Ғалатҳои «академикӣ»

  Далоилу бурҳони дар поён оварда гувоҳе бар он хоҳад буд, ки ин таҷлилҳои ҳарсолаи «Рӯзи забон», ва эъломияи «Соли забон», бештар аз шиору зоҳирнамоӣ чизе аз худ нишон надодааст. Дар ин солҳо барои поксозии забони адабии тоҷикӣ аз луғоти бегона, вожаҳои музофотӣ, ба таври умда барои омӯзишу парвариши густурдаи он кори чашмрасе нашуда аст. Комиссияи забон дар тӯли ин солҳо нишон дод, ки нақши фаъоле дар наҳзати поксозии забон натавониста аст иҷро кунад. Барои муқобила бо ҳуҷуми вожаҳои бегона таваҷҷӯҳе зоҳир накарда аст. Нукта ин аст, ки агар гаҳ-гоҳе ҳам посдорони забони адабии тоҷикӣ бо мақолаву гузоришҳои худ, аз харобкориҳои забон, (ба вижа тавассути матбуот ва радиову телевизион), изҳори назар карда бошанд ҳам, унвондорони масъул таваҷҷӯҳе аз худ нишон надодаанд.

           Ба матлаби ҳозир бад-он сабаб «ғалатҳои академикӣ» унвон гузошта шуд, ки бар асари аз даст рафтани мартабаву завқи салими забони тоҷикӣ, тайи сад соли ахир, ҳатто донишиёни шинохта ба худ иҷоза додаанд, то аз тариқи гуфтору навишторашон, бо харобкорони забон ҳамрадиф бошанд. Тавре ба мушоҳида расид, иддаи зиёде аз унвондорони ба илм сару кор дошта, ҳатто унвондорони соҳаи адабу забони тоҷикӣ, дар гуфтори, ба истилоҳ расмии худ, ба хатоҳое роҳ медиҳанд, ки мебояст боиси шармашон бошад. Чуноне ки чанде пеш хонуме бархӯрдор аз унвони «номзади фанҳои филологӣ», аз фаросӯи пардаи телевизионӣ, дар мавриди покии забони тоҷикӣ гуфтугӯ дошт ва дар зимн бо таассуф ишора бар он кард, ки вақтҳои ахир падидаи ворид шудани гӯишҳои иронӣ ба забони тоҷикӣ дида мешавад. Ва он хонуми забоншинос, зимни гуфтори хеш, пайваста ҷонишини ишоратии «он»-ро бо шакли хароби «ун» истифода мекард. (Мисли «ун калимаву ибораҳо…»). Шигифт аст, зиёдаанд «зиёиён»-е, ки ба воридшавии калимаҳои русиву англисиву узбакӣ бепарвоӣ зоҳир карда, бо баргирифтани вожаҳо аз забони адабиёти классикӣ ва ё ба истилоҳи онҳо «иронӣ»,  дар ташвишанд. Воқеан, ба таъкид бояд ишора кард, ки «гӯиши иронӣ», ғалат аст, зеро дар Ирон гӯишҳо хеле зиёданд, мисли туркиву балучиву толишиву курдӣ ва ғайра. Бояд гуфт: «гӯиши форсии Ирон».

            Аз сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ ва аз тариқи радиову телевизион, борҳо дучор омадаем, ки адиб, ё адабиётшиносу забоншиноси шинохта, дар миёни гуфтори хеш, аз корбурди дурусти пасванди «ро» сарфи назар карда, онро ба ихтисор бо «я» иваз мекунанд. Масалан ба ивази «шуморо дида будам», ғолибан гӯянд «шумоя дида будам», ё «хоная дидам», на «хонаро дидам» ва амсоли он.

            Марҳилаи зиёнкорӣ ва ошуфта сохтани забон, анбӯҳи сухангустарони қалам дар даст ва микрофон дар лабро ба миён овардааст, ки бинобар андакхондагӣ ва каҷандешии худ ба талаффузи хатои забони ширини тоҷикӣ даст мезананд, вале аз ҷониби онҳое, ки нони адаби ин забонро мехӯранд, мавриди мазаммату маломат қарор намегиранд. Дигар имрӯз аз тифли ба тозагӣ аз шири модар лаб шӯста шурӯъ карда, то академики забондон дар гуфтори худ низоми овоии сохти вожаҳоро хароб карда, ошуфтагиҳои дигари забонӣ меоваранд. Дигар имрӯз аз фаросӯи пардаи телевизион ва радио, чӣ академикҳо ва чӣ шогирдони сухангустари микрофон ба дасташон, бедуни кадом истиҳола задаро(такяро) аз садоноки ҳиҷои охири калима, ба садоноки ҳиҷои аввал мекӯчонанд ва гумон намебаранд, ки чунин «ҷузъиёт» сабаби вайронсозии забон хоҳад гашт. Он намакхӯрони намакдони забони тоҷикӣ дарк намекунанд, ки зада яке аз навоҳои гуфтор аст ва ба ҳам задани сохтмони овоии забон хеле зиёнбор аст. Ҳар гоҳ ки калимаҳо ба мисли аксар, танҳо, ҳаргиз, фақат, махсус, новобаста, асосан, ҳатто, хусусан, имрӯз, ҳанӯз, ҳарчанд, якчанд, ва садҳо вожаҳои дигар чунин бадоҳанг ба гӯш мерасанд, гумон меравад, ҳатто шахси оддии бо забони тоҷикӣ тарбият ёфта, аз шунидани онҳо як ошноии бегона эҳсос мекунад ва гаҳе ҳайратзада низ мешавад, ки аз чист ин мартабадорон луғатҳоро нохушоҳанг месозанд. Ва шахсе, ки ин талаффузи ғалатро, чун аз забони унвондоре, ё болонишне аз тариқи телевизион шунидаасту ба ғалат будани гуфторашон бовар намекунад, метавонад луғатҳои тафсирии муътамадтарини тоҷикӣ, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёс-ул-луғот»-ро варақ бизанад. Он гаҳ хоҳад дид, ки ҳар вожае дар забони тоҷикӣ вазни хосае дорад. Ҳамин аст, ки дар «Бурҳон» ба таъкид омадааст: «агар»-бар вазни сафар, «акнун»-бар вазни маҷнун, «инак»-бар вазни мирак, «агарчанд»-бар вазни камарбанд, «танҳо»-бар вазни порсо ва ғайра.

            Ба назар мерасад задагузориҳои ғалати дар боло оварда шуда, аз нуфузи забони русӣ ба забони тоҷикӣ сарчашма дорад, зеро дар ин забон зада (такя), ба таври густурда дар садоноки аввали калимаҳо гузошта мешавад. Бад-ин сабаб низ номҳои ҷуғрофии як силсила кишварҳо, ки ҳангоми талаффузашон ғолибан задаро мебояд дар садоноки ҳиҷои охир гузошт, барғалат дар ҳиҷои аввал мегузоранд. Мисли: Ту’ркия, бар ивази Турки’я, Си’рия, бар ивази Сури’я, Ба’сра, бар ивази Баср’а, Ру’сия, ва баъзан Руси’я, бар ивази Руси’я, О’сиё, бар ивази Оси’ё, А’врупо, бар ивази Авруп’о ва ғайра. Намунаи дигари ин безавқиву ғалаткориҳо тағйири пешвандҳои «оид ба», «доир ба», (ҳамчунон «нисбат ба»), ба шакли «оиди», «доири», («нисбати») мебошад, ки дар маврид барои ислоҳи фавриашон изҳори назари донишиён, аз тариқи расонаҳои хабарӣ пахш гардида буд. Зимнан бояд донист, ки дар забони тоҷикӣ ба пешвандҳо бандаки изофии «и»-ро пайвастан ғалати маҳз аст ва қавонини забон ба ҳеҷ кас, ҳатто ба унвони «академик» муфтахар гаштагон иҷозат намедиҳад, ки ба чунин ғалатҳои фоҳиш роҳ диҳанд.

            Он гуна, ки аз гуфтору навиштори забоншиносони тоҷик пайдост, гӯяндаи забони тоҷикӣ озод аст, то ҷамъбандии арабиро бо хости худ бишканад. Яъне, гӯяндаи ин забон озод аст, ки исми бо арабӣ ҷамъ шударо, бори дигар бо аломати тоҷикӣ, ҷамъбандӣ кунад. Мисли исми «хабар», ки ба шакли «ахбор», ҷамъбандӣ шудааст, дар тоҷикӣ «ахборот» ва ҳатто «ахборотҳо»(дубораву себора), ҷамъ шавад. Забоншиносони мо усулан ин қабил ғалатҳоро бад-он сабаб «қонунӣ» кардаанд, ки дар осори шоирони классики форс-тоҷик гаҳ-гоҳе ба чунин ҷамъбандиҳо дучор меоем. Ба ин ҷамъбандии истисноӣ, ҳатто забоншиносони барҷастаи Ирон Маликушшуаро Баҳор, Рашид Ёсумӣ, Бадеъуз-замон Фурӯзонфар, дар осори худ ишора кардаанд. Чуноне ки калимаи арабии «ҳур», худаш ҷамъ аст, вале Саъдӣ онро бо аломати форси «он», бори дигар ҷамъ баста аст:

                               Ҳурони биҳиштиро дузах бувад аъроф,

                              Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст.

 Ё худ Манучеҳрӣ дар байти поён калимаи «манозил»-ро, ки ҷамъи «манзил» аст, бори дигар ҷамъ баста, «манозилҳо» гуфта аст:

                                 Биёбон дарнаварду кӯҳ бигзор,

                                   Манозилҳо бикӯбу рох бигсил.

 Аммо то он ҷо, ки мо иттилоъ дорем, чунин ҷамъбандиҳо ғолибан ба таври истисно мавриди истифода қарор гирифтаанд ва саросар муроот нагардидани ҷамъбандии арабӣ, пиндорҳои ботил буда, забонро ба ошуфтагӣ хоҳад бурд. Муаллифони китобҳои дарсии забони тоҷикиро мебояд, бахше аз таълифоти худро ба дастури ҷамъбандии арабӣ дар забони тоҷикӣ бибахшанд, зеро тоҷикон дар қаламрави забони форсӣ, беш аз ҳазору сесад сол, садҳо луғатҳои арабиро бо тарзи ҷамъбандиашон пазируфта ва тарош додаву ба сурати феълӣ даровардаанд ва ҳеҷ кас иҷозаи онро надорад, ки бо андешаи арабситезии худ, боиси заъфу норасоии забон гардад. Барои омӯзиши саҳеҳи забон, мебоясти дар китобҳои дарсӣ матолибе аз авзони ҷамъбандии арабӣ (ба шакли феъл-афъол) ворид гардад. Ба шакли хабар-ахбор, амал-аъмол, давр-адвор, сир-асрор ва гайра. Ҳамчунон мебояд дар омӯзиши забони тоҷикӣ, ба ҷамъбандии шикастаи арабӣ таваҷҷӯҳи вижа дод. Ба мисли: олим-уламо, мактаб-макотиб, мамлакат-мамолик, мода- мавод ва амсоли он. Дар сурати омӯхтани ин нуктаҳои сарфу наҳвии забони тоҷикӣ, соҳибони забон хоҳанд донист, ки масалан калимаи «мода», танҳо (муфрад) аст ва мавод ҷамъи он буда, «маводҳо» гуфтан ғалат аст.

                   Мехостам чунин матлабе ҳам ба зеҳни хонандагони гиромӣ биёяд, ки забоншиносони қадими мо ғалатҳоро ба ду гуна фасл карда буданд; яке «ғалати авом» ва дигар «ғалати ом». Дар мавриди ғалатҳои авом ва ом, муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» овардааст, ки калимаи «мансиб», ба фатҳи сод, яъне «мансаб» ғалат аст, ё «теъдод», бояд «таъдод» бошад, аммо он тарзи ғалати дар боло оварда шуда қабул ва маъмулӣ гашта аст. Дар забони тоҷикӣ як идда вожаҳое мавҷуданд, ки бар асари гузариш ба хати кириллӣ, ғалат корбурд мешаванд ва ба назар мерасад бо вуҷуди маъмулӣ гаштанашон, онҳоро бояд хато дониста, ислоҳ кард. Чунончи, мо аз мактаби ибтидоӣ ба калимаи «таърих», бо аломати сакта (ъ) дучор омадаем, вале мутавваҷеҳ нашудаем, ки ин калима дар хати форсии тоинқилобиамон, ҳаргиз «айн» (сакта), надошт ва маъмулан ба шакли «торих» омада аст. Ё навиштору гуфори вожаи «нашъунамо», ба ин шакл ғалат аст, зеро ин калима аз «нашв», яъне пайдо шудан, рӯйидан, болидан баргирифта шуда, дар худ ҳарфи «айн» надорад. Бинобар ин бояд «нашвунамо» хондаву навишта шавад. Калимаи «нашъа» низ ба ин шакл ғалати маҳз аст ва нисбат ба забони имрӯзаи адабии тоҷикӣ, дар шеваи гуфтори маҳаллӣ, ба шакли «нашша», саҳеҳ аст. Дар луғатномаҳои «Кашф» ва «Ғиёс» омадааст: «нашша»-(бо ташдиди Ш), бар вазни «пашша», беҳушӣ ва кундии хавос, ки аз хӯрдани шароб ва банг ва ғайра пайдо шавад.

                       Авқоти ахир вожаи «ниёкон», бар шакли ғалати «ниёгон», серистеъмол шуда аст, ки бино бар корбурди зиёди мартабадорони илмиву идорӣ, онро низ «ғалати академикӣ», метавон донист ва дар ин ҷо шарҳи дурусти ин вожаро меоварем, ки ба чунин сурат аст; Вожаи «ниё», ба маънии падари падар, дар асл «ниёк» буда аст ва барои ҷамъбандӣ ба он аломати «он»-ро изофа кунанд. Ғалат будани корбурд аз вожаи «ниёкон», ба шакли «ниёгон»-ро ин байти офаридгори сухани порсӣ, Ҳаким Фирдавсӣ возеҳу равшан таъйид мекунад:

                                           Бар ойини фаррух ниёкони хеш,

                                          Гузида сарафрозу покони хеш. 

                                                        («Шоҳнома», ҷ.VII, с.312)

 Равшан аст, ки дар ин байт , бар радифи «ниёкон», вожаи «покон» омада аст ва касе наметавонад амри ғалат будани талаффузи «ниёгон»-ро рад кунад. Ҳамин тавр метавон бар он шуд, ки ғалатҳои дар боло ёд шуда аз ғалатҳои авом буда, бояд ҳамеша дар хотир дошт, чунин корбурди сатҳӣ ва ғалат боиси коҳиш ёфтани мақоми гӯяндааш дар чашми соҳибони забони гаронмояи тоҷикӣ мегардад.

                       Мо хеле бисёр дидаем, ки ғамхорони забон бо далоили мушаххас аз лағзиш ва каҷсуханиҳои фаровони сухангӯёни радиову телевизион ва журнолистони нашрияҳо, матолиби зиёде ироъа намуда буданд. Далоилу бурҳони зиёде мубтани бар он ки чи тавр ин табақаи ба истилоҳ иҷодкорони нав ба роҳ даромада, дар пайи вайрон кардани зербинои забони тоҷикӣ мебошанд, мо низ пеши худ дорем. Чун дар ин ҷо маҷол нест, ин мавзӯъро ба фурсати дигар гузошта, таъкид карданиам, ки ин қадар ба журналистон, ба вижа сухангустарони радиову телевизион тақлид накунанд, зеро журналист,ҳанӯз мутахассиси соҳаи забон нест. Танҳо забон аслиҳаву олати кори ӯст ва на ҳар журналист, ҳунари корбурди олаи кори худро дорад. Аммо «академик»-ҳоро мебояд ғалатҳои академикии худро ислоҳ кунанд, вагарна илми тоҷик мақоми аз даст рафтаашро бештар аз даст хоҳад дод.

Реклама

Один ответ

  1. Маро бештар гуфтори феъли «карда бошем», «сохта бошем» ба чои феъли мекунему месозем ташвиш меорад. Наход ки хар чумла чунин тамом шавад. Дар телевизион тамоман префикси ме- истифода нашуда истодааст. Ин хам аз забони форси нест магар?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: