Лаънат бар дурӯғ!

Аз омӯзаҳои доноёни ториху адаб омӯхтаем, ки решаи ҳикматҳои тамоми бовариҳои диннии ҷаҳониён, ба шумули яҳудӣ, масеҳӣ , ислом ва соири динҳои ягонахудоӣ, обишхӯри фалсафаи бузурги Зартушт мебошанд, поя бар ҳикмати барҷастаи «Маниши нек, Куниши нек, Гӯиши нек», доранд. Боре дар мақолаи хеш, зери унвони «Зартушт – диновар ва падари фалсафаи ҷаҳон» («Нигоҳ»), бахше аз арзишҳои умумибашариро чун намуна оварда будем, ки ҳанӯз шаш ҳазор сол то падид омадани бовариҳои диннии яҳудӣ, насронӣ ва ислом, гузаштагони дури мо онҳоро дарёфта буданд. Дар миёни он ҳама арзишҳои умумибашарӣ, бар дурӯғу дурӯғгӯ лаънат фиристодан, ҷойгоҳи вижаеро дорост.
Вожаи “дурӯғ”, дар “Авасто” (яснои 31), ба шакли “друҷ” (Drug), ба унвони лақабе барои Аҳриман, ё барои табақаи девҳо, ки шоҳашон Заҳҳок (Ажидаҳҳок) аст ба кор бурда шудааст. Ҳамчунон ба девҳои мода чунин ном гузошта шудааст. Фиребидану шарру шӯру тазвир бо истилоҳи “друҷ” ифода мегардад. Чунин менамояд, ки ин вожа дар забонҳои славянӣ, аз ҷумла дар забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, булғорӣ ба шакли “дурак”, ба маънии аблаҳ кор бурда мешавад.
Ончуноне дар модари китобҳои ҷаҳон “Авасто”омадааст, фариштаи Баҳман (Ваҳуман) ба назди Зартушт фуруд омада мепурсад кистиву чи таборе дорӣ ва кому орзӯят чист? Зартушт мегӯяд, ки “ман Зартуштам, душмани дурӯғ, дӯсти нерӯманде аз барои пайравони ростӣ ҳастам” (Готҳо, с. 43) Ва дар ҷойи дигар таъкид мекунад, ки он ки дурванду дурӯғкирдору каҷандеш аст, аз Анграмайну (Аҳриман) ва коми хуш наёбад ва сарнавишти табоҳ дошта бошад. Дар “Авасто”, дар муқобили “хиради поку муқаддас” – Спинта майну (Spӯnta mainuy), аз «хиради палиду дурӯғ» — Анграмайну (Angra mainuy), гуфтаҳои зиёде мавҷуд аст, ки мардумонро аз роҳи Аҳриман – роҳи дурӯғу торикӣ, ҳазар карданро таъкид мекунанд. (Ишора аз китоби донишманди фарҳехтаи Ирон, Ҳошим Разӣ, “Торихи мутолиоти динҳои Ирон”, Т., 1371, мутобиқ ба с. 1992 селодӣ, с.247)
Ҳеродот – торихнигори овозадори бостон навиштааст, ки “дурӯғ гуфтан дар ойини Зартушт гуноҳи кабир аст ва дар назди ирониён палидтарин кор дониста шудааст”. Ин гуфтаи Ҳеродот баргирифта аз чунин сангнабиштаи Дориюши Бузург аст, ки ба ин маънӣ ишора гардидааст: “Ту ки рӯзе шоҳ хоҳӣ шуд, аз дурӯғ бипарҳез ва касеро ки дурӯғ мегӯяд сахт ҷазо бидеҳ”. Дар ҳақиқат гузаштагони мо бад – он сон ба дурӯғ кароҳати беш ва ба дурӯғгӯ нафрат доштаанд, ки онро бо офатҳое чун хушксолӣ ва ҷанг ҳамгун мегуморидаанд. Шоҳаншоҳ Дориюш, ба ҳангоми дуо, аз худованд мехоҳад кишварашро нахуст аз сипоҳи душман (ишора ба ҷанг), сипас аз хушксолӣ (ишора бар табақаи кишоварзу пешавар) ва севвум дурӯғ, нигоҳ дорад.
Торихнигори дигари Юнони бостон, Плутарх дар “Авасто” дарёфтаст, ки дар ин китоби муқаддаси иронинажодон аз шаш дев ёд мешавад. Аммо дар “Гот”ҳо, дар бораи се деви дар муқобили амшосипандон (фариштаҳо) қарор дошта сухан рафтааст; нахуст “Ак – мана” (Ака мана), ба маънии маниши бад, дар муқобили Ваҳумана – маниши нек, дуввум Друҷ (Drug) – дурӯғ дар муқобили “Аша” (Asha) – ростӣ ва севвум деви Айешма (Aӯshma) – хашм, дар муқобили шаҳривар.
Гузаштагони дури мо ба дурӯғгӯён кайфару ҷазои сахт раво медидаанд. Агар шахсе ба гуфтани сухани дурӯғ муртакиб мешуд, дар назди мардум “савганд мехӯрд.” Ин амали ниёконамон аз савганд ёд карданҳои ҳамзамонони имрӯзин тафовутҳои қатъӣ дошт, зеро ки савганд хӯрдан на танҳо ба забон овардани сухан буд, балки барои исботи сухани рости худ амалеро анҷом медод, ки дар бисёре аз мавридҳо ба марги дурӯғгӯ анҷом мепазируфт.
Дар “Авасто” вожаи “САВГАНД” (SAOKӯNTA), ба маънии гӯгирд аст ва таркиби “савганд хӯрдан” ро маънӣ гӯгирд хӯрдан аст, ки ҳангоми муҳокимаҳои печдарпечу мубҳам аз роҳи имтиҳону озмоиши гунаҳкорӣ, ё бегуноҳии шахси гумонбар вайро миқдори гӯгирди бо об омехтаро мехӯронданд ва дар вуҷудаш пайдо мегашт, ки гунаҳкор аст, ё на.
Таркиби “қасам хӯрдан”, баргирифта аз амали савганд, яъне оби гӯгирд хӯрдан мебошад, зеро равшан аст, ки қасамро хӯрда намешавад. Дар ин ҷо баъдҳо калимаи арабии “қасам”, ҷойи вожаи форсӣ – тоҷикии “савганд” ро гирифта, ҷузъи таркиби феълии “хӯрдан” и тоҷикӣ боқӣ мондааст.
“Қуръон”и карим низ ба дурӯғу дурӯғкорон лаънати сахт раво дидааст ва дар ин бора, бародари гиромӣ, Зоҳири Давлат дар навиштори хеш, зери унвони “Сарзадаҳо бештар дурӯғ мегӯянд”(“Миллат”, 01 04. 2010), пеши дидори хонандагон гузошта буданд, ки мо онҳоро дуборагӯӣ намекунем. Ва дар ояи раҳнамунгар, дар сураи “Анъом”, гӯётарин сухан дар мавриди кароҳатбору зишт будани дурӯғ ба чашм мехӯрад: “ Ва кист ситамгортар аз касе, ки барбаста бар худо дурӯғро, ё ба дурӯғ нисбат кард оёти ӯро. Ҳаройина растагор намешавад ситамгарон.”
Чуноне дар боло ишора шуд, бобоёни мо нахустин одамони рӯи замин буданд, ки пеши роҳи дурӯғро гирифта, рӯи дурӯггӯро сиёҳ карда буданд. Аммо чи шудааст, ки аберагони он покони дур ин қадар дурӯғгӯиро густариш ва дурӯғгӯёнро ситоиш намуда, дар рӯзе ба дигарон сад дурӯғро раво мебинанду, мижа пойин намекунанд. Ва ҳамон ривоҷи дурӯғ нест, ки шумори онҳое афзудааст, ки бо баҳонаи дурӯғи маслиҳатомезу фоидаовар, имону виҷдону ҷавонмардӣ ба савдо гузошта, суханро хормоя мегузоранд?!

Реклама

комментария 4

  1. Дастатон дард накунад!
    Хеле мамнун!

  2. Салом муаллими азиз.Шумо ин кадар аловпараст мисли Бозор Собир.Агар хафа набошед ба суолам чавоб медодед.!Шумо холо хам аловпараст астед ё худ Мусулмон?

    • Дуруд, дусти азиз! Устод Мирзоён хеч гох «Аловпараст» набуданд ва аз нигохи эшон низ дар хеч давру замон «аловпарастон» вучуд надошт.
      Мапиндор, ки оташпарстон буданд,
      Парастандаи оташи поки Яздон буданд.
      Ба самъи Шумо мерасонем, ки устод Мирзоиён мусалмон буданд ва мусалмон боки мемонанд. Ва шархи ояхои Куръонро аз хеле домуллохо хубтару нагзтар медонанд. Аммо устод хамеша аз гузаштагон мегуянду менависанд, вале ин маънои онро надорад, ки у «алопараст» аст. Эхтиром ба гузаштагон ва ёдовари аз онхо агар «аловпарасти» бошад, дигар казоат шуморост. Хамрох бо устод Мирзоён дар ин мохи барои мо мусалмонон муборак аз даргохи Ядони Пок бароятон тавфик хохонем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: