Бидуни тавҳин:Узбак нависем ё узбек?

 

Пеш аз пардохтан ба асли гуфтор бояд ба такрор зикр кард, ки мавзӯи забони тоҷикӣ дарднок аст ва марбут ба зистану мурданаш аст. Ончуноне баршумурдаанд, дар рӯи замин анқариб 7 000 забон вуҷуд дорад ва ҳар моҳ ду забон мемирад. Аз ин шумор 83 забон аз ҳама маъмулу роиҷ дониста шудаанд, ки хушбахтона забони форсӣ яке аз он забонҳои ривоҷ доштаи ҷаҳон маҳсуб аст.

Бо вуҷуди ба истиқлолияти давлатӣ мушарраф шудан, барои поксозии забон, даст ба ҷиҳоди воқеӣ надоштани фарҳангиёну донишмандони аз дастархони забону адабиёт намак чашида, гувоҳи гӯё ва нишони равшани рӯ ба завол будани забони тоҷикӣ мебошад. Шахси ноогоҳ гумон мекунад, ки танҳо дар Тоҷикистон «ин забончиҳову миллатчиҳо» беҳуда ғами забони тоҷикӣ мехӯранд, вале кишварҳое, ки парвои забону шоиру адабиёт надоранд, ракетасозу мошинсозанд… (мазмун баргирифта аз маҳсули мағзи сари аз ҳад беш ҳозиразамони баъзе муаллифони мақолаҳо). Он ноогоҳони дучори пиндори ботил бехабаранд, ки кишварҳое чун Корея, (чанде пеш бомби атомӣ низ тавлид карда), дар садади 50 соли наҳзати пайгир, забони мувоҷеҳ ба маргро пок намуда, наҷот дод. Дар ин муддат дар Корея наҳзате дар ҷараён буд, чун инқилоби поксозии забон аз унсурҳои чиниву ҷопонӣ. Ироне, ки бо тамоми дастовардҳои фанниву фарҳангӣ ва санъати мошинсозиву атомиаш маълум аст, барои пешгирии забон аз олудагиву харобшавӣ, фарҳангистони муқтадири забону адаби форсӣ тадвир кард, ки вазифаи нахустини он муқобила бо ҳуҷуми вожаҳои бегона ва ёфтану ҷорӣ намудани муодили форсии онҳо мебошад. Ин фарҳангистон ба худ шӯро, гурӯҳи вожагузинӣ дорад, ки пешниҳоди ҳар узви гурӯҳ дар шӯро муҳокима шуда, барои ҳар як вожа шиноснома таҳия мешавад. Лоиҳаи қарори гурӯҳ дар хабарномаи фарҳангистон барои мулоҳизаи оммаи мардум пешниҳод мегардад. Пас аз тайи ин марҳилаҳо, натиҷаҳои кор дар шӯрои фарҳангистон матраҳ мегардад. Шӯро пешниҳоди гурӯҳро ё таъйид мекунад, ё барои интихоби муодили дигари вожа бармегардонад. Ва марҳилаи ниҳоии он, ҳатто аз назари Раиси Ҷумҳурӣ, ки раёсати олии фарҳангистонро ба ӯҳда дорад, гузаронида мешавад ва танҳо пас аз он расман эълом мешавад, ки фалон вожаҳо пазируфта шуданд.

«ФУРӮЗОНАК» ҶОЙИ ЧАРОҒРО ГИРИФТ

Аммо дар кишвари мо ҳар аз роҳ омадае метавонад вожаву ибораи наве «кашф» карда, ба забони адабӣ ворид кунад. Чуноне ки ҳангоми таблиғи чароғҳои камхарҷ, кадом вожасозе ба забон вожаи «фурӯзонак»-ро ворид кард ва васоити ахбори омма, минҷумла радиову телевизионҳо ба зудӣ якдилона ин «кашфи навин»-ро пазируфта, ҳар рӯз садҳо бор «фурӯзонак» хонданд. Лек забоншиносе аз шумули комиссияи забон, ё аз ягон адвори адабиву фарҳангии пойтахт пайдо нашуд, то бифаҳмонад, ки агар манзурашон «лампа»(лампочка) бошад, дар тоҷикӣ ҳамеша муодиле дошт ба унвони «чароғ»(чароғак), ки арабҳо аз форсӣ баргирифта, «сироҷ»(сироҷун) номида буданд. Ва агар манзур мушаххас намудани чароғ бошад, мегуфтанд «чароғи барқӣ». Ва дар мавридҳои дигар «чароғи нафтӣ» (ё керосинӣ), «чароғи раҳнамо», «чароғи чорсӯ», «чароғаки дастӣ», «чароғи деворӣ», «чароғи қандил», «чилчароғ», «чароғаки камхарҷ» ва ғайра.

КОМИССИЯИ ЗАБОН ЛАБ ФУРӮ БАСТААСТ

Гумон меравад дар Тоҷикистон низ кадом як комиссияи забони давлатӣ ба кадом коре машғул аст, ки фаъолияти худро аз мардум пинҳон медорад. Ин аст, ки комиссияи номбурда то ҳанӯз ба соҳибони забон ягон гузорише пешниҳод накардааст ва пешниҳод карданӣ ҳам нест. Пайдост, ки ин комиссия намехоҳад сар дар махмасаҳои сарнавишти забон ба дард оварад ва ё магар дилсардие фарогирашон аст?! Ва ҳамин аст, ки боре ҳам васоити ахбор, нашрияе, радиову телевизионеро огоҳ накардааст, ки забони гаронмояи тоҷикиро мавриди тохтутоз қарор дода, ба пайкараш зарбаҳои муҳлик ворид мекунанд. Забоне, ки дар замони зери асорати бегонагон будан, ба ҳуввияташ (ба сохтораш) садама ворид карда буданд, акнун дар замони соҳиби истиқлолияти давлатӣ шудан, даст ба харобсозии сохтмони овоиаш мезананд. Бар хилофи қоидаҳои овоии забон, ҳар куҷо, ки хоҳанд зада мегузоранд, дар гӯиш бо талаффузҳои ғайритоҷикӣ, аз ҷумла русиву арабӣ роҳ медиҳанд. Чунончи сухангӯёни муқаллиди забони русӣ овои «л»-ро бо шеваи русӣ ва арабгароён овои сакта (ъ) ва ҳ (и ҳуттӣ)-ро бо лаҳни ғализ ифода мекунанд. Маълум аст, ки забони тоҷикӣ — форсӣ аз забонҳои русӣ, арабӣ, узбакӣ ва дигар забонҳои аниронӣ на танҳо бо таркиби вожагонӣ, балки бо низоми овоии худ тафовути комилан мутлақ дорад, зеро бо забонҳои номбурда кадом пайванди хонаводагие надорад. (забонҳои туркӣ, минҷумла забони узбакӣ бо муғуливу кореягӣ ба хонаводаи забонҳои Олтой дохил мешавад. Забони арабӣ ба гурӯҳи забонҳои сомитӣ дохил шуда, бо забони яҳудиён аз як хонавода аст. Забони русӣ, гарчанде чун забони форсӣ-тоҷикӣ аз хонаводаи ҳинду аврупоӣ ҳам бошад, дар низоми овоӣ аз забони тоҷикӣ тафовутҳои чашмрас дорад.)

«УЗБАК» ҒАЛАТ НЕСТ

Медонем, ки забони узбакӣ шумори зиёди вожаҳоро аз забони тоҷикӣ вом гирифтааст, вале бинобар сабаби аз оилаи ғайр будан, дар навои гуфтор аз забони тоҷикӣ тафовутҳои комилан мутлақ дорад. Гӯиши худи вожаи «узбак» ва «Узбакистон», дар миён бо садоноки «а» (забар), сурат мегирад, на бо садоноки «е» (ё-и форсӣ), яъне «узбек», ки аз нигоҳи низоми овоӣ ғалати маҳз аст. Саҳеҳ будани ин вожаро ба шакли «узбак» хати форсӣ худ тасбит мекунад, зеро дар навишт, ба шакли «узбек», овардани садоноки «ё» ҳатмист ва он гаҳ ин калима ба сурати «узбик» хонда мешуд. То он ҷо ки ба назари банда расида, дар замони шӯравӣ ба хотири бар хаёли баъзе ҳамдиёрону ҳамсояҳои ба номи «узбак» ҳассосият дошта малол пайдо нашудан, ба ғалати овоӣ роҳ дода, ҳарфи «а»-ро ба «е» иваз карда буданд. Дар гӯишҳои форсии Ирону Афғонистон ин вожа ҳамеша ба шакли «узбак» хондаву навишта мешавад. Ва забоншиносони бо хати форсӣ ошно, дар замони шӯравӣ низ, ҷумҳурии ҳамсояро «Узбакистон» ва қавмашро «узбак» ном гирифтаанд. Чуноне ки донишманди тавонои тоҷик, А. Девонақулов, дар навиштаҳояшон ғолибан бад-ин шакл ба сабт расондаанд: «Олим ва мутарҷими Ҷумҳурияти бародарии Узбакистон, А. Расулов ин ганҷи бебаҳоро ба забони узбакӣ тарҷума намуда, соли 1968 аз нашр баровард.» (Муқаддимаи «Осор-ул-боқия»-и А. Берунӣ, Д., 1990.) Ва набояд узбаконро аз тоҷикон ва тоҷиконро аз узбакон барои талаффуз бо риояи низоми овоии забонҳояшон малол ояд. Чуноне ки узбакон тоҷикҳоро «тожик» ва урусҳо «таджик», на «тоджик» унвон мебаранд. Ногуфта нагузорем, ки урусҳо олмониҳоро «немец», гунг ва арабҳо форсҳову тоҷиконро «аҷамӣ» (уҷм), низ гунг унвон карда буданд.

«ЗАБОНИ СОВЕТИИ ТОҶИКӢ» ВА ЭРОН ШУДАНИ ИРОН

Бояд таваҷҷҷӯҳ дошт, ки бинобар сабаби аз даст додани хати миллии форсӣ, мардуми дучор ба лағзиш ва ғалатгӯиҳои бемисл, бар хилофи қавоиди забон рафтор карданро як амри маъмуливу оддӣ донист. Шигифт ин аст, ки ҳангоми сохтани «забони советии тоҷикӣ», тоҷиконро ба худбузургбинӣ водор карданд ва бад-ин васила барои пай набурдан аз ошуфтагиҳои забон, пеши чашмашон аз таърифу тавсифҳои дилкашу ҷолиб пардаи гулобие густурданд (мисли, «забони тоҷикӣ пас аз Револютсияи Октябр аз ҳисоби забони зиндаи мардум ва забони халқи кабири рус ва халқҳои ҳамсоя бою ғанӣ шуд.) Ва он худбузургбинӣ то ҳанӯз фарогири андешаву бовариҳои забоншиносони соҳибмақому соҳибунвон аст, ки дар натиҷа эҳтиёҷи шадиди забони адабии тоҷикиро ба ислоҳу поксозӣ намехоҳанд дарк кунанд. Аз он рӯзе, ки хати кирили ҷои хати форсиро гирифт, як силсила ошуфтагиҳои дигар дар забон ба миён омаданд. Аз ҷумла бо корбасти ҳарффи «э», дар алифбои нав раҳгумиҳои наве дар забони тоҷикӣ пайдо шуданд. Як силсила калимаҳое, ки бо «алиф» ва «ё» ибтидо мегирифтанд ва талаффузашон наздик ба «ий» (EI) аст, бо ҳарфи нави «э» навишта шуданд, ки он наметавонад овои асли вожаро бозгӯ кунад. Мисли Ирон-Эрон, Идар-Эдар, Ираҷ-Эраҷ, Изад-Эзад, Ишон-Эшон. Дар фарҳангҳои муътабари форсӣ-тоҷикӣ, ҳамчунон дар «Бурҳони қотеъ» тарзи дурусти талаффузи вожаҳои ёдшуда сареҳан омадааст: «Ирон бар вазни пирон», «идар бар вазни дигар» ва ғайра. Аммо вожаҳои «инак» ва «Исо», ки низ дар хати форсӣ ба шакли «Ирон» меоянд, дар шеваи кирилии забони тоҷикӣ, чун вожаҳои ёдшуда ба ғалат навишта нашудаанд. Яъне «энак» ва «Эсо» навишта нашудаанд. Набояд аз дида дур дошт, ки ҳарфи «э» то андозае ба якчанд вожаи аз арабӣ баргирифта, ки бо «алиф» ва «айн» меоянд, созгор аст. Мисли, «эълон», «эътибор», «эъзом», «эътидол», «эътироз» (танҳо дар чунин вожаҳо).

ЗАБОНРО БОЯД ПОКСОЗӢ КАРД

Мо дар ин навиштор ҳадаф надорем, ки тамоми осебҳои аз тағйири хат расидаро мавриди таҳлил қарор диҳем ва ин намунаҳое, ки оварда шуданд, гарде аз ошуфтагиҳои забони тоҷикӣ мебошанд. Ва агар ошуфтагиҳои дар натиҷаи тағйири хат ба миён омадаро, бо тағйироти куллии ба сохтору устухонбандии (сарфу наҳви) забони тоҷикӣ дароварда,( ки бад-ин васила онро гулӯгир намуда буданд), бар замми ҳамлаи имрӯзи забонҳои русиву аврупоӣ,( ки ба пайкари забон садама ворид мекунанд), ба назар бигиред, метавонед ҳолати ногувору риққатбори забони тоҷикиро арзёбӣ кунед.

Пеш аз расидан ба поёни матлаб, ёдоварии ин нукта зарур дониста мешавад, ки ба хотири риояи хусусиёти забони меъёр, дар назди Ҳукумат бояд мақоми расмии идорие дар фаъолият бошад, ки масъули нигаҳдории саломату асолати забони давлатиро бар душ дошта бошад ва хуб мебуд агар он мақом мустақиман ба раиси Ҳукумат аз ҷараёни иҷрои Қонуни Забон пайваста гузориш медод. Ин мақом бояд дархӯри салоҳияти мушаххас дар мурооти Қонуни Забон буда, ҳамоҳангсози фаъолияти комиссияи забони тоҷикӣ, Бунёди забони тоҷикӣ, гурӯҳи вожагузинӣ, таҳия ва табъу нашри китобу нашрияҳои забони тоҷикӣ ва ба таври умда раҳнамои раванди барномаи густурдаи поксозии забони форсии тоҷикӣ бошад.

ТАҲРИРИ ҚОНУНИ ЗАБОН КОРИ ВАЗИР НЕСТ

Нуктаи гуфтании дигар ин аст, ки аз саҳифаҳои нашрияҳо ( «Нигоҳ», №10, 28 05 09. А. Абдуваҳҳоб «Забони бесоҳиб ва президенти танҳо»), огоҳ шудам, ки комиссияи таҳрири Қонуни Забон вуҷуд доштаасту гӯё бедуни назарпурсии фикри омма, ақаллан онҳое ки ба омӯзишу пажӯҳиши забони тоҷикӣ алоқаманданд (бо пурсиши танҳо назари вазирон), мехоҳанд Қонунро таҳрир намуда ба тасвиб расонанд. Ба назар мерасад, чунин роҳу усули таҳрири як санади сарнавиштсози миллӣ, бедуни назарпурсӣ аз соҳибони забон ғалати ислоҳнашаванда аст. Инҷониб пешниҳод мекунам, ки дар пойтахти кишвар як ҷамъомад (форуми) забоншиносони Ҷумҳурӣ, бо иштироки адибон, рӯзноманигорон ва муаллифони номаву навиштори ҳоки аз пешниҳодҳои ҷолиб доир гардад. Як-ду моҳ пеш аз баргузории ҷамъомад, мусаввадаи (лоиҳаи) таҳрири нави Қонуни Забон ба манзури омма матраҳ гардида, андешаҳои ҷолиб, аз тарафи ҳайати тадорукоти ҷамъомад (форум), пас аз таҳлилу тасҳеҳ ба мулоҳизаи иштирокдорон вогузор шавад.

Ҳамон тавр ки мулоҳиза шуд, касе ба вазъи мавҷуди забон намеандешад ва рӯз аз рӯз ба забони бе ин ҳам бемори адабии тоҷикӣ, аз роҳи бозаргонӣ, аз тариқи раҳоварди дарсхондагон дар хориҷа ва ҳамдиёрони дар талаби маош дар хориҷа, тавассути дастовардҳои тарҷумонҳои андакхонда, радиову телевизионҳо ва матбуоти аз таҳрири коршиносони забон бенасиб, вожаҳои бегона ва ҳарҷу марҷҳо ворид шуда, заволи забони муқаддаси аз ниёкон ба мерос гирифтаро наздик месозанд.

                                                                                                                

Реклама

Один ответ

  1. Якбор шохиди он будам, ки ду журналист дар лифт байни якдигарашон басх мекунанд. Як журналист ба журналисти дигар мегуяд: Чурачон, газетатон зур, ба ман маъкул, лекин чаро шумо Узбекистонро Узбакистон менависед. Баъд журналисти дигар ба у чавоб медихад: шумо точикхоро тожик менависед ку……

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: