Арал борҳо хушк шудааст ё мо Панҷ надоштем

  • Хонандаи гаронмоя! Шумо медонед, ки рӯди
  • Омӯ ва ноҳияеро  Панҷ номидан ба худноогоҳии
  • миллӣ далолат мекунад?! Медонед, ки иваз
  • кардани номи рӯди барои ниёконамон муқаддас,
  • беҳадаф набудааст?! Медонед, ки дар дунё се
  • рӯде вуҷуд доранд, ки мақоми баҳрро доштаанд.
  • Ва яке аз онҳо Омӯ, дигаре Сир ва севвум Нил
  • дониста шудаанд?!

                                                                                              

                                                                                                      Зафар Мирзоён

 Ҳама огоҳанд, ки ҳар ғосиби ба сарзамини дигарон таарузу истило карда, дар баробари қатли саросарии сарафрозшеронашу ба бардагӣ бурдани занону духтаронаш, номҳои деҳу қасабот ва шаҳру вилоёт ва кӯҳу даману наҳру рӯдҳояшро ба забони худ мегардонад. Ва мо низ борҳо гуфтаем ва боз хоҳем гуфт, ки чи гуна номҳои ҷӯғрофиёии марзу буми тоҷикнишин ба шакли арабӣ, турку муғулӣ ва русӣ табдил шудаанд. Аммо дар ин гуфтор мо мехоҳем пиромуни номи бузургтарини сарзамини Вароруд, рӯди Омӯ бардоштҳои хешро бозгӯ намоем. Пеш аз пардохтан ба асли матлаб лозим донистем, ки дар мавриди вожаи «дарё», шарҳи иҷмолие пешниҳод намоем. Бояд донист, ки дар адабиёти ҳазорсолаи форсу тоҷик ва дар тамоми фарҳангҳои забони форсӣ-тоҷикӣ, мисле ки имрӯз дар гӯиши мардуми Ирон маъмул аст вожаи «дарё»-и форсӣ ба маънии баҳр (русиаш «море»), мебошад. Калимаи «баҳр» аз забони арабӣ вом гирифта шудааст. Вожаи «дарё», дар паҳлавӣ «drayap» (драёп), дар фарҳангҳои тафсирӣ ба сурати зайл сабт гардидааст: «оби бисёр, ки қисмати бисёре аз заминро фаро гирифта ва қобили киштиронӣ бошад ва ба уқёнус низ роҳ дошта бошад, монанди дарёи Уммон. Ба арабӣ баҳр мегӯянд.» («Фарҳанги Умед», «Бурҳони қотеъ» ва ғайра.) Дар забони тоҷикии муосир бо вожаи «дарё» рӯдро мефаҳманд ва ҷойи вожаи классикии «дарё» ба «баҳр»и арабӣ дода шудааст. Ин нукта дархӯри таваҷҷӯҳ аст, ки дар ҷахон се рӯдхона мавҷуданд, ки ба таври истисно «дарё», (мисли баҳр) номида шудаанд: Нил (дар Миср), ки дар «Қуръон»-и маҷид бо вожаи «Ям», яъне баҳр ном гирифта шудааст ва Омӯро ба шакли «Омӯдарё», Сирро ба шакли «Сирдарё», ки дар Меҳани мо сарчашма доранд, унвон кардаанд.

            Ба мавзӯи рӯди Омӯ ва шарҳи этимологии (решаёбии) топоними «Омӯ», донишманди пуркори тоҷик, А. Девонақулов, дар китоби пурбаҳои худ, «Асрори номҳои кишвар», ҳанӯз соли 1989 мақолаеро зери унвони «Амӯдарё», бахшида буданд. Дар он мақолаи кӯтоҳи пурарзиш аҳамияти ин рӯди номвар, ки аз кӯҳҳои Помир сарозер шуда, савоҳили он 1650 км. хоки поки Тоҷикистони азизро мебӯсад (аз 2540 км., 870 км. марзҳои Узбакистону Туркмонистонро мегузарад) ва дар баҳри Хоразм (Арал) резишгоҳ дорад, ба таври равшан дарҷ гардидааст. Дар он ҷо ҳамчунин пиндори фарҳангнигорони маъруфи форсу араб, дар мавриди маънии вожаи «омӯ», бозгӯ шудааст, ки ишон ин номро бо гунаҳои «омӯй», «омун», яъне пур кардан, мамлӯ (саршор) будан донистаанд ва ба шорсоне низ ишора кардаанд. ки дар соҳили рӯд ҷойгир буда, Омун унвон доштааст. Муаллифи мақолаи номбурда, чун ҳадафманд набуданд, ки ба паҳлӯҳои гунагуни торихи номи рӯди бузурги тоҷикон андешаронӣ кунанд, аз тафсири пиндорҳои тоисломии ба он иртибт дошта, сарфи назар кардаанд.

            Иддае аз ҷуғрофиёдонони номии ҷаҳон Омӯро «Веҳрӯд», аз решаи вожаи форсии «Вахш», донистаанд, ки маъниаш «болидан» аст ва «Вахш», «Вахшу»-ро маънӣ «афшондан» низ мебошад. Ҷо дорад ёдовар шавем, ки рӯди Вахши имрӯза, ҳамчун шохоб, аз номи куҳани Омӯ боқӣ мондааст. Ба гунае, ки устоди донишгоҳи миллии Ирон, доктор Саид Ҷаъфари Ҳамидӣ гуфтааст, «рӯдхонаи Ҷайҳун» дар асри сосонӣ «Веҳрӯд». ё «Беҳрӯд», ё «Веҳрӯт» ном дошта ва аъроб онро Ҷайҳун хондаанд. Ин ном баргирифта аз калимаи Гайҳун-китоби муқаддаси «Таврот» аст, ки номи наҳре аз наҳрҳои биҳишт мебошад.» (Маҷаллаи «Симурғ», соли 1369 (1990), с.40, 46). Ин нукта дархӯри нигариш аст, ки вожаи Ҷайҳун на танҳо ба дарёи Омӯ таалуқ дорад, балки ҳар рӯди дигарро ҳам ҷайҳун мегуфтаанд. Яъне номи ҷайҳун, ба ҷуз аз исми хос, исми ом (ҷинс) низ буда, ба маънои мутлақ рӯдро мегуфтаанд. Дар ин бора тафсирҳои дар китобҳои торихӣ, мисли «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Торихи Ҷаҳонгушой»-и Ҷувайнӣ, «Ҷомеъ-ат-таворих» омада, гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла дар «Ҷомеъ-ат-таворих» омадааст: «…ҷӯйи бузургро рӯд хонанд ва авом рӯди бузургро ҷайҳун гӯянд…». («Ҷомеъ-ат-таворих», ҷ.II., Т.1352, саҳ.686). Ва дар ҷойи дигари ҳамин китоб, дар ёдкарди рӯди Омӯ, вожаи «ҷайҳун», ҳамчун исми ом, ба ин гуна омадааст: «…ва аз ҷайҳуни Омӯя то ба ақсои билоди Миср…» Дар китобҳои номбурда гаҳе рӯди Атил (Волга), Дубо (Дон), Синд ва ҳатто Сирдарё, ҷайҳун номида шудаанд. Юнониҳо ин рӯдро Оксус (Oksus) номида буданд.

            Ҷуғрофиёнигорони қадим, аз ҷумла Ибни Раста сарчашмаи рӯди Омӯро аз чаҳор шохоб ном бурдаанд. Ба гунаи нигориши онҳо, оғози Ҷайҳун аз шохаи Ҷарёб, ки онро Вахоб, ё Вахон низ мегуфтаанд, ибтидо мегирад. Сипас Андиҷароғ (ҳоло Бартанг номида шудааст), рӯдхонаи Ахшуво (Ахш) ва аз самти дигари Ҷайҳун рӯдхонаи Коча. (Имрӯз Кукча ном дорад, ки аз ҳудуди Афғонистон, ҷорӣ мешавад.)

Маркварт (Marguart), ҷуғрофиёнависи Олмон номи ин рӯдхонаҳоро ба таври зер навиштааст: Бахшуво, Бархонфорғар (Кукча), Андиҷороғ ва Вахшоб.

          . Донишманди гаронмоя, Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ, ки солҳоро бар сари пажӯҳиши ҷуғрофиёи Ирони бостон гузаронидааст, пас аз таҳқиқу таҳлил ба хулосае омадааст, ки дар давронҳои гузашта «Омӯдарё аз миёни Чаҳорҷӯй ва Тоҳирия ба сӯи чап гузар мекард ва ба дарёи Фарохрӯд ё Мозандарон (Гургон, ё Гелон, яъне Каспий) мерехтааст.» Юнониҳо дар асри IV п.аз м. (замони лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ) дарёфта буданд, ки Омӯ ба баҳри Хазар (Каспий) мерехтааст ва дар бораи кӯли Арал чизе нанавиштаанд. Ба гумони мо дур аз яқин нест, ки дар он замонаҳои дур кӯли Арал ба баҳри Хазар васл будааст. Ҳамчунон дар торихи Ибни Асир омадааст, ки лашкари муғул дар соли 617 ҳиҷрӣ(1239 м.), тайи шаш моҳи муҳосираи шаҳри Урганҷ натавонистанд онро фатҳ кунанд. Муғулҳо садди соҳили рӯдро вайрон карда, маҷрои онро ба шаҳри Урганҷ равона карда, шаҳрро зери об намуданд. Дар натиҷа Ому масири худро тағйир дода ба баҳри Хазар ҷорӣ шудааст. («Доиратул маорифи Масоҳиб», Т., 1321 (1982 м.), с. 484-486).

Чунон ки дида мешавад, хушкшавии  кӯли Арал дар асри ХXI, ки муҳофизони табиатро дар ташвиш овардаст, дар торих бори аввал нест. Ва наҷотдиҳандагони кӯли Аралро боясти огоҳ кард, ки тайи ҳазорсолаҳо ин кӯли аз баҳри Хазар (Каспий) ҷудо шуда, якчанд бор хушк шуда, дубора пуроб шудааст.

            Мутобиқи гувоҳиҳои авастоӣ, номи рӯди Омӯ ба шакли «Дойити», «Дойитик», «Дотик» (DAITI), бо сифоти вижа зикр гардида, яке аз муқаддасоти мардуми ориёӣ дониста шудааст. Гузаштагони дури мо бад-он сон рӯди Омӯро икрому эҳтирому арҷгузорӣ мекарданд, ки онро бо номи изадбонуи муқаддас, Ардви Сура Аноҳито, ҳамсон дониста, Ардви унвон карда буданд. Дар манбаъҳои авастоӣ сабт аст, ки «…рӯзи дайбамеҳр (понздаҳум), аз урдабиҳишт буд, ки Зартушт ба канори рӯди Дойитик рафт. Оби рӯд боло буд. Зартушт ба об дарун шуд. Об аз соқаш гузашт ва пеш рафт то зону ва пас аз он ба рон ва саранҷом ба гардан расид. Он гоҳ ки аз об бадар омад амшосипанди (фариштаи) Ваҳуман бо шукӯҳу азамат бар вай намудор шуд, ки нӯҳ баробари Зартушт буд ва ҷомае аз нур бар пайкар дошту пайкараш худ рӯшноӣ буд. Ҷойгоҳи анҷуман ва кохи нишастангоҳи амшосипандон ба сӯи Ховар (Хуросон), дар Иронвиҷ (AIRAM) буд, дар канори рӯди Дойитик. Ва рӯди Дойитик ба ин сабаб арҷу варҷи дигар дораду бузург аст ба ҳамаи обҳо.(Ҳошим Разӣ, «Торихи мутолиоти динҳои иронӣ», Т., 1371 ҳ. (1992 м.) с.243).

            Нуктаеро дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки дар бораи калимаи «тоҷик»  ва ин ки ин вожа аз чи маънӣ баргирифта шудааст ва решаи аслии он чист сухан бисёр гуфта шудааст ва дошишмандони донои риштаи этимология (шинохти решаи калима), дар маврид хулосаҳои гунагун доранд. Назаре низ дар миён аст, ки вожаи «тоҷик», ба маънии қавми тоҷик, аз номи бостонии дарёи Дойити, ё Дотик баргирифта шудааст. Гумон меравад ин андеша нисбат ба иддаои аз решаи «тоҷ» (қавми тоҷдорон), ё «тозик» (араби форсизабон) ном гирифтани қавми тоҷик, наздиктар ба яқин аст, зеро нахуст ин ки ғолибан ба қавмҳо ҳамсоягонашон ном мениҳоданд ва дуввум ин ки қавмҳоро бо назардошти вижагиҳои маскану маъвои ҷуғрофиёӣ, ё шуғли аслиашон ном мебурданд ва дар ду савоҳили рӯди муқаддаси Доятик маскан доштанашон, форсигӯёни Вароруду Хуросонро унвони «дотик», «тотик» насиб гашта бошад.

            Муқаддас донистану арҷгузорӣ ба дарёҳои худ хоси танҳо гузаштагони андешаманди мо нест. Бисёре аз халқҳои соҳибдавлати рӯи замин ба рӯдхонаҳову дарёҳое, ки дар рӯзгорони мардумонашон нақши муҳим доранд, арҷгузорӣ менамоянд ва ҳатто дар намозашон ба онҳо сар ба суҷуд меоваранд. Мисле, ки ҳиндиҳо ба рӯдҳои Гангу Ҷамна, мисриҳо ба Нил, украинҳо ба Днепр, чиниҳо ба Хуанхе, русҳо ба Волгаву Байкал (ки модару муқаддасашон мегӯянд-«матушка Волга», «священный Байкал») ва ғайра.

            Чуноне ки мулоҳиза шуд, ниёкони ҳушманди мо ҳанӯз 8-9 ҳазор сол пеш, рӯди Омӯро муқаддас дониста, ба он арҷгузорӣ мекардаанд ва онро мояи ифтихори хеш медоитстаанд. Аммо ҳоло дида мешавад, ки бар асари бегонагӣ ба худ ва ҳеҷу пӯч донистани муқаддасоти ба мерос гузоштаи падарон ва бинобар марзи давлати шӯравӣ донистани рӯди Омӯ ва зимнан раҳ надоштани мардум ба савоҳили он (аз сарватҳояш бенасиб будан), дигар ин рӯдхона барои тоҷикон  муқаддас нест ва дигар касе ба он арҷгузорӣ ҳам намекунад. Ҳамин бохтани муқаддасот аст, ки рӯди Омӯ дар саросари марзҳои Тоҷикистон ба унвони соддаву омиёнаи Панҷ ва гаҳе Пяндж ёд мешавад. Чунин менамояд, ки дар гузаштаи на он қадар дур нақшасозони русӣ (картографҳо), дар қисмати бадахшонии рӯди Омӯ, аз мардуми авом номи дарёро пурсида, посух гирифтаанд, ки “Панҷ” ва ин номи аз мардум шунидаро расмӣ эълом доштаанд, на номи торихиву китобиашро. (Воқеан, ҳангоми хидмат дар Афғонистон, аз гуфтори байнихудии ду муҳандиси шӯравӣ, ки роҳсозони лаби дарёи Омӯ буданду дар он лаҳза ба нақшаи топографӣ нигоҳ мекарданд, чунин ҳадсзаниҳои таҳқиромезро шунида будам; яке, ки аз қавм гурҷӣ буд ба ҳамтои русиаш мегуфт «…хеле содда номгузориҳо доранд ин тоҷикон, ҳамаро бо рақам ном мемонанд; рӯдхонаашон Панҷ, ноҳияаашон Панҷ, пойтахташон Душанбе..». Муҳандиси русӣ дар тақвияти гуфтаҳои ҳамсӯҳбаташ гуфт: «ин халқиятро тахайюлаш маҳдуд аст, андешаашон танбал аст, фикр карданро дӯст надоранд. Ҳар чи пеш омад, хуш омад…» Гуфтааш бо забони русӣ тақрибан чунин буд : просто у этих аборигенов ограничена фантазия,  да и лень съедает у них мысль, не любят мыслить…) Дигар ҷойи сухан набуд ва  ҳатто агар мегуфтам, ки Фирдавсӣ доштему Сино ва бузургонамон бисёр китобҳо навишта буданд, таъсире надошт.  Ин дигар дар замони шӯравӣ буд, ки мо соҳиби давлати худ набудем ва ба даҳони дигарон менигаристем. Акнун, ки мо соҳибдавлатем чаро номи рӯди муқаддасамонро на «Панҷи ноором», балки Омӯ нахонем?! Чаро ноҳияи соҳили рӯди бузургамонро ба ивази Панҷ Омун, ё Омӯ унвон накунем?! Чаро мо меҳмонхонаву маконҳои тафриҳиамонро бо номҳои муқаддаси Омӯ, Помир, Сир номгузорӣ накунем?! Магар нангамон нахоҳад омад, ки дар ҳудуди Узбакистону Туркманистон рӯди бузурги сарзаминамон, ин номи муқаддаси аз падаронамон ба мерос гирифтаро, дар шакли наздиктар ба асл, яъне Амударя бигӯянду мо Панҷ?!

            Гоҳе ноогоҳони дур аз торихи бовариҳои бостонии тоҷикон ва саҳлангорон, аз пушти пардаи телевизион ва саҳафоти рӯзномаҳо, ба хотири бадеият бахшидан ба гуфтори худ, рӯди Вахшро бо таркибҳои «Вахши ваҳшӣ», «Вахши саркаш», «Вахшро лаҷом задем», «Вахшро таслим кардем» ва монанди он баён мекарданд, ки хеле кароҳатбору гӯшозор буд. Рӯдҳое, ки дар сарзаминамон бистар доранд, подоши худованди яктои беҳамтоанд, ки қавми моро аз гармиву сардиҳои рӯзгор, аз аташи ташнагиҳову, раҳгумиҳои тор наҷот мебахшанд.

            Оби Омӯро ниёкони мо, на танҳо бад-он хотир муқаддас дониста буданд, ки дар он ба бори аввал паямбарашон Зартушт обтанӣ карда буд ва пас аз он бо фариштаи аз назди худо омада сӯҳбат карда буд, балки гиромидошташ бар он асос низ буд, ки ин рӯдбор сарзаминашонро обшор мекард. Акнун ин рӯд, ба вижа яке аз шохоби бузурги он, Вахш нӯрбахшу ояндасози сарзамини падарон аст, ки ба гумони мо гиромидошту бо номи асл  ёд оварданаш ҳатмӣ мебошад.

            Мартабадорони илмиву адабӣ, ба вижа дастандаркорони тарбияи худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастиро андешаву ҳавсала мебояд, то пиромуни бозёфтани номи хеле гаронмоя ва дарвоқеъ муқаддаси Омӯ тасмиме дошта бошанд.

Реклама

комментария 4

  1. Дуруд ва офарин бар устод Зарфар Мирзоён!

    Бо сипос аз заҳматҳоятон ва бо иҷоза ин навишторро пешкашатон мекунам:

    Куҳантарин номи торихии Омударё Вахш буда, ки бархоста аз вожаи «vaxšu-» дар эронии бостон аст ва маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.
    Вахш дар даврони бостон сарчашмаи аслии Омударё шумурда мешуда аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.
    Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун Панҷ номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: جریاب <= خرناب <= خرباب порсии миёна «Amol» => порсии нав «آموی» (бар асари қоъидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ θard => ПМ sāl => ПН сол; ПБ *baudah- => ПМ bōy => ПН бӯй).
    Омуй дар садаҳои миёна муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи Марв ба Бухоро буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Рӯдакӣ ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.
    Арабҳо Вахшро «наҳр» ва «ҷайҳун» хонданд, ки ҳамон «рӯд» аст. Аз инҷост, ки Варазрӯдро «Мовароуннаҳр» ва Вахшро «Ҷайҳун» ва Омуйро «Омул» (آمل) номиданд ва барои бозшинохтанаш аз Омули Табаристон онро «آمل جیحون» ва «آمل الشط» низ навиштанд. Ногуфта намонад, ки Варазрӯд худ бозмонда аз «paradraya» дар порсии бостон аст. Аммо турониён ин рӯдро ҳамчунон Вахш мехонданд.
    Омулро муғулҳо вайрон карданд ва чанде пас вайронаҳояш Чаҳорҷӯй ном гирифт то ин ки туркманҳо Туркманободаш ном гузоштанд.

  2. Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун Панҷ номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: جریاب <= خرناب <= خرباب <= خروآب. Аммо росту дурусташ бояд «Харвоб» бошад, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он — «шарв», «шорв» ва «шор» — ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов» — ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар Дарбанд, Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар Дарвоз, Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар Ванҷ, Рошорву Ҳидошарв дар Рӯшон, Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар Шуғнон ва Абхарву Шитхарв дар Вахон зинда аст.
    Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.

  3. Омударё дар «Авесто» «vanhuyā daityayā» хонда шуда ва «daityayā» баргирифта аз «dātya» дар эронии бостон (имрӯз «дод» гӯем ба маънии «адл») ва баргардонаш «бар пояи доду адл» аст. «vanhuyā» лақабест сифатгуна ва имрӯз «беҳ» гӯем. Ин рӯдро дар «Авесто» «airyanǝm vaējō vanhuyā daityayā» номидаанд, ки дар порсии миёна ба «Эронвеҷ веҳ дод рӯд» баргардон шудааст ва сипас эрониён онро Веҳрӯд (Беҳрӯд) гуфтанд.
    Аммо Ому бархоста аз номи амардҳо – бумиёнест, ки пеш аз кӯчидани ариёҳо дар канораҳои рӯди Вахш зиндагонӣ мекарданд ва сарзаминашонро Амард мехонданд, ки сипас Омуй гашт: порсии бостон «Amard» => порсии миёна «Amol» => порсии нав «آموی» (бар асари қоъидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ θard => ПМ sāl => ПН сол; ПБ *baudah- => ПМ bōy => ПН бӯй).
    Омуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи Марв ба Бухоро буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Рӯдакӣ ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.
    Арабҳо Вахшро «наҳр» ва «ҷайҳун» хонданд, ки ҳамон «рӯд» аст. Аз инҷост, ки Варазрӯдро «Мовароуннаҳр» ва Вахшро «Ҷайҳун» ва Омуйро «Омул» (آمل) номиданд ва барои бозшинохтанаш аз Омули Табаристон онро «آمل جیحون» ва «آمل الشط» низ навиштанд. Ногуфта намонад, ки Варазрӯд худ бозмонда аз «paradraya» дар порсии бостон аст. Аммо турониён ин рӯдро ҳамчунон Вахш мехонданд.
    Аммо Омулро муғулҳо вайрон карданд ва чанде пас вайронаҳояш Чаҳорҷӯй ном гирифт то ин ки туркманҳо Туркманободаш ном гузоштанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: