Пантуронистони рус

Идомаи матлаби «Дуруд бояд даррандагони саҳроро!!»

Шояд хонандаи гиромӣ дар шигифт омада бошад, ки русҳоро ба пантуркистӣ чи рабт аст?! Аммо мутаасифона дар миёни русҳо низ раҳгумони зиёдеро метавон пайдо кард, ки дар амалӣ сохтани хаёлҳои бемори худ чингизпарастиро пешаи худ донистаанд.

            Бархе аз пантуркистон, на танҳо Атиллаву Чингизхону Темури Лангро, балки сулолаи Рюриковичҳоро (ки русҳо онҳоро бунёнгузори давлати худ медонанд), аз авлоди фароқазоқҳо (протоказахи) мешуморанд. Ва дар Русия асолатбохтагоне низ мавҷуданд, ки гумон меравад шадидан ба ҷараёни пантуркистӣ гирифторанд ва ҳатто ба масобаи як нозии ҳитлерӣ, ҳамалоти хонумонсӯзи ҷаллодони торихро неку додхоҳона баҳо медиҳанд. Аз ҷумла торихшиноси рус, А. Бушков дар сарсухани китоби хеш, зери унвони «Чингисхан. Неизвестная Азия.», навиштааст, ки «русҳо – ин ҳамон турконанд. (Русские – это и есть тюрки)». Торихшиноси дигари рус, Алексей Дугин, ки шояд аз турктаборон дида туркгаротар бошад, дар нигоштаҳои худ чунин ибораҳо дорад: «Мо русҳо дар зери сояи Чингизхон зиндагӣ мекунем. ӯ ба мо на танҳо аз Шарқ асорат ба бор овард, балки моро аз юғи Uарб озод кард. ӯ занҳои мо русҳоро ба қароргоҳи муғулҳои ваҳшӣ бурд ва аз тариқи хуни худ ба мо ғазаби саҳронавардӣ, нерӯи азими паҳно бахшид; мо онҳоро аз худ сохтем ва ба ҷаҳон намунаи бузурги империясозиро ба намоиш гузоштем. Мо русҳо дар паҳлӯи тоторҳо, туркҳову муғулҳо фарзандони Чингизхон мебошем.» (А.Г. Дугин, «Основы геополитики», М.,2000г. ва А.Г.Дугин, «Чингисхан и монголосфера», сомонаи интернетии «Evrazia.org»).

                 Лозим ба зикр аст, ки пантуркизму пантуронизм ғолибан аз тарафи салтанатхоҳони Русия ба таври густурда ҷонибдорӣ меёбанд ва бар он боваранд, ки аз жарфои замин хуни «великоросский», «русиву тоторӣ», «русиву муғулӣ», «евроосиёӣ» (русско- татарский, русско-монголский, евразийский), чун кӯҳи оташфишон (вулкан) барои ғалабаи бузург фаввора зада, ба хориҷ хоҳад баромад. (ибораҳои А.Г.Дугин).

                Мадорики боварибахше мавҷуд аст, ки мубтани бар он дар даврони Инқилоби Октябри Русия ва кудтои ёштуркҳои Туркия муносиботи наздик, ба сатҳи як иттиҳод дар миён будааст. Дар миёни инқилобиёни ёштуркҳо (младотурецкая революция), шумори зиёди турктаборони Русия иштирок доштанд, ки ҳампаҳлӯёни идеологҳои ташаббускор ва раҳбарони маънавӣ дониста шуда буданд. Дар солҳои аввали ҳаракати инқилобии ёштуркҳо номи ин намояндагони турктабори Русия сабт аст: Ҷалол Коркмасов, Ахмет Саип Капланов (доғистонӣ), Тоҳир Доғистонли (аз қумиқҳо), Юсуф Ақчора, Гаяз Исҳоқӣ (аз тоторҳои Қазон), Закӣ Валиди Тоған (аз бошқирдҳо), Аҳмад Оғоев, Ҳусейнзода (аз озарбойҷониҳо) ва дигарон. Ва аз тарафи Ленин пазируфтану бар ҳадафи фаъолияти инқилобӣ дар Бухорои шарқӣ, истихдом намудани Анварпошшову ҳамсафонаш низ маҳсули он иттиҳоди инқилобиёни Русия ва Туркия буд. Ва низ ҳамин аст, ки дар торихи адабиёти шӯравӣ, бунёнгузорони ҳаракати пантуркистӣ дар Русия, Исмоил Гаспаринский (тотор) ва Мирзо Фатҳалӣ Охундов (Озарбойҷон), маорифпарварони равшангари Шарқ бозтоб шудаанд. Чуноне донишманди доно, Зарвонд ишора кардааст «пантуркизм дар ибтидо аз миёни тоторҳои Волгаву Қрим зуҳур кардааст.»

            Солҳои ахир синамогарони Русия бо як ҷаҳди хоса ба мавзӯи Чингизхон рӯ оварда, усулан талош варзидаанд то дар наворҳояшон ин барбари хунхори торихро, шахсияти созандаи башар бозтоб намоянд. Пас аз намоиши филми русии «Асрори Чингизхон», аз миёни мардуми ёқут бисёр ашхосе пайдо шуданд, ки низ насаби ёқутиҳоро аз улуси Чингиз дарёфтаанд. Филми Андрей Борисов дар миёни чингизпарастони муғул сару садое барпо кард, ки ишон ҳатто ба Созмони Милали Муттаҳид эътироз фиристода тақозо намуданд, то намоиши филмро берун аз марзҳои Русия манъ кунанд, зеро дар филм ҷараёни зиндагии Чингиз, на дар маҳдудаи Муғулистон, балки дар марзҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Саха ба тасвир омадаст. Синамогари дигари Русия, Сергей Бодров дар мавзӯи Чингизхон филме унвонии «Муғулҳо («Монголы)» ба навор гирифта, шоистаи чандин ҷоизаҳо  дониста шуд. (Дар мавриди навори муштамил аз 30 бахш, ки дар Муғулистон тавлид шуда, дар Русия пас аз тарҷумаву ба русӣ баргардондан, тавассути дискҳои бешумори видеоӣ ба кишварҳои шӯравии собиқ интишор дода шудаанд, танҳо ишора карданиам, ки симои Чингиз на кам аз чеҳраи паябарони диновар бозтоб гардидааст.)

  (идома дорад)

 

Реклама

комментария 2

  1. Ташаккур барои маълумотхои хуб устод.
    Гимни узбакистон такдиматон мегардад.
    70% точики калимахост

    Серқуёш, ҳур ўлкам, элга бахт, нажот,
    Сен ўзинг дўстларга йўлдош, меҳрибон!
    Яшнагай то абад илму фан, ижод,
    Шуҳратинг порласин токи бор жахон!
    Олтин бу водийлар — жон Ўзбекистон,
    Аждодлар мардона руҳи сенга ёр!
    Улуғ халқ қудрати жўш урган замон,
    Оламни маҳлиё айлаган диёр!
    Бағри кенг ўзбекнинг ўчмас иймони,
    Эркин, ёш авлодлар сенга зўр қанот!
    Истиқлол машъали, тинчлик посбони,
    Ҳақсевар, она юрт, мангу бўл обод!
    Олтин бу водийлар — жон Ўзбекистон,
    Аждодлар мардона руҳи сенга ёр!
    Улуғ халқ қудрати жўш урган замон,
    Оламни маҳлиё айлаган диёр!

  2. Ин гимнро хар руз курбокахои хави мо мехонанд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: