Забон

«Забони ҳар миллат хонаи вуҷуд ва зарфи

 зарифу нозуки фарҳанги он миллат аст».

                                                    Вожаҳои зиндонӣ

  Боре чунин гуфтаҳои зеборо аз гуфтори забонпарасти ироние шунида будам: «Забони ҳар миллат хонаи вуҷуд ва зарфи зарифу нозуки фарҳанги ҳар миллат аст».

Ин матлаб маро ба дунёи хаёли сарнавишти торихии баъзе вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ бурд. Хаёл кардам, ки ҳар вожаи асили порсӣ дар он рӯзгорони ҳазорсолаи маргбор, дар муқобили вожаҳои аҷнабиён мисли родмардони разманда муқовимат кардааст. Дар рӯбарӯи экспансияи (ғасби) гӯиши истилогарон, бархе аз вожаҳои порсӣ захмиву маълул (ярадор) шудаанд, иддае тағйири шакл кардаанд, қисме ба ҳалокат расидаанд ва теъдоди зиёде зиндонианд. Вожаҳои зиндонӣ хеле зиёданд ва дар зиндонҳое бандианд, ки панҷараву қулфҳои оҳаниашон зангхӯрда ва дар мағокҳои торики ҷаҳлу худбохтагиҳои қавм пинҳонанд. Бегонаҳои истилогар барои нобуд сохтан ва ба зиндон афкандани калимаҳои забони форсӣ на танҳо аз зӯроварӣ, балки аз макру ҳила, аз тадвини қонуну муқаррароте истифода карда омаданд, ки ҳукми онҳо то ҳанӯз бар сари соҳибони забон ҷорӣ аст. Аз ҷумла онҳо назарияи «бойшавии забонҳо аз ҳисоби забонҳои ҳамсоя»-ро ба хотири қонунӣ кардани ғасби беамони худ иҷод кардаанд. Гӯё ҳеҷ айбе надорад, агар аз забони халқи мазлуми таҳти тасарруфашон буда, як хирвор вожаҳоро дур карда, ба зиндон афкандаву, ҷояшонро ба калимаҳои забони худ бидиҳанд ва ин истилову ғасби худро қонунӣ намуда, «бойшавӣ» тафсир кунанд.

            Агар «бойшавӣ» назарияи ғосибон намебуд, пас забони арабӣ, ки гӯяндагонаш шеваи биёбонгардӣ дошта, «шири шутуру сусморхор» буданд, чаро аз ҳисоби забони порсӣ-забони қавми бофарҳанг «бой» нашуд?! Ва ё чаро забони русӣ аз ҳисоби ҳазорҳо ибораҳои рехтаи забони тоҷикӣ чизеро напазируфт, то ки «бой» шавад?! Аз ҳамсоя метавон якчанд вожаро ба иқтибос гирифт, аммо онеро ки унсурҳои дастурӣ (сарфу наҳвии) забони бегонаро бо фиребу найранг, ба тарзи зӯрӣ ба гӯиши радиову телевизионӣ ва муомилоти давлатӣ ворид карда, забонро фасод месозад, бояд террористи фарҳангӣ ва амалашонро терроризм ном ниҳод.

            Агар ба торихи забонҳо, ба вижа забони форсӣ жарфтар бингарем, хоҳем дид, ки ғосибону таҷовузгарон, ба хотири шикастани рӯҳи миллии қавми мағлубу мазлум, пеш аз ҳама даст ба барҳам додану аз истифода хориҷ кардани вожаҳое пардохтаанд, ки баёнгари шараф, номус, ифтихор, умуман ҳуввияти қавмии соҳибони он забон мебошанд.

            Мисле, ки аъроб, пас аз забти фалоти Ирон ва дар ҷараёни таҳмили забону фарҳанги худ ба муқовимати шадиди фарҳанги беш аз чаҳорҳазорсолаи порсиён рӯ ба рӯ шуд. Арабҳо гарчи ба якборагӣ натавонистанд забони худро сари озодагон бор кунанд, вале оҳиста-оҳиста даст ба вожаҳои ормонии форсҳо зада, қисме онҳоро аз байн бурданд ва қисми дигарашонро зиндонӣ карданд. Ва тавре ёдовар шудам, дар навбати аввал вожаҳоеро табъиду зиндонӣ карданд, ки баёнгари номус, шараф ва ифтихори миллӣ буданд.

            Чунончӣ вожаҳои «фар», «фарҳехта», «фурӯҳар» ва амсоли он, ки ба рӯҳу равони ориёӣ далолат мекунанд, аз истифода хориҷ шуда, гӯё ба ҳалокат расонда шуда буданд. Гӯётарин гувоҳи ин иддао «Шоҳнома аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ, (дуруд ба равони покаш), дар асари безаволи худ беш аз сад бор вожаи «фар»-ро истифода кардааст, вале шоирони пас аз ӯ бар арсаи адабиёт омада, анқариб боре ҳам аз фар, шукӯҳу ифтихори ориёӣ ёдовар нашудаанд.

            Зеро ин вожа ва ҳамрадифони он, бар хилофи сиёсати арабҳои вайронсози забони ширини форсӣ ва аз байн барандагони эътиқоду андешаи ориёӣ, ба вижагиҳои ин мардум, аз ҷумла ба бартариҳои иронинаслон аз ақвоми бодиягарди бе шаҳру бе фарҳанг далолат мекарданд.

            Калимаи «фар» ба маънии «боло», «аъло», «нур», «партав», тавре дар пеш ёдовар шудам, аз тарафи муноддии ору номуси ориёӣ, Фирдавсии Тӯсӣ гаштаю баргашта ба такрору таъкид истифода шуда, баъдҳо дар бештари фарҳангномаҳои асри XVII-XVIII мелодӣ, аз ҷумла «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу (с.1734) наомадааст. Дар «Ғиёс-ул-луғот» (с.1827) тафсир шуда бошад ҳам, пас аз шарҳи калимаи ҳамшакли арабии он «фар»- ба маънии гурезанда (фирор) омадааст.

            Бояд таъкид кард, ки «фар» дар сохтани як силсила вожаҳои аҳуроӣ (баёнгари некиву покӣ), мисли «фархунда», «фаррух», «фарзона», «фаройин», «фарҳанг», «фарзин», «фаршед» асосгузор аст.

            Ногуфта нагузорем, ки вожаи фар (фара) дар шеваи гуфтори мардуми Тоҷикистон ҳанӯз зинда мондааст, вале ба маънии қувваву дармон. Мисли «бефара» (монда шудан) фараву ҳавсала (қувва).

            Чунон ки возеҳ аст вожаи бостонии «фар» ва ҳамрадифони он, ки рӯҳи қавмӣ ва миллии мо ориёнажодонро мунъакис аст, ба иллати созгор набудан ба рӯҳияи арабгароӣ қисман ба нобудӣ ва бархе ба зиндон афканда шуда буданд.

            Агар дар асрҳои таҳти таъсири фарҳанги арабҳо будан, ҳазорон вожаҳову мафҳумҳо ба шакли арабӣ табдил шуда бошанд, дар садсолаҳои зери юғи турку муғулу манғит будан, дар баробари ворид кардани даҳҳо гӯишҳои туркиву муғулӣ, садҳо вожаҳову таркибҳои сирф форсӣ, зиндонӣ шуданд.

            Дар замони шӯравӣ русҳо низ ҳамчун қавми ишғолгар аз тамоми қудрати дар даст дошта истифода мекарданд, ки на танҳо вожаҳои зиндонӣ озод нашаванд, балки онҳо мекӯшиданд, то калимаҳои баёнгари рӯҳи қавмӣ ва ғуруру ору номуси миллӣ аз байн бурда шаванд, ё ба онҳо тағйири шакл дода шавад.

            Мисле, ки номи ҷуғрофиёии Фархорро, бо вуҷуди дар забони русӣ мавҷуд будани овои «ф» Пархар меномиданд. Ё номи «Кӯлоб»-ро гарчи овози «о» доштанд, бо ифодаи «Куляб» мешикастанд ва ғайра. Воқеан байни ақвоми ишғолгар, дар амри моҳирона тағйир додани номҳои қаламрави забткардаи хеш, русҳо дар дунё ҳамто надоранд. Онҳо номҳои ҷуғрофиёии (асолатан туркии) Урал ва Сибирро он тавр моҳирона тағйири шакл дода, ба русӣ наздик кардаанд, ки худи турку тоторҳои бумӣ муодилҳои (вариантҳои) аслиашонро наметавонанд дарёбанду дарк бикунанд.

            Чунончи Байкал (Бойкул) Актюбинск (Оқтуба), Тобольск (Тобол), Барнаул (Борнойул), Тунгузка (Тунқуз), Енисей (Йинисой) ва ғайра.

            Гӯётарин гувоҳи матлаби зиндонӣ сохтани вожаҳои баёнгари рӯҳи миллии ориёӣ дошта, сарнавишти вожаи «дод» ва калимаҳои ҳамрадифи он «додхоҳ», «додрас», «додгустар», «додистон» мебошад.

            Вожаи «дод» ва ҳамрадифони он аз он ҷиҳат бунёдгари рӯҳи миллии ориёӣ дониста мешавад, ки додхоҳӣ принсипи асосии дини ориёиҳо, дини зартуштӣ, рафтору кирдори мӯъбадон, донишмандон ва шоҳони ин қавм буд. Торихи шоҳони ориёӣ, ба вижа Курӯши Кабир, Хусрави Парвиз- Анушервон, дар қиёс бо халифаҳои арабӣ ва хоқонҳову хонҳои чиниву туркӣ саросар аз мадорики бахшиданҳо, авф карданҳо, озод кардани асирон ва дастгирии мазлумону бечорагон иборат аст. Хусравони ориёӣ гумоштагони худро ба додрасӣ савқ дода, онҳоеро, ки ба зердастон зулм мекарданд, ба ҷазо гирифтор мекарданд.

            Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (равони покаш шод бод!) дар «Шоҳнома»-и безавол борҳо бартарии шоҳаншоҳи додраси ирониро бар бедодгариву золимии тозиёну туркон дар қиёс тавсиф кардааст:

            Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон,

            Зи доноиву шарм бебаҳрагон.

            Аз ин зоғсорони беобу ранг,  

            На ҳушу на дониш, на ному нанг.

            Ниёкони мо тоҷдорони даҳр,

            Ки аз додашон офарин буд, баҳр.

            (Яъне тоҷдорони даҳр, форсинажодон, бар хилофи золимони истилогари тозиву туркӣ, додманиш буданд).

            Шояд вожаҳои «дод», «додхоҳ», «додрас» хилоф бар рӯҳияи арабҳои ишғолгар буд, ки бар ивазашон «қазоват», «қозӣ», «адл», «одил»-ро сари форсигӯёни мазлум таҳмил карданд. Ва русҳо, ки додгустариву додхоҳиро ба тарзи худ мефаҳмиданд, калимаҳои «суд», «судя», «суд кардан»-ро ба форсигӯён бо зӯрӣ бор карда буданд. Таваҷҷӯҳ кунед; агар дар форсии бостон «додхоҳ» додхоҳӣ мекард, дар замони шӯравӣ «судя» суд мекард, яъне вазифаи аввалӣ ба дод расидан бошад, дуввумӣ танҳо ҳадафи зиндонӣ карданро дошт.

            Ҳамин тавр вожаҳои ормоние чун «гурд», «хуҷаста», «сипоҳ», «радон», «аржанг», «дирафш», «сутург», «озарм» ва ҳазорҳои дигар зиндонианд.

            Бедуни муболиға тайид карданиам, ки ба шарофати ба истиқлолият расидан ва давлати ҷавони Тоҷикистонро сарварӣ кардани тоҷики асил, як силсила вожаҳои зиндонӣ дубора озод шуданд. Дигар имрӯз вожаҳое чун «меҳан», «марз», «донишвар», «парчам», «маниш», «пажӯҳишгоҳ», «донишгоҳ», «бунгоҳ», «кӯдакистон», «бемористон», «пизишк» ва амсоли онро дар баробари забондонони таҳсилкарда, тоҷикони андакхонда низ дар гуфтори худ истифода мекунанд. Ногуфта нагузорем, ки истиқлолияти Тоҷикистон, агар ба таври рамзӣ бигӯем, ба вожаҳои зиёде ҳукми озодӣ додаст ва он вожаҳои дубора озод шуда омодаанд ба соҳибони забони тоҷикӣ хидмат кунанд, носолимии забонро барҳам зананд, хатари аз даст додани ҳуввияти миллии тоҷиконро бартараф кунанд. Аммо мутаасифона шумораи зиёди кӯрсаводон дар мақомоти идораву илмӣ қарор доранд, ки монеъ мешаванд то вожаҳои ормонии дар зиндон буда озод шаванд. Ин қабил кӯрсаводон аз фарти каҷсалиқаву каҷравии худ ҳатто бо вожаҳои ба тозагӣ озод шуда ба чашми бад менигаранд. Навъе ба терроризми адабӣ ва забонӣ даст мезананд ва барои тахриби забон бесаводонро ба хеш ҷазб карда, худро ғайриҳукуматӣ гуфта, тавассути дастгоҳҳои иттилоотӣ мекӯшанд забони ширини тоҷикиро вайрон созанд. Ин тоифа кӯрсаводон ҳатто ба вожаҳои озодшуда бо дидаи тамасхӯр менигаранд, (бештар намояндагони қавмҳои ғайритоҷиканд, ки тоҷикӣ омӯхта, хешро зоҳиран тоҷик меноманд). Истифодагаронашонро масхараву мазаммат мекунанд. Бубинед, вожаи «меҳан», ки шакли форсии аз забони арабӣ иқтибос гаштаи «ватан» мебошад, ҳанӯз ҳам на аз ҷониби ҳама пазируфта шудааст. Ё худ вожаи «пирӯз», шакли форсӣ-тоҷикии калимаи арабиасоси «ғалаба» мебошад ва ба нудрат метавон дучор шуд, ки ҳатто донишие ин вожаро дар гуфтору навиштори худ истифода кунад.

            Кӯтоҳи сухан, он чи ба эҳтимоли қавӣ равост, таркиби «вожаҳои зиндонӣ»-ро метавон истифода кард, зеро агар «забонҳои мурда», «забони таҷовузгар» (таҷовузгарон), «забони ишғолгар» (ишғолгарон), «забони мудофеон» вуҷуд дошта бошад, чаро «забони зиндонӣ», ё «вожаи зиндонӣ» асолати илмӣ надошта бошда?!

            Мо, ки нону адаби забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро мехӯрем, бояд бидонем, ки анбӯҳи калимаҳои зебову шевои ин забон аз тарафи ғосибони аҷнабӣ ба зиндон афканда шудаанд ва агар посдори забонамон бошем, бояд ба фиребу найранги забоншиносони бегона нигоҳ накарда, вожаҳои зиндониро озод кунем ва аз кор бурдани таркибу истилоҳоту вожаҳои ба забони зебои тоҷикӣ (форсӣ) бегона, парҳез намоем.

Реклама

комментария 3

  1. Durud barodar, Ustod Rajab Amon gufta budand, ki beparvoii mo dar mavzui zabon nisbat ba zamonaamon oqibati khub nadorad, Imruz vaqti on ast bahri pokizagardonii zabon hamakasa bikushem, Lekin ajib ast ki to hol dar hama muassisaho hujjatguzori to ba hol ba rusi, yakchand namunahoyashro tarjima karda peshkash kunam mekhandand, kai mardum inro mefahmida boshand.
    Yazdoni pok nigahbonaton bod

  2. Ташакур, дустам. Вокеан, ин боиси таасуф аст.

  3. Дуруд ба шумо ва умедворам чунин мардони номусандеш бештар шаванд!

    http://zabon.do.am

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: