Низомӣ турк буд?

Дар маҷаллаи «Византийское наследство», (Мероси Бизонс, соли 1977, №2) нигоштае ба чашм мехӯрад, ки мубтани бар он марказҳои пантуронизм шаҳрҳои Боку, Қазон ва Боғчасарой дониста шудаанд ва таълифоти бархе аз торихшиносону адабиётшиносони Озарбойҷон касро водор мекунад, ки сари нуктаи дар маҷаллаи номбурда зикр шуда, таваҷҷӯҳи вижа зоҳир кунад. Пантуркистони Озарбойҷон гузаштаи этникии хешро, то омехтагардӣ бо туркҳо (то замони забти салҷуқиҳо – асри XII) ва қабули забони туркӣ, бар ивази забони форсии озарӣ, инкор карда, дар зимн ҳар он чи аз фарҳангу адаби аз Ирон баргирифта ва ба забони форсӣ иртибот доштаро, туркӣ таллақӣ мекунанд.

 Ин ҳақиқати истинбот шуда бояд гуфта шавад, ки на мардуми Озарбойҷони собиқ шӯравӣ ва на Озарбойҷони Ирон қавми турктабор набуданд. Ишон аз нигоҳи антропологӣ аврупоинажод буда, забонашон яке аз шохаҳои забонҳои иронӣ (ки имрӯз забони мурда мебошад), яъне забони озарӣ будааст. Дар ин бора донишманди туркшинос Л. Гумилёв хеле возеҳу равшан гуфтааст: «…мардуми шабеҳи ҷазираи Анатолия (Туркияи кунунӣ), мардуми Албанияи Қафқоз, (ки ба хато Озарбойҷон ном гирифта) ва низ мардуми Озарбойҷони Ирон (Озарбодагони ростин), ҳеҷ гоҳ камтарин хешовандӣ бо туркону муғулон надоштаанд.» (Л.Н. Гумилёв, «Древные тюрки», изд. «Наука», 1964, стр.6)

               Аммо туркгароёни Озарбойҷон муддаианд, ки «бо ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ (асри IV п. аз м.) давлати Форс аз миён рафт ва дигар ин сарзаминро то бар тахт нишастани Ризошоҳи Паҳлавӣ (соли 1935), туркон сарварӣ мекарданд». (Одил Боқиров, рӯзномаи «Эхо», яъне пажвок, 29 апрели соли 2006).

Туркгароёни ин кишвар бо таасуф изҳор медоранд, ки чун забони расмӣ ва адабии замони Низомии Ганҷавӣ форсӣ буд, «дасту по баставу ночор «Хамса»-ро бо забони форсӣ навишт. Барои он ки осораш нобуд нашавад, Низомии Ганҷавӣ маҷбур шуд ба талаботи замони худ итоат кунад.» (Кафарлы Р. «Философия любви на древнем Востоке и Низами», Санкт-Петербург, 2001, с.с. 93-100). Туркгароёне, ки аз ановини профессору академик бархурдоранд, сухани худи Низомиро ончунон  шарҳи ғалат медиҳанд, ки ба истилоҳи мардум касро ба ивази онҳо шармаш меояд. Чунончи таваҷҷӯҳи хонандаро ба ин байти Низомӣ маътуф медорем, ки ҳамон Кафарли чи сон ба дағо ташреҳи норосташ додааст:

                                   Туркиамро дар ин ҳабаш нахаранд,

                                   Лоҷарам дуғбо яхаш нахӯранд.

 Барои исботи турк будани Низомӣ, он адабиётшинос,  (мисраи дуввуми байтро, ғалат хондааст ва бояд мехонд «Лоҷарам дуғбои хуш нах(в)аранд»), зимни шарҳи дағову нодуруст, ба маънӣ халал ворид кардааст: «В этом Хабаше не ценят моего тюркства, поэтому не едят моего вкусного дугбо и что он тюрок и его красивые прекрасные стихи, вкусные как национальная пища тюркских народов, не ценятся на его родине, ибо желудки титулованных покупателей неспособны переварить такой прекрасной еды, как дугба (окрошка)» («Низами Гянджеви», Баку, 1991, с.24-25)) (Яъне, ӯ турк аст ва шеъри зебову нозанинаш, ки мисли хӯроки болаззати халқҳои турк аст, арзише надорад, зеро меъдаи харидорони бомартаба қудрати ҳазми дуғборо надорад (Воқеан хӯроки дуғбо, мисли шурбо форсӣ буда, ҷузъи «бо»-и калима ҳамон об аст, ки бо мурури замон дар миёни овоҳои «о» ва «а» тағйири ҷой ба амал омадааст). Бубинед, барои тасбити турк будани шоир чи қадар далелҳои омиёна ва аблаҳона меоваранд ва боварам бар он аст, ки хонандагони ноогоҳ, ба вижа мардуми озарбойҷониву русҳои аз забони форсӣ дур, ба шарҳи норости пантуркист бовар хоҳанд кард.  Барои китобхондагон маълум аст, ки Низомии Ганҷавӣ аз ҳуввият озарбойҷонӣ буд, вале на турк ва «Хамса»-ро бад-он сабаб ба забони форсӣ иҷод карда буд, ки ин забон барои озарбойҷониҳои иронинажод забони адабӣ буд. Ва агар шоир турк мебуд, бо вуҷуди ба форсӣ офаридани шоҳкори худ, чаро як қаҳрамони асарашро туркӣ ном набурдааст. На Юлдӯзу Ойсулуву Қарохон, балки Меҳинбону, Ширин, Нӯшоба, Равшанак, Паридӯхт, Нестандарҷаҳон. Асолати туркӣ надоштани Низомиро гуфтаҳо аз осори адабиаш метавонад тасбит кунад. Дар осори ба мерос гузоштаи шоир, борҳо ба вожаи «турк» ва тобишҳои таркибии он, мисли «турктозӣ», «туркӣ кардан», «туркисифатӣ», «туркҷӯшӣ» дучор меоем, ки ҳама ба маънии бераҳмиву ғоратгарӣ омада, дар ҷое хисоли туркҳоро ҳатто ҳамсони ҳайвонҳои ваҳшӣ нисбат додааст. («Даду дом карда бад-ӯ турктозӣ», Низомӣ, куллиёт, Д.,1984, с.215) Шоир дар осори пуарзиши худ аз забонҳои «дарӣ», «порсӣ», «паҳлавӣ», «суғдӣ». «юнонӣ», «арабӣ», «тозӣ» борҳо ёдовар шуда, форсиро бо меҳр «порсидафтари хусравон» ном гирифтааст, вале аз нисбат доштанаш ба қавми турку забони туркӣ, ишорае накардааст. Дар мавриди тафсири ғалати муҳаққиқи туркгарои озарбойҷонӣ, ки байти дар боло овардаи Низомиро каҷ бозгӯ кардааст, бояд гуфт ки шоир дар мисраи «Туркиамро дар ин ҳабаш нахаранд», вожаи «туркӣ»-ро ба хотири ифодаи  якравиву чолокӣ ба кор бурдааст, на ба маънии забони туркӣ. Ва ба туркон ҳеҷ рабт надоштани забону асолати Низомии Ганҷавиро ин порчаи шеъраш далел аст, ки каёниёнро касон дониста, ҷойнишинони онҳо (табъан туркон)-ро киён (яъне ҳеҷон) номидааст:

                             Рафтанд каёну динпарастон,

                             Доданд ҷаҳон ба зердастон,

                             Ин қавм киёну он киёнанд,

                             Бар ҷойи каён нигар киёнанд.

                    Аммо пантуркизм дар Озарбойҷон ба санохонии этноси (халқияти) туркони озарӣ ва ҳақир донистани ҳар он чи ба форсӣ иртибот дорад, маҳдуд намешавад. Дар ин кишвар ба ҷуз аз озариҳо, ақвоми иронитабори толишҳо ва тотҳо зиндагӣ мекунанд, ки мероси адабиву фарҳангии онҳоро тасарруф карда, дар бораи ин мардуми бостон (авлодони модҳо ва бошандагони бумии Отарпотагон), на дар китобҳои дарсӣ ва на дар расонаҳои хабарӣ аз торих, фарҳанг, фолклор, шеъру сурудашон ёдовар намешаванд. Дар ин бора сарвари ҳаракати толишҳо, Фахриддин Аббосзода дар мақолаи худ зери унвони «Фаъолтаршавии пантуркизм дар Озарбойҷон, аз ҳисоби ғасб намудани ториху фарҳанги халқҳои ғайритурки  ҷумҳурӣ сурат мегирад», чунин навиштааст:  «Толишҳо дар Озарбойҷон 1,5 миллион нафарро (аз ҳисоби 8 миллион аҳолии кишвар) ташкил медиҳанд, аммо ном гирифтани калимаи «толиш», дар ин ҷо манъ аст. Мақомоти расмии Озарбойҷон саросар тамоми номҳои ҷуғрофиёӣ (топонимикии) деҳоту қасаботи толишҳоро ба туркӣ тағйир дода, ҳангоми ҳафриёти археологӣ дар марзҳои буду боши мардуми ғайритурк ҳар чи аз намунаҳои осори маънавиву фарҳангӣ рӯ меоваранд, онҳоро туркӣ ҷилвагар мекунанд. Ному насаби толишии моро ба туркӣ, (монанди Раҷабли) тағйир медиҳанд.» (сомонаи Этноглобус. ком – Ethnoglobus.com 27.05.2008)

(идома дорад)

Реклама

комментариев 6

  1. Дуруд бар Шумо, устод Мирзоён!
    Худованд нигаҳатон дорад, ки хомаву номаатонро теғу сипари фарҳангамон кардаед ва ҳамвора бо пантуркистҳои бадандеш пайкор мекунед. Пантуркистҳо афзун бар ин ки сарзаминҳоямонро ситонданд, «чун наёфтанд ҳақиқат раҳи афсона заданд» ва аз дер боз пешинаву фарҳанги моро низ ба номи худ менависанд. Онҳо ҳақиқату воқеияти таърихиро таҳриф карда, кӯшиш мекунанд, ки Туронро сарзамини туркон ва туркнажодонро вориси аслӣ ва ҳаққонии таърих ва мероси турониён вонамуд кунанд. Дар ин кор аз ҳама бештар туркҳову озарбойҷониҳову узбакҳо кӯшиш мекунанд, ки хушбахтона аз ҳама камтар ҳаққи чунин даъворо доранд. Туркзабонон бар ин дурӯғ бовар доранд, ки Туронҳамеша туркнишин будааст ва аз ин рӯ бо Туркистон яке аст.
    Аммо Турон сарзамини ариёҳои кӯчанда – турониён – буд, ки ҳамсояи ариёҳои шаҳрнишин – эрониён буданд. Турон ва Эрон ду бахши Ариёно буданд, ки Омударё аз миёнашон мегузашт. Турон номи аслӣ ва бостонии Тоҷикзамин аст, ки Тоҷикистон як бахше аз он аст. Пешиниён низ ҳаргиз Туронро бо Туркистон яке намедонистанд. Аз ҷумла, дар «Фарҳанги Онандроҷ» оварда шудааст: «Ва Турон ғайри Туркистон буда… чун аъроб бар он вилоят (Турон) муставлӣ (фармонраво) шуданд ба Мовароуннаҳр мавсум шуд». Ҳамин фарҳанг ҳудуди онро чунин менигорад: «Мовароуннаҳр вилоятест шарқаш Фарғона ва ғарбаш Хоразм ва шимолаш Тошканд ва ҷанубаш Балху Самарқанд ва муаззам билоди Турон аст» [«Фарҳанги Онандроҷ», ҷ. 1, саҳ. 1224]. Аз ингуна додаҳо дар фарҳангу донишномаҳоямон бисёр аст ва ман муште намунаи харвор овардам.
    Туркистон худ вожаест ки бад-он тоҷикон сарзамини туркнишини Ҳафтрӯдро меномиданд. Ин сарзамин дар шимолу шарқии Қирғизистони кунунӣ ҷой дошт.
    Ман бар ин боварам ки мо бояд пеш аз ҳама ҷойноми Туронро аз чанги гургҳои пантуркист раҳо созем. Агар тасмим бо ман буд, коре мекардам, ки Тоҷикистон Турон номида мешуд. Зеро чунин буда ва чунин бояд бошад.
    Бо сипосу дуруд, Умед Ҷайҳонӣ

  2. Дуруст, хеле шархи чолиб. Умеди Чайхони Шумо ягон сайт дошта бошед, барои мо нависедаш.

  3. Эй худованд! Чаро ту турк офариди?
    Магар гург бас набуд, ки боз турк офариди?

  4. Dorud bar shoma, affarin! Motaasefane, man be zabane Tajiki nemi tavanam harf bezanam, bali motmaen hastam, ke shome Farsiam-ro kheili khub mi fahmid.
    Be nazare man, kheili khub mi shavad, agar in maghalehaye shoma-ro be zabanhaye Rusi va Engelisi ham tarjome shavand, choun in hame ke shoma neveshtin, Tajikha mi fahmand, vali bayyad hamin pan-Turkistha ham bebinand u bekhanand.

    Ba ehteram,
    Gevorg

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: