Роҳи бозгашт ба асли хеш кадом аст?

Аз рӯзи тоҷикони шӯравии собиқро маҳруми хатти миллии худ гардондан, мавзӯи баргашт ба он хат дар миён буд ва хоҳад монд. Зеро ин хат 1300 сол «чашми хати» тоҷикон ва баёнгари илму адабашон буд. Зеро тағйири он ба вайрон кардани зербинои он мусоидат кард. Зеро хати форсӣ ченаки забони тоҷикӣ буда, хати кириллӣ аз роҳи сиёсати русҳо ва хадамоти вобастаи онҳо рахна карда вориди фарҳанги мо гардидаст. Зеро ин забонро такягоҳаш забони форсии  Ирон буд, бад-он далел, ки шумори зиёди навобиғи гузаштаамон дар он сарзамин иҷод кардаанд ва дар он кишвар, пас аз муғул дигар китобҳоро мисли мо ба оташ надодаанд ва форсӣ ҳамеша забони кишвардорӣ буду мисли форсии тоҷикӣ ба садамаи муҳлики асри XX гирифтор нагашта буд.

            Ман дар ин навиштор даъват нахоҳам кард, ки ҳар чи зудтар хати кириллиро ба канор гузошта ба якборагӣ барои баргашт ба хати форсӣ бипардозем, аммо як идда авомиле вуҷуд доранд, ки баргашт ба хати форсиро ногузиру ҳатмӣ истидлол мекунанд. Дар ин ҷо қасду вақти пардохтан ба ҷанбаҳои гуногуни бо зуҳури хати кириллӣ ошуфта сохтани забони тоҷикиро надорем ва фақат мекӯшам ба унвони намуна чанд мулоҳизаи хешро оварам, ки шояд гувоҳи яке аз ҳазор осебҳои ворид шуда ба ин забон бошад.

             Нахуст ин нуктаро бояд арза бидорам, ки дар Тоҷикистон хати форсиро бо чунин таркибҳо ном бурдан роиҷ шудааст: «алифбои ниёгон», «алифбои арабӣ», «алифбои араби асоси форсӣ-тоҷикӣ»… Аммо бояд донист, ки гузаштагони ифтихорманди мо ҳанӯз дар баробари ислом пазируфтан, хати арабиро комилан таҳти азнавсозӣ қарор дода, аз он хате сохтанд, бо номи «хати форсӣ», бо вижагиҳои худ ва тафовутҳои асливу қатъӣ нисбат ба хати арабӣ. Тавзеҳ бояд дод, ки иҷодгарони хатҳои «насх», «настаълиқ», «куфӣ», «шикаста» (аз шаш хати мавҷуда) форсу тоҷикон буда, ин хатҳоро барои забони форсӣ созгор сохтаанд ва номи ягонаи он хати форсӣ мебошад.

            Ба гумонам ҳама огоҳанд, ки дар дунёи тамаддун шахси босаводро дар навбати аввал, аз нишонаҳои имлову иншо ва тарзи баёни андешааш муайян мекунанд. Иддаи зиёди ҳамдиёронамон бар онанд, ки бо қабули хати русӣ тоҷикон босавод шудаанд, зеро хондану навиштан бо он хат осон аст. Дар ин маврид бояд зикр кард, ки зиёд будани шумораи бесаводони пеш аз даврони шӯравиро нахуст дар тарзу усули тадриси он замон ва муносибатҳои давлатдорон, яъне амирону хонҳои тозиву турку муғул ба саводомӯзии омма ҷуст. Дуввум набояд ин нуктаро аз назар дур кард, ки чун ҳадафи аввали мадрасаҳои ибтидоӣ тадриси «Қуръон» буд, ҳатто омӯзиши алифбо аз тариқи «қориазёди» оёти ин китоби муқаддас сурат мегирифт, ки мушкилоти саводомӯзии атфолро ба миён мегузошт. (Чунончи бар ивази дар ибтидо омӯзондани ҳар ҳарфи алифбо, зимнан сохтани калимаҳои содаи дар зеҳни кӯдак одат шуда, мисли «об», «бобо» ва амсоли он, шогирдро маҷбур месохтанд, то тутивор такрор кунанд: алиф-забар, лом-забар, алиф-лом-ҳе, итқи забар, изғи зер ва ғайра…) Барои аз тариқи хати форсӣ босавод шудан бисёр хондану навиштан лозим аст, то ки чашми кас ба тасвири калимаҳо унс гирад. Дар хати кириллӣ бо омӯхтани ҳарфҳо ва онҳоро ба ҳам пайвастан, ба осонӣ хондану навиштанро азбар метавон кард, вале босавод шудан амри муҳол аст. Яъне барои унс гирифтани чашм эҳтиёҷи шадид ба хондани китобҳо нест. (Ва ҳамин аст, ки дар маъмурияти идорӣ, аз маъмури оддӣ то ба вазироне метавон дучор омад,  ки китоб ҳам нахондаанд, ду дақиқа бе коғаз қудрати сухангӯӣ бо ягон забони адабӣ- хоҳ русиву хоҳ тоҷикӣ надоранд, аммо чун хондану навиштанро каме баладанд, босавод дониста мещаванд.) Дуруст аст, ки аз нигоҳи овоӣ (фонетикӣ ) бо хати русӣ хондану навиштан нисбатан осон аст, аммо дар муқоиса бо осебҳое, ки ба забони тоҷикӣ расидааст, ин бартарии хати русӣ назаррас нест. Дар ин маврид бояд ба таъкид овард, ки осониву мушкилии хат наметавонад мизони босаводии ин ё он қавм гардад. Ҳама огоҳ аст, ки мушкилтарин хат алифбоҳои тасвирии Ҷопон, Корея, ҳамчунон хати кишварҳои Англия, Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, Фаронса дониста шудаанд. Нависаҳои (иероглифҳои) ҷопониву кореягӣ шомили 1000 адад тасвирҳои мафоҳиме мебошанд, ки онҳоро ба хотир гирифтан кори осон нест ва дар англисиву фаронсавӣ, барои баёни як   овоз ду-се ва гаҳе чаҳор ҳарф навишта мешавад. Аммо магар мардуми ин кишварҳоро метавон бесаводу ақибмонда гуморид?! Ва мардуми моро, ки дар миёни чи андакхондаҳо ва чи «зиёиёну аҳли илму адабаш», ғалатнигориву ғалатгӯӣ як амри оддиву саросарӣ мебошад, босавод донист ?! Ба таври намуна ҳар нашрияеро, ки ба даст омад, дар сурати таҳлилу баррасии имлову иншои мақолаҳо, метавон на кам аз сад ғалатҳои сарфу наҳвиро мушоҳида кард. Ғалатҳои бешумори сухангӯёни радиову телевизионро ошкор кардан кадом дониши вижаеро намехоҳад, зеро дар ҳар дақиқаи суханрониашон ба чандин ғалатҳои овоиву луғавӣ роҳ медиҳанд. Ба унвони мисол як мулоҳизаи хешро меоварам, ки баланд набудани мизони босаводии тоҷиконро аз қабули хати кириллӣ гувоҳ аст. Саҳифаҳои маҷаллаи «Иртиқо» ва якчанд нашрияи дигари Афғонистонро аз нигоҳи нақд мутолиа карда, саъй кардам дар имлову иншои овардаҳои мухбиронашон саҳву ғалатҳо пайдо кунам, вале хушбахтона муваффақ нашудам. Бубинед, бо вуҷуди ин ки Афғонистон 30 сол муқаддам ба вартаи ҷанг гирифтор аст ва адибону равшандилонашон бо атфоли худ дар муҳоҷират умр ба сар бурдаанд, дар навиштор, ғолибан дар баёни андеша , мисли мо ба ғалатҳои фоҳиш роҳ намедиҳанд.

            Онҳое ки ба нозукиҳои вазни арӯз вориданд ва завқу салиқаи баланди шеъри асилро меписанданд, мутаваҷҷеҳанд, ки бинобар сабаби надонистани хати форсӣ, дар кишвари мо шеърро саросар бо сакта мехонанд ва бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки касе бо хати форсӣ ошно набошад, нигоштаҳои классиконро беғалат хонда наметавонад.

            Пас аз ислом пазируфтан, нуфузи каломи арабиро ба забони форсӣ-тоҷикӣ ҳеҷ кас инкор намекунад. Аммо он чиро, ки аз арабӣ баргирифтаем, ба андешаи Маҳдӣ Ахавони Солис « чунон рангу бӯйи иронӣ бахшида ва аз они худ сохтаем, ки гӯӣ аз оғоз мутаалиқ ба мо ва гоҳе ҳам беҳтар аз асл будааст.» Дар ҳақиқат мо вожаҳои зиёдеро аз забони арабӣ хушачинӣ кардаем, ки онҳо бо мурури замон дар забони мо мунҳал шуда, асолати арабии худро аз даст додаанд. Вале баёнгари солими вожаҳои зиёди арабии бо форсӣ омехта, танҳо хати форсӣ буда метавонад. Ҳамчун мисол метавон анбӯҳи вожаҳои муташобеҳ ( омонимҳо)-ро овард, ки дар навишт бо хати кириллӣ метавонанд баёнгари хилофи маънии асл бошанд, вале хонандаи хати форсӣ дар ворид шудан ба маънӣ ба мушкилие дучор намеояд. Дар ин ҷо ҳамчун мисол чанде аз ин гуна вожаҳоро ба зеҳни хонандаи гиромӣ пешниҳод мекунем:

«МЕҲАН»-бо «Ҳ»-и ҳуттӣ, меҳнат, озмудан. «МЕҲАН»-бо «Ҳ»-и ҳавваз, ватан.

«Ҳур»-бо «Ҳ»-и ҳуттӣ, маъшуқаи биҳишт. «Ҳур»-бо «Ҳ»-и ҳавваз, хуршед, партав.

«СЕҲР»-бо син, афсун, ҷоду. «СЕҲР»-бо сод, яъне хусур, падари зан.

«САБОҲАТ»- бо син, шиноварӣ. «САБОҲАТ»-бо сод, хубрӯӣ, сафедии рӯй.

«САФИР»-бо син қосид, фиристода. «САФИР»-бо сод овози парранда, ҳуштак.

«ХАБИС»-бо се-и сенуқта, палид, нобакор, «ХАБИС»-бо сод ҳалвои аз равғани зайтун ва хурмо таҳия шуда. «ХАБИС»-бо син, яъне зариф, хуштамъ.

            Барои равшан шудани матлаб, дар ин навиштор чанд намунаи дигарро меоварам, ки андешаҳои дар боло зикр шударо таъйид хоҳанд кард. Маъмулан аз забони хосу ом, чи камсаводону чи босаводон ибораи «ҳараҷу мараҷ»-ро мешунавем, ки ба ин шакл истифода намуданаш ғалати маҳз аст. Дар забони форсӣ-тоҷикӣ аслан вожаи «ҲАРАҶ», ба маънии  шутури саркаш, ё ошуб, фитна далолат мекунад ва ба маънии беназмиву бетартибӣ «ҲАРҶУ МАРҶ» гӯянд, на «ҳараҷу мараҷ». Ё дар миёни гӯяндагони сухани тоҷикӣ роиҷ гаштааст, ки ба ивази «БИЛАХИРА», бар асари бегонагӣ бо хати форсӣ, «БИЛОХИРА» гӯянд, ки ғалати маҳз аст. Дар ҳарфи «алиф» (а)-и хати форсӣ аломате (хатчае) вуҷуд дорад, ки онро «мад(д)» гӯянд ва ҳар гоҳ ин аломат болояш қарор гирад, овози кашидаи «о»-ро медиҳад. Аммо дар болои «алифи» калимаи «билахира» аломати «мадд» вуҷуд надорад. Ҳамчунон ин маъниро ба шакли танвин овардан, бояд «ахиран» гуфт, на «охиран». Воқеан дар шеваи гуфтори маҳаллӣ чунин шакл маъмул аст: «ахир омадӣ?».

            Нишони дигари созгор набудани хати кириллӣ ба забони тоҷикиро метавон дар баёни бандаки изофии «И» дид. Аслан бандаки изофии «И» (ки дар сарфу наҳви классикӣ «ҳамза» ва «йо-и изофа» номида шудааст), аз ду овоз иборат аст: «ЙИ».

Дар хати русӣ навиштани бандаки изофӣ ба гуфтор мутобиқат намекунад, зеро он танҳо бо як ҳарфи «и» сабт мешавад. Чунончи ҳангоми навиштани бандаки изофии «и», ба шакли «хонаи мо ғалат буда, ба гуфтори форси тоҷикӣ созгор нест. Бояд навишт «хонайи мо», ё «дӯстийи халқҳо», на «дӯстии халқҳо».

            Намунаи дигари шигифтиҳои ба бор овардаи хати русӣ, пайвандаки (хати рабти ) «ва»-ро дар дохили матн ба «ю» ( йу ) табдил додан аст. Масалан ба ивази таркибҳое чун «ману туву дигарон», ё «ману ту ва ҳамсояҳову хешовандон», навиштан ба шакли «Ману тую дигарон», «Ману тую ҳамсояҳою хешовандон», ғалати маҳз аст.   

         Дар баробари осебҳои аз тағйири хат расида, чунон ки дар боло ишора шуд, гусаста гаштани пайванди тоҷикон аз ҳамзабонони худ, яке аз зиёнҳои асосӣ мебошад. Мо тоҷикон дар соҳибии ин забон танҳо нестем ва дар натиҷаи таҷарруди (изолятсияи ) тоҷикон аз осори хатии шарикҳои ҳамзабони Ирону Афғонистону Ҳиндустон ( ва онҳо низ аз осори хаттии тоҷикон ) бенасиб монданд. Усулан, агар дар Вароруд бештар аз 8 миллион тоҷик зиндагӣ кунанд, дар он паҳнаи забони форсӣ, на кам аз 80 миллион нафар ба форсӣ гуфтугӯ мекунанд. Чунон ки медонем омили дигари  нотавон кардани забони тоҷикӣ, ки тағйири хат ба бор оварда, ҷудоӣ аз осори пешиниёни (классикони) форсу тоҷик буд. Дар ин ҷо ба овардаи донишманди ҳамдарси донишгоҳиам, профессор Иброҳим Усмонов, ки ба зеҳни баландашон ҳаргиз шак надорам, дар мавриди ба хати нав баргардонда шудани 70 дар сади осори классикон ( «Нигоҳ», «Фараж», «Азия-плюс» ), розӣ шуда наметавонам, зеро аз ҳазорон таълифоти пешиниён, теъдоди ночизе бо кириллӣ чоп шудааст ва шумори зиёде аз онҳо дар даврони истиқлолият интишор шудаанд. Гӯётарин гувоҳи ин далел фақри китобхонаҳои шаҳру деҳот аз китобҳои тоҷикӣ ва ба чоп нарасидани фарҳангу тафсирҳои пурарзише чун «Баҳори Аҷам», «Кашф», «Канз», «Шарҳи Хоқонӣ», «Нисоб», «Сироҷ  ул-луғот», «Рашидӣ», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Суроҳ», «Ҷавоҳир-ул-ҳуруф», «Тоҷ-ул-луғот», «Шарафнома», «Латоиф-ут-тавоиф», соири ҷилдҳои «Бурҳони қотеъ» ва амсоли он қомусҳои гаронарзиш, даҳҳо тазкираву торихномаҳо, аз қабили «Оташкадаи озар», «Тазкират-уш-шуаро», «Торихи Байҳақӣ», «Торихи гузида», «Торихи Вассоф», «Асос-ал-иқтибос», «Меъёр-ул-ашъор», «Маҷмаъ-ул-фусаҳо», «Муръот-ул-хаёл» ва шумори зиёди , дастурҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ ва таълифоти илмии дигар, ки маҷол ба овардани номҳояшон нест, мебошад.

            Ба поёни сухан наздик шуда, ин андешаро арза медорам, ки ҷойи таассуфи бисёр аст, ҳангоме дар ҷомеаи мо ҳатто соҳибназарони соҳибном, ҳатмӣ будани баргашт ба хати форсиро, бо далоили ночиз инкор мекунанд. Баргашт ба хати падарон обишхӯр аз ниёзҳои миллии тоҷикон мебошад. Ин гуфтаро гувоҳи равшане таъйид мекунад, ки аз ҷумҳуриҳои туркзабони шӯравии собиқ яке ҳам барои баргашт ба хати кадим сухан дар миён нагузоштаанд, зеро хати форсӣ низ мисли хати русӣ, барояшон бегона аст. Онҳо талош варзиданд, ки хаташонро бо алифбои кишвари Туркия ягона созанд, бинобар ин ҳоло баъзе аз он ҷумҳуриҳо хати лотиниро ихтиёр кардаанд.

Гуфтори худро ба натиҷагирие ба поён мебарем, ки дар сурати ислоҳ нашудани ин саҳви чашмраси асри XX, тоҷикон наметавонанд аз солимии забони адабиашон бо ифтихор сухан гӯянд. Ба гумони мо мебояст барномаеро тарҳрезӣ кард, ки баргашти тоҷиконро ба хати миллиашон, дар зарфи 20-25 сол таъмин намояд.

Реклама

Один ответ

  1. Salomu durud akai Zafar.
    avvalan baroi in somonai xub shumoro tabrik karda dar koru faoliyati oyandaaton komyobi xohonam.

    Dar oxir shumo kayd kardaed ki davlathoyi turkizaboni osiyoyi markazi kushish ba xarj doda istodaand ki xatashonro ba alifboyi Turkiya ivaz kunand.
    Ammo mardumi turkiya boshad mexohand ki xati onho ba xati jaddashon yani davlati Usmoni boshad,ki in xati forsi meboshad.
    salomat boshed

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: