Тирамоҳ

Мақолаи  ҳозирро ба-дон сабаб омода намудам, ки рўзе дар барномаи телевизионие наттоқи шабакаи аввал аз доншманди шинохтаи забон пурсид, ки «тирамоҳ фасли заррин аст, Шумо мегуфтед, ки тирамоҳ чист? Шояд ин фасл бар он сабаб тирамоҳ ном гирифтааст, ки мисли тобистон равшан нест.» (айнан) Устоди забон, ки дар асл донишманди пуркору академик мебошанд, ба пурсиши душизаи наттоқ ба сурати «бале, тирамоҳ барои он ном гирифтааст, ки ҳаво тиратар мешавад», посухе дода, мавзўи сўҳбатро тағйир доданд. Беҳтараш бояд гуфт наттоқ сухани устодро дар даҳонашон хафа кард. Мо ки чанд нафар ин сўҳбатро мешунидем, ҳамнишинон аз инҷониб маънии вожаи «тирамоҳ»-ро пурсиданд. 

Нахуст ба онҳо гуфтам, ки наттоқ ба донишманд фурсат надод, то вожаи мазкурро шарҳ диҳанд. Ҳамнишасте гуфт дар телевизиони мо расм шудааст, ки ба вижа душизаҳои баранда як профессор, ё академикро дар рўбарўяшон шинонда, бо фазлфурўшӣ аз он донишманд бештар гап мезананд. Дигаре гуфт, гузашта аз ин наворгир чеҳраи наттоқро бо тамоми таннозиҳояш ба намоиш гузошта, ғолибан нимрухи (профили) донишмандро нишон медиҳад. Бояд ҳамсўҳбати донишиён як барандаи огоҳ аз донишҳо бошад, на як ҷавони дирўз курсии донишҷўиро тарк карда.

            Вале телевизиону завқу ҳуши коршиносонаш мавзўи дигар аст ва мо тасмим гирифтем, ки дар мавриди маънии вожаи «тирамоҳ», ё «тирмоҳ» сўҳбате дошта бошем. Дар биниши сатҳии ин вожа, гумони дар боло овардаи наттоқи телевизион ва таъйиди донишманди забоншинос мантиқӣ ба назар мерасад, зеро дар ин фасл ҳаво нисбат ба тобистони равшан, тира мегарадад. Аммо пас аз мутолааи тақвими яздигурдӣ (тақвими кунунии Ирон), метавон маърифат ҳосил кард, ки ҳар номи моҳҳои бостонии иронинажодон, торихе дорад реша аз бовариҳои бостонии ниёконмон баргирифта. Аз ҷумла «тирамоҳ», аз вожаи «тир» баргирифта шуда, ба достони пурифтихори ватанпарасти бостон — Ораши камонвар, ки дар китоби китобҳо «Авасто» ва шоҳи китобҳо «Шоҳнома» омадааст, пайванд аст. Фишурдаи достони Ораш ин аст, ки Манучеҳршоҳ мехоҳад бар ҷангҳои ҳамвора харобиовар бо Турон хотима бахшида, роҳи мусолиҳа пеш гирад. Бинобар ин бо шоҳи Турон Афросиёб ба қарор меоянд, ки камонваре аз ирониён пайдо кунанд, ки аз болои кўҳ ба машриқ тире раҳонад ва он тир ба ҳар ҷое афтад, он марзи Ирону Турон дониста шавад. Манучеҳршоҳ аз миёни лашкариёни хеш Орашро пайдо мекунад. Ораш бар по хоста тан урён менамояд ва ба атрофиён намоиш медиҳад, ки комилан солиму сиҳат аст, вале ба ҳангоми партоб кардани тир танаш пора хоҳад шуд. Ораш мегўяд: «Ман ин ҷисму ҷонро аз меҳр бар Иронвиҷ месупорам». Ораш ба кўҳи Дамованд баромада, аз худои ягона Аҳурамаздо таманно мекунад, ки нерўи азиме бар бозувонаш барангезад, то тираш ҳар чи дуртар, то ба саҳроҳо расад. Ончуноне ки Абурайҳони Берунӣ овардааст «…сипас бараҳна шуд ва ба қуввату нерўе, ки худованд ба ў дода буд, камонро то баногўши худ кашид ва худ пора-пора шуд. Ва худованд бодро амр кард, ки тири ўро аз кўҳӣ Рўён бардорад ва ба ақсои Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад…» (А. Берунӣ, «Осор-ул-боқия», Д.1990,с.239). Дар ин маврид шоири шинохтаи Ирон, Сиёвуши Касроӣ, хеле зебо сухан гуфтааст:

                       Ҷони худ дар тир кард Ораш,

                        Оре, оре ҷони худ дар тир кард, Ораш.

                        Кори садҳо сад ҳазорон теғаи шамшер кард, Ораш!

 Абуалӣ ибни Сино низ пиромуни ривояти Ораш сухан гуфтааст, ки тибқи он тир бо шуоъи камони ҳафтранги осмонӣ омехта, то ба Сайҳун мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ (дуруд бар равони покаш), бо суханҳои зебо родмардии Орашро сутудааст:

                         Бузургон, ки аз тухми Ораш буданд,

                        Далеру сабуксору саркаш буданд.

 Дар бостон иронинажодон рўзи чаҳордаҳуми ин моҳро, ҳамчун Тиргон ҷашн мегирифтанд бад-он сабаб, ки он рўз хабар оварданд тир дар куҷо афтодааст.

            Ба ин нукта лозим аст ишора шавад, ки миёни «т и р а м о ҳ и» тоҷикӣ ва «т и р м о ҳ и» тақвими яздигурдӣ (моҳи Тир) тафовутҳо мавҷуд аст. Дар тақвими яздигурдӣ моҳи чаҳоруми сол, ки Тир номида шудааст ба фасли тобистон рост меояд, вале тоҷикони Вароруду Хуросон, бо вожаи «тирамоҳ» фасли солро ифода мекунанд, ки дар Ирон ба ин маънӣ «пойиз» гўянд. Дар гоҳшиносии бостонии ирониаслон, ки яке аз гоҳшиносии беҳтарини ҷаҳон дониста мешавад, тақсимбандии фаслҳои сол, аз шакли кунунӣ тафовут дошта, ба шакли зайл будааст: баҳор – wahar, тобистон —  hamin (ҳомин), тирамоҳ (пойиз) – padez, зимистон – zameston.

            Чун сарнавишти мардуми иронинажод ба заминдориву ободӣ пайваст буд, ғолибан шаҳрнишиниву деҳнишинӣ ихтиёр доштанд, гоҳшумориашон низ ба шумули номи моҳҳо ба кишоварзӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Ҷашнҳои бузургтарини бостонии ин мардум дар баробари ситоиши офариниши офтоб, замин, об, оташ, одам, ҳар кадом ба тағйири боду ҳаво киштукори зироат иртибот доранд. Бузургтарини ин ҷашнҳо Наврўз, Меҳргон, Сада мебошанд. Ба фасли хазон яке аз ҷашнҳои бузург Меҳргон рост меояд ва МЕҲРГОН номи дигари Офтоб аст. Меҳргонро аз Наврўз гоҳе боло медонанд ва ончуноне ки аз навиштаҳои Бесутун бармеояд, соли нави ирониаслон дар ибтидо айёми хазон баргузор шуда, ҷашни Меҳргон низ аз ҳамон замон баргирифта шудааст. Ин ҷашнро «Меҳргони бағёд» меномидаанд. (баға, яъне худо, «бог»- дар забонҳои славянӣ). Пажўҳишгарони торихи гоҳшиносӣ чунин истидлол мекунанд, ки бахшҳои маросимие, ки дар Наврўз ба кишоварзон иртибот доранд, баргирифта аз соли нави бостонии тирамоҳӣ, аз Меҳргон мебошанд. Агар Наврўз дар эътидоли баҳории шабу рўз (12 соат шаб ва 12 соат рўз), ҷашн гирифта шавад, гиромидошти Меҳргон дар эътидоли тирамоҳии сол сурат мегирад.

            Дар мавриди вожаи «меҳр» ва ҷашни Меҳргон сухан бисёр аст, вале чун ҳадаф надорем, ки дар ин фурсат ба паҳлўҳои дигари онҳо нигарем, танҳо зикри ин нуктаро зарур донистем, ки бузургони ирониасли дини ислом аз фазли ду ҷашни миллӣ – Наврўз ва Меҳргон бо меҳр сухан гуфтаанд. Аз ҷумла Салмони Форс гуфтааст: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст бар ҷавоҳири дигар.» (Абурайҳони Берунӣ, «Осор-ул-боқия», Д.1990, саҳ.242).

            Ин нукта низ қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар кишвари мо бо вуҷуди расмиву давлатӣ донистани ҷашни Меҳргон ва дар маврид тавсияҳои неки Президент Эмомалӣ Раҳмон, ба иллати адами андешаи миллӣ дар кулоҳмонакҳои дастандаркорон, Меҳргон ба таври шоиста ҷашн гирифта намешавад. Вагарна баргузоркунандагони идхои «каду», «асал», «харбуза» метавонистанд ҳосили кишоварзонро дар ин рўз ба намоиш гузошта, фурўши тухми зироати ислоҳшудаву арзоншударо ба роҳ монанд ва аз болоравии арзиши маснуъии сўзишвории нафтӣ, дар фасли кишти зироат ҷилавгирӣ намуда, кишоварзони комёбро ситоиш ва худовандеро, ки ин сарзамини офтобиву обшорро ба мо арзонӣ доштааст, ниёиш мекарданд.

            Дар поён овардани ин байти шоири беҳамто, Маҳдӣ Ахавони Солисро(мутахаллис ба Умед) ҷоиз медонам, ки мисраи аввал, агар лаҳзаеро аз вижагиҳои пойиз (тирамоҳ) бозтоб карда бошад, гумон меравад мисраи дуввум бозгўкунандаи ин ҷустори хурди мо дар мавриди тирамоҳ мебошад:

                         Гулбуни довудии пойизи равшан хоҳад Умед,

                        Эй, дарахти маърифат, ҷуз шакку ҳайрат нест борат.

(Яъне шоир дастагули довудӣ (хризантема)-ро орзу кардааст. Гуле, ки дар тирамоҳ, ҳангоми гулҳои дигар рў ба пажмурдан овардан, ба шукуфтан оғоз мекунад ва шабҳангом, дар партави нўри моҳ, чун чароғ рўшноӣ медиҳад. Ва дарахти донишро мева ҳамеша ба ҳар андеша шак овардану аз ҳар бозёфт дар ҳайрат мондан аст.)

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: