Давлатманди «босмачӣ» душмани ки буд?

  Сӯҳбати банда дар мавриди шахсияти Давлатманд дар Радиои «Озодӣ» сару садоҳои мухталифро ба бор овард. Тасмим гирифтам, ин навиштаро дубора нашр кунам.

 Дастгоҳи иттилоотиву иктишофии Русия дар ҳама давру замон он қадар моҳиру маккор буд, ки бо вуҷуди тағйири ном ва тағйири шакли давлатдорӣ усулҳои корбурди  худро дар чашми дигарон танҳо зоҳиран иваз карда, ҳама ва ҳама чизро сирф барои густаришу парвариши арзишҳои миллии хеш истифода мекарданд.

(Боре аз тариқи телевизиони РТР генерали мустаъфии КГБ, дар ин росто гуфта буд, ки дастгоҳи иктишофии Русия бо вуҷуди тағйири номаш- хоҳ «Полиси махфӣ»-и Русияи таззорӣ, хоҳ «ЧеКа», «ВеЧека», хоҳ «НКВД» ё «КГБ», ҳамеша пайгири як ҳадаф буд; дифоъ ва густариш додани империяи Русия).

Яке аз усулҳои дар навбати аввал назарногир, вале дар асл ниҳоят барояшон босамар, тираву иртиҷоъӣ бозтоб кардани наҳзатҳои миллии ақвоме, ки кишварашон дар доираи манфиатҳои сиёсати бузургманишии онҳост, бо номҳои аҳримании бештар забони худи ҳамон қавм унвонгузорӣ кардани тӯдаҳову нерӯҳои мухолифинашон буд ва мебошад. Дар замони мо бо чашми худ дидаем, ки чирикҳои ватанхоҳи форсизабонро бо вожаҳои «душман», «духи» (бар ивази враги), «муджахидӣ» , «вовчикӣ» унвонгузорӣ карда, номи ҷуғрофиёии як паҳнаи густардаеро, ки маскунини шаҳрҳои бузургаш иронинажодон  буданд, (Вароруду Мовароуннаҳрро фасх намуда) Туркистон номгузорӣ карданд.  Пастии андешаҳои ин мардумро то ба ҷое расонданд, ки номҳои русҳо мондаро ба зудӣ пазируфта, то ҳанӯз онҳоро аҳриманӣ медонанд. Аз ҷумла дар ибтидоӣ асри ХХ русҳои сурх нерӯҳои муқовиматии Осиёи Марказиро бо истилоҳи «басмачӣ» унвон гузоштанд, ки ин ном на танҳо дар андешаи русҳову аврупоиҳо иртиҷоъӣ менамояд, балки дар нигоҳи тоҷикону дигар мардуми минтақа, то ҳанӯз аҳриманзодагон бозтоб мешаванд.

Вожаи «босмачӣ» аслан туркӣ буда, маъниаш «он ки ба авроқи тилло ва нуқра қолаб ё қалам бар ҷома нақш кунанд»-мебошад. («Ғиёс-ул-луғот»)

Яъне онҳое, ки ҷомаи бо ресмони тиллоиву нуқрагин озин шуда пӯшанд. Дар ин ҷо бояд ба бепоя будани шарҳи муаллифи мақолаи «Агар босмачиҳо қаҳрамонанд, пас Шоҳтемур кист?» изатманд Давлатшоҳ Маҳмудов, ишора кард. (ҳафтавори «Миллат» №26, 26.07.08)

Гумон намекунам касе ба ин асрор ворид шуда битавонад, ки ЧеКа (хадамоти махсуси русҳо)  назар ба кадом вижагиҳо ба мухолифинашон аз Осиёи Марказӣ номи «босмачӣ»-ро нисбат додаанд. На ҳама зидди русҳо бархостагон бар тан либосҳои заррину  симин доштанд. На ҳамаашон турктабор буданд. На ҳама мухолифин сарватманд, мулло ва беақлони фирефтаи таблиғоти онҳо буданд. Пас симои воқеъии «босмачӣ» чун буд?!

Нахуст ин нуктаро бояд дар мадди назар дошт, ки дар Вароруди бо дасти рамагардони ёбоӣ хору залил гашта, танҳо кӯҳнишинон марзу буми худро «ватан» дониста, ҳар порча замини онро кишт мекарданд, боғу чаман бунёд мекарданд ва аз таарузи бегонагон сарзамини худро нигаҳбонӣ мекарданд. Аммо саҳронавардон, ки ғолибан рамадору хайманишин буданд, қисме аз онҳо бо маниши фитриву аждодиашон дар зимн чаповулгариву роҳзаниро низ пеша ихтиёр карда буданд. Чун нерӯҳои сурх вориди сарзамини Вароруд шуданд, дар либоси фидоиёни ислом дар дору дастаҳо гирд омада, ҳам ба молу ҳоли шаҳрнишинону деҳотиёни кишоварз, ҳам ба амволи аскарони сурх тохтутоз мекарданд. Перомуни дар либоси фидоиёни ислом хуруҷ кардани онҳо, ин нуктаро бозгуфтаниам, ки аз парчами дини мубини ислом сӯистифода кардани туркони рамагард шеваи анъанавиашон буд. (Чи ҳамлаҳои қарахониҳову қарахитоиҳо, чи ғазнавиҳову салҷуқиҳову Темури Ланг). Сарони ин дору дастаҳо бо лақабҳои «Кӯр» ва унвонҳои «туқсабо», «қурбошӣ» (лақабҳои туркӣ), то ҳамлаи сурхҳо ба масобаи раҳзанону қарақчиҳо, мисли Кӯри Эргаш, Кӯри Шермат, Эшмат, Туғайсары (ҳама номҳо ғайритоҷикӣ), машҳур буданд. Дуввум тайи асри нуздаҳ ибтидои асри ХХ-и милодӣ аз ҳисоби турктаборони шаҳрнишин шуда ва муғулҳои шайбонии ба худ номи узбек «раво» дида, дар рӯ ба рӯи тоҷикон, қишри фарҳангмаобе ба воя расид, ки ағлаб бо ҳассосияти қавму қабоилии хеш, андешаҳои туркгароӣ мепарвариданд ва ният доштанд, ки инқилоби сурхи Русияро барои бунёди давлати Турони Бузург ё Туркистони Бузург истифода кунанд. (Воқеан дар ин амр онҳоро тотору нуғайҳои Русия, ки ба сурхҳо гароида буданд, ҳамкорӣ мекарданд). Дар баробари ин бидуни кадом шакку тардид боясти таъкид кард, ки дар миёни дастаҳои  қурбошиҳои номбар карда, диловарсароне, низ буданд, ки ғолибан ангезаи ҷоннисориҳояшон сирф нигаҳбонии нангу номуси миллӣ буд. Он чи ёдоварии ботаъкиди он зарурӣ ба назар мерасад ин аст, ки агар мо андешаи ба сурати «ҳама мухолифони қушунҳои сурх дар сарзамини тоҷикон, иртиҷоъиёни нохалаф, раҳгумони торих буданд»-ро бипазирем, нотавонии қавми худро аз оинаи торих бозтоб карда, гузаштагони хешро на танҳо дар чашми наберагон, балки дар назди ақвоми ғайр, аз ҷумла ҳамон русҳои бародарнамо, ҳақиру тарсуву ноҷавонмард ҷилвагар мекунем. Воқеан русҳо дар дамдамаи таблиғотӣ ва афсуни матбуотии хеш нотавонии қавми моро пайваста бозгӯ карда ба намоиш мегузоштанд. Аз ҷумла як пулемётдорӣ рус, (ҳолиё як аскари десонтии рус) сад тоҷики чашмтанги (гӯиё тоҷикон саросар муғулсимо бошанд) ришдори салабасари ҷомаи рахрах бар тани аспсаворро аз асп меафтонанд. Ва дигар бо онҳо аз номусу ғайюрии тоҷикон ҳарфе ба забон овардан, барояшон музҳику хандадор менамояд. Хуб, онҳо бегонаанд, аммо ба ояндагони худ чи бигӯем?! Агар бигӯем, ки ҳама тоҷикони мо он қадар қавми русро дӯст медоштанд, ки чун мӯзаҳои русҳо дар хоки тоҷикон нақши аввал гузоштанд, ба истиснои якчанд бою муллою дузду ғар, дигарон оғӯш кушода, ба истиқболашон баромада буданд. Ё бигӯем, ки тоҷикони мо он  қадар донову ҳушманд буданд, ки саросар «Капитал»-и Маркс ва дастурҳои Ленинро роҷеъ ба револютсияи пролетарӣ омӯхта буданд ва ҳамин ки пешвои сурхҳо ишора кард, ҳама бо аскарони рус пайваста, калтакдорони сурх шуданд?! Дар он сурат бо шубҳа хоҳанд гуфт: «Магар дар миёни қавме, ки «Шоҳнома»-ро моли худ медонад, касе пайдо нашуд, то ба бегонагони бо шамшер ба ин сарзамин омада, ақаллан бо қавоқҳои гирифта нигоҳ кунад». Зимнан бояд донист, ки русҳои шӯравӣ, мухолифини русии худро бо номҳои аҳриманӣ унвонгузорӣ намекарданд. Онҳо «гвардиячиёни сафед», «аксулинқилобиҳо» (контрреволютсионерҳо) ном дошта, ҳамчун ашрофзодагони классикии аврупоӣ бо сару либосу рафтор, намоёнгари фарҳанги рус бозтоб гардидаанд. Ҳоло онҳо чун қаҳрамонони расмии миллати рус пазируфта шудаанд ва устухонҳои Врангелу Колчаку Деникину дигаронашон аз гӯристонҳои Аврупо ба Русия интиқол дода шуданд, ки ин амр русҳову Русияро ба масобаи сипосшиносон дар чашми дигарон бузургу гиромӣ ҷилвагар менамояд. Дар ин амри сипосгузорӣ ба афроде, ки бо номи ватан дар сарзамини бегонагон ҷон додаанд, русҳо танҳо нестанд. Дигарон мисли лаҳистониҳо устухонҳои азизонашонро аз хоки Русия ба гӯристонҳои худ бурданд. Барои мо хеле ҷолиб буд, ки туркҳои кишвари Туркия 12 сол пеш устухонҳои Анвар пошшо ном фиристодаашонро, ки дар мавзеи Оби Дараи ноҳияи Ховалинг, дар паҳлӯи Давлатманд мадфун буд, бо чархбол ба Душанбе ва аз он ҷо ба Туркия бурда буданд. Нависандаи ин сатрҳо фарогири арҷгузории туркҳо ба ёдкарди фарзанди вафодорашон ва носипосии анъанавии тоҷикон ба самимитарин зодагони сарзаминаш, навишторе таҳти ҳафтаномаҳо ба табъ расонда будам. Дар он навиштор эҳсоси хокдони Давлатманд, чеҳраҳои қаноатманди фарзанду наберагони ин фидоии ватан, ки аз тӯҳфаҳои авлодони Анварпошшо (иборат аз ду халта орду як халта шакар) ҳосил карда буданд, бозгӯ карда, зимнан ёдовар шуда будам, ки қавми тоҷики фалсафапарасту шефтаи гуфтори суфиён огаҳ нест, ки Темурмалику Восеъаш дар кадом мазор мушти хок шудаанд ва мазори Давлатмандро соле на беш аз се чаҳор нафар ба тасодуф зиёрат мекунанд. Имрӯз ин қавм гумроҳ аст, ки дар ибтидои асри ХХ, аз нангу ору номусаш Давлатманд дифоъ карда буд, ё комбриг Томин, Шаталов, Путовски… Ногуфта намонад, ки русҳо на танҳо пайкарҳои бузургони ҷунбиши зиддиболшевикиашонро ба Русия интиқол додаанд, балки ҳанӯз дар замони шӯравӣ андешаҳои шахсиятҳои барҷастаи зиддишуравӣ ва чеҳраҳои ҷолиби таваҷҷӯҳро, дар таълифоти таърихӣ ва бадеӣ китобат карда буданд. Яке аз намоди барҷастаи он ҷунбиш образи Григорий Мелехов аз асари «Дони ором»-и Михаил Шолохов мебошад. Нависандаи шаҳири рус (аслан барои ин романаш сазовори ҷоизаи Нобел дониста шуда буд), дар симои ҷавони оддии берун аз сиёсат, вале содиқ ба қавми рус ва хоку оби ватан, раҳгуми туғёни фаҷеҳи кишвараш, бо ҳазор ранҷу дарди руҳӣ, гаҳ худро ба миёни сурхҳо меафканад, гаҳе муқобилашон савори аспи бодпо бо шамшери марговар ҳамла мекунад.

Дар сарзамини тоҷикон, ба ҷуз аз дору дастаҳои қарақчиву раҳзанон, садҳо ҷавонмардони тоҷик буданд, ки пайванди оддие ба сармоядорону бойҳо надоштанд ва дарк карда ҳам наметавонистанд, ки болшевикаш кисту Ленину сурху сафедаш кист. Танҳо инро медонистанд, ки кадом қавме бо номи «урус» ба сарзаминашон тааруз карда, бовариҳои миллӣ ва дини падариашонро барҳам медиҳанд. Ҳамин нангу номуси ватанпарастиву миллӣ онҳоро барангезонда буд, то ба гиребони марг даст бизананд. Сад дареғ, ки нависандагони миллии мо тавоне надоштанд, ки чун Шолохов фаҷоъеи аввали садаи гузашта, дарду ранҷи рӯҳии ватанпарастони он рӯзгори ноҳамоҳангиро рӯи коғаз оваранд.

                       Давлатманди нангманд  

   Чеҳраи дурахшони ғайриоддии ҷунбиши озодихоҳони миллати тоҷик дар аввали садаи гузашта Давлатманд буд, ки тавре дар оғози ин навиштор гуфта шуд, дастгоҳҳои иттилоотиву иктишофии шӯравӣ ӯро чун «босмачӣ» ба зеҳни ноогоҳи мо ҷой кардаанд. Инҷониб низ як парвардаи мактаби шӯравӣ «босмачиёнро» бо ришу саллаҳои даҳшатовар хунхӯрони нопок ва аскарони сурхро бо кӯлоҳҳои нӯктезу шамшеру туфангчаву пайкари пур аз камарбанду тасма, «нозанинкунандагони шашяки рӯи замин» медонистем. Аммо гоҳ-гоҳе аз гуфтори тасодуфии ягон ҳамдиёри мусинам, қиссаҳое низ мешунидам, ки чеҳраи аскари сурхро дар назарам тира бозтоб мекард; Аз ҷумла пиразани доя, машҳури гирду атроф бо исми момаи Идимоҳ, ба теппаяки давраш ҳандақ гирифтаи назди хонаи мо ишора када мегуфт: «рӯи ин теппаяк пой нагузоред , зеро ин ҷо хуни шаҳид рехта шудааст». Дар ин ҷо аскарҳо ҷавонакеро босмачӣ гумон карда, бо шамшер сарашро бурида буданд. Он ҷавон аз кӯҳ ҳезум мекашид ва чун ресмон дар китфҳояш нақш гузошта буд, сардори аскарони сурх пас аз кашидани ҷомаи ӯ, хулоса карданд, ки хабаррасони босмачиҳост ва нақши китфаш нақши тасмаи туфанг аст.

Бобои Вайси дар он рӯзгорон 12-13 сола ҳикоят карда буд, ки боре ба писари холааш  аз «Роҳи Банд» (пайроҳаи борике, ки аз рӯи сахраҳо мегузашт) ба деҳаи Теҳучан барои хабаргирии холаи хурдиашон, ки дар он деҳа ба шавҳар баромада буд, мерафтанд. Дар ҳамвории  Сафедорҳо  аз дур як даста савораҳои кулоҳи нӯктез ба саҳро дида, дар паси дарахтзорон пинҳон шуданд. Аз самти дигари сероҳа, зани харсаворе бо тифли ширхор ва аз пушташон ҷавонмарди баландболои бо либоси фарсуда бар тан меомаданд. Савораҳои кулоҳҳои нӯгтез ба сар байни худ чизе гуфта баланд хандиданд. Саворе аз байни онҳо ҷудо шуда ба ҷавонмарди баландболо наздик омад. Туфангро аз китф баргирифта, ҷавонро нишона гирифт ва бо сар ба маънии «бигурез» ишора кард. Ҷавонмард моту ҳайратзада аз ҷояш намеҷумбид. Нафири гушхароши туфанг баромаду ҷавонмард чун  дарахти сафедор афтида, барии атрофашро пурхун кард. Зани ҷавон тифли гирён дар оғӯш, аз рӯи хар ба замин ҷасту ба самти дарахтзороне, ки он мавзеъ мазори  «Саидорои Нишур» ном дошт  давид.  Савор аз асп поён шуд ва бо се-чор ҷаҳиш ба зан дарафтида, тифли фиғон бардоштаро аз бағали модараш кашида, ба болои барф ҳаво дод. Зан бо мӯйҳои парешон, чашмони аз косахонаи сар баромада, чун модагурги аз ғазаб девона кушиши газидани дастҳои таҷовузкорро кард. Аммо аскар камарбанди чармини худро кушода, ҳалқае сохт ва тавассути он як пои занро ба гарданаш баста либоси поёнии карбосиашро даронд. Зан фиғону фарёд бардошта «амон! Э худо, ҷони худоӣ» мегуфт, тифли ба ҳӯш омада, чун мор чиррос мекашид. Аскарҳои сурх ба ин саҳнаи фазеҳ аз дур нигоҳ карда баланд механдиданд. Аз миёни даста дигаре аспдавон ба назди зан омад ва даҳони занро пушонда  кори ҳамроҳашро такрор кард. Ҳар ду ба аспҳо савор шуда ҷониби дастаи аз назар дур шуда асп давонданд. То расондани хабари фоҷеа ба деҳотиён ва ба деҳа бурдани он зани бадбахту пайкари  беҷони шавҳараш, тифлак низ дар рӯи дасти бобои пир чон дод.

Дар Афғонистон аз забони пирамарди муъминободӣ, ошуфтагиҳои солҳои 20-уми садаи  гузашта ӯро ба ин мулк фирорӣ карда буд, шунидам, ки дар ибтидо ҳангоми убури рӯди Ому, марзбони сурх, ба фирориён моманиате накарданд, вале  ҳини нисфи рӯд расидани амуду дигар васоили худсози шиноварӣ, якбора пулемётҳояшонро ба кор дароварда, нисфи фирориён ба вижа занону кӯдакон, ба шумули зану ду фарзанди ин пирамардро кушта, захмӣ ва ғарқ карда буданд.

Инҷониб ба шахсияти Давлатманд, ба масобаи ватанпарвари ҷасур, дар хурдсолиам меҳру эътиқод ҳосил карда будам. Падар бо вуҷуди узви ҳизби коммунист буданд, дар мақомоти ҳуқуқ маъмурият доштан, алоқамандии маро бо гузаштаи тоҷикон дониста, боре пас аз хушдор додан  дар худдорӣ аз нақли ин қисса ба дигарон, ба хотири эҳтиёт аз хабаркашон зимнан гирифтори танбеҳи ҳукуматдорон нашудан, ба дин мазмун ҳикояте карда буданд;

-«Чеҳраи Давлатманд хеле хуб ба хотираам пайваст аст, зеро дар замони кушта шуданаш 15-сола будам. Мо бо ҳамдеҳагон барои тамошои намози калони Иди Қурбон  ба деҳае, ки рӯзҳои охир фидоиён он маконро қароргоҳи худ пазируфта буданд, рафта будем. Чун аз деҳоти атроф хурду бузург ба хотири тамошои маросими намози идӣ гирд омада буданд, барои хубтар дидан чанд бачаи ҳамдеҳа болои дарахти чормағзи калон баромада будем. Чор тарафи намозгоҳро теппаҳои баланд иҳота карда буданд. Намозгузорон аз ҳар тараф ба намозгоҳ ҷамъ шуда, ба саф кашидан шурӯъ карданд. Ногаҳ аз пушти теппа рӯ ба рӯямон сарҳои чанд одамони кулоҳи  нӯгтез дошта ба назар мерасид, ки гоҳе пайдо мешуданду гоҳе нопадид : Мо гумон кадем, ки шикорчиёни кабганд, ки маъмулан дар ин фасл бо дом (қилак) кабк мегирифтанд. Мардум ҳама саф оростанд ва чун имом ба се нафар  ҳамроҳонаш ба сафи намозгузорон пайвастанд, шумораи «шикорчиён» афзуд. Ҳамин ки имом азон доду ҳама рост ба баногӯш бурданд, аз теппаи рӯ ба рӯ садои пулмёт баромаду ногаҳ селаи савораҳои кӯлоҳи нӯгтез ба сар пайдо шуда, ба реза кадани намозгузорон пардохтанд. Аз миёни онҳо марди баландболои чобук, давида шамшерро ба даст гирифту худро болои аспи саманд ҳаво дод. ӯ аспро ба пушти бино ронда, аз асп поён шуд ва зини аспро маҳкамтар басту ба самти сурхҳо тохт. Мард, ки аз ҳамаи мардум Давлатманд буданашро фаҳмидам, ду-се савораи  сурхҳоро ба шамшер афтонда рост ба самти савораи либоси чарминадор асп давонд. Ба як они воҳид бо панҷаҳои фулодин линги чарминапушро кашида, зери пои худ гирифт. Чарминапуш (маълумамон гашт, ки сардори аскарони сурх будааст), мисли хас аз рӯи зин ҷудо шуда, зери пои Давлатманд сарозер гашт. Давлатманд  бо як даст пои чарминапӯшро  ба қоши зин мебаст ва бо дасти дигар шамшерашро гирди сар чарх дода, ба чапу рост сару китфи душманонро мешикаст. Давлатманд мисли бузкаши ғолиб, сардори асакрони сурх зери пой, хост майдонро як бор давр занад. Наздик буд, ки сари овезони чарминапӯш ба харсанги  сари роҳ бархӯрад, вале сардори русҳо аз камар туфангчаашро кашида, ба рӯй Давладманди ғофил тир кушод.

Баъдҳо маълум шуд, ки дар ин намозгоҳи ба қатлгоҳ табдил шуда, Анвар пошшо низ кушта шудааст  ва чанд тан мӯйсафедони деҳа шабонгоҳон пинҳонӣ ҷасади Давлатманд ва Анвар пошшоро ба мавзеи Чаган бурда ба хок супоридаанд.

Падарам ҳамчунон нақл карда буданд, ки Анвар пошшо дар лаҳзаҳои нахустини ҳамлаи аскарони сурх мехостааст бе силоҳ ба асп савор шуда, фирор кунад, аммо ба гумони он ки ӯ ҷосуси русҳо буда ба яке аз ёваронаш  дастур додаст,то ситоди русҳоро аз макону замони намоз бохабар кунад бо дасти ҳамсафи Давлатманд кушта шудааст. Дар он замоне, ки падарам сирри кушта шудани Анвар пошшоро гуфта буданд, аз далоили вохуриҳои ӯ бо Ленин ва аҳду паймонаш барои ҷонибдории ҳаракати сурхҳо ба самти шаҳр ва дар оянда сохтани давлати густурдаи Турони бузурги сусиёлистӣ чизе нашунида будем. Баъдҳо пиромуни сӯҳбати самимии Ленин бо Анварпошшо аз гуфтаҳову навиштаҳо иттлооти фишурдае ҳосил карда будам. Иттилоъи пурарро танҳо аз тариқи расмӣ аз бойгониҳои НКВД-и Русия метавон ба даст овард.

Чунин ақида низ вуҷуд дорад, ки Анвар пошшо маҳз бо дасти авлоди Восеъ, яке аз ҳамсафони Давлатманд, пас аз огоҳи аз ҷосус буданаш кушта шудааст. Ин ақидаро гуфтаи пирамарди мусини хатлонӣ таъкид мекунад: «Анвар пошшоро қавми Восеъ кушт ….»  («Восеънома». Д. 1985. с.110).

Табъан замони ҳамроҳи Давалатманд будан Анварпошшо аҳдофу андешаҳои пантуронии хешро пинҳон медошт, зеро Давлатманд то бархостан алайҳи русҳо, ду дафъа бар зидди қарақчиҳои туркнажоди водиҳои Кӯлобу Вахш, ки шабонгоҳон пайваста ба деҳоти мардуми кӯҳнишин тохтутоз  карда, дороиашонро мерабуданду дар сари роҳи бозоракиҳо пайдо шуда, амволашонро ба яғмо мебурданд, ҳамлаҳои шадид карда буд ва ба масобаи фарзанди ҳамразми Восеъ, ба туркони сулолаи манғития кинхоҳии вожжа дошт. Дар мавриди қазияи роҳзании қатағанҳои  ҳаманишин гуфтаҳои фишурдае дар оғози ин навиштор оварда будам. Ба он гуфтаҳо ин нуктаро илова мекунам, ки мардуми кӯҳнишин аз бими ҳамлаҳои ногаҳонии қарақчиҳо ҳини ба фуруш бурдани дастранҷи худ, ҳар ҳафта корвоне созмон дода, аз ҳисоби ҷавонони тануманд як чанд савораро ҳамчун муҳофиз киро мекарданд. Боре корвон дар бозгашт аз Кофарниҳон

(Янигибозор), дар тангии мавзеъи  Брутикан мавриди ҳамлаи чаповулгарон қарор мегирад. Ҳангоми набард ҷавоне 20-солае барои хариди ҷиҳози арӯсаш ба корвон ҳамроҳ шуда буд, кушта мешавад. Пас аз тадфини ҷавон, пирамарди Ховалинг ба хонаи Давлатманд рафта, бо маломат мегуяд: «Эй, Давлатманд , охир ту худро «бий», яъне сарвару сардор эълон доштаи, вале аз ҳоли мардум бехабарӣ. То ба кай ин қарақчиҳои сари роҳ  духтарҳои навраси моро  мерабоянд, амсоли ба заҳматҳо пайдо кардаамонро  тороҷ мекунанд, ҷавонони нав ба камол расидаамонро мекушанд. Бегоҳи Давлатманд дар машварат бо дӯстонаш, ки Эшон Балла низ ҳузур дошт ба хулосае меоянд,то беш аз сад савораи шамшерзанро гирд оварда, қарақчиҳоро танбеҳ бидиҳанд. Аз байни мардум  ихтиёриҳо хеле зиёд пайдо шуданд, вале Давлатманд сад тан ҷавонмарди тануманди аспсаворро аз Ховалингу Сарихосор ва аз деҳоти заҷрдидаи Балҷувон гирд оварда дастаи мусаллаҳ созмон дод. Онҳо дар байни як ҳафта яғмогаронро тору мор карда ба манзили худ баргаштанд. Аммо соле нагузашт, ки яғмогарон, дастаи мусаллаҳ гирд оварда, пайваста ба корвони кӯҳнишинон ҳамла мекарданд, аз деҳот гову мол ба дуздиву зурӣ мерабурданд. Давлатманд бори дуввум чаповулгаронро то Саройкамар (Панҷи имрӯза) таъқиб намуда, яғмогарони ашадашро маҷбур мекунад, ки ба фаросӯи Ому убур кунанд. Сипас оқсақолҳояшон дар Саройкамар гирд оварда, тавба медиҳад, ки дигар аз сарқату яғмогарӣ даст бикашанд. Ин ҷавонмардии Давлатманд барои ҳамеша дар хотири тоҷикони кӯҳнишинӣ Ховалинг, Балҷувон ва  Сари Хосор боқӣ монда буд.

Дар бораи Давлатманд, гоҳе бидуни таҳқиқ андешаҳои ғалатеро руй коғаз меоваранд. Аз ҷумла ӯро мири Балҷувон ва гумоштаи амири Бухоро қаламдод мекунанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Ончуноне, ки мӯйсафедони Ховалингӣ аз ҷумла ҳамсафи ӯ Андалеби Хоҷаи калон (ки 30-солро дар Сибириё гузаронида, солҳои  80-ум дар синни 103-солагӣ вафот кард) таъид намуда буд, ки Давлатманд аз ҳисоби мероси падар, ки дар мавзеъҳои Шехон  ва Пушти Шаҳид замини кишту боғ дошт, аспарварӣ ва аспсавориро бисёр дӯст медошт, ҳамеша аз додхоҳӣ пуштибонӣ мекард. Маҳз ҳамин маниши додхоҳиву ҷавонмардие, ки Худованд  ба ӯ арзонӣ доштааст, дар атрофаш мардумони ҷасуру саховатмандро гирд оварда буд.

Фарзанди ягонаи ӯ Ғозиқул устои чубтарош ва шахси ниҳоят заҳматӣ буд. ӯ то охири умур дар Ховалинг боми хонаи садҳо ҳамдиёронашро пӯшонда ва дару тирезаҳояшонро насбу таъмир карда буд. Азбаски системаи давлатдории шуравӣ  на танҳо ба худи мухолифонаш, балки ба фарзанду наберагони мухолифонаш сару кор дошт, Ғозиқулро аз ойинаи назари ҳамабину гушҳои ҳамашунави худ дур нигоҳ намедошт. Ин марде, ки ба ҷуз аз заҳмати наҷҷорӣ, навозишу оростани чӯб, чизи дигареро намеписандид  ба ба доми дасисаи сиёсатзадагони  вақт афтод. Дар ҳодисаи нимашаб пинҳон кардани ҷасади муаллими ба дасти ҳамкоронаш кушта шуда, ба тасодуф шоҳид мешавад.Чун дар кушта шудани он муаллим сардори милиссаи ноҳия низ будааст, бо машварати ҳамдигарии роҳбарони сиёсату ҳуқуқи ноҳия дар мурофиаи додгоҳ, гувоҳии Ғозиқулро тӯҳмат ҳукм карда, ду сол маҳкуми зиндонаш карда буданд. Ғозиқул солҳои охири умр фақирона мезист. Мардуми бо ӯ шинос медонад, ки бо дастони аз меҳнати зиёди наҷҷориву хонасозӣ чун мушт гашта наметавонист дастро дошта гандум бидаравад; ангуштҳо рост намешуданд. Ба тамасхури сарнавишт бингаред, ки дар рӯзи интиқол додани устухонҳои Анвар пошшо меҳмонони Турокия ба ӯ ду халта орду як халта шакаар тӯҳфа карда буданд ва фарзанди Давлатманди ғаюр, ашк  дар чашм, он подошро пазируфта буд. Инҷониб аз вафоти Ғозиқул бохабар шуда, дар Ховалинг, дар тадфинаш ҳузур доштам. Набераҳои Давлатманд Турахон, муҳандиси биносоз дар Русия мардикор аст ва Ҷурахон дуторнавози чирадаст дар умури фарҳангӣ Ховалинг нағмапардозӣ мекунад. Онҳо низ фарзандҳои ноболиғ доранд ва ҳама дар Россия ба мардикорӣ рӯз мегузаронанд.

Устоди Донишгоҳи  шаҳри Кӯлоб равоншод Абдуғаффор Исматуллоев, то охири умр, ба ҷуз аз писаронаш  ба касе ошкор накарда буд, ки хоҳарзодаи Давлатманд аст. Фарзандони муаллим хушбахтона ҳама соҳиби донишу мартабаанд.

Дар инҷо ба худ иҷозат медихам иҷмолан як лаҳзаи корамро, ки ба набераҳои Давлатманд иртибот дорад, бозгӯ намоям.  Солҳои 80-уми асри гузашта ҳар сол ба Наврӯз дар ноҳияи Ховалинг  бо  иҳтимоми инҷониб саҳнаҳои аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ намоиш дода мешуд. Дар ин намоишномаҳои инҷониб нақши Рустамро рӯи асп Турахон ва Борбадро Ҷурахон наберагони Давлатманд ва Сӯҳробро Манеш- аберааш хеле моҳирона бозтоб мекарданд. Ин намоишро дар баробари меҳмонон аз Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурӣ, роҳбарони ҳизбиву давлатии ноҳияву вилоят тамошо карда ба таҳиягарон сипосгузорӣ карданд. Вале хушбахтона сиёсиҳо дарк накарданд, ки пушти ин саҳнаҳо рамз ниҳон буд; нақши Рустам ва қаҳрамонони «Шоҳнома»-ро авлодони Давлатманд ба мардум ҷилва мекарданд.

Он чӣ пиромуни зиндагии диловароне чун Давлатманд медонем, ҳамин чанд сатре аз шунидаҳост. Аз рӯҳи андешагии Давлатманд, аз ранҷу дарду ниёзҳои дарунии ӯ, ба иллати худноогоҳии ин қавми парокандахаёл чизе намедонем. Ҳанӯз ҳам тоҷик дарёфтани нест, ки Давлатманд ва ҳамтоҳои ӯ ба хотири ҷамъ кардани сармояву шӯҳрату маснад ҷоннисорӣ накарданд. Ё девонагони ғами Ватан буданд, ки худро барои номусаш ба куштан додаанд?! Мардуми дучори лағзиш ва каҷандешиҳо ҳаргиз аз ҷавҳари ватанпарварӣ огоҳ нахоҳанд шуд, зеро тавони дарки ин нуктаро надонанд, ки торихи мо худ торихи худноогоҳӣ аст.

Реклама

комментария 2

  1. Davlatmand amaki bibii man hast… Dar vaqti khurdi mo bibiamonro ‘bosmachi’ menomidem…

  2. Ahsan ustodi giromi .Sad sola shavi.Dar radioi ozodi boz 5-10 uzbaki shahidoni khaki tojikro ruyashon shod bod az pasashon siyah mekunand.
    Sad sola shavi

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: