Рухшона қаҳрамони кӣ буд ?

 Тоҷикони мо агар бигӯем, ки қаҳрамонношиносанд, бедуни шак дучори иштибоҳ нахоҳем шуд, зеро ҳар ки бар сари ин мардум бо шамшер омад ва ё бегонагонро парастиду ба худиҳо хиёнат кард, дар васфашон қиссаҳо бофтанду тавсифҳои марғубашон карданд ; Искандарро «Зулқарнайн», Темурро «Соҳибқирон», Маҳмудро «Сайфуд-давла», Олимхонро «Олампаноҳ ва амсоли он. Чун аз расонаҳои хабарӣ огаҳ шудам, ки кадом тоҷике дар васфи Рухшона – маъшуқаи Искандари Мақдунӣ филме ба навор мегирад, он гумонам ба қаҳрамонношиносии тоҷикон яқин шуд.         

Пеш аз он ки дар мавриди номи аслии Рухшона ва «қаҳрамонии» ӯ ба сухан пардохта шавад, лаҳзаеро ёдрас мешавам, ки ҳангоми маъмурият доштанам (солҳои 2003-2006) дар шаҳрдории шаҳри Кӯлоб ба он рӯ ба рӯ шуда будам. Дар баргузории ҷашни 2700 – солагии Кӯлоб, барои навиштани намоишномаи (сенарияи) намоиши майдонии театрӣ миёни иҷодкорон конкурс эълон шуда буд. Инҷониб ба ҳайси раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳр, ҳамчун сардори ҳайати ҳакамон намоишномаи нисбатан беҳтарро, ки адиби ҷавон Файзи Ашур навишта буд, ба иллати тавсифу ситоиши норости Рухшона, барои ислоҳ баргардонда, тавсия намудам, то дар ҳамкорӣ бо шоир ва дромнависи шинохта Сафармуҳаммад Аюбӣ, аз нав бознавишта шавад. Пешниҳоди нахусти сенария дар вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт ва хушбахтона муовини онвақтаи вазири фарҳанг, шахсияти андешаманд ва ватанхоҳ, доктор Иброҳим Усмонов дар он ҷо ҳузур дошта, назари моро ҷонибдорӣ намуданд ва иддаои чеҳраи назарногир будани Рухшонаро таъйид намуданд. Иддаои инҷониб барои аз бозтоби он намоиш бардоштани намоди Рухшона – маъшуқаи иронинажоди Искандари Мақдунӣ буд. Муаллифи намоишнома дар пайравӣ ба адабиётшиносиву торихнигории урупоиву шуравӣ он қадар Рухшонаро ситоиш намуда буд, ки Искандари истеъморгар бо издивоҷ ба душизаи иронитабор, гӯё аз кирдораш пушаймон шуда, ба накӯкорӣ ва ободиву умронӣ пардохтааст. Дар намоишномаи номбурда, чун лаҳзаҳои рақси «рухшонаҳои париваш» ва ишқварзии «рухшонаҳои меҳанпараст» бо лашкариёни Рум саҳнаҳое пешниҳод шуда буд. Зимни муҳокимаи дар пеш ёдшуда, инҷониб арз намуда будам, ки ҳангоми ситоиши Рухшона торихнигорони мо андеша накардаанд, ки ба қотили падар, кушандаи садҳо ҳазор ҳамқавмони худ ва ба бардагӣ ба Юнон барандаи даҳҳо ҳазор кордону ҳунармандон, вайронсозу ғоратгари сарзамини падарон, ба оташ диҳандаи китоби милливу диннӣ -«Авасто» ва умдатан аз байн барандаи фарҳанги ҳазорсолаи аз юнониёну аврупоиён болотар, тан бахшидану ишрат рондан, кадом қаҳрамоние нест. Ба вижа қаҳрамоние, ки онро мояи ифтихор ва пайравии озодагон қарор диҳанд. Ситоишҳои Рухшона тавтеъаи маккоронаи торихнигорони урупоиву яҳудӣ беш нест. Дар пушти пардаи ин ситоиш амре ниҳон аст ба сурати зайл: «шумо бояд ифтихор дошта бошед, ки лашкаркаши аврупоӣ душизаи иронинажодро ба ҳамхоба будан пазируфтааст…»

Чунин ситоиши заҳрогин ба бори аввал нест. Торихнигорони бегона симои барҷастаи торихи иронинажодон, Куруши Кабирро дар рубарӯи Томирис ҳақиру аҳриманӣ бозтоб намуда, қиссаи сари Курушро аз тан ҷудо кардану ба халтаи пур зи хун гузоштан ва ба Иронвиҷ равон карданро сохтаву бофтаанд. Бубахшед, танҳо як шахси аблаҳ метавонад ба чунин ҳарзаофаринӣ бовар кунад. Ҷаъливу барсохта будани қиссаи сари Курушро буридани хотуни бодиягард, Томирис ба далелу бурҳони вижае ниёз надорад. Танҳо як пурсиши зайл он барсохтаҳоро метавонад такзиб кунад: Магар шоҳаншоҳе,ки нисфи ҷаҳонро тасхир  карда,беҳтарин конун и давлатдориро бунёд кардааст, наметавонист ибтидоитарин рукни шаҳриёрӣ, яъне дар атрофи хеш доштани рӯзбонони ҳушёру вафодорро муроот намояд? Ва ё  писари он шоҳаншаҳи бузург — Камбуҷияи силаҳшур магар имкон медод, то зани саҳронаварде сар аз пайкари хастаи бузургвораш ҷудо кунад? Ҳол он ки торихнигорони дур аз ғараз нигоштаанд, ки Камбуҷия пайкари ҷароҳат бардоштаи падарро ба Ватан бурдааст ва пас аз марг, ӯро ба хок супорида, мақбараи дар дунё машҳури Посоргадро эъмор кардааст. 

              Искандар-домоди суғдиҳову бохтариҳо (тоҷикони имрӯз.)

            Дар мавриди кӣ будани Искандари Мақдунӣ он қадар китоб навиштаанд, ки шояд  чун ӯ чеҳраи дигари торихӣ бад-он сон дархӯри таваҷҷӯҳи торихнигорону адибони замонаҳо нагашта бошад. Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки бахшида ба Искандари Мақдунӣ беш аз 30 000 китоб таълиф шудааст. Ба вижа торихнигорон, адибону синамогарони Аврупо ҷузъиёти зиндагии Искандари Мақдуниро бозтоб намуда, намоди нерӯи созандаву фарҳангпарвари аврупоиеро дар муқобили тамаддуни Шарқ ба вижа Ирони кабир (ки дар филмномаҳо «барбарон» унвонашон кардаанд), барсохтаанд. Мутаасифона то кунун дар адабиёт ва пиндоштҳои мардуми иронинажод, ба вижа тоҷикон ба чунин андеша рӯ ба рӯ мешавем, ки аз Александр Македонскии золиму қотилу ғоратгару харобсоз, Искандари Зулқарнайни додгустару башардӯсту растагору раиятпарвар, мубориз бо ситамгарон тасвир мекунанд. Искандаре, ки сарвати бебаҳои Истахр, хазоини бепоёни Суғду Бохтарро ба ғорат ба Юнон мебарад. Тахти Ҷамшедро бо китоби муқаддаси «Авасто», ки ёдгори беҳамтои фарҳанги ҷаҳонӣ буд . туъмаи оташ мекунад. Донишманди нуктасанҷи Ирон, Ғуломҳусайн Бегдилӣ дар иртибот ба ин мавзӯъ, бо дақиқназарӣ гуфтааст, ки Искандар бо кирдори ноҷавонмардонаи худ чунон ба ториху фарҳанг ва ҳайсияти миллии Ирон ва сарвати маънавии кишвар зарба мезанад,ки таъсири тоқатфарсои он то ҳанӯз идома дорад: «..ва агар ин таҷовузи ваҳшиёна ба ҳарими фарҳангу забон ва истиқлоли Ирон набуд, заминаи шикастаҳои баъдии ирониён дар баробари ҳуҷуми аъроб, истилои салҷуқ, юриши муғул ва темуру афғону ғайра ҳам фароҳам намешуд.» (Доктор Ғуломҳусайн Бегдилӣ, «Чеҳраи Искандар дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Искандарнома»-и Низомӣ, Т.1369, мутобиқ ба 1991, с.67).

Гумон ба яқин аст хушбинии Низомии Ганҷавӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз чеҳраи Искандари воқеӣ, Искандари афсонавӣ бозтоб намудаанд, шолудаи диннӣ доштааст, зеро Искандар бунёди фарҳанги тоисломии форсиён, ба шумули китоби «Авасто» ва маъбадҳои зартуштиёнро дарҳам рехта буд ва шояд аз он ҷо низ ношӣ шудааст, ки дар «Қуръон»-и маҷид аз Искандари Зулқарнайн, ба масобаи давлатмарди созандаи садди оҳанини маъруф, ёдрас шудааст. Дар назар набудани Александр Македонскиро дар «Қуръон»-и маҷид, ин нукта низ шояд битавонад баёнгар бошад, ки исм аз Искандари Зулқарнайн, на дар сураи «Аррум», ки ба румиён ихтисос дорад  омада, балки дар сураи «Алкиҳф» ба зикр расидааст. Аммо баъзе донишмандон бар чунин ақидаанд, ки Искандари дар «Қуръон»-и маҷид зикр гардида лашкаркаши юнонӣ набуда, Фаридун-шоҳаншоҳи Ирон дар назар аст. («Ғиёс-ул-луғот») Баъзеҳо бар онанд, ки Куруши Кабир ҳамон Искандари дар «Қуръон»-и маҷид ишора шуда аст. Абӯрайҳони Берунӣ бо ишора ба гуногунии андешаҳо, дар мавриди Искандари «Қуръон», аз аҳли араб буданашро низ эҳтимол задааст: «Қисме гуфтаанд, ки Зулқарнайн Саъб бинни Ҳаммоли Ҳимярӣ аст» (А. Берунӣ, «Осор-ул-боқия», Д.,1991., саҳ.57).

            Ҳаким Фирдавсӣ ҳамчунон дар ибтидои достони ба Искандар бахшидааш, хостааст вайро хушбин нишон бидиҳад. Он нобиғаи нотакрори меҳри Меҳан, чун намехост ба хаёли худ роҳ бидиҳад, ки маҳди ниёкон, Иронвиҷро бегонагон шикаст дода, бар тахти каёнӣ такя задаанд, Искандарро аз нажоди каён, фарзанди Дороб, (бародари Доро), аз зани румиаш ба исми Ноҳид бозтоб намудааст. (Назар ба тасвири Ҳакими Тӯс, пас аз тасхири Юнон, Дороб духтари қайсари Рум, Ноҳидро ба занӣ мегирад. Вале чун аз даҳони шоҳдухтари Рум бӯйи бад ба димоғ мерасид, шоҳаншоҳ ӯро ба хонаи падар пас мегардонад. (Ин қисса ба ҷуз аз «Шоҳнома», дар «Осор-ул-боқия» низ ёдрас шудааст). Пизишкҳо тадбири аз байн бурдани бӯйи нохуши даҳони Ноҳидро наметавонанд пайдо кунанд. Пизишке ба шоҳдухтар тавсия медиҳад, ки гиёҳеро бо номи «искандар», истеъмол намояд. Ноҳид аз нутфаи Дороб обистан буданашро аз шавҳару дигарон пинҳон медорад ва чун писар таваллуд мешавад, ба хотири гиёҳи рабояндаи бӯйи нохуш, Искандараш ном мениҳанд. Дар «Бурҳони қотеъ» омадааст, ки он гиёҳ ба румӣ «искандарус» ном дошта, ба забони форсӣ «сир» гӯяндаш.) Яъне дар тасвири Ҳаким Фирдавсӣ Искандари Мақдунӣ аз нажоди падарӣ ҳахоманишӣ ва аз модар юнонӣ будааст. Новобаста аз он ки бузургвори нангу номуси ирониаслон, Искандарро аз дудаи ҳахоманишиён бозгӯ карда бошад, зимни баёни воқеот, чеҳраи ӯро кареҳу зишт, золиму шаҳватпараст нишон дода, аз рафтору кирдораш изҳори нафрат кардааст. Дар ин ҷо ба хотири тасбити фикри худ чанд порча аз «Шоҳнома» пешниҳод менамоем:           

                             Зану кӯдаку пирмардон ба роҳ,

                             Бирафтанд гирён ба наздики шоҳ.

                             Сикандар бар ишон наёвард меҳр,

                             Бар он хастагон ҳеҷ нанмуд чеҳр.

                             Гирифтанд аз ишон фаровон асир,

                             Зану кӯдаки хурду барнову пир.    (ҷ.VII, с.145)

 Ҳаким Фирдавсӣ дар мавриди дигар аз забони Ардашери ҷавон – шоҳаншоҳи ояндаи Ирон, ишорат ба ҳарисиву шаҳватпарастӣ ва бераҳмиву хуношомии Искандар, ки ҷаҳонеро ба хоку хун кашид ва кишварҳоро ба вайрона табдил дод, мегӯяд:

                             Кӣ нашнид, к – Искандар андар ҷаҳон,

                             Чӣ кард аз фурӯмоягону меҳон.

                             Ниёкони моро якояк бикушт,

                             Ба бедодӣ овард гетӣ ба мушт.      (ҷ. VII, с.193)

Ҳамчунон яке аз чехраҳои равшани «Шоҳнома», Баҳроми Гӯр, ки солҳо ба баъд бар тахти шоҳаншаҳӣ нишаста аст, ноҷавонмардии Искандари Румиро чунин ёдовар шудааст:

                             Бад – он гаҳ, ки Искандар омад зи Рум,

                             Ба Ирону вайрон шуд ин марзу бум.

                             Гар ӯ ноҷавонмард буду дурушт,

                             Ки сиву шаш зи шаҳриёрон бикушт.

                             Лаби хусравон пур зи нафрини ӯст,

                             Ҳама рӯи гетӣ пур аз кини ӯст.          (ҷ. VII, с. 537)

           Ин буд назари гузаро дар мавриди Искандари Зулқарнайн. Аммо талоши аслии мо дар ин навиштор он аст, ки пиромуни маъшуқаи иронинажоди ӯ, ба истилоҳ Рухшона, ки онро дар кишвари мо раҳгумони торихи миллӣ чеҳраи меҳанпараст ва қаҳрамони достонҳо пиндоштаанд, изҳори андеша кунем.

                              Роксана, Рухшона, ё Равшанак.           

«Роксана» (Roksana) – гӯиши юнонии исми Равшанаки форсӣ – тоҷикӣ аст. Донишпажӯҳони аврупоимаоби мо дар навбати худ «Роксанаро» Рухшона пиндоштаанд ва ин гумони ғалатро дар навиштаҳои худ мутаалиқ ба маъшуқаи Искандари Мақдунӣ бозгӯ кардаанд. Чуноне ки мулоҳиза мешавад, дар сарчашмаҳои миллӣ, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Искандарнома»-и Низомӣ, «Хирадномаи Искандарӣ-и Ҷомӣ, дар фарҳангҳои «Ғиёс-ул-луғот», «Бурҳони қотеъ», «Кашф» ва ғайра, исми маъшуқаи Искандар Равшанак зикр гардида, духтари подшоҳи Ирон, Доро дониста шудааст. Ағлаби ховаршиносони русиву шӯравӣ бар он гумонанд, ки Равшанак (Роксана) духтари ҳокими суғдӣ ё бохтарӣ ба исми «Оксиарт» будааст. («Оксиарт» вожаи юнонӣ баргирифта аз вожаи «Вахш» буда, ба гумони он ховаршиносони казоӣ, аз забони бохтарӣ иқтибос шудааст.). Аз ҷумла академики академияи улуми Узбакистон, Эдвард Ртвеладзе дар китоби худ зери унвони «Искандари Мақдунӣ дар Бохтар ва Суғд. Очеркҳои торихиву ҷуғрофиёӣ» («Александр Македонский в Бактрии и Согдиане. Историко-географические очерки», Т. 2007), номи Равшанакро ба гунаи «Р-окс-она», яъне «зебои Вахш», «соҳиби Вахш» (дар назар аст рӯди Ому), таъбир кардааст, ки истинботи ғайриилмиву ғайримантиқӣ мебошад. Нахуст норост будани назари он академикро, исми фариштаи обҳо будани вожаи «Вахш», метавонад далеле бошад. Зеро марди ҳисобӣ, ҳомии дин ниёкон, ҳаргиз исми духтарашро «соҳиби фаришта» ва ё «худовандагори обҳо» намегузошт. Сониян, чуноне ки дар пеш ишора шуд, Роксана (мисли рӯди Окс) гунаи юнонии исми Равшанак мебошад.

              Дар ин ҷо ёдовар мешавам, ки мо фирефтаи луқмапартоииҳои олимони аврупоиву русиву яҳудӣ нахоҳем гашт, ки ғолибан аз пажӯҳишҳояшон натиҷагириҳои зидду нақиз багирифта, ба хотири фасл кардани торихи мо, гузаштагонамонро аз ҳам ҷудову мухолиф бозтоб мекунанд. Ин ҷо низ муҳим нест, ки Равшанак духтари Доро-шаҳаншоҳи Ирон буд ва ё духтари яке аз ҳокимони Суғд ё Бохтар, ки он сарзаминҳо низ дар паҳнаи Ирони Бузург қарор доштанд. Муҳим он аст, ки аз таслиму ҳамхоба шудани як душиза бо истилогари хунхор достони қаҳрамонӣ дуруст кардан, чуноне дар пеш ёдрас шуд, танҳо ба ҷуз дар зеҳни мардум андешаи ғуломӣ ҷой кардан дигар чизе нест. Ҷои таасуф дар он аст, ки тоҷикони соддадили мо ба осонӣ гирифтори чунин туъмаи домҳои сайёдони мағрибӣ мешаванд. Возеҳ аст, ки як ғосибу истилогар, пас аз ворид шудан ба сарзамини бегонагон, бо бошандагони он хушомад намезанад, ба истилоҳ ба зиёфат даъваташон намекунад. Чунинҳо дар баробари куштору ғорат, зану духтарони зебояшонро таҷовуз мекунанду ба мулкашон соҳиб мешаванд. Аз сарчашмаҳо пайдост, ки дар рӯзи ҳамхобаи Искандар гаштани Равшанак, даҳ ҳазор лашкариёни румӣ зану духтарони зебои маҳаллиро ба «занӣ» мегиранд. Искандар бо шумори зиёди бардагон, хазинаҳои ҳангуфт, китобхонаҳо ва дигар ғаноими ноёб, ҳомили корвонҳои беҳудуд, Равшанакро низ аз тариқи Бобул ба Рум мефиристад. Чуноне доктор Ғулом ҳусайни Бегдилӣ навиштааст «Равшанак духтари падармурда ва маъсумро ба зӯру ҳилаи шаръӣ тасоҳуб ва ба ҷилои ватан маҷбур мекунад.» («Чеҳраи Искандар……», с. 195.). Воқеан, Доро маҳз бо амри Искандар аз тарафи хоинони дохилӣ ба қатл мерасад: «Искандар сатрапии Бохтарро водошт, ки Дороро ба қатл расонад.» Яъне ӯ аз он бим дошт, ки Доро дар Суғду Бохтар метавонист бо нерӯҳои муташаккил, минҷумла Спитамон пайваста, румиёнро шикаст диҳад. ( Н.В. Пигулевская, А.Ю. Якубовски, И.П. Петрушевски, А.М. Беленитски, «Торихи Ирон», с.410.)

 Александр Македонскии баччабоз (гомосексуалист).

  Бар арбоби таҳқиқ пӯшида нест, ки Искандари Мақдунӣ ниҳоят шаҳватпараст буда, ҳатто бо мардҳо шаҳватронӣ мекардааст. Торихнигорони Юнони бостон худ нигоштаанд, ки ҳангоми марги маъшуқаш, ҷавоне бо исми Гефистон, табибро бино бар наёфтани илоҷи беморӣ ба сутун чормех карда, ба қатл мерасонад ва маросими тадфини бошукӯҳтарини  дунёро дар сӯги маъшуқи худ, барпо мекунад. Ҳамчунон вай бо бачаи хасии иронӣ (ахта шуда), бо исми Боғу (Богуас) баччабозӣ карда, онро низ ба Рум равон мекунад. Искандар ба ҷуз аз Равшанак бо ду душизаи иронӣ, бо номҳои Статира ва Паристида, арӯсӣ мекунад. (Ин маврид дар таълифоти Плуторх, Куртий ва Афиний, ҳамчун духтарони ҳокимони Суғд ва Бохтар, зикр гардидааст.) Искандар, пас аз Равшанак, ҳамчунон духтари подшоҳи Ҳиндро ба «занӣ» мегирад. Бо ин метавон пурсишеро ба миён гузошт, ки ҳама ҳамхобаҳои он бемори ҷинсии торих бояд қаҳрамон дониста шаванд?! Пиромуни шаҳватпарастии Искандар, Ҳаким Фирдавсӣ низ порчае аз достонеро бахшидааст:

                         Чунин буд, ки ӯ шаб нахуфт басе,

                         Биёмехтӣ шод бо ҳар касе.

                         Ба кори занон тез будӣ бараш,

                         Ҳаме нарм ҷое биҷустӣ сараш.  («Шоҳнома»,ҷ.VII. c.43).

 Муддатҳо ақидаи аврупоиён бар он буд, ки марги Искандари Мақдунӣ бо гирифтории марази домана ва ё вараҷа (малария), рух додаст. Чунин ақида низ вуҷуд дорад, ки вай ба айшу нӯш дода шуда, бинобар хуфту хобу майпарастии зиёд бо ошиқону маъшуқаҳо гирифтори саратони ҷигар (цирроз печени) шуда, фавтидааст. Аммо авқоти ахир пажӯҳишгарони навини фарангӣ иллати марги Искандарро ба Равшанак (Роксана) иртибот додаанд. Чунончи торихнависи машҳур, Грехем Филипс дар китоби худ унвонии «Искандари Бузург. Куштор дар Бобулистон», («Александр Великий. Убийство в Вавилоне»), кӯшиш мекунад тасбит кунад, ки вай на бо дасти рақибони хеш, балки тавассути ҳамхобааш Роксана бо заҳри «стрихнин», масмум шудааст. Филипс тахмин мезанад, ки дар Аврупо аз мавҷуд будани заҳри «стрихнин», дар он замон огаҳӣ надоштанд ва шояд Роксана, ки ду сол пеш аз марги шавҳар сафари Ҳинд карда буд, аз он ҷо бо худ он заҳрро оварда бошад. Заҳршиносон (токсикологҳо) аз донишгоҳи Калифорниё (Амрико) Филипсро огаҳ карданд, ки нишонаҳои марги Искандар бо заҳролудшавӣ аз заҳри «стрихнин» монанд аст. Дар филмҳои Ҳоливуд лаҳзаҳои баччабозии Искандар бо рафиқи навҷавониаш Гефестион ба назар мерасад, ки дар зимн ба рашк бурдани Роксана низ ишора шудааст. (филми Оливер Стоун «Искандари Бузург», бо иштироки ҳунармандони машҳур Колин Фаррел, Энтони Хопкинс ва Анҷелина Ҷоли.). Торихшиносони навини аврупоӣ ҳатто сабаби марги маъшуқи Искандар Гефистионро низ ба рашки Роксана нисбат додаанд. (Ба ақидаи онҳо Роксана аз рашк бар баччабозии Искандар, дар ҷоми май заҳр омехтааст.). Аммо торихнигороне низ ҳастанд, ки ба андешаи онҳо Искандар муддати даҳ рӯз дар рӯи дастони Роксанаи ҳомилаву гирёну мӯягар беморӣ ба сар бурда, ниҳоят ҷон додааст. Роксана чашмони ӯро пӯшида, ба бори охир аз лабонаш бӯсидааст, ки ин  амал дар дини румиҳо ,маънӣ бар умеди дидор дар он дунёро доштааст. Ҳамон тавр ки мулоҳиза шуд, Равшанаки Роксанаву сипас Рухшона шуда аз худ кадом қаҳрамоние нишон надода будааст. Дар рӯзҳои азодорӣ бар марги фаҷеҳи падар, ночор арӯси сарвари истилогарони румӣ гаштааст. Ва дигар чи монда буд, ки Равшанак дар ҳамхобагӣ бо сарвари румиён қаҳрамонона наҷоташ диҳад; шоҳаншоҳ Доро бо сарварону лашкариён ба қатл расиданд, Истахр-рашки тамаддуни Мағрибу Машриқ ба хокистар табдил дода шуд, тамоми хазоину дороӣ, ба шумули китобхонаҳо ва ҳунармандони косиб ба Юнон бурда шуданд, бахши зиёди китоби муқаддаси иронинажодон, (ба ҷуз аз бахшҳои фанниву илмиаш), бо маъбадҳои хуррами зартуштӣ туъмаи оташ гаштанд, сари коҳинони зартуштӣ, ки ағлаб донишмандону ҳакимони илмҳои замон буданд, аз тан ҷудо карда шуданд….Дар рӯзгорони баъд ҷиноятҳо ва боҷҳову тороҷҳои Искандарро Чингизу Темуру Наполеону Ҳитлер такрор карданд.

               Аз матолиби ироа шуда саранҷом бояд бад-ин бардошт расид, ки бозгӯкунандагони торихи тоҷикон, чи торихнавису адиб, чи синамогару ходими теотр ба нигоштаҳои аврупоиёну бегонагон жарфтар нигариста, рӯи далоилу мадорики` овардаашон андешида, аз хостҳои миллӣ ва умумииронӣ ба таҳқиқ пуштибонӣ намоянд. Бардоштҳои нодурусту норости бегонагон ва пайравони тоҷикии онҳоро бо ислоҳ ба ҷавонон бифаҳмонанд ва ба масобаи қаҳрамон онҳоеро муаррафӣ кунанд, ки воқеан шоистаи ифтихори миллат бошанд.

               Дар поён мехостам  нуктаи дигареро ёдовар шавам, ки аврупоиҳо аз душизаи ба занӣ ихтиёр кардаи як истилогари хунхор ҳаргиз қаҳрамон дуруст накардаанд. Занони қаҳрамони онҳо чун Жанна-де-Арк (Фаронса) аст, ки пас аз талаф додани лашкариёни худ, ба баландие баромада пираҳан чок мекунад ва бо нафрат ба душманон фарёд мезанад: «Гумон набаред, ки бо ин моро мағлуб сохтед. Ин ҷисме, ки мебинед (ба бадани худ ишора карда), дастгоҳест, ки даҳҳо ҳазор интиқомгиронро таваллуд хоҳад кард…». Ё зани руси ҳомила аз таҷовузи фошисти олмонӣ (аз романи «Тиру камон»-и Войнович), нахуст мехоҳад батни худро бо корд пора кунад ва дар фарҷом, аз ранҷи нангу номус хешро дар рӯд ғарқ мекунад. Ва ё шоистаи номи қаҳрамони миллӣ шаҳбонуи гурҷӣ Тамарико мебошад, ки тандисаш бо азамати вижа дар баландии шаҳри Тифлис қарор дорад, зеро ӯ шамшер ба даст, то поёни умр аз номуси миллаташ дифоъ кардааст.

Бародари тоҷики филмсози «Рухшона»-ро мебояд бори дигар эҳсоси номуси милии худро бедор кунад. Ва ё он бародар аз қавм бар тоҷикон бегона аст?!

Реклама

комментария 3

  1. Хеле чолиб, офарин устод. Дастатон дардро набинад. Вокеан, барои «нобиноён» рохабаладед

  2. Добро пожаловать в блог чемпиона Таджикистана по футболу ФК «Вахш» http://vakhshclub.wordpress.com/

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: