Балхро набояд дар Тоҷикистон ҷуст

Нигоранда дар ин навиштори хеш кӯшидааст, то он ҷое ки тавон дорад аз вожаҳои арабиву туркиву русӣ кор нагирад. Монанди «нигоҳ», ба ҷои «назар», «сада», ба ҷои «аср, қарн», «нахуст», ба ҷои «аввал», «кушанда», ба ҷои «қотил»… Аммо ин талоши ночизи мо бори дигар водор сохт, ки бедуни коргирӣ аз вожаҳои арабӣ, баёни андеша осон нест. Забони тавонои форсӣ (тоҷикӣ) ҳазорон вожаҳоро аз арабӣ вом гирифта, онҳоро чунон ба форсӣ созгор намудааст, ки на ҳама аз арабияташон метавонад пай бибарад. Новобаста аз ин, кор гирифтани ноҷо аз вожаҳои арабии дар гуфтор вазнин, (ба вижа гӯиши вожаҳо бо овозҳои вазнини «ҳ»(ҳееъ), «ъ» (айн) ва гоҳо «қ»), ба зебоии забони форсии тоҷикӣ коҳиш меоварад.   

                                                                                                 Зафар Мирзоён 

Ин навишторро барои он дар баробари дидагони хонандаҳои ҳафтавор мениҳам, ки пайдост ҳамдиёронамон ҷойгоҳи шаҳри бузурги иронинажодон, Балхи Бомиро ба нодуруст дар марзҳои имрӯзаи Тоҷикистон ҷустанӣ мешаванд. Дар миёни андешапешагони кишварамон ҳанӯз ҳам гумоне ҷой дорад, ки гузаштаи дури тоҷиконро танҳо дар паҳнаи Вароруд ва Тоҷикистони имрӯз бояд намоён сохт, ки ин дурии андешаҳо ба худноогоҳии мардуми бе ин ҳам худноогоҳ созгор аст. Бегонагони ховаршиносу тоҷикшинос аз зеҳни тоҷикон бад-он ҳушмандӣ андешарабоӣ кардаанд, ки дар нигари тоҷики андакхонда Курӯши Бузург-падари ориёитаборон, аҳримансиришт ва Томириси ғорнишини рамагард аҳуроманиш ҷилвагар гаштааст. Ховаршиносону торихнигорони бегона дар ростои рабудани маниши ориёии тоҷикон кадом ранҷе ба худ раво надидаанд. Танҳо достони Курӯшро чуноне барсохтаанд, ки андакхондаҳои мо пас аз ҳазорсолаҳо Томириси аниронии бодиягардро ситоиш ва додхоҳтарин шоҳи ҷаҳон, поягузори ҳунару фарҳанги  кишвардорӣ, Куруши Бузургро накӯҳиш мекунанд. Танҳо аблаҳи гулхӯрда метавонад боварманд бошад, ки шоҳаншоҳи дорои сипоҳи нерӯмандтарини ҷаҳонро як зани хайманишин сар аз тан ҷудо карда, дар халтаи пур аз хун ба меҳанаш бозпас бифиристад. Чи кунем, ки фурӯмоягие бартар аз бохтани андешаи миллӣ нест. Чуноне ки доное гуфтааст:

                                   Тарсам зи фарти шӯъбада чандон харат кунанд,

                                   То достони ишқи ватан боварат кунанд.

Ва ё тоҷики андакхондаро водоштаанд, ки аз Равшанаки духтари шоҳаншоҳи Ирон, ки бо Искандари  кушандаи падараш, вайронасози меҳанаш, рабояндаи фарҳангаш ҳамхоба шуда буд, номе бо шеваи юнонӣ,  Рухшона (Роксана) сохта, аз он зани меҳанпарасте берун кунанд ва дар бозтобаш филмсозӣ кунанд, то хоҳарони садаи ҶҶI низ, бо пайравӣ ба ғарчагии ӯ, бо русҳову амрикоиҳо ва чиноиҳову арабҳо ҳамхоба бошанд. Гӯё меҳанпарастиву сарбаландӣ дар тан бахшидан ба душманони меҳан бошад.

            Борҳо гуфтаем ва боз хоҳем гуфт, ки достони барсохтаи подоши «Шоҳнома» ба Маҳмуди Сабуктегин ва парешониҳои Ҳаким Фирдавсӣ, аз бахшиши ночизи он турк бар фуруд овардани бузургии Ҳаким Фирдавсӣ ва китоби осмонии ӯ нигаронида шуда буд.

            Дар бостон (замони сосониён) кишвари паҳноваре, ки Ироншаҳр номида мешуд ба чаҳор сӯ бахш шуда буд; Хур осон (шарқ), Хур барон (ғарб), Апохтарон (шимол) ва Нимрӯз (ҷануб). Вожаи “Хур осон”, ҳамчун баромадгоҳи офтоб бардошт мешавад, зеро хуршед аз сӯи шарқи Ирон мебарояд. Ин чаҳор сӯ боз ба «хӯраҳо» (кишварҳо) бахш мешуданд, ки хӯраҳои Хуросон чунин ном доштанд: Қаҳистону Ҳирот, Пушанҷ, Балх (бо Хуталону Бадахшон), Бодғис, Тӯс, Нисо, Сарахс, Абевард, Марвруд, Толиқон, Фориёб, Ҷузҷон, Тахористон, Термез, Бухоро, Самарқанд, Кеш, Насаф, Шош, Фарғона, Усурушана.

            Дар бораи гузаштаи Балх андешамандони садаҳои пешини форсу тоҷику араб, гуфтаҳои зиёдеро рӯи коғаз овардаанд, аммо гумон меравад бинобар бегонагӣ бо навиштаҳои гузаштагонамон, бисёриҳо наметавонанд дида ба сарчашмаҳо оваранд ва мо ки ин навишторро барои парҳез аз пиндорҳои норост, пиромуни ҷойгоҳи Балх менигорем, боясти нахуст ба вожаи «Балх», аз нигоҳи решаёбӣ нигарем. Балх дар форсии бостон, ҳамчунон дар сангнабиштаҳои Дориюши Бузург, ба гунаи Бактрис (ӣaktris) омада, юнониён онро Бактрa (ӣaktra) номидаанд ва ин ҳамон аст, ки дар замони ҳахоманишиён ба сони Бактрия (ӣaktria) ва дар “Авасто” ба сони “Бахзӣ” ёд шудааст. Дар гузашта бисёре аз андешапешагон ин шаҳрро ба гунаҳои “Балхи Бомӣ”, “Балхи бошукӯҳ”, ки ба пиндори бархе аз ишон “Бомӣ”, номи духтари Гуштосп (шаҳриёри Балх) аст ва аз дидгоҳи дигарон “бомӣ” барои он ном ниҳодаанд, ки бар фарози оташкадаи “Навбаҳор” гунбади бузурге афрошта буданд, ба баландии сад газ. Дар “Гаршоспнома”-и Дақиқӣ омадааст, ки пас аз Кайхусрав, Луҳросп, набераи Кайковус бар тахти шоҳаншаҳӣ нишаст ва дар сарзамини Хуросон шаҳри Балхро бунёд кард. Дар китоби куҳантарини ҷуғрофиёӣ, ки гирдоварандааш гумном аст, аз 54 шаҳри бузурги шаҳристонҳои Ирон, ки онҳоро шоҳзодагону подшоҳон сохтаанд, ба равшанӣ ёд шудааст. Пиромуни Балх дар он ҷо омадааст, ки “дар Балхи дурахшон, Испандёд, писари Гуштосп, шаҳристони Навозакро бино ниҳод.ӯ оташи пирӯзманди Баҳромро бад-он ҷо нишонид.”  Воизи Балхӣ менависад, ки “Балх дар замони Нӯшинравон чунон ободон буд, ки халқ муттасил ба оби Ҷайҳун нишаста буда, аз Тахористону Ҳиндустону Туркистон ва аз билоди Ироқу Шому Шомот, акобиру ашрофи он билод бад-ин шаҳр омадандӣ ва ҳар Наврӯз дар вай ид кардандӣ, ба мавзеъе, ки онро “Навбаҳор” мехонанд.” (Воизи Балхӣ, Т., 1362 (1983), саҳ.27)

            Балх дувоздаҳ дарвоза доштааст, ки яке аз онҳо  номи оташкадаи бузурги зартуштиён, “Навбаҳор”-ро доштааст. Ин оташкада ҳамчун Маккаи имрӯзи мусалмонон буда, зартуштиён аз гӯшаҳои гуногуни гетӣ, барои ниёиш ба худои ягона, Аҳурамаздо ба он ҷо рӯй меовардаанд. Ба гуфтаи бархе бостоншиносон бузургдошти оташкадаи “Навбаҳор” аз он буд, ки иронитаборон барои нахустин бор дар он ҷо ба боварии Зартушт гароидаанд. Ҳаким Фирдавсӣ, дар ин бора гуфтаи Дақиқиро овардааст:

                                   Ба Балх гузин шуд бад-он Навбаҳор,

                                   Ки яздонпарастони он рӯзгор.

                                   Мар он хонаро доштандӣ чунон,

                                   Ки мар Маккаро тозиён ин замон.

            Бубинед, ба Балх, чун Маккаи Арабистон, барои он арҷгузорӣ мекардаанд, ки он ҷойгоҳи паямбар ва ниёиши нахусташ бо Худованд будааст.

Бинои оташкада бо абрешиму гавҳарҳои пурарзиш ороста шуда, баландиаш сад газ ва паҳнои он низ сад газ будааст ва барои хидматгузоронаш 360 манзили зист доштааст. (Қазвинӣ, “Осор-ул-билод”, Т., 1348 (1971), с.221). Аз дарвозаи “Навбаҳор” рӯде мегузарад, бо номи Даҳос, баёнгар аз он ки даҳ осиёбро гардон карда, ба шаҳр медарояд. Канори ин шаҳр бистари рӯди Балхоб низ будааст. Аз гуфтаҳои бостоншиносон чунин бармеояд, ки пиромуни шаҳр ва дар рустоҳои он боғҳои хурраме аст, пур аз норинҷ, нилуфар, найшакар, анор ва ангӯр.

Набояд аз дида дур дошт, ки пас аз мусалмонӣ пазируфтан низ (то ҳанӯз), мардум аз саросари Афғонистон ва берун аз он, рӯзи Наврӯз ба Балх гирд меоянд. Аммо ба ин ҷашн тобишҳои боварии исломӣ бахшида, дар шаҳри Мазори Шариф парчами сабзи Алӣ ибни Абӣ Толибро боло мекунанд ва он ниёишро “ҷанда боло” мегӯянд. Дар давраи исломӣ Балх ба худ ранги мазҳабии дигар гирифт ва диноварони бовариҳои исломӣ кӯшидаанд достоне бисозанд, ки бар пояи он ба ин шаҳри куҳан ранги мазҳабии вижа бибахшанд. Ва метавон гуфт комёб шуданд.

Чун Балх аз даврони бостон пойтахти Хуросони Бузург ва гоҳвораи фарҳангу бовариҳои маздопарастии тоҷикон буд, ҳар хостори сарнагунсозу нобудкунандаи кишвари ориёиҳо, нахуст дасти нопок ба куштори саросарии ин мардум ва оташзании ободиҳо меёзид. Пас аз оташзаниҳои Искандари Мақдунӣ, юришҳои пайдарҳами арабҳо ва тохтутози ғузон, дар садаи сездаҳум, муғулҳои хонумонсӯз мардумашро саросар сар бурида, аз ин шаҳр теппаҳои хокистар сохтанд. Дере нагузашт, ки тоҷикони шаҳрсозу ободгар, дар рӯи вайронаҳои Балх кохҳо бино карда, онро дубора чун шаҳри зеботарини Хуросон бозсохтанд. Дар садаи ҶV Темури ланг мардуми Балхро ба хоку хун кашида, аз сарҳо манораҳо барафрохт ва дар паи он шуд, ки аз шаҳр ному нишоне намонад. Онҳое, ки шаҳрро фурӯ гузошта дар кӯҳҳо паноҳ бурда буданд, баргашта хостанд ба бозсохти дигари Балх пардозанд, аммо набераи Темурланг, Ҳусайни Бойқаро бо мадади диноварон (ҳамчунин вазираш, Алишери Навоӣ) достоне барсохтанд, ки бар пояи он шаҳри бузург барои ҳамеша хомӯш гардид. Аз рӯи достони номбурда, Ҳусайни Бойқаро дар хоб мебинад, ки паямбари Худо маконеро нишон дода, дар он аз ҷойгир будани гӯри Алӣ ибни Абитолиб огоҳӣ медиҳад. Пас аз кандану кофтани бисёр, санге ёфтанд, ки рӯи он номи Алӣ ибни Абитолиб нигошта шудааст. Сипас он макон бо номи шаҳри Мазори Шариф пуровоза гардид ва то ҳанӯз мардуми мусалмон ин ҷойгоҳро гиромӣ медорад. Гарчанде ҳама медонанд, ки оромгоҳи Алӣ бинни Абитолиб дар Наҷаф аст. Шаҳри Мазори Шариф ба дарозии 20-25 километр дур аз Балх буда, дерест маркази вилояти Балхи Афғонистон дониста мешавад. Инҷониб ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ, ҳангоми коромӯзӣ дар Афғонистон, ба хокбӯси замини падарон рафта, Балхи Бомиро чунин дарёфта будам: Аз Балх рустое мондаасту теппаҳое, ки ҳар гарди хокистараш аз ҷисмҳои сӯхтаву усухонҳои ордшуда ва ҳар порчаи сангу сафолаш аз деворҳои ороставу гунбадҳои кошикорӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Шоянда ба бозгуфтан аст, ки чун Балх аз давронҳои дур макони фарҳанги ҷаҳон буд, аз синааш садҳо фарҳехтагони дониш бархостаанд, ки овардани номи онҳо дар ин навиштор намегунҷад. Танҳо инро ёдовар мешавем, ки аз рӯи дар он ҷо зода шудану ба воя расидани донишмандони зиёди барҷаста, Балхро ҷаҳони ислом шоиста ба номи “Қиблат-ул-ислом” дониста буд. Дар ин бора аз Воизи Балхӣ гуфтаеро меоварем, ки баёнгари ҳунархезии сарзамини Балх мебошад: “Марде хидмати Мавло расид. Ҳазрат аз ӯ суол фармуданд, аз куҷоӣ? Мард арз кард, “аз Хуросон”. Фармуданд “аз кадом шаҳри Хуросон?” Гуфт “аз шаҳри Балх.” Фармуданд “худо кунад шаҳри Балх ҳамеша хушу хурраму сероб бошад, зеро он шаҳр оганда ба донишу илм аст. Ҳамин гуна, ки анор ба донаҳои худ оганда аст.” (Воизи Балхӣ, Т., 1362 (1983), с.14). Воизи Балхӣ ҳамчунон аз китоби “Торихи Балх”-и Абулқосими Самарқандӣ меоварад, ки “чун мардуми Куфа Абӯ Ҳанифаро “Марҷайӣ” меномиданд, зодгоҳи ӯ Балхро Марҷиобод мегуфтанд.” Боясти дар ёд дошт, ки ҷуз аз ин, Балхро аз нигоҳи бузургиву оростагиаш бо меҳр номҳои зиёди дигаре низ ниҳодаанд, чун “Ам-ул-билод” (падари шаҳрҳо), “Балх-ул-баҳия” (маъшуқа).

Он чи шояндаи ёдкарди вижа аст, ин мебошад, ки Балх дар овардаи Абулқосими Самарқандӣ, ба сони “Бурх” (баҳра, насиб) омадааст ва пайванд доштани вожаи “Бурх” ро бо номи мазори Бурхи рустои Вахиёи Тоҷикистон, ҷусторе мебояд .

Балх дере пойтахти Хуросони Бузург буд ва замони тохтутозҳои пай дар паи арабу турку муғул, беш аз се миллион аҳолӣ дар он зиндагӣ мекард. Шаҳрҳои дигари калонтарини Хуросон, ки гаҳе пойтахт ба он ҷойҳо кӯчида буд, Марв (имрӯз Мары дар Туркманистон) ва Нишопур (дар Ирон) буданд, ки ҳар кадоме то се миллионӣ аҳолӣ доштаанд. Шорсонҳои калонтарини вобастаи Балх Фориёб, Ҷузҷон (Гузгонон), Шибирғон (Шибиргон), Қубодиён, Толиқон, Маймана, Вахш, Бомиён, Бадахшон буданд. Вахш куҳантарин шорсони Балх гуморида шудааст, ки аз нигоҳи навиштаҳои бостоншиносон, ҳанӯз дар садаҳои VII-VIII пеш аз зодрӯзи Исои Масеҳ, кишоварзӣ дар он ҷо аз роҳи обёрии ҷӯйҳои кофтаву кандашуда дар ҷараён будааст. Аммо ин шаҳри куҳан аз тохтутози бодиягардон вожгуну вайрон гаштааст. Чуноне ки Анварии Абевардӣ аз вайронаҳои Вахш ёд кардааст: 

                      Дар мулки худой мулк чун Балхи ту нест,

                        Баргарду ба банда бахш вайронаи Вахш.

 Шорсони Фориёб дорои меваи фаровон будааст ва дар садаи ҶII, ба тохтутози туркманон гирифтор шуда, вайрон мегардад. Дар ин бора дар “Торихи Байҳақӣ”, чунин омадааст: “Туркмонон дар аввали зимистон биёмада буданд ва Толиқону Фориёб ғорат карда ва осеб ба ҷоҳои дигар расонда…” (“Торихи Байҳақӣ”, Т., 1324 (1985) с. 136).

Шорсони дигари Балх Қубодиён мебошад, ки дар садаи VI-VII пеш аз зодрӯзи Исои Масеҳ бунёд шудааст ва ба пиндори бархе аз бостоншиносони гузашта, ин шаҳрро бори нахуст подшоҳи каёниён, Кайкубод сохтааст.

Дар замонаҳои пеш Бадахшон, шаҳре будааст вобаста ба Балх ва маркази вилояти ҳамном. Аммо бояд донист, ки Балх бузургтар аз вилоят, шояд ба гунаи  кишвари (край) имрӯзаи Русия буда бошад. Монанди кишвари Краснодар, кишвари Ставропол…. Донандагони гузаштаи дур Файзободи имрӯзаи Афғонистонро ҷойгоҳи шаҳраки Бадахшони бостон дарёфтаанд. Ҷуз аз ин шаҳракҳои зиёде вобастаи Балх будаанд, ки имрӯз ноҳия номида мешаванд. Монанди Андхӯд, Банҷҳир, Баҳорза, Барҷамин, Яҳудия, Симгарон, Асқалон, Колиф….

Ин буд ҷустори гузарои мо пиромуни шаҳри бузурги тоҷикон, Балхи Бомӣ, ки барои парҳез аз каҷандешиву каҷнигории бархе андешапешагони навин нигаронида шудаст. Дар дил орзӯ хоҳем парварид, ки мерасад рӯзе, то касон пеш аз хома ба даст гирифтан ва ё микрофон ба лаб овардан, нигари хеш ба сарчашмаҳои боварибахши донишӣ меоваранд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: