Парастиши “Қ”

ё истифодаи вожаҳои арабӣ нишонаи доноӣ нест

Торихи таваллуди кишварҳои мустақил ва демократӣ ҳамеша ба забони миллии он кишварҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Кишварҳои аз зери истеъмори бегонагон раҳоӣ ёфта, боззоиву бозсозии давлаташонро пеш аз ҳама бо роҳандозии тадбирҳои муҳим, баҳри поксозии забони давлатӣ аз унсурҳои бегона, оғоз намуда буданд. Ба таври намуна торихи кишвари Кореяро ёдовар мешавем, ки пас аз фурӯпошии Японияи империалистӣ, дар соли 1945 омили асосии истиқлолият ва ба фановарӣ рӯ овардани кишварашонро дар поксозии забони кореягӣ дониста, барои ноил шудан бар он барномаи давлатии забони кореягиро тарҳ намуда, бо баргашт ба хати миллӣ ба комёбиҳои дилхоҳ расидаанд. Бинобар он ки кишвари Корея 35 сол дар зери истеъмори Ҷопон ва беш аз сад сол мустаъмараи Чин буд, аз 164 125 вожаи забони кореягӣ 85 527 тояш (яъне 52 дар сад) чинӣ буда, 74 612 вожааш (яъне 45 дар сад) кореягӣ ва боқимондааш аз унсурҳои ҷопониву англисӣ таркиб ёфта буд. Бо наҳзати поксозии забон,  аз оғози соли 1945, кореягиҳо дар як замони кӯтоҳ, тавонистанд аз юғи забони чинӣ озод шаванд ва бо рӯ овардан ба алифбои миллии худ ба истиқлоли фарҳангиву адабӣ бирасанд. Таҷрибаи кишвари ҷангзадаву аз банди бегонагон озод гаштаи Корея тасбит кардааст, ки ба роҳи пешрафти фанниву мошинсозии кишвар дар навбати аввал метавон аз самти таҳаввули забони миллии илмӣ расид. Роҳи паймудаи Корея шоёни пайравии Тоҷикистон мебошад ва дар кишвари мо низ мехоҳанд чунин як корҳои муҳиме роҳандозӣ гардад, вале мутаасифона ҳанӯз он тадобир нотавон буда, дастандаркорони илмиву идорӣ зарурият ёфтани поксозии забони тоҷикиро ночиз мегуморанд.

            Агар ба забони кореягӣ 52 дар сади вожаҳои забони истилогарони чинӣ ворид гашта бошад, ба забони форсии тоҷикӣ шояд аз он бештар вожаҳои забони истилогарони арабиву урусӣ дохил шудаанд. Аммо бо вуҷуди он ки забони форсӣ ҳамчун забони пурзӯру тавоно аксарияти вожаҳои арабиро бо гунаи форсӣ суфтаву полудаву мунҳал ва созгор намуда бошад ҳам, донишмандон усулан дар забони насру мукотиба, бо коргирии фаровон аз вожаҳои арабӣ ба ифрот роҳ дода, гӯиши форсиро каме хашену мушкилу нозебо гардонда буданд. Аммо дар ҳар давру замон, дар паҳнаи ҷуғрофиёии форсигӯён, пешгомони поксозии забон пайдо мешуданд, ки бо ҳар роҳу усул барои барканор кардани олудагиҳои забон ба по мехостанд.

            Яке аз бартариҳои бузурги забони форсӣ  нисбат ба забонҳои дигари ҷаҳон дар он аст, ки гӯиши овоҳо, талаффузи вожаҳо аз лабон, аз нӯги забону даҳон, ба осонӣ берун оварда шуда, аз гулӯ ва ҳалқ овоҳои тарканда (ба гунаи забонҳои арабӣ, туркиву узбакӣ), аз роҳи фишурдани забон дар миёни дандонҳо (ба сони англисӣ, арабӣ ва соири забонҳо) баён намешаванд. Бинобар ин ҳатто бегонагон забони форсиро забони шеър, ба истилоҳи пешвои коммунистони ҷаҳон Карл Маркс, ҳамчун бозичаи зебо дарёфтаанд. Ҳамин аст, ки осори зиёди илмии замонаҳо, чун торих, ситорашиносӣ, калом, фиқҳ, тиб, фалсафа, ҳатто бозии шатранҷ ва ҳунари хӯрокпазӣ (таббохӣ), бо забони шеъри форсӣ (бо назм) навишта ва таълиф шудааст.

            Пешгомони поксозии забони форсӣ аз гӯишҳои арабӣ талош доштанд, ки пеш аз ҳама меъёрҳои талаффузи забони форсӣ риоя гардад. Ин буд, ки дар гӯиши форсӣ, новобаста аз вом гирифтани вожаҳои бешумори арабиву туркӣ, ҳашт адад сомитҳои (ҳамсадоҳои) арабӣ, яъне “то”, “зо”, “зол”, “зод”, “сод”, “се и сенуқта”, “айн”, “ҳо – и муҳмала” (яъне ҳе и аз гулӯ берун оварда), бо талаффузи хоси арабӣ қотеъона пазируфта нашуданд. “Ҳо” и муҳмала (ҳо и ҳуттӣ) ро ҳамеша ба тарзи гӯиши форсӣ ба забон меоваранд , на арабӣ. Дар ин маврид донишманди бузурги исломии садаи XIV, Шаҳобуддин Ёқути Ҳумавӣ, чунин зикр кардааст: “Дар забони форсӣ “ҳо и муҳмала” нест ва чун калимаеро, ки дар он “Ҳо” бошад, ба забон меоваранд ба “ҳо” и нарми форсӣ, Ҳасанро “Ҳасан” ва МуҲаммадро “Муҳаммад” мегӯянд”. (Ёқути Ҳумавӣ, “Маҷмаъ – ул – булдон”, ҷ. 1, с.145). Гузашта аз ин поксозони забони форсии Ирон, ҳамчунон овои “Қ” и арабиву туркиро (узбакиву қазоқиро) ба “Ғ” табдил додаанд ва бад – ин васила забонро аз овои дағали ғайрифорсӣ пок сохта, ба оҳанги нарму мулоими форсӣ созгор намудаанд. Чунончи, ба ивази “”оқо” – оғо, “қошуқ” – ғошуғ, “Қандаҳор” – Ғандаҳор ва амсоли он. Мутаасифона дар забони форсии тоҷикӣ, на танҳо вожаҳои бешумори дорои овои “Қ”, аз забонҳои туркиву арабӣ баргирифта шудаанд, балки ҳамдиёрони мо дӯст доранд, ки чунин вожаҳо, ба вижа калимаҳоеро, ки дар онҳо ду овои “Қ” ҷой дорад, дар гӯиши худ фаровон ба кор баранд. (Монанди “қундоқ”, “Оқбулоқ”, “қуруқ”….)

            Ҳамдиёрони мо, ба вижа онҳое  ки хешро аҳли тақвову донандаи ояҳои “Қуръон” мегуморанд, низоми овоии забони форсии тоҷикиро вайрон карда, вожаҳои “ҳе и муҳмала” ва “айн” доштаро ба гунаи арабӣ ифода мекунанд. Ин раҳгумӣ бад – он сон густариш дорад, ки имрӯз бархе аз рӯзномаҳо аломати сактаро ҳатто дар аввали калима меоваранд ва бояд гуфт чунин бенизомӣ ниҳоят кареҳу хандадор аст. Монанди “Ъилм”, “Ъид”, “Ъориф”….

            Воқеан, бархе аз рӯзноманигорон ва гӯяндагони радиову телевизион хушгумонанд, ки аз роҳи корбурди зиёди вожаҳои арабӣ ба нуктадониву нуктасанҷӣ расидаанд, вале ишон дарнарафтаанд, ки аз ҳеҷ донистанҳои оҳанги  талаффузи форсӣ ва зиёд кор гирифтан аз вожаҳои арабии дорои овоҳои хашену дағали “айн” ва “қ” назокату шевогии забони форсии тоҷикиро аз даст додаанд. Аз диди мо беҳтар мебуд агар ишон то ба он ҷойе имкон дорад, муодили нармтари чунин вожаҳоро ба кор баранд. Масалан, ба ивази “қарн” (ки даҳон аз ифодаи “Қ” пур шуда, гаҳе кафк аз даҳан берун меояд.) – “садсола”, “сада”, ҳатто “аср”, бар ивази “қабл” – аз вожаи форсии “пеш” (монанди, ба ивази таркиби “қабл аз мелод” – пеш аз мелод, “дар суҳбати қаблӣ” – дар суҳбати пештара, ба ивази “қаблан гуфтем” – дар пеш гуфтем) ва ғайра кор гирифта шавад. Ва ё ба ивази “қубур” – лула, “қучоқ” — оғӯш, “қамчин” – тозиёна, “қалб” – дил, “қасам” – савганд, “қоқ” – хушк, “қаър” – жарфо, ё таги чоҳ…, “қабоҳат” – зишт, бадӣ ва ғайра.

            Нуктаи гуфтанӣ ин аст, ки дар ягон кишвари ҷаҳон, чун дар Тоҷикистон, аз фарти хушгумонӣ ба забондониву забонгустарии худ, бо роҳ додан ба талаффузи ғалат, забони давлатиро бад – ин сон хору залил намесозанд. Шумори зиёди одамони хешро фарҳангиву донишиву суханшинос гумошта, меъёри талаффузи забони адабиро риоя накарда, низоми овоии забони форсии тоҷикиро поймол мекунанд.

             Борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки дар забони форсии тоҷикӣ таъкид (зада, ударение) ро дар садоноки ҳиҷои аввали калима намегузоранд. (Ба истиснои ҳангоми шиддат бахшидан ба калима. Чуноне дар забони русӣ гӯянд “при подчёркивании значения слова.”). Аз ҷумла дар вожаҳои “валекин”, “лекин”, “вале”, “балки”, “бале”, “оре”, “шояд”, “ҳар кас”, “ҳарчанд”, “боре”, “ҳамин”, “ҳамон”. Аммо ҳамеша ҳатто аз гуфтори сухангустарони баландҷойгоҳи илмӣ пай бурда мешавад, ки бинобар надонистани меъёрҳои оҳанги забони форсии тоҷикӣ,  ба хатоҳои фоҳиши овоӣ роҳ дода, ғолибан чунин мегӯянд: “а`з ҷумла”, “а`ксар”, “а`ммо”, “а`кнун”, “а`гар”, “а`гарчанд”, “Т`уркия”, “С`ирия”, “Р`усия”, “иттиҳо`дия” ва амсоли он. Тарзи талаффузи росту дурусти вожаҳо дар фарҳангномаҳои муътабари форсӣ оварда шудаанд. Аз ҷумла дар фарҳангномаи “Бурҳони қотеъ” риояи низоми овоии забони форсӣ (тоҷикӣ), бо чунин ишораҳо баён шудааст: “агар”  — бар  вазни сафар, “акнун” – бар вазни маҷнун, “агарчанд” – бар вазни камарбанд ва монанди он.

            Дар дастурҳои сарфу наҳви пеш аз замони шӯравӣ омадааст, ки “исму сифат дар ҳама маҳалҳои наҳвӣ рӯи ҳиҷои охирии калима такя доранд ва агар калима якҳиҷоӣ бошад, он калима худ дорои ҳиҷо аст. Монанди: некӯ, хуб, бад, мард, зан, писар, духтар”. (Баргирифта аз китоби донишманди бузург, Парвиз Нотили Хонларӣ, унвонии “Торихи забони форсӣ”, Т., 1369, мутобиқ ба соли 1990, пас аз таваллуди Исо, саҳ. 66)

            Гумон меравад ин ҳама нобасомониҳо ва вайронкориҳо дар гӯиши форсии тоҷикии мағлуб, бар асари чирамандии забони ғолиби русӣ ба миён омадааст ва ҳамин аст, ки як тоҷики хешро бодониш пиндоштаеро на танҳо шармаш намеояд, балки нанг аз сар дур дорад, ки забони худододи аҳуроии форсии тоҷикиро, бо талаффузҳои арабӣ, узбакӣ ва урусӣ олудаву хор месозанд.

            Шигифт он аст, ки имрӯзҳо имлои нави забони тоҷикӣ барои ба тасвиб расондани порлумон омода шудааст ва шояд ҳафтае пас, ин дастури маҳрум аз мулоҳизаву муҳокимаи умум, бар сари гӯишгарони забони тоҷикӣ ба бор оварда шавад. Мо ки аз дарунмояи ин дастури нави имло огаҳӣ надорем, гуфта наметавонем то чи андоза он баёнгари забони солими форсии тоҷикӣ мебошад. Оё забоншиносон, ки ғолибан пайрави андешаҳои куҳани забонгустарӣ мебошанд, тавонистаанд ба нукоти муҳими хати форсӣ дарбираванд ва дарёфта бошанд, ки ин ҳама ошуфтагиҳо дар риоя нагардидани меъёри талаффуз дар имлои ғалати тоҷикӣ (кирилик) низ ниҳон аст. Масалан, онҳо ба бандаки изофии “и” (ба шакли “хонаи мо” ё “хонайи мо”), ҳарфи “э” дар аввали калима (ба шакли “Эрон”, ё “Ирон”) ва ё аломати сакта —  “ъ” дар вожаҳое, ки дорои ҳарфи “айн” намебошанд (ба шакли “таърих”, ё “торих”) ва амсоли он таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, ё хайр?! Барои баёни “ҳамза”, ки аз “айн” тафовути чашмгир дорад, кадом аломате муқаррар намудаанд, ё хайр? Ба таври намуна вожаи арабии “масъала”, ки дар имлои тоҷикӣ чунин навишта шудааст меоварем, ки аслан ғалатнависиаш як амри оддӣ гаштааст. Аммо ин калима бо аломати сакта (ъ — айн) навишта нашуда, бо аломати “ҳамза” бояд сабт гардад. Ба шакли “мас` ала”

             Худо медонад, ки барои андешидан пиромуни ин мавзӯъҳои муҳим онҳоро фурсату ҳавсала бошад, зеро шахсеро медонам дар мақоми баланди илмии идорӣ ҷой дошта, ки боре аз пушти пардаи шишагини телевизион бо густохӣ ва ҳамадонии ба чунинҳо хос гуфта буд, “мо 70 сол “таърих” гуфта омадем, “торих” намегӯем ва мисли пештара “таърих”  гуфтан мегирем”. Он ҷаноб намехоҳад бидонад, ки гузаштагони донои мо дар навишти вожаи “торих” на ҳарфи “айн” ро ҷой додаанд, на аломати “ҳамза” ро ва агар забоншиносе соли 1940, бар асари хуб надонистани хати форсӣ ва ё шояд иллатҳои сиёсӣ, ба ин ғалати фоҳиш роҳ дода бошад, магар тоҷикон бояд то абад ғалат бигӯянду бинависанд?!

            Ва боз ҳам байти машҳур аз нигоштаҳои Маҳдӣ Ахавони Солиси фарҳехта ба ёд меояд:

                                    Тарсам зи фарти шӯъбада чандон харат кунанд,

                                   То достони ишқи ватан боварат кунанд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: