Ирон, Турон ва туркон.

 Хонандаи гаронмоя! Дар пайи кундуковҳои дудаҳсола, барои бартараф сохтани дудилагиҳои хеш, пиромуни шинохти дурусти зистгоҳи турониёни бостон ва бозёбии марзҳои Турон ва Ирони замони дур, даст ба ин навиштор бурдаам.  Гумонҳои пеши дидор оварда, барои азизоне пешниҳод мегарданд, ки “Шоҳнома” – и Ҳаким Фирдавсӣро бо дидаи як тоҷики дил ба китоб додаву  худогоҳ,  омӯхтаанд. Ҳадаф аз чопи ин гуфтаҳо танҳо барои бозгӯии ду нукта аст, ки обишхӯри худнигариву худогоҳии табории ҳаммеҳанон мебошад:

  • Дарк намудани воқеъияте, ки давлатмандони ҷаҳонхори бегона ва худиҳои иронгурез бо қалами торихнигорону ховаршиносони худ бар ҳадафи аз ҳам ҷудо бознамоёндану дарҳамомехтани гузаштаву имрӯзаи иронитаборон, бештар ба таркиби ба ҳам мухолифи Ирону Турон такя бурда, он чиро мехостанд, ба даст овардаанд.
  • Паёмади дарк накардани бонги ҳушдорҳои пайвастаи Ҳаким Фирдавсӣ ва ҳечу пӯч донистани таъкидҳои пай дар пайи паямбаронаи ӯ ва ҳанӯз ҳам дарнарафтан ба нукоте, ки паёмади гурез аз худии худ ва пайвастан бо бегонагон моро то куҷо метавонад оварад; куҷост Марву Хоразм, куҷост Самарқанду Бухорову Балхи Бомӣ, шаҳристонҳои мардхезу нобиғазои тоҷикон.

 

Мавзӯи гуфтори мо, ки ба воковии марзҳои Ирон ва Турон нигаронида шудааст, яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангез дар миёни пажӯҳандагон мебошад. Пиромуни ҷуғрофиёи торихии сарзаминҳои Ирон ва Турон ва вобаста будан, ё набудани қавмҳои турктабор ба топоними Турон таълифоти бешумор берун оварда шудааст ва пас аз мутолиаи онҳо чунин ба нигар мерасад, ки пажӯҳишгарони доно дар бозёфти марзҳои ҷуғрофиёии Ирони бостон ва Турон ба натиҷаи ниҳоӣ расидаанд ва гӯё ин мавзӯъ дигар ба баҳсу бознигарӣ ниёз надорад. Дар ҳақиқат пас аз натиҷагириҳои донишиёни овозаманде, чун В.В. Бартолд, Н.Я. Бичурин, А.М. Беленитски, Л.Н.Гумилёв, Р. Гроссе, Е.М. Дияконов, А. Кристенсен,  А.Л. Колесников, И. Николсон, И. Маркварт, Н.В. Пигулевская, А.А. Стариков, Муҳаммадамин Риёҳӣ, Фаридун Ҷунайдӣ, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ (Бежан), Иноятулло Ризо, Манучеҳри Муртазавӣ Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ, , Юсуфшоҳ Яъқуб ва дигарон андешаи мухолифе ба миён овардан ҳадди густохист. Аммо чуноне бархе аз ин бузургон худ фармудаанд, дар бозгӯии андешаҳои худовандагори шиносномаи миллии иронитаборон, Фирдавсии озармин, ҳанӯз касе сухани ниҳоиро нагуфтааст, аз ҷумла дар мавриди бозёбии марзҳои Ирон ва Турон ва ҷойгоҳи туркон дар ин китоби осмонӣ.

Ғолибан пажӯҳишгарон барои исботи далоили дар кадом густара ҷойгир будани Турон ба нигоштаҳои торихнигорони бостон, чун Ҳеродот, Страбон, Мусо Хуранӣ (Мовсес Хоренатси), ёдкардҳо аз «Худойномак», «Гаршосбнома», «Осор – ул – боқия», «Торихи Табарӣ», «Шоҳнома» рӯ оварда, ба натиҷаҳои гуногун ва дар бисёре аз мавридҳо, ба ҳам мухолиф расидаанд. Иддае аз онҳо ҷойгоҳи зисти турониёнро дар ғарби Ҳарирӯд, бархе дар миёни Кобулистону Зобулистон то Сиистон, дигаре дар Балучистон, чанде аз ишон байни рӯдҳои Омӯ ва Сир, яъне Вароруд (Мовароуннаҳр), дигарон дар фаросӯи рӯди Сир ва кӯли Арал то соҳили баҳри Сиёҳ ва ҳатто дар ҳудуди марзҳои Озарбойҷон ва Арманистони кунунӣ донистаанд. Доноёни баста ба кундукови саргузашти ориёиҳо дар бозшинохти қабилаҳои сокини сарзамини Турон низ ба натиҷаи ягона нарасида, бархе Туронро ҷойгоҳи зисти сакоиҳо, сарматҳо, масагетҳо, тахориҳо, олонҳо, осҳо гуморида бошанд, дигарон паҳнаи Туронро зодбуми бостонии тоҷикон пиндоштаанд. Донишманди пуркори тоҷик, Муҳтарам Ҳотам, дар ҷараёни таҳлили дарёфтҳои бостоншиносон, рӯи китоби пурарзиши хеш, зери номи «Ирони гумшуда», натиҷагирӣ кардааст, ки шумори зиёди номҳои ҷуғрофиёии (топонимҳои) Ирони имрӯзин баргирифта аз номи зистгоҳҳои аждодони иронитабор, аз Ориёнвиҷи дар Вароруд қарор дошта мебошанд. Яъне ориёиҳо аз фарози кӯҳҳои Помир, Фарғона ва дигар зистгоҳҳои Вароруд ба паҳнаи имрӯзи Ирон сарозер шуда, ба ёди сарзамини тарк кардаи хеш, бошишгоҳҳои навинашонро номҳои ориёӣ гузоштанд. Ин дарёфтҳо арзиши баланд дошта, усулан гузаштаи нахустмеҳани ориёиёнро бознамоёндаанд.

Аммо дар пайи ин ҷусторҳо мо нигоҳи худро бештар ба пайвастагии тоҷикон ба кишвари Турони бостон барафканда, биниши дигаргунеро бар пояи розҳои дар «Шоҳнома» нуҳуфта пешниҳод хоҳем дошт ва дар ин ҷо ба ҳеҷ кадом аз он мақолаву китобҳо коре надорем. Ҳамзамон дар мавриди дуруст будани дурии турониён аз табори тоҷикон нигари хонанда ба дарёфтҳои пурмояи  донишмандони доно, аз ҷумла донишманди фарҳехтаи Ирон, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ равона мегардад.

Пас аз мутолиа ва таҳлили ҷусторҳои ҷӯяндагони марзҳои Ирон ва Турон, ба назари мо чунин менамояд, ки биниши онҳоро усулан метавон ба чунин натиҷагириҳои ба ҳам мухолиф фасл кард;

Нахуст, Турон сарзамини иронитаборони кӯчии саҳронавард буда, турониён бинобар напазируфтани шеваи зиндагии деҳнишиниву шаҳрнишинӣ, барои чираманд гаштан ба алафчарҳои обшори Ирон, бо юришу тохтутозҳои худ ҳамвора ободиҳоро вайрон мекарданду деҳнишинонро ба бардагӣ мебурданд. Бад – ин тартиб:

— Рӯди Омӯ марзҳои Ирон ва Туронро муайян мекардааст. ( Ба якборагӣ бояд гуфт, ки ин пиндор касро вомедорад бар он гумони тираву хира бошад, ки сарзаминҳои имрӯзини Ирон ва Афғонистон ҷузви Ирон, аммо Варорӯд — Осиёи Миёна бахше аз Турон будааст ва аз ин рӯ беш аз нисфи қавми тоҷик дар Ирон ва нисфи дигараш дар Турон зистгоҳ дошта будааст.)

— Сарзамини Вароруд (Осиёи Миёна) дар замони дур, Турон ном дошта, дар баробари суғдиҳо, бештар ҷойгоҳи сакоиҳо будааст.

Дуввум, ирониёну турониён ҳамнажоданд ва марзҳои Турон аз фаросӯи рӯди Сир ибтидо гирифта, сарзаминҳои имрӯзини Қазоқистон, шимоли Каспий (Хазар), Сибирияи ҷануби шарқӣ ва Уралро дарбар мегирифт. (Дарёфтагони ин андеша Рене Гроссе — ховаршинос ва туркшиноси барҷастаи Фаронса, Фаридун Ҷунайдӣ, Муҳаммадамин Риёҳӣ, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ — фарҳехтагони Ирон, Сафар Абдулло – Тоҷикистон мебошанд.)

Ҷойи гуфтан аст, ки бинобар сабаби ҳечу пӯчу бемояву бепоя будани иддаои бархе торихнигорони туркгумон ва пажӯҳишгарони русиву яҳудии аҷири (зархариди — наёмники) пантуронистону пантуркистони Туркия, Узбакистону Қазоқистон ва соири кишварҳои бартарихоҳи туркманиш, ки топоними «Турон» ро ба вожаи «турк» нисбат медиҳанд ва Турони хаёлиро маҳди падарони худ медонанд, дар маврид овардани ҳар гуфтаниеро, ёвагӯйӣ ва дареғ дониста, дар ин навиштор бештар ба шиносномаи иронитаборон, «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ рӯ меоварам. Дар нигари мо «Шоҳнома», аз рӯйи биниши адабиётшиносии аврупоиву русӣ, шоҳкори торихӣ – бадеӣ (художественно – историческая эпопея) мебошад, ки усулан дар чунин асарҳо ҳама воқеъаҳои торихӣ айнан бозгӯ нашуда, нигоранда ҳадафу ормонҳои худро бо ороишҳову пироишҳои бадеӣ, бо бозтоби саҳнаҳои ҷолибу дилчасп баён мекунад. Фирдавсии бузургвор дар шоҳкори худ торихи беш аз шаш ҳазорсолаи мардуми иронитаборро ба қалам оварда, пеши худ вазифа нагузоштааст, то ин торихи дарозро пайдарҳам, ба сони хронологӣ бозгӯ намояд. Ҳакими Тӯс замонро ба ихтиёри худ гирифта, гаҳе онро шикастааст, гаҳе як замони тӯлониро шоистаи ёдоварӣ надонистааст, замони дигареро ба дарозо кашида, аз пиндори воқеъият берун ва гаҳе афсонагун сохтааст. Бад – он гуна ки  торихи садсолаҳои сулолаи ҳахоманишиён ва ашкониёнро барои тасвир раво надида, замони подшоҳии Ҷамшедро ҳафтсад сол тахмин задааст. Ва ба таъкид ёдовар шудааст, ки «ту инро дурӯғу фасона мадон» ва «ба раҳи рамз маънӣ бибар». Ҳадафи 700 сол нишон додани подшоҳии Ҷамшед, бознамоёндани ҳазорсолаи тамаддунофаринии иронитаборон буд; аз кашфи оташ, либоспӯшӣ ва пизишкиву «зи кӯҳ оҳану аз санг гавҳар берун овардан», то талоши ба осмон парвоз кардани порсҳои фарҳанговар. (Дар намоди шоҳ Ковус)

Ҳаким Фирдавсӣ бар пояи торихи воқеъии мардуми иронитабор, дастуре иҷод кардааст, ҳовии ёдкарди гузаштаи пурифтихори ин мардум, ки шаҳрсозу бунёдкор буданд, бар хилофи душманони ғаддори он, ба шумули турку тозиву румӣ, ки бо тохтутозҳои пайвастаи худ ободиҳоро вайрон карда, дар пайкор барои аз байн бурдани ҳуввияти ориёӣ – иронии онҳо мебошанд. Дар рӯзгори Фирдавсӣ таҳдиди туркон на танҳо ба марзҳои Ирон, балки хатари рабудани ҳуввияти миллии мардумони иронитабор сахт дар миён буда, ин мавзӯъро ҳама иронитаборони донишии нангмангд, сарнавиштсоз медонистанд. Замоне буд, ки наводдаҳои Исмоили Сомонӣ қудратро ба дасти туркони сабуктегинӣ ва қарахонӣ дода буданд ва бо таҳрику ҷонибдории халифаҳои Бағдод қарахониҳо, “тагинон” (ғазнавиён) ва ғузон ба Вароруду Хуросон роҳ ёфта буданд.

Бархе донишпажӯҳон бо назардошти ин воқеъияти торихӣ гумон бурданд, ки аз рӯи дарнарафтан ба сарнавишти турониён ва он рӯзгорон дар Вароруд ривоҷ ёфтани забони туркӣ, Ҳаким Фирдавсӣ пиндоштааст, ки турониёну туркон аз як решаву нажоданд. Чунин гумонро мутаасифона донишманди тавоно, Иноятуллоҳ Ризо бо суханони зер баён кардааст: «Дар бораи турониён бояд гуфт, ки Фирдавсӣ рӯзгори худро маллоки доварӣ қарор додааст. Дар рӯзгори Фирдавсӣ ғузон ва қипчоқҳо, ки аз қабоили туркзкбон буданд, дар Мовароуннаҳр саканӣ доштанд. Пеш аз он низ туркон дар аҳди сосониён ва нимаи дуввуми садаи шашуми мелодӣ, ба ин сарзамин раҳ ёфта буданд ва мардуми Суғду Хоразмро тобеъи худ карда буданд.[1] Чун ҷуз аз сарзаминҳои порсизабонони аҳди сомонӣ дар даштҳои Осиёи Миёна забони туркӣ низ ривоҷ ёфта буд, Фирдавсӣ чунин пиндошт, ки турону туркон аз як тираву аз як нажоданд»[2]. Ба нигар мерасад бардоште, ки гӯё Фирдавсии бузургвор ба иштибоҳ Туронро бо Турк ҳамнажод пиндоштааст,  дур аз мантиқ буда, ба дидаи жарфбину хаёли нозуки муноддии аслу насаби порсӣ, Ҳакими ҳакимони замонаҳо шак овардан,  шигифтангез низ ҳаст. Ба пиндори мо дар рӯзгори худовандагори «Шоҳнома», сарзамини Турон, ки паҳнаи имрӯзини Қазоқистон, Туркманистон (ба ҷуз Марву Чорҷӯ), Қароқалпоқистон, Қирғизистон, Сибирияи ҷануби ғарбӣ, Урал ва Туркистони Чин (Уйғуристон) ро дар бар мегирифт, рӯ ба холӣ гаштан аз турониёни ориёитабор ниҳода буд. Дар он рӯзгор дигар сакоиҳову сарматҳо, олонҳову осҳову масагетҳо кушониҳо, парфянҳову эфтолитҳо  ба савоҳили Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Ҳиндустон, Хуросон ва Аврупои имрӯз кӯч намуда, дар он ҷойҳо бо мардуми бумӣ даромехта, ақвоми наверо, аз қабили роксоланҳо, олонҳо, язигҳо, росомонҳо, элурҳо, кангювҳо, аланорсҳо, кушониҳо, сиракҳо ва як идда ақвоми дигарро бунёд намуда буданд ва дар миёни бахше аз турониёни дар сарзамини обоии худ бозмонда, раванди бо қабилаҳои туркнкажоди ғуз, оғӯз, утурғуз ва монанди он даромехтан ва симову қомати зардпӯстони омадаро тағйир додан ва ба маниши кӯчнишиниву тохтутозу ғорату вайронкории хеш нерӯ бахшидан, дар ҷараён буд. Дар бораи табдили (ассимиляцияи) турониён бо туркон, ки ба воқеъаҳои торихии қаламрави Утрор ва Варорудро ишғол кардани қабилаҳои гуногуни туркон рост меояд, донишманди доно, Манучеҳри Муртазавӣ чунин навиштааст: «Агарчи табдили торихӣ ва ҷонишинии туркон ба ҷойи турониён аз давраи сосониён ва шояд пеш аз он ибтидо гирифта бошад, вале шигифто ки интибоқи ин ҳамосаи куҳан дар шакли ҷадиди он бо масоили давраи сомонӣ ва оғози давраи ғазнавӣ маҳсустар ва муҳимтар аст ва шояд такяи бештари Фирдавсӣ бар рӯйи туркон ва хоқони Чин (ки зоҳиран аз Туркистони аслӣ ва қабоили биёбонии турку туркманон ва аҳёнан Ҳиндустон ҳикоят мекунад), мутаасир аз ҳамин воқеъияти муосир бошад.»[3]

Дар ин ҷо ёдоварии нуктае арзиши нигариш дорад ва он ин аст, ки туркгумонони торихнигор, дар мақолаҳову китобҳои дарсии зоҳиран илмгунаи худ, пиромуни турониёни ориёитабор гуморидани қазоқҳо, ноогоҳонро ба раҳгумӣ ҳидоят намуда, ҳақиқати торихии танҳо дар садаи VI мелодӣ (аз рӯйии дарёфтаҳои В.Бартольд, соли 558 мелодӣ), ба Қазоқистони имрӯзин, Ҳафтрӯд ва Хазар сарозер шудани аждодони худро инкор мекунанд ва мехоҳанд бар ҳадафи ҳуввиятсозии хеш, гузаштагонашонро аз нажоди сакоиҳо вонамуд созанд. (Пиромуни ҷойгоҳи сакоиҳо дар поён чанд сатре оварда мешавад.)

Ҳамин омезиши турониён бо туркон буда, ки дар миёни номҳои хонадони ориёии Турон ному лақабҳои туркӣ пайдо шуданд. Ончуноне ки дар «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ хондаем, сарзамини Турон ҷойгоҳи мардумоне будааст, ки ҷуз аз бодияпаймоиву хайманишинӣ, бо як силсила вижагиҳо дар манишу куниш, бовариҳову довариҳо, аз иронитаборон тафовути комил дошта будастанд, ки мо то  ҷое тавон дорем, онҳоро пеши дидор меоварем;

1.Номҳои Ирон ва Турон.

Номи Иронро ба шакли маъмулии имрӯза, нахустин бор Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» и ҷовидонаш, дар достони Ҷамшед ба қалам овардааст ва ҷамъан як ҳазору шастунуҳ бор ин номро (топонимро) ба такрор ёдовар шудааст. То Ҳаким Фирдавсӣ Иронзаминро ба гунаҳои гунагун, аз ҷумла «Айриёнам», «Ойриён», «Ориёно», «Ариянама вайҷа(ҳ)» ва монанди он номида будаанд. Ин номро дар аҳди ҳахоманишиён (550—327  пеш аз мелод), ба шакли «Aryānem Xšaθram»  (давлати ориёиҳо) ва дар аҳди сосонӣ (250  пеш аз мелод— 224 мелодӣ),«Aryānšaθr / Aryānšahr», Ироншаҳр (аз «Erānšahr» паҳлавӣ «ʼyrʼnštr»), мегуфтанд.

Номи Туронро низ ба шакли гӯиши ҳоло нахустин бор Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» зикр намудааст ва аз Турон дар саросари шоҳкори беҳамто сесаду шонздаҳ бор ном бурда шудааст. Номи Турон дар “Авасто” (Яштҳои 5, 54, 57) ба гунаи  «tuirianam»  ва дар ҷойи дигар «Tuiriianam Dahyunam» ва дар забони паҳлавӣ наздик ба номи “Шоҳнома”, ба гунаи  Tūrān омада, пойтахти он шаҳри Канг дониста шудааст. Бархе ҷӯяндагон гумон бурдаанд, ки номи сарзамини Турон вобаста ба исми Тур, фарзанди Фаридун мебошад. Ҳамон достони машҳуре, ки Фаридун ҷаҳонро (дар ҷойи дигар қаламрави зери фармонравоии хешро) миёни се писар тақсим мекунд ва ин бахшбандӣ боиси низоъ байни писарон – Эраҷ, Тур ва Салм мегардад:

Дигар Турро дод Туронзамин,

Варо кард солори туркону Чин.[4]

Тур аз ин бахшбандии падар дар шигифт омада, бухлу норизоияти худро ба Ираҷ чунин изҳор менамояд:

Туро бояд Ирону тахти меҳон,

Маро бар дари турк баста миён.[5]

Сатрҳои боло гувоҳ бар онанд, ки то тақсиму бахшбандии Фаридун, ин сарзамин бо номи Турон ёд мешудааст. Аммо маҳз аз ҳамин байт ва байтҳои дигар низ бармеояд, ки он сарзамин ба номи Тур пайвастагие надорад, зеро то бахшидан ба писари Фаридун, он макон Турон ном дошта будааст ва гузашта аз ин вожаи «тур», «Турон», бо калимаи «турк» ва табори туркон хурдтарин пайванде надорад.

  1. Ҷайҳун марзҳои Ирон ва Турон.

Дар оғоз ёд шуд, аксарияти ҷӯяндагони марзҳои Ирон ва Турон, рӯди Омӯро ҳадди ин ду сарзамин дониста, Варорудро ҷузви Турон гуморидаанд. Аммо бояд боз ҳам пурсид, ки чи гуна метавон ва чи моро водоштааст, ки ниёи тоҷикони сарзамини паҳновари Хуросони бостон, як бахши Ирони Бузургро иронӣ ва тоҷикони фаросӯи рӯди Омӯро туронӣ бишуморем?!

Чуноне аз дидҳои бархе пажӯҳишгарон бармеояд, яке аз сабабҳои асосии аз ҳам ҷудо сохтани мардумони тоҷик, рӯди Омӯ будааст ва бояд баррасӣ намуд, ки то чи андоза ин гумон рост ва ё норост аст. Ба якборагӣ бояд гуфт, ки яке аз иддаои рӯди Омӯро марзи Ирону Турон пиндоштан бар пояи дарнарафтан ба тобишҳои гуногуни вожаи «ҷайҳун» устувор аст. Нукта ин аст, ки вожаи «ҷайҳун» исми хос набуда, танҳо ба рӯди Омӯ нисбат дода нашудааст. Ин вожа ҳамчун исми ҷинс барои бозгуфтани ҳар кадом рӯди серобу  паҳновару пурхурӯш ба кор бурда мешавад ва ҷӯяндагони марзҳои Ирон ва Турон ҳар гоҳ дар осори торихии гузаштагон, ба вижа дар «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ чашм ба вожаи «ҷайҳун» дӯхтаанд, пиндоштаанд, ки баёнгари рӯди Омӯ ва нишонгари марзҳои ин ду кишвари бо ҳам дар ҷангҳои доимӣ қарор дошта, мебошад. Аммо бо жарфнигарӣ ба сатрҳои «Шоҳнома» ва осори торихии гузаштагон, ба хубӣ метавон дарёфт, ки бо вожаи «ҷайҳун» гаҳе Омӯ, гаҳе Нил, гаҳе Отил (Волга) ва хеле афзун Сирдарёро дар нигар гирифтаанд. Барои равшан шудани матлаб ин сатрҳоро пеши дидори хонандагон меоварем:

Аз Саъдии Шерозӣ:

Бидор эй фурӯмоя з – ин хишт даст,

Ки ҷайҳун нашояд ба як хишт баст.

Ҳофизи Абрӯ гуфтааст: «Дилҳо пурхуну чашмҳо ҷайҳун.»

Дар «Ҷаҳоннамо» и Наҷиби Букрон омадааст: «….. аз ҳеҷ дарё (баҳр) ҷайҳун берун наояд, ки ҳама ҷайҳунҳо ба сӯйи дарё (баҳр) шавад ва аз он ҷо муҷтамаъ гардад.»

Дар «Зайн – ул – ахбор» и Гардезӣ мехонем: «….. ва ин ҷайҳунро оби Отил (Волга) хонанд ва ӯ миёни Хазар ва Сақлоб аст»[6]

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» вожаи «ҷайҳун» ро бештар ба маънии рӯди паҳновару пурхурӯш ба кор бурдааст:

Чу ту созӣ ҷангу шабехун кунӣ,

Зи хоки сияҳ рӯди ҷайҳун кунӣ[7]

Ва ё:

Зи дилҳо ҳама тарс берун кунед,

Заминро зи хун рӯди ҷайҳун кунед.[8]

Ин нукта шоистаи ёдоварист, ки дар «Шоҳнома» ба ҳангоми кор гирифтан аз вожаи «ҷайҳун», дар бозтоби марзҳои Ирон ва Турон, ба таври фаровон ба рӯди Гулзариюн (Сирдарё) ишора шудааст. Чунончи дар мавриди разми хоқони Чин бо ирониён ишора мегардад, ки марзи Турон дар Гулзариюн, аз он сӯйи Чоч (Тошканд) қарор дорад:

Ҳама то лаби рӯди Ҷайҳун зи Чин,

Бар – ӯ хондандӣ ба дод офарин.

Сипаҳдор бо лашкару ганҷу тоҷ,

Ба Гулзариюн буд аз он сӯйи Чоҷ.[9]

Дар фасли «Рой задани Афросиёб бо меҳтарон», Афросиёб аз марзҳои густурдаи фармонравоии хеш лоф зада, қаламрави Туронро «зи Чин то лаби рӯди Ҷайҳун» дониста, Суғдро подшоҳии аз худ ҷудо гуфтааст:

Зи Чин то лаби рӯди Ҷайҳун марост,

Ба Суғдем ин подшоҳӣ ҷудост.[10]

Фарҳехтаи Шоҳномашинос, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ, аз достони Сиёвуш чунин маънӣ бардошт кардааст, ки Фаромурз – писари Рустам ва пешрави сипоҳи Рустам барои хунхоҳии Сиёвуш, аз рӯди Гулзариюн гузашта, ба марзи Турон мерасад ва шаҳри сохтаи Сиёвуш, Кангдиж дар наздики Исиқкул (Қирғизистони имрӯзин), дар шимоли рӯди Гулзариюн ҷой гирифта будааст.[11]

Дар фаросӯи рӯдхонаи Сир ҷой доштани сарзамини Туронро гуфтаи торихшиноси донои фаронсавӣ, Рене Гроссе таъйид мекунад. Ин донишманди нуктасанҷ, ки барояш сиёсати замона ва худхоҳии аврупоӣ бегона буд, ҳангоми бозтоб намудани хати сайри Курӯши Бузург, Сайҳунро (Сирдарёро) марзи шимоли шарқии Ирон донистааст: «Куруш аз Ҷайҳун убур кард ва ба Сайҳун, ки сарҳади шимоли шарқи кишварро ташкил медод расид ва дар он ҷо шаҳрҳое мустаҳакам ба манзури дифоъ аз хадамоти қабоили Осиёи Марказӣ бино кард»[12]

Ин нуктаро низ набояд аз дида дур дошт, ки замонҳое рӯди Омӯ марзи сиёсӣ миёни Ирону Вароруд гашта буд. Чуноне ки Ҳакими Тӯс ҳангоми бозтоб аз фарҷоми тохтутозҳои ҳазорсолаи турониён ба сарзамини Ирон ва нишон додани симои торихии туркони ба Вароруд роҳ ёфта, дар намоди Совашоҳ, марзҳои Ирон ва Туронро рӯди Омӯ донистааст. Ин ном дар «Шоҳнома» ба гунаи Сова ва номи писараш ба шакли Пармуда омадааст, вале ончуноне дар сарчашмаҳои дигари торихӣ, аз ҷумла «Торихи Табарӣ» ва «Ахбор – ул – тавол» дида мешавад, номи аслии ӯ Шоба ва номи писараш Бӯйруқхон, бо унвони Ийлтегин ба сабт расидааст. Туркон дар Ҳирот шикасти сахт мехӯранд ва Совашоҳ бо дасти Баҳроми Чӯбина кушта мешавад. Лашкари туркон ба Вароруд ақиб менишинад ва ирониён аз таъқиби писари Шоба (Совашоҳ), Бӯйруқхон даст кашида бо назардошти мушкилиҳои дар дохили кишвар ба миён омада, дарёи Омӯро ба унвони марзи сиёсӣ миёни туркон ва Ирон мепазиранд. Бад – ин тартиб шояд хонандаи хушзеҳн дарёфта бошад, ки рӯди Омӯ дар он рӯзгороне марзи Ирон ва Турон дониста шуда буд, ки туркон ба сарзамини Вароруд чираманд гашта буданд.

Аммо бад – он сон ки Фирдавсии бузург гӯёву равшан ба таъкид нигоштааст, марзи Турон аз саҳрои Қипчоқ оғоз шуда то “пеши дарёи Чин” густура доштааст. Ин воқеъиятро дар достони “Бозгаштани Кайхусрав аз Турон ба Иронзамин”, мехонем:

Ба Густаҳми Нӯзар супурд он замин,

Зи Қипчоқ то пеши дарёи Чин.[13]

Ёдкарди ин нукта лозим дониста мешавад, ки вожаи “дарё”, дар гӯиши порсигӯёни (тоҷикзабонони) Вароруд, ба маънии рӯд (дар забони русӣ “река”) мебошад, аммо дар “Шоҳнома” ва адабиёти классикии форс – тоҷик (дар осори адибони чи зодаи Ирону Хуросон ва чи Вароруд), вожаи “дарё” – ро маънӣ баҳр (дар забони русӣ “море”) мебошад. Ба мушоҳида мерасад, ки ба сабаби надонистани ин нукта, гаҳе адабиётдӯстон ва ба вижа шоҳномахонҳои мо ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.[14] Гаҳе пеши хонандаи ноогоҳ метавонад чунин пурсиш ба миён ояд, ки магар худованди “Шоҳнома”, ба ҳангоми бозтоби дарё, иғроқ намудааст ки рӯйи он киштиҳои бодбондорро ба тасвир оварда, паймудани масофаи оби дарёро “яксола роҳ”, донистааст. Чуноне ки Кайхусрав ба ҳангоми бозгаштан аз Гангдиж, ба наздики дарё расида бодбонҳо мебинад ва барои ҳар чи зудтар расидан ба Сиёвашгирд, роҳи яксоларо дар ҳафт моҳ мепаймояд:

Бифармуд то бодбон баркашид,

Ба дарёи бепоя андар кашид.

Ҳамон оби дарёи яксола роҳ,

Чунон тез шуд бод дар ҳафт моҳ[15]

Донишманди рус, В. Шуховцев бо мутолиа ва баррасии жарфи “Шоҳнома”, росту дуруст дарёфтааст, ки оид ба ҷойгоҳ ва паҳнаи Турон дар “Шоҳнома” – и Ҳаким Фирдавсӣ, иттилооти хеле мушаххас дида мешавад. Ба ҳангоми тасвири сафари Сиёваш ба назди Афросиёб ва юриши Тӯс ба Турон, хати сайри онҳо аз Балх то Канг – пойтахти Турон, бозгӯ шудааст. Ин хати сайр аз Термиз, Суғд, Самарқанд, Чоҷ гузашта, бархӯрди нахустин бо турониён, пас аз гузаштан аз ағбаи байни Чоҷ ва Испиҷоб (Чимкенти кунунӣ), бо сипаҳбади турониён, Варозод сурат мегирад. Бад – ин тартиб аз Испиҷоб гузашта, ба пойтахти Турон, шаҳри Канг расидан мумкин буд.[16]

  1. Бовариҳои динии ирониён ва турониён.

Бахши зиёди пажӯҳандагон дарёфтаанд, ки яке аз сабабҳои асосии даргириҳо миёни Ирон ва Турон дар баробари биёбонгардиву яғмогарии турониён ва ҳамвора ба деҳоти кишоварзони иронӣ ҳамла кардан, ҳамчунон ихтилоф дар бовариҳои диннӣ низ будааст. Ба ин тафовути чашмрас ағлаби донишмандон ишораҳо доранд, вале чуноне ба нигар мерасад бахши зиёде аз онҳо гузаштагони тоҷиконро ҳамчун туронӣ ба ойини Зартушт бегона арзёбӣ кардаанд. Ин пиндорро пеш аз ҳама ба далеле метавон нодуруст шуморид, ки чуноне аз «Авасто» медонем, Зартушт ба бори нахуст дар оби Доятик (рӯди Омӯ) обтанӣ карда, фариштаи Ваҳуман ба ӯ ваҳйи Аҳурамаздоро расондааст. Фирдавсии озармин дар ҳикояти «Зуҳури Зартушт ба дарбори Гуштосб», Балхро Ирон ва ҷойгоҳи пайдоиши Зартушт дониста, чунин гуфтааст:

Аз айвони Гуштосб то пеши кох,

Дарахти гашанбеху бисёршох.

Ҳама барги вай панду бораш хирад,

Касе к – ӯ чунон бархӯрад, кай мурад.

Хуҷастапаю номи ӯ Зардуҳушт,

Ки Оҳармани бадкунишро бикушт.

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт пайғамбарам,

Туро сӯйи яздон ҳаме раҳбарам.[17]

Воқеан, дар «Авасто» сухан бештар дар пиромуни вилоятҳои шарқи фалоти Ирон ба миён омадааст ва ёдкардҳо аз қисмати ғарби Ирон гоҳ – гаҳе ба нигар мерасад. Ҳамин аст ки сарчашмаи пайдоиши бовариҳои дини Зартушт, ба истилоҳ «Маккаи зартуштиён», Балхи Бомӣ буд.

Дар тафовут бо ирониён, аксари турониён яздонпараст набуда, бутпараст буданд. Дар “Авасто”, ёдкарду ситоиш аз “фуруҳарҳои турониён”, бар он далолат мекунад, ки дар ибтидо бахши зиёди турониён боварманди кеши Зартушт будаанд, вале сипас онҳо бутпарастӣ – идолопоклонство, язычество, ё ба истилоҳи Ҳаким Фирдавсӣ, девпарастӣ ихтиёр мекунанд.

Ту мар девро мардуми бад шинос,

Касе к – ӯ надорад зи яздон сипос.

Барои тасбити боварманд будани мардуми Вароруд ба ойини Зартушт ва бар хилофи онҳо бутпараст будани турониён, метавон намунаҳои зиёде аз «Шоҳнома» овард:

Ба нерӯи яздон биёбем даст,

Бад – он бадкуниш мардуми бутпараст.[18]

Шоҳаншоҳ Кайхусрав, пас аз тасхири Чину Хутан ба Ирон бозомада, дар шаҳрҳои бузурги масири роҳ аз як ҳафта то ду ҳафта мемонад ва дар оташкадаҳои он шаҳрҳо намоз мегузорад, ки ин баёнгари ривоҷ доштани ойини Зартушт дар Вароруд мебошад. Аз ҷумла дар Суғд ба оташкадаи Бухоро рафтани шоҳаншоҳ чунин бозгӯ шудааст:

Ба Суғд андарун буд як ҳафта пеш,

Талимону Хузон ҳаме рафт пеш.

В – аз он ҷо ба шаҳри Бухоро кашид,

Зи лашкар замин шуд ҳаме нопадид.

Бихӯрду биёсуду як ҳафта буд,

Дуввум ҳафта бо ҷомаи нобисуд.

Ғамӣ шуд аз он рӯзҳои шуда,

Биёмад хурӯшон ба оташкада.

Бигустурд бар мӯбадон симу зар,

Бар оташ пароканд чанде гуҳар.[19]

Ин андеша дар лаҳзаи тасвири ҳамлаи арабҳо ба Бухоро, ки ба пурсиши «дар Бухоро аз номдорон ҳеҷ фарзанде мондааст?», посух меояд, ки «дар ин шаҳрҳо аз оташпарастон касе намондааст»:

Бар он шаҳрҳо тозиёнрост даст,

Ки на шоҳ монду на оташпараст.[20]

Зартуштӣ будани тоҷиконро то замони ислом пазируфтан, далели дигаре низ исбот аст, ки ойини Зартушт кеши кишоварзон буд ва воқеъияти деҳнишину киштманд будани гузаштагони дури тоҷикон, нодурустии пиндори он пажӯҳишгаронеро ки тоҷиконро «кӯчиҳои иронӣ» номидаанд, ба равшанӣ намоён месозад. Тоҷикон нахустин деҳнишинон, ромкунандагони ҳайвонот ва домпарвароне буданд, ки ғизояшон асосан аз маводи ширӣ, меваву гиёҳҳо буд, на монанди кӯчиҳо ғолибан аз гӯшт ва бо таваҷҷуҳи андаке ба осонӣ метавон пай бурд, ки дар манишу куниши тоҷикон ҳатто ишорае ба рамачарониву кӯчнишинӣ нест. Агар ба хазинаи забони порсии тоҷикӣ бингарем, ягон вожаи порсӣ ба чашм намехӯрад, ки тобиши кӯчнишинӣ дошта бошад. Ҳама вомвожаҳои баёнгари шеваи парвариши чорво аз забони туркӣ мебошанд. Монанди: айлоқ, қишлоқ, тайлоқ, учоқ, қудуқ, юрт, қуш (ҳам маънии ҷуфт, ҳам қишла – истгоҳ; «қуш партофтан»), қайла, қаймоқ, қатиқ, қумиз, айрон, қурма – хӯрданиву ошомиданиҳои кӯчиён.

Андешаи зартуштӣ будани бовариҳои динии тоҷикони бостонро ёдкарди дигаре аз «Шоҳнома» низ таъйид мекунад, ки мабни бар он мардумони сарзамини Марв (Мары- и имрӯзаи дар Туркманистон ҷой дошта), парасторони ойини Зартушт буданд. Ҳамон гуна ки дар «Шоҳнома» хондаем шоҳаншоҳ Анушервон ( арабиаш Кисро) мефармояд, то ҷаҳонро (ба маънии қаламрави зери фармонашро) бигарданд ва донишманди доноеро пайдо кунанд, шоистаи мақоми вазирӣ. Паҳлавон Озодсарв ба Марв омада, бо мӯбаде вомехӯрад, бо номи Бузургмеҳр, донандаи Авастову Занд, ки рӯзгорашро ба омӯзиши шогирдон бахшида буд ва мо аз омӯзаҳои торихиву достонҳои мардумӣ дар мавриди бинишу дониши Бузургмеҳр дар роҳи густариши додгустарии Анушервон ҳикоятҳо медонем:

Яке аз радон номаш Озодсарв,

Зи даргоҳи Кисро биёмад ба Марв.

…….    …….    …….   …….   …….

Биёмад ҳаме гирди Марву биҷуст,

Яке мӯбаде дид бо Занду Уст.[21]

  1. Забони турониҳо.

Забоншиносон бар онанд, ки ҳамсону ҳамгун будани бахше аз вожаҳои гӯиши мардуми ориёитабор реша дар ягонагии макони зисти ибтидоиашон, яъне Ориёнвич доранд ва пайдост, ки забони мардуми Турон низ дар оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ҷой дорад.  Аммо бояд донист, ки Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома» гӯиши турониҳоро бар ирониён бегона ва номафҳум бозгӯ намуда, гуфтушуниди қаҳрамонони достонҳоро бо ёрии тарҷумонҳо бознамоёндааст.

Ба гуфтан меарзад, ки дар ибтидо (дар ҷилдҳои нахустини «Шоҳнома») забони  мардуми Туронро «турӣ» номидааст ва аз чунин сатрҳо бармеояд, ки ирониён ба гуфтори турӣ ошно будаанд:

Ба дигар, ки Ҳумон ба туризабон,

Сухан гуфт аз ин бора бо паҳлавон.[22]

Аммо дар бозтоби аксари рӯйдодҳову танишҳо миёни ирониёну турониён, бинобар дарнарафтан ба гуфтори ҳамдигар ғолибан аз тарҷумаи забондонон кор гирифтаанд. Чунончи:

Ба назди Фарибурз бо тарҷумон,

Биёмад ба кирдори пили дамон.[23]

Ва ё:

Яке тарҷумонро зи лашкар биҷуст,

Ки гуфтори туркон бидонад дуруст[24]

Чун сарони туронӣ огоҳ буданд, ки забони ирониён барояшон бегона аст, барои гуфтушунуфт бо онҳо, тарҷумонро ҳамроҳ мегирифтанд:

Сарафроз Тархон биёмад давон,

Бад – ин рӯйи диж бо яке тарҷумон.[25]

Аммо ҷолиб аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ гуфтори яке аз чеҳраҳои асосии аҳримангунаи шоҳкори худ, Афросиёбро туркӣ нишон додааст. Забони Афросиёби аз дудаи Фаридун, наводдаи Тур ба воя расида, яъне забони хонаводагиаш порсӣ (паҳлавӣ) буд, вале ба ҳангоми гуфтумонҳо бо гумоштагони хеш, бо турӣ гап мегуфтааст. Чунин аст, ки Афросиёб ба ҳангоми гурез аз ирониён ва дар ғор пинҳон будан, дар хоб ба туркӣ нола мекунад, ки онро «некмарде аз тухмаи Фаридун» шунида, вайро аз ғор берун кашида, ба шоҳаншоҳ Кайхусрав месупорад:

Ба туркӣ чу он нола бишнид Ҳум,

Парастиш раҳо карду бугзошт бум.

Чунин гуфт, к – ин нола ҳангоми хоб,

Набошад магар бонги Афросиёб.[26]

Бар пояи сатрҳои дар боло ёдшудаи «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ метавон ба ин гумон буд, ки ҳанӯз то замони он бузургвор, туркон ба сарзамини Турон роҳ ёфта, дар умури лашкардориву ҳукуматронӣ нақши асосӣ доштаанд. Ба ҳамин нишонаҳо пай бурда, пажӯҳандагони туркгумони дучори бардоштҳои нобаҷо, табори турониён ва турконро яке донистаанд. Донишманде чун Муҳаммад Алии Саҷодия ҳатто забонҳои порсӣ ва туркиро ҳамреша пиндоштааст. Ин пажӯҳанда вожаҳои зиёди туркиро бо забонҳои ҳиндуаврупоӣ, аз ҷумла порсӣ муқоиса намуда, ҳамгун ва ҳамреша будани онҳоро хостааст тасбит кунад. Номбурда ҳатто замирҳои (ҷонишинҳои) «ман», «ӯ» — ро намуна оварда, табори ирониён ва турконро муштарак гуморидааст. Чунончи ба гуфти вай «ман» — авастоӣ, «ман» — паҳлавӣ, «маним» — туркии озарӣ, «мин» — туркӣ, «mon» — фаронсавӣ, «mein» — олмонӣ, mine – англисӣ, мен – узбакӣ, ё «онҳо» — «унҳо» (uno), ӯлар (olar), туркӣ ва ё замири мулкии (бандакҷонишини) «ам» дар порсӣ ва туркӣ муштарак аст. Монанди «дафтарам» — дар порсӣ, «дафтарим» — дар туркӣ….[27]

Албатта ҷойи гумон нест, ки чунин далелҳо наметавонанд пиндори ҳамреша будани забонҳои туркӣ ва ҳиндуаврупоиро тасбит намоянд. Аммо ин овардаҳои пажӯҳишгари номбурда намунаи гӯёву равшане мебошанд, ки забони туркии дар ибтидо ниҳоят фақиру нотавон, танҳо пас аз омезиши гӯишгаронаш бо турониёни дар фалоти Турон бозмонда, анбӯҳи вожаҳоеро аз забони ориёӣ вом гирифта, бад – ин васила ба хазинаи худ то андозае тавоноӣ бахшид.

  1. Чеҳра ва либоси турониҳо.

Дар «Шоҳнома» мехонем, ки дар баробари бегонагии ойину манишу куниши турониён, ба шумули ғоратгариву вайронкорӣ, чеҳраву шеваи либоспӯшии мардуми Турон низ дар муқоиса бо иронинажодон тафовутҳои чашмгир дошта будааст. Ба чеҳрашиносон (антропологҳо) равшан аст, ки чеҳраи туркон (аз ҷумла туркони қипчоқу оғуз, қарлуқу утузғуз ва ғолибан ҳама туркони бо ориёинажодон омезиш наёфта), муғулӣ (монголоид) мебошанд. Ва аз ин ки турониҳо ориёинажод буданд, ҷойи дудилагӣ нест ва чеҳраи иронӣ (аврупоӣ) доштанашон воқеъист. Вале дар «Шоҳнома» туронӣ, ба вижа туроние, ки муродифи турк омадааст, ғолибан бо чеҳраҳои зишт, чун девон пурпашм ва чашмони рез бозтоб шудаанд. Бад – он сон ки Кайхусрав чеҳраи сипаҳдори туронӣ, Гурӯйи Зиреҳро дарёфтааст:

Нигаҳ кард Хусрав бар он зиштрӯй,

Чу девон ба сар бар фурӯ ҳишта мӯй.[28]

Чунин нигаришро ба чеҳраи туркон нависандаи армании садаи X мелодӣ, Мусо (Моисей) Хуранӣ, бад – ин сон тасвир кардааст: «У хатари даҳшатборе, ки аз сӯйи мардуми палид ва ғаддоре, ки суратҳои паҳн доштанд ва шабеҳу ҳаммонанди занон буданд, мушоҳида кард. (Яъне кӯсариш буданд) Мӯйҳои дарози онон аз сар ба чеҳраву баданашон фурӯ рехта буд. Онҳо найза ва тиру камон дар даст доштанд ва ҳаммонанди гургҳои ваҳшӣ ҳамла мекарданд. Камтарин асаре аз шарму ҳаё дар чеҳраи онон машҳуд набуд.»[29] Тангчашм будани турконро, Ҳаким Фирдавсӣ бо вожаи «гурбачашм», баён доштааст:

Або сурхтурки баде гурбачашм,

Ки гуфтӣ дил озурда дорад ба хашм.[30]

Дар пиромуни тафовути чашмгир доштани чеҳраи турониён (ки дар нигари Ҳакими Тӯс туркони таҳдидгар ба марзҳои Ирон буданд) нисбат ба ирониён, метавон аз достонҳои «Шоҳнома» намунаҳои фаровон овард, аммо он чи дархӯри биниш аст, ин мебошад, ки Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳангоми бархӯрди Суҳроб бо Гурдофарид, бо ишора ба сурату қомат, Гурдофариди иронӣ пай мебарад, ки  паҳлавони ҷавон аз нажод туронӣ нест:

Намонӣ ба туркон бад – ин болу суфт,

Ба Ирон надонам туро низ ҷуфт.[31]

Дар «Шоҳнома» чеҳраи иронинажодон, ба гунаи Баҳроми Чӯбина баландболо, бо устухону бинии бузург, намоён гаштааст:

Ба боло бузургу ба андом хушк,

Ба гирди сараш ҷаъдмӯе чу мушк,

Қавӣ устухонҳову бинӣ бузург,

Сияҳчардаву тундгӯву сутург.[32]

Афзун бар ин, чун шеваи либоспӯшӣ равшангари тафовутҳои куллӣ миёни ойину суннатҳои қавмҳо мебошад, худовандагори «Шоҳнома», ба вижагиҳои сарулибоси турониён, аз ҷумла бо овардани таркибҳои «қабои турӣ», « кулоҳи турӣ», ё «ҷомаи турквор»,  ишораҳои фаровон дорад:

Бипӯшид Ҷомосб турӣ қабой,

Фуруд омад аз кӯҳ бе роҳнамой.[33]

Дар ҷойи дигар кулоҳи турониён бо шакли вижа, ки онро «кулоҳи дупар» номидаанд ва камари баста, чун шеваи либоспӯшӣ, тафовути ирониҳоро аз турониҳо нишонгар аст:

Чу Ҷомосбро дид, к – омад ба роҳ,

Ба сар бар яке нағз турӣ кулоҳ.

…..      ……        ……      ……..

Ба сар барниҳода кулоҳи дупар,

Ба ойини туркон бубасташ камар.[34]

Дархӯри нигариш аст, ки ирониён ба ҳангоми пинҳонӣ рафтан ба хайли турониён, кулоҳу либоси туронӣ (туркӣ) мепӯшиданд. Бад – он гуна ки Рустами Дастон ҷомаи туркӣ ба бар карда, ба бошишгоҳи турониён меравад:

Таҳамтан яке ҷомаи турквор,

Бипӯшиду омад ниҳон то ҳисор.[35]

  1. Номҳои турониён.

Нуктаи дигаре, ки дар бозҷӯии турониён шоёни аҳамият аст, номҳои мардуми Турон мебошад. Ҳама пажӯҳишгарон бар ин вижагӣ таваҷҷуҳ доштаанд, ки номҳои турониҳо порсиву иронӣ буда, ба туркӣ пайвастагие надоранд. Дар таъйиди ин далел номҳои порсии Афросиёб, Гарсеваз, Фарангис, Арҷосб, Виса, Ҳумон, Пилсам, Вуроз, Аржанг, Пурон, Ағриғас ва монанди онро чун намуна ёдовар мешаванд, ки дуруст аст. Аммо чуноне дар «Шоҳнома» мехонем, ҳамзамон дар миёни сипаҳбадони туронӣ номҳои туркӣ фаровон ба чашм мехӯранд. Монанди Қарохон, Қулун, Тархон, Тувург, Дамур (Дамир), Мақотура, Курухон:

Яке турк буд пир, номаш Қулун,

Ки туркон варо доштандӣ забун.[36]

Бинобар ин ки номҳои сокинони сарзамини Турон порсӣ мебошанд, ба пиндори бархе донандагони торих, турониҳо аз дудаи ирониҳо буда, танҳо бо шеваи зиндагӣ, яъне рамачарониву кӯчнишинӣ аз ирониён тафовут доштанд. Аммо Фирдавсии бузургро чун ҳадаф аз офариниши «Шоҳнома», зинда кардани хотираи фаромушшудаи торихии иронитаборон буд, рухдодҳои гузаштаи дурро ба замони зиндагии худ наздик оварда, бад – ин васила таваҷҷуҳи ирониёнро ба хатари маргбори аз ду ҷониб – аз сӯйи турку араб омада ҷалб намудааст. Ва аз ин ки дар замони Фирдавсӣ турку араб дар сарзамини Ирон ҳукмронӣ мекарданд, ирониёнро барои рӯ ба виждон ва ғурури миллӣ ниҳодан ва бад – ин васила ҳуввияти ориёии хешро аз даст надодан, турониву туркро огоҳона, яке бознамоёндааст. Дигар акнун дар замони ҳамлаи беамони араб ба сарзамини аҳуроии Ирон, турониҳои ориёӣ —  ҳамон масагетҳо, олонҳо, осҳо, роксаланҳо, сарматҳо ба хонаҳои алоҳидаи худ ҷой гирифта, аз дур тамошо мекарданд, ки чи сон лашкари беамони аз биёбонҳои араб сарозер шуда, иронинажодонро ба қатл мерасонанд.

Ҳама огоҳанд, ки номи Афросиёб ва бародаронаш Гарсеваз ва Ағриғас порсӣ мебошанд ва чуноне ки гуфта шуд бо такя бар ин нишон турониҳо иронитабор дониста шудаанд. Аммо дар ин ҷо пурсише дар миён аст, ки чаро Ҳаким Фирдавсӣ ба писари Афросиёб, абераи Фаридун, наводдаи Тур, номи туркии Қарохон раво дидааст?! Мо дар оғози ин навиштор ба таври гузаро ба ёд овардем, ки дар рӯзгори Фирдавсӣ туркони қарохониву ғузҳову тагинон ва андешарабоёни Бағдод ба рабудани ҳуввияти миллии иронитаборон пардохта буданд. Ҳамин аст, ки ишораи муноддии аслу насаби порсӣ барои андешидан рӯйи мавзӯи ҳамлаи хунини туркон, ба вижа туркони қарохонӣ, дар аҳди Сомониён нигаронида шудааст. Равшан аст, ки туркони қарохонӣ бо сарварии Ийликхони қарохонӣ Бухорову Самарқанро ишғол карда, заминҳои киштбобу рамачаронҳои миёни рӯдҳои Сир ва Омӯро азхуд карда буданд ва саросари сарзамини Иронро, ки пас аз истилои араб заъифу нотавон гашта буд, турктозиҳои маргбор таҳдид дошт.

Қарохониён худро Оли Афросиёб ва бо роҳнамоии халифаи Бағдод,  Ал – Қодирул биллоҳ, хешро Амир – ул – муъминин хонда, дар либоси ислом ба турктозиҳои хунин пардохтанд. Ҳамзамон турки сабуктегинӣ, Маҳмуд, дар Хуросон  худро «валии Амир – ул – муъминин» номида, низ ба ҳидояти халифаи Бағдод, ки ӯро бо лақаби Яминуддавла ва Аминулмилла мушарраф гардонда буд, дар пайи ситезидани иронитаборон шамшери хунолуд тезонда буд. Чуноне ки академик Бартолд навиштааст : «замони ҳукуматронии сулолаи Қарахониҳо барои Мовароуннаҳр асри фурӯрафтанҳои фарҳангӣ ва фишорҳои хонигариҳо дониста шудааст» (Эпоха владычества династии Караханидов была для Моваренахра эпохой культурного регресса и ханских притеснений.) [37]

Бад – ин тартиб гӯё дар «Шоҳнома» ба таъкид омадааст, ки агар душмани ғаддори Ирон – Афросиёбро нобуд карда бошанд ҳам, авлодонашон дар симои Қарохон ва «тагинон» (Маҳмуди Сабуктегин, навваи Алптегин), фазои тираи Иронро боз ҳам тиратар гардонда, ба сарзамини аҳуроии озодагон зиён хоҳад овард.

 

  1. Масофаҳо миёни Ирон ва Турон.

Шоёни ёдоварист, ки донои Тус ҳангоми бозтоби замину арзҳои Ироншаҳр ва роҳпаймоии радону шоҳаншаҳон масофаҳоро миёни маконҳо афсонагуна (монанди «ҳафт шабу ҳафт рӯз», «чил шабу чил рӯз») тахмин назада, талош доштааст барои бозшинохти марзҳои кишвар фосилаҳоро наздик ба воқеъият тасвир намояд.

Масофаҳо дар «Шоҳнома» ғолибан бо «фарсанг» (“фарсах”), «манзил» ва гаҳе чанд рӯз (чанд ҳафта, чанд моҳ) андоза шудаанд ва ин роҳпаймоиҳо аз Вароруд дар дуриҳо ҷойгир будани Туронро равшан месозанд. Ҳамон гуна ки фосила аз маркази Ирон то Туронро роҳи якмоҳа, ё 1000 фарсанг донистааст. Мебояд ба ёд овард, ки як фарсанг наздик ба шаш километр (5558 метр.) аст ва дар «Шоҳнома» ба ишораҳое дучор меоем, ки фосила миёни Ирону Турон 1000 фарсанг тахмин шудааст. Бад – ин тартиб агар марзи Ирон ва Турон рӯди Омӯ мебуд, аз он ҷо то Истахр, курсинишини Ирон 2500 – 3000 километр беш набуд. Аммо аз Туркистони Чин ва шимоли Қазоқистони имрӯзин, ё Урал дарозии роҳ метавонад 5500 – 6000 километр бошад. Ва боясти дар назар дошт, ки дар замони бостон, бинобар набудани пулҳову гузарогоҳҳо, убур аз биёбону кӯҳу шаху рӯдҳо, роҳпаймоён бо роҳҷӯйиҳои душвору сангин чунин масофаҳои дарозро мепаймуданд:

Ҳамоно, ки фарсанг аз Ирон ҳазор,

Бувад то ба Ганг андар эй, шаҳриёр.

Зи кӯҳу биёбону аз регу шах,

Ду лашкар бад – ин сон чу мӯру малах.[38]

Ё:

Фиристода омад ба наздики шоҳ,

Ба як моҳ камтар бипаймуд роҳ.[39]

Ва ё чуноне ки дар достони «Овардани Рустам Кайқубодро аз кӯҳи Албурз» пай бурда мешавад, аз Зобул то Албурзкӯҳ ду ҳафта роҳ будааст ва ин дурӣ паҳноварии сарзамини Иронро аз марказ ба сӯйи шимол баёнгар аст:

Ба ду ҳафта бояд, ки эдар бавӣ,

Гаҳу бегаҳ аз тохтан нағнавӣ.[40]

Масофа аз Канг (и Сиёвуш) то Чин (Туркистони Чин) 120 фарсах, баробар ба 720 км. ва то марзи Ирон 340 фарсах, баробар ба 2040 км. мебошад ва агар марзи Ирону Турон рӯди Гулзариюн (Суғд) бошад, пас то курсинишинии он кишвар шаҳри Истахр 3000 – 3500 километрро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр масофа миёни Турон ва пойтахти Ирон беш аз 1000 фарсангро ташкил медиҳад:

Саду бист фарсанг аз эдар ба Чин,

Ҳамон сесаду чил ба Иронзамин.[41]

Дар бозтоби замони аз тарафи Рустами Дастон вайрон кардани Туронзамин низ марзи Ирону Турон беш аз ҳазор фарсанг андоза шудааст:

Баромад зи кишвар саросар димор,

Бар ин гуна фарсанг беш аз ҳазор.[42]

Дар «Шоҳнома» масофаҳо ҳамчунин бо вожаи «манзил» (як рӯза роҳ), андозагирӣ шудаанд. Аз ҷараёни бозтоби роҳпаймоии радону сипаҳсолорон бармеояд, ки як манзил то 35 – 40 километрро ташкил медиҳад, ки роҳпаймоён ғолибан пас аз паймудани ин масофа барои осоиш ва иваз кардани аспҳо таваққуф менамуданд. Боясти ишора кард, ки шоҳаншоҳ Куруши Бузург ин шеваи паймудани роҳҳои дарозро ҷорӣ намуда буд, ки дар сари ҳар 35 – 40 км. меҳмонсаро ва тавила (саисхона) бунёд намуда буд. (Воқеан, ин шеваи созмондеҳии роҳпаймоиро сипас аврупоиён ва русҳо бо пайравӣ аз замони Куруш пазируфтанд. Русҳо дар пеш, бо шеваи роҳҳои замони фармонравоии Куруш, “столбовая дорога” доштанд.) Дар «Шоҳнома» мехонем, ки Кайхусрав ба Тус нома нигошта, вайро назди худ мехонад ва дар нома таъкид мекунад, ки шабу рӯз нахуфта, дар ҳар манзил бо иваз кардани асп ба Ирон баргардад:

Маёсо зи рафтан шабу рӯз ҳеч,

Ба ҳар манзиле аспи дигар бисеч.[43]

  1. Турон ва Чин

Дар мавриди пайвастагии Турон бо Чин, ҳамзамон турониёну туркону чиниёнро ҳамсон дидани Ҳаким Фирдавсӣ, хештанёбони фарзона, Манучеҳр Муртазавӣ, Фаридун Ҷунайдӣ, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ, Мустафо Мусавӣ ҷусторҳои арзишманд берун овардаанд ва мо мекушем бар пояи гуфтаҳои пурмояи он фарҳехтагон, чанд намуна аз мушоҳидаҳои хешро низ ба ёд оварем. Чунон ки дар пеш гуфта шуд, бархе аз шоҳномашиносон бар ин андеша афтодаанд, ки Ҳаким Фирдавсӣ бо иштибоҳ Турону Туркро дарҳам омехтааст ва ҳамрадиф овардани топонимҳои «Турон» ва «Чин» низ пайваста бар он гумон аст. Вале ҳаргиз набояд аз дида дур дошт, ки Фирдавсии озармин, ки ҳакими ҳакимон дониста шудааст, (дар адабу дониши ҳазорсолаи порсиён чор фарҳехтагон шоистаи унвони «ҳаким» буданд; Ҳаким Носири Хусрав, Ҳаким Умари Хайём, Ҳаким Саноии Марвазӣ ва фарзонаи онҳо Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ)[44], ба масобаи доиратулмаорифи (энтсиклопедисти) бемонанд, ба ҳама донишҳои замона чираманд буда, дар офариниши шоҳкори бемарги хеш, аз устураҳои Ҳинду Чин, то андӯхтаҳои кишвардориву лашкаророӣ ва ториху ҷуғрофияи кишварҳо фаровон кор гирифтааст. Албатта пурсише ба миён меояд, ки чаро Ҳаким Фирдавсӣ бо ин нобиғаи бемонанд Турку Чинро дарҳам омехта, онҳоро ҳамрадифи Турон бознамоёндааст. Нахуст бояд ёдовар шуд, ки сарзамини Турон дар ҳамсоягии хиргоҳҳои туркон ва кишвари Чин ҷойгир будааст ва чиниён дар сарнавишти мардуми Ирон, ба вижа Вароруд нақши намоён доштаанд. Дуввум ин ки Донои Тус ҳар гоҳ ҳамлаҳои турониёнро ба сӯйи марзҳои шимоли шарқи Ирон бозтоб намудааст, ба гунагунии қабилаҳои туркнажод ишораҳо дорад. Ба сони «турки Халлух» (ки ҳамон қарлуқонанд), «турки Хутан», «турки Чигил», «турки Хито», «турки Чин». Чуноне ки дар Самангон барои Рустам зи  туркони чинӣ қадаҳ хостанд:

Яке базми хуррам биёростанд,

Зи туркони чинӣ қадаҳ хостанд.[45]

Се дигар он ки, чуноне устод Иноятулло Ризо навиштааст «… чиниён кишвари худро бад – ин ном, (яъне Чин) наменоманд. Гумони бисёр меравад ин ном чандон қадимӣ набошад. Мардуми Чин сарзамини худро Тунгу меноманд. Шояд ирониён низ дар гузаштаи бисёр дур кишвари мазкурро ба номи «Чин» наменомидаанд Мо дар навиштаҳои порсӣ ба ду номи машҳур «Хито» ва «Хутан» бармехӯрем. Чунин бармеояд, ки «Хито» номи Чини шимолу шарқӣ ва «Хутан» Чини ғарбӣ будааст. Шояд Чин шакли дигаргун шудаи номи «тсин» бошад. Тсин дудмоне буд, ки аз садаи шашуми пеш аз мелод то садаи севвуми мелодӣ бар бахше аз Чин фармонравоӣ доштанд.»[46] Ончуноне ҳама медонанд русҳо ҳанӯз  ҳам номи Хиторо ба гунаи «Китай» мехонанд ва тоҷикон аз баргирифтаи русҳо, такя бар шеваи гуфтори бархе донишиёни классик, ин кишварро Хитой номидаанд. Рашидаддин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ дар китоби «Ҷавомеъ – ут – таворих», хангоми аз девори Чин сухан гуфтан, онро «Садди Хитой» номидааст. Аммо лозим ба ёдоварист, ки дар рӯзгори Ҳаким Фирдавсӣ ва пас аз он порсигӯён ин кишварро Чин номидаанд. Низомии Ганҷавӣ низ мардуми ин кишварро чинӣ номидааст: «Зи чинӣ маҷӯ ҷуз чини абрӯ.»

Чунин ба нигар мерасад, ки Фирдавсӣ бо кор гирифтан аз таркибҳои «марзи Чин», «турки Чин», «Турону Чин», «хоқони Чин», ғолибан ба сарзамин ва мардумони Қошғар, Муғулистон ва Туркистони Хитойи имрӯзин ишора доштааст ва дар он замон ин марзҳо бахше аз Турон будаанд. Ҳамон гуна ки дар «Шоҳнома» мехонем, Рустами Дастон, пас аз мағлуб сохтани Афросиёб, ҳафт сол дар Турон подшоҳӣ мекунад ва марзҳои Чин бо Хутану Хито шомили Турон буданд:

Сипаҳбад гави пилтан бо сипоҳ,

Сӯйи Чину Мочин даромад зи роҳ.

Ҳама марзи Чин бо Хитову Хутан,

Гирифташ ба бозӯи шамшерзан.[47]

Афзун бар ин набояд аз дида дур дошт, ки Ҳаким Фирдавсӣ аз туркони чин ва газанди онҳо ба марзҳои Ирон пайваста ёдовар гашта, ба хатари аз он самт таҳдид дошта ҳушдор медиҳад:

Агар пойи ту накардӣ ба банд,

Зи туркони Чин кай будӣ ин газанд.[48]

Ва ё:

В – аз он ҷойгаҳ бархурӯшиду гуфт,

Ки бо турки чин Аҳриман бод ҷуфт.[49]

Ҷолиб  аст, ки дар поёни шоҳии Ҳурмузд ба Ирон аз чаҳор самт – тозиёну румиён, аз Хазару Армония ва аз роҳи Хуросон душманон ҳамлавар мешаванд. Мӯбадон шоҳро ҳушдор медиҳанд, ки бояд аз ҳамлаи туркон, аз ҷумла туркони Чин бохабар бошад:

Чу турк андар омад зи Ҷайҳун ба ҷанг,

Набояд бад – ин кор кардан диранг.

Агар нашнавад панд шоҳи замин,

Басе ранҷ бинад зи туркони Чин.[50]

Ин ҳама таъкиди паёмбари аслу насаби ориёӣ бар шоҳони Иронзамин (аз ҷумла Сомониён) буд, ки бояд аз ҳамлаи туркони Чин дар эҳтиёт бошанд ва мо аз торихи вайрон шудани Хуросону Вароруд медонем, ки паёмади ин бепарвоиву осудахотирӣ ва гӯш фаро надодан ба донишиёни доно, ба кушту кушторҳои ҳангуфт, талафи сарзамини падарон ва хору нотавониву худбохтагии озодагон мебошад.

Чуноне ба шумор гирифта шуд, Ҳакими Тус ҳама душманони аз самти шимоли шарқ бар шикасти марзҳои меҳани аҳуроии Ирон таҳдид доштаро, дар 357 маврид (маротиба) бо вожаи аҳримангунаи «турк» ва сифатҳои «баднажод», «бадпеша», «хунхорамаст», «бадгавҳар», «дижам», дар 37 маврид бо таркиби «Турку Чин » ва 15 бор «Турону Чин», тавсиф кардааст. Аз ин рӯ ҳатто Афросиёбро, ки реша бар нажоди Фаридун дорад, «турки баднажод» ва «бадпеша» номидааст:

Ки он турк бадпешаву риман аст,

Ки ҳам баднажод асту аҳриман аст.[51]
Набояд фаромуш кард, ки лашкари турониён дар ҳамлаҳои пай дар пай ба Ирон аз сипоҳиёни Чин, Сақлоб ва ҳатто аз марзҳои ишғол кардаашон, чун Хатлону Чағониёну Шакинон низ омехта будааст. Бад – он гуна ки яке аз сипаҳсолорони шинохтаи Афросиёб, Пирони Виса, ки худ аз озодагон (иронитабор) буд, лашкаре ороста буд шомил аз сипоҳиёни хушкигарду дарёии сарзаминҳои ҳамҷавори Турон – Чин, Сақлоб ва Хатлон:

Сипоҳе бад – ин сон биёмад зи Чин,

Зи Сақлобу Хатлону Туронзамин.

Куҷо оштӣ хоҳад Афросиёб,

Ки чандин сипоҳ орад аз хушку об.[52]

Гувоҳи равшани ин вижагии лашкаркашии турониён шикаст хӯрдани урдуи туркону чиниён бо дасти Баҳроми Чӯбина мебошад, ки дар миёни сипоҳиён саворони Чин низ буданд:

В –аз он рӯй туркон ҳама барҳана,

Бирафтанд бесозу аспу буна.

Расиданд яксар ба Туронзамин,

Саворони турку саворони Чин.[53]

Ин нукта низ ба гуфтан меарзад, ки Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳангоми тасвири Чин (Чинистон), паҳнаи  онро гаҳе  чунон густурда нишон додааст, ки ба миқёси имрӯзини Хитой рост меояд. Ба вижа ҳангоми бознамоёндани паҳноварии дарёи (баҳри) Чин, ки гузаштан аз он ба як моҳ анҷом ёфта буд:

Ба як моҳ з – он рӯйи дарёи Чин,

Ки бе ном буд он замону замин.

Биёбон бибояд чу дарё гузашт,

Бубинӣ яке паҳн бе оби дашт.[54]

 

  1. Ирон ва Порс

Дар «Шоҳнома» сарзамини Порс бахше, ё вилояте аз Ирон аст ва ҳамчунон ба сурати қароргоҳи шоҳаншоҳони Ирон, аз ҷумла Кайковус, Доро омадааст ва ҳамин аст, ки гоҳе номи (топоними) Порс кишвари Иронро фарогир мебошад:

Аз он ҷо сӯйи Порс андар кашид,

Ки дар Порс буд ганҷҳоро калид.

Нишастангаҳ он гаҳ ба Истахр буд,

Каёнро бад – он ҷойгаҳ фахр буд.[55]

Замони дароз курсинишини шоҳон шаҳри Балх  буд ва муддатҳо Истахри Порс пойтахти Ирон гашт ва Қубод нишастангаҳи шоҳонро ба Тайсафун кӯчонд. Ва ҷолиб он аст, ки замоне Марв ҳам пойтахти Ирон будааст:

Аз ин ду ниёбат ба Эраҷ расид,

Марвро падаршаҳри Ирон гузид.[56]

Ҷо дорад гуфта шавад, ки аз рӯйи шеваи давлатдории Ирони Бузург ҳама кишварҳои (устонҳои) Ирон шоҳони худро доштанд ва усули давлатдории имрӯзини Урупо (ки шояд чунин шеваи ҳукуматдориро урупоиён аз шоҳаншоҳии Куруш баргирифта бошанд), Ирони он замони дур, ба истилоҳи кунунии аврупоӣ, давлати конфедеративӣ буда, шоҳони кишварҳо (устонҳо) зери итоати шоҳаншоҳ буданд. Чуноне ки дар «Шоҳнома мехонем:»

Яке шоҳи Гелон, яке шоҳи Рай,

Ки бифшордандӣ гаҳи ҷанг пай.

Дигар Додбарзини размозмой,

Куҷо Зобулистон бад – ӯ буд ба пой.[57]

Ва ё:

Яке шоҳи Хатлон, яке шоҳи Чин,

Зи бегона мардум туро нест кин.[58]

  1. Озодсозии фалоти Ирон, ки Вароруд бахше аз он буд.

Ҳамон гуна ки аз «Авасто» ва «Шоҳнома» бармояд, Турон сарзамини тозандагону чаповулгарон буда, турониён ҳамвора бо тохтутоз ба кишвари Ирон, шаҳристонҳоро ғорат ва ба коми оташ афканда, киштзорҳоро вайрону хароб мекардаанд. Турониёнро, ки густараи хушбоду ҳаво ва алафчарҳои сарсабзи фаровони Ирон ба худ ҷалб карда буд, бо баҳонаи нописандӣ ба бовариҳои диннӣ ва шеваи зиндагии киштварзиву шаҳрнишинии ирониён, талош доштанд ин паҳнаи барои зиндагӣ мусоидро азхуд кунанд. Ҳамин аст, ки кӯчандагон ба шаҳрҳои нахустини ирониён, чун Балх, Бухоро, Марв, Чоҷ ва Самарқанд пай дар пай лашкар кашида, ба ибораи Ҳакими Тус, Суғдро чу дарёи об, пур аз нажоду дудаҳои худ мекунанд:

Зи хешони Арҷосбу Афросиёб,

Шуда Суғд яксар чу дарёи об.[59]

Дар достони «Бозгаштани хоқон ва лашкар кашидани Нӯшинравон сӯйи Тайсафун», Ҳаким Фирдавсӣ ҷузви Ирон будани Суғду Самарқанду Чоҷ, Чағониёну Хатлону Бомиёну Балх, Бухорову Хоразму Омӯйро то Хутан, ба равшанӣ баён кардааст. Дар ин достон зимни аз банди Оли Афросиёб ва хоқоннажодон озод будану зери сарварии шоҳони додгустари иронитабор, чун Анушервон, Шопури Ҳурмузд, Яздигурд ва Баҳроми Гӯр, дар оромӣ зистан, ба тафсил ёдоварӣ шудааст:

Бипардахт Суғду Самарқанду Чоҷ,

Ба Кӯчғорбошӣ фиристод тоҷ.

Ҷаҳон нав шуд аз доди Нӯшинравон,

Бихуфтанд бар пушт пиру ҷавон.

Якояк ҳаме хонданд офарин,

Ба ҳар ҷой бар шоҳи Иронзамин.[60]

Лозим ба ёдкард аст, ки аз рӯйи ишораҳои дар «Шоҳнома» омада, бунёди нахустин шаҳрҳои бузург ба шоҳаншоҳони пешдодӣ нисбат доранд. Ҳанӯз шоҳаншоҳ Ковус дар навҷавонии Сиёваш, то ба Туронзамин рафтанаш замини кӯҳистон, ки “кунун Мовароуннаҳр хонандаш”, ба Сиёваш дода буд:

Замини Кӯҳистон варо дод шоҳ,

Ки буд ӯ сазои бузургиву гоҳ.

Чунин хондандаш ҳаме пештар,

Ки хонӣ кунун Мовароуннаҳр.[61]

Яқин аст меҳри мардуми Самарқанд ба Сиёваш ва иҷоди сӯгчомаи (марсияи) машҳур бар марги Сиёваш, аз тарафи мардуми Самарқанд, реша дар сарварии Сиёваш бар сарзамини Вароруд доштааст.

Дар «Шоҳнома» сатрҳои зиёде пеши дидор меоянд, ки лашкаркашии шоҳаншаҳону гурдон ба фаросӯйи рӯдхонаи Омӯ барои озодсозии фалоти Ирон, ба вижа шимоли шарқи он, аз банди тозандагони хайманишин нигаронида шудаанд. Дар китоби китобҳо мехонем, ки чи гуна мардуми Балху Вароруд аз бедодиву зиндагии талхи дар асорати бегонагон ранҷ бурда, аз оромиву хоб бебаҳраанд:

Чағониву Бомиву Хатлону Балх,

Шуда рӯз бар ҳар касе тору талх,

Бухорову Омӯю Хоразму Зам,

Басе ёд дорем бо дарду ғам,

Зи бедод аз ранҷи Афросиёб,

Касеро набуд ҷойи орому хоб.[62]

Давраи озодсозии Вароруд аз турониёну туркон ба замони шоҳаншаҳии Кайхусрав рост меояд. Бад – он сон ки аз пажӯҳишҳои пурарзиши донишманди доно, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ (Бежан) дарёфтаем, «давраи Кайхусрав давраи ягонагӣ ва якпорчагии ҳама мардумони иронӣ буд ва «Шоҳнома» — и Фирдавсӣ беш аз ҳар сарчашмаи дигар моро ба бархе огоҳиҳои пурарзиши ҷуғрофиёӣ ошно мекунад, ки аз онҳо наметавон бад – он гуна дар сарчашмаҳои дигар нишоне ёфт.»[63]

Дар достони «Номаи Пирон ба Гударзи Кашвод», Ҳаким Фирдавсӣ нигоштааст, ки сабаби асосии ҳамлаҳои ирониён ба Турон барқарор намудани додхоҳӣ, бозпас гирифтани заминҳои ишғолгаштаи Вароруд ба Ирон мебошад, ки  биступанҷ шаҳр ба унвони шаҳрҳои Ирон, барои холӣ кардан аз сипоҳи турониён ёдовар шудааст. Дар ин достон мехонем, ки бузургон аз Омӯй то Чоҷу Хутан анҷуман ороста ба шоҳ арз менамоянд, ки аз бедодиву ранҷи Афросиёб ҳама шаҳристонҳо вайрону хароб гашта, касеро орому хоб нест:

В – аз он пас бузургон шуданд анҷуман,

Зи Омӯй то шаҳри Чоҷу Хутан.

Бигуфтанд к – ин шаҳрҳои фарох,

Пур аз боғу майдону айвону кох.

Зи Чоҷу Тарак то Самарқанду Суғд,

Басе буд вайрону ороми чуғд.

Чағониву Бомиву Хатлону Балх,

Шуда рӯз бар ҳар касе тору талх,

Бухорову Хоразму Омӯю Зам,

Басе ёд дорем бо дарду ғам.

Зи бедоду аз ранҷи Афросиёб,

Касеро набуд ҷойи орму хоб.[64]

Танҳо пас аз омадани Кайхусрав ва Баҳроми Гӯр мардум аз ранҷу бандагӣ раҳо ёфта, осуда шуданд:

Чу Кайхусрав омад бирастем аз ӯй,

Ҷаҳоне шуд осуда аз гуфтугӯй.

……..              ………..          ……..

Биёмад ҷаҳондор Баҳроми Гӯр,

Аз ӯ гашт Хоқон пур аз дарду шӯр.[65]

Бо жарфнигарӣ ба ин порча аз достони ёдшуда, ба кас пӯшида нахоҳад монд, ки ҳадафи аслии лашкаркашии ирониён ба Вароруд озодсозии бахши шимолу шарқии фалоти Ирон мебошад ва ҳамин аст, ки Пирони Виса чун пай мебарад ирониён бо сипоҳи тавоно аз «баҳри буми Ирон омадаанд» , «бо банду фиреб» изҳор медорад, ки марзҳои ишғол кардаро аз туркон тиҳӣ хоҳанд кард:

Хар он шаҳр к – аз марзи Ирон ниҳӣ,

Бигӯ то кунемаш зи  туркон тиҳӣ.

В – аз ободу вайрону ҳар буму бар,

Ки туркон бароварда буданд сар. [66]

Ва Пирон сарзаминҳоеро, ки барои тиҳӣ кардан аз туркон ваъда медиҳад, ва дар зимни якояк номбар кардани онҳо, сарзаминҳои Буст, Толиқон, Фориёб, Андароб, Бомиён, Гузгонон, Балх, Бадахшон, Хатлон, Шингон, Тирмиз, Висагирд, Бухоро ва Суғдро ёдовар мешавад:

Зи Шингону чун Тирмизу Висагирд,

Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.

Ҳамедун бирав то дари Суғд низ.

Наҷӯяд касе он подшоҳӣ ба чиз.[67]

Шоҳаншоҳ Кайхусрав, пас аз шикаст овардан ба лашкари Турон, сарзаминҳои Чоҷ (Тошканд) ва Суғдро аз туркон, ки сипаҳдоронаш Қарохон, писари Афросиёб ва Тувург буданд, озод мекунад ва аз паёмади ситами истилогарон Суғдро чун лонаи чуғд дармеёбад:

В – аз он ҷо биёмад сӯйи марзи Суғд,

Яке навҷавҳон дид ороми чуғд.[68]

Шоҳаншоҳ ба як моҳ дар Суғд монда вайронаҳоро обод месозад ва суғдиён некхоҳи шоҳ мегарданд:

Ба Суғд андарун буд як моҳ шоҳ,

Ҳама Суғд шуд шоҳро некхоҳ.[69]

Кайхусрав сафҳои сипоҳи худро аз ҷавонони суғдӣ пурра карда, ба озодсозии марзҳои дигари Ирон идома медиҳад:

Зи Суғду Кашонӣ сипаҳ баргирифт,

Ҷаҳоне бад – ӯ монда андар шигифт.[70]

Ногуфта нагузорем, ки мавзӯи тиҳисозии марзҳои Ирон аз турониён пеш аз давраи Кайхусрав низ мавзӯи сарнавиштсоз буд. Дар замони подшоҳии Ковус турониён бахше аз шаҳрҳои Хуросон ва Варорудро ишғол мекунанд ва шоҳ бо сардории Сиёваш барои озодсозии он марзҳо лашкар мефиристад. Турониён Балхро раҳо карда, ба Вароруд бозпас менишинанд. Турониҳо нотавонии худро дар рӯёрӯи ирониён пай бурда, пешниҳоди оштӣ мекунанд, вале Сиёваш пешниҳоди онҳоро ба шароите мепазирад, ки шаҳрҳои ишғолкардаи Иронро тиҳӣ сохта, ба марзҳои Турон бозгардонанд:

Бифармуд то кӯс бо карраной,

Заданду фурӯ ҳишт пардасарой.

Сапеҷобу он кишвари тахти оҷ,

Бухорову Суғду Самарқанду Чоҷ.

Тиҳӣ карду бо сипаҳ сӯйи Канг,

Баҳона наҷусту фиребу диранг.[71]

Пиромуни мавзӯи тиҳӣ сохтани шаҳристонҳои Вароруд аз вайронгарони туронӣ, аз достонҳои «Шоҳнома» метавон намунаҳои фаровон овард, вале ба гуфтумони ин саҳифа беҳтар аст бо суханони гӯёву баҳснопазири устоди фарҳехта, Фаридун Ҷунайдӣ анҷом пазирем: «Ин сухан бад – он рӯй гуфта шуд, ки турониён ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ гузори дигар аз Сирдарё, ё Омӯя нагузашта буданд. Агар гоҳ – гоҳ ради пойи ононро дар гузар аз сӯйи рости Гулзариюн ба сӯйи шаҳрҳои Хуросонии Кашмир ва Балх низ мебинем, чунон ки дар набарди Сиёваш сипоҳиёни Турон дар дари шаҳри Балх дида мешаванд, аммо бештар гоҳҳо юриши растохез аз ин сӯй будааст, зеро ки гузар аз Сирдарё ва сарзаминҳову шаҳрҳои фаровони Иронвиҷи Тоҷикистони имрӯз нерӯи ононро медиҳад ва тавонашонро мешикаст ва беҳтар ҳамон медиданд, ки дар рӯзгори хуши баҳорон, бе огоҳии пешин шоду осуда, якбора ба дарвозаи Ирон бирасанд.»[72]

  1. Сакоиҳо ва тоҷикон.

Дар бораи ҷойгоҳи сакоиҳо ва пайвастагии онҳо бо тоҷикон низ сухан бисёр гуфта шудааст ва ҷилдҳои фаровони корҳои пажӯҳишӣ дар кишварҳои гуногун ба интишор расидаанд. Донандагони торих бар онанд, ки қавмҳои сакоӣ ба якчанд тираҳо фасл шудаанд ва онҳо иборатанд аз: сакоиҳои хаомаварга, яъне пазандагони нӯшокии хуморкунандаи «хаома», ки дар водии Мурғоб маскан доштанд, сакоиҳои тиграхауда, ки кулоҳҳои нӯгтез доранд (бад – он гуна ки дар сангнабиштаҳои Дориюши Бузург сабт аст), дар назди кӯҳҳои Тиён Шон иқомат доштаанд ва онҳоро масагетҳо низ гуморидаанд, сакоиҳои парадарайя, онҳое ки дар фаросӯйи дарё (яъне баҳр) зиндагӣ доранд, сакоиҳои парасугуда, яъне дар он тарафи Суғд, ки дар поёни дарёчаи (кӯли) Арал ҷойгоҳ доштаанд.

Мутаасифона бархе пажӯҳишгарони тоҷик, ки шогирдони мактаби торихнигории шӯравӣ мебошанд, бо такя бар довариҳои ховаршиносони ҷудоиандоз, сакоиҳоро аждодони тоҷикон донистаанд. Мо дар ёдкарди сакоиҳо гуфтем, ки бо такя бар пояи ҷусторҳои бархе донишпажӯҳони равшанбин, ба нигар мерасад, ки гарчи сакоиҳо аз тираи ориёинажодон буданд, аммо онҳоро наметавон тоҷиктабор донист. Бад – он сон ки славянҳои шарқӣ (восточнославянские), аз ҷумла русҳои имрӯзин – меросбарони сакоиву сарматӣ, осетинҳо – посталанҳо, навваҳои мустақими турониҳо, олмониҳо, фаронсавиҳо, украинҳо ва монанди онҳо ҳамчун яке аз шохаи ақвоми ориёӣ бо мо ҳамрешаанд, аммо онҳоро наметавон аз табори ирониву тоҷик гуморид. Ҳанӯз дар сангнабиштаҳои кӯҳи Бесутун , Дориюши Бузург сабт кардааст, ки ӯ Дориюш – шоҳи шоҳон ба кишвари сакоиҳо рафта, сакоиҳои кулоҳи нӯгтез доштаро таъқиб кардааст. Ин воқеъияти торихӣ дар кундуковҳои ховаршиносон В. В. Струве чунин тарҷума шудааст: «Говорит Дарий царь: затем я отправился с войском в страну саков, преследуя саков, которые носят остроконечные шапки (тиграхауда)»[73] Барои таъйиди андешаи аз Вароруд фаротар ҷой доштани сакоиҳо идомаи сангнабиштаи Дориюшро дар тарҷумаи Б. А. Литвинский меоварем: «Говорит Дарий – царь: Это держава, которой я владел, начиная от саков, которые за Согдом, вплоть до Эфиопии…»[74]

Лозим ба гуфтан аст, ки порсҳо ҳанӯз пеш аз замони шоҳаншаҳии Дориюши Бузург, дар замони ташаккулёбии сарзамини Порс, худро аз тохтутозҳои сакоиҳои ваҳшӣ дар амон нигаҳ медоштанд. Ҳеродот торихи ҳамлаҳои сакоиёнро ба сарзамини Мод ба замони подшоҳии Ҳухштра (625 – 575 пеш аз мелод) медонад. Дар китоби «Ҷуғрофиёи торихии Ирон» чунин сатрҳо ба чашм мехӯранд: «Замоне, ки  сакоҳо ба кишваре, ки Хаштрита, фармонравои шаҳри Коркошӣ миёни солҳои 655 – 653 пеш аз мелод ҳуҷум бурданд, Чиш Пиш, шоҳи Порсумош, ки аз тохтутози ин қавми ваҳшӣ дар амон буд, ба сӯйи ҷануби ғарбӣ тохта ва дар Порс ноҳияи Посоргодро тасхир кард ва сипас Ориёромана ҷонишини ӯ шуд ва худро «Шоҳи Бузург – шоҳи сарзамини Порса» хонд.[75]» Чуноне дар пеш гуфтем сакоиён аз қабилаҳои гуногуни саҳронишин ташкил ёфтанд ва ҳамин аст, ки торихнигорон онҳоро дар гурӯҳҳои гуногун бознамоён месозанд. Бахши зиёде аз сакоиён дар Осиёи Ғарбӣ, дар шимоли Баҳри Сиёҳ ва Қафқози Шимолӣ ҷойгоҳ доштаанд. Бинобар он ки сакоиҳо аз нажоди ориёӣ буданд, иронитаборон ҳамаи онҳоро «сакоӣ» меномиданд. Бобулиён ононро «киммери» (Gimirri), юнониён ҳамаи сакоиҳоро «скитҳо» ва русҳо сакоҳо – скифҳо мехондаанд. Дархӯри нигариш аст, ки бархе донишпажӯҳон ҷойи зисти сакоиҳоро сарзаминҳои миёни рӯди Кура, ноҳияи шимоли Ганҷа (Озарбойҷон) ва ҷануби рӯди Аракс (Арманистон) донистаанд. Страбон менависад: «Сакоҳо дар Арманистон беҳтарин заминҳоро тасарруф карданд ва ба номи хеш – «Сакосно» хонданд. Номи ин ноҳия дар навиштаи арманӣ «Шокошан» омадааст ва шояд дар канори рӯди Кура будааст.»[76]

Воқеан гурӯҳе аз сакоиҳо ба Бадахшон кӯч карда, заминҳои Ишкошимро зистгоҳи хеш қарор доданд ва ин аст, ки ин сарзамин дар гӯиши ишкошимӣ ба гунаи “Шикамиш” ёд мешавад.

Сакоиҳо дар миёни садсолаҳои дуввуми пеш аз мелод, муҳоҷирати худро густариш бахшида, аз кӯҳҳои Хангай (дар Муғулистони Марказӣ) то поёноби Дунай, кӯч бастанд. Гузашта аз ин чанде аз онҳо (дар садсолаи чаҳоруми пеш аз мелод), дар Маҷористон (Венгрия) зистгоҳ гузиданд.

Дар миёнаҳо ва авохири асри III пеш аз мелод гурӯҳе аз қабилаҳои сакоӣ ба Дрангиана  ворид шуда, он сарзаминро Сакистон (Сиистони имрӯзини Ирон) номиданд ва ба зудӣ тағйири манишу куниши бодиягардӣ намуданд. Дар замони Ардавони II ашконӣ (128 – 136 п.аз мелод) гурӯҳе аз онон ба сарзамини Заранг(ҷ) раҳсипор гардида, бо бумиёни он ҷойҳо низ даромехтанд.

Ҳамин аст, ки гумон меравад танҳо сакоиҳои парасогда, ки дар шарқи Суғд маскан доштанд бо сарзамини тоҷикони бостон ҳаммарз будаанд. Бад – ин тартиб метавон ба пиндоре расид, ки бархе қабилаҳои сакоӣ дар фаросӯйи Суғд ҷойгоҳ доштанд ва марзи Турон аз он ҷо ибтидо мегирифтааст ва яке аз шаҳрҳои дуртарин аз маркази Ирони Бузург шаҳри Сируполис (Усурушана – Истаравшан) ба шумор мерафт.

  1. Сакоиҳо ва сагсорон.

Боясти ёдовар шуд, бахши зиёди ҷӯяндагони ҷойгоҳи сакоиҳо, номи топонимҳои “сакистон” ро бо “сагсорон” яке донистаанд, ки дуруст наменамояд. Дар “Шоҳнома”, номи “Сагсор”, дар пайвастагӣ бо Соми Наримон ба сарзамини Мозандарон ишора шудааст. Чуноне ки дар маврид Рустами дастон мегӯяд:

На Сагсор монад, на Мозандарон,

Бикӯбам сарашро бо гурзи гарон.

Сарзамини Сагсорон дар наздики дарёи Фарохкарт — Мозандарон ҷой дошта, дар асл сарзамини Каспиёна будааст, ба маънии “каспи” – сагон ва “ёна” – ҷой, ки дар он ҷо сагҳои ваҳшии ҷангалӣ – бабрҳои Мозандарон ҷойгоҳ доштаанд.

Пажӯҳандаи иронии муқими кишвари Шветсия, Ҷаводи Муфрад, дар бораи номҳои асотирии “Испирӯз” ва “Сагсор”, бар хилофи он чи то кунун дигарон навиштаанд, чунин дарёфтааст: “ Далеле ин ки Рустами Ҳафтхони Мозандарон, аҳли Сагистон ба шумор рафтааст, ин аст ки вай аҳли Каспиёна (ба луғати авастоӣ, яъне сарзамини сагпарастон – сагсористон) будааст, ки баъдан ба сабаби ҳамшакл шудан бо номи Сиистон (Сагистон, сарзамини сакоҳои Заранҷ), бо он муштабеҳ шуда ва Рустаму хонаводааш, ба саҳв аҳли Сиистон (Заранҷ) ба шумор рафтааст.”[77]  Воқеан, бо такя бар ин иштибоҳ осетинҳо ва бархе қавмҳои аз Турон кӯч баста, Рустамро қаҳрамони милии худ медонанд. Шояд реша дар ин иштибоҳ будааст, ки шумори зиёди Шоҳномашиносон пиндоштаанд, бадбинон Рустами Дастонро бад – он сабаб ба ҳангоми носазогӯиву раҷазхонӣ, ба ҳақорат “сагзӣ” хондаанд, ки Таҳамтан зодаи Сакистон аст. Нобаҷо будани ин гумонро аз гуфторҳои соҳиби “Шоҳнома” метавон пайдо кард. Ҳамон гуна ки Афросиёб барои изҳори нафрин, Рустамро “сагзӣ” меномад ва дар сурате ки худ сарвари сакоиён аст, бо ин ном ба ҳамтои худ таън фиристодан, норосту нодуруст менамояд:

Саропои худро надонанд ҳеҷ,

Туро ҷуз ба “Сагзӣ” нахонанд ҳеҷ.[78]

Дар ҷойи дигар Рустам аз гуфтори Шангули туронӣ дар ғазаб омада, чунин мегӯяд:

Маро ном Рустам кунад золи Зар,

Ту “Сагзӣ” чаро хонӣ эй бадгуҳар.

Нигаҳ кун, ки сагзӣ кунун марги туст,

Кафан бегумон ҷавшану тарги туст.[79]

Пас аз таҳлилу бознигариҳои пай дар пай, натиҷагириҳои борҳо гуфтаро мехоҳам бозгӯ намоям, ки бархе аз пажӯҳандагони мағрибӣ дар бозшинохти гузаштаи дури тоҷикон касро ба раҳгумӣ низ ҳидоят мекунанд. Онҳо на танҳо дар шинохти марзҳои Ирон ва Турон, қавмҳои сакоӣ ва иронӣ (тоҷикӣ), сипас Хуросон ва Вароруд (Мовароуннаҳр), балки дар бознамоёндани марзҳои Бохтар ва Суғд гаҳе рӯ ба гуфтаҳои ҷуғрофиёнигорони Руми бостон оварда, натиҷагириҳои зидду нақизро пеши дидори хонандагон меоваранд. Дар ҳама далоили пешниҳод намудаи он ховаршиносон оҳанги дар ҷудоӣ ва муқобили ҳам бознамоён сохтани зистгоҳи тоҷикони Афғонистони кунунӣ ва тоҷиктаборони кишвари Ирони имрӯзин, шунида мешавад. Набояд аз дида дур дошт, ки чун як схематизме хоси нақшанигорони (картографҳои) Руму Юнони бостон буд, онҳо маъмулан дарёҳо (рӯдҳоро) марзҳои кишварҳо медонистанд. Ҳамин аст, ки онҳо марзи Бохтар (Бактрия) – ро аз Суғд (Согдиана), рӯдхонаи Омӯ пиндоштаанд. Равшан аст, ки дар умури кишвардории шоҳаншаҳони Ирон, (чи дар замони ҳахоманишиён ва чи дар замони сосониён, кишвари Ирон ба чаҳор бахши бузург – шимол, ҷануб, шарқ ва ғарб ба гунаи «Апохтарон», «Хурбарон», «Хуросон» ва «Нимрӯз», фасл мешуд. Бохтар, ки румиён онро «Бактрия» номидаанд, ҳамон Апохтарон, яъне самти офтоб баромадани  Ирон  буда, Суғд (Согда), ҷузве аз Бохтар будааст. Чуноне ки дар сарчашмаҳои замони Искандари Макдунӣ ва пеш аз он низ ба чашм мехӯрад, марзи Бохтар (Бактрия) он сӯйи рӯдхонаи Сир дониста шудааст. Дар ин бора ховаршиноси номӣ И. В. Пьянков навиштааст: «В качестве ещё одного рубежа Бактрии в источниках времени Александра и несколько более ранних выступает Сырдарья под именем Танаиса»[80]

Ховаршиносони мағрибӣ ғолибан ҷузви шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён будани Бохтару Суғдро ночор мепазиранд, вале ба ҳар ҳол ба худ иҷоза дода наметавонанд, ки сарзамини Вароруд бо бошандагони Балху Бомиёну Тусу Исфаҳон аз нигоҳи этнокултури ҳамтову ҳамсон дониста шаванд. Ин густараҳои тоҷикнишинро танҳо ба масобаи воҳиди маъмурии (административная единица) давлати Ҳахоманишиён, ба сони сатрапҳои Порс намоён месозанд. Аз ҷумла Пьянков И.В., Бохтар (Бактрия) – ро ҳамзамон бо давлати алоҳида донистан, сатрапи Ирон намоён сохта ва низ шарҳ додааст, ки “Бактрия моҳияти гидрономи доштааст, на этники.”[81]  Яъне мардумони кишвари Бохтар, гарчи ҷузви Ирон ҳам бошанд, аз нигоҳи этникӣ – миллият дигаранд. Албатта онҳо ҳаргиз нахоҳанд пазируфт, ки ақибнишинии Доро, аз ҳамлаи лашкари Искандари Макдунӣ ба самти Бохтар, ҳадафи пайвастан бо сарсупурдагони Спитамони аз Усурушана бархостаро дошт. Агар он ховаршиносон ва торихнигорони порсиношинос ин воқеъияти торихиро мепазируфтанд, ҳилаву макрҳои худро дар қасди азҳам ҷудо бознамоёндани иронитаборон, яъне гузаштаи Ирону Афғонистону Тоҷикистони имрӯзин, ошкор мекарданд.

Сухани поён ин ки ҳамвандони гаронмоя ҳангоми ба марзҳои гумшудаи Ирони бостон нигари хаёлии хешро афкандан, боясти бомулоҳиза бошанд, то гузаштаи ҳазорсолаи ниёконро аз сарзамини аҳуроии Ирон дар ҷудоӣ ва фосилаҳо нагиранд ва хештани хешро бо ақвоми аз бобоён дар дуриҳои дур қарор дошта, напайванданд.

 

[1] Туркон ҳанӯз се сада пеш аз рӯзгори Ҳаким Фирдавсӣ, дар асри VI мелодӣ давлати бадавии хешро таъсис дода буданд, ки аз Муғулистону сарҳади шимолии Чин, то Баҳри Сиёҳ имтидод доштааст. (Бурҳони қотеъ)

[2] Иноятуллоҳ Ризо, «Ирон ва туркон дар рӯзгори сосониён», Т.1381, с. 58

[3] Манучеҳри Муртазавӣ, «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома», Т.1382 (с.2003 мелодӣ), с.127

[4] «Шоҳнома», ҷ. I, саҳ.147

[5] «Шоҳнома», ҷ. I, саҳ.163

[6] Баргирифта аз китоби Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ, «Марзҳои Ирон ва Турон», Т.1376

[7] «Шоҳнома», ҷ. III, саҳ.74

[8] Ҳамон ҷо саҳ.251

[9] «Шоҳнома», ҷ. VIII, саҳ. 219

[10] Ҳамон ҷо, ҷ. III, саҳ.74

[11] Бардошт аз китоби Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ, «Марзҳои Ирон ва Турон», Т.1376 саҳ.101

[12]    Рене Гроссе, «Императории саҳронавардон», Т. 1368, мутобиқ ба с.1989, саҳ.159

[13] «Шоҳнома», ҷ. V, с. 388

[14] Ҳамчун истисно ба ин се рӯди пуршӯр, номи «дарё» бахшида шудааст: Нил, Омӯ ва Сир.

[15] «Шоҳнома», ҷ. V, с. 383

[16] В. Шуховцев, «Туран» (К вопросу о локализации и содержании топонима.), Сойти итернетӣ: «Литературный словарь»

[17] «Шоҳнома», ҷ. VI, с.83

[18] «Шоҳнома», ҷ. VI 239

[19] «Шоҳнома», ҷ. V, с.389

[20] «Шоҳнома», ҷ. IX, с.483

[21] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.155

[22] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.33

[23] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.45

[24] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.62

[25] «Шоҳнома», ҷ. VI, с.258

[26] «Шоҳнома», ҷ. V, с.398

[27] Муҳаммад Алии Саҷодия, «Пажӯҳише дар табори муштараки ирониён ва турониён», Т.13..

[28] «Шоҳнома», ҷ. V, с.204

[29] Бардошт аз асари Рене Гроссе, «Императории саҳронавардон», Т. 1368, (1989), саҳ.269

[30] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.525

[31] «Шоҳнома», ҷ

[32] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.480

[33] «Шоҳнома», ҷ. VI, с.179

[34] «Шоҳнома», ҷ. VI, с.179  — 180

[35] «Шоҳнома», ҷ. II, с.247

[36] «Шоҳнома», ҷ. IX, с.215

[37] Бартольд В. В. «Обёрӣ дар Туркистон», тарҷумаи Карими Кишоварз, Т.1350 (1971, )с. 78

[38] «Шоҳнома», ҷ. V, с.399

[39] «Шоҳнома», ҷ. IX, с.206

[40] «Шоҳнома», ҷ. I, с.464

[41]  «Шоҳнома», ҷ. III,с.267

[42] «Шоҳнома», ҷ. III,с.284

[43] «Шоҳнома», ҷ. III,с.487

[44] Доноён гаҳе Кисоии Марвазӣ ва Низомии Ганҷавиро низ ба унвони «ҳаким» шоиста донистаанд.

[45] «Шоҳнома», ҷ. II,с.195

[46] Иноятулло Ризо, «Ирон ва туркон дар рӯзгори сосониён», Т.1381, мутобиқ ба с.2002 мелодӣ, с.67

[47] «Шоҳнома», ҷ. VI, с.279

[48] «Шоҳнома», ҷ. VI, с.190

[49]«Шоҳнома», ҷ. IV, с.198

[50] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.474 – 475

[51] «Шоҳнома», ҷ. III,с.65

[52] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.182

[53] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.529

[54] «Шоҳнома», ҷ. IX, с.164

[55] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.234

[56] «Шоҳнома», ҷ. II,с.113

[57] «Шоҳнома», ҷ. VII, с.552

[58] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.200

[59] «Шоҳнома», ҷ. III,с.232

[60] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.261

[61] «Шоҳнома», ҷ.III, с.17

[62] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.264

[63] Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ, «Марзҳои Ирон ва Турон», Т.1376 (1997), с.24

[64] «Шоҳнома», ҷ. V, с.97 – 256

[65] «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.263 – 269

[66] «Шоҳнома», ҷ. V, с.97

[67] Ҳамон ҷо

[68]«Шоҳнома», ҷ. V, с.288

[69] Ҳамон ҷо

[70] Ҳамон ҷо

[71] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.326

[72] Аз сухани оғозини Фаридун Ҷунайдӣ, дар китоби устод Бежан, унвонии «Марзҳои Ирон ва Турон», Т.1476 (1997), с.12

[73] Струве В. В., «Поход Дария на саков — масагетов», М, 1959, стр.242 – 244

[74] Литвинский Б. А. «Саки, которые за Согдом», Труды А.Н. Тадж. ССР, 1960, том 120, стр. 91 — 96

[75] Муҳаммад Ҷаводи Машкур, «Ҷуғрофиёи торихии Ирон», Т.,1371 (1992), с.138

63 Ҳамон ҷо

[77] М. Ҷавод, «Таҳқиқе дар бораи номҳои асотирии Испирӯз ва Сагсори Мозандарон», Сойти интернетӣ, پنجشنبه 7 ارديبهشت 1391-1:12

[78] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.182

[79] «Шоҳнома», ҷ. IV, с.187

[80] Пьянков И. В., «Бактрия в античной традиции», Д. 1982, стр.54

[81] Ҳамон ҷо, с.11

Сухани поён ин ки ҳамвандони гаронмоя ҳангоми ба марзҳои гумшудаи Ирони бостон нигари хаёлии хешро афкандан, боясти бомулоҳиза бошанд, то гузаштаи ҳазорсолаи ниёконро аз сарзамини аҳуроии Ирон дар ҷудоӣ ва фосилаҳо нагиранд ва хештани хешро бо ақвоми аз бобоён дар дуриҳои дур қарор дошта, напайванданд.

Шаби ялдо

yaldoПеш аз баёни матлаб лозим медонам маънии вожаи «ялдо» ро ба таври гузаро шарҳ диҳам. Вожаи «ялдо» аз забони сурёнӣ ба форсӣ ворид шудааст ва ин маъниро дар забони арабӣ «мелод» мегӯянд.
Шаби ялдо дарозтарину ториктарин шаби сол ва охирин шаби тирамоҳ (пойиз) ва шаби нахустини зимистон мебошад. Аз рӯи бовариҳои динии пеш аз зартуштии иронитаборон, дар шаби ялдо, соати 12 (шаб) хуршед (офтоб) таваллуд мешавад. Гузаштагони дури мо он шабро (аввали даймоҳ), ҳамчун шаби зуҳури Меҳр (Митро) ҷашн мегирифтаанд. Дар ин шаб, то лаҳзаи валодати хуршед, яъне соати 12 и шаб шодиву хушнудӣ мекарданд. Читать далее

Аз Самарқандем мо.

 

То рӯзгори муқовиматҳои Аҳмадшоҳи Масъуд , бар зидди лашкариёни шӯравӣ ва толибони зодаи Покистон, аз торихи мардуми Даҳбеди Самарқанд, ки бошандагони навоҳии Панҷшери Афғонистони имрӯзин аждодони худро зодаи он ҷо медонанд, на ҳама огоҳӣ доштанд. Инҷониб ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ, ҳангоми дар шаҳри Мазори Шариф якуним сол маъмурият доштанам, аз гуфтори коргарони панҷшерӣ шунида будам, ки ниёкони хешро аз деҳаи Даҳбеди Самарқанд мегумориданд. Пас аз бозгашти Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба номи «Даҳбед» дарёфтам, ки мардуми деҳоти Туда ва Қаратоғи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Лангари Сангвор, деҳоти Сари Пул, Сангдара, Зелолак, Сияҳфарк (қадобаи Яхсӯ – Бахшу), Баландсари ноҳияи Ховалинг, деҳаи Дуоби ноҳияи Мӯъминобод ва бахше аз мардуми Масчоҳ аждодони хешро зодагони Даҳбеди Самарқанд медонанд. Ин мардум бо қомати баланд, чеҳраи ориёӣ ва ғайрату ғурури вижаи худ аз дигарон тафовут доштанд. Аз пирсолон шунида будем, ки зулмпешагони манғитӣ сад нафар саркашони сарбаланди дараи Яхсӯйро, ки дар кони тиллои Шукнов кор мекарданд, бо дасту пои баста, зинда миёни деворҳо гузошта, бо гилу лой  пӯшонданд, вале ғурури он мардумро шикаста натавонистанд. Гаҳе хаёли банда ба он рӯзгори дури пурошӯб, ба ҳангоми чун мӯру малах сарозер шудани барбариёни аъҷуҷу маъҷӯҷ сӯи сарзамини падаронамон, пурсишеро ба миён меовард, ки бо чи ранҷҳое аждодонамон занону кӯдакони худро гирифта, дар кӯҳсорон паноҳ бурдаанд. Ва таасуфангез буд, ки пажӯҳишгарони унвондор нигари хешро ба чунин мавзӯи муҳими худогоҳии табории тоҷикон маътуф надоштаанд.  Соле пеш нависандаи пуркору боҳавсалаи тоҷик, Саид Раҳмон ба хотири бозтоби зиндагӣ ва пайкори Аҳмадшоҳи Масъуд, ба сони ҷаҳонгардони ғайрирасмӣ, дар кишвари Афғонистон, аз ҷумла дар сарзамини Панҷшер, пайи пойи он сарсупурдаи қавми тоҷикро ҷустуҷӯ карда, романи пурҳаҷму пурмуҳтаво, зери унвони «Масъуди сипаҳсолор», берун оварда буд. Дар ин асари торихиву адабӣ нависанда таваҷҷӯҳи хонандаро ғолибан ба зиндагиву пайкори Аҳмадшоҳи Масъуд ҷалб кардааст ва пеши худ ҳадаф нагузоштааст, ки пиромуни саргузашти муҳоҷирати тоҷикон аз маркази фарҳангии худ, Самарқанд ба кӯҳсорони дури Вароруду Хуросон кундуковҳо намояд. Инак чанде пеш донишмандони донои тоҷик, Ҳаким Қурбони Хуросонӣ ва Ғолиб Ғоиб, ки замонеро ба сурати тарҷумони мушовирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон гузаронида буданд, акнун ба Панҷшер сафар карда, ба зиндагии мардуми ин сарзамин нигари бинишварона кардаанд ва натиҷаи пажӯҳиши худро дар китобе гирд овардаанд, ки шоистаи ситоиш мебошад. Ковишу биниши ин ду марди донишӣ, зери унвони «Панҷшер – сарзамини мардхез», бо хатҳои кирилӣ ва форсӣ дар нашрияи Кобул ба табъ расидааст. Дар ин рисолаи фишурда кори ниҳоят пурмуҳтавое анҷом ёфтааст, ки ҳар шахси донишии пайваста ба омӯзишу бозшинохти гузаштаи тоҷикон, метавонад аз бардоштҳои ҷолиб баҳраманд гардад. Чунончи мавзӯи пайвастагии шахсияти илмии Бухоро чун Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, ки дар деҳаи Тӯли Панҷшер хокдон дорад, бо ниёконаш дар Ғиждувон, ки низ марқаде доранд, дархӯри аҳамият мебошад.  Ё ҳамчунон Хоҷа Муҳаммад Орифи Ревгарӣ, ки дар Бухоро марқади бошукӯҳ дорад ва наберааш дар мазори деҳаи Ореви Панҷшер маъвои доимӣ гузидааст. Ин бузургворон аз ҷумлаи 5 пирони Панҷшер мебошанд, ки назар ба ривояти мардум, аз Самарқанд ба Панҷшер ҳиҷрат намудаанд. Аммо ончуноне дида мешавад, ду тан аз он пирон, зодагони Бухоро низ будаанд.  Ҷолиб он аст, ки муаллифони рисолаи номбурда, вожаи «Даҳбед» ва даҳбедиёнро вобаста ба тариқати тасаввуф донистаанд ва ин дарёфти ишон бар пояи мантиқ устувор аст, зеро аслан тасаввурнопазир аст, ки аз як деҳае бо номи овозаманди Даҳбед, чунин шумори мардум ба чандин навоҳии Афғонистон ва Тоҷикистон ҳиҷрат намуда бошанд. Яъне шумори муҳоҷирони даҳбедӣ аз зарфияти як деҳа берун мебошад ва чуноне дар пеш ишора гардид, аз ҷумлаи 5 пири сарвари муҳоҷирон, 2 тан орифони Бухоро будаанд. Ба огаҳон пӯшида нест, ки дар асри XV мелодӣ, дар Самарқанду Бухоро ҷараёни «Нақшбандия» ривоҷи бештар дошта, мардуми он билод ба равияҳои Тайфурия, Ҷунайдия, Кубравия, Коссория, Сайёрия, Нурия, Саҳлия, Ҳаллоҷия, Маломатия гароида будаанд. Инҷониб гумон дорам, ки гароиш ба тариқатҳои гуногуни тасаввуф ҷанбаи пешгирӣ намудан аз омезиши тоҷикон бо қавмҳои ғолиби чодарнишинро низ доштааст, ки ин мавзӯъ шоистаи омӯзиш ва таҳлили ҷудогона мебошад.

            Аз китоби «Панҷшер – сарзамини мардхез» бори дигар метавон натиҷагирӣ кард, ки барои маҳв сохтани қавми тоҷик ва роҳ надодани онҳо бар мақоми ҳукуматронии Хуросону Вароруд, душманон маҳз аз бовариҳои мардуми динпаноҳи тоҷик кор гирифтаанд. Ончуноне ки Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддини Раббонӣ ва дигар сарони муҷоҳиддини дини ислом, замоне дар Покистон паноҳ ҷуста, аз он ҷо барои аз байн бурдани давлати демократимаоби Сардор Довудхон ва шӯравигароёни Таракиву Кормалу Наҷибулло ҳамла бурдаву ғолиб омадаанд ва бо сарварии профессори улуми диннӣ, шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом, сарвари муҷоҳиддин, Бурҳониддини Раббонӣ, ҷумҳурии исломӣ бунёд намуданд. Гӯё дигар муҷоҳидон ба ҳадафи хеш расидаанд. Аммо фошистони паштунгаро, бо раҳнамоиву ёрии бевоситаи кишвари дигари мусалмонӣ, Ҷумҳурии исломии Покистон, боз ҳам ба баҳонаи ҷорӣ кардани «исломи пок», даст ба қатли ом заданд. Ва дар пушти террористони Аҳмадшоҳи Масъудро кушта, ашхосе қарор доштанд дар даст тасбеҳ, зери шиору парчамҳои исломӣ; террористони араб ва толибони сияҳкори паштунӣ. Воқеан ин қатли омҳо такрори дигарест дар торихи ҳазорсолаи хунини тоҷикон, ки бо баҳонаи густариши ислом, бо хутбаҳои халифаҳои Бағдод, сарони қабоили қарахонӣ, қарахитоӣ, салҷуқӣ, сабуктегинӣ – ғазнавӣ, темурлангӣ, шайбонӣ ва қараманғитиву оқманғитӣ, ба мардуми дар нисбат ба онҳо мусалмонтар раво дида буданд. Бад – он гуна ки дар китоби «Панҷшер — сарзамини мардхез » омадааст, «Аҳмадшоҳи Масъуд душмани ҳама гуна ифроту тафрит дар дин буд. Ӯ толибони ифротиро танқид карда мегуфт, ки дар масоили исломӣ мавқеи миёнаро ишғол намудан лозим аст на ифротро» (саҳ. 49). На танҳо душманони миллати тоҷик барои маҳв сохатни тоҷикон ва аз ҳам дар дурӣ нигаҳ доштани форсиёни Ирону Афғонистону Тоҷикистон ниқоби диннӣ ба сар мекашанд, балки хонҳои маводи мухаддир дар киштукор, таҳия ва тиҷорати он аз либоси диннӣ кор мегиранд. Аҳмадшоҳи Масъуд ифротгароии толибонро «фашизми мазҳабӣ» номидааст, ки гӯёву равост: «Толибҳо фошистони мазҳабӣ ҳастанд. Ҳирси онҳо бекарон аст. Раҳбарони толибҳо хаёли арбобии ҷаҳонро дар сар мепарваранд. Мақсади онҳо на танҳо Афғонистон аст, балки сарзаминҳои  ҳамҷавори он Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва агар  фурсат шавад ба Қазоқистон мерасад.»(саҳ. 33, баргирифта аз китоби Шамсулҳақи Ориёнфар, «Дар роҳҳои Аҳмадшоҳи Масъуд».)

Муаллифон як бахши китоби хешро «Даҳбед» унвонгузорӣ карда, бо тасбит намудани мансубияти панҷшериён ба ин маскани самарқандиҳо, кӯшидаанд иллатҳои муҳоҷирати тоҷикони сарзамини Варорудро ба сахразорони Панҷшер дарёбанд. Дар ҷараёни омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои торихӣ ва сӯҳбат бо одамоне, ки хешро аз дудмони даҳбедиҳои самарқанд мегуморанд, чи дар Тоҷикистону Узбакистон ва чи дар Афғонистон, натиҷагирӣ кардаанд, ки муҳоҷирати мардуми Даҳбеди Самарқанд ба кӯҳсорони Хатлон, Ҳисор ва Панҷшер дар се навбат, ё мавҷ ба миён омадааст ва сабаби асосии тарки зодбум ихтиёр намудани даҳбедиён, ишғоли сарзамини онҳо бо дасти қабилаҳои кӯчнишини узбакӣ будааст. Мавҷи нахустини муҳоҷират ба кӯҳсорони Хатлону Бадахшон бад – он иллат ба миён омадааст, ки “… соли 1501 узбакони шайбонӣ Самарқанд ва деҳоти атрофи онро забт карда, сарзаминро ва мардуми онро, хусусан хоҷагонро ба қатл расонданд.” Дар ин бора муаллифони рисола бо ишора ба “Бобурнома” и Бобур Мирзо, “Равзат – ус – сафо” и Мирхонд, “Ҳабиб – ус – сияр” и Хондамир, аз нигоштаҳои А.А. Семёнов унвонии “Матриалы по истории таджиков и узбеков в Средней Азии”, Сталинабад, 1954,  чунин иқтибоси дигаре овардаанд, ки “… мардуми зиёд аз Самарқанду атрофи он ба Хуросон ва вилоятҳои кӯҳистони Бухорои Шарқӣ – Ҳисору Хатлону Бадахшон ҳиҷрат намудаанд.” Муаллифон ҳамчунон тахмин задаанд , ки Ёрибекхони соли 1657 ба мирии Бадахшон гумошта шуда, аз ҷумлаи муҳоҷирони Даҳбеди Самарқанд будааст. Мавҷи дуввуми муҳоҷирони даҳбедӣ дар замони ҳукуматронии Абдулазизи Аштархонӣ (1647 — 1681) ва Субҳонқулихон (1681 – 1702) ба сӯи Бадахшону Ҳиндустон сурат гирифтааст. Муаллифон вазъи ногувори даҳбедиёнро чунин ба қалам овардаанд: “Дар замони ҳукмронии Абдулазизхон мардуми таҳҷоӣ аз ғорату чаповули қабилаҳои кӯчнишини узбакӣ исён бардоштанд ва паёмади он пурра сӯхта хароб шудани Даҳбед гардид. Маҳз дар ҳамин давра мавҷи муҳоҷират ба кӯҳсорони Хатлону Бадахшону Панҷшер сарозер гардид.” (саҳ. 85). Мавҷи севвум ва аз ҳама калони муҳоҷирати даҳбедиён  дар соли 1743 – 45 рух додааст. Он рӯзгор ба давраи ҳукуматронии Абдулфайзхони бесалоҳият рост меояд. Далоили ба куштору торумор гирифтор намудани мардуми маҳаллӣ ҳамчунон бар пояи пажӯҳишҳои торихнигорони русӣ, аз ҷумла В.Л. Вяткин устувор гардидааст: “ Узбакҳое, ки ба ҳавзаи ҳосилхези дарёи Зарафшон меомаданд, ҳар қабилаву авлоди онҳо минтақаҳои муайянеро ишғол мекарданд. Аксар вақт номи қабила ё авлод ба номи он минтақа мегузашт… Аз ҳамин сабаб ҳам имрӯзҳо мо ба як қатор деҳаҳо вомехӯрем, ки номи қабилаҳои туркиро доро мебошанд, аз қабили Баҳрин, Хитой ва ғайраҳо. Дар айни замон қабилаҳои узбакӣ барои гирифтани заминҳои ҳамсояҳои худ, заминҳои қабилаҳои дигар ва заминҳои мардуми маҳаллӣ ҷанг мекарданд.” (Вяткин В.Л. “Материалы к истории..”, саҳ.15,16, баргирифта аз саҳ.87 китоби “Панҷшер – сарзамини мардхез.”)

            Шоиста ба ёдоварист, ки торихи ишғоли сарзамини тоҷикон ва муҳоҷирати ночори онҳо ба сахразорони пушти рӯдҳои ҷӯшонро туркшиноси барҷастаи Фаронса, Рене Гроссе, дар китоби пурҳаҷму пурмуҳтавои хеш “Императории саҳронавардон”, ниҳоят равшану возеҳ бознамоёндааст. Ин донишманди жарфбин торихи сарозер шудани қавмҳои саҳрогардро ба сарзаминҳои ободони Вароруд ва Ирон марҳила ба марҳила бозгӯ намуда, барбарият ва гурези онҳоро аз шаҳрнишинӣ ва боғдориву киштварзӣ равшану гӯё ба тасвир овардааст. Аз ҷумла ба ин нукта ишора дорад, ки муғулони шайбониву чағатоӣ, барои густариши чарогоҳҳо, тоҷиконро маҷбур сохтанд, ки замини падаронро тарк карда, ба кӯҳсорон паноҳ ҷӯянд. Рене Гроссе навиштааст: “Тоҷик тавониста буд он воҳаҳоеро, ки даври шаҳрҳо вуҷуд дорад ,ба боғҳои дилкашу зебои сарв ва ба гулзорҳои фиребандае, ки Умари Хайём ва Саъдӣ васф намудаанд, табдил кунад.  Аммо аз атрофи ин шаҳрҳо ва аз ҳудуди ин боғҳову гулистонҳо ки гузаштед, марғзорҳои беҳудуду беҳисорро мебинед, ки саҳронавардон дар он ҷоҳо машғули кӯч мебошанд ва галлаҳои сиёҳи худашонро ба тарафи обишхӯре роҳнамоӣ мекунанд ва бо қарияҳои мутаҳаррикашон ва сиёҳчодаронашон ба бодияпаймоӣ ва биёбонгардӣ пардохтаанд .”(Р. Гроссе, “Императории саҳронавардон”, тарҷумаи Абдулҳусайни Майкада, чопи Теҳрон, с.1989, саҳ.274) Чунин аст сабаби муҳоҷирати мардуми ғаюри Даҳбеди Самарқанд, ки низ  порае аз сарнавишти талхи тоҷикон мебошад. Ҳамон гуна, ки донишманди доно, Стюарт Бреску овардааст, “ба ҳангоми ба ранҷ андар омадан инсон ба кӯҳҳо фирор мекунад.” (“Когда человеку плохо, он убегает в горы”.)

            Яке аз арзишҳои дигари китоби “Панҷшер – сарзамини мардхез” ин аст, ки муаллифон ба мавзӯи ҳамгуниву ҳамсонии ойину шеваи рӯзгордории панҷшериён ва мардуми Самарқанду Хатлону Бадахшону Ҳисор, таваҷҷӯҳи вижа зоҳир намудаанд. Агарба таври гузаро расму ойинҳои мардуми иронитаборро дар густураи буду боши торихиашон аз халиҷи Форс то марзҳои Чин чашмандоз кунем, хоҳем дарёфт, ки бештари суннатҳо ва шеваҳои деҳнишиниву рӯзгордории мардумони ин паҳна, аз маросими “гаҳворабандон”, то ҷашнгирии Наврӯз ҳамсониҳо дошта, ҳамзамон дархӯри вижагиҳое низ мебошанд. Бад – он гуна ки дар Панҷшер ба ҳангоми издивоҷ маросимҳои “Ҳинобандон”, “Саршӯён”, “Ҷойғундорон” ривоҷ дорад, дар Самарқанд низ ин ойинҳо нигаҳдорӣ шудааст. Дар рисолаи номбурда чанд порча аз таронаҳои маросимӣ ёдовар шудааст, ки дар миёни мардумони Самарқанд ва Панҷшер роиҷанд. Муаллифон албатта пеши худ ҳадаф нагузоштаанд, ки ба омӯзишу таҳлили фарогири ҳама паҳлӯҳои расму ойинҳои хоси авлодони зодаи Даҳбеди Самарқанд, паӯҳиши жарфу густурда бибахшанд. Гумон ба яқин аст, ки ин фасли китоб ва ишораҳо дар мавриди пайвастагии даҳбедиён  ба тариқати тасаввуф, коршиносони риштаи худковӣ ва мардумшиносии тоҷикро барои анҷоми чунин кори савоб вомедорад.

Пеш аз ба поён расондани ин навиштор, боясти ёдовар шуд, ки муаллифон ба торихи номи (топоними) Панҷшер саҳифаеро бахшидаанд ва зимнан ба ёдкарди номи Панҷшер дар сарчашмаҳои торихӣ таваҷҷӯҳи хоса додаанд. Афзун ба овардаҳои муаллифон, шоиста ба гуфтан аст, ки дар “Шоҳнома” – и Ҳаким Фирдавсӣ чанд бор ин макон ба шакли “Панҷҳер” ёд шудааст:

                                   Дигар Панҷҳеру дари Бомиён,

                                   Сари марзи Ирону ҷои каён.

Топоними Панҷшер дар сарчашмаҳои торихии дигар низ ба гунаи  “Панҷҳер” ба чашм мехӯрад. Аз ҷумла: “Панҷҳер – яке аз навоҳии Балх аст. Панҷшер шаҳрест дар кӯҳе ниҳода ва қариб 10 000 мард дар ӯ бошанд. Боғу бӯстону оби равон бошад, лекин кишоварзӣ накунанд…. Рӯди Панҷҳер дар миёни шаҳр меравад ва рӯди Панҷҳер аз Ҷориёна бигзарад ва то ба Фарвон (Парвон) расад ва ба замини Ҳиндустон равад.” (“Масолику мамолик”, саҳ. 216 — 219). “Яъқубӣ номи Панҷҳерро ба гунаи “Банҷҳор” овардааст.” (“Ал — булдон”, саҳ. 64)

Дар поён ин ишораро боиста медонем, ки интишори таълифоте чун рисолаи донишмандони пуркор, Ҳаким Қурбони Бохтарӣ ва Ғолиб Ғоиб “Панҷшер – сарзамини мардхез”, дархӯри суду фоидаи бисёре мебошад, дар роҳи парваришу ташаккули андешаи худогоҳии табории тоҷикон. Хуб мебуд агар китоби номбурда дар Тоҷикистон низ бозчоп гашта, пеши дидори донишандӯзони тоҷик қарор мегирифт.

«Қуръон» ва андешаҳои қуръонии «Шоҳнома»

Нахуст зарур медонам огаҳ созам, ки матлаби ин навиштор ба муттаасибони андакхонда нигаронида нашудааст, зеро тоифаи аз жарфнигариҳои илмӣ дар дуриҳо ҷой дошта, ҳаргиз маҳрами асрори нуктаҳои ҷаҳоншумули «Қуръон» ва ҳикматҳои осмонии «Шоҳнома» нахоҳанд буд. Ҳанӯз Ҳофизу Носири Хусрав ва Хайёму Камол суҳбатро бо зоҳидон ҳаром дониста буданд. Читать далее

Турки ту бирехт хуни тоҷик

Шояд хонандаи гаронмоя чунин пурсише ба миён оварад, ки аз чист фалонӣ ба мавзӯи туркон ва турктозӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Ва бархе бипиндоранд, банда ба қавмҳои турктабор дар сина ситезаву нотавонбиниҳо парваридаам, ки ба тохтутозҳо ва кушту кушторҳои гузаштагони дури онҳо ишораҳо дорам. Аммо инҷониб аслан нажодгароиву таассуби сиёҳи миллиро хуш надорам, ба фошистону шовинистҳои бузургманиш кароҳат дорам. Читать далее

Маниши миллӣ ва забони тоҷикӣ

Дар асари омезиш бо муғулнажодон насли ориёиаслон, на танҳо тағйири шакл кард, балки хавосу хисоли зиёди зишти саҳронишинони бефарҳангро қабул кард. Дар баробари ба истилоҳи устод Ю.Яқубов (“Тоҷикон”,), ваъдахилофӣ, дурӯғгӯӣ, фиребу найранг барин бадкирдориҳоро ба худ касб кардан, дар ниҳоди тоҷик чун сустӣ, беҳолӣ, тарсӯӣ ва ноиттифоқӣ, кирдори ба ориёиҳо бегона ҷой гирифта, сабабгори хурд шудан, аз ҳам дур шудан ва дар охир бо нажоди аниронӣ мунҳал шудани қисми зиёди тоҷикон гардид. Читать далее

Шукӯҳи шаҳаншаҳони «Шоҳнома»

Донишиёни доно бар онанд, ки мутолааи «Шоҳнома» ва дарёфтани маънии жарфи он дониши густурдаи касро мехоҳад ва бинобар сабаби гусехтагии идроки хонандаи тоҷик аз гузаштаи фароторихӣ ва тоисломӣ ва ҳамзамон худноогоҳии таборӣ мабни бар ҷуғрофиёи торихии худро танҳо дар маҳдудаи Вароруд дидан ва кӯшиши марказҳои давлатдориву фарҳангии қавми тоҷикро дар ин фалот ҷустан, бисёре аз ҳамдиёронро ба ғалатгӯиҳову ғалатнигориҳо гирифтор кардааст. Дар нигари мо ин каҷандешиҳо дар бегонагӣ ба хати форсӣ, зимнан аз мутолиаи китобҳои гузаштагони дурамон маҳрум будан, реша дорад. Ҳамин андакхониҳост, ки борҳо мушоҳида кардаем, одамони дар ҷойгоҳи баланди илмиву идорӣ қарор дошта, бедуни камтарин мулоҳиза шоҳ Исмоили Сомониро бунёнгузори давлати тоҷикон бозгӯ мекунанд ва бо чунин гуфтори худ мехоҳанд гузаштаи дури тоҷиконро ба таъкид ишора намоянд. Читать далее

Отслеживать

Настройте получение новых записей по электронной почте.