Торих

комментария 3

  1. Salom akai Zafar
    yak savol doshtam.
    dar internet tarixi Kulobro purra nayoftam. oyo shumo tariqi elektroniashro dored?

    • Шаҳри Кӯлоб бо таьрихи куҳани худ таваччухи уламо ва чахонгардони хоричи дурру наздикро ба худ чалб намуда. Дар акнофи шахри кадимаи Кулоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар карнхои 9-8- кабл аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд.
      Дар солҳои 1993-94 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мири Кабир хумдонеро пайдо карданд, ки ба карнҳои ҳафт ило шаши кабл аз мелод иртибот дорад. Ин хумдон яке аз далелхои таърихи 2700 солаи шаҳри Кӯлоб мебошад.
      Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо тасмими ва дасгирии Эмомали Рахмон-раиси чумхури Точикистон соли 2001-ум огозшуда то кунун идома дорад. Дар акнофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд .ки панҷ тои он дар ҳудуди хумдонҳои мақбараи Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5- 2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад.
      Сафолпораҳои ёфтшуда шаҳодати онанд, ки дар асрҳои 7-6 -и пеш аз мелод дар ин ҷо ҳунари кулолгарӣ ба вижа кӯзагарӣ,ки усулан хоси мардумони шаҳранд, зиёд рушд карда буда аст. Ин бозёфти археоложи аз мавҷудияти як шаҳри аз лиҳози фарҳангу маданият рушд карда дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст. Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ будани шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст.
      -мусики-
      Дар ибтидои карни 16- Ҳофиз Таниши Бухороӣ таърихнигори Абдуллохони Шайбонӣ дар китоби худ «Шарафномаи шоҳӣ» («Абдуллонома»),ки ҳуҷуми Абдуллохон ба Кӯлоб ривоят мекунад, дар се мақола далелу арқом оварда аст. Дар мақолаи аввал, ки « Кӯлоб дар асрҳои 16» ном дорад муаллиф аз хусуси таьрихи бунёди шаҳри Кӯлоб дар карни 13 то 16 ва низ дар бораи хароб гардидани шаҳр аз ҷониби Шайбонӣ ва ҳам азнавсозии шаҳр замони ҳукуматронии Абдуллохон маълумот оварда шуда аст.
      Мақолаи дуввум, «Дар бораи тасарруфи Кӯлоб аз тарафи Абдуллохони Шайбонӣ» роҷеъ ба вазьи сиёсии шаҳри Кӯлоб ва аъзои ҳукумати Абдуллохон то давраи ҳуҷум ба Кӯлоб нақл мекунад.

      -мусики-
      Дар омӯзиши таьрихи Кӯлоб саҳми уламо ва бостоншиносони рус амсоли Маево, Матвеево, Покатило . Семенов, Баринский, Варична хеле зиёд бузург аст. Дар замони худ ин олимон дар бораи ҳудудҳои ҷуғрофӣ, таъриху маданияти мардумони буми, расму оини онон ва мавзеъҳои топогрофи, мавзеъхои таърихи ва дигар вижагихои ин диёр маълумотҳои дақиқ медиҳанд. Аммо таърихи кадимии ин шаҳр боз хам ба омузиши зиёд ва васеъ ниёз дорад.
      -мусики-
      Дар бораи Хатлон, аз ҷумла, минтақаи Кӯлоб дар давраи Юнонӣ-Бохтарӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ низ баъзе маълумот мавҷуданд. Дар нақли муаррихи Юнони қадим Ариан дар бораи шӯриши Бохтариён бо сарварии Оксиарт бар зидди Юнониёни ишғолгар, шикаст хурдани шӯриш ва ба дасти Искандари Македонӣ асир афтодани ӯ ва духтараш Рухшона «Пули Сангин», ки дар наздикии ш.Нораки имрӯза воқеъ гардидааст, оварда шудааст. Чои дигар гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар алайхи Юнониён Пратакенҳо ва сокинони Бубасена бо сарварии Катон ва Овсиён мубориза бурданд. Муҳаққиқи маъруф Маркварт Бубасенро дар Балҷувон ҷой медиҳад. Ба ақидаи ӯ Бубасена шакли қадими номи Балҷувон мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар бораи мавзеъи баргузоршавии ин шӯриш андешахои зиёди дигар низ вуҷуд дорад. Юсуфшох Ёъқубшо-бостоншиноси точик фикр дорад, ин шӯриш бо сарварии Оксиарт (Вахшуарт) дар Қалъаи куҳи Хориён дар вилояти Самангон рух додааст. Ва ноҳияҳои Пратакен ва Бубасен дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҷойгир буданд, зеро дар ин ҷо дар роҳи корвонгард деҳаи Паркамчӣ мавчуд аст. Ин деҳа дар таърихи Байҳақӣ бо номи Баракадми ба чашм мехурад. Дар пахлуи он, қалъаи қадиме низ мавчуд аст. Эҳтимол меравад, вожаи Баркадми шакли арабишудаи паркамчи аст. Ин деҳа дар таърихи Байҳакӣ бо номи Баракадми вомехӯрад.

      Соли 1991 таҳти роҳбарии узви вобастаи АУ ҶТ Юсуфшо Яъқубов дар акнофи қалъаи Кӯлоб ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа девори салтанати Кушониён, ки мансуб ба асрҳои 6-1- пеш аз мелод мебошад, ёфт гардид. Дар қабатҳои хоки мавзеи таҳқиқшуда, дар чуқурии 2-4 метр осори даврони ҳукмронии Юнону Бохтарро пайдо карданд, ки ба асрҳои 3-2-и пеш аз мелод рост меояд. Қабатҳои зисти Юнонӣ Бохтарӣ дар як нуқтаи дигари шаҳри Кӯлоб дар қалъаи Купчинор ва соҳили рости сангови Тебалай, ки аз паҳлӯи он мегузарад, ошкор карда шуданд. Дар ин ҷо дар буриши рости сангови Тебалай дар масоҳати 200 -300 метр қабатҳои замони Юнонӣ Бохтарӣ мушоҳида мешаванд. Дар қабатҳо сафолҳои ин давра пайдо карда шудаанд. Ҳамин тавр дар замони Юнонӣ Бохтарӣ шаҳр аз ду қалъа ва ду шаҳристон иборат будааст. Қалъаи якум бузургтар ва асосӣ буда, дар мавзеи Чармгарони Поён дар қисми ғарбии имрӯзаи шаҳр чойгир будааст. Дар пахлуи ин қалъа шаҳристон вучуд доштааст, он чандон бузург набуда, масоҳаташ 170 ба150 метрро ташкил мекардааст. Дар ин мавзеъ чашмаҳои софу шифои хеле зиёданд.

  2. Салом устод Зафар. Ман Аҳмад аз барномаи озмоишии тарки хонандагон аз мактаб агар дар ёд дошта бошед шумо ба ман сомонаи худатонро дода будет дар ш.Кулоб дар вақти семинари 5 руза. хеле ифтихор дорам ки бо шумо ҳамсуҳбат шудам ва аз сомонаи шумо бардошти хубе кардам. то бознавис

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: