Академик ҳаким шуда метавонад?

                

Аз саҳафоти нашрияҳо, баёни гӯишгарони радиову телевизион ва ҳатто баъзе олимони адабиётшинос чунин ба чашм мехӯрад, ки ишон ҳангоми ном бурдан аз унвони «ҳаким» ва дигар мартабаҳои гузаштагони бузурги илму адаби форсу тоҷик ба саҳву норостиҳо роҳ медиҳанд. Ба ҷост гуфта шавад, ки ғараз аз навиштаҳои мо, ки барои хонандагони нашрияҳои «Нигоҳ», «Фараж» ва «Миллат» пешниҳод менамоям, сирф равшан намудани мавзӯъҳо ва нукоте мебошад, ки ғолибан ашхоси ба забону адабиёти тоҷик сару кор дошта, бинобар фурӯмоягии забону баён, дар иншову имлои худ саҳву ғалатҳои фоҳишро раво мебинанд. Аммо инҷониб, ки ба иллатҳои заррае ҳам ислоҳ нагаштан ва комилан тағйир наёфтани шеваи баёни ғалатнигорону ғалатгӯён дарнамеравам, гумон мекунам ишон ё пешниҳодҳои моро ночиз мегуморанд, ё барояшон танҳову танҳо назари ба истилоҳ мақомоти расмӣ арзиш дораду бас ва ё аз нописандӣ, маводи дар нашрияҳои дар боло номбар шударо мутолаа намекунанд.

 Ба ҳар ҳол худованд, ки рисолати китобхонӣ ба мо арзонӣ доштааст, дар ислоҳи баёни норосту нодурусти забону адаби дарӣ, ҳиссаи ночизе доштанро ифтихор медонем ва агар он, чун «рони магасе бошад, тӯҳфа аз мӯре ба Сулаймон.»            Ва инак пиромуни унвони «ҳаким» ва муносибат доштани кадоме аз гузаштагонамон ба он, андешаҳои инфиродии мо пешниҳод мегарданд. Он гуна ки аз навишторҳои бархе аз муаллифон ва гуфторҳои гӯишгарони радиову телевизион пай бурда мешавад, бисёриҳо фикр мекунанд, ки унвони «ҳаким»-ро мешавад ба ному тахаллуси ҳар як аз саромадони илму адаби дарӣ пайваст. Аммо аз он замоне, ки унвони «ҳаким» пайдо шудааст, яъне дар садади ҳазору чанд сол бузургони дониши форсу тоҷик онро танҳо ба панҷ нобиғаи даҳр нисбат додаанд, ки иборатанд: Ҳаким Кисоии Марвазӣ, Ҳаким Носири Хусрав, Ҳаким Умари Хайём ва пеш аз ҳама Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ. Ин унвон то ҳадде нодиру ифтихорӣ будаст, ки гоҳ бо ёдоварии он ва илова кардани номи зодбум, ё вижагии дигари он донишманд, маърифат ҳосил мешудааст, ки кадоме аз ишон дар назар аст. Монанди «Ҳакими Тӯс», «Ҳакими Ғазнавӣ». «Ҳакими пардаӣ», чуноне ки Ҷалолуддини Балхӣ Саноиро «ҳакими ғазнавӣ» ва дар ҷойи дигар «ҳакими пардаӣ» унвон кардааст:

                                    Туркҷӯшӣ кардаам ман нимхом.

                                   Аз Ҳакими Ғазнавӣ бишнав тамом.

                                   Ва:

                                    Бишнав алфози Ҳакими пардаӣ

                                   Сар ҳамон ҷо неҳ, ки бода хӯрдаӣ.

             Ҳаким будани Умари Хайёмро тазкиранигори маъруф, Низоми Арӯзии Самарқандӣ, Байҳақӣ ва низ Хоқонӣ, ки 50 сол пас аз марги Хайём зиндагӣ кардааст, таъйиди комил намудаанд. Ин мавридро низ бояд изофа кард, ки унвони «ҳаким» гоҳе ба Низомии Ганҷавӣ,  Хоқонии Шервонӣ ва Асадии Тӯсӣ низ илқо шудааст, вале хеле ба нудрат.

            Вожаи «ҳаким» аслан баргирифта аз забони арабӣ буда, шахси соҳиби ҳикмат, яъне донову донишманди тамоми илмҳои замонаро медонистаанд ва чуноне дар фарҳангҳои тафсирӣ омадааст, он шахси росткорест, ки дар ҷамеъи улуми ҳикмат, чи динниву чи табии, ба шумули риёзиву ҳандасӣ мартабаи устодӣ доштааст. Яке аз донишмандон ва сиёсатмадори бузурги асри XIII, Хоҷа Насираддини Тусӣ дар китоби «Ахлоқи носирӣ», навиштааст: «Ҳикмат мунқасим шавад ба ду қисм; яке илм дигаре амал. Илмӣ — тасаввури ҳақоиқи мавҷудот бувад ва инро ҳикмати назарӣ низ гӯянд ва амалӣ — муморасати (таҷрибаи доимӣ кардан) ҳаракот ва мувозалати саноот (расидагӣ ба корҳо) бошад ва инро ҳикмати амалӣ хонанд….» Хоҷа Насираддин ҳикмати назарӣ ва ҳикмати амалиро дар навбати худ ба бахшҳо фасл намуда, ба хулоса омадааст: «Ҳар ки ин ду маънӣ дар ӯ ҳосил шавад, ҳакиме комил ва инсоне фозил бувад ва мартабаи ӯ баландтарин маротиби навъи инсонӣ бошад.» («Ахлоқи носирӣ», чопи Минавӣ ва Ҳайдарӣ, саҳ.37,38).

            Агар «Шоҳнома» — ро бо жарфнигарӣ мутолаа кунем, дармеёбем, ки гӯяндаи аслу насаби ориёӣ, Фирдавсии бузургвор дорои ҳамаи он фазилатҳо буда, ба тамоми падидаҳои ҳаёт ҳакимона менигарад. Дар «Шоҳнома» — и ҷовидонаи ӯ тамоми мавзӯоти бозтоб гардида, аз зиндагии моддиву маънавӣ, то саҳнаҳои набарду ошиқонаҳо, ойини давлатдорӣ ва хирадгароиву бовариҳо ба Худованд бо суханони ҳакимона баён шудаанд. Аз ҳар байти достонҳои ин шоҳкори беҳамто пайдост, ки Фирдавсии озармин дар илмҳои нуҷум, риёзӣ, ҳандаса, кишваршиносӣ, ҳарбӣ, пизишкӣ, дорушиносӣ, дорусозӣ ва як идда донишҳои замонааш устод будааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар саросари «Шоҳнома» сухан аз адлу дод мегӯяд ва шоҳону сипаҳбадонро ба додофаринӣ фаро мехонад. Далериву шуҷоат ва меҳанпарастиро ҳама ҷо васф мекунад ва дар 50 000 (ё 60 000) байти ин китоби бузург, бо он ҳама гуфтори ишқӣ ба худ иҷоза намедиҳад, ки сухани ракику беиффатро ба қалам оварад, зеро чашму дили пок дошт, андешааш ба ростиву покиву хирадмандӣ равона буд ва он чи гуфтааст аз хислати маънавӣ ва ҳакимонаи ӯ сарчашма гирифтааст. Он чи гуфта шуд бозгӯии заррае аз рӯҳи ахлоқӣ ва сиришти аҳуроии ин ҳакими комилу барҳақ буд.

             Бад-ин тартиб ҳама равшанбинони нуктадон, Абулқосим Фирдавсиро «ҳаким» унвон карда бошанд, шоирону тазкиранигорони бузурге, чун Саноии Ғазнавӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Лутфалибеки Озар (с.1193-1274 дар «Оташкадаи озар»), Низоми Арӯзии Самарқандӣ (дар «Чаҳор мақола»), Ҷалолуддин Ҳусайн (дар «Фарҳанги ҷаҳонгирӣ»), Мулло Абдулнабии Қазвинӣ (дар тазкираи «Майхона»), Ибни Исфандиёр (дар «Торихи Табаристон»), Ризоқулихони Ҳидоят (дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо») ва дигарон, худовандагори адаби дариро бо унвонҳои «устод», «устоди Тӯс», «устод-уш-шуаро», ва Саъдии Шерозӣ дар «Бӯстон», «устоди покзод», Абдулнабии Қазвинӣ «устоди покдин» ва чанде дигарон «султони шуаро» ёд кардаанд. Саноии Ғазнавӣ, ки худ аз мартабаи ҳакимӣ бархурдор буд, Абулқосим Фирдавсиро, дар баробари «бузург устод» номидан,  бунёнгузори шеър низ номидааст:

                                 Чи накӯ гуфт он бузург устод,

                                   Ки вай афканд шеърро бунёд.

   (Шояд ин байти машҳури Ҳакими Тӯсро дар назар доштааст: «Намирам аз ин пас ки ман зиндаам, Ки тухми суханро парокандаам.»).

             Набояд аз дида дур дошт, ки шоирони зиёде аз унвонҳои «хоҷа» ва «шайх» бархурдоранд, ки бархе аз онҳо ҳатто дар миёни аҳли дониш он қадар маърифат надоранд. Мисли Шайх Абулфазли Даканӣ, Шайх Абдулҷавод Адиби Нишопурӣ, Шайх Суҳравардӣ, Хоҷа Абдулҳайсам Аҳмад бини Ҳасани Ҷурҷонӣ, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Хоҷа Низомулмулк, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ. Аммо унвони «шайхурраис» танҳо ба Абӯалӣ ибни Сино нисбат дода шудааст. Унвони «мавлоно» ба як силсила шоирон, чун Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мавлоно Ҳотифӣ, Мавлоно Сайфи Исфарангӣ ва дигарон илқо шудаанд, вале унвони «мавлавӣ», аз миёни онҳо танҳо ба Ҷалолуддини Балхӣ мутаносиб аст. Ҳамчунон унвонҳое чун «халлоқ-ул-маонӣ», «амир-уш-шуаро», «малик-уш-шуаро», ба таври фаровон роиҷ будааст. Монанди Халлоқ-ул-маонӣ Камолуддин Исмоил Абдураззоқи Исфаҳонӣ, Амир-уш-шуаро Муизӣ (дарбори салҷуқиён), Малик-уш-шуаро Унсурӣ (дарбори Маҳмуди Сабуктегин), Малик-уш-шуаро Толиби Омулӣ, Малик-уш-шуаро Сабои Кошонӣ ва ғайра. Дар ин радиф мебояд унвони «лисон-ул-ғайб»-ро ёдовар шуд, ки бинобар дар ғазалсароиву фалсафа бузург ва ҳоизи мартабаи хориқулодда доштан, сирф ба Ҳофизи Шерозӣ таалуқ дода шудааст. Мавзӯи пас аз реҳлат аз дунё, унвони «лисон-ул-ғайб» касб кардани Ҳофиз, сӯҳбати дигарест, ки бо фаро расидани фурсат, дар борааш сӯҳбат хоҳем кард.

            Ба ҷуз инҳо бояд афзуд, ки пас аз ҳакиме чун Фирдавсӣ, чандин шоирони по ба арсаи адабиёти форсу тоҷик ниҳода, шоҳномаҳову маҳмудномаҳо иҷод карда ба хавонину салотини вақт бахшиданд ва муқоваҳову сатрҳои нигоштаро заркорӣ намуданд, то арзиши китобҳояшон коста нагардад, вале бо ин ки аз мартабаи шаъну шукӯҳи «Шоҳнома»-и муқаддас бенасиб буданду ҳарфофариниҳояшон беш аз тақлиди хушк ба суханофарини хуҷаста — Фирдавсии некманиш дигар чизе набуданд, бар асари бодҳои нахустини хазони мавсуфонашон ба нобудӣ расиданд. Шоирони зиёди дигаре кӯшидаанд симоҳо ва намодҳои бозтоб кардаи Ҳаким Фирдавсиро ба гунаи дигар тасвир кунанд, вале натавонистанд ба мартабаи худовандагори сухани порсӣ бирасанд ва ончуноне мулоҳиза мешавад, бинобар дархӯри табъу завқи парвардаи доноён набудан, ба нобудӣ расидаанд. (Воқеан, чунин ақида низ мавҷуд аст, ки шумори 50 000 байти офаридаи Ҳаким Фирдавсӣ, бад — он сабаб ба 60 000 расидааст, ки сухангустарони дигар, гоҳ аз рӯи кина ва гаҳе аз рӯи меҳр, ба ин китоби миллии иронитаборон, сатрҳо изофа кардаанд.)

            Бо нигариши жарфтар ба осори ҳамаи адибони форсу тоҷик метавон пай бурд, ки он бузургон аз вожаву ибороти офарида ва шеваи баёни Ҳакими Тӯс фаровон баҳра ҷустаанд, ҳоло низ баҳраҷӯӣ мекунанд ва бояд баҳрабардорӣ кунанд. Шумори зиёди гуфтаҳои пурҳикмати устоди устодон дар миёни мардуми оддӣ, чун зарбулмасалу мақол то ҳанӯз ривоҷ доранд, ки яке аз онҳоро барои намуна ёдовар мешавем: (Дар миёни мардум ба сурати «ё борро пеши хар бибар, ё харро ба пеши бор биёр», фаровон кор гирифта мешавад.)

                                   Ки гар хар наёяд ба наздики бор,

                                   Ту бори гарон сӯи пушти хар ор.

            Дар поёни матлаб изҳори умед мекунем, ки бародарону хоҳарони ба қаламу сухан кор гирифта, ба шинохти комил ҳар маъниро сари ҷойи худ ба кор мебаранд ва низ ҳангоми ёдкарди унвонҳои фарҳехтагони илму адаби дарӣ, рӯи ҷаҳли баёни худ андеша хоҳанд кард. Бояд донист, дар қудамо ҳини бахшидани унвонҳо, аввал хеле андеша мекарданд ва мартабаҳои донишиёни он замон фаротар аз унвонҳои академикии ҳозира буд, ки дар миёни ҳазорон олиму шоир, дар фосилаи беш аз ҳазор сол, танҳо 5 нафар ба унвони «ҳаким» муносиб дониста шудаанд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: