Вожаҳои зиндониёни тоҷик

Инак соли бузургдошти забони тоҷикӣ ҳам рафт. Ҳар он чи дар мавриди забон гуфтанду гуфтем пайдост, ки танҳо барои гуфтан буд ва аз он гуфтаҳо на сактагӯёну  сактанависон ва на каҷнигорону каҷсуханон дар гуфтору навиштори худ ислоҳе дарнаовардаанд. Садҳо тоҷикон фарзандони худро Авлиёқулу Саидмустақим, ё Шарапов Бердиқул Саидмунтазимовичу амсоли он сабти ном кардаанд. Гузашта аз ин дар ҷараёни соли бузургдошти забон қаламбадастону микрофон ба лабон даҳҳо таркибу ибороти нави омехта бо забони русӣ «кашф» карданд.

 Аммо новобаста ба таҷлилҳо, мавзӯи забони тоҷикӣ, сарнавишти он дар «муҳити ташналабиҳои сароб», (Бедил) ҳаргиз лаҳзае аз ёдҳо нахоҳад рафт ва ғамаш ҳамеша бо рӯҳи ватанпарастӣ фарогири ҷойи вижа дар пайкари озодагон хоҳад монд. Ва унвони ин навиштор, яъне «Вожаҳои зиндониёни тоҷик» набояд ҳайратовар бошад, зеро чунин мафҳум дар забонҳои дигари мардумони дунё, аз ҷумла русӣ ба шакли «тюремный жаргон»(гӯйиши зиндониён), маъмул аст. Дар ин ҷо намехоҳам бо овардани намунаҳои зиёд аз гӯиши зиндонии забони русии замони шӯравӣ ва имрӯз илова гаштани як силсила калимоти тозае аз забони зиндониёни амрикоӣ ворид шуда, дарди саратон диҳам. Танҳо ба таври намуна овардани вожаи (жаргони) зиндониёни шӯравӣ, «сексот»-ро ҷоиз медонам, ки баёнгари воридшавии калимаи забони бегона ба забони тоҷикӣ, аз тариқи гӯиши зиндониён мебошад.  Вожаи аз бандихонаҳои шӯравӣ ба зеҳни мардуми тамоми шӯравӣ ҷой шудаи «сексот», дар миёни мардум ниҳоят кароҳатбор дониста шуда, тахфиф аз таркиби «секретный сотрудник», яъне корманди махфӣ (хабаркаши зиндонбонон), мебошад. Агар як тоҷик каси дигареро ба хотири ҳақорат ҷосусу хабаркаш биномад, он шахс шояд ба он дараҷа ба ғазабу сутӯҳ наояд, нисбат ба он ки биномандаш «сексот». Зеро «сексот», дигар тарҷума надорад ва танҳо бозгӯкунандаи инсони ниҳоят пастфитрату бадкирдор мебошад. Зиндониёни тоҷики зиндонҳои шӯравӣ, пас аз асорат баргаштан бо худ на танҳо вожаҳои бозгӯкунандаи кирдори аҳриманиро меоварданд, балки дар гуфтори мардум вожаҳоеро тағйир медоданд, ки кас аз тифлӣ онҳоро бо гӯиши атрофиёнаш ба забон меовард. Нависандаи ин сатрҳо солҳо мушоҳида кардааст, ки дар миёни ҳамдиёрон, аз ҳама беш дар гуфтори омиёнаи мардуми Кӯлоб, гӯиши зиндониён, ки комилан бо русӣ сохта шудаанд, бештар ривоҷ дорад. Ба вижа дар замони шӯравӣ ҷавонони ноогоҳ дӯст доштанд, ки «падар»-ро «пахан», «модар»-ро «махан», «бародар»-ро «братан» номида, вожаҳои «козёл»(буз), «петух» (хурӯс), «фраер»-(шахсе, ки шарики дуздҳо нест), «мусор»-(милиса), «базарит кардан» (ғавғо кардан, сухан гуфтан) ва амсоли онро ба таври фаровон истифода кунанд. Ба мушоҳида расида буд, ки иддаи зиёди ҷавонону миёнсолон ба «авторитет»-ҳои (ашхоси дар миёни зиндониёни ҷиноӣ муътабар) аз маҳбас озод шуда таваҷҷӯҳи хоса дошта, бо эҳтиром ба ишон қоил буданд ва мекӯшиданд, ки ба рафтори онҳо тақлид кунанд; ба мисли онҳо папиросро бар лаб гиранд, пайкарашонро бо нақшу навиштаҳо «зиннат» диҳанд, дар қартабозӣ маҳорат ба харҷ диҳанд ва ғайра. Дар маврид бояд гуфт ман ҳамеша мехостам ба ин пурсиш посух пайдо кунам, ки чаро маҳз ҳамшаҳриёни мо бештар аз дигарон вожаҳои хоси зиндониёнро истифода мекарданд. Ва тахмин мезадам, ки дар замони шӯравӣ нисбат ба дигар музофоти тоҷикнишин, дастандаркорони вақт аз мардуми Кӯлоб бештар одамонро ба ҷурмҳои росту норост ба зиндон маҳкум мекарданд. Зеро мардуми ин сарзамин нисбатан маниши итоатнопазирӣ, ғурури фитрӣ, талабгори додхоҳӣ ва ҳамзамон нописандӣ ба ҳукмронон доштанд. Ба назар мерасад, ки ин табиати мардуми Кӯлобро омӯхта, болонишинони ҳизбӣ мекӯшиданд роҳбарони мақомоти баланди ҳизбӣ ва умури дохиларо аз ақвоми рус, украин, тотору бошқирд, ё узбакон таъин намоянд. Шояд бар ҳадафи муқобил гузоштан ва шикастани хавоси ғаюрии мардуми таҳҷоӣ, як идда мардуми қафқозӣ, ба вижа осетинҳоро (ки онҳо низ маниши бо кӯлобиҳо ҳамсон доштанд), ба Кӯлоб кӯч дода буданд. Он замон дар шаҳру навоҳии вилояти Кӯлоб Казбекҳову Идрисҳо ва Харомҳову Булатҳои зиёди муштзӯр, бо гарданҳои кулуфти сурх, дар пушти тахтаи дукон оби ҷав (пиво) мефурӯхтанд, ё ронандаи мошинҳои боркаш буданд. Аз ёдҳо фаромуш намешаванд он муштзаниҳо, ки дар миёни ҷавонмардони Кӯлоб ва осетинҳо, ғолибан ба сабаби ишқ бо осетиндухтаре ва ё бо ҳавобаландӣ ва таҳқир муносибат кардан бо ҷавонони ғаюри маҳаллӣ, рух медоданд. Ағлаби мардуми мусини Кӯлоб огоҳанд, ки гарчи иттиҳоми ба зиндон афкандани чеҳраи шинохтаи ҷанги байнихудии тоҷикон, Сангак Сафаров дигар ҳам бошад, воқеияти аслии он чавқукашӣ бо осетинҳо буд. Баъзан дар муштзаниҳо ҷавонони атроф, ҳатто аз навоҳии ба Кӯлоб дуртари Ховалинг, Мӯъминобод ва Шӯробод иштирок мекарданд. Аз мардуми огоҳ мешунидем, ки аз ноҳияи Ховалинг Шарифи Бухорӣ, Мадуд ва Умаршоҳ, барои муштзанӣ бо осетинҳо борҳо аз 15 рӯзу 1 моҳ то 3 сол ба зиндон гирифтор шуда буданд. Ҷавонони он солҳо ёд доранд паҳлавони гӯштигири тоҷик Сафарро, ки дилдодаи осетин дошт, бародарони духтар, ба ҳангоми хоб дар тахти хобаш бо сим баста, оташ мезананд. Ҷасади Сафарро барои ба Фархор бурдан, сели донишҷӯёни тоҷик, то ба самти ноҳияи Ваҳдат пиёда мушоиат карда буданд.

Маълумоти равшани эҳсоиявиеро роҷеъ ба шумори бошандагони шаҳру деҳоти Кӯлоб, ки дар солҳои шӯравӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд ба даст овардан хеле мушкил аст. Аммо ба гумони яқин метавон гуфт, гирифторони зиндонҳо аз шумули мардони Кӯлоб ба нисбат хеле зиёд буданд. Зеро барои шикасти ғурур ва фармонбардор кардани ин мардум аз ғаюрону гарданфарозонаш муҷриму гунаҳкор барсохтан усули писандида ва ба истилоҳ класикӣ буд. Дар маврид метавон сарнавишти раиси шаҳри вақт ва дар солҳои 90-ум вакили мардумӣ дар Шӯрои Олӣ, Ҳикмат Шарифовро ба масобаи намуна овард. Ҳикмат Шарифов-хатмкардаи Донишкадаи Муҳандиси Сохтмонии Маскав (МИСИ)-ро ҳизб бар маснади шаҳрдори шаҳри Кӯлоб лоиқ медонад. Мавсуф бо як ғайрат ва ҳавобаландии хоси мардуми маҳаллӣ, мехоҳад дар умури шаҳрдорӣ навгониҳо ворид кунад. Ӯ забони русиро хуб медонист, дар Маскав тарбияи русӣ гирифта буд ва бар замм, бо табиати фитриаш худро аз болонишинҳо камтар нашуморида, бо онҳо , ба истилоҳ бо «ту» ҳарф мезад ва камбудиҳоро ошкоро мегуфт. Ба мартабадорони болотар, ки ба итоатпазирӣ ва хушомаду тамаллуқи сохтаи тоҷикону узбакон одат карда буданд,  рафтори ӯ хуш наомад ва дар пайи шикастани ҳавобаландиаш гаштанд. Аз шодравон Саидмӯъмин Шамсов, ки дар он замон котиби аввали ҳизбӣ дар ноҳия Мӯъминобод буд, шунидаам, ки шоҳиди бевоситаи гуфтугӯи котиби дуввуми Кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб бо сардори умури амнияти вилоят (ҳар ду асолатан рус), будааст. Котиби дуввум ба сардори амният гуфтааст, ки лаҷоми Ҳикмат Шариповро кашидан лозим мешавад. «Найдите на него компромат» (Маводи бадномкунанда пайдо кунед), — гуфтааст котиб. Маъмурон, чун дар фаъолияти шаҳрдории ӯ ҷурме пайдо накарданд, ба собиқаи роҳбари муассисаи сохтмонӣ буданаш таваҷҷӯҳи вижа зоҳир намуда, асноди иншоотҳои сохтмониро берун карда, изофанависиҳо ва сӯистифодаҳо аз мансаб падид оварданд. Ногуфта нагузорем, ки дар меъёрҳову қавоиди сохтмонии (СНИП) замони шӯравӣ он қадар печидагиҳову ҳарфофариниҳо тадвин шуда буд, ки ҳар касеро мехостанд гунаҳкор созанд, метавонистанд бедуни кадом мушкилӣ, даҳҳо далоили қонуншиканӣ дар фаъолияти муҳандисиву роҳбариаш пайдо кунанд. Бо ҳамин усул дар фаъолияти муҳандисии Ҳикмат Шарифов чандин изофанависиҳо пайдо карда, ба муддати дароз ба зиндон афкандандаш ва пас аз озод шудан ӯ тавонист бегуноҳии худро тасбит карда, ба истилоҳ «хати сафед» гирад. Намунаи дигари «хушова» кардани ашхоси бодонишу боғайрати маҳаллӣ, маъракаҳои тоза кардани сафҳо буд. Чуноне дар поёни солҳои 80-ум, дар амри «поксозии сафҳои ҳизбӣ»,  дастандаркорони Маскав диққати худро ғолибан ба Кӯлоб нигаронида, шумори зиёди садрнишинонро ба зиндони машҳури «Матросская тишина» (Хамушии баҳрнавардӣ) кашиданд ва беобурӯ сохта, соле пас озод намуда буданд. Чунин намунаҳоро метавон бисёр овард, ки онҳо яке аз сарчашмаҳои пайдоиши вожаҳои русии аз зиндонҳо ба гӯиши мардуми тоҷик омехта шуда дониста мешаванд. Акнун зиндониён ба гуфтору кирдори хоси худ, мисли солҳои пешин дар миёни ҷавонон маъруфият надоранд ва дошта ҳам наметавонанд, зеро тоҷикони зиндонии Русия ғолибан ночороне мебошанд, ки барои рӯзгузаронии хонадони хеш, бештар аз надоштани иҷозатнома ва ё кор гирифтан бо маводи мухаддир гирифтори зиндон гаштаанд ва мояи тақлиди ҷавонон буда наметавонанд. Бо вуҷуди ин, дар рӯзгори мо якчанд вожаву таркиботи нав аз гӯиши зиндониёни Русия, тавассути тоҷирон ва мардикорон ба гуфтори ба истилоҳ кӯчагиҳо ворид гаштааст. Мисли «лох», (шахси дорои хавоси маҳдуд), «чумо» (каси дорои ақли маҳдуд), «беспредел» (аз ҳад беш беқонунӣ), «кидат кардан» (фиреб кардан), «грет кардан» (ришват додан) ва амсоли он.

         Набояд аз дида дур дошт, ки вожаҳои аз зиндонҳо ба гӯиши мардум ворид шуда, ҳаргиз дар саҳафоти матбуоти вақт интишор намешуданд ва агар дар гуфтори каси ботарбия истифодаи онҳоро мушоҳида мекарданд, он шахс мавриди тамасхури дигарон қарор мегирифт. Ва дар нашрияҳо, агар калимаву таркиботи русӣ (ба истиснои калимаҳои ба истилоҳ русӣ-интернатсионалистӣ), истифода мешуданд, ҳатман дар ҳошия, пайнавишт, ё миёни ду қавс бо забони тоҷикӣ тарҷумаву ташреҳ мешуданд. Мутаасифона ҳолиё дар матбуоти рӯз гаҳе меъёрҳои забони тоҷикӣ он қадар шикаста шуда, таркибу ибороти бешумори русӣ дар мақолаҳо оварда мешаванд, ки гумон меравад вожасозони навин аз «армуғонҳои» дар пеш зикр гардидаи зиндониёни маҳбасҳои шӯравӣ, ба забони (таҳририи) тоҷикӣ, чаранду парандҳои бештар ворид карда, аз харобтар сохтани забон ғафлат меварзанд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: