Тоҷикистон ашки шоирро намепазирад

Агар рӯзе, ки шеъри тоҷик бимирад, тоҷик ҳам мемирад. Мавзӯи Бозор Собир ин Лоиқи ҳанӯз зинда аст. Бозор Собир ин Носири Хусрави 62— сола аст.

Дар саҳафоти нашрияҳои гуногуни кишвар чандест навиштаҳои баҳсангези шоири шаҳир Бозор Собир ва «Баёнияҳои ранҷишии» як идда олимони дуртар аз адабиётшиносӣ (бештар табиб ва торихнигор) ба табъ расидаанд ва ба назар мерасад аз мунаққидони адабиёт касе пайдо нашуд, ки дарди шоири сарсону парешон ва дилсӯхтаву дилбохтаи миллатро аз он қасдангӯиҳояш дарк кунад. Худо умри дароз бубахшад ба раиси нашрияи «Авасто», Толиби Сангин, ки диагнози (ташхиси) равоншиноси «Ҳамадон», Муҳаммадҷон Расулиро («Бозор Собир бемор нест», «Тоҷикистон» №42, аз 16-уми октябри соли 2003) такзиб карда, арзиши ашъор ва истеъдоди нодиру беҳамтои ин шоири тавоноро таъкид кардааст.

Ин ки тоҷики мо дар ранҷондани истеъдоҳои худ, бахусус шоиронаш таҷрибаи фаровон дорад, аз таърихи адабиёти ҳазорсолааш маълум аст. Тоҷик дар куҷое, ки зиндагӣ намекард, бузургии бузургони асили худро пас аз маргашон мефаҳмид. Инро аз чакидаҳои ашколуди гиламанди классикон метавон хулоса баровард:

Равам дар кунҷи танҳоӣ замоне во кашам Бедил,

Ки аз дилҳои пур дар базми сӯҳбат нест ин ҷо.

                                                (Бедил-Ҳидустони имрӯза)

Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,

Биё Ҳофиз, ки мо худро ба мулке дигар андозем.

                                                (Ҳофиз- Ирони имрӯза)

 Чӣ кунам, бо кӣ гӯям ин суханам,

Гила аз бахт ё зи чарх кунам.

                                                (Саноӣ- Афғонистони имрӯза)

 Дар биёбоне, ки ман саргаштагонро раҳбарам,

Гарди бодашдуди оҳи корвон бошад маро.

                                                (Сайидо- Вароруд)

 На танҳо классикон, балки Лоҳутии аз дасти бадкешон раҳодиҳандаи устод Айниро маҷбур карда буданд, то Тоҷикистон- ватани дуввумашро низ тарк карда, дар беватанӣ ҷон диҳад. Аммо матлаби мо сари ҳарфҳои Бозор Собир аст, ки бо истеҳзову писханду ришханд гуфта шудаанд. Сахт дар қаҳр омадани профессорҳо ва носазогӯиҳояшон гувоҳӣ медиҳанд, ки шоир тавонистааст ба ҳадафаш бирасад. Яъне, аз оне, ки дарди муҳлики миллатпарастии тоҷиконаи ӯро ҳеҷ касс натавонист дарк кунад, бад-ин иллат, бар унвонҳову унвондорҳо, бар ҳамнажодҳову пайвандҳои хасакиашон, ҳатто бар дину ойиндорӣ ва нохудогоҳии қавм ришханд задааст. Ногуфта нагузорем, ки миллатпарастии тоҷикона як дардест, ки онро дар замони Фирдавсиву Носири Хусрав, шоҳони турктабори ғазнавию салҷуқӣ «рофизӣ» ва «қарматӣ» номида буданд, дар замони Асириву Айнӣ, амирони манғитӣ «ҷадид», дар замони Зеҳниву Пайрав болшевикҳо «панэронӣ» дар замони Улуғзодаву Лоиқ идеологҳо «националист» ва кунун табиби равоншинос Расулӣ бошад, «миллатчӣ» номидааст. Он кас беш аз дигарон аз матлаби шоир чеҳраҳои тоҷикон, ки дар садаи садсолаҳо бо муғӯлҳо, оғузҳо ва манғитиҳову чиниҳову қипчоқиҳо омехта шуда, қавораҳои «пачақу маҷақ» ба худ касб кардаанд, ба сутуҳ омада, ин ҳарфҳоро «заҳролуд» номидааст. Чӣ ҷои малолшавиву ба қаҳр омадан аст? Агар ба дидаи инсоф ба оина нигоҳ кунем ва гузаштаи ҳазорсолаамонро аз китобҳои торихнигорони орӣ аз идеологияҳо мутолиа бикунем, ба равшанӣ намудорамон мегардад, ки бист пушт, ё ҳаждаҳ пушт қабл, ҷадди моро қипчоқие, муғуле, қарлуқу, оғузӣ, шайбонӣ ё манғитие сар бурида, дасти таҷовуз дароз кардааст ва дар натиҷаи ҳамин синтез қисман ӯзбакҳо ва қисман тоҷикони асолатбохта ҳосил шудаанд. Ё ҳамин навиштори ҳамаамонро ба ғазаб овардаи ишон, дар мавриди дилбастагӣ надоштани қисми зиёди тоҷикон бо мусиқии классикиамон «Шашмақом». Ин иддао то андозае мубтанӣ бар далоили мантиқист. Чунки қисми аъзами тоҷикони Тоҷикистон ва аксарияти кули тоҷикони Афғонистон ба ин мусиқӣ комилан дилбастагӣ ва гароиш надоранд.

Чунин мепиндорам, ки тайи асорат, мағлубият ва бандагии тӯлонӣ оҳангсозону хунёгарони гузаштаи мо маҷбур буданд, барои навозиши гӯшҳои хонҳои муғуливу қипчоқиву чағатоӣ аз «Дувоздаҳмақом»-и форсӣ-тоҷикӣ «Шашмақом» дуруст карда, ба асвоти форсӣ, «Пенатоникалад»-и тибетиро ҳамроҳ кунанд. (Аммо ин иддао маъниеро надорад, ки «Шашмақом моли мо нест). Матлаби овардаро ин далелҳо низ метавонанд тасбит кунанд, ки уйғурҳо ва қарақалпоқиҳо бо он ҳаво оҳанг менавозанд ва номи як қисм мақомҳо даштҳову юртҳои чодарнишинонро ба ёд меоваранд. Мисли «Қашқарчаи савти наво», «Уфари муғулчаи наво», «Муғулчаи сегоҳ», «Авҷи турк» ва ғайра.

 Дар мавриди диндории шоир, андешаҳояш марбут ба Ирон, Афғонистон, Русия ва Амрикову демократияаш низ чунин менамояд, ки шоир аз суханҳои дипломатӣ сарфи назар карда, воқеъиятро бо алфози дурушти муассир баён кардааст. Аз ҷумла он заҳрханде, ки ба ҳамнажодони Иронӣ кардааст, изҳори дилсардӣ бар орзуҳои дар дил парвардаи фарҳангиёни тоҷик мебошад.  Мо солҳо интизор доштем, ки дар баробари ба даст омадани истиқлолият, бародарони ирониямон дар амри раҳоӣ аз бунбастҳои иқтисодӣ, дар бунёди коргоҳҳои муштарак, дар омӯзишу парвариши наврасону ҷавонон ва густариши фарҳангӣ ниёкон мақоми аввалро хоҳанд дошт, аммо мутаассифона ин тавр нашуд. Масалан, дӯстони кишвари Туркия дар омӯзишу парвариши шогирдон (бунёди 6-7 дабиристонҳои туркиву тоҷикӣ), дар сохтмони роҳ ба хотири хориҷ шудан аз бунбастҳои тиҷоратӣ, ҳамкориҳои босамар мекунанд. Ҳоло дар кишвари мо аз ҳама бештар вазъи омӯзиши забону адабиёти тоҷик ташвишовар аст. Онҳое, ки забони англисӣ, русӣ, туркӣ ва ҳатто куриёӣ меомӯзанд, бо васоили техникӣ, китобҳо, коссетҳо, наворҳои филмӣ, маблағҳои муайан, аз ҷониби кишварҳои марбута таъмин мешаванд. Кишвари Русия донишгоҳе таъсис кардааст, ки онро Донишгоҳи Славянӣ номида, ҷавонон дар он ҷо бо забони русӣ, риштаҳои ҳуқуқ, иқтисод ва ғайраро меомӯзанд. Созмонҳои байналмиллалии муқими Иёолоти Муттаҳидаи Амрико пайваста ба муддати як сол наврасони тоҷикро барои зиндагӣ дар оилаҳои амрикоӣ ва таҳсил дар мадрасаҳояшон эъзом медоранд. Аммо тавре Бозор Собир таъкид кардааст, шояд намояндагону мустахдимине, ки дар кишвари мо маъмурият доранд, ба сабаби озарбойҷониҳои Шервону Табрезу Шабистар буданашон, тоҷиконро берун аз ҳарими Ирон ва ҳавзаи Авасто дониста, барои ҳамкориҳои густурдаи иқитсодиву фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. Гузашта аз ин таасуфовар аст, ки агар таассуби суннимазҳабиву шиимазҳабӣ сади орзӯҳои ҳазорсолаи мардуми иронасл гардад.

Тахмини Бозор Собирро ман низ тайид карданиям, ки агар русҳои шӯравӣ бо кӯшиши пантуркистҳо марказҳои фарҳангиамон Бухорову Самарқандро ба ӯзбакҳо намедоданд, мо таҳти таъсири тоҷикони ҳуввиятбохтаи Бухоро монда, ҳанӯз ҳам номгузории маҳаллҳоямонро амсоли Сунбулоқу Бешбулоқу Кӯктош ва исмгузории тоҷиконамонро мисли исмҳои Бердиқулу ӯлмасу Сотиволдиву Темур идома медодем, забони форсиро аз ёдҳо фаромӯш мекардем.

 Перомуни  калимаи «тоҷик» ва иртибот доштан ё надоштанаш бо «тоҷ» низ бояд унвондорҳои мо як нуқтаи назари илмиро ба мардум, бахусус ба ашхоси расмӣ бифаҳмонанд, зеро вожаҳои «тоҷ» бо тоҷик хурдтарин алоқае надоранд. (Барои исботи ин фикр метавон даҳҳо таҳқиқоти илмии донишварони дохиливу хориҷиро тавсия дод). Ин аст, ки тарсими тоҷ дар рамзҳои гералдикӣ ғайриилмӣ буда, аз исми қавми тоҷик фарсахҳо дур аст.

Чунон, ки дар боло арз шуд, тоҷикон дар нафаҳмидани андешаҳои андешаварони асилу самимии хеш ва ранҷондану дар ба дар кардани шоиронаш таҷрибаи чандсола доранд. Вале то он ҷое, ки иттилоъ дорем, дар зеҳнҳои ақвоми дигар низ ин ноҳамоҳангӣ вуҷуд доштааст. Масалан, ҳамин русҳое, ки миллати шоирпарвар дониста мешаванд (ба ёд оред: «В России поэт больше чем поэт»- дар Русия шоир аз мафҳуми шоир арзиши бештаре дорад), борҳо шоирони худро ранҷондаанд. Онҳо ҳатто адабиёти диссидентӣ (хилофандешони фирорӣ) доранд. Дар гузашта шоирону нависандагони барҷастаи онҳо, аз ҷумла Лермонтов, Бунин, Тютчев, Гумилёв ва дигарон аз камхирадии қавми хеш, маъмурони фурӯмоя, моликони золим шикоятҳо кардаанд ва дар кишварҳои дигар паноҳ ҷустаанд. Михаил Лермонтов – ин шоири ватанпараст, Русияро қасдан кишвари ношуста (чиркин) номида буд:

Прощай немытая Россия

Страна рабов, страна господ!

И вы мундиры голубые,

И ты послушный им народ!

(Видоъ Русияи ношуста

Кишвари бандагону ҷанобон!

Шумо низ мундирҳои тиллоӣ

Ту ҳам халқи итоатгари ӯ!)

                                      (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ) 

Аммо шоирро на дар зиндагӣ ва на пас аз марг ҳамдиёронаш «хоин» нахондаанд, бо алфози ҳақоратбор сангсор накардаанд. Агар мунаққидони Бозор Собир ҳамзамони Ҳофиз мебуданду дар мулки Шероз зиндагӣ мекарданд, аҷаб нест, ин паямбари назмро барои мисраҳои зеринаш «хоин» ва носазогиҳои дигар мехонданд:

 Обу ҳавои Форс аҷаб сифлапарвар аст,

Ку марҳаме, ки хайма аз ин хок барканам.

Набояд аз ёд барем, ки инсони шоир ҳассосияти вижа дорад ва ҳамчун сарояндаи дардҳои миллат гоҳе бо навозиш, меҳр, шодӣ сухан мегӯяд ва гоҳе бо хашмҳои осиёна мушт сӯи осмон мебарад ва баъзан коинотро (фалакро) ришханду истеҳзо мезанад. Касоне, ки эҷодиёти Бозор Собирро пурра мутолиа кардаанд, нек огаҳанд, ки ӯ шеъри маснӯъӣ ва қарордодӣ (ба муносибати Октябри Кабир, съездҳову ғайра) наменавишт. Яке аз шоирони аввалин буд, ки дар бораи пайкараи афгори қавми худ, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, худогоҳии тоҷикон (мисли Расул Ҳамзатови доғистонӣ) бидуни эҳтиёткориҳои хоси дигарон, сатрҳои дарднок навиштааст.

Ин нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки ба забони тоҷикӣ шеър гуфтан осон аст, зеро, ки ин забон худаш шеър аст. Вале шеъри асил, каломи манзуми ноб гуфтан хеле мушкил аст, чунки ба ин забон даҳҳо ҳазорҳо сухандонон сухансароӣ кардаанд. Ба ҳамин далел шоир онеро мегӯянд, ки гуфтаҳои ин даҳҳо ҳазорро ба такрор нагуфта бошад. Бозор Собир ба силсилаи шоирони бикргуфтору тозаандеш шомил аст. Ҳанӯз 20-30 сол қабл, дар зикру фикри ин қавм бо шӯру меҳр, фарёду фиғон, нафрину нолаву навҳа, агар ин тавр гуфтан ҷоиз бошад, шеъри миллӣ гуфтааст. Ба пиндори банда беҳтар аз Бозор Собир касе роҷеъ ба ин Ватану ин қавм («Тоҷикистон», «Бухоро», «Туро ҳамчун Бухоро дӯст медорам»), Исмоили Сомонӣ («Девори Бухоро»), дар бораи Хӯҷанду хӯҷандиҳо, кӯлобиҳо, самарқандиву бухориҳо (Ғазои Восеъ», «Барои Турсун Акбар», «Барои Лоиқ», «Ба Раҳим Ҳошим», «Дар ёдбуди Муҳаммадҷони Раҳимӣ», «Ёдат ба хайр Муаззама»,) суғдиҳо («Чашми кабуди суғдӣ»), Ирон («Наврӯзи Ирон»), забони тоҷикӣ («Забони модарӣ») сухани ноб нагуфтааст. Ба назар мерасад, мисли Бозор Собир танҳо Лоиқ тавониста буд, ки дилҳои мо донишҷӯёни он солҳоро барои забонамон, миллатамон, кишварамон ба тапиш оварад. Бозор Собир, агар хешро ба осмонҳо ҳам бухор кунад, аз Тоҷикистон ҷудо буда наметавонад. Ин ки ӯ аз ҳамдилон, ҳамзабонону ҳамроҳони шеъру андешаҳояш малул аст, гуноҳи журналистон низ ҳаст. Шоир ба ватанаш барои боздид омада буд. Вале куҷо будед шумо тафсиргарони андешаҳои ин миллат, ки бо ӯ сӯҳбате доир накардед?! Шоир дар тӯли даҳ соли ҷудоӣ аз ин маъшуқи бевафо- Ватанаш чӣ таронаеҳо сароидааст? Барои ки ашк рехтааст? Гарчи Тоҷикистон ашки шоиронашро намепазирад…

                                                       Ин матлаби устод Мирзоён  тақрибан 6 сол қабл дар ҳафтаномаи Тоҷикистон нашр шуда буд. Фикр мекунам, ҳанӯз ҳам нукоти зиёди он муҳимияти худро гум накардааст 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: