Рахши кӯҳпайкар ва асбҳои тоҷикӣ

Аз гуфтори сухангӯёни телевизион пай бурда мешавад, ки ишон мехоҳанд аз торихи асбпарварӣ ва пайвастагии мардуми мо бо ин ҷонвари дар дарозои ҳазорсолаҳо инсонро ҳамроҳӣ кардаву душвориҳояшро бар душ гирифта, гуфторҳои ҷолибе дошта бошанд, вале бинобар даст надоштан ба сарчашмаҳои торихӣ, аз баёнашон нотавониҳову костиҳои зеҳнӣ ба чашм мехӯрад.

Бар ҳадафи ёрӣ расондан ба бародарони қалам ба дасту микрофон ба лаб ин ҷустори хурди хешро пешниҳод мекунем. (Вале худо донад, ки он карашмабозони пушти пардаи “қуттии ҷодуии фарангӣ” *, дидаҳои пурнози худро ба навиштори рӯзномаҳои ғайрирасмӣ ранҷе дода, чизеро биомӯзанд.)

            Шак нест, ки мавзӯи асбҳои «Шоҳнома» ва умуман асб дар зиндагии мардумон ҳатман мавриди нигариши донишиён, ба вижа донишпажӯҳони Ирон қарор гирифта аст. Донишманди барҷастаи мо, Юсуфшоҳ Яъқубов ба таври иҷмол дар таълифоташон, зери номи «Тоҷикшинос» (Д., 1999), аз зотҳои асбҳои тоҷикӣ ёдовар шуда, ба нобудшавии онҳо бо дарду ҳасрат ишора кардаанд. Мо ба қароре омадем, ки дар навиштори пеши дидори хонандагон буда, аз пайвастагии иронитаборон ба асб, суханронии гузарое дошта бошем ва боясти гуфт ин мавзӯъ арзиши нигариши жарфу густурдатареро дорад.

            Бо воковии навиштаҳои гузаштагони бостон, аз ҷумла “Готҳои “Авасто” ба дурустӣ метавонем дарёбем, ки ниёкони мо нахустин одамони дар ром кадани асбҳо комёфта буданд. Агар нигоҳе бар номҳои иронитаборони бостон барафканем, ба равшанӣ мебинем, ки онҳо саросар ба асб бастагӣ доранд ва шуғлу дороиву муносиботи бисёре аз инсонҳои ориёиро аз номҳояшон метавон дарёфт. Мисли Зарасб (номи писари Манучеҳр) — дорандаи асби заррин, Гаршосби Сомон – фарбеҳкунандаи асби низор (лоғар), Беварасб — дорандаи ҳазор асб, Луҳросб, Гуштосб – парварандаи асб, Сиёвуш – дорандаи асби сиёҳ, Ҷомосб – дорандаи асби асил, Бонугушасб —  духтари Рустам, зани Гев ва модари Бежан, Пурушасб (номи падари Зартушт) – дорандаи асби хокистарӣ, Патирагтарасб – номи бобои Зартушт, Пайитирасб ва Уругузасб – номи ниёкони Зартушт ва ғайра. Мардуми зодгоҳи Зартушт, на танҳо номҳои одамонро дар бастагӣ бо асб унвон мекарданд, балки номи ҷойгоҳи намозгузориашонро бо асб таркиб медоданд. Ба монанди оташкадаи Озаргушасб, ки дар “Шоҳнома” и Ҳаким Фирдавсӣ чунин ёд шудааст:

                                   Манучеҳрро буд ду пури гузин,

                                   Далеру хирадманду бо фарру дин.

                                   Яке ном Нузар, дигар чун Зарасб,

                                   Ба майдон ба монанди Озаргушасб.

Маънии номи оташкадаи Озаргушасб, асби нари чун оташ мебошад.

Воқеан дар бовариҳои динии фароторихии тоҷикону ирониён асб аз ҷойгоҳи вижае бахурдор буд. Чунончи дар “Авасто” омадааст, ки изади Баҳром савори асби сафед аст. Дар бандҳои 11 то 13 Обоняшт изадони баландпояи меҳрпарастӣ, Меҳр (Митро) ва Суруш, савори аробаҳои чорасба бозтоб шудаанд, ки он ишора ба чаҳор унсури сиришти дунё мебошад; Об, Бод, Хок, Раъд (ё оташ). Ба чунин тавсифе низ дучор меоем, ки аз барои Меҳр, Аҳурамаздо аробае бо чаҳор асб, ба нишонаҳои боду борону абру раъд сохт. (Аз пажӯҳиши Ҳошими Разӣ “, Торихи мутолиоти динҳои иронӣ”, Т.,1371, с.221)

Китобхондаҳо огоҳанд, ки ниёкони мо пеш аз бовариҳои зартуштӣ, бар кеши меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ) гароиш доштанд ва бахши чашмгири фарҳанги бостонии мо бо он бовариҳои бостонӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Инҷониб дар навиштаҳои худ борҳо ишора доштам, ки Ҷамшед номи дигари Меҳр (офтоб) аст, шаби ялдо шаби таваллуди Офтоб аст, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ҷашнҳои Офтоб мебошанд, нақшҳои Чакан нақши таровиши Офтоб аст, маънии номи асби Рустами Дастон – Рахш, номи дигари Офтоб аст. Дар маънии номи Рахш, нигоҳи донишпажӯҳони “Шоҳнома” гуногун аст. Бархе (чун шоҳномашиноси Олмон, Теодор Нёлдеке), бар он нигаранд, ки номи Рахш бо вожаи порсии “рахшидан”, яъне тобиш пайванде надошта, маънӣ бар ранги қаҳваӣ, ё сурх дорад ва барои исботи андешаи худ мисраъҳои зерини Ҳаким Фирдавсиро меоварад:

                         Танаш пурнигор аз карон то карон,

                        Чу доғи гули сурх бар заъфарон.

                        Ҳаме Рахш хонему бӯр абраш аст,

                        Ба ранг оташеву ба хӯй оташ аст.

 Аммо ба назари мо мисраи охири ин порчаи ёдшуда аз “Шоҳнома”, яъне “Ба ранг оташеву ба хӯй оташ аст”, худ баёнгари андешаест, ки Рахш номи дигари Хуршед аст ва Рахш ба ойини меҳрӣ рабт дорад. Ва байти зерини дигар маҳз аз “рахшидан” баргирифта шудани номи асби Рустамро ба равшанӣ таъйид мекунад:

                                     Сӯи Рахши рахшон биёмад дамон,

                                   Чу оташ биҷӯшид Рахш он замон.

             Рахш ягона ҷонварест, ки пайкари кӯҳмонанди Рустамро мебардорад ва дар дифоъи сарзамини аҳуроии Ирони Бузург ҳампайкораш мебошад ва дар чоҳи Шағоди маккор бо ӯ нафасҳои вопасин мекашад. Рустам бо Рахш, чун бо дӯсти наздикаш сухан мегӯяд ва гӯё ки асб ба гуфтаҳои ҷаҳонпаҳлавон дармеравад. Дарвоқеъ Рахш дӯсти вафодоре буд, ки Рустамро ба ҳангоми истироҳат низ нигаҳбонӣ мекард.  Очунон ки боре шери жаёнро, ки мехост ба сипаҳбади дар хоб буда дарафтад, бо ду сум бар сараш зада мекушад.

            Шоҳону диловарсарони кишвари Фирдавсӣ асбҳои худро бад-он сон гиромӣ медоштанд, ки онҳоро бо номҳои хоси инсонҳо унвон мекарданд. Чунончи асби Настур – писари Зарир Беҳзод ном дошт. Ба ҳангоми даргузашти шаҳсаворон маросимҳои сӯгворие анҷом медоданд, ки хеле таъсирбахшу ҳузнангез буданд. Чунончи, Рустам пас аз кушта шудану шинохти Суҳроб, “Бо дандон зи бозӯи худ гӯшт меканд” ва сари асби Суҳробро гирифта, “Гаҳе бӯса бар сараш, гаҳе ба рӯи асб мезад”, “Рӯй бар суму наъли асби Суҳроб молид”. Теғи Суҳробро баркашида “Фашу думи асбашро бурид”. Чунин расми азо низ будааст, ки аз пушти тобути радону сипаҳсолорон, асб соҳибашро то гӯристон мушоиат мекардааст. Мебоист ёдовар шуд, ки асбҳои шоҳону сипаҳбадони “Шоҳнома”, чун парчами ҳар кадоме бо вижагиҳое, аз ҳам тафовут доштанд; Асби Рустам – Рахш бо ранги қаҳваӣ, Фарибурз – гулранг, Гударз – сурхранг, ё гулгун, Кайхусрав – шабранг, Бежан – бӯри кашвод ва гоҳе шабранг, Фарҳод – шабоҳанг, Хусрави Парвиз ва Ширин – шабдез (сиёҳи мушкӣ) ва ҳамчунон озодагони дигар савори асбони сафед, сиёҳ, бӯр, абраш буданд:

                                   Аз он абрашу бӯру хингу сиёҳ,

                                   Ки дидаст ҳаргиз зи оҳан сипоҳ.

 Набояд аз дида дур дошт, ки дар забони порсӣ рангҳо ончунон ба вижагии асбҳо пайвастагӣ доштанд, ки гоҳе маънии луғавии худро бохта, сифати асб шудаанд. Ба монанди “хинг”, “шабдез”, “шабранг”. Аслан дар забони форсӣ-тоҷикии миёна, ранги сафеди равшанро “хинг”мегӯфтанд ва ҳоло низ дар гӯиши мардуми Вахиё, Дарвоз ва қисмати зиёди музофоти ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон, ранги сафеди равшанро “хинг” мегӯянд. Аммо ин вожа, тавре дар боло ёд шуд, маънии луғавиашро тағйир карда, ба маънии асб кор бурда мешуд. Ба соне ки дар қасидаи машҳури Рӯдакӣ омадааст:

                                    Оби Омӯ бо ҳама паҳноварӣ,

                                   Хинги моро то миён ояд ҳаме.

 Ё худ дар ин байт, Ҳаким Фирдавсӣ бо таркиби “хинги сиёҳ”, асби сиёҳро дар назар доштааст:

                                    Ба кирдори гулгуни Гударз мӯй,

                                   Чу хинги шабоҳанги Фарҳод рӯй.

 Мебояд ёдовар шуд, ки рӯди Хинговро, ки сарчашма дар Вахиё дорад, маънӣ оби сафед аст.

Лозим ба зикр аст, ки пас аз чира гаштани турку муғулу узбакон ба сарзамини ориёиҳо ном, ранг ва зоту афзори асбҳо шакли туркӣ гирифтанд. Монанди сифату ранги асбҳо: “қизил”, “туруқ”, “ҷеран”, “қашқа”, “айғур”; афзору васоили асбпарварӣ: “айил”, “ҷаълуқ”, “қош”, “қарчоғу”, “қанҷуға”, “қайза”, “қайиш”, “қамчин”, “тароқӣ”, “қура”, “қара”, “торқу”, “шупурма кардан”, “қорт кардан”, “йурға кардан” ва монанди он ҷойи чунин вожаҳои форсӣ – тоҷикиро гирифтаанд: “чарма”(асби сафед), “таковар”(тезрафтор), фитрок”, “баргустувон”(зиреҳи асб), “оҳанранг”, “оҳанхой”(асби саршахи пурзӯр), “абраш”(сурху сафед), “арғун”(асби тунду тез), “адрама”(намадзин), “асбангез”(маҳмез), “аспил”(асбдузди касбӣ), “асбист”(йунучқа, рушқа) ва ғайра. Ҷолиб аст, ки вожаи “савор” низ ба асб пайвастагӣ дорад. Ин вожа аз порсии бостон – АСАВАРА, ба маънии асббар, ё оварандаи асб омадааст.

Ончи шояндаи ёдкард аст ин мебошад, ки иронинажодони бостон, бар хилофи турктаборон, асбро барои хӯрдани гӯшташ намекуштанд ва бахши зиёде аз он мардум хӯрдани гӯшти асбро кароҳатбор медонистанд. Ин расми ориёинажодон то ҳанӯз дар миёни мардуми Бадахшон нигаҳ шудааст. Чунин вижагие арзиши нигариш дорад, ки   варзиши иронитаборони бостон, ки хоси шоҳону сипаҳбадон буда, бо номи “чавгонбозӣ”  дар осори адибону суратгарони бостон, фаровон бозтоб шудааст ва дар Аврупои садаҳои 17 — 18, ба вижа дар Бритониёи Кабир (бо номи Поло) варзиши ашрофзодагон ба шумор меравад, то ҳанӯз дар Бадахшон фаромуш нагардидааст. Аммо бозии дигари пайваста ба асб, “бузкашӣ” баргирифта аз саҳронишинони турктабор мебошад, ки дар ҳангоми талош ба хотири ба даст овардани ҷасади буз, ё гӯсола ба асб ҷабру ситами зиёд раво дида мешавад. (Вожаҳои дар боло овардаи пайваста ба ин бозӣ, мисли “қара”-ҷойгоҳи партоби ҷасади буз, “солум”- ҷоиза, “қӯштайипо” ва ғайра ғолибан аз туркӣ вом гирифта шудаанд. Ва дар Ирон бозии бузкашӣ танҳо дар миёни туркмонон роиҷ аст.)

Шояд пурсише ба миён оварда шавад, ки тасвиру тандисҳои суратгарону пайкартарошони ишора бар асбҳои болдор дошта, баргирифтаи фарҳанги кадом мардуму чи кишваре аст. Ҷои шак нест, ки тасвири асби болдор баргирифта аз устураҳои Юнони бостон, ба унвони “Пегас” мебошад. Дар баробари якчанд устураҳои пайваста ба асби болдор, юнониҳо “Пегас” ро рамзи илҳоми шоирон гуморидаанд. Дар забони русӣ таркиби “оседлать Пегаса” (зин кардани асби Пегас)  роиҷ аст, ки он ба ҳунари шоирӣ чира будани шахсеро бозгӯ мекунад. Ва бархе аз гӯяндагони тоҷикӣ, ки гаҳе мегӯянд “асби илҳомро зин кард”, ё “ба асби илҳом савор шуд”, баргардондаи ҳамон гӯиши русист.

Дар мавриди зотҳои тоҷикии асбҳо, мисли асби хатлӣ, ки бар асари чирамандии турку муғулу узбак ба сарзамини Хуталон, аз байн рафта ба зотҳои лақайӣ ва ахалтегинӣ табдил шудаанд, дар маҷоли дигар сухан хоҳем кард. Дар поён ишорае мебояд дошт, ки дар аксари таълифоти гузаштагон, агар гуфтор пиромуни Хуталон (Хатлон), ё васфи вижагии асбҳои шоҳону диловарсарони иронитабор бошад (аз ҷумла дар “Шоҳнома” и Ҳаким Фирдавсӣ, “Хамса” и Низомӣ), ҳатман аз хушзотии “асбҳои хатлӣ”, ба таъкид ёд мешавад.

* қуттии ҷодуии фарангӣ —  ибораи Маҳди Ахавони Солиси бузургвор , ки бо тамасхур телевизионро дар назар дорад; рабояндаи ақлҳову вақтҳо.         

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: