Хатари пантуркизм ҳанӯз боқист

 (Идомаи матлаби «Дуруд бояд даррандагони сањроро!!»)

Пантуркизм ва пантуронизмро набояд падидаи гузаро дониста, гумон бурд, ки ноҷиёни он дар садсолаи гузашта кори худро ба анҷом расонда, дигар имрӯз хотир осуда медоранд. Агар кӯшиши онҳо барои бунёди салтанати «Турони бузург», хаёли беморони рӯҳӣ ҳам бошад, онҳо ҷаҳду ҷидолашонро на танҳо ба хотири дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ҳаќиру ночиз арза доштани илму фарҳанги иронитаборон, ба вижа тоҷикон равона мекунанд, балки зимнан фишорҳои сиёсиву этноҷуғрофиёии хешро рӯз аз рӯз густариш дода, дар масири комёбиҳо низ ќарор доранд. Аммо тоҷикон ва иронитаборони дигар, содиќ ба хавоси торихии худ, бештар ба бозёбии фарҳанги динии худ фурӯ рафта, чун садупанҷоҳ сол пеш, бо эҳтиёткориҳои тарсбор пой дар ботлоќи нохудогоҳӣ ниҳодаанд. Агар ҳатто сухан аз наҷоти забони рӯ ба марги тоҷикӣ ҳам равад, чунон бомулоҳизаву нарм гап мезананд, ки ангор ҳар тоҷик ҳанӯз дар шиками модар дипломат шуда сипас берун баромада бошад. (Дар назар аст баромадҳои олимону порлумониён аз пардаи телевизион, ки гаштаю баргашта тоҷики бечораи бегуноҳро ба истилоҳ сафед мекунад, аз ќабили «русиро касе маҳдуд карданӣ нест, русӣ дар баробари забони давлатӣ ќарор дорад. Радиову газети русӣ аз тоҷикӣ ҳам зиёд аст..». Яъне забони русӣ ќудрати дар отия низ нотавонсозии забони тоҷикиро аз даст надодааст. Турктаборон дар баробари ҳушёриву чолокӣ, тунду ҷасуранд ва бар хилофи тоҷикон бим надоранд, ки рӯҳи кадом ҳамсоя, кадом самарќандиву бухороии тоҷик, русиву амрикоӣ, ё ҳамсояе озурда мешавад. Чаро? Чунки арзишҳои ќавму ќабоилиашон ҳамеша аз ҳама арзишҳои дигар болотар буд ва ҳаст.

 

Пантуркистон дар асри XXI

 

Пантуркистҳо имрӯзҳо китобу маќолаҳои пурҳаҷми бешуморе ба забонҳои русиву англисӣ интишор карда, сомонаҳои интернетиро аз «таҳќиќоти» тозаи худ, дар мавриди марзҳои Турони бузург, бартарии турктаборон аз дигарон пур кардаанд. Олимнамоёни туркгарои кишварҳои туркзабоне чун Озарбойҷон, Бошќирдистон, Еќутистон, Тотористон, Узбакистон, Ќазоќистон, Ќалмиќистон, Ќирғизистон, аз ҷумла Мурад Аджи, Рамазон Кафарли, Одил Боғиров,, Тохтамиш Турсунбоев, Эренжен Хара Даван, Салават Галямов, Серик Малеев, Калибек Дониёров, Табилди Акеров, Нурлан Амерќулов, Гога Ҳидоятов, Олжас Сулейманов ва дигарон дар ҳарзаофариниҳояшон ҳатто донишҳои исботшудаи забоншиносии иронӣ, антропологӣ, этнографӣ, ҷуғрофиёи торихӣ, топонимикӣ, адабиёт ва соири пажӯҳишҳои дар садсолаҳо андӯхтаи донишмандони барҷастаро, таҳриф ва инкор карда, ин илмҳоро худсарона, ба гунаи худ, яъне аз халои мағзҳои бемори туркгароӣ гузаронда, ба таҳрир даровардаанд. Усулан ишон андешаҳои бузургманишӣ ва ҳатто фошистии худро аз заболадони (ахлотдони) торих баргирифта, барои исботи он ки Чингизхон зодаи кадом улусу ќабилаву уруќ аст, ҳамдигарро мисли галласагҳо мехоянд. Пас аз фурӯпошии шӯравӣ мубоҳисаҳо он ќадар авҷ гирифта, ки олимнамоёни ќазоќ (мисли Серик Малеев, Калибек Дониёров) иддао доранд, ки Чингизхон аз ќабилаи найманҳо буда, то имрӯз ин ќабиларо барғалат ба муғулҳо нисбат медодаанд, аммо ҳоло тасбит шудааст, ки решаи ќабилаи найман туркӣ ва протоќазоќӣ будааст. Онҳо даъво доранд, ки маҳз ќабилаҳои «найман», «ќунғурот», «меркит» ва «кият», ки аслу насаби Чингизхон аз онҳо буд, дар ќурултои соли 1206 Темучинро (Чингизхонро) хон интихоб карда буданд.

            Олимнамоёни ќирғиз (аз ҷумла Табилди Акеров), ба истилоҳи худаш, пас аз муќоисаи маводи мутолиа карда чунин бардошт намудааст, ки Чингизхон иртиботи генеалогӣ бо ќирғизҳои степҳои Тува дошта, аз ќабоили ќирғизии «саруу» ва «мангуш» будааст. Дар ҷои дигар ӯ Темучин (Чингизхон) – ро 9 пушт аз ќабоили Оғузхон гуморида, решаи генеалогиашро аз ќипчоќҳо, туғузғузҳо, киятҳо (киятҳоро ќазоќҳо низ аз худ медонанд), жалчутҳо, мангитҳо, барлосҳо, ќунғуротҳо, ќатағанҳо дарёфтааст. Акеров аќида дорад, ки ќирғизҳо дар ќадим ќадбаланд ва чеҳраи аврупоӣ доштаанд ва сипас дар асари омехташавӣ бо ќабоили муғулӣ, симои муғулнажодиро ба худ ҷазб намудаанд. Дар ин ҷо бояд матлабро равшан кард, ки туркгароёне чун Акеров, агар хоҳанд гузаштагони худро, ба вижа сурати антрополгиашонро аврупоӣ ва сирати барбариашонро фарҳангӣ бозтоб кунанд, ногузир маҷбур хоҳанд шуд навиштаҳои торихнигорон ва сайёҳони ќадимро аз байн бибаранд. Аз ҷумла ба чунин иќтибоси торихнигори Фаронса, Рене Гроссе, ки  аз муаррихи готӣ- Жернандес, дар мавриди саркардаи туркҳои ҳун, Атилла ба сабт овардааст мебояд аҳамият дод: «Муаррихи готӣ мавсум ба Жернандес аз Атилла тасвири гирандае барои мо боќӣ гузоштааст: сиратан ва суратан ӯ мазҳару намояндаи ҳунҳост. Ќадди ӯ кутоҳу синааш фароху сараш дурушт аст. Чашмҳояш кӯчек ва фурӯрафта аст. Димоғаш паҳну ранги чеҳрааш тира ва таќрибан сиёҳ мебошад, риш надорад. Дар мавќеи хашму ғазаб махуф аст… »(Рене Гроссе «Императории саҳронавардон», Т. 1368, мутобиќ ба с.1989, саҳ.103).  Акеров мисли дигар олимнамоёни ќирғизу ќазоќу узбаки туркгаро, барои исботи иддаои худ далоиле меоваранд, ки дар сатрҳои дигари як маќола худ онҳоро инкор мекунанд. Мисле, ки Чингизро ќирғиз гуморида, чанд ҷумла пас ќирғизҳои ќадимро аврупоинажод донистааст, аммо ҳама огоҳ аст, ки Чингиз аз табори муғулнажодон, муғулчеҳра буд.

            Чингизхоншиноси ќалмиќ Хара Давана, (ки ӯро «евразийский калмык» ном бурдаанд), бо иҷоду истифодаи пай дар пайи таркибҳое чун «монголосфера» (фазои муғулӣ), «евразийская кровь» (хуни авруосиёӣ), «тропа Чингизхана» (пайроҳаи Чингизхон), майл дорад, ки таҳти парчами аждаҳофаши Чингиз, тамоми туркнажодони ҷаҳонро «консолидация» (муттаҳиду мутамарказ) намояд. Пантуркисти рус, ки дар Ќалмиќистон реша дорад, А. Дугин дар маќолаи худ, зери унвони «Чингизхон ва фазои муғулӣ» («Чингизхан и монголосфера», сомонаи интернетии Евразия.орг.), фарҳанги ирониро бо кӯчнишинӣ муќобил гузошта, тамаддуни чингизмаобиро, ҳамчун фарҳанги Турони бузург, ки бар пояи забт намудан, амр кардан, ҳукмронӣ кардан, беамону бераҳму сангдил будан, занони аз тарс ларзону гирёнро ба иҷборӣ ба оғуш кашидан ва амсоли он золимиҳо ќарор дорад, ситоиш ва тавсия намудааст. (Ҳама ибороти оварда, айнан аз Дугин.)

Туркгароёни Ҷумҳурии Саха (Еќутистон) низ Чингизхонро аз ќабилаи худ медонанд. Ба ин баҳси аз уруќи худ шумурданҳои Чингиз пантуркистони Тотористон ва Бошќирдистон низ маќолаҳо ба интишор расондаанд.

              Пантуркистони Узбакистон ќавми узбакро мустаќиман аз уруќи Чингизхон ҳам надонанд, пешвои худ, Темурлангро ба табори ӯ нисбат медиҳанд. (Дар ҳаќиќат ӯ муғули туркшуда буд.)

              Аз як ҷониб моро ба ин чингизпарастии аќвоми пошхӯрдаи биёбонҳои Гоби чӣ рабту чи кор?! Онҳо то замоне ки замин вуҷуд дорад, дар ҷустуҷӯи асолати торихиашон ҳамдигарро хоҳанд дарҳаму барҳам кард. Вале нукта ин ҷост, ки ишон кушту кушторҳо ва ќатли оми Чингизи хунхорро «мероси рӯҳӣ» (духовное наследие) ва «нерӯи зиндаи туронизм» (живая сила туранизма), барои амалӣ сохтани сенарияи нодири эсхатологӣ, яъне бунёди Империяи Ҷаҳонии Турон донистаанд. Зимнан нафрати Чингизхонро ба шаҳрнишинон сутуда, тамоми дастовардҳои фарҳанги ҷаҳониро мехоҳанд моли туркҳо бозтоб кунанд. Аз ҷумла ҷойгоҳи Ирон ва тоҷиконро дар он рӯзгорон ҳечу пӯч медонанд. Дар ин фурсат рӯи саҳафоти як ҳафтавор маҷол ба бозгӯии далоили бешумори аблаҳонаи онҳо нест, вале барои равшан шудани матлаб, ёдоварии чанде аз ҳарзабаёнии ишон зарур дониста шуд. Ба аќидаи пантуронистҳои навин, дар олам нахустин туркҳо ягонагии Худоро собит намуда буданд, ки он «Тенгри», ном доштааст. Ишон на танҳо аз диновари нахусти рӯи замин, Зартушт ва худои ягона Аҳурамаздо чизе гуфтан намехоҳанд, балки иддао доранд, ки китоби «Ќуръон», 300 сол пеш аз Муҳаммад (с), бо хати куфӣ навишта шудаву куфӣ хати тезнависи Олтой будааст. («Куфи по существу была скоропись Алтая». М. Аджи «Тюрки и мир. Сокровенная история»). Пантуркистон аз кашфи оташ то иҷоди вазни шеър, нотаҳои мусиќӣ ва ҳатто китоби афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ро ба туркҳо нисбат дода, башарро танҳо ба ду ќавм — ба туркҳо ва ғайритуркҳо фасл мекунанд ва чун фошистҳои воќеӣ, табиати худро нордӣ (нордический) ва ҳамќавмони хешро бавариҳо, готиҳо, бургундиҳо, саксонҳо медонанд. Ба аќидаи яке аз онҳо, «алеманҳо», яъне олмониҳо ин ҳамон аварҳо (баварҳо), барсилҳо, булғорҳо,, бургундҳо, готҳо, гепидҳо, сакоиҳо, саксонҳо, утуғурҳо, ќуртиғурҳо аз як нажоди олии бузург буда, генотипи олтоиҳо, ќазоќҳо, каталониҳо, баварҳо, англисҳо ҳамсон мебошад. Гузашта аз ин топоними «Дойч» (Deutsch), гӯё аз «Дашти Ќипчоќ» баргирифта шуда бошад ва германҳо дар гузашта туркзабон будаанду оҳангариро дӯст дошта, аспсавор меҷангидаанд ва низ ќумис менӯшидаанд. (Мурад Аджи, «Тюрки и мир»).

            Пантуркистон барои илмгуна нишон додани далоили казоии худ, ба ташреҳи дурӯғини этимологияи (торихи пайдоиши) як силсила калимаҳо даст задаанд, ки ба донишҳои лингвистӣ (забоншиносӣ) ҳеҷ наздикие надоранд. Дар зимн вожаҳои зиёди асолатан форсӣ – тоҷикӣ ва арабиро, ки аз роҳи тоҷикӣ ба забонашон ворид шудаанд, сирф туркӣ бозгӯ мекунанд. Чунончи бар ҳадафи ташреҳи маънии ватани хаёлиашон «Салтанати дашти Ќипчоќ» (гарчанде чунин салтанату давлат вуҷуд надошт: «Держава Дашти Кипчак, от Алтая до Альп»), вожаи форсӣ – тоҷикии «дашт»-ро ба «тош» — и туркӣ марбут дониста, мехоҳанд бо тафсири омиёнаву ғайриилмӣ андешаи ноогоҳонро аз воќеият дур бибаранд. Назар ба тафсири норости онҳо «тош»-и туркӣ, ба ҷуз аз мафҳуми санг ба маънии «чеҳра» ва «кишвари аз соҳил берун баромада»-ро дошта будааст. Чуноне ки донишманди донои тоҷик, Ҳазрат Сабоҳӣ дарёфтааст, ба забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар исмҳо артикли «да» роиҷ аст. (дар забони англисӣ das, дар забони олмонӣ der, дар забонҳои фаронсавӣ ва итолиёвӣ la, le, дар забони паштуӣ do). Аммо дар забони форсӣ – тоҷикии муосир ин артикл аз миён рафта бошад ҳам, дар калимаҳои ќадим, ба вижа дар топонимҳо боќӣ мондааст. Монанди «дашт», «дарӣ», яъне «ҳамворӣ», «ориёӣ» (топоними Ашт, аз ҳамон вожа баргирифта шудааст: ашт-da asht, дари-da ari). Ишон ҳамин тавр калимаи «кент»- ро, мисли забоншиносони Узбакистон, туркӣ медонанд, ки ғалати маҳз аст. Лингвистҳои (забоншиносҳои) пантуркист ҳатто исми шаҳрҳои аврупоии Гент, Генуя, Кент (Инглистон) – ро туркӣ шуморидаанд, ки хеле музҳику хандадор аст. Дар илми забоншиносӣ маълум аст, ки калимаи «кент», ҳиндуаврупоӣ буда, ба феъли «кандан»-и форсӣ иртибот доштанаш тасбит шудааст. Дар бостон мардумони шаҳрсозу шаҳрнишини ориёӣ, ҳини бунёди аввалин шаҳрҳо, барои дифоъ аз ҳамлаи ғорнишинону шикорафканони рамагард, атрофи шаҳристонҳоро канда, об сар медоданд. Ва ё гирдогирди шаҳристонҳоро бо хандаќу чӯб иҳота мекарданд. Аз ҳамин ҷост пасвандҳои «канд» ва «гирд», дар топонимҳои ҳиндуаврупоӣ, мисли Самарканд, Чочканд, Вобканд, Панҷканд, Лавеканд, ё Вахшгирд, Сиёвушгирд, Белград, Старград… Хандадор аст, ки як идда номҳои шаҳрҳои Аврупоро, ки бо ҷузъи «дам» хатм мешаванд, барғалат туркӣ шарҳ додаанд. Мисли Амстердам, Ротердам, Потсдам.. Ба назари аз илм дури онҳо вожаи «дамба», пайдоиши туркӣ дорад. Аслан ин вожаи ҳиндуаврупоӣ буда, дар забони форсӣ-тоҷикӣ, аз феъли «дамидан» баргирифта шудааст ва вожаҳои русии «тумба», «дамба», тоҷикии «тумба», ба маънии садд, ҳамреша мебошанд. Зикри нуктаи дигареро зарур медонам, ки номҳои ҷуғрофиёии Осиёи Миёна саросар форсӣ – тоҷикӣ буданд ва туркҳо пас аз тохтутозу истеъмори ин сарзамин, ќисме аз онҳоро туркӣ сохтанд ва ончуноне академик Бартолд равшанбинона дарёфта буд, раванди ба туркӣ иваз намудани номҳои форсӣ – тоҷикӣ ҳанӯз ҳам ба поён нарасидааст: «Туркон пас аз суќути давлати сомониён, беш аз пеш ба он сомон муҳоҷират ва наќли макон карданд ва мутадриҷан номи Мовароуннаҳри арабӣ ба Туркистон мубаддал шуд ва номҳои ҷуғрофиёии туркӣ падид омад. Забони туркӣ ба тадриҷ ирониро аз майдон бадар кард, гӯё ки ин ҷараён дар аҳди фармонравоии русиҳо пешрафти азиме карда, то кунун ҳам поён наёфтааст». (В. Бартольд, «Обёрӣ дар Туркистон», тарҷумаи Карими Кишоварз, Т.,1350, мутобиќ ба 1972, саҳ.27

            Дар ин ҷо намехоҳам таҳрифҳои бешумори лингвистии онҳоро ба дарозо бибарам, зеро ишон аз вожаҳои «бобо» ва «худо» — и форсӣ шурӯъ карда, то калимаҳои «або» ва «оллоҳ» — и арабиро дар ҳарзаофариниҳои худ, худсарона туркӣ эълом доштаанд.

(идома дорад)

Реклама

комментария 2

  1. Россия — родина слонов!

  2. рахмат барои маълумоти бенихоят мухим.хело чизхои зиёдеро аз матлаби шумо дарёфт кардам.бештар чунин чизхоро нашр кунед то мардуми форстаборон (ирон.афгон ва точикон)аз таъриху маданияти худ ошно шаванд.
    ин турктаборон на ватан доанд на маданият.турони биёбони ва бо шири буз парварида шуда ба кадри мо нахоханд расид.аз мо омухтанд аз мо норози ва душмананд.
    барои дар оянда маколахои чолиб барори кор хохонам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: