Мо ва Ирон: Ду тани як ҷон

                                                                                                         Барои мо тоҷикон дар ин рӯзгорони ҷаҳонишавии тамаддунҳо кишвари наздиктари ҳамтаборе чун Ирон вуҷуд надорад. Мо бо ирониён гузаштаи беш аз 6000 солаи муштарак дорем.

Забони адабии (китобии) тоҷикиву форсӣ аслан ягонаанд ва тафовутҳои ҷой доштае, ки дар асри ХХ пайдо шудаанд, ночизанду забонсоз намебошанд. Адабиёти мову ирониҳо то асри ХVIII муштарак буд ва дар асри ХХ низ шеъри ноби Маликушшуааро Баҳор, Раҳии Муайарӣ, Ираҷ Мирзо, Нимо Йушиҷ, Нодир Нодирпур, Фурӯғ Фаррухзод, Ахавони Солис ва даҳҳо адибони дигар, имрӯз чун шеъри Мӯъмин Қаноат, Лоиқу Бозор ва Гулрухсору Гулназар, дар ҳар ду кишвар вирди забонҳо мебошанд.

            Албатта усули давлатдории Тоҷикикстону Ирон гуногун аст; Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ буда, дину давлат дар ҷудоӣ қарор доранд ва мардум дар бовариҳои диннӣ озоданду касе барои шак доштан ба ақоиди диннӣ мавриди таъқиб қарор намегирад. Ирон ҷумҳурии исломӣ мебошад ва аҳкоми дини ислом дар умури давлат раҳнамоӣ мекунад.

            То истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан, сиёсатмадорони шӯравӣ талош меварзиданд, ки тоҷикони Вароруд бо ҳамқавмони тоҷиктабори Хуросон (Афғонистон) ва Ирон пайванди таборӣ эҳсос накунанд, бо мафҳумҳои “миллати сотсиалистии тоҷик” ва “миллати капиталистии форс” ин бародаронро аз ҳам дар дуриҳо нигоҳ медоштанд. Аммо бо вуҷуди ин маҳрумиятҳову саддгузориҳо ва марзбандиҳо, тоҷикон дар талош буданд, ки аз зиндагии бародарони афғонистонӣ ва иронии худ огоҳ бошанд. Албатта бо иваз кардани хати форсӣ – тоҷикӣ ба хати кирилии русӣ дар пайвандҳои ҳамтаборон гусастагиҳо бунёд гардида буд, вале радио ягона василае буд, ки марзҳоро шикаста ҳамтаборонро аз ҳамдигар то андозае бохабар мекард. Ба ҳам меҳри бепоён доштанро сафарҳои дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон ба Афғонистон ва ташрифи ҳунармандони Афғонистон ба пойтахти Тоҷикистон гувоҳи гӯё буд. Ашхоси калонсол ба ёд доранд, ки солҳои !957 (бори нахуст) ва 1968 сарояндагони чирадасти Афғонистон, Ҳафизулло Хиёл, Залонд, хонум Рухшона, хонум Жило, Сорбон бо таронаҳои хеш дар зинадгии фарҳангии Тоҷикистон як инқилобе барпо карда буданд. Он солҳо дар лабони мардуми тоҷик таронаҳои сарояндагони номбурда пайваста замзама мешуд. Аз ҷумла таронаҳои “Шӯхи ҷафокор куҷо меравӣ”, “То туро дидам, ҷома даридам” и он рӯзгор, то ҳанӯз вирди забони хонандагони муосири эстрадаи тоҷик мебошанд. Бад – он сон, ки таронаҳои Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Шоиста Муллоҷонова, чун “Бути тоҷики ман”, вирди забони ҳамтаборони он соҳили рӯди Омӯ гардида буданд.

            Дар хотираҳо нақш аст, ки соли 1969 дар шаҳри Душанбе ҳафтаи филмҳои синамогарони Ирон баргузор гардида, дар тамоми толорҳои кино филмҳои “Паланги Мозандарон”, “Ҳамсафар”, “Султони қалбҳо” ва чанди дигар, бо нақшофаринии Гугӯш, Лайло Фурӯҳар, Беҳрӯз Вусуқӣ ва дигарон ба намоиш гузошта шуда буданд. Он филмҳо бедуни кадом дубляжу тарҷума намоиш дода мешуданд. . Мо ба тарҷума эҳтиёҷ надорем!” Қисме аз русзабонон толорро тарк карданд ва намоиши филм бо забони форсӣ сурат гирифт. Гузашта аз ин дар рӯзҳои дигари намоиши филмҳои иронӣ, ба ҳангоми фурӯши билет, русзабононро бохабар мекарданд, ки филм ба забони русӣ баргардонда нашудааст. Пас аз сипарӣ гаштани ҳафтаи номбурда, кормандони амният (КГБ) хостанд ташкилкунандагони он эътирози толори кинои “Ватан” ро пайдо кунанд. Вале касеро натавонистанд пайдо ҳам кунанд, зеро ин амри дили форсизабонону иронинажодон буд, на дасисаи касе. Мутаасифона имрӯз дастандаркорони шабакаи телевизионии “Сафина”, бо ибораи мардум “ба дили худ”, форсӣ – тоҷикии шевои офарандагони он филмҳои ирониро бо забони форси – тоҷикии хому чалла бармегардонанд.

            Дигар имрӯз ба кишвари мо Саттор, Лайло, Мӯин ва соири сарояндагони Ирону Афғонистон озод меоянд, дар ҳар хонадон таронаҳои ҳамтаборон аз баландгӯҳову  пардаҳои телевизионӣ ва дискҳо садо медиҳанд. Ин меваи ширини истиқлолият аст. Ин намунаи сиёсати оқилонаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки худ тоҷиктабору иронинажод аст, мебошад. Наметавон бе ашки хушнудӣ наворҳои суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмонро, дар рӯзи Наврӯзи Теҳрон дид. Ба гумони мо иронитаборони тамоми ҷаҳон, ки аз Австралия то Лос Анҷелесу Марокеш маскан ихтиёр кардаанд, аз пешниҳоди Президент Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди Наврӯзи ояндаро дар Ватани Наврӯз – Тахти Ҷамшед ҷашн гирифтан, фарогири ҳаяҷони фараҳбахш гардидаанд. Ин пешниҳод ба сони зиндашавии паёми Ҳаким Фирдавсӣ буд, ки нигаҳ доштану гиромидошти Наврӯзро васият карда буд: 

                                   Нигаҳ доред ойини ҷашни Сада,

                                   Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

            Равобити навини Тоҷикистону Ирон сиёсати оқилона дар муносиботи ду кишвари бародар мебошад, ки аз иродаи устувор ва ояндабинонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон бархостааст. Набояд ин нуктаро саҳлу осон гуморид, ки дар мавриди раво дидани таҳримҳои гуногун ба Ирон, аз ҷониби абарқудратон ва худро ба канор кашидани ваъдахилофони Русия, аз анҷом додани пружаи нерӯгоҳи барқи ҳастаии Бушер, Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сари баланд назди бародарони худ ташриф бурд ва боИрон як силсила аҳдномаву қарордодҳоро ба имзо расонд.

            Дар Наврӯзи имсола миёни се кишвари форсзабон – Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон санаде ба имзо расид, ки сарнавиштсоз буда, чашми танги бахилони минтақаро кӯр хоҳад кард; аз Тоҷикистон то Ирон роҳи оҳан ба самти Панҷи поён – Қундӯз – Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – Машҳад бунёд мшавад. Ин роҳ моро аз ситами қарақчиҳои классикӣ, ки аз нурофариниву созандагии мо дар ғам таранд, раҳо медиҳад. Худо хоҳад корвони тоҷири тоҷик то халиҷи Форс ва Баҳри Миёназамин осуда сайр хоҳад кард.

            Лозим ба ёдоварист, ки ҷусторони нурро дар Ирон низ нотавонбинон дар талоши халал ворид кардан буда, мехоҳанд садди роҳашон гарданд. Аммо ҳар куҷо нур аст, шаб ба поён мерасад, ҳар куҷо рӯшноист, торикӣ маҳв мешавад. Торихи иронитаборон дар дарозои ҳазорсолаҳо, торихи муборизаи рӯшноӣ бо торикӣ, Аҳурамаздо бо Аҳриман, Кова бо Заҳҳоки морон буд. Ва ҳамеша фурӯғи рӯшноӣ бар дилҳои тори аҳриманӣ чира мегардад.

Ё Маздо, Аҳуро! Чеҳраи рӯшанатро бар сарзамини тоҷиктаборон, ҳамеша арзонӣ бидор!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: