти ҷумларо мардум аз матбуот меомӯзанд. Аммо тавре дида мешавад, ин гуна камбудиҳо дар матбуоти даврии мо хеле зиёд ва ба сурати фоҳиш пешкаши хонандаҳо мешавад. Забони шиору овезаҳо Хеле аз истилоҳоти забони мо, бавижа номгузориҳо, истилоҳоти техникӣ, майишӣ, тиббӣ ва монанди инҳо он қадар мушкил, бегонаав-зоъ, гоҳе номафҳум ва душворталаффуз ҳастанд, ки худ ба худ боиси мушкилоти дарки мафҳум ва талаффуз ҳастанд. Табиист, ки ин равиш дар паст шудани сатҳи дониш ва дарки умумми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Рӯшан аст, ки бештарини истилоҳоти мо бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ баргирифта аз забони русӣ ҳастанд ва ҳамин тавр кор-бурд мешаванд. Дар натиҷаи тақлидкорӣ ва тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ вожаву истилоҳо¬ти забони мо гоҳе ба ҳоли хандахариш табдил шудаанд. «Иттиллоотикунонӣ» – ин истилоҳи аҷибу ғариб дар барчаспи де-вори Вазорати алоқа овехта шудааст ва шояд муаллифи он аз каш-фиёти худ хеле қаноатманд бошад. БДА – Бехатарии Давлатии Автомобилӣ, магар ин ҳам ном шуд, охир номро бо истифода аз исм мегузоранд, вале дар ин ном се сифатро қатор чинда ном гузоштаанд, ки ҳамеша ноҳинҷор аст ва як исм тақозо дорад. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ – номи тақлидии хеле кӯҳна аст. Меҳнат дар луғатҳои муътабари мо ҳамеша маънои мусибат, бало ва бадбахтиро дорад ва бо ҳамин маънӣ аз заҳмат ва кор тафовут дорад. Ин ҷо манзур вазора-ти кор аст, ки онро ба бало табдил додаанд. Дар Тоҷикистони мо во-жаи «меҳнат»-ро ҳамеша ба ҷойи «заҳмат» ва «кор» истифода меку-нанд, ки ғалат аст. Заҳмату кор метавонад ифтихор дошта бошад, вале меҳнат – не. Номи дигар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва му-бориза бо коррупсия тарҷума аз «Агентство по государственному фи-нансовому контролю и борьбе с коррупцией РТ» аст. Номи мушкил ва хеле дароз аст ва мардум ҳам онро ба таври худ истифода мебаранд: «Коррупсия омад…» – яъне коррупсионер омад, на касе, ки бар зидди он мубориза мебарад. Нахуст, дар ин тарҷума хеле камбудиҳо мавҷуд аст. Агентӣ не, балки агент гуфтан дуруст аст, зеро ин як агенти давлат аст, назорати давлатии молиявӣ (молия гуфтан беҳтар аст) номи изофӣ аст, зеро мубориза бо коррупсия худ назорат аст, гузашта аз ин ҳама органҳои марбутаи давлат вазифадоранд арсаи молияро назорат кунанд ва гоҳе бештар аз зарурат ҳам онро воқеан тафтиш мекунанд. Ба назари ман, Агенти мубориза бо коррупсия гуфтан кифоя аст. Аз ин мушкилтару бадтараш ҳам ҳаст: Саридораи назорати давлатии бе-хатарии корҳо дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргирифта аз «Главное управление по госу-дарственному надзору за безопасным ведением работ в промышлен-ности и горному делу при Правительстве РТ». Ин гуна номҳои сохтаву бофта дар кишвари мо хеле зиёд аст. Аслан номгузорӣ бояд бар пояйи фарҳангу дарки миллӣ сурат би-гирад ва агар бар тақлиди дигарон бошад, ҳамеша пайомади нохуш медошта бошад. Ва муҳимтарин шарти номгузорӣ кӯтоҳ будани он аст, то мардум номи гузоштаро истифода кунанд. Ҳич зарарурате нест, ки барои мисол, номи як вазорат мафҳуми тамоми шӯъбаҳо ва ҷузъиёти дигари ин вазоратро дар бар бигирад. Агар Вазорати об бигӯем, табъан дигар мелиоратсия, захираҳои обӣ ва чанд сохтори марбут ба он дар назар аст ва мардум ба ин одат мекунанд, ки ҳамон ҷузъиёт ҳам дар ҳамин вазорат ҳастанд. Гузашта аз ин, мардум номи кӯтоҳро зуд ва хуб қабул мекунанд. Мисли: Вазорати маориф, Вазора-ти тандурустӣ, Вазорати саноат… Риояти таносуби сухан ва номсозӣ дар кишвар ба далели бепарвойӣ ва набуди назорат ба ҳадди ифрот расидааст. Ҳар кас ҳар чизе, ки хоҳад менависад ва онро ба ба дару девори шаҳру деҳоти кишвар мечаспонад. Шиору овезаҳо, ки намунае аз эҳтирому поси за-бон ва фарҳанги миллат ҳастанд, пурғалату бо иштибоҳот дар пеши чашми мардум овехта шудаанд. Ва ин ғалаткорӣ ба ҳадде расонда шу-дааст, ки онро ҳамчун амали дуруст мешуморанд ва агар шакли дуру-стро пешниҳод кунӣ, онро ғалат мепиндоранд. Дар рӯбарӯйи дарво-заи шимолии бозори Шоҳмансури пойтахт, дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 9 ва паҳлӯи он чашмам ба се навиштае афтод, ки ҳамагӣ ғалат ва намунае аз иштибоҳоти оммавӣ ҳастанд: «Мағозаи тухми зироатӣ», як метр дуртар аз он боз ҳам «Мағозаи фирмавии тухми зироатӣ», «Мағозаи масолеҳи сох¬тумонӣ», албатта шакли солими ин номҳо: тухми зироат ва масолеҳи сохтмон аст. Дар пойтахт ва ама-лан дар ҳама шаҳру деҳоти кишвар мо бо номгузо¬риҳои ғалат чун «Мағозаи китобҳо», «Мағозаи соатҳо», дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказии пойтахт: «Гулҳои хонагӣ», «Тухмҳои гул», Мағозаи компютерҳо, «Фаршҳои гарм», «Чиптаҳои ҳавопаймоӣ»… Бояд гуфт, ки дар номгузо-рии форсии тоҷикӣ ном ба шакли танҳо гузошта мешавад, ки худаш табиатан маънои ҷамъро дорад. Яъне мегӯем «Мағозаи китоб», вале ин ба он маъное нест, ки дар он танҳо як китоб бошад. Шакли дигари ғалатҳои маъруф ибораҳои: 150 нафар одамон, 15 адад китобҳо ва мисли ин аст. Таваҷҷуҳ шавад, ки вақте шумораи ҷамъ аст, бояд исми пас аз он омада ба шакли танҳо ифода шавад ва дар гӯйиш хеле хуш-садо аст: 150 нафар одам, 15 китоб. Албатта хеле аз донишмандони мо аз ин нукта огоҳанд, ки ин намуди каҷрафториҳо солҳои пешин бар асари қарорҳои махсуси Вазорати маориф ва дигар ташкилотҳои дах-лдор дар зеҳну гуфтори мардум ба сурати иҷборӣ ворид карда шуда-анд ва имрӯз аксари мардуми мо ба ин шеваи гуфтор одат кардаанд. Маълум аст, ки ҳадаф аз қабули чунин қарорҳои душманона бар зид-ди забони форсии тоҷикӣ ҳадафмандона за сӯйи душманони забон амалӣ мешуд. Ҳадафи ин гурӯҳи одамон, ки дар қудрати давлати онвақтаи Тоҷикистон (агар онро давлат номидан мумкин бошад) дас-ти қудрат доштанд, дур кардани мардум аз асолати забон ва ҳарчӣ дуртар кардани забони форсии тоҷикӣ аз асли худ – забони форсӣ бу-дааст. Мехоҳам аз фармони махсусе, ки ба дасти аҷнабиёни мансабдори РСС Тоҷикистон ба манзури хору залил кардани забони тоҷикӣ қабул ва ҷорӣ кардаанд, чанд мисолро пешкаши шумо кунам. Ин фармон (Дар бо¬раи баъ¬зе масъалаҳои забони тоҷикӣ, Фармони № 1 Комисса-риати Хал¬қии Мао¬рифи РСС Тоҷикистон аз № 2-июни соли 1939) ном дорад ва дар рӯзномаи Тоҷикис¬тони Сурх, 25 январи соли 1939 ба нашр расидааст. (Ба𬬬гирифта аз навиштаи доктор С.Назарзода, директори Ин-ститути за¬бон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷум¬ҳу¬рӣ, дар нашрияи «Ҷумҳурият», аз 06.11.2010 ва Торнигори Зафари Мирзоён). Доктор Назарзода дар оғози мақола ҳадафи ин фармонро хеле ду-руст таъкид кардааст: «Азбаски ин санад дар таърихи забони тоҷикӣ нақши ҳалкунанда бозида, акса¬ри унсурҳои номатлубе, ки имрӯз аз тарафи бархе аз забоншиносон ҳамчун хусусиятҳои хоси забонӣ шумурда мешавад, дар асоси ҳамин санад ба забони мо дохил шудаанд, дар бораи ин санад му-фассалтар истода мегузарем». (Ин қарор моддаҳои зиёд дорад, вале мо чанд намунаи онро мисол меорем): – Расмӣ кардани истифодаи пасванди «ангӣ» дар ҷумласозӣ. – Дар мавридҳои муайян кардани замон ва макон дар қатори шакл¬ҳои дигар, истеъмоли абароти сифати феълии суффикси «ангӣ» катӣ сохта шудагӣ ҳам дуруст ҳисоб карда шавад. Одами шабангия (шабангиро) имрӯз боз дидам – одами шаб дидагема имрӯз боз ди-дам – одамеро, ки шаб дида будам (ки ба вай вохӯрда будам…) имрӯз боз дидам. – Номи шаҳри Горкий зоида шудагӣ Нижный Новгород аст». – Истифодаи шакли лаҳҷавии сохти «нарафтанба» дар забони адабӣ. – Аз истифода баровардани шаклҳои адабии пешванди «би-» ва феълҳои «метавон гуфт, метавон кард». (…префикси «би» азбаски шакли архаистӣ буда, ба забони зиндаи имрӯзаи тоҷик бегона аст, кор фармуда нашавад. – Дар навиштани исмҳо ҷорӣ кардани ҷамъбандиҳои шакли ахбо¬рот¬ҳо, Мисол: Ташкилот-ташкилотҳо, аъзо-аъзоён-аъзоҳо, ҳуқуқ-ҳуқуқҳо. – Расмӣ кардани шакли «Аҳмада китобаш» ва ба ҷои пасванди-ро истифода кардани -а, -я – Бо пешояндҳои «то», ҳам суффикси «а- я». Мисол: То куҷоя рафтӣ? То Фарғоная рафтам. – Ба ҷои шумораи тартиби «дуввум» ва «севвум» доимо «дуйум» ва саййум кор фармуда шавад. – Шакли «чаҳор», «чаҳордаҳ», «чиҳил» кор фармуда нашаванд, ба ҷои ин шакли «чор, чордаҳ, чил» кор фармуда шаванд. – Шакли махсуси ҷонишинҳои шахсӣ, ки ба суффиксҳои «ҳо, ён» сохта шуда, ҷамъро ифода мекунанд, қабул карда шавад. Мисол: Моҳо мехонем – моён мехонем. – Шаклҳои эҳтимолии поёнангӣ ҳам кор фармуда шавад. Мисол: Аҳмад омадагист. Вай ҳам мерафтагист. – Ба вазифаи гузаштаи мутлақ ин шаклҳои феълӣ ҳам кор фармуда шавад. Ман китоб хондагӣ, Ман то ҳол хондагим не. – Дар шахси дуйум дар баробари «ед» ҷамъ бо «етон» ҳам сохта шавад. – Аз истифода хориҷ кардани шаклҳои адабии «бояд кард» ва «хоҳад кард». Шакли «бояд кард» ҳамчун шакли архаистӣ кор фар-муда нашавад. – Калимаҳои интернатсионалӣ ва советизмҳо ба забони тоҷикӣ аз русӣ ва ё ба воситаи забони русӣ даромадагӣ айнан бо ҳарфҳои тоҷикӣ навишта мешаванд. Мисол: Колхоз, комсомол, коллектив, план, аэроплан, кооперация ва монанди инҳо. (Поёни иқтибос) Ба ҳамин сабаб, агар имрӯз мардуми мо дар сари ҳар гапи худ вай-вайю он-он барин калимаву ибораҳои номафҳум ва даҳҳо пешванду пас¬ванд¬ҳои бегонаро аз қабили ҳолангӣ, рафтагӣ, омадагӣ, мурдагӣ, дар ҳар ҷойи ҳатто нозарур ба кор бурдани пасванди исмсози «ӣ», ҷамъбандиҳои болохонадори «ҳо» истифода мебаранд, решаи ин кор дар ҳамон ҳаракати бадхоҳони забону миллат нуҳуфтааст. Дар навиштаи донишманди закӣ ва пуркори мо Зафар Мирзоён ба ин раванд баҳои арзишманд дода шудааст: «Забоншиносони шӯравии яҳӯдиасл дар ҳамёрӣ бо маҳалгароёни тоҷик (бешак дар миёни онҳо пантуркистон низ ҷой ги-рифта буданд), дар роҳи харобсозии забони форсии Вароруд ва аз он барсох-тани забони аз решаи форсӣ ҷудои тоҷикӣ, бар ҳадафи маккоронаашон ра-сидаанд». Магар ин мушкилоти пешин камтар буд, ки ба муқобили забон боз раванди нави мубориза оғоз шудааст. Акнун ин бор сели калимаҳои бегона ва тақлидӣ дару девори шаҳру рустои кишварро фаро гирифтааст. ва дар паҳлӯи ин боз номҳои тозавориде чун «Фурӯшгоҳи Эдик», «Ороиш¬гоҳи Шахноза», «Мағозаи Гулноза», номҳои аҷибу ғариби «Эдем», «Кайнак», «Мерве», ки шуморааашон торафт аф-зоиш ёфтааст, хеле фаровонанд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказӣ овезаҳои аҷибу ғарибе ба назар мерасад, ки ҳангоми тамошо бовар наметавон кард, ки дар маркази шаҳри Ду-шанбе – пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳастӣ. Ман танҳо номи ин овезаҳоро номбар мекунам: «Мағозаи Эмир», «Маркази савдои Дивидишка», «Детские потребности», «Парда «Қисмат»», «Суратба¬ро¬рӣ» (Манзураш чопи акс аст), «Мағозаи коллексияи хонагӣ», «Модные детки», «La cite», «Bessini», «Маркази ҳусн», «Elegant», «У Аллы», «Avesta», «Jordini», «Trend-N»… Ҳам чиз ҳаст, ғайри овезаҳои тоҷикӣ. Агар тасодуфан ягон овезаи тоҷикӣ бошад, он ҳам номафҳум аст. Мисли: «Парда «Қисмат»», «Маркази ҳусн», ва «Мағозаи коллексияи хонагӣ». Мушкили умдаи мо ин аст, ки ба далели надоштани истиқлолияти давлатӣ дар сад соли ахир истилоҳоти коргузории миллӣ ба шакли меъёр ба вуҷуд наомадааст. Ҳоло мо воқеан, дар як давраи таҳаввулоти ҷиддии шакл гирифтани давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ, дар паҳлӯи он забон ва исти¬лоҳоти ҳама арсаҳои зиндагӣ қарор дорем. Ин як амри қобили қабул аст ва ҳукумату мардуми мо бояд бо таҳаммул ва бо ис-тифода аз луғату истилоҳоти забони классикӣ ва ҳамзабононамон ни-зоми истилоҳот ва забони меъёрро ба вуҷуд биёваранд. Номгузориҳои ҷуғрофӣ низ дар кишвари мо ба хараҷу мараҷ рӯба¬рӯст. Иқдоми ҳукумат барои табдили номи мавзеъу макон (дар забонши¬носӣ онро топонимика мегӯянд), яъне исмҳои ҷуғрофӣ пар-дохт, ки воқеан гоми ватандӯстона аст. Аммо дар ҳамин раванди волои ватан¬дӯстӣ ҳам чанд камбуди ҷиддӣ мушоҳида мешавад: нахуст, дар фарҳанги ҳазорсолаи мо хеле кам ба назар мерасад, ки номҳои ҷуғрофӣ – номи шаҳру вилоят, ноҳияву деҳкадаҳо ба номи шахс гу-зошта шаванд. Мисли ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Си-но ва садҳо номи дигар. Воқеан, бо ҳукми девонсолоронаи бархе ба за-бон овардани «Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ» кори сангинест. Хуб мебуд, агар бар пояи фарҳанги арзишманди гузаштагон номи шаҳру деҳот бо исми ҷуғрофӣ гузошта шавад: Гулистон, Баҳористон, Бохтар, Хуросон… Дуввум, бо дастдарозӣ ва пешоҳангии муғризонаи касоне, ҳукумат ба иваз кардани номҳои хеле арзишманду торихие чун Кофарниҳон, Дарбанд ва Ғарм даст зад. Ба хусус, ба ҷойи исми таъри-хии «Кофарниҳон» сифати «Ваҳ¬дат»-ро ҷойгузин кардан лойиқи пайравӣ нест. Бо ин ҳама, раванди поксозӣ ва ислоҳот дар забони форсии Варорӯд (забони тоҷикӣ ин масъулиятро ба дӯш дорад), ки ҳам аз та-рафи Ҳуку¬мати Тоҷикистон ва аз сӯйи мардуми ҳавзаи забони тоҷикӣ оғоз шудааст, метавонад корҳои назаррасе дар ин замина анҷом дода шавад. Барои ин самимият ва қатияти ҳукумат, ҷилавгирӣ аз дахолати ғаразхоҳон ва дилсӯзии бештари аҳли донишу фарҳанг лозим аст. Имрӯз дар миёни матбуоти тоҷикнависи дунё роҷеъ ба истифодаи дурусти вожаву калима ва истилоҳоту ҷумла мо аз радио ва сайти Би-би-сӣ намунаи беҳтаре надорем. Ҷавонмардона бояд эътироф кард, ки интихоби калима ва истилоҳот, тарзи навишт ва ифодаи вожаҳо, дар ҷумла дар ҷойи худ истифода бурдани онҳо, сохти ҷумлаи дуруст (дар маҷмуъ, тозагии забони тоҷикӣ) ва муҳимтар, муҳтавои як навишта ё як хабар дар ин хабаргузорӣ барои хабарнигорон, аҳли донишу пажӯҳиш беназир аст. Ман намехоҳам дар мавриди ҳунари журнали-стии ин даргоҳ, ки бевосита ҳунари истифодаи хеле солими забони тоҷикӣ ё худ форсӣ аст, домани баҳс бигирам, вале хеле ҷанбаҳои барҷастаи гуфтору навиштори забони форсии тоҷикиро метавон дар ин хабаргузорӣ дид, ки дар ҷойи дигар ёфтани ин покизакориҳо аз имкон берун аст. Забони ин хабаргузорӣ ба ҷараёни тозаи ҳамгун со-хтани се гӯйиш: форсии Ирон, форсии тоҷикӣ ва форсии дарӣ, ки ҳукуматҳои ин се кишвар низ талошҳоеро дар ин замина рӯйи даст гирифтаанд, мутобиқати арзишманде дорад. Мушкили ислоҳ ва табдили алифбо Мавзӯйи табдили алифбо ҳам душмани дохилӣ ва ҳам душманони хориҷӣ дорад. Ҳамагон медонем, ки агар ҳукумати мо, ҳатто баройи мисол танҳо як ҷумла бигӯяд, ки «мумкин аст мо ба алифбои форсӣ бигузарем», он гоҳ мебинем, ки дар кадом нуқтаҳои олам таркиш ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, дигар ин ормон чун хазандае дар чоҳе андохта шуда ва сари он чоҳро барои муддате қирпӯш кардаанд. Аммо масъалайи тағйирот дар алифбои мавҷуд низ амри муҳим ва аз сӯйи дигар, хеле мушкили умда аст. Агарчи бештарини мардуми соҳиб¬идроки мо аз мушкилиҳои алифбойи мавҷуда огоҳӣ доранд ва ҷониб¬дори ворид кардани дигаргунӣ дар он ҳастанд, вале мо дар рӯбарӯ дар дохили кишвар гурӯҳҳое ҳам дорем, ки дар сари ин мавзӯъ сарусадо¬ҳоеро ба вуҷуд меоранд. Бархе аз ин гурӯҳҳо дар аввал аз ғалаткориҳое, ки дар гузашта ҳангоми тартиб додани ҳамин алифбо ҷорӣ шудааст, сарсахтона пуштибонӣ хоҳанд кард. Гурӯҳҳое ҳам ба хотири ғаразҳои маҳаллиашон садо баланд мекунанд. Ашхосе ҳам пайдо мешавад, ки дониставу надониста ҷоҳилона барои халал ворид кардан ба пешрафти кори ислоҳот бо баёни андешаҳои муғлақ афко-ри мардумро ба сӯйи дигар мекашанд. Ва ниҳоят, гурӯҳи вобаста ба афкору андеша ва забону фар¬ҳанги бегона ба ҳама гуна тағйирот му-холиф хоҳад буд. Душманони дохилии рушди забони тоҷикӣ як силоҳе сохтаанд, ки онро «забони эронӣ» ном гузоштаанд. Маълум аст, ки чунин забоне вуҷуд надорад. Онҳо ба воситаи намояндагони бешумори худ, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар ва мақомоти давлатӣ ҷой гириф-таанд, ҳар фарди тозаҷӯю тозаандешро, ки аз вожаҳои нави форсӣ-тоҷикӣ истифода мекунад, ба барчаспҳои «эронӣ, эронча, афғонӣ, афғонча» ва м. и. гунаҳкор мекунанд. Агар чунин набуд, вожаҳои ко-милан тоҷикии «нерӯ» ва «кишвар» бо гуноҳи «эронӣ» будан маҳкум ва калимаҳои бегонае чун «қушун» ва «мамлакат» мавриди корбурд қарор намегирифт. Ин гуна ашхос бо ворид кардани тарс дар зеҳни бисёриҳо аз номи Ирон ва ироният мардумро аз асли худ ва аз исти-фодаи вожаҳои ноби тоҷикӣ дур мекунанд ва ин корро ҳадафмандона пеш мебаранд. Акнун, ки замони эҷоди низоми истилоҳоту вожаҳои меъёрии забон фаро расидааст, бояд маломату дастдарозии бегона-гонро як сӯ бигзорем. Ин қабил одамон хеле аз ҳукуматдорони моро ҳам водор кардаанд, ки номи модари забонамон – форсиро ба забон нагиранд ва дар муқо¬били он бадбин бошанд ва муттассифона, ин душманон то ҷойе муваф¬фақ ҳам ҳастанд. Саранҷом Хеле бад аст, ки дар сатҳи раҳбарӣ ва дастрасӣ ба мудирияти корҳо дар кишвари мо касоне ҳам роҳ ёфтаанд, ки ба пешравии кору рӯзгори мардум халал мерасонанд. Ин гӯрӯҳи одамон дар ҳар амали мардуми тозаандеш ва нақшаҳои хуби ҳукумат ҳам гоҳе дастдарозӣ мекунанд. Барои мисол, ҳар боре ки мавзӯи ислоҳи алифбо ё табдили алифбо рӯйи забонҳо биёяд, базудӣ мушкилоти гарон ва тарсбаранге-зе чун «маблағи беандозае барои ин кор», ё «табдили алифбо сабаби бесавод шудани мардум» ва чандин даъвоҳои дигарро, ки барои ода-мони камтаҷриба воқеан дар оғоз мушкил менамояд, пеш мегузоранд. Дар ӯзбакистон ба алифбойи лотинӣ гузаштанд, вале дунё чаппа на-шуд. Ҳоло пурсиши мантиқие пеш меояд: Имрӯз дунё дигар шудааст, мо бояд камбудиҳоя¬монро ислоҳ кунем ё накунем? Ислоҳот дар оғоз бо чандин мушкил ҳамроҳ аст, вале чун як муддат, ки гузашт, бешта-рин мушкилоташ пушти сар мешавад. Мисоле дорем. Дар миёнаи солҳои 80 ва 90-и садаи гузашта марҳилаи тозаи иваз шудани бешта-рин калимаву вожаҳои русӣ (тавре мегуфтанд – интернатсионалис¬тӣ) ба забони форсии тоҷикӣ оғоз шуд. Мо, ки иштирокчии ин таҳаввулот будем, ҳамеша мавриди сарзаниш ва таънаву маломат мешудем, ки чаро мардумеро, ки бо ҳамон калимаву вожаҳо (манзурашон калимаҳои русӣ-интернатси¬она¬лис¬тӣ буд) одат кардаанд, аз роҳ меза-нем, чаро мо калимаҳои ирониву афғониро истифода мебарем? Вале имрӯз дигар касе барои истифодаи садҳо луғатҳои форсиву тоҷикӣ, ки захираи луғавии забони моро хеле поку тоҷикитар кардаанд, мисли он рӯзҳо ба тӯҳмату сарзаниш гирифтор намешавад. Чунки ин кали-маву вожаҳо ба забони меъёр (норматив)-и миллати мо ворид шуда-анд ва дигар бар сари истифодаи онҳо иғво андохтан ғайри¬мумкин шудааст. Аз ин рӯ, нахуст: худи мо аз ислоҳот набояд битарсем ва дуввум, ба иғвогарон бигӯем, ки моро аз ислоҳот натарсонед. Ташаббуси ҳукумати кишвар дар мавриди омӯзиш ва поксозии за-бони давлатӣ қобили дастгирӣ ва эҳтиром аст. Мушкили умдае, ки дар ин ҷода ба назар мерасад, муқобилияти сарсахтонаи касонест, ки худро русзабон медонанд, агарчи амалан онҳо аз ҷумлаи мардуми рус нестанд. Пойтахтнишинон хуб медонанд, ки ин гурӯҳҳо дар ташкилу омӯзиши мактабҳо ба забони ғайр, ташвиқу корбурди худсаронаи за-бони бегона дар муқобили забони давлатӣ, ҳатто бедор кардани эҳсоси бадбинӣ дар миёни кӯдакону наварасони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ дар парваришгоҳу мактабҳо талоши фаровон ба харҷ медиҳанд. Яке аз ин гуна талошҳо ҳамон андешаи дурӯғин аст, ки мактабҳои русзабон (аз ҷумла, литсейҳои туркӣ) до-ниши хубатар медиҳанд, то мактабҳои тоҷикзабон – ва мардуми сод-даву ноогоҳ ба ин дурӯғбофиҳо хеле содда¬лавҳона бовар мекунанд. Бе-хабар аз он ки, агар як тифл соҳиби дарку салиқаи солим, маҳорату муҳаббати дуруст ба коре ва ё шуғле надошта бошад, ҳарчанд ӯро ба рӯйи тахти зарин бинишонӣ, ақлу донишаш афзун нахоҳад шуд. Ма-гар ҳамин мардуми донишманду машҳури мо аз қадим то имрӯз, ки хеле аз онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, дар мактабҳои русӣ ва ё литсейҳои туркӣ таҳсил кардаанд? Мушкилиҳо дар забони мо хеле зиёданд. Каҷрафториҳо дар сохта-ни истилоҳот, номгузориҳо, истифодаи барғалати калимаву вожаҳо, номав¬зунӣ дар навиштор ба ҷойе кашидааст, ки мо ба ҳолати сардаргумӣ дарафтодаем. Бегонахӯйӣ ва ситезаҷӯйии мардуми мо бар пояи фарҳангҳои бегона – танҳо як тарафи масъала аст. Мо дар дохи-ли кишвар душманони ҷиддие дар баробари забони худ дорем, ки воқеан дасти дароз доранд. Вагарна ба ҷойи вожаи тоҷикии «пул», ки дар тамоми қаламрави забони форсӣ, ба шумули ҳама деҳкадаҳои кишварамон истифода мешавад, ма¬қом¬дорон калимаи турки «копрук ё купрук»-ро мавриди истифода қарор намедоданд. Ҳамчунин корба-сти вожаву истилоҳоте чун «қушун», «прократура», «суд» аз ҷумлаи ҳамон рафтори ҷаҳли мураккаб аст, ки ҳуку¬мат¬дорони мо бар сари мардум бор кардаанд. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки мо шабонарӯз дар васфи иттиҳоду истиқлол, арзишҳои миллӣ, Ориёнои Бузург суруду тарона ва ҳатто «ашӯла» мехонем. Ҳоло ки Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, зарур аст, ки салоҳияти он ҳар чи боло-тар бурда шуда, масъулияти муҳими он мушаххас ва ҳама сохторҳои ғайриҳукуматӣ, ҳу¬ку¬матӣ, дар маҷмуъ давлатӣ дар масъалаи забон дар назди ин сохтор ҷавобгӯ бошанд. Ба назари ман, ин Кумита бояд масъулияти ҳифзи асолати забон, покнигаҳдории он аз унсурҳои бе-гона ва тақлидӣ, масъули назорати, бахусус китобу нашрияҳо дар мав-риди луғату истилоҳот ва вожаҳои навро дошта бошад. Дар ин маврид дар Ирони ҳамзабони мо таҷрубаи арзишманде вуҷуд дорад, ки қобили омӯзиш ва пайравист. Яъне ин кишвар як ниҳоди муқтадире бо номи Фарҳангистони забону адаби форсӣ дорад, ки масъулити бу-зурги пешрафту пуштибонии забонро пурра уҳда мекунад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: