Торнигори Зафар Мирзоён

Шукӯҳи шаҳаншаҳони «Шоҳнома»
Донишиёни доно бар онанд, ки мутолааи «Шоҳнома» ва дарёфтани маънии жарфи он дониши густурдаи касро мехоҳад ва бинобар сабаби гусехтагии идроки хонандаи тоҷик аз гузаштаи фароторихӣ ва тоисломӣ ва ҳамзамон худноогоҳии таборӣ мабни бар ҷуғрофиёи торихии худро танҳо дар маҳдудаи Вароруд дидан ва кӯшиши марказҳои давлатдориву фарҳангии қавми тоҷикро дар ин фалот ҷустан, бисёре аз ҳамдиёронро ба ғалатгӯиҳову ғалатнигориҳо гирифтор кардааст. Дар нигари мо ин каҷандешиҳо дар бегонагӣ ба хати форсӣ, зимнан аз мутолиаи китобҳои гузаштагони дурамон маҳрум будан, реша дорад. Ҳамин андакхониҳост, ки борҳо мушоҳида кардаем, одамони дар ҷойгоҳи баланди илмиву идорӣ қарор дошта, бедуни камтарин мулоҳиза шоҳ Исмоили Сомониро бунёнгузори давлати тоҷикон бозгӯ мекунанд ва бо чунин гуфтори худ мехоҳанд гузаштаи дури тоҷиконро ба таъкид ишора намоянд. Аммо торихи тоҷикон ба чунин нодонҳои гузаштаи миллати тоҷик иҷоза дода наметавонад, ки саргузашти ҳазорсолаи тосомониёнро аз дафтари худ хат зананд. Ончуноне борҳо гуфтаем, кунун ки соҳиби давлати мустақили худем, боясти коре кард, то занҷири тилисми дар замонаҳои ишғолгарон ба гардани фарҳангиён печидаро шикаста, аз нигариши аврупоии русӣ ва ҳатто арабиву туркӣ ба хештани хеш баргардем. Боясти ҳаргиз фаромуш накард, пажӯҳишгарони аврупоӣ, ки бештарашон афсарони иктишофии (разведкаи) давлатҳои худ буданд, барои ҳукумат кардан ба ин мардум, дуконҳои дуруғфурӯширо равнақ дода, мардумро дар тилисми нохудогоҳии милливу таборӣ гирифтор карда буданд. Ва ҳоло ки низ дар рӯёрӯи ҳуҷуми фарҳангии Ғарб ва азаматхоҳони Вароруд қарор дорем, бояд рӯҳи пажӯҳандагиву пӯёӣ дошта бошем, то барои нигоҳ доштани арзишҳои миллии хд ба шеваҳои муносибу муосир омодаи посухгӯӣ бошем. Ин бардоштҳои банда, ки пеши дидоратон овардаем, муқоисаи гузарои бозтоби давлатдории гузаштаи иронитаборон мебошад, бо қалами муқаддаси Ҳаким Фирдавсӣ, дар муқобили таҳрифоти таҷзияталабони бузургманиши мағрибӣ. Бадхоҳони мо, мактаби адабиётшиносии шӯравӣ бо Шоҳномашиносони худ, ба ҳар усуле, ки дар даст доштанд, ҳатто зери пӯшиши ҷашнгириҳову бузургдоштҳо кӯшидаанд, то мардум надонанд, ки ҷавҳару ҷони «Шоҳнома» чист. Метавон гуфт онҳо бар ҳадафашон расидаанд, зеро дигар имрӯз ба шумули дарсхондаҳо ва коргузорони иҷтимоъ низ дар баробари андакхондаҳо наметавонанд дарбираванд, ки Ҳаким Тӯс дар хилоли бозгӯ кардани моҷароҳои тахту тоҷхоҳӣ, дар иҳотаи душманони хуношом, посдории муқаддасоти миллиро мавзӯи рӯз дониста, аз вайрон шудану ба лонаи даррандагони ваҳшӣ табдил гаштани Меҳан ҳушдор додаст. (Афсӯс, ки ҳушдори Ҳаким Фирдавсӣ ба гӯши шоҳони худхоҳи ахири сомонӣ асар накард, ки онҳо лагоми лашкардориро ба туркон бовар карданду шикасту маргбор ба давлатдорӣ оварданд.) Гуфта шуда буд, ки замони зиндагии Фирдавсӣ ва воқеияти торихии фалоти Ирон ба рӯзгори асорати сесаду панҷоҳ солаи халифаҳои аббосӣ ва туркони бодиягард бар меҳани шоир рост меомад. Ғосибон ба ҳар усуле, ки дар ихтиёр доштанд, даст ба барҳам додани забон, одоб, русум, торих ва умуман ҳуввияти як қавми бофарҳанги куҳансол бардошта буданд. Ҳаким Фирдавсӣ ҳамчун фидоии меҳани хеш, дар қолаби достонҳои торихӣ, бар зидди бартарихоҳии душманон қиём карда, ба хотири бозтоби таҷаллиёти асолати миллии ориёӣ, ба тавсифи шукӯҳу шаҳомат, ҷалолу шавкат, додгустарӣ ва хирадгароии шоҳони иронӣ аҳамияти вижа додааст. Табъан пеши онҳое, ки «Шоҳнома» – ро сарсарӣ мутолаа кардаанд ва умуман пеши шитобзадагон чунин пурсише ба миён нахоҳад омад, ки аз чист сарояндаи номаи бостон, дар ҳар достони шоҳкори беҳамтои худ, ба васфи парчаму тахту авранг, тоҷу кулоҳу гурзу нигин, қасру нишастангаҳ, маю афзори майгусорӣ, дурру гавҳари ноёб, атру хушбӯиҳо, либосу ҷойгаҳи хоб, афзори пайкору шикор, расми пазироии шоҳону гурдони пирӯз, ойини тадфини гурдону сипаҳбадон ва дигар нозукиҳои хоси қавми босалиқаи дорои давлатдории пурзӯри куҳан, сатрҳои бешумор бахшидааст. Аммо бо жарфнигарии бештаре метавон дарёфт, ки нубуғ ва ҷаҳонбинии густурдаи Ҳаким Фирдавсӣ, аз роҳи бозтоби шукӯҳу азамат шоҳон ва завқи баланди мардуми оддии сарзаминаш, бартарии озодагонро бар чодарнишинону саҳронавардони ишғолгари бе шаҳр варумиёни ҳарис инъикос кардааст. Муноддии аслу насаби ориёӣ тамоми дороии маънавиву моддии худ, умри пур аз ранҷи хешро фидои он кардааст то қавми ӯ дар асорати арабҳову туркҳои бодиягард қарор дошт, набояд аз гузаштаи пурифтихори худ ноогоҳ монда, аз байн биравад. Яъне умед аз орзӯи худовандагори сухани порсӣ, дар баробари ранҷҳои сивупанҷсолааш, гум нашудани асолати тоҷикӣ ва дар ин росто аз падарони хеш бо ифтихору ғурур сухан гуфтан буд. Мутаасифона бар асари надоштани диди бозтари миллӣ, нотавонӣ дар омӯзиши жарфи ториху адаби миллӣ, ҳамчунон дар қайди сиёсати замон будан, иҷодгарони мо тавон надоштанд ормонҳои «Шоҳнома» – ро аз зовияи нигариши Ҳаким Тӯс бозтоб намоянд. Ҳамин маҳдудияти диди миллӣ ва андакхонии шумораи намоёни аҳли иҷоди синамову театр, суратгариву тандиснигорӣ ва ҳатто шуморе аз адибон аст, ки бозтобти шавкату ҳашамат, шукӯҳу ҷалол, зӯриву тавонмандӣ ва бузургиву ҷаҳонсозии гурдону шоҳаншаҳони салтанатҳои Ирони Бузург, шоиставу боиста ба нигар намерасад. Дар филмҳо ва намоишномаҳои овозаманд нишастангаҳу афзори зиндагӣ, либосу кулоҳу парчам ва васоили кору осоиши шоҳаншаҳони ориёӣ ибтидоӣ, ночиз ва ба завқу салиқаи бо назокат парвардаи мардуми бофарҳанги иронитабор, ношоиста тасвиру бозтоб гардидааст. Бетаваҷҷӯҳӣ ба сарчашмаҳо, ва нописандӣ ба донишиёне, ки ба он сарчашмаҳо вориданд, ба вижа ба сарчашмаи ба абад бекарону шодобе чун «Шоҳнома» аст, ки дар тандиси шоҳ Исмоили Сомонӣ тоҷи аз филизи зард сохта ибтидоӣ ва барои шоҳаншоҳи меросдори салтанати каёниёну сосониёну ношоиста бунёд шудааст. Исмоили Сомонӣ рӯи асп (дар шаҳри Қурғонтеппа), монанди саворони ҳиндуҳои Амрико (аз филмҳои ковбоӣ) ба назар меояд. Дар ҷои дигар (дар шаҳри Кӯлоб) шоҳи ориёитабор бо чеҳраи муғулӣ ба тасвир расидааст. Ҳакимону шоирону хирадмандон (аз Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш) ғолибан бо ришҳои дароз ва аммомаву дастор ба гунаи фақеҳони дини ислом бозтоб шудаанд. Ё худ дар филмҳое, ки аз «Шоҳнома» мавзӯъ баргирифтаанд, лашкари иронзамин бо сару либоси ба истилоҳ чирикӣ (партизанӣ) бознамоёнда шудааст, на сипоҳ боназми ғарқи оҳан, ки Ҳаким Фирдавсӣ бо ифтихор ва ботафсил бозгӯ кардааст: Таҳамтан ҳамегашт гирди сипоҳ, Зи оҳан ба кирдори кӯҳе сиёҳ. Ончуноне ки дар навиштори ховаршиноси урупоӣ омадааст «… ирониён афвоҷи (фавҷҳои) саворанизоми зиреҳпӯшро ба суфуфе (сафҳое) чунон анбӯҳ ба муқобили румиён мефиристоданд, ки аз барқи зиреҳу силоҳи он чашми душман хира мешуд. Афвоҷи савор гӯё як порча оҳан буд. Тани афрод ба кули аз сафаҳоти оҳан пӯшида шудааст…» (Кристенсен, баргирифта аз тарҷумаи донишманди фарҳехта Муртазо Мусавӣ) Бегонагиву ноогоҳии иронитаборон ба гузаштаи пурифтихори худ, бадхоҳону нотавонбинони мағрибиву машриқиро савқ медиҳд, ки ниёкони моро бад- он гуна ки дар филмҳои Ричард Стоун «Александр» ва Зак Снайдер «300 спартанҳо» ба тамошои ҷаҳониён гузошта шудааст, ҳақиру нотавону золиму зиштрӯй бозтоб намоянд ва аммо дар лаҳзаҳои тасвири Рум таваҷҷӯҳи тамошогаронро ҳар чи беш ба саҳнаҳои намоишдиҳандаи кохҳои бошукӯҳ, императорҳои бошавкату ғуруру ҷалол, обтанӣ дар гармобаҳои мармарин, бонувони бо завқи баланд ороставу пероста, тахти хобу афсару авранги боҳашамати ашрофон, сарлашкарони зиреҳпӯши савори аспони парвардаву хушзот, ҷалб намоянд. Қайсаронашро бо вожаи «император» силаҳшӯру нерӯманду пирӯзу сарбаланд нишон диҳанд. Филмсозони мағрибӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд бипазиранд, ки Руми бостон беш аз сад сол таҳти асорати каёниёну сосониён буда, ба ин кишвар умре боҷ мепардохтанд. Нангашон меояд, ки аз қайсарони Рум, чун Валериан Камей, ки шоҳаншоҳ Шопури Аввал дар рабарди тан ба тан, бо дасти худ асираш карда буд, ёдовар шаванд. (Нигаред «Всемирная история», 2000 г. Стр.63) Дар Нақши Рустам, дар устони Форси Ирон, рӯи нигораҳои девор бозтоби лаҳзае дида мешавад, ки шоҳаншоҳ Шопур болои аспи бузургпайкари ороста ва қайсари Рум дар рӯ ба рӯи шоҳаншоҳи Ирон, ба зону зада, бо дастони имдодхоҳона талаби омурзиш дорад. Ҳамчунон аз нигоштаҳои торихнигорони Руми бостон равшан аст, ки соли 412 мелодӣ дар музофоти Лакемедон байни кишварҳои Форсу Спарта шартномаи сулҳ баста шуда буд, ки аз рӯи он қайсари ҳамон Спартаи ситоиш кардаи синамогарони Амрико, пас аз мағлуб шуданаш, дар зери чунин сатрҳо имзо гузошта буд: «… ҳама шаҳрҳо ва саросари кишварҳое, ки ҳоло марбути шоҳаншоҳ аст ва дар гузашта марбути аждодони ӯ буданд, ба Форс таалуқ дода мешаванд. Ҳама даромадҳо ва боҷу хироҷе, ки то ҳол ба Афина дода мешуд, ба шоҳаншоҳи Форс оиду ворид шаванд….» («Всемирная история», М.1999, стр.93) Боре ёдовар шуда будем, ки фарангиёнро нангашон меояд то аз рухдоди торихии дар «Шоҳнома» бозгӯ шуда, пиромуни ба ғанимат бурдани чалипои (салиби) рӯи он чормех шудаи Исои Масеҳ, ки муқадасоти диннии насрониҳои ҷаҳон аст ва аз қиссаи бо зориву таваллои қайсари Рум бозгардондани он, дар гуфтору навишторашон ёдрасие дошта бошанд. Дар «Шоҳнома» он салиби чӯбин «дори Масеҳо» (крест Иусуса) номида шудааст: Дигар к – ат зи дори Масеҳо сухан, Ба ёд омад аз рӯзгори куҳан. Ва агар дар ҷой – ҷое ҳам аз ин далели торихӣ гуфтанӣ шаванд, дурӯғпардозӣ мекунанд, ки он салиб пас аз мағлуб сохтани форсҳо, баргардонда шуда буд. Дар асл рухдоди торихиро пажӯҳандагон ба таҳқиқ овардаанд, ки соли 614 мелодӣ сипаҳсолори сипоҳи Хусрави Парвиз, бо номи Шаҳрварз, пас аз разми 20 рӯза Уршалимро (Байт – ул – муқаддасро) тасхир кард. Бо амри Хусрави Парвиз чӯби чормехшудаи Исои Масеҳ, ки дар андаруни сандуқи бузурге ниҳон буд, ба ғанимат ба Ирон бурда шуд. Торихнигорони рус, (аз ҷумла ховаршинос Луконин В.Г.) бар онанд, ки аз пушти сандуқи дори Масеҳо кашиши калисои Уршалим, Закариё то ба Ирон роҳ мепаймояд. Бо хоҳиши яке аз занҳои Хусрав, ки массеҳимазҳаб буд, дори номбурда дар калисои насрониҳои Ирон, дар канори кохии шоҳаншоҳ нигаҳ дошта мешавад. Хусрави Парвиз ба Закариё ва ҳамраҳони банди ӯ эҳтирому арҷгузорӣ мекунад. Чӯби дори Исои Масеҳ, назар ба овардаи торихнигорони румиву русӣ, аз тарафи импратор Ираклий, пас аз марги Хусрав ба Уршалим бозоварда мешавад. Аммо Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» саҳнаи зориву таваллои қайсари Рум ва ройи шоҳаншоҳи Иронро барои бозгардондани салиби Масеҳо, ба равшанӣ бозгӯ кардааст. Ҳамин аст, ки ба манзури дарки беҳтари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва тавонманд будан барои посухгӯӣ ба бартарихоҳони мағрибиву машриқӣ, зеҳнҳои хонандагони гиромиро ба вижагиҳои (атрибути) давлатдории тоҷикон дар аҳди бостон, ҷалб намудан шоиста дониста шудааст. Гумон меравад ин мавзӯи шояндаи омӯзиш, ки ба вижагиҳои ойини давлатдорӣ пайваста аст, аз диди соҳибназарони доно дур мондааст ва пажӯҳандагонро мебояд дар оянда ҷустори фанниеро ба он бубахшанд. Шоистаи гуфтан аст, ки аврупоиҳову русҳо пиромуни мавзӯи парчам, нишон, тоҷу тахт, гурзу шамшери таззорҳову қайсаронашон жарфнигариҳои фаннӣ доранд. Садҳо таълифоти фарогири ин мавзӯъ бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва русиву итолиёвӣ сурат гирифтааст. Онҳо бахшҳое дар илми торихнигорӣ доранд, чун «вексилология» (парчамшиносӣ), «геральдика» (разшиносӣ), ки торихдонони мо ҳанӯз ба омӯзиши густурдаи паҳлӯҳои миллии он таваҷҷӯҳ накарданд. Русҳову аврупоиҳо ба ҳангоми бозтоби филмиву теотрии дарбори қайсаронашон, аз ҷумла дар саҳнаҳои тасвири Борис Годунов, Иван Грозни, Алексанр Невски, Юлий Сезар, Александр Македонски, Людовики XIV, Наполеон Бонапарт ва дигарон тахту тоҷу кулоҳ ва соири вижагиҳои салтанаташонро бо шукӯҳу шавкату ҷалоли хос бозменамоёнанд. Бад – ин тартиб онҳо ба монанди мо тоҷикон дар ҳангоми интихоби парчам, нишон ва тасвири тахту тоҷу сару либоси шоҳону сипоҳиёнашон ба баҳсу натиҷагириҳои норост роҳ надода, рамзҳои аз аждодон ба мерос гирифтаашонро азнав пазируфтаанд. Дар ин ҷо боясти ёдовар шуд, ки ҳангоми бунёди давлати навини худ, бинобар огоҳии дурусте надоштан аз гузаштаи фароторихии тоҷикон ва ҳамчунон дар миёни вакилони маҷлис ҷой доштани асолатбохтагону бегонапарастони рӯйпӯшида, ки мехостанд моро бе парчаму бе тахту тоҷ бинанд, кӯшиш ба амал омада буд, то пайвандҳоро дар хилоли гузаштаву имрӯзаи давлатдориамон гусаста намоянд. (Чуноне ки вакилзане бо тамасхур изҳор дошта буд, «дар парчами давлати тоҷикон на шер, балки гурбаро тарсим кунед.») Пажӯҳишгарони фарангӣ дар таълифоти худ сарчашмаҳои пайдоиши нишону рамзҳои давлатдориро дар осори устуранигорони Юнони бостон, чун Ҳомер, Вергилий, Плиний дарёфта, нахустин тахти шоҳиро дар ҷаҳон, ба Соломон (Сулаймон) нисбат додаанд. Онҳо садҳо сатрҳои заррину ноёфти «Шоҳнома» – ро ки дар ин росто бо бузургии офаринанда инъикос гардидааст, нодида гирифтаанд. Мулоҳиза мешавад, ки адабиётшиносии аврупоӣ ба шумули русиву шӯравӣ, ҷойгаҳи адабиёти бостонии форсу тоҷикро, ки фаротар аз устураҳои Руму Юнони бостон мебошад, дар фарҳангофарии ҷаҳониён ҳеч медонад. Ҳамин аст, ки дар китобҳои илмиву таҳқиқотии хеш, вобаста ба назарияи адабиёт, агар сухан аз «поэма», «эпопея» ва монанди он равад, намунаҳои бешумор аз Эсхил, Софокл, Ҳомер, Софокл, Вергилий, Данте, Лессинг, Толстой ва дигар аврупоиҳо меоваранд, вале ба «Шоҳнома» – и беҳамтои Ҳаким Фирдавсӣ, бо худхоҳии хоси аврупоӣ ишорае ҳам намекунанд. (Чун намуна метавонед ба китоби «Теория литературы», Н.А.Гуляев, М.1997). Мо дар ин нигариш ба «Шоҳнома» – и муқаддас талош бар он дорем то аз шукӯҳу азамати шоҳону гурдони торихӣ, ки аз ғурури миллӣ моя доштанд, сухан бигӯем . Ёдоварии ин нуктаро зарурӣ медонем, ки ғолибан вижагиҳои ё мушаххасоти муҳимтарини давлатдорӣ дар гузаштаи бостон иборат буданд, аз парчам, нишон, тахт, тоҷу кулоҳ, муҳру нигину гурзу шамшер. Суханвари бузурги Тӯс ба ҳар кадоме аз онҳо гуфтаниҳои зебои фаровон дорад ва мо дар ин маҷоли маҳдуд шарҳи бархе аз онҳоро муҳим донистем. (давом дорад)

Ҳофиз мехӯрд пинҳон шароб
(Назари гузаро ба торихи бодагусорӣ)

Ҳанӯз аз хотир фаромӯш нашуда, ки 30-40 сол пеш ағлаби донишҷӯёни бахши забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, ба иллати ворид шуда натавонистан дар печидагиҳои ҳикмати тасаввуф, нокоми  имтиҳони устоди зиндаёд Шарифҷон Ҳусейнзода мегардиданд. Лек бад-он сон, ки возеҳ буд қисмати бештари файласуфону адабиётшиносонамон худ низ огоҳии равшане аз нозукиҳои ин рукни фалсафаи миллӣ надоштанд. Имрӯз хушбахтона чанд донишиёнеро метавон ном овард, ки ба тафсири паҳлӯҳои гунагуни фалсафаи тасаввуф дастболо шудаанд. Аммо гумон меравад, ҷомеаи шиорзадаи мо, бар ҳасби тадобири мавлуди Ҷалолиддини Румии Балхӣ, дар миёни довариҳояшон пиромуни тариқати суфия, ҳовии биниши саросарии суфигарӣ дар андешаҳои шоирони гузашта, чанде ба ифроту тафрит роҳ додаанд. Аз ҷумла ҳар гоҳ аз маю маъшуқаву соғару соқӣ сухан равад, матлабро саросар маҷозиву маънавӣ пиндошта, имкони роиҷ будани бодагусориро дар рӯзгорони Хайёму Ҳофизу Камол инкор мекунанд.

Дар ин ҷо кӯшидаам аз торихчаи майгусории гузаштагон, бар пояи навиштори бузургон, ба таври иҷмолӣ ёдовар шуда, таваҷҷӯҳи азизонро бори дигар ба достонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҷалб намоям, то бубинанд, ки дар торихнома ва дастури форсигӯёни ҷаҳон чи гуна лутфи нозуку табъи парвардаи ниёконамон дар ба кор бурдан аз май бозтоб шудааст. Аз пеш гуфтаниам, ки заҳамоти он пажӯҳандагонеро, ки майи бозтобкардаи Хайёму Ҳофиз ва дигар перостагарони сухани порсиро маҷозиву рамзӣ дониста, онҳоро гузоришгари асрори илоҳӣ пиндоштаанд ва ҳолати бехудии соликони тариқати суфияро ҳамгун ба эҳсоси бодагусорони майкада гуморидаанд, то ҳадде меситоем. Аз ҷумла дар авохири соли гузашта донои суханшинос, Рустами Ваҳҳоб, рӯи чандин саҳафоти нашрияи «Миллат» (28-30 июли с.2007), зери унвони «Дар маҷлиси мо бода ҳаром аст…» матолибе интишор кардаанд, ки пазируфтанист.

Гуфтугӯ пиромуни майгусорӣ ва майкашӣ(тавлиди май) дар торихи ақвоми иронинажод, мусалмонони форсизабон ва васфи май дар адабиёти тоҷик доманадор аст ва мо дар ин маҷол ин мавзӯъро ба таври густурда баррасӣ карда наметавонем.(зеро он аз ҳавсалаи як ҳафтавор берун аст). Минҷумла роҷеъ ба бодагусорӣ дар бостон ва ин ки майхӯрӣ аз чи замоне вуҷуд дошта басе сухан аст, ки сӯҳбати он чандин саҳафотро метавонад пур кунад. Дар ин ҷо ночор ба худ иҷоза медиҳем, ки дар мавриди пайдоиши май устураи ирониаслонро ба ихтисор оварем. Бино бар он устура, Меҳр ( номи дигари Ҷамшед ) ба дастури Худованд, аввалин гови офаридаро ба ғоре бурд ва кушт. Аз ҳар қисмати ҷисми гов гиёҳе сабзид. Дар маҷмӯъ панҷову ҳафт навъ гиёҳи донагӣ, дувоздаҳ навъ гиёҳи табобатӣ ва аз хуни гов дарахти ток (ангур) рӯйид. Ҳамин аст, ки дар адабиёти форс-тоҷик ба май «духтари раз» ва низ «духтари Ҷамшед» мегӯянд. Манучеҳрӣ гуфтааст:

Чунин хондам имрӯз дар дафтаре,

Ки зинда аст Ҷамшедро духтаре.

Ҷолиб ин ҷост, ки дар баъзе аз кишварҳои истеҳсолкунандаи май, ба шумули Молдова, Булғористон, Русия, навъе аз май вуҷуд дорад ба унвони «Хуни гов» («Бычья кровь»), ки гумон ба яқин аст ба устураи номбурда пайвастагӣ дорад.

Ончунон ки Ҳеродот (с. 484-425 пеш аз мелод) тавсиф мекунад румиҳо, юнониҳо ва дигар ақвоми пешрафтаи бостон, завқу салиқаи парвардаи гузаштагони моро эътироф мекардаанд. «Порсҳо,- менависад Ҳеродот, ба май алоқаи бисёр доранд. Аммо ҳамвора риояи эътидолро дар ғизову шароб маръӣ (риоя) медоштанд .» («Торихи Ҳеродот», банди аввал, баргирифта аз китоби Ҳошим Разӣ- «Торихи мутолааоти динҳои иронӣ», Т. с. 1371-1993, саҳ.16).

Дар навиштаҳои сайёҳи венетсианӣ, Марко Поло (авохири асри XIII), зоҳир шудааст, ки «форсҳо ҳар навъ майҳо ва меваҳои фаровони ранг-ранг доранд.»

Нуктае, ки дар ин мақом бозгуфтанӣ менамояд  он аст, ки истеҳсоли май ва бодагусории босалиқа ҷузви фарҳанги боарзиш ва василаи боздеҳи фаровони саноати майкашии ҷаҳонӣ дониста шудааст. Худованд на ба ҳар гӯшаи замини офаридааш шароити парвариши ангурро ато кардааст ва на ҳама мардуми рӯи замин аз неъмати арзонӣ доштаи парвардагор, тавонистааст барои рифоҳи бошандагони кишвараш самар бардорад. Чуноне, агар кишварҳои арабиро фурӯши нафту газ мояи баҳрагириашон бошад, Фаронсаву Пуртагол, Испонияву Булғористон, Молдоваву Гурҷистонро то 25-30 дар сади содироти мол аз майи ангӯрӣ мебошад. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ оидоти буҷаи кишвар аз ҳисоби тавлиди шароб 150 млрд рублро созмон медод.

Аз ангӯр,  мувофиқ ба табъи парвардаи хоса, майи хушгувор   кашидан, ҳунару заҳамот ва завқу салиқаи латиферо иҷоб мекунад. Текнулужии вижаеро мехоҳад, ки майкашони мо онро фаромуш кардаанд ва урупоиҳо чун сирри тавлидотии хеш ( ноу- хау) дигаронро ба нозукиҳои он ворид нахоҳанд кард. Ногуфта нагузорем, ки содироту воридоти май (яъне коньяк, вино) ба сиёсати давлатдорӣ иртибот дорад. Аз торихи ҳазорсолаҳои мубориза барои соҳиб гаштан ба бозори ҷаҳонӣ намунаҳо бешуморанд, ки ин ҷо намеоварем.  Гӯётарин гувоҳ дар ин маврид сабқату муҷодилаҳои навин байни Гурҷистону Русия, байни Молдоваву Русия мебошад, ки онро «ҷанги шаробӣ» (винная война) унвон кардаанд.Назар ба гуфтори родиёӣ, ба хотири ғаразҳои сиёсии хеш, Русия майҳои  машҳури ин кишварҳоро сохтаву пастсифат эълом дошта буд. Сарвари Молдова танҳо пас аз пофишориҳову гузаштҳо тавонист иҷозаи Раиси Ҷумҳури Русияро барои ворид кардани шароб ба он кишвар ба даст оварад.

Аммо дар ин ҷо нуктаеро бояд ба ёд дошт, ки байни шаробнӯшии аз русҳои пролетарӣ ба мерос гирифта (водка ва самогони 40-50 дараҷа) ва бодагусории фарзонагон, «дар шоми нӯши бодахорӣ» тафовутҳост. Худи русҳо мақолҳои зиёде доранд, ки шаробхории авомро ба масобаи табъҳои парвариш наёфта мазаммат мекунанд. («пьян как сапожник»-мисли мӯзадӯз маст аст, «пьёт как деревеньщина, до хрьюканья » – чун деҳагӣ, то хуквор садо баровардан менӯшад.)

Ҳар он кас, ки ба шеърҳои шоирони гузаштаи дури форс-тоҷик сару кор гирифта бошад, табъан пурсишҳое дар зеҳнаш ба миён омадааст, ба чунин тахмин:

- васфкунандагони бодагусорӣ худ низ аз лаззати ба истилоҳ «бодаи арғавонӣ» бархурдор будаанд, ё на?!

- агар аз май чошние нагирифтаанд, бо кадом усул он ҳама вижагиҳои латофати бодагусорӣ ва накҳату нӯши бодахориро омӯхтаанд, ки дар хилоли каломи манзум бо маҳорати хориқулодда тавонистаанд бозгӯ кунанд?! Аммо агар барои посух ба пурсиши хеш ба шеършиносе аз мактаби адабиётшиносии шӯравӣ муроҷиа шавад, дар мавриди довариҳои намоди соғару маю маъшуқа, ё хоҳанд гуфт ин ашъори даҳриву андешаҳои риндона аст ва ё ирфониву тасаввуфӣ, зеро то имрӯз ҳар чи ховаршиносони русиву аврупоӣ ба мо ба савғо оварда буданд, ҳамонро дастури пажӯҳиши худ қарор дода омадаем. Масалан, агар Евгений Бертелс ашъори бузургеро чун Ҳофиз сӯфигарӣ дониста, дар образи соғару май танҳо фалсафаи ниҳон гаштаро дида бошад, дигар ҳама ба як овоз пайгири ҳамон хулоса гаштаанд. Аммо боре фикр мебояд кард, ки ин аврупоҳо ки аз диди аврупоиёнаи худ (ё худ яҳудиёнаи худ), азбаски ҳунари майкаширо маҳсули андешаи ақвоми мутамаддин медонанд, накунад, ки бо хулосаҳои худ, мабни бар дастнорасии андешаи форсиён ба он фарҳанг ишора карданӣ бошанд. Ховаршиносони мағрибӣ ва пайравони маҳаллии онҳо рӯзгорони қадими моро он қадар тираю тор ва дар чаҳорчӯбаи қавонини шариат, чун замони инквизитсияи Итолиё ҷилвагар кардаанд, ки кас наметавонад дар он замонаҳо вуҷуд доштани майкашону майхонаҳо ва мутрибону маъшуқаҳоро аз гӯшаи хиёли хеш гузаронад. Ҳол ки дар даврони дури давлатдорӣ (гумон аст то даврони туркони манғития) майкашиву бодагусорӣ таҳти таъқиб қарор намегирифт. Албатта бо унвонҳои «муҳтасиб», «раис» мартабадорони диннӣ буданд, ки майкашиву бодагусориро, ҳамчун иснод бар аркони шариат мазаммат мекарданд, дар масоҷиду тадобири диннӣ бар мунофиқон лаънат мефиристоданд. Вале одамон, ба вижа ашхоси соҳибмақом, дар рафтори худ то ҳадде мухтор буданд. Бегумон дар шаҳрҳо мавҷудияти хароботу тарабхонаҳо, истеҳсолу тиҷорати май амри оддиву маъмулӣ буда ва ин матлабро мебояд дар назар дошт, ки ҳакимону бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Анварӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Хоқонӣ, Қоонӣ ва ҳазорони дигар, дар ҳусну қубҳи май, дар осори илмиву адабиашон суханҳои воқеии заминӣ гуфтаанд, на маҷозиву осмонӣ. Онҳо нашъаи ба Худованд пайвастанро шабеҳ бо маводи дар «Қуръон»-и маҷид кароҳатбор дониста шуда надидаанд. Шуаро қасидаҳои вижа дар васфи май таълиф мекардаанд, ки дар адабиёт «Хамрия» унвон шудааст ва ин жанр марбут ба тасаввуф нест. Табибон барои ба кор гирифтани дуруст аз май, рисолаҳо ба табъ мерасонданд. Чуноне  Абӯалӣ ибни Сино дар китоби оламгири хеш «Алқонун», ба фоидаву зарари май фаслҳо бахшидааст. Пири табибони ҷаҳон (ва шайхурраис ! ), дар боби ҳаштуми асари ҷовидонаи хеш, зери унвони «Андар тадбири об ва шароб», пиромуни истеъмоли оқилонаи шароб назари фаннии хешро  ба таҳқиқ бозгӯ намуда аст, ки то ҳанӯз арзиши тиббиву ахлоқии он коста нашудааст. Дар бахши дигари ин фасл, ки «Андар шароби пирон», унвон шудааст, «шароби сурхи куҳанро барои истеъмоли солхӯрдагон» муфид арзёбӣ кардааст. Ва амсоли он. (Абӯалӣ ибни Сино, «Қонуни тиб», китоби 1. Д.1991, с.193-203).

Мутаасифона мо иронитаборон, ба вижа тоҷикҳо ба хотираҳои саргузашти қавмии худ он қадар сабуксорона муносибат кардаем, ки аз гузаштаи бузургони хеш ҳеҷ чиз намедонем ва агар чизе ҳам бозгӯ шуда бошад, аз шунидори касеву гумони тазкиранигоре беш далеле дар даст надорем. Ҳамин аст, ки ғолибан тахмин мезанем, ки фалон шоири бузург сӯфиву ориф буд, ё як даҳриву заминӣ. Биноан ночор ашъори шоиронро таҳлил карда, пиромуни мавзӯе баҳсу андешаҳои росту норост мекунем.

Чунончи: аз ашъори Хоқонӣ бармеояд, шоир дар чандин ҷой, вақте мехоҳад пеши подшоҳ биравад, аввал мегӯяд, ки «байни ману шароб талоқ воқеъ шуда ва хусрав дастури авдат нафармояд». Бар пояи ин гуфта назаре вуҷуд дорад, ки Хоқонӣ бодагусориро амали зишт донистааст. Дар ҳоле ки бо диди бозтар метавон ҳадс зад, ки шоир то талоқ додани «Духтари раз», (май) бо ӯ никоҳ дошта будааст. Яъне пештар май мехӯрдаст. Ё худ дар яке аз тазкираҳо омадаст, ки боре подшоҳ Ҳусайни Бойқаро ба Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, то ӯро дар боғи машҳураш ба меҳмонӣ бипазирад. Чанде пеш аз рӯзи таъин шуда, надими меҳмондории шоҳ назди Ҷомӣ омада, нишастангаҳу тартиби ғизоҳоро дастур медиҳад. Чун сухан аз хону асбобу анвоъи шароб ба миён омад, Ҷомӣ иброз дошт, ки майгусорӣ барояш бегона аст ва надим ҳар навъи шароберо дархӯри табъи Султон бинад, аз ҳисоби нақди мизбон, яъне Ҷомӣ корсозӣ кунад.

Гуфтании бисёр, баргирифта аз тазкираву навиштаҳои гузаштагон, ки аз бодагусориҳои Ҳофиз бо маъшуқа, бо шоҳ Шуҷоъ, ҳамчунон дар мавриди маросими ҷанозаи шоирро раво надонистани муллоҳо сухан рафтааст, маҳфуз аст. Аммо он чи аз гуфтаи ба ихтисор овардаи зер бармеояд, маю маъшуқаи Ҳофиз на ҳама вақт маънавиву маҷозӣ будааст:  « Яке аз шогирдони Охунд Мулло Алии Нӯрӣ аз маонии ин байти Ҳофиз пурсид аз Охунд:

Майи дусолаву маҳбуби чордаҳсола,

Ҳамин бас аст маро сӯҳбати сағиру кабир.

Зеро шунида буд, ки баъзе урафо (орифон) мегӯянд, ки «муроди Ҳофиз аз маҳбуби чордаҳсола паямбари ислом аст, ки дар чиҳилсолагӣ мабъус (барангехта) шуда ва чаҳор то даҳ сол низ чиҳил аст ва муродаш аз майи дусола, «Қуръон» аст, ки дар ду сол амри нузули оёташ бар паёмбар сомон гирифта. Охунд Мулло Алӣ дар ҷавоб навишт: Эй, нури ҳар ду чашми ман! Маънии майи дусола он шаробест, ки ду сол монда бошад ва аҳли нишоти бода гӯянд таъсири чунин шаробе барои мастӣ бештар аз шаробҳои дигар аст ва мурод аз маҳбуби чордаҳсола низ душизаест, ки ба синни чаҳордаҳ бошад. Ҳамин асту бас ва Ҳофиз ғайр аз ин маънӣ ирода накардааст. Он чи урафо тавҷеҳ ва таъвил(таъбир) мекунанд, ашҳадду биллоҳ, воллоҳу таоллоҳ, ки хилоф аст ва муроди Ҳофиз набуда, набуда ва набуда аст. Вассалому нома тамом». («Қассас-ул-уламо».Қисмате нақл ба айни иборат. саҳ.322)

Албатта дар ин ҷо нуктаеро бояд ба ёд дошт, ки ҷуръати бодагусорӣ ва васфи май дар сухани манзуми даврони дур шояд аз он ҷо ноши шуда, ки дар «Қуръон»-и муқаддас ба кор гирифтан аз бода шадидан куфр эълом нагаштааст ва қарнҳо баъд фуқаҳо алайҳи бодахорӣ ба ҷиҳод пардохтаанд. Ҳакимоне чун Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Ҳофиз ва бузургони дигар маърифат доштанд, ки ин ҷиҳод ҷузъи шариат набуда, ҷузъи дастуроти илми фиқҳ аст ва фиқҳ ба унвони як қонун тавассути инсонҳо падид омадааст, дар сурате ки шариат аз каломи Худованд аст ва бад-ин поя шоирону олимон бедуни кадом бок майро ба таври густурда васф кардаанд. Воқеан дар паёми муқаддаси илоҳӣ, дар сураҳои 5 (ояҳои 90,91) ва 16 (ояи 67) ба таври омӯзишу насиҳат зарари «хамр» (ҳамаи маводи хумморкунанда), фитнаангез буданашон ва кори хирадмандон набудани он амалҳо зикр гардидааст: «Ҳамоно шайтон қасд дорад, ки ба василаи хамру қимор миёни шумо адоват ва фитна барангезад ва шуморо аз зикри Худо ва намоз боздорад.» Сураи 5, ояи 91. «Ва ҳам аз меваи дарахти хурмо ва ангӯр, ки аз он нӯшобаҳои ширин ва ризқи ҳалоли некӯ ба даст ояд ва дар ин кор низ ояти қудрати Ҳақ, барои хирадмандон» Сураи 16, ояи 67.

Бад-ин тартиб бояд чунин бардошт шавад, ки майгусории гузаштагон чизе нест, ки аз дидаи касе ки ба ториху адабиётамон ошноӣ дорад, пӯшида монад ва бо вуҷуди амали ношоиста донистанаш, бодагусорӣ як амри маъмули зиндагии маишии мардум будааст.

Аммо соликони тариқати сӯфигарӣ, ки худро «ориф» номида, аз «обидон» (зоҳидон), дар бовариҳо ҷудоӣ ҷустаанд, амдан ҳолати бехудии худро ба ҳолати хуммории бодапарастон яке гуморидаанд. Дар зимн тамоми васоили бодахорӣ, чун соқиву пиёла, кӯзаву қароба, нуқлу кабоб ва  амалу ҳолоти бодагусоронро, ба шумули сабӯҳиву хамморӣ, дурдакашиву бехудиву амсоли онро, мушобеҳи ҳолоти хеш-дарди ба дидори Ҳақ расидану бо асли гусастаи худ дубора пайвастан, дарёфтаанд. Ногуфта нагузорем, ки маслаки тасаввуф дар сайри торихии худ, агар шахси бузургеро (мисли   Иброҳими Адҳам, ки бар тибқи қиссаи сӯфиён, шоҳии сарзамини Балхро тарк гуфта, ба сӯфигарӣ гаройида буд), пайрави силки худ гардонда натавонад, кӯшидааст пас аз даргузашти он шахсияти андешаварз, андешаҳояшро ба шеваҳои тафаккуру пиндорҳои сӯфигарӣ тафсиру интишор намоянд. Ҳамин барсохтаҳо буд, ки бовариҳои нодурусти баъзе пажӯҳандагонро ба миён оварда, дар навбати худ, боиси гумроҳии адабиётдӯстон гардидааст.

Ҳамон гуна ки дар пеш гуфта шуд, пажӯҳандагони мағрибӣ, ғолибан фарҳанги гузаштагони моро дар фаросӯи пардаи тираи асри миёна дида, зиндагии донишиёнамонро бо зиндагии фақеҳону сӯфиёнамон саросар ҳамгун бозтоб кардаанд.(Воқеан ҳамин аст, ки «художникҳо» чеҳраҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ ва ҳамаи дигаронро чун ходимони масоҷид, бо ришу саллаву сари бо теғ тарошида ба қалам мекашанд.) Аммо он бузургон, ба вижа Ҳофизу Хайём, дар ҳар гардиши андешаи хеш зоҳидону сӯфиён, обидони мутаасибро зери маломату сарзаниш қарор дода, пайваста аз озодии баёни андешаву аз биниши вижаи ҳастӣ, аз «бартарии нақди зиндагӣ бар насяи машкуки фардо, ошкору равшан изҳор кардаанд. Ҳамчунон набояд аз ин нукта сарфи назар кард, ки он бузургон шеъри худро тайи умри 70-80 сола иншо кардаанд ва табъи латифу биниши бузургоне чун Ҳофизу Хайём ҳамеша яксон буда наметавонист; гаҳе фарогири лаҳзаҳое буданд, ки чун сӯфиён «дар пиёла акси рухи ёр», яъне Худоро медиданд ва ҳолоте доштанд, ки бо атрофиёнашон  (гаҳе паричеҳрае чун Шохи Набот, гаҳе як дилрабои сияҳҷурдае ва гоҳ шоҳи мулк Шуҷоъ), аз нафасҳои ширини зиндагӣ, ба истилоҳ таматӯъ гирифта, дар зимн ба хотири ёдбод, он рӯзгоронро ба муҳраҳои назмашон илова мекарданд. Мо дар ин навиштор пеши худ ҳадаф нагузоштаем, ки ба тафсири ғазалҳои Ҳофиз бипардозем, вале бад-он хотир, ки азизон бори дигар дар мавриди мазмуни сӯфигарӣ доштани ғазали мавриди мутолаашон, пеш аз хулосаҳо, жарфтар андеша кунанд, байтеро аз ғазали машҳури Лисонулғайб ба таври намуна меоварам ва хоҳиш мекунам бори дигар биандешанд, ки ин байт то куҷо ба сӯфигарӣ рабт аст:

Ди азизе гуфт Ҳофиз мехӯрад пинҳон шароб,

Эй, азизи ман, гуноҳ он беҳ, ки пинҳонӣ бувад.

Ва низ пурсиши дигареро метавон ба миён гузошт, ки агар Ҳофиз мутасаввиф мебуд, аз чи сӯфиёнро бо ҳақорат найрангбозу ҳуққабоз унвон мекард:

Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,

Бунёди макр бо фалаки шӯъбадабоз кард.

Далоили бешумор ҳокии дар гузашта вуҷуд надоштани таъқиби майкашону бодагусоронро ин нукта равшангару гӯёст, ки аз рӯзгори куҳан ба мо номи анвоъи зиёди майҳо ба мерос омадааст, бо ибораҳои шоирона ва тавсифи рангу атри нафис , ки аз табъи нозуку андешаи латифи ниёконамон гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи «Духтари офтоб» («Шоҳнома»,ҷ.VIII, саҳ328), «Хуни хурӯс» (ҳамон ҷо саҳ321), «Бодаи райҳонӣ»(ҳамон ҷо, саҳ347)- шаробе, ки дар он ақсоми гулҳои хушбӯдор андохта бикашанд. (шарҳ аз «Ғиёс-ул-луғот»), «Ноба»-шароби холис, «Духтари раз»- навъи шароб, «Шароби Шероз» – шароби ангӯрии сурхранг, «Зароб» – шароби зардранг, «Тоҳу» – навъе аз шароби сурх, «Саҳбо» – шаробе, ки майл ба сурхӣ дорад, «Парткол» – навъе аз шароб, ки баъд аз ҳафт бор кашидан, ҳосил шавад, «Ғубайро» – шароби аз санҷид таҳия шуда, «Набиз» – шаробе, ки аз хурмо ва ҷав таҳия мешавад, «Ол» – навъи шароби арғавонӣ. Афзун бар он чи дар боло оварда шуд, таркиботу ибороти зиёде мавҷуд аст, ки (инҷониб беш аз дусаду панҷоҳ адад гирд овардаам),  бар таъйиди амри боло буда, гумон ба яқин аст дар ҳеҷ  кадом аз кишварҳои тавлидкунандаи май, ном ва ҳолатҳову васоили ба май иртибот дошта, чун дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба ин фаровониву гунагунӣ дида намешавад. Дар ин ҷо якчанд таркибот ва ибороти рехтаро, барои намуна, ба чунин тафсил  меоварам:      1.Ҳолатҳои аз бодагусорӣ ба амал омада:

- «шергир»- касе, ки ӯро мастии шароб мутавассит бошад.

- «шодхорӣ»- шароб хӯрдан бе музоҳимати ғайр (яъне бе «бигир,бигир»)

- «новунӯш»- нағмаи най шунидан ва шароб хӯрдан.                                                                    – «ҷабо» – пиёлаи худро ба дигаре тавозӯъ кардан.

- «дӯстгонӣ»-пиёлаи пур аз шароб, ки дӯстон ба дӯстон диҳанд, ки дар ёди фалонӣ   бинӯш.Ва дар «Кашф» омада, ки мастӣ аз шароб чанд мартаба дорад; аввал «сархӯш», баъд аз он «тардимоғ», баъд аз он «сияҳмаст» ва баъд аз он «хароб».

- «сабӯҳӣ» – субҳ, пас аз шоми бодагусорӣ, пиёлаи май нӯшидан.

Ин нукта шоистаи таваҷҷӯҳ аст, ки дар забони форсӣ-тоҷикӣ таркиби «салосаи ғассола» мавҷуд аст, ки шарҳи он дар «Ёддоштҳои Аллома Қазвинӣ» хеле гӯё омада, андешаҳои дар қудамо амри маъмулӣ будани расми бодахориро таъйид мекунад: «Бино ба расми бодахорон, ҳангоми сабӯҳӣ ва хумморшиканӣ, се пиёла шароб бо фавосил (фосила) менӯшанд», ки онро «салосаи ғассола», («салоса», аз калимаи арабии сулс, яъне шумораи се ва «ғассола», аз ғусл, яъне шӯстан), меномидаанд. Пиёлаи аввал ташнагиро мешиканад, дуввум ғизоро гуворо мекунаду мегузаронад ва севвум рӯҳу равонро хуррам мекунад ва афзун бар ин зойид аст.» (ҷ. II, с.124-299).

2. Таркибҳое, ки дар гуфтор мақолу масал шуда буданд:

- «бар тоқи абрӯи касе шароб хӯрдан»- ба ёди касе шароб хӯрдан.

- «ҷоми холӣ додан» – имтиҳон кардани ҳуши касе.

- «ҳаво хӯрдани бода» – зойил шудани кайфияти бода.

- «май дар гиребон кардан» – ба зӯр шароб додан.

- «гӯши соғар молидан» – майгусорӣ кардан .

3. Васоилу афзори майгусорӣ, ки бо ташбеҳоти  шоирона унвонгузорӣ шудаанд:

- «бати сурхобзой» – шишаи шароб.

- «Бағдоди хароб» – соғари тиҳӣ.

- «рикобӣ» – табақча ва пиёлаи шароб.

- «риши қозӣ»- пунбае, ки дар даҳони шишаи май ниҳанд, то аз он май          соф  шуда дар пиёла биёяд.

II

Он чи дар бахши аввали ин нигариш(ба истилоҳ андар майи хӯрданӣ ва майи маънавӣ) сухан рондем, намоёнгари роиҷ будани бодагусорӣ дар рӯзгори Хайёму Ҳофиз буд ва ҷои шигифт аст, ки имрӯз адабиёти классикии моро саросар дар меъёри маслаки сӯфигарӣ месанҷанд ва натиҷаи мавриди назари худро ба истилоҳи адабиёти тасаввуфӣ, «адабиёти ирфонӣ» қолаб мезананд. Акнун дар бахши дуввуми ин навиштор диданием, ки офаринандаи торихи манзуми бостонии тоҷикон, Фирдавсии бузург, зимни бозтоби саргузашти қаҳрамонону паҳлавонони миллӣ, аз мавзӯи май ва майгусорӣ чи гуна ба кор гирифтааст. Агар мо достонҳои «Шоҳнома»-ро нек баррасӣ кунем, дида хоҳад шуд, ки дар ҳар ҷо сухан аз маҷлиси шоҳону гурдон, ба вижа аз лаҳзаҳои бодагусорӣ, пас аз пирӯзӣ бар душман равад, он саҳнаҳо бо чунон ҳарфофариниҳои зебо бозгӯ шудаанд, ки хаёл намекунам дар адабиёти форс-тоҷик, «хурӯш омадан аз нӯшу хӯр»-ро каси дигаре бад-ин чирагӣ ба қалам оварда бошад.

Худовандагори адаби порсӣ дар тасвири бодагусории хусравону қаҳрамонони асари ҷовидонааш аз ташбеҳоту таркиботи гунагун кор гирифтааст, ки он ҳама гувоҳ бар камоли зеҳну табъи нозуки ҳазорсолагони мо мебошанд. Мисли «майи хусравонӣ» ва «бодаи хусравонӣ», «майи зобулӣ», «майи сурх», «майи лаългун»(«майи лаъл»), «майи арғавонӣ», «майи равшан», «майи хушгувор», «майи сурхфом», «майи солхӯрда»(«майи солхвард») ва амсоли он. Он чи ки ба назар мерасад, ин бодагусорӣ аз зарфҳои нозуку гаронбаҳои озин шуда мебошад, ки дар «Шоҳнома», ғолибан бо таркибҳои «ҷоми каӣ»,«ҷоми хусравонӣ»,«ҷоми шоҳаншаҳӣ»,«ҷоми шаҳриёрӣ»,«ҷоми заррин», «ҷоми булӯр», «ҷом зи ёқути зард», «ҷом зи пирӯзаву лоҷавард» ва монади он омадаанд. Ҳамон тавре аз васфи мукаррари Ҳакими Тӯс бармеояд, майи он рӯзгоронро озодагоне таҳия мекарданд, ки зеҳнҳои парварда ва завқҳои латиф муяссарашон буд. Он майҳо шомил аз атрҳои дилкаш ва рангҳои чашмрабо буданд, ки таркибҳои дар «Шоҳнома» овардае, чун «ҷоми пурбодаи мушкбӯй», «атри майи хушгувор», «май аз гулоб», «майи арғавонӣ»ва ғайра гувоҳ бар камоли салиқаи гузаштагонамон мебошад.

Бояд бад-ин нукта таваҷҷӯҳ дошт, ки бодагусории озодагон усулан бар пояи расму одоби муайян қарор дошта, қобили бозшинохтан аст. Чунон ки дар «Шоҳнома» қаламдод шудааст, яке аз вижагиҳои майгусорӣ,(чун маросимҳои пазироӣ дар хонадони ашрофзодагони имрӯзаи инглисиву фаронсавӣ), расми пас аз фориғ шудан аз хӯрдан, ба бодагусорӣ пардохтан будааст:

Чу нон хӯрда шуд, маҷлис оростанд,

Навозандаи рӯду май хостанд.

Нуктаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳ мебошад он аст, ки расми хон густурдани дар «Шоҳнома» бозтоб шуда, аз тасаввуроти казоии ховаршиносону иҷодгарони синамову театр ба куллӣ тафовут дорад. Дар тасаввури номбурдаҳо (чун нишастангаҳи хонҳои хайманишин), маҷлиси бодагусорӣ рӯи кӯрпачаву болишт аст, на мизу курсӣ. Яке аз вижагии пазироии меҳмон дар гузашта, барои бодагусорӣ, ороиш додани мизи ҷудогона (тахт) аз мизи сарфи ғизо будааст. Рӯи мизи бодагусорӣ, дар баробари майҳои рангину муаттар, нуқлу меваҳову шарбатҳо мечидаанд:

Чу аз хони хусрав бипардохтанд,

Ба хони дигар ҷой месохтанд.

(Дар инҷо мехоҳам саҳнаҳои бодагусориҳои шоҳону қаҳрамонони «Шоҳнома»-ро аз филмҳои Кимёгаров, ки ҳовии лаҳазоти хӯрокхӯрии нимваҳшиёна, яъне дар даст устухонҳои калони гӯшт ва косаҳои чӯбини шароб мебошанд, ба ёд оварам.)

Дар қудамо ҳамчунон расме роиҷ буда, ки бар тибқи он овардани май ба шахси солору хирадманд вогузор шуда, он шахс ҷоми нахустро худ мехӯрдааст:

Касе к-ӯ май орад нахуст ӯ хӯрад,

Чу бешаш бувад солиёну хирад.

Дар гузаштаи дур майгусорон, ё бодакашон (вожаи «соқӣ», арабии ҳамин маънист), ғолибан занони зебо, ба истилоҳ «паричеҳра» будаанд. («Биёмад паричеҳрае майгусор»- ҷ. IX, с.306). Дар маҷлиси шоҳону сипаҳбадон шумораи майгусорон (соқиҳо) вобаста ба шумораи маҷлисиён, аз якчанд «занони паричеҳра» иборат будаанд. Дар маҷлис ҳамчунон «фурӯзандаи маҷлис» (ба иборати русӣ «тамада») ва дастаи ромишгарон ҳатмӣ будаанд, ки онҳо «чарбгуфторӣ» мекардаанд.( ҷ. II, с.78, 195).

Ин мавридро низ бояд афзуд, ки барои бодагусорӣ вақту миъоди муайяне таъин буда, ки назар ба овардаҳои Ҳаким Фирдавсӣ, усулан шабҳангом, пас аз фориғ шудан аз масъулият(хоҳ набард, хоҳ шикор ва ё корсозиҳои дигар) ба бодагусорӣ иштиғол меварзиданд. (ҷ. III, с.177)

Гурдону сипаҳбадон, пас аз пирӯзиҳои бузург дар набард бо душманон, ҳатто то як ҳафта ба бодагусорӣ мепардохтаанд («Нишастанд як ҳафта бо рӯду май», ё «Бибуданд як ҳафта бо май ба даст»- ҷ.IV, с.267).

Аз «Шоҳнома» дарёфт мешавад, ки май ағлаб ба фурӯдастон (ба истилоҳи вожанигории имрӯз, «камбизоатон») ҳамеша қобили дастрасӣ будааст ва меҳмондорӣ бо майгусорӣ, дар хонаи мардуми фурӯдаст низ амри маъмулӣ будааст. Мутобиқи гувоҳиҳои ин шоҳкори беҳамто, шоҳон гаҳе бо тасодуф ва гаҳе бар ҳадафе, мартабаи хешро пинҳон дошта, дар манзили ба истилоҳ табақаи пойини ҷомеа меҳмон мешудаанд. Мизбонҳои, пас аз сарфи хӯроки соддаву фақр низ, аз қабили нони кашкин, яъне ҷавин (дар достони меҳмонии Кайковус дар кулбаи пиразан), нону тара-як навъ бодиринг (ҳангоми паноҳ бурдани Хусрави Парвиз дар нишастангаҳи сӯгворон), ҳамчунон дар лаҳазоти меҳмониҳои Шопур дар хонаи боғбон ва Баҳроми Гӯр дар хонаи Ланбаки обкаш, бо вуҷуди нодорӣ, шоҳонро бо май меҳмондорӣ мекунанд.

Иштибоҳ аст, агар тасаввур биравад, ки гузаштагони мо ҳамвора майро ситоиш карда, ҷиҳатҳои пургазанди онро мазаммат накарда бошанд. Ҳамон тавре ки торихнигори Юнони бостон, Ҳеродот ишора кардааст, ҳанӯз хирадманди диновар, Зартушт, пиромуни ифрот дар бодагусорӣ, бо ҳасрат гуфта будааст ва дар зимн нӯшидани маводи хуморкунандаи «ҳавма» (haoma)-ро дар маросими мазҳабӣ қабеҳ дониста, истеъмолашро манъ кардааст, ки дар ин ҷо бино ба фурсати маҳдуд онҳоро иқтибос намекунем.

Ҳаким Фирдавсӣ ба мавзӯи эътидол варзидан дар бодагусорӣ сатрҳои фаровон бахшидааст. Ба вижа дар мавриди ҳарому ҳалол донистани май ду достони шоҳкори худро тахсис додаст; яке «Достони Баҳроми Гӯр бо Кабрӯй ва ҳаром кардани ӯ майро», дигаре «Достони кӯдаки кафшгар бо шер ва ҳалол кардани Баҳром майро». Дар достони аввал марди майхора бо исми Кабрӯй назди шоҳ бо тӯҳфаҳо меояд. Шоҳ вайро бо май меҳмондорӣ мекунад ва Кабрӯй аз хушнудии бо шоҳ ҳамнишин шудан, ба як дам ҳафт ҷоми пурмай мехӯрад. Сипас ба асп савор шуда, рӯ ба ҳомун мениҳад. Аз он ҷо ба кӯҳ расида, зери дарахте ба хоб меравад. Кулоғе (зоғе) дар парвоз мастро дида фуруд меояд ва ҳар ду чашми Кабрӯйро меканад. Аз ин ҳодиса Баҳроми Гӯр воқиф гашта, пурдард хурӯш мебарорад ва майро барои ҳама, чи паҳлавону чи пешавар, ҳаром эълом медорад:

Ҳаром аст май дар ҷаҳон сар ба сар,

Агар паҳлавон аст, агар пешавар.  (ҷ.VIII, с.453)

Дар достони дигар, пас аз сипарӣ гаштани соле аз ҳодисаи Кабрӯй, писари кафшгарро, ки дилбохтаи духтаре гашта буд, барои ором гирифтан, модараш «ҷоми пур аз набид» медиҳад ва чун ҷавонро «ҷом густох кард», дар роҳи расидан ба ҳадафи хеш дучори шери аз қафаси шоҳ раҳо ёфта мегардад. Ҷавон, ки аз май далер гашта буд, ба шер дарафтода савораш мешавад ва то боргоҳи шоҳ шерсавор меояд. Шоҳ фармон медиҳад, ки аз кадом дудаву нажоди паҳлавон будани ҷавонро муайян созанд. Ниҳоят модари ҷавонро пайдо карда назди шоҳ меоваранд, ки ӯ қазияи май хӯрондани писарашро бозгӯ мекунад. Баҳроми Гӯр хандида мегӯяд, ки акнун касе майро ба андозае бихӯрад, ки бар наррашер савор шавад, барояш май ҳалол дониста шавад:

Бар андоза бар ҳар касе май хӯрад,

Ба анҷому фарҷоми худ бингарад.

Ҳаким Фирдавсӣ, чун ситояндаи хирад, ки дастур додааст, то хирадро ҳамеша раҳнамову афсар намоянд, дар бодагусорӣ низ аз хирад кор гирифтанро ҳатмӣ донистааст. Он бузург таъкид ба амал овардааст, ки май на дар ҳама ҷо, на дар ҳама вақт ва ба табиати на ҳама кас метавонад созгор бошад. Ба вижа касеро, ки май андӯҳ орад, огоҳ мекунад, то чунин шахс «набояд, ки бинад зи май рангу бӯй». Дар мавриди интихоби дурусти вақт барои майхӯрӣ, лаҳзаҳои барошуфта сухан гуфтани Рустами Дастон ба яке аз чеҳраҳои барҷастаи «Шоҳнома», ҷаҳонпаҳлавони дуввум Тӯс, хеле ҷолиб мебошад. Нахуст барои пеш аз набард май хӯрдани худи Тӯс ва бори дигар аз май сархӯш дидани яке аз сипаҳбадони ӯ, Руҳҳом ҳангоми омодагирӣ ба разм:

Ба май дар ҳаме теғбозӣ кунад,

Миёни ялон сарфарозӣ кунад.

Ҳамин тавр дар фасли андарзҳои шоҳ Ардашер омада, ки бодагусорӣ ба рӯзи шикор, пеш аз рӯ ба рӯ омадан бо душман ва ғолибан хуммор зи май аз хона берун шудан, бехирадӣ дониста шудааст.

Бо ин ҳама гарчи Ҳаким Фирдавсӣ таъкид карда, ки «Ба пиру ҷавон аз май ояд гуноҳ», дар зимни ёдоварӣ аз рӯзгори хеш, ба бодагусорӣ ишораҳои ошкор дорад:

Ба Фирдавсӣ овоз додӣ, ки май,

Махӯр ҷуз ба ойини Ковуси Кай.

Ҳамчунон дар чандин ҷои «Шоҳнома, дар иртибот ба синну соли ҳамон лаҳзаи достонофаринӣ, зи пирӣ ба тарки май ихтиёр фармудан ишораҳо кардааст:

Чу солат шуд эй, пир бар шасту як,

Маю ҷому ором шуд бенамак.

Ва гаҳе бо байтҳое ба мазмуни дар пирӣ  майгусорӣ ихтиёр кардан, дучор меоем, ки оҳанги ашъори Хайёму Ҳофизро ба ёд меоваранд:

Май овар, ки аз рӯзи мо бас намонд,

Чунин буд то буду бар кас намонд.

Гуфтем, ки сухан аз май дар адабиётамон доманадор аст ва модоме сӯфиён парастиши Худои ягонаро бо ошиқиву майгусорӣ олуда карда, дар зимн шеърдӯстонро ба нодониҳо кашидаанд, ин мавзӯъ ба чашмандози воқеъбинона, бо шеваи орӣ аз хароботигароиву гурез аз тақлиди ховаршиносони мағрибӣ, ниёз дорад. Ба вижа дар рӯзгорони мо, ки ба иллати фақри маънавиву нодорӣ, ситоиш ва гароиш ба силки сӯфиён (хоса нигилизму ояндабадбинӣ) рӯ ба афзудан аст, ҷустори алоҳидаву комилтареро ба фурсате дигар мегузорем.

Обишхӯри маҳалгароӣ кадомин чашма аст?
Ончуноне пайдост ҷавонони ҳушманди тоҷик пеши худ ва меҳони  ҷомеаи тоҷикӣ пурсише ба миён мегузоранд, ки падидаи зишту кареҳи маҳалгароӣ аз куҷо реша гирифта, обишхӯри кадом чашмаи нопок аст. Ин аст, ки дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла дар «Блогистони Озодӣ», рӯзноманигори овозаманд, Зафар Абдуллоеви гиромӣ пиромуни пайдоиши маҳалгароии тоҷикон ҷӯёи андешаҳои дигарон шуданд, ки инҷонибро водор сохтанд то барои дарёфти посух ҷустори гузарое дошта бошам.

Боварӣ дорам, ки ба дарёфти посухи пурра ба ин падидаи наомӯхта ва пурпечу тоб, ҳанӯз касе комёб нашудааст ва ба гунаи «Дарахти генеалогии маҳалчигӣ», «Торихи пайдоиш ва густариши маҳалгароӣ ва роҳҳои бартараф кардани он», ё «Маҳалгароӣ элементи ҷомеаи буржуазӣ» ва монанди он назарияву теорияи илмие кадом доктору профессори тоҷик эҷод ва кашф накардааст.

Ҳама медонем, ки он ҷое маҳалгароист, он ҷо завол, ошуфтагиву пажмурдагӣ, нобоварӣ ба ҳамдигар дасти болову расо доранд. Ва он ҷо ки хешовандпарастӣ ҷой дорад, он ҷо истеъдод фарогири хафақон гашта, кушта мешавад, иртиқоъ (прогресс), зери пойи иртиҷоъ (регресс) гарду хок мешавад. Маҳалгароӣ дар миёни бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба чашм мехӯрад, аммо ин падида бештар дар миёне он қавмҳое ривоҷи густурда дорад, ки гузаштагонашон аз рамачаронӣ пеша доштанд. Ба монанди қабилаҳои гуногуни турктабор, арабҳо, паштунҳо ва соири рамагардон, ки гарчи кунун пешаи падариро вогузошта бошанд ҳам,  манишу куниши рамагардиашон бар дигар вижагиҳои миллӣ дастболо мебошад. Ба сони гузаштагони дерини худ, ҳанӯз ҳам ба ийл, улус, уруқ, ашира, тайп, қиёт (киёт) ва чандин  қабилаву зоти гуногун ҷудо мешаванд. Онҳо дар ибтидо аз қабилаҳое чун уғуз, уғузғуз, туғузғуз, утурғур, қутурғур, унуқишдур ва на кам аз ҳазор қабилаи дигар аз саҳроҳои Гоби ва фаросӯи рӯди Иртиш, ба сарзамини ориёиҳо сарозер шуда, кори падарбузурги худ Атилоро ба анҷом расонданд. Мо дар ин фурсати кутоҳ ба бозгӯии торихи ҳамлаҳои хайманишинон маҷол надорем ва талоши мо ба ҷустани маҳалгароии тоҷикон дар саҷоёи рамачаронӣ мебошад, ки онро аз паёмади  қабиласолории ҳамсоягони аз саҳроҳо омада мушоҳида мекунем.  Шояндаи ёдкард аст, ки ҳамдиёрони мо ҳамеша решаи маҳалгароиро дар хисоли шахсиятҳо ва мардуми маҳаллаҳо ҷустанӣ мешаванд, аммо каманд касоне, ки яке аз решаҳои устувори маҳалгароии тоҷиконро дар ҳилаҳои дасисабори аз қабиласолорон вом гирифта бубинанд.

Маҳалгароӣ дар замони чирамандии қавмҳои туркнажод, ба вижа дар замони шайбониҳо ва темуриҳо ривоҷи густурда пайдо кард. Дар он рӯзгор, ки қабилаҳои рамачарони кӯчнишин байни худ заминҳои ишғол кардаашонро тақсим мекарданд, таззоду мухолифатҳои фаровон онҳоро то ба кашмакашиҳои хунин расонда буд. Ба гуфтаи торихнигорони русӣ, Шайбонихон ба ҳангоми қабилаҳои худро ба Вароруд сарозер кардан, ба хотири онҳоро дар заминҳои шодобу хуррам ҷой кардан, ҷойгоҳи аҳолии таҳҷоӣ, асосан тоҷиконро то ба кӯҳсорон танг карда, заминҳои беҳтаринро ба ҳамқавмони рамачаронаш тақсим кард. Қабилаҳои аз ҳама наздиктар ба шайбониҳо  дар водиҳои Зарафшон, Қашқадарё ва Сурхондарё ҷой гирифта, бахши дигарашон ҷойгузини соҳили чапи рӯди Омӯ, яъне шимоли Афғонистони кунунӣ гаштаанд. Ҳар вилояте аз давлати онҳо ба юртҳо ҷудо мешуданд ва ҳар юрт амири худро дошт. Чунончи Тирмиз шомили юрти қунғуротҳо, Қундуз қатағанҳо буд. Чуноне ки торихшиноси  рус Бахрушин С.В. овардааст «Ҷо ба ҷо кардани қабилаҳои муғулии рамагард ба он оварда расонд, ки заминҳои киштзору боғистонро ба асбону устурону рамаҳои худ сум зада, ба чарогоҳ табдил доданд.» (Бахрушев С. В., «История народов Узбекистана», 1947). Гумони наздик ба яқин аст, ки манишу саҷоёи рамачаронӣ, ҳар чи бештар соҳиб шудан ба алафчарҳои шодоб, турктаборонро ба қабилаву улусҳои бешумор фасл карда буд. Ва ҳамин аст, ки бархе саҳронавардон худро вобаста ба рангу зоти гӯсфандонашон унвонгузорӣ мекарданд. Монанди туркмонони «оққуюнлу», «қароқуюнлу», гӯсфандсафедон, гӯсфандсиёҳон. Ва аз ин ки ҳастии маишӣ ва мояи зисташон вобаста ба рамачаронӣ буд, ин вижагии шуғли хешро, ҳамчун нигаҳбони асолати миллӣ аз ҳама беш азизу гиромӣ медоштанд. Чуноне туркшиноси овозаманди Фаронса, Рене Груссе навиштааст, хуни туркӣ барои туркон болотар аз дину мазҳаб буд ва ба ҳангоми ҷангҳои байни кишварҳо, ҷанговарони турктабори бедин аз сафи лашкар фирор карда, ба ҳамқавмони худ мепайвастанд: «Мусибат барои Бизонс (Византия) ин буд, ки ҳар вақт байни туркони бедини Аврупо афродеро меоварданд, то алайҳи туркони мусалмон дар Осиё ба муҳориба бипардозанд, уруқу хуни туркӣ қавитар аз нерӯи мазҳаб мешуд ва бад – ин ҷиҳат буд, ки дар 1071 шаб қабл аз пайкор, печенгҳо (турктаборон) аслан аз хидмат ба император сар боз зад ва ба Алп Арслон пайваст.» (Р. Груссе, «Императории саҳронавардон», с.304).

Таҳлилгарони аврупоӣ дарёфтаанд, ки мубориза миёни маҳаллаҳо аз ҳама беш дар Узбакистон то ҳанӯз ривоҷ дорад, ки паёмади қабилагароиҳои асри миёна мебошад. Ба вижа миёни маҳаллаҳое, ки омехтагони тоҷику турк, тоҷикони узбак шуда ва ё тоҷикони барои ишғоли мақому мансаб худро узбак вонамуда, аз ҷумла самарқандиҳову бухороиҳо ва тошкандиҳову фарғонагиҳо, ки гаҳе бо онҳо намангониҳо низ ҳамроҳ мешаванд, то ҳанӯз мубориза ҷараён дорад. Роҳбарони Узбакистон дар замони шӯравӣ ғолибан аз Фарғонаву Тошканд интихоб мешуданд. Чунончи Усмон Юсупов (1937-1950), Амин Ниёзов (1950-1955), Инъомҷон Усмонхоҷаев (1983-1988), ҳама аз Фарғона, Акмал Икромов (1929-1937), Нуриддин Муҳиддинов (1955-1957), Собир Камолов (1957-1959), Рафиқ Нишонов (1988-1989), ҳама аз Тошканд буданд. Шароф Рашидов аз Ҷиззах ва Ислом Каримов шартан аз Самарқанд дониста шудаанд. Чун маҳалгароӣ дар Узбакистон ривоҷи фаровон дошт ва ин ошуфтагиҳои он ҷумҳурӣ Маскавро хуш меомад, дар интихоби роҳбарони Тоҷикистон бо Тошканд машварат мекард ва бедуни шак метавон гуфт, ки ҳама роҳбарони ҳизбиву давлатии Тоҷикистон бо тавсияи сарони Узбакистон муқаррар мешуданд. Равшан аст, ки дастандаркорони узбак ашхосеро дар ҳукуматдории Тоҷикистон ба болонишинӣ мегумоштанд, ки маниши узбакӣ ва ё бетафовутии миллӣ бар андешаҳои худогоҳии тоҷикиву иронитабориаш чираманд бошад. Ҳамин буд, ки ҳатто дар интихоби вакилони Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, ё Тоҷикистон, дар паҳлӯи ҳар вакили тоҷик, ҳатман як вакили узбак «интихоб» мешуд. (Нигаред ба рӯзномаи «Садои Мардум», солҳои 2009-2010.)

Метавон тахмин зад, ки маҳалгароии узбакон обишхӯри гузаштаҳои дури сарозершавии шайбониҳо барои дарёфти алафчарҳои фаровон дар сарзамини Вароруд ва соири паҳнаи шаҳрнишинону киштварзон мебошад, аммо чун ниёкони тоҷикон рамагарду қабиласолор набуданд дар ин ҷо ҷойи пурсиш аст  , ки маҳалгароии тоҷикон реша дар кадом боғу роғ дорад. Ва ин нукта ин фикрро ба миён меоварад, ки шояд маҳалгароии тоҷикон дар ҳамҷаворӣ бо ғайритоҷикон пайванд дошта бошад. Он чи ки аз ҳама беш дар чашм мезанад ин аст, ки ғолибан маҳалгароён кӯшиш мекунанд, ки на бо ибороте ба сони «мо тоҷикон», аз қавми хеш ифтихор кунанд, балки онҳоро писанд аст, ки бештар бо ифтихор гӯянд «мо кӯлобиҳо», «мо хуҷандиҳо» ва монанди он. Яке аз ношоистагии маҳалгароён дар он аст, ки ғолибан талош мекунанд, то бошандагони музофоти сирф тоҷикнишинро, ки дар он ҷамъияте аз қабилаҳо буду бош надоранд ва он ҷо зодбуми кӯҳнишинон мебошад, бо пайвастани вожаву таркиботи зоҳиран ҳазломез, онҳоро бадкирдору зиштрафтор бознамоёнанд ва ё қиссаи барсохтаи кароҳатбореро бар онҳо бипайванданд. Агар ба намояндагони маҳалгароён наздиктар шавем, дармеёбем, ки онҳо дар чеҳра аз тоҷикон тафовуте доранд, гаҳе номҳояшон тобиши туркӣ дорад ва ё зодагони қишлаҳое мебошанд, ки мавсум бо вожаҳои «турк», «муғул», «қипчоқ», «ҳазора», «қарлуқ», умуман улусҳои дар боло ёд шуда мебошанд. Чуноне ки дар водии Кӯлоб бархе аз он маҳалгароён зодагони музофоти Дашти Ҷамро ба сони «тагновиҳои пишакхӯр», ноҳияи Ховалингро «ховалингиҳои шайтон» (ё «дулонахӯр»), ғайритоҷикони Хуҷанд мардуми Масчоҳро «мачоҳиҳои ҷӯгӣ», усурушаниҳоро «уротепагиҳои табармусулмон» ва ба гунаҳои дигар мехоҳанд тоҷиконро дорои нотавониҳову ошуфтагиҳои барсохта, ба истилоҳ доғдор бознамоёнда, бад – ин васила тухми нобовариву дурӣ аз ҳамдигар бикоранд. Афзун бар ин онҳо талош кардаанд, ки ба пиндоштҳои диннии мардуми содда достонҳову ойинҳои барсохтаеро бофта изофа кунанд, то тоҷикон дар шинохти ҳамдигар ба раҳгумӣ гом ниҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки таркиби «тагновиҳои пишакхӯр» – ро пайваста ба достоне медонанд, ки шайхи бузурге дар Дашти Ҷам гӯшанишинӣ ихтиёр мекунад ва мардуми таҳҷоӣ барои мазоҳи ӯ гурбаеро пухта ҳамчун баррабирён ба шайх пешкаш мекунанд. Аммо шайх, ки донишманду соҳир буд, ба кори таҳҷоиҳо пай бурда, ба самти табақ «пишт» мегӯяд ва дар яки он гурба зинда шуда ба берун меҷаҳад. Ва ё дар миёни ноогаҳон  пиромуни ойину суннатҳои мардуми кӯҳнишин барсохтаҳои дурӯғине овоза мекунанд, ки чуноне гуфта шуд, то як  тоҷик дар нигари тоҷики дигар бегонаву бадкеш намояд. Ҳамин аст, ки ғайритоҷикони ношоистатарин даҳсолаҳо пеш овозаи дурӯғине пахш намуда буданд, ки гӯё бадахшониҳои мо дар шаби арӯсӣ баногоҳ чароғро хомӯш мекунанду ҷамъияти мардон новобаста аз шинохти ҳамдигар бо занон ҳамоғӯш мешаванд. Албатта чунин достонҳо  барои як шахси ҳисобӣ хандадору омиёна аст, аммо гаҳе мардуми сода, ба вижа ҳангоми бозтоби онҳо дар пардаи пиндоштҳои диннӣ, метавонанд норостиҳоро ба дурустӣ дарёбанд.

Намунаҳои зиёдеро метавон ёдовар шуд, ки дар замони шӯравӣ тоҷикситезе ба шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо роҳ ёфта, новобаста аз назорати пурзӯри ҳизбӣ, ҳамандешону ҳамдеҳагони худро ба мартабаҳо мебурд, аммо дар тавҷеҳи нозуксанҷона ба равшаниву басандагӣ ба чашм мехӯрд, ки он масъули ба истилоҳ ҷо ба ҷо кардани кадрҳо, аз миёни ҳамдеҳагон низ онҳоеро меписандид, ки аз улусу ийлу қабилаи худ бошанд.

Албатта қабиласолориву бартарихоҳӣ ба мо бегона аст ва гузашта аз ин бадбинии қавмҳои дигар кори норавову ношоиста барои як ватанпарвар мебошад, зеро мо мехоҳем, ки ҳама қавму миллиятҳои кишвари беҳамтоямон ин сарзамини озодагонро меҳани аслии худ бидонанд ва ҳамзамон ҷустани роҳҳоеро шоиставу боиста медонем, ки қабиласолории аз замонаҳои ба Вароруд сарозер шудани чодарнишинон асар гузошта, мавриди сарзаниши саросарӣ қарор гирифта, зиёни бебаргашти он дар бунёди Тоҷикистони навин, пайваста дар нигари равшанандешон бошад.

Гургон ва туркон дар «Шоҳнома»
Бисёре аз мардуми ҷаҳон аз бостон барои худ нишон, аломат, символ  аз ҳайвоне,  ё паррандае чун рамз интихоб карда, онро вижагии миллии худ донистаанд ва аз он боифтихор нерӯи рӯҳи бардоштаанд. Одамон ғолибан он паррандаву ҳайвонеро, ки аз хотири ҷисму сифатҳои неки худ монанди ҷасорат, ҳушёрӣ, озодипарастӣ, тавозуни (гармонияи) ҷисм ва дигар вижагиҳо овозаманд гаштаанд, ба сурати намод ва рамзи миллии худ пазируфтаанд. Чунончи нишони амрикоиҳо уқоб, аз фаронсвиҳо хурӯс, аз англисҳо шер, аз канадагиҳо хирс, ҳамчунон аз дигарон фил, бабр, говмеш мебошанд. Нишони иронитаборон, ҳамчунон тоҷикони бостон шер дониста шуд буд, ки рамзи хуршедро дошт.  Ҳамзамон ҳайвонҳои ба одамон зиёновар, ҳилагар,  зиштчеҳра, мурдорхор,  чун мӯш, рӯбоҳ, шағол ва монанди онро ҳамчун намоду рамзи худ намепазируфтанд. Аз миёни ҳайвонҳои ба одамон зиёновар, гургро ҳамчун намоди ифтихори миллӣ халқҳои турктабор пазируфта, бисёре аз онҳо решаи пайдоиши худро ба ин ҷонвари дарранда пайваста донистаанд. Лозим ба гуфтан аст, ки дар баробари туркон, румиҳо достоне доранд, ки назар ба он пойдор мондани мардуми шаҳри Рум гӯё вобаста ба модагурге будааст, ки пас аз  кушта шудани саросарии аҳолии он шаҳр, ду писараки зинда мондаро он модагург шир дода ба воя мерасонад ва румиҳо аз насли он писарон интишор ёфтаанд. Ҳанӯз аз китобҳои торихии дар дабистон омӯхта медонем, ки дар ковишҳои ҳафриётии кишвари Итолиё, тандисеро пайдо кардаанд, бо тарсими ду бачаи  ширхор аз пистони модагург.

Ҳамсони ин афсонаи румӣ, туркҳо достонҳое доранд, гӯёгари он ки саргузашти гузаштагонашон пайваста ба ин даррандаи ҷангалу саҳро мебошад.

Дар ҷаҳони кунунӣ 7 кишвари мустақили туркон, 13 ҷумҳурии худмухтори турктаборон ва вилоятҳои зиёди туркнишин мавҷуданд.  Ҳар кадоме аз он давлату ҷумҳуриҳо парчами гуногун доранд, вале тамоми кишварҳои ҷаҳони туркӣ аз гург намоди (символи) муштарак доранд  ва гаҳе бо ишора ба ин рамз мехоҳанд  ба ҳамбастагии саросарии туркон таъкид намоянд. Ҳатто дар миёни бархе аз туркгароён расме ривоҷ дорад, ки бо қатъ кардани ду ангушти васат гургро нишон дода, ба туркии худ ишора мекунанд. Вобаста будани туркон ба намоди гург ривоятҳои мухталиф дорад ва яке аз онҳоро, ки ба пайдоиши қабилаҳои туркӣ ишора дорад, дар ин ҷо меоварем: « Дар рӯзгори қадим одамон ба қабилаҳо ҷудо шуда, саросари заминро ишғол карда буданд ва танҳо гузаштагони туркҳо дар соҳили ботлоқзори бузурге зиндагӣ доштанд. Ҷанговарони қабилаи ҳамсоя ба ҷойгоҳи онҳо дарафтода, ҳама мардумашонро нобуд мекунанд. Танҳо як бачаи даҳсола аз куштор раҳо меёбад. Ба хурдсолии бача нигариста, ӯро намекушанд, аммо дастону пойҳояшро буррида, рӯи сабзаҳои ботлоқ мепартоянд.  Дар ин замон Тенгрии Бузург – худои тоисломии туркон, дар сурати уқоб аз болои он ботлоқ парвоз карда, дар пайи бо гӯшт ғизо додани писарак мешавад. Сипас Тенгри модагургеро барои парвариши он писар мефиристад, ки он модагург пас аз ба воя расондан ҳамхобааш мегардад. Бо гузашти замон хони қабилаи душман, гумонбари наздикшавии бадбахтӣ гашта, ба шаманҳои худ муроҷиа мекунад, ки сабаби сар задани бадбахтии гумон доштаашро дарёбанд. Шаманҳо дуру дароз андешида, сирри бадбахтии пеш меомадаро дармеёбанд ва ба хон арз мекунанд, ки авлодони он писар ба давлат нобудӣ меоваранд. Хон ба саросари замин ҷанговарони худро мефиристад, то писарро пайдо карда, ба қатл расонанд. Навкарони хон дашту даманро ҷуста ӯро гирифтор ва сар аз танаш ҷудо месозанд. Хон ба ҳангоми дидани сари буридаи душмани худ,  суру шодӣ меорояд ва фармон медиҳад, ки аз ҷамҷамаи (косахонаи сари) он писар ҷоми боданӯшӣ таҳия кунанд. Дар ин замон модагург ба кӯҳсор гурехта, дар ғори ниҳоние даҳ бача мезояд, ки ҳар кадоме аз онҳо бунёдгузори улусе бо унвони худ мегардад. Пас аз гузашти замоне аз тухмаи гургу инсон одамони зиёд таваллуд шуда қавмеро бунёд мекунанд ва аз миёни даҳ фарзанди гург якеро хоқони нахустин интихоб мекунанд.»  Ҷолиб он аст ки бисёре аз қавмҳои турктабор ба ин афсона боварӣ дошта, бархе аз ишон хоқони нахустин Оғӯз (Уғӯз хоқон) – ро падарбузурги худ дониста, бо қабилаҳои дигар аз пайвастагии  воқеии хеш бо ӯ баҳсу мунозираҳо дар миён мегузоранд.  Ва дар ин росто пажӯҳандагони русиву аврупоӣ, ба монанди  Бичурин Н.Л., Бернштам А.Н. корҳои илмие анҷом додаанд («Историческая правда в легенде об Огуз-кагане» Бернштам А.Н., «С.Э.», 1935, №6, с.34, Ҳақиқати торихӣ пиромуни достон дар бораи Оғуз – хоқон). Гузашта аз ин бархе гурӯҳҳои турксолориву туркгароӣ бо ин символизм, ё тотеизм чунон ҷиддӣ муносибат кардаанд, ки ҳатто соле пеш дар Боку турктаборони Қафқозро дар ҷаласае (конгрессе)  гирд оварда , зимни сухангустариҳо ба сони бартариҷӯии турктаборон, шиорҳо вобаста ба хислату хӯйи наҷиби гург ва гирд омадани туркон зери ҳикматҳои ин намоди рӯҳафзо, ба миён оварда буданд. Аз ҷумла аз ин сатрҳо шиори бузурге ороста буданд, ки маъниашро  дар зер меоварем:

MƏN, TƏK MƏNƏM! TÜKƏNMƏZƏM! YANAR ATƏŞ,HEÇ SÖNMƏZƏM!

TANRI OĞLU,TÜRK OĞLUYAM! MƏN YOLUMDAN HEÇ DÖNMƏZƏM!

Яъне: Гург хуношом аст, Гург ҳавои ғуборолудро меҷӯяд.

Гургро набояд ба гӯсфанд супурд,

Ба гург дӯхтан биомӯзон, вале даррондан касби гург аст.

Гургро дар хона нигаҳ бидорӣ ҳам, хонагӣ нахоҳад шуд.

Агар гург бовиҷдон мебуд, рӯзона рушод пайдо мешуд.

Туркон дӯст доранд, ки бо ёдкари достони нисбат доштани миллаташон ба гург бартарии ин даррандаи сахроро  бо сифатҳои ҷасорат, ғалаба, ғамхорӣ баҳри шиками сери худ ва гургбачаҳояш бозгӯ намоянд. Ҳатто чунин тавсифҳо низ дар бораи рӯҳи гургсони турк ба чашм мехӯранд:

«Душа Тюрка не кусается, а загрызает на смерть!!! Бозкурт!!! Это не просто животное, не просто серый волк, а это символ ТЮРКСКОЙ ДУШИ!!!» (Рӯҳи турк намегазад, балки то ба куштан хойида, пора мекунад. Бозкурт ин на танҳо ҳайвон аст, на танҳо гурги хокистариранг аст, балки рамзи руҳи туркӣ мебошад.)

Ҳамин аст, ки бисёре аз саркардагон ва доҳиёни турк боифтихор аз номи гург ба худ тахаллус ихтиёр кардаанд. Ба монанди достони ба дунё омадани гузаштагони Чингизхон ва ё сарвари давлати Туркияи Усмонӣ, Камол Ататуркро,  «Гурги Хокистариранг» унвон кардан. (Гурги Бур. Вожаи бозгӯкунандаи ранги хокистарӣ -  «бӯр» аз калимаи туркии «гург» вом гирифта шудааст.)

Ин ҳама сифату кайфиятҳои неке, ки ба гург нисбат медиҳанд, чеҳраи зишту зиёнбори ин даррандаро аз нигар дур мебаранд. Ончуноне ки аз маводи  Википедия — фарҳангномаи озод бармеояд, гург ҳамааш шуда аз оилаи сагу шағол мебошад: «Волк, или серый волк, или обыкновенный волк[1] (лат. Canis lupus) — хищное млекопитающее семейства псовых. Вместе с койотом (Canis latrans) и шакалом (Canis aureus) составляет небольшой род волков (Canis).»

Дар китоби «Луғатномаи символҳо» – и Ҷек Трессидер омадааст, ки ба гург хислатҳои хунхорӣ, ваҳшигарӣ, хашму ғазаб, бераҳмӣ, ҳирсу пурхӯрӣ, кинаварзӣ маккорӣ ва ҳамзамон ҷасорату ғалаба хос аст.

Ба гуфтан меарзад, ки бо ишора ба ин хислатҳои нопок, ғайритуркон ғолибан гургро зишту кареҳу бадсиришт дарёфта, дар чеҳраи он ҷодӯгарӣ, ҳирсу тамаъ ва гурусначашмиро бознамоёндаанд. Чунончи насрониҳо гургро символи бераҳмӣ, маккорӣ, шарру хашм ва фалокату куфр, иблиси таҳдидгар ба бовармандони дин медонанд. Достонҳо дар бораи занони шарири ҷодӯпараст ва мардони ба иблис табдил гаштаи ба худ сурати гург касб карда зиёданд, ки намоду символи таҷовузкорӣ, зӯроварӣ ва садизм мебошанд.

Агар нигоҳе бар осори гузаштагони дури худ, аз ҷумла ба китоби муқаддаси «Авасто» барафканем, ба равшанӣ мебинем, ки гург намоди бадхоҳон, барҳамзанандагони покиву ростӣ, ҳампаймону ҳамсони дуздону раҳзанон ва шарирону аҳриманзодагон мебошад. Дар ниёишҳои Зартушт ба худованд омадааст, ки «… то пирӯзӣ ёбам бар ҳама ситезагарону душманону бадхоҳон ва барандозам ононро ҳама аз девону мардуми бадравиш ва ҷодӯвону париёну бедодгарон ва кавиҳову карпанҳо (шайтонҳо) ва барҳамзанони назму ростӣ ва гургони чаҳорпо ва сипоҳи бадхоҳе, ки ба душманӣ ҳамлавар аст…. Аз ту хоҳонам аз газанди дуздону раҳзанон ва ҳуҷуму ҳамлаи гургон аз пеш огаҳ шавам.» («Авасто», Т., 13    с. 457) Дар банди 11 «Урдабиҳишт яшт» низ гург аз офаридаҳои Аҳриман дониста шуда, дар ҷое, ки аз сифатҳои фариштаи Урдабиҳишт гуфтугӯ мешавад, омадааст, ки ин фаришта барозандаи ҳама зуҳуроту офаридаҳои Аҳриман аст. Гург дар шумори офаридаҳои Аҳриман ва аҳриманчеҳрагон – Vehrko – Tcithra) мебошад. Ва чуноне ки дида мешавад, вожаи «гург», баргирифта аз «аҳриман» аст.

Бархе аз донишпажӯҳон вожаи туркӣ – муғулии «ошино» – ро ба маънии гург донистаанд. Гург дар забони туркии қадим ба сурати «бурӣ» аст, вале дар забони муғулӣ гургро «шину» (shino) меноманд. Пешванди «о» – آ, ки пеш аз «шину» омадааст, дар забони чинӣ, нишонаи эҳтиром аст. Бад – ин тартиб вожаи «ошину», «ошино» ба маънии «гурги муҳтарам ва наҷиб»аст. (Маънӣ баргирифта аз пажӯҳиши туркшиноси овозаманд, Л.Н.Гумилёв, «Древные тюрки», М.,1967, с.23)

Дар яке аз тасвирҳои суратгари бузурги Ирони асри XVI, Султон Муҳаммад, ки имрӯз дар осорхонаи Лондон нигоҳ дошта мешавад, ба унвони «Каюмарс дар ҳалқаи одамону ҳайвонот» – подшоҳи нахустини ҷаҳон Каюмарс бо писараш Сиёмак ва Аҳриман низ бо писараш, ки сураташ ба сони гург буд, бозтоб гардидааст. Аз ниҳоди писари Аҳриман ҳасудиву хашму кина, бар чеҳрааш тобида буд ва ҳамзамон амшосипанди Суруш шоҳро аз дасисаи ниҳонии душман бохабар мекард. (М.М.Ашрафӣ, «Эволюция творчества Султон Мухаммада», ж. «Ирано – Славика», 2005 г., №2(6), стр.56).

Чунон ки дар «Шоҳнома» ҳувайдост, Ҳаким Фирдавсӣ низ симои аҳримании гургонро ба туркони Турону Чин намоён кардааст:

Ки он турк бадандешаву риман аст,

Ки ҳам баднажод асту Аҳриман аст.

Ва ё:

Ду чашмаш кажу сабзу дандон бузург,

Ба роҳ андарун каж равад ҳамчу гург.

Пеш аз ин дар боло омад, ки туркон аз номи гург тахаллус касб карда, аз бозгуфт ва бознамуди андешае, ки гузаштагонашон гургзода буданд, ифтихор доранд. Чунон ки дида мешавад, гаҳе дар «Шоҳнома» низ ба номи туркии вобаста ба гург дучор меоем ва низ номи яке аз сарлашкари туркон бо забони форсӣ, унвон гирифтааст:

Яке турк буд номи ӯ Гургсор,

Зи лашкар биёмад бари шаҳриёр.

Афзун бар ин бояд ишора кард, ки Ҳаким Фирдавсӣ гургро аҳриманзода номида, ҷараёни ҷангҳои паҳлавонони ирониро бо гургон, аз ҷумла дар достонҳои «Куштани Гуштосп гургро» ва  «Куштани Исфандиёр ду гургро» хеле ботафсил бозтоб кардааст:

Зи пеши падар рафт Исфандиёр,

Сӯи роҳи Турон або Гургсор.

Пеш аз анҷоми ин навиштор боиста медонам ин нуктаро бозгӯ намоям, ки ба гург нисбат додани туркон дар «Авасто» ва низ хешро зодаи модагург гуморидан ва ҳамчунон бо гургсифатӣ чашм дӯхтани бархе беморони қиссаҳои торихӣ ба сарзамини аҳуроии мову талошҳоямон барои бозшинохти миллӣ ва раҳоӣ ёфтан аз гиреҳҳои барсохтаи ҳамсоягон, моро бештар ба худогоҳии таборӣ, жарфтар андешидан ба хештани хеш вомедорад. Ва дар поён аз ҷустори гузарои худ натиҷагирӣ мекунам, ки мавзӯи пеши дидори хонандагони гиромӣ оварда, дар нигари нахуст дархӯри жарфковӣ намебошад. Аммо агар нигоҳе бар дарёфтаҳои фароторихии миллати тоҷик, ба таври умда иронитаборон барафканем, метавонем чунин бардошт кунем, ки дар он замоне, ки рӯҳи дарунандешагии падарони мо маниши нек, куниши нек, гӯиши нек буд, он ҳамлаварони биёбонгард, насли худро дар рӯҳияи гургманишӣ ба воя мерасонданд ва ҳамин буд, ки дасти нопоки рӯзгор ва душманони ғаддор ба сарзамини озодагони донишгаро чираманд гашта, дар дарозои ҳзору анд сол пеши роҳи донишзоӣ ва фарҳанговариро бастанд, ки фарҷоми он кӯч бастани машъали эъҷозу бозёфтҳои фановарӣ аз Ирони Бузург, ба Руму Фарангу Сақлоб мебошад.

49 сол, ё шояд 490 соли Русия дар Точикистон
Чанде расонаҳои хабарӣ пиромуни паймони Русияву Тоҷикистон барои дар кишвари мо 49 соли дигар бозмондани нерӯҳои низомии Русия сару садо баланд карда буданд ва бахше аз онҳо пурсише ба миён гузоштанд, ки чаро муддати паймонро маҳз ба 49 рақам задаанд, на масалан ба 50, 55, ё 47, 48. Шӯхтабъон дар  ин рақам фолеро ҷӯстанӣ шудаанд, ба монанди 49 соли вомондани нерӯҳои Русия, пайваста ба дарозои умри отияи президенти ояндаи ин кишвар, Путин. Аммо иддае аз таҳлилгарон рақами 49 – ро таҳқире гуморидаанд, ки Медведев бедуни хурдтарин назокату эҳтироме ба худмухтории давлати дигар тамасхур задааст. Бархе таҳлилгарон низ бар онанд, ки буду боши он пойгоҳ барои амнияти кишварамон судманд буда, бадкирдорони толибӣ ва ҳамсояҳои бадсиголамонро бо роҳи ҳампаймон будан дар Паймони Шонҳой, аз таарузи эҳтимолӣ бозмедорад. Андешаварзони дигар гумон доранд дар кишваре, ки 20 сол кунун соҳибистиқлол аст, буду боши низомиёни кишвари бегона нангбор менамояд, ҳатто агар бегонагон аз дӯстӣ лофу газоф гӯянд. Ҳанӯз кӯрдуди мунозираҳо пиромуни ин иқдоми ғайричашмдошти Русия бартараф нашуда буд, ки сиёсастбозони ин кишвари ҷаҳонхор ҳилаи дигари ниҳонии худро аз пушти ғубори дуд намоён сохтанд; демократияи русиро ба соддаҳои ҷаҳон ба ин гуна намоиш доданд,  яъне “бубинед, мо чун осиёиҳои бетамаддун ва хонпарасту шоҳманиш, мақоми президентиро барои як умр (чун Назарбоев), ё меросӣ (чун Алиев) ва ё аз роҳи ҳилаҳои шарқиёна (чун Ислом Каримов) намепазирем. Мо ин корро бо тамаддуни баланди авруосиёӣ (“цивилизованно”) мекунем; се – чор сол сояи худро ҷонишин месозему сипас ба мақоми пешин бозмегардем.

Ҳилаи тозатарини таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб карда ва сиёсатдононро дар ҳайрат гузошта, ваъдаҳои навини Путин дар мавриди бунёди Иттифоқи сегонаи Русия – Белорусия – Қазоқистон ва сипас ба он ҳамроҳ кардани Қирғизистону Тоҷикистон мебошад. Ин ҳилаҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳони истеъмор барои жарфандешон ҳайратангезу шигифтовар нестанд. Ба нуктасанҷони жарфнигар равшан аст, ки Русия ба масобаи як ҷаҳонхори классикӣ на мо ва на кишвари дигари Осиёи Марказиву Қафқозро ҳаргиз раҳо карданӣ нест ва буду боши низомии хешро дар ин паҳна яке аз хостҳои миллии худ медонад. Ва агар ин кишварҳоро демократпарасти ғаюртарин ҳам сарварӣ кунад, дар сурати напазируфтани хостҳои миллии ҷаҳонхории Русия, таззорҳои (царҳои) кунунии он, дар ниқоби «Президент», бо дасти дарозу дастгоҳи ҳамабин ва ҳамашунави худ (всевидящие глаза, и всеслышащие уши –  М.Ю.Лермонтов),  он  сарвари ғаюри ҷӯяндаи озодии мутлақро, ё бо дасти рақибону мухолифонаш аз курсии раҳбарӣ меафканад, ё он кишварро ба вартаи нооромиҳову нокомиҳо гирифтор мекунад.

Мо дар ин фурсат маҷоли бозгӯ кардани торихи 400 солаи юришҳои таззорону лашкакашони русиро барои ишғоли сарзаминҳои Уролу Сибир, Шарқи Дуру ҷазираҳои Уқёнуси Ором, Қафқозу Осиёи Марказӣ, соири марзҳои мутаалиқ ба Ирону Туркия, ҳамчунон ба хости худ аз нав тартиб додани нақшаи ҷуғрофиёии шашяки ҷаҳон  ва зимнан номгузории кишварҳоро (ба гунаи Туркистон унвон кардани Вароруд, ё дар  даҳсолаҳои ахир “кашф” кардани қораи нав ба номи Евразия), надорем. Танҳо ҳаминро бояд бигӯем, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бохтҳои бахше аз марзҳои Императории Русия, барои рафтори ҷаҳонхории бузургманишони он фоҷеабор аст ва ишон ин шикасти худро дар поёни асри XX ҳаргиз нахоҳанд бахшид ва бо шеваҳои ҳилабори навин дар пайи ҷуброни бохтҳои хеш мебошанд. Дигар имрӯз ҳар кишвари равиши Русия напазируфтаро метавонанд бо таркибу истилоҳоти навин, аз қабили «дастнишондаҳои терроризми байналмилалӣ», «миллатгароёни паймоншикан», “сепаратистон”  унвонгузорӣ намуда, ба ҷудоихоҳону русгароёни он кишварҳо тамғаи «озодипараст», «истиқлолиятхоҳ» ва монанди он насб намоянд. Ғолибан тасаввур мешавад, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, дар рӯи вайронаҳояш 15 давлати мустақил барпо гаштааст, аммо бинандаи тезбин огоҳ аст, ки ҷуз аз ҷумҳуриҳои Литва ва Эстония дигарон аз истиқлолияти мутлақ бархӯрдор нестанд ва ағлаби ин кишварҳо аз паёмади истиқлолхоҳӣ ба шикасту осебҳои ҳангуфт дучор омада, то ҳанӯз дар вартаи носозиҳову ошуфтагиҳо ҷой доранд. Ончуноне ки бо сарвариву фармондеҳии полковники бознишасти нерӯҳои низомии Русия, Стефан Китсак ва ҳамлаи десантчиёни  генерали рус, зери фармондеҳии Александр Лебедев, бар асари хунрезиҳои мардуми бумӣ ва муқовимати дастаҳои силоҳдори ғайримолдов, Приднестровяро аз Ҷумҳурии Молдова ҷудо карда, давлати ба расмият нашинохта, ба унвони “Ҷумҳурии Приднестровии Молдова” барпо карданд. (Президенти Русия, Елтсин фармон дод, ки Артиши 14 уми Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Молдова ҷойгир аст, ба салоҳдиди Русия баргардонда шавад.) Ва ё бинобар ин ки Гурҷистон аз рӯзҳои нахустини рӯ ба завол ниҳодани Шӯравӣ мавзӯи аз марзи худ берун кашидани ҷузвитомҳои низомии Русияро  ( онҳо дар мавзеъҳои Гудаута, Визиани, Батуми ва Ахал – калаки ҷойгир буданд), ба миён овард, чанде нагузашта дар иёлати Абхозияи ин кишвар дастаҳои чирикӣ созмон ёфтанду бо ҳамёрии козокҳои қафқозии русӣ ба куштори саросарӣ ва берун кашидани мардуми гурҷитабори муқими ин иёлати  солиёни дароз дар марзҳои Гурҷистон қарор дошта, пардохтанд. Ва ба он комёб шуданд, ки Абхозияро аз марзҳои ҷумҳурии бозбунёди Гурҷистон ҷудо карда, давлати ҷудогона эълом доранд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ (ҷуз Русия) онро ба расмият нашинохта, амали сарварони Русияро истилогарӣ бознамоёндаанд. Чун Гурҷистон аз ин истиқлолиятхоҳии мутлақ «дарси ибрат» нагирифта, талош барои пайвастан ба паймони НАТО карда, афсарони худро дар мактабҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба омӯзишу парвариш пардохт, русгароёни Осетияи Ҷанубиро зидди гурҷиҳо барангехта, дар он ҷо ҳамчунон ҷанги байнихудӣ барангехтанд ва Русия бедуни эъломи ҷанг на танҳо ба Схинвал, маркази вилояти  мухтори Осетияи Ҷанубӣ, балки то ба шаҳри Гори,  ҳамла карда, ба ишғоли Тифлис таҳдид овард ва ин ҷузви Гурҷистонро низ ҷудо сохта, давлати алоҳида эълом кард. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои шомили ба ном Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин дастнишондеҳи Русияро низ ҳамчун давлати мустақил напазируфт.

Ба гуфтан меарзад, ки дар оғози истиқлолхоҳӣ Озарбойҷон низ ба самти ҳамкориҳо бо ҳамзабонони худ, Туркияи Усмонӣ майлу талошҳое аз худ нишон дода, хоста буд артиши худро ба гунаи амрикоиву туркӣ муҷаҳҳаз кунад ва дар тавлиду фурӯши газу маводи нафтӣ бо кишварҳои дигар корсозӣ кунад. Аммо ба зудӣ ин ҷумҳурӣ низ гирифтори ҷанг гашта, арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, бо ҳамёрии силоҳи русӣ тавонистанд маъвои падарии хешро аз Озарбойҷон ҷудо созанд. (Қарабоғи Кӯҳӣ аз қадим устони арманинишин буда, 184 ҳазор, ё 74% ҷамъияташ иборат аз арманиҳо мебошад. Ва то Инқилоби Октабр шумораи ҷамъияти арманиҳои Қарабоғ то 93% ро ташкил мекард.)

Украина, ба вижа Украинаи Ғарбӣ яке аз он кишварҳое мебошад, ки мардумаш ба монанди наздибалтикҳо ва гурҷиҳо дар замони шӯравӣ ҳам ба истиқлолиятхоҳӣ гароиш дошта, ҳамеша бо сарбаландӣ ғурури миллиашонро пайгирӣ мекарданд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ як идда шаҳру вилоятҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим, монанди Қрим, Одесса, Севастопол, Донбас дигар акнун ба Русия таалуқ надоштанд ва аз ин бохтҳои ҳангуфт сиёсатпешагони рус хеле афсӯс хӯрда, ҳич намехоҳанд фазои русӣ ва сарбози русӣ ба вижа новгони (флоти)  Баҳри Сиёҳ аз он марз ба кишвари худ бозгардад. (Ёдкарди ин рӯйдодҳо аз воқеоти зиёди Қрим намунаи чашмгирест: нахуст бо ҳамёрии дастгоҳҳои маълум, анбӯҳи тоторҳои Қрим аз ҷойи зист ба зодбуми бобоиашон сарозер шуда, ба маъмурияти украинӣ махмасаҳо бунёд карданд. Бо баҳонаи он ки Қрим зери фармонравоии Екатерина забт гардида буд, бузургманишони русӣ дар он ҷо пайкараи  мармарини ӯро насб карда, дар миёни ҷамъияти украинҳо ошӯбе барпо намуданд.) Барои паст кардани истиқлолиятхоҳии мардуми украин аз тамоми ҳилаҳову говзӯриҳо кор гирифта шуд, то ахиран бар он комёб шаванд, ки ба ивази Юшенко шахсияти русгаро, Януковичи парвардаи Донбас маснади президентиро азхуд кунад ва ҳамзамон Русия яке аз муҳраҳои довии (козырная картаи) худ масъалаи шартҳои фурӯши гази табиъиро дубора ба миён гузоранд. (Дар ин фурсат аз фоҷеаҳои мудҳиши Тоҷикистон, аз “қувваи севвум”, ки ба оташи ҷанги худии тоҷикон пайваста равған мерехт ва то ҳанӯз ҳам дар сафҳаи торих аз ин “қувваи севвуми” мармуз чизе нигошта нашудааст, маҷол нест.)

Воқеъан, яке аз муҳраҳои довии бозиҳои ҷаҳонхории Русия, “дасисаи энержӣ” (энергетический шантаж) мебошад, ки аз он дар кишвари мо ба таври гирову фаровон кор мегирад. Ва ҳамин аст, ки дар сарзамини бегона, монанди Тоҷикистон, бо истифода аз шароити мусоиди гидрологӣ ва нерӯи кории арзон, нерӯгоҳи барқи обӣ (Сангтуда 1) сохта, бо роҳи, бастани шартномаи асоратомез, 75% боздеҳии  нерӯгоҳро моли худ донистааст ва тасмим дорад бо пардохтҳои ночиз рӯйи заминҳои кишвари камзамини мо пояҳои барқӣ насб карда, барқашро ба Афғонистону Покистон бифурӯшад. (Ногуфта намонад, ки ба ҳангоми насб кардани пояҳои баландшиддат, рӯйи садҳо ҳектар замин, роҳҳои мошингарди муваққатӣ сохта шуда, ба табиат – ҷангалдориву заминҳои чарогоҳ осеб расонда мешавад). Ҳамин аст ки Тоҷикистонро дар забон шарики стратегии худ дониста, дар амал ҳаводори дасисаи энержии (энергетический шантажи) Узбакистон барои сохтмони Роғун мебошад. Ҳамин аст, ки дар миёни мизоҷони бозори нафти Русия, нархи сӯзишвории нафтӣ барои Тоҷикистон болотар аз давлатҳои дигар мебошад. Ҳамин аст, ки ба сони 15 сол пеш ба воридоти майҳои Гурҷистон ва Молдова,  бо вуҷуди майҳои беҳтарини ҷаҳон дониста шуданашон таҳрим эълом кардан, дар ворид кардани меваҳои хушки Тоҷикистон низ ба Русия саддгузорӣ мекунад.

Яке аз ҳилаҳои навини давлатдории Русия бо баҳонаи демократияву озодии эътиқод як идда ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаҳои миллатгароиеро бунёд кардану салоҳияти густурда бахшидан аст, ки бахши чашмгире аз онҳо аъзои Думаи Русия буда, фраксияхои худро ташкил додаанд ва пайваста аз тариқи воситаҳои ахбори омма, бештар аз пушти пардаи шишагини телевизион,  фарҳанги точикбадбинӣ ва шовинизми миллиро дар миёни русҳо интишор ва талқин мекунанд. На танҳо роҳбарони он ҳизбу ҳаракатҳои шовинистӣ чун  Жириновски, Рогозин, Митрофанов, Лимонов ва як силсила галасагони неофошистиву скинхедӣ, балки сиёсатмандони баландҷойгоҳе монанди Гризлов, Белов (вакили Дума), бо ҳамёрии шабакаҳои телевизионии НТВ, РТР ва дигар расонаҳои хабарӣ ба коштани тухми нафрат бар тоҷикон (культивация ненависти) пардохтаанд. Мо дар ин ҷо намехоҳем барномаи казоии маймунгариҳои Галустянро ёдовар шавем, зеро дар бораи он вокунишҳову гуфтаҳо зиёд буданд. Ҳоло мехоҳам бардоштҳои иҷмолии худро аз мизгирдҳо ва маърӯзаҳои сиёсиёни русӣ, ки рӯзҳои ахир аз телевизион пахш гардидааст, пеши дидори ҳамдиёрон оварам.

Шоистаи гуфтан аст, ҳар гоҳ аз забони гӯишгарони шабакаҳои бешумори телевизионии Русия номи қавми худро ба гунаи “таджик” ва он ҳам бо ришханд мешунавам, як сӯзанзание дар дил эҳсос мекунам ва шоме бо шунидани ин вожаи бароям пурарзиш, ба садои қутии ҷодӯии телевизион, ки ба шабакаи ОРТ (4 08 2011) нигаронида шуда буд гӯш фаро дода, намоиши мубоҳисавиеро унвонии Ток – шоу “Национальный интерес”  тамошо кардам.  Дар толор намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи русӣ, аз ҷумла муовини Жириновски, вакили Дума Митрофанов ва се нафар вакилони Дума аз фраксияҳои гуногун ва ҳуқуқдонону шахсиятҳои расмии сиёсӣ гирд оварда шуда буданд ва шигифтовараш он буд, ки ин тудаи ҳомиёни адолату додхоҳии байналмилалӣ ҷавонаки тоҷики мардикорро бо номи Фирӯз ва модараш Наргисро рӯ ба рӯи худ шинонда, якдилона ба самимияти ишқи он ҷавон нисбат ба маъшуқаи русиаш шак бурда, пайваста ҳама тахмин мезаданд, ки ин шахси бехонаву дар, танҳо барои ба қайди (пропискаи) Маскав гирифтани худ, духтари русиро ҳомиладор кардааст. Қобили ситоиш аст, ки Фирӯз бо қомати баланду мавзун, чеҳраи ориёӣ, мӯйи сари хушороиш, бо забони русии пурраву лаҳни қотеъ, иддаои як мушт одамони гирифтори шовинизми бузургманишии русиро радду такзиб мекард. Бо тамоми ҳавсала тасбит карданӣ мешуд, ки дар қайди Маскав будан барояш муҳим нест, бо ишора ба шоҳидии модараш Наргис изҳор медошт, ки дар Душанбе ҳавливу манзил доранд, чун он ҷо кори арзанда пайдо накардааст, дар коргоҳи мошиншӯӣ кор мекунад ва ин духтарро самимона дӯст доштааст. Духтар низ талош дошт ба ҳозирон ва модару падарандараш бифаҳмонад, ки ишками баландаш маҳсули ишқи самимиашон мебошад ва онҳо бо расми мусалмонӣ никоҳ кардаанд, аммо бинобар муҳоҷир будани ҷавон натавонистааст сабти идораи ақди никоҳ дошта бошанд. Аммо анбӯҳи миллатгароёни расмии русӣ, яъне на тоссарҳои скинхеди ғайрирасмӣ, балки депутатҳои Думаи Давлатӣ, ки дар зери санадҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар имзо гузоштаанд, чӣ таҳқирҳое намекарданд Фирӯзро бо модараш. Ҳатто яке аз вакилони Дума мегуфт “ту чи ҳақ дорӣ, ки бо пули гастрабайтериат ба духтари русӣ  издивоҷ кунӣ.” Митрофанов он ҷавон ва ба таври умда тоҷиконро густох (наглый) номид ва аз соҳиби нуқтаи мошиншӯйӣ пурсид, ки ин муҳоҷир чи гуна кор мекунад? Кордеҳи Фирӯз посух дод, ки бисёр ҷавони хушахлоқу ботарбияву доно аст ва бисёре аз мавридҳо коргоҳро дар ихтиёри ӯ дода, худ ба корҳои дигар машғул мешавад. Як копек ҳам ба ӯ хиёнат накардааст… Саранҷом Каромат Шарифов раиси ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ба масобаи як бечора, ночор ба ҳозирон ваъда дод, ки масъаларо баррасӣ карда, мардикоронро вомедорад то дастҷамъӣ ба Фирӯз ёрӣ расонанд.

Чанде пеш тамоми шабакаҳои радиотелевизионии Русия барномаҳои зиндаро аз Анҷумани 23 уми Ҳизби Либерал Демократии Русия (ЛДПР), бо суханронии якунимсоатаи сарвари он Жириновски ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пахш кард. Жириновски зимни суханронии хеш саросар арзишҳои миллии русиро зидди арзишҳои миллатҳои дигар, бо лаҳни дағал мегузошт ва бо як нафрати вижа даъво мекард:  “маблағҳои буҷа ба вилоятҳои ҷанубии Русия ҷудо карда мешаванд, ки дар хонаводаҳояшон то 10 – 15 нафар кӯдак зиндагӣ мекунанд. Бояд пулро ба оилаҳое дод, ки як фарзандӣ доранд, ба он навоҳие, ки он ҷо русхо зиндагӣ доранд.” Вай гаштаву баргашта таъкид мекард, ки дар гузаштаҳои торихӣ ба Русия Чингизхон таҳдид мекард, сипас Ғарб – Олмон, аммо ҳоло бошад таҳдид аз Ҷануб аст. Ӯ мегӯяд “Амрико режимҳоро иваз мекунад, Ироқро бомборон мекунад, ҷаҳонро маҷбур мекунад то ба шеваи амрикоӣ рафтор кунанд ва мо бояд тамоми ҷаҳонро маҷбур кунем, ки бо забони русӣ сухан гӯянд, моламонро бояд Амрико бихарад.” Ҳамчунон пайваста иддао дошт, ки осиёиҳо бояд гӯсфанд бичаронанд, ангӯр бипарваранд, пахта кишт кунанд ва чун Александри III ҷонибдор аст, ки Русияро бо Ҷануб деворбандӣ кунанд. Пас аз   шиорпартоиҳои ҷунуномез, ба сони “За русских, за Россию” (барои русҳо, барои Русия), бо сурудани суруди ҳизбӣ, ки оҳанги маршгунаи фошистони ҳитлериро ба ёд меоврд, анҷуманро ба поён расонданд.

Дар авохири моҳи гузашта барномаи дигари телевизионие унвонии “Поединок” (РТР, “Ҷанги тан ба тан”) ба чашмам хӯрд, ки он ҷо сиёсатмандони шинохтаи Русия, вакили Дума Рогозин, раиси ҳизби “Яблоко”, Митрохин, раиси ҳаракати “Русский фонд”, генерали мустаъфӣ Вячеслав Никонов, доктори фалсафа  Леонид Поляков, як силсила сиёсатшиносони овозаманди он кишвар гирд омада, бисёре аз ишон аз русҳои бахтбаргаштаи бечора шикваву нола мекарданд, ки бар асари маҳрумият аз худэҳтиромии миллӣ (национальное самоуважение) ва либерализм нишон додан нисбат ба халқҳои дигар, дар ватани худашон хору зоранд. Рогозин мегуфт, ки мо русияти худро аз даст додаем, мо шароит фароҳам овардаем, ки моро эҳтиром накунанд (мы перестали быть русскими, мы позволяем себя, так что нас не уважают),  мардикорони (гастрабайтерҳои) тоҷик худро густохона  (вызывающе) нишон медиҳанд. Он Рогозине ки дар давлатдории Русия мақоми баландро ишғол мекунад,  гуфторе дошт ки гӯё 70 сол пеш аз минбари Рейхстаг садо медиҳад; “Русия барои онҳоест, ки Русия ватанашон аст.” (Россия для тех, кто Россия для них родина.)  Сиёсатпешагони бузургманиш дар ҷараёни гуфтор хешро гум карда, гаҳе ба истеъморгару таҷовузкор будани кишвари худ ба ногоҳ қоил мешуданд. Аз ҷумла Рогозин мегуфт, ки “Россия ҳамсони таҷовузгарони дигар, чун англисҳо сарватҳои кишварҳои забт кардаашро кашида бо худ набурда буд, балки дар он кишварҳо бунёдгар будааст.” (Россия как колонизатор создал в других странах, а не как англичане выкачивали из этих стран…)

Лозим ба ёдоварист, ки албатта  Русияи фарҳангӣ, яъне Русияи Лермонтову Тютчев, Есенину Шаляпин наметавонад саросар аз шовинистҳо иборат бошад. Ва дар барномаи дар боло ёдшуда низ чанд  тан аз фарҳангиёни бохирад чун Митрохин пайдо шуданд, ки мегуфтанд «тоҷикон магар гуноҳе кардаанд, ки партовҳои шуморо ҷамъ карда мепартоянд». Ва аз толор шахсе низ садо баланд кард, ки «мехоҳед тоҷикон бо ин рафторе, ки ба онҳо муносиб медонед таври дигар муносибат кунанд? (Вы хотели бы, чтобы таджики вели себя иначе как вы относитесь к ним?).» Дар ин кишвари паҳновар шумори зиёди одамоне зиндагӣ доранд, ки аз миллатгароиву шовинизми бузургманишӣ безоранду гурез доранд ва бархе аз онҳо, монанди рӯзноманигорони овозаманди ҷаҳонӣ, Олег Панфилов ва Матвей Гандполски Русияро тарк гуфта ба Гурҷистон ҳиҷрат намудаанд. Онҳо дар барномаи русии «Час пик» и Тифлис хати маши сарварони имрӯзи Русияро заволовар (губительно) арзёбӣ кардаанд. Мегапроекти Путинро дар мавриди бунёди иттиҳоди сунъии Авруосиё (конгломерат Евразия) – ро ҳамсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) бепояву бемоя донистаанд. Дар ҳақиқат бохтҳои Русия дар Қафқоз бохтҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистонро монад, зеро лашкар кашидан бар зидди ҳампаймони худ бохти азимест, бад – он гуна ки Русия ба Гурҷистон лашкар кашид. Сиёсатдонони солимандеша таҷовузи Русияро ба Абхозия ва Осетияи ҷанубӣ фоҷеаи ҳам халқҳои Русия ва ҳам Гурҷистон номидаанд. Аз ҷумла сиёсатшиноси шинохта Максим Шевченко онро«як гоми устувори Русия ба самти империализм» номидааст. Ва ёдкарди ин нукта зарур аст, ки дар он замон Шӯравӣ бо кишварҳои дигар ғолибан бо лаҳни дипломатӣ гуфтугӯ мекард, аммо Путину Медведев дар рухдодҳои риққатбор, ки боиси талафу бехонумонии мардуми бегуноҳ гаштааст бо таҳдид сухан ба лаб меоваранд: «Пусть скажут спасибо, что я не приказал водить войска в Тбилиси. (Бигзор ташаккур гӯянд, ки ман амр накардам, то лашкарро ба Тифлис ворид кунанд.)» Ҳамин шеваи муносибатҳои худхоҳонаи бузургманиширо ба нигар гирифта, шахсияти овозаманди сиёсии Русия, Борис Немтсов, ки чанд сол пеш дар сари деги сиёсатпазии он кишвар қарор дошт, чунин гуфт: «Внешняя политика наша катастрофична; вокруг нас нет ни одного друга. (сиёсати хориҷии мо фалокатбор аст; дар атрофамон мо як нафар ҳам дӯст надорем.) »

Ва мо бо овардани гуфтаҳои Борис Немтсов ба навиштори хеш анҷом дода, орзӯ дорем, ки таҳлилгарони ҳамватанамон ба ҳангоми шунуфтани шакарсуханиҳои ҳампаймонон, иштиҳои қозгири  ҷаҳонхориашонро аз дида дур надошта бошанд. Ончуноне ки Соиб гуфтааст:

Осмон обист зери каҳкашон, аммо дареғ,

Макрҳо дар парда бошад оби зери коҳро.

Зартушт Ҳазрати Иброҳим аст
Ончуноне дар гуфтори гузаштаамон ёдрас шуда будем иллати нотавониҳои фақеҳону олимон дар муҳтавои уқёнусмонанди “Қуръон” аст, ки пиромуни тафсирҳои худ дар бозшинохти шахсиятҳои барҷастаи рӯйи саҳифаҳои каломи Худованд омада, ба натиҷагириҳои зидду нақиз ва гаҳе омиёнаву аз мантиқ дур расидаанд.

Ва гумон меравад чун «Қуръон» и карим, ки бо забони қадими арабӣ табйин шудааст, ва бо он забон гӯиши форсӣ ғайриманъусу мушкилифода менамуд ва шояд бад – ин сабаб номҳои Зартушт ва Курӯш ба гунаи забонҳои сомӣ Иброҳим ва  Искандар ифода ёфта бошанд. Ҳамзамон китоби муқаддаси «Қуръон» он қадар бузург аст ва чуноне ишора шуд бинобар бо забони қадими арабӣ рӯи коғаз оварда шудани паёми Худованд, фақеҳону дингустарони овозаманди замонҳо ва имрӯзин ба шарҳу тафсири пурраи каломи илоҳӣ ҳанӯз ҳам нотавонанд. (Тавре яке аз муфассирони ниҳоят донишманди «Қуръон» бо забони русӣ, хонум Имон (Валерия) Порохова дар сарсухани чопи китоби илоҳӣ тазаккур кардааст,  «Қуръон» и маҷид тарҷуманашаванда аст.) Бад – он соне ки то ҳанӯз дар атрофи  ҳарфҳои мухтасари  (абривиатураи) дар оғози як силсила сураҳо табйин шуда баҳсу мунозираҳои гуногун хеле зиёд ба миён омадаанд ва касе натавонистааст яқин кунад, ки дар овардани ҳуруфе (комбинатсияе) ба шакли «алиф – лом – мим» (сураи 2), «коф – ҳо – ё» , «айн – сод» (сураи 19), «алиф – лом – ро» (сураи 20) ва амсоли он чи асроре ниҳон аст (хати арабӣ аз 28 ҳарф иборат буда, 29 сураи «Қуръон» аз ин ё он комбинатсия оғоз мешавад). Ва ҳатто бархе аз донишмандон ин ҳарфҳоро ба шеваи имрӯз «рамзи ниҳонӣ», «код», ё «шифр» гуморидаанд, ки дар онҳо мазмуни мармуз,  вале муҳим ниҳон аст. Ончуноне хонум Имон (Валерия) Порохова дарёфтаанд «таҳлили фонетикии онҳо нишон медиҳад, ки дар ҳарфҳои оғози 29 сураи номбурда тамоми овоҳои артикулятсионӣ (тарзи талаффуз) ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо асроре ниҳон аст, ки бо гузашти вақт он зоҳир хоҳад гашт».

Ногуфта намонем, ки дар адабиёти  мусалмонӣ ин ҳарфҳоро ба гунаи “ал – ҳуруф ал – муқаттаъот” (ҳарфҳои асрорангез), ё бо таркиби “ал – фавотеҳ” ( фотеҳаҳо ) ёдовар мешаванд ва дар тафсири онҳо аз наздикони Муҳаммад (с), чун  Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Масъуд шурӯъ карда, то Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Ат – Табарӣ , Сайид Қутб ва садҳо муфассирони дигар натиҷагириҳои гуногун кардаанд. Бахши зиёди онҳо бар он будаанд, ки он ҳарфҳо ба Муҳаммад (с) нозил гашта, дигарон ба дарёфти маънии онҳо нотавонанд.

Чеҳраи дигари «Қуръон»  и карим, ки иддае аз пажӯҳишгаронро ба боварии Зартушт буданаш водор мекунад, Иброҳими паёмбар мебошад. Инҷониб солҳост ба бардоште расидаам, ки дар китоби илоҳӣ аз ду шахсият ба унвони Иброҳим ёд шудааст, вале чун  ҳамдиёрони мо ғолибан нисбат ба гуфтаҳои худӣ ба бегонагон боварманданду навиштори хориҷиёнро арҷгузорӣ мекунанд, аз изҳори хаттии ин андешаам худдорӣ карда, то фурсате ки нигари хориҷиеро пайдо кунам наздик ба дарёфтҳои хеш. Дар миёни донишмандоне, ки нигарашон дар маврид ҳамсони дарёфтҳои мо мебошад мехоҳам ба овардаҳои мантиқии пажӯҳишгари озарбойҷонӣ, Воқиф Алиакбаров ишора намоям. Албатта мо ба ақидаҳои Воқиф Алиакбаров, ҳамчунон ба хулосаи тамоми ҳамақидаҳои мағрибиву машриқиаш, дар бораи зодаи Озарбойҷон будани Зартушт ҳаргиз ҳамбовар нахоҳем буд, зеро донишиёни донои аз таасуби миллӣ орӣ буда тасбит намудаанд, ки зодбуми паёмбари порсиён Балх мебошад ва ба паямбарӣ расиданаш бо рӯди Доятик (Дотик), яъне рӯди Омӯ пайвастагӣ дорад, яъне пас аз обтанӣ дар он, фариштаи Ваҳуман ваҳйи худоро барояш расондааст.

Ба номшиносони доно равшан аст, ки номи Зартушт аз ду вожа; «зар» ва «тиштра» (ситора) баргирифта шудааст, яъне ситораи зарин. Тахмине низ дар миён аст, ки Зартушт, яъне «дорандаи уштури тиллоӣ», аммо чунин натиҷагирӣ пиромуни маънии “зартушт”  аз нигоҳи вожашиносӣ аз мантиқ дуртар аст.

Дар китоби Худованди яктои беҳамто, дар сураи 53, «Ан – наҷм» (ситора), дар бораи китобҳои Мусо ва Иброҳим бо жарфтар андешидан ин нукотро метавон эҳтимол ба яқин донист, ки дар иборати “суҳуфи Иброҳим” ишора бар навиштаҳои “Авасто” ҷой дорад. Чунончи:  “… ки огаҳ нашуд ба он чи роҷеъ ба “Таврот” и Мусои Имрон аст ва ҳам дар суҳуфи Иброҳими халили вафодор бар қавли худ, ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро ба душ нахоҳад гирифт” (ояҳои 36, 37)

Ва ҳамчунон ояи 49 касро ба андешае раҳнамун месозад, ки Худованд маҳз офарандаи ситораи “Шӯъро” (Сирус) буданро ба таъкид бозгӯ кардааст. (Шӯъро – аврупоиаш Сирус, аз ҳама ситораи дурахшони Дуби Акбар – саг мебошад, ки бо шуъои кабуди худ дар дили маҷусон тарс меофарид ва бинобар ин ситораро худо мепиндоштанд. )

Бад – он гуна ки дар боло ёдрас шудем, Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст, ки Худованд сад саҳифа ва чаҳор китоб бар анбиё нозил кард; 50 саҳифа бар Шис, 30 саҳифа бар Идрис ва 20 саҳифа бар Иброҳим. Ва ба ҳангоме ки дар “Қуръон” – и маҷид аз китобҳои Иброҳим ва Мусо ёд мешавад, андешае фарогири кас мешавад, ки кадом китоби Иброҳим дар назар аст?! (Ишора бар сураи 88, ояҳои 18, 19 ки омадааст: “Ин гуфтор ба ҳақиқат дар кутуби расулони пешин зикр шудааст. Ба хусус дар суҳуфи Иброҳим ва Мусо муфассал баён гардидааст.”)

Ҳамчунон дар сураи 3 “Оли Имрон”, ояи 65 дар мавриди китоби пешин будани сатрҳои ба Иброҳим нозил шуда чунин баён гаштааст: “Эй аҳли китоб, чаро дар ойини Иброҳим бо якдигар муҷодила мекунед? “Таврот” ва “Инҷили” шумо баъд аз ӯ нозил шуд. Оё ақл намекунед?”

Чуноне гумон меравад дар “Қуръон” и карим ду шахсият бо унвони Иброҳим ба назар мерасад; яке Иброҳими (Авраами) аз бани Исроил, ки фарзандонаш Исмоил ва Исҳоқ (Самуил ва Исаак) мебошанд ва дар “Тавроту” “Инҷил”, падари тамоми яҳудиён дониста шудаанд; дигаре Иброҳими Озар, ки на яҳудӣ буду на насоро ва нигоштаҳо аз гуфтаҳои Худованди якто ба ӯ тааллуқ дошт. Набояд аз дида дур дошт, ки дар “Таврот” ва “Инҷил” падари Иброҳим, яъне Авраам бо номи Форра (Оташ) ва дар “Қуръон” ба унвони Иброҳими Озар омадааст. Гумон низ меравад, ки вожаи “озар” ба Иброҳим бад – он хотир тахаллус шудааст, ки дар Оташи Намруд тори мӯйе аз худ кам накарда, аз он берун баромадааст ва Зартушт низ ба ҳангоми назди шоҳ Гуштосп намоён шудан, аз миёни кӯҳи оташ берун меояд.

Воқиф Алиакбаров ва чанде дигарон низ бар онанд, ки дар “Қуръон” и карим пиромуни ду нафар, вале бо як ном сухан гуфта шудааст: “Один из них – Авраам, другой Заратуштра и их следует различить. Тогда становится понятным соседство Ибрагим и Сириуса в суре “Звезда” – это фактически одно и то же. И конечно же Заратустра не был иудеем. Важно и то, что “свитики Ибрагима” обнаруживается в виде знаменитой книге зороастрийцев – “Авесты”.” (Яъне: “яке аз онҳо Иброҳим (Авраам), дигаре Зартушт ва боясти онҳоро аз ҳам дар тафовут дид. Дар он сурат ҳамдӯш будани Иброҳим ва Сирусро дар сураи “Ан – наҷм” метавон фаҳмид – дар асл ҳар ду яканд. Албатта Зартушт яҳудӣ набуд. Муҳим он аст, ки “Варақаҳои Иброҳим” дар шакли китоби машҳури зартуштиён – “Авасто” муайян гардидааст.) (В. Алекперов., “Возвращение Заратустры” ,“Б.Б”, 19.06.1999).

Бад – он гуна ки дида мешавад дар он ояи “Қуръон” вожаву таркиби “варақаҳо”, “саҳафоти Иброҳим”, ба сони “китоби Иброҳим” омадааст, ки андешаи жарфбинро ба ёдкарди китоби тоҷикони бостон “Авасто” равона мекунад.

Саранҷом метавон чунин бардошт кард, ки Зартушт ба масобаи яке аз паёмбарони барҷаста, нахустин густаришдиҳандаи тавҳид дар раванди дингустарӣ, рӯи ояҳои  китоби муқаддаси “Қуръон”, бо номи Иброҳим ёдкард шудааст. Ва гумон ба яқин аст  эҳтироми вижае, ки дархӯри Иброҳим аст обишхӯри боварӣ доштан ба Худои ягона мебошад ва Зартушт низ нахустин паёмбаре буд, ки яктову беҳамто будани худовандро эълом дошта, монанди Мусо ву Исо ва Луту Оду Самуд дар ибтидо аз боварии қавми хеш бархурдор нагардид. Нобоварии ибтидоии мардум ба раъйи паямбарони Худо дар сураи 17 (Ал Ҳаҷ), ояҳои 42, 43, 44 баён гардидааст. Аз ҷумла: “Ва агар кофирон уммати худро такзиб карданд (дурӯғгӯ донистанд) афсурдахотир мабош, ки пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Оду Самуд низ паёмбарони худро такзиб карданд”(42), “Ва ҳамчунон қавми Иброҳим ва Лут”(43). “Асҳоб бад – ин ҳама расулони худро такзиб карданд ва Мусо низ такзиб шуд…”(44)

Албатта он чи дар боло гуфта шуд фақеҳону динпаноҳони дини исломро қонеъ нахоҳад кард, зеро бад – он сон ки ёдовар шудем дар бораи зиндагӣ ва сирати шахсиятҳои бостоние чун Иброҳим, Мусо, Исо ва дигар паёмбарони яҳудитабор ривоятҳое дар даст доранд, аммо дар бораи Зартушт ва китоби “Авасто” ҳатто доштани бовариҳову довариҳо ҷоиз дониста намешуд. Чунон ки ошкор аст арабҳо аз дарёфтаниҳои фароторихӣ гурез доштанд, то ки гузаштаи нимваҳшиёнаи худ ва ҳамзамон фарҳангу пиндоштҳои диннии пешрафтаи иронитаборони бостон аз нигари мардум ниҳон монад.

Ва дар поён шояндаи ёдкард аст, ки мо тоҷиконро дар баробари як мусалмони воқеъӣ будан, донистани гузаштаҳои фароторихӣ ва бовариҳои дерини ниёконамон ҳатмиву муҳим аст, то битавонем дар миёни мардуми ҷаҳон бо ифтихор бигӯем, ки ҳафт пушти пешини мо диновар буданд ва ба рӯзгоре, ки арабро ғизояш “шири шутуру сусмору малах” буд, бобоёни ҳушманди мо аз Худои яктову беҳамто сухан мегуфтанд.

«Дар Қуръон Искандар ба ҷои Куруш зикр шудааст»
Дар ҳадиси паёмбари ислом, Муҳаммад (с) ишора гардидааст, ки «ман аз паси 8000 паёмбар, ки ниме аз онон аз бани Исроил буданд, ба нубувват мабъус (фиристода шуда) гаштаам». Донишманди Қуръоншинос Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ (1671 – 1732), дар «Қиссаҳои Қуръон» ин ҳадисро бозгуфта илова кардааст, ки «аз миёни онҳо 313 нафар, аз ҷумла Ҳазрати паёмбари хотим мурсал (фиристода) буданд ва ба саволи мизони китобҳои нозил шуда Ҳазрати расули акрам фармудаанд: Маҷмуан сад саҳифаву чаҳор китоб бар анбиё нозил гашт, 50 саҳифа бар Шис, 30 саҳифа бар Идрис, ва 20 саҳифа бар Иброҳим». (Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ, «Қиссаҳои Қуръон», Т. 1380, мутобиқ ба с. 2001, саҳ.23) Ва аммо китобҳои нозил шуда иборатанд аз «Таврот», «Инҷил», «Забур» ва «Қуръон».

Имом Содиқ бар он будааст, ки Худованд 144 ҳазор нафарро ба шарафи нубувват (пайғамбарӣ) барангехт. Ҳамчунин Имом Содиқ бар он будааст, ки Абӯзар бо пурсиши адади анбиё, аз расули акрам посух гирифтааст, ки шумори онҳо 320 ҳазор нафар буд.

Ин шумори зиёди паёмбарон касро ба андешае меоварад, ки аз чи бошад аксарашон аз қавми бани Исроил буда, китобҳои яҳудиёну насрониёнро нозил шуда донистаанд, вале чаро паёмбари порсиёни тоисломӣ Зартушти Спитамон, ки нахустин баёнгари тавҳид ва хиради азалӣ буд, ба ҷумлаи мурсилон дохил нагашт ва китоби порсиён «Авасто», ки дархӯри нахустин ҳикматҳои худошиносиву худшиносӣ, қоил будан ба ягонагии Худо, вуҷуд доштани дӯзаху биҳишт, пули Сирот (дар ойини зартуштӣ пули Чинвот, ё Чинот) ва соири ақидаҳои дингустариро меомӯзонад, аз нигари дини мубини ислом дур мондааст. Ба хиради инсонӣ бегона менамояд, ки китоби бузургу муқаддаси «Қуръон» аз шахсияти дар манишу куниши башар ислоҳоти куллӣ, (инқилоби андешаҳо) ҷорӣ карда, ёдкарде надошта бошад.

Ҳамин аст, ки якчанд пажӯҳандаи донои торихи динҳо гумон доранд, ки Ҳазарати Иброҳим ва Зартушти Спитамон бо бархе ҳамсониҳои саргузашташон як шахси торихӣ мебошанд.

Рӯи мақолаҳои пешини худ ёдовар шуда будем, ки дар қиссаҳову бовариҳои яҳудиён ва низ насрониён баргирифтаҳои зиёде аз торихи дингустарии иронитаборони бостон ҷой доранд («Нигоҳ», зери унвони «Зартушт диновар ва падари фалсафаи ҷаҳон.»), ки мутаасифона фақеҳони ислом аз ёдкарди иҷодгарони он ҳикматҳо лаб ба хомушӣ бастаанд. Аз ин ки рӯҳониёни мутаасиби арабгаро (бештар халифаҳои фошистмаоби аббосӣ), пайравону мубаллиғони фарҳанги арабӣ дар миёни бовариҳои диннии қавмҳои ғайриараб ақидаҳои зартуштии порсиёнро дар худогоҳии таборӣ нерӯманд медиданд, тамоми кӯшишу талош бар он равона доштанд, то зартуштиёнро бадсиголтарин ва бовариҳояшонро зишту кареҳ бознамоёнанд. Бад – ин манзур бовариҳои маҷусҳои калдониро моли зартуштиён эълом дошта, чанд ойини он мардуми ғайриориёиро, аз қабили издивоҷ бо модару хоҳари худ, амвот (ҷасади мурдаҳоро) ба лошахорон додан, бар хотири бузургдошти об танро бо об нашустан ва монанди он музахрафотро аз форсҳову тоҷикони тоисломӣ таъбир кардаанд.

Ҳамин нотавониҳои фақеҳону олимон аст, ки дар тафсирҳои худ ҳанӯз ҳам дар бозшинохти шахсияти Искандари Зулқарнайн ба гуногунандешиҳои аз ҳам ниҳоят дур роҳ дода, бархе онро Александр Македонский (чун Ал – Замахшарӣ), дигаре Ас – Саъаб бини Зийзон ал – Хумайрӣ (чун Ибни Ҳишшом ва Имом Ал Қуртубӣ) ва муфассирони дигар ба гунаҳои зидду нақиз тафсир кардаанд, ки пояи илмӣ надоштану норосту ғалат будани иддаояшонро донишмандони доно дарёфтаанд.

Дар «Қуръон», дар муҳтавои 16 ояҳои (83 – 98 ) сураи «Ал каҳф» (Ғор) аз ИскандариЗулқарнайн, ҳамчун шахсияти некхоҳу некрой, кишваркушову додхоҳи то ба канори замин сафар карда, бунёнгари садди оҳанини ҷилавгир аз ҳамлаи қавми бадхоҳи Яъҷӯҷу Маъҷӯҷ, ёд шудаааст.

Торихи Александр Македонскиро румиёну аврупоиён дар ҳазорон пажӯҳишҳову навиштаҳояшон равшан сохтаанд ва боре ба «зулқарнайн», яъне душоха будани ӯ нимишорае надоранд. Ва дар торихи ин истилогари даҳр аз сохтмони «садди искандарӣ» низ матлабе ба чашм намехӯрад. Аммо дар муқоисаи саргузашти Курӯши Бузург бо Искандари Зулқарнайни «Қуръон» ба як силсила ҳамсониҳо дучор меоем, ки онҳо дарёфтҳои танҳо инҷониб набуда, натиҷагирии мутолиаву мулоҳизаи донишпажӯҳони шинохтаи ҷаҳонӣ мебошанд. Яке аз он доноёни фарзона Абулкаломи Озод, пажӯҳишгар ва баргардонандаи «Қуръон» ба забони урду мебошад, ки натиҷагириаш бар пояи маводи ҳафриётии бостоншиносон устувор аст. Ин марди донишӣ навиштааст, «ҳангоме ки ман натиҷаҳои ҳафриёти бостонии Иронро бо маводи пажӯҳишии донишмандон омӯхтам, ҳама гумону тардидам аз байн рафтанд, зеро тасдиқи ҳафриёти бостонӣ (археологӣ) ин нуктаро ки Зулқарнайн ҳамон шоҳаншоҳ Курӯш аст, дарёфтам. Ин пайкараи сангини инсоне буд, рӯйи пой истода, дар сар тоҷи шоҳаншаҳӣ ба сони ду шох ва бозувони дорои пару бол, ки ба пиндори яҳудиён пиромуни душоха будани Курӯш мутобиқ буд. Яҳудиён ба Курӯш эътиқод ва меҳри беандоза доштанд, зеро шаҳаншаҳи Ирон онҳоро аз асорати садсолаи бобулиён ва ғурбат дар Месопотамия раҳонида, бо баргардонидани зару зевари рӯёндаашон, равонаи ватанашон Уршалим карда буд ва низ маблағе подош дода буд, то киништи марказии худро дубора бино кунанд. Ин аст, ки дар «Таврот», дар фасли «Дониёл», дар мавриди Искандари душоха, унвонии «ситоиш ба шоҳи ориёӣ», ҳамчун шоҳи додхоҳу додманиш нигоштаҳо омадааст. Сарчашмаҳои юнонӣ низ Курӯши Бузургро додхоҳ, бахшоянда ва башардӯст бозтоб намудаанд.

Дар ҳақиқат Курӯши Бузург дар миёни асри VI пеш аз мелод ба кишварҳои Бобулистон ва Ошур чираманд гашта буд ва бад – он сон ки дар ояҳои 86 ва 90 сураи 18 – «Ғор» омадааст, кишварҳоеро аз самти офтоббаромад (Шарқ) ва самти офтобнишин (Ғарб) ба ҳам пайвастааст; «Ва аз ту эй расул савол аз Зулқарнайн мекунанд посух деҳ, ки ман ба зудӣ ҳикояти ӯро ба шумо тазаккур хоҳам дод. Мо ӯро дар замин тамаскун (ҷойгоҳ) бахшидем ва аз ҳар чизе риштае ба дасти ӯ додем, то ҳангоме ки дар сайри худ Зулқарнайн ба мағриб расид; ҷое ки хуршедро чунин меёфт, ки дар чашмаи оби тирае ғуруб мекунад.» (ояи 86) «…Зулқарнайн боз бо ҳамон васоилу асбоб сафарро идома дода ва таъқиб кард, то он ки ба машриқзамин расид.» (ояи 90)

Аз торих маълум аст Александр Македонски ҳаргиз ба самти ғарб (офтобнишин) ҳамлавар нашуда буд, вале Куруши Бузург ба кишварҳои зиёди самти ғарб ва шарқ чираманд гашта буд.

Дар адабиёти форс – тоҷик ва дигар кишварҳои мусалмонӣ оид ба «Садди искандарӣ» ёдкардҳои зиёде ба чашм мехӯранд, вале торихнигорони сарнавишти Александр Македонски аз ин мавзӯъ чизе нагуфтаанд. Аммо дар адабиёти румиву аврупоӣ ба таркиби «Ойинаи искандарӣ», ишораҳо фаровонанд, ва дар ин мазмун ривояте доранд, ки мабни бар он бо амри Александр Македонски дар халиҷи (дарёи Эгей) назди бошишгоҳаш, рӯйи пояи баланд оинаи калони мисинеро насб мекунанд ва дидбонҳо ҳаракати киштиҳои душманро аз инъикоси он оина мушоҳида мекарданд.

Дар нигари бархе донишмандони доно қавми «яъҷӯҷу маъҷӯҷи» дар «Қуръон» ёдовар шуда қавмҳои рамагарди бодиянишин дониста шудаанд. (Дар ояи 91 сураи «Ғор» зикр гардидааст, ки «… то расид Зулқарнайн миёни ду садд, он ҷо қавмеро ёфт, ки сухане фаҳм намекарданд.») Аз ҷумла тафсиргари китоби «Қуръон» (чопи Теҳрон), ҷаноби оқои Маҳди Илоҳии Қумшаӣ дар матни тафсирии худ, миёни қавсайн сарзамини миёни ду кӯҳеро, ки дар он қавми яъҷӯҷу маъҷӯҷ ҷойгир буданд, «кишваре дар шимоли ҷанубии интиҳои Туркистон», номидааст. Ин далел низ бозгӯкунандаи саргузашти Куруши Бузург аст, зеро равшан аст, ки шаҳаншоҳи Ирон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои пай дар пайи бодиягардон то ба саҳроҳои Чин (муғул) лашкаркашӣ мекунад.

Ин далели равшанро донишманди дар оғози ин навиштор ёд шуда, ҷаноби Абулкаломи Озод низ таъйид кардаанд. Аз нигари ин пажӯҳишгари доно қавми яъҷӯҷу маъҷӯҷ биёбонгардони кӯчии ваҳшие мебошанд, ки ҳафт маротиб ба сарзаминҳои ғарбиву ҷанубӣ дарафтодаанд: «Мо метавонем боҷуръат таъйид намоем, ки ақвоми зери фишори ваҳшиёнаи бодиягард қарор гирифта аз Куруши Бузург хоҳиш кардаанд то барояшон садде бисозад. Торихнигорони Чин бар онанд, ки қавми «юваси» дар он саҳроҳо буду бош доранд ва касбашон раҳзаниву тохтутоз мебошад ва калимаи «ю -васи», ба шеваи забони оромӣ ба гунаи «яъҷӯҷ» тағйири шакл кардааст.»

Бад – ин тартиб метавон сари чунин натиҷагирӣ гуфтугӯ кард, ки Искандари Зулқарнайни дар китоби «Қуръон» ёд шуда, на лашкаркаши румии вайронгари кохҳову ободиҳои Ирони Бузург ва на кадом араби бенишону ноаён, чун Ас – Саъаб бинни Зайзонии мисрӣ буда, балки гумон ба яқин аст Куруши Бузург, сарвари донои ирониён, (форсиёну бохтариёну суғдиёну хоразмиён), нахустин бунёнгузори шоҳаноҳӣ дар паҳнаи дарёи Уммон – халиҷи Форс, то марзҳои Чин, нахустин муаллифи Эъломияи Ҳуқуқи Башар, мебошад.

Ғалабаи тундии туркӣ бар нармии тоҷикӣ
Ҷойи шак нест агар гуфта шавад, ки миллати тоҷикро мебояд дар пайи боззоии андешаи миллии худ талоши паййгиронаву ҷиддитаре дошта бошад. Борҳо гуфтаем ва боз хоҳем гуфт, ки ҳама даъватҳо ба гунаи «бознигарии миллӣ», «худогоҳии миллӣ», «хештаншиносӣ», «худогоҳии таборӣ» бад – он сабаб ба миён омадаанд, ки тоҷикон дар қиморхонаи торих ҳамаро, аз ҷумла андешаи миллии хешро бохтаанд. Аз ин бохти маргбори миллат дар солҳои 60 – 70 асри гузашта чанд бедордили ангуштшуморе, чун Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Валӣ Самад садо баланд мекарданд ва танҳо чандсад равшандили дигар ба он гӯш фаро медоданд, гуфтаҳоро дуруст дармеёфтанд, аммо аз бими режим ва дастнигарӣ ба бегонагон наметавонистанд сухане озод бигӯянд. Имрӯз ба шарофати истиқлолият, ки бедуни кадом муҳобот аз натиҷаи наъраи дигарандешони Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне аз Тарковскиву Солженитсин то Бозор Собиру Лоиқу Тоҳири Абдуҷаббор ба тоҷикон арзонӣ шудааст, мо метавонем дар роҳи бозшинохти хостҳои миллии худ пой устувор гузоштаа, ба хештани хеш баргардем. Аммо андешаи миллии мо, ки онро бо баҳонаҳои интернатсионализми коммунистиву диннӣ рабуда буданд ва решаҳои рӯ ба хушкӣ ниҳодаи онро диловарсароне хостанд об диҳанд, имрӯз гирифтори заҳрпечакҳо ва алафҳои ҳарзаи аз кишварҳои бегона ворид карда гаштаанд. Имрӯз аз кишварҳои Туркияву Русия, Амрикову Чин анбӯҳи маводи дидориву шундорӣ (аудиовидеоӣ), ба мулки мо сарозер шудааст, ки ғолибан ба ҳадафҳои тира сохтани худнигариҳои қавмҳои дигар ва тобиши бартариҳои худ бофта шудаанд.

Ончуноне ба чашм мехӯрад, аз миёни ин маводи видеоӣ, дили мардуми тоҷики андакхондаро аз ҳама беш филмҳои туркӣ ба худ ҷалб кардаанд, ки ноком аз арзиши адабиву бадеӣ, сирф бар ҳадафи меҳрварзӣ ба маниши туркӣ, аз ҷумла зӯровариву хушунати туркӣ бофта шудаанд. Шояд хонандаи гиромӣ пай бурда бошад, ки зимистону баҳори имсол ҳатто дар соатҳои хомӯшсозии барқ оилаи тоҷик бо нархи гарон бензин харида, бо кор гирифтан аз мотори бензинии барқӣ қартаҳои филмҳои туркии «Ҳомиён» ва «Водии гургҳо» ро давр медоданд. Филмҳои «Ҳомиён» (дар ҳаҷми 24 бахш) ва «Водии гургҳо» (дар ҳаҷми 38 бахш), ки идомаашон ҳанӯз ҳам дар ҷараёни сабт аст ва тоҷикон ҳар рӯз аз 3 то 6 соат рӯй сӯйи онҳо доранд, бо эҳтимоми студияи «Ҳамсадо» ба тоҷикӣ баргардон ва пахш гаштааст. Албатта мо огоҳӣ надорем дар пушти ин студия, унвонии «Ҳамсадо» чи касоне ҷой гирифтаанд, ки хешро пайваста «Ҳамсадои дили шумо» муаррафӣ карда, ҳамзамон дар синаи бинандагонаш тухми бераҳмӣ, бадкирдорӣ, нокасӣ ва соири кирдори ваҳшиёна мекоранд. Ин филмҳо дар баробари бознамоёндани адолатпарварии кишвари Туркияи усмонӣ, дар симои қаҳрамонони додхоҳе чун Йигит («Ҳомиён»), Пӯлод, Искандари Бузург (чи номи торихии «адолатпарваре», аз филми «Водии гургҳо»), шеваи ваҳшиёнаи интиқомгирии туркиро бозтоб мекунанд, ки ҳамсони барбарияти фошистони ҳитлерӣ мебошанд ва ногуфта намонем, ки он интиқомҷӯён қаҳрамонони мусбии филмҳои ёдшуда мебошанд. Қаҳрамонони ин филмҳо дандонҳои (орвораҳои) душмани худро бо анбур берун мекашанд, рақибонашонро дар ҳуҷрае баста, хонаро оташ мезананд, бар сару тани душмани худ бензин рехта, ҷисмашро чун ҳезум месӯзонанд, сари мухолифонашонро бо табар аз тан ҷудо мекунанд ва шеваи оддитарини муносибаташон бо асирон иборат аз бурридани гӯш ва ба ҳангоми истинтоқ заҷру азоб додан бо қувваи барқ мебошад. Вижагии дигари ин филмҳо дар он аст, ки бахши зиёде аз занони интиқомҷӯйи туфангча ба даст, ғолибан сатр ба бар доранд.

Дигар имрӯз мавзӯи суҳбати бонувони хонаву бозор зиндагии ашрофонаи туркҳои усмонӣ ва зебоии сурату сирати ин мардум аст. Қаҳрамони даврон ва чуноне гуфтаанд шаҳриёри дили дӯшизаҳои қадрас ҷавони турки хушсару либос шудааст. Ҳатто бархе забондонону фалсафафурӯшон, пас аз тамошои наворҳои туркӣ, он шеърҳои классикони адабиёти форс – тоҷикро, ки ишора ба бераҳмии туркон доранд, ҳамчун баёнгари зебоиву дилрабоии туркон тафсир кардаанд. Чунончи аз гуфтори унвондори болонишине шунидам, ки дар байти машҳури ғазали Ҳофиз «Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро», гӯё «турки шерозӣ» ба маънии туркони шерозанд, ки хеле зебоянд ва ба қавли ишон умуман халқи турк ниҳоят зебост. Мо албатта ба он унвондори андакхонда гуфтем, ки дар замони Ҳофиз дар Шероз як нафар турк ҳам пайдо намешуд ва Лисонулғайб вожаи «турк» ро ба душизаи шерозӣ бад – он ҳадаф пайвастааст, ки ӯ ба сони туркон бераҳму шафқат аст ва агар он зебои Шероз дили шоирро ба даст меовард, ҳамин ду шаҳри тоҷикнишинро ки дар он замон туркон барои ба даст оварданашон, бо сардории Темури ланг тоҷиккушӣ карда буданд, бедуни кадом қатли ом, ба як холе мебахшид.

Шояндаи ёдкард аст, ки дар мавриди чеҳраи тоҷикона ва рӯйи туркӣ мо ҷустори алоҳидае дорем, ки онро дар оянда пеши дидори хонандагони «Нигоҳ» хоҳем овард, аммо пиромуни симои аврупоимонанди туркон мехоҳам ёдовар шавам, ки дар сарзамини имрӯзини Туркияи усмонӣ давлатҳои бузурги Бизонс (Византия) – Рум ҷойгир буданд, ки аҳолиашон аврупоинажод ва бовариҳояшон насронӣ буд. Пас аз забти туркон, ин сарзамин бо марказҳои фарҳангиаш тағйири ном карда, мардумонаш забону ҳуввияти миллии хешро аз даст доданд ва онҳоро ба гунаи туркӣ иваз намуданд.

Аммо ба унвондорону дастандаркорони тоҷик чи гуна бояд фаҳмонд, ки имрӯз дар тафовут бар рӯзгори Ҳофизу Темури ланг чирамандашавӣ ба Самарқанду Бухороҳову Хуҷанду Душанбеҳо шеваву усулҳои дигари соддаву осонтар, вале маккоронаву фиребанда ба худ касб кардааст. Бисёре аз мӯягарони турксозии тоҷикон бар он боваранд, ки дар пушти мизҳои 7 адад литсейҳои тоҷикиву туркии кишвар андешаи миллии ҷавонони тоҷикро рабуда, аз онҳо раҳимбоевҳову файзуллохоҷаевҳои миллатфурӯши нав ба воя мерасонанд. Дар нигари нахуст гӯё дар он литсейҳо касе ҳадафманд нест, ки аз тоҷикон турктарошӣ кунанд, зеро сухане аз пасмониҳои фанниву фарҳангии тоҷикон ва бартариҳои туркон ба лаб намеоваранд, аммо онҳо ин корро бо шеваи дигар, ҳар лаҳза таъкид мекунанд. Устодони ин дабистонҳои муштарак ғолибан ҷавононе мебошанд хушчеҳра, ботамкину дорои ахлоқи ҳамида, дар омӯзондани компутар ҳунарманд, аз аҳволу орзӯву ормонҳои шогирдон бохабар. Агар навҷавонии хешро ба ёд оварем, ҳар кадоми мо орзӯ доштем аз худ бузургтар дӯсте дошта бошем раҳнамову ҳомӣ ва ҳамандеша. Устодони дабистонҳои тоҷикиву туркӣ барои шогирдонашон аз чунинҳоянд, на мисли устодони имрӯзини мактабҳои тоҷикӣ: омир (амркунанда), хашенгуфтор (дағалгӯ) ва гирифтори як силсила хислатҳое, ки навҷавонро аз худ мегурезонад. Илова бар ин шумори бештари муаллимони мактабҳои тоҷикиро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки гоҳе бачаҳо маҷбуранд дар гуфтору рафтор ба онҳо пайравӣ кунанд. Ҳамин аст шевае, ки литсейҳои тоҷикиву туркӣ андешаҳои навҷавононро ба сӯйи худ мебаранд. Шеваи дигари андешаи тоҷиконро ба сӯйи худ бурдани туркон, роҳ ёфтан ба дилҳо аз роҳи дингустарӣ, ё худ суннигарӣ мебошад. Дар ҳамон наворҳои дар боло ёд шуда, турк ҳар замон гаштаву баргашта «аллаҳ, аллаҳ», «вах – вах аллаҳ, аллаҳ», ба забон оварда, тақводории хешро таъкид мекунад, ки аз ин ба истилоҳ «пойи динпаноҳони тоҷикро об мебарад». (Ба вижа дар ин рӯзгоре, ки ҳизби исломии Туркияро пуштибонони фарангиашон бар сари қудрат овардаанд). Ва ё дар маркази кишвар тарабхонаи туркиро бино мекунанд, бо манъи нӯшокиҳои алкулӣ, унвонии «Мерве», на бо шеваи тоҷикӣ – Марва, бар ҳадафи чунин таъкиде: яъне, бубинед кишвари мо ҷойгоҳи риояти аҳкоми шариат аст… Дар оромгоҳи Мавлонои тоҷик, Қуния низ андешаи мардум майл бар шеваи туркгароиву суннимазҳабӣ равона шудааст. Чунон ки ошкор аст дар он ҷо тариқати навини тасаввуф эҷод шудааст, бо вижагиҳои тасаввуфи класссикӣ, рақси самоъ, вале бо шеваи туркӣ; пеш аз ҳама фаромушӣ аз гавҳари аслии “Маснавӣ”, яъне забони форсӣ, забони модарӣ – забони андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Воқеан, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пас аз қиёси маниши точикӣ бо туркӣ, дар «Маснавии Маънавӣ» гуфтааст:

Як ҳамлаву як ҳамла, омад шабу торикӣ,

Тундӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ.

Ва ин нармии тоҷикӣ бад – он гуна фарогири курсинишинон аст, ки туркҳо дар синаи Тоҷикистон меҳмонсароҳо бунёд мекунанд, бо унвонгузорӣ ба гунаи туркӣ, яъне «ҲЕЯТ», на Ҳаёт. Бад – он сон ки русҳо бо вуҷуди доштани ҳарфи «ф», бо роҳи Фархорро ба гунаи Пархар ва Кӯлобро бо Куляб талаффуз кардан, қасдан тоҷиконро таҳқир карда, бартарияти худро таъкид мекарданд. Бад – ин тартиб туркҳо дар ин кишвари нармтабиатон наворҳои видеоиеро пахш мекунанд, ки дар кишвари худашон, ба иллати пешгирӣ аз таблиғи зӯроварӣ, интишорашон «қатаған» (манъ) аст. Аммо актёрҳои дублагари тоҷики ТВ «Сафина» он наворҳои музахрафи хатароварро мазза карда ба тоҷикӣ баргардондаанд, ки пайдост бо иллати дар оғози ин навиштор гуфтаамон, яъне бинобар бохти асолати миллӣ ва чун маъмурони нигаҳбонии маънавиёти миллат, ки худ гирифтори худноогоҳии милливу таборӣ мебошанд, дарвозаҳои кишварро барои воридшавии василаҳои андешарабои душманони фарҳангу забони ин мардум кушодаанд.

Ва ин ҳама намоиши бартариҳои дигарон, ба вижа бартариҳои туркон ба ҷомеаи тоҷикии мо, ки метавон гуфт равшанандешонаш дар пайи дарёфти тамаркузи (консолидатсияи) миллат мебошанд, ниҳоят осебпазир аст. Агар пурсише ба миён ояд, ки «чаро маҳз бартарии туркон?», метавон чунин посух дод: чун мо тоҷикони зиёде дорем, ки ба ҳангоми ҷустуҷӯи шаҷараи насабии (генеалогии) худ, ё чуноне мардуми мо гӯянд «кундаи худ», гузаштагонашонро аз қабилаҳои туркии аз даштҳои Қипчоқ ба Вароруд сарозер шуда меёбанд. Ва ин табиист, зеро масалан дар мавзеъҳои ҷуғрофиёие чун Қипчоқ, Турконӣ, Турко, Муғулҳо, Лақайбегӣ (водии Кӯлоб) ва монанди он дар водиҳои дигари Тоҷикистон ба воя расидаанд. Ончуноне ба нигар мерасад имрӯз забон, расму ойин ва соири вижагиҳои этникии онҳо пайванде ба туркӣ надошта, комилан тоҷикианд. Ҳамзамон онҳоро, ки колбуди ҳафт пушти пешинашон олудаи туркӣ буд, ба ҳар он чи туркист бо чашми меҳр менигаранд ва дар талоши пайравӣ бо аждодон, фарзандони хешро низ дар донишсароҳои туркӣ дарс меомӯзонанд.

Бад – ин тартиб бахше аз тоҷикон, бинобар реша дар уруқи туркӣ доштан, дилашон ба хаёли гавҳари тоҷикӣ тапиши самимона надорад ва ҳар лаҳза омодаанд асолати ирониву тоҷикиро бо туркӣ иваз кунанд. Чуноне борҳо ба мушоҳида расидааст онҳо ғолибан бо камоли майл аз тоҷик будан ифтихор мекунанд, вале аз иронитаборӣ ва ҳамрешагӣ бо ирониёну форстаборони Афғонистон парҳез доранд.

Шумори дигари тоҷиконе низ ба чашм мехӯранд, ки чун хешро ишону сайидзода пиндошта, гумон доранд шаҷараи насабиашон ба пайғамбари ислом (с) мерасад, ба асолати ирониву тоҷикӣ самимият надоранд ва дар нигари ин тоифа забону шеваи зиндагии арабӣ бар форсӣ бартарӣ дорад.

Ҳамчунон иддае аз узбакони кишвар, ки дар шиносномаҳо хешро «тоҷик» унвон додаанд, шояд барои худро фаротар аз мардуми тоҷик бознамоёндану ба дунёи сивилизатсия наздик вонамудан, бо вуҷуди донистани забони тоҷикӣ, бо ин забон гап заданро ор дониста, бештар бо забони русӣ гуфтугузор мекунанд.

Шумори зиёди тоҷикон низ дорем, ки ояндаи дурахшони фарзандони худро дар донистани забон ва фарҳанги урусиву амрикоӣ дида, дилу дасту андешаи ҳанӯз шакл нагирифтаи ноздонаҳои хешро ба дасти дабирони русӣ, амрикоӣ ва ҳатто чиноӣ месупоранд. Дар ин росто бояд пурсид, ки магар барои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ боясти ҳатман дар дабистонҳое омӯзишу парвариш дошт, то андешаи русиву ғарбӣ бар тоҷик чираманд бошад? Чаро чунин дабистонҳо дар кишвари ҳамзабонону ҳамкешонамон, дар Ирон вуҷуд надоранд, вале ҳар шахси босаводи ин кишвар инглисиро медонад?! Чаро дар дабистонҳои «Русская школа» (Мактаби русӣ), «Инглиш интернешнл скул» (Мактаби байналмилалии инглисӣ), «Русско – таджикский славянский университет» (Донишгоҳи русӣ – тоҷикии славянӣ), ҳатто дар унвонгузории донишсароҳо вожаҳои славянӣ, туркӣ ва инглисӣ ба таъкид оварда мешавад?!

Мебояд аз маъмурони ноогоҳу асолатбохтаи гумрук, аз пахшгарони фарҳанги зӯроварӣ ва андешарабоёни асолати тоҷикӣ, ки дар студияи «Ҳамсадо» фаъолият доранд пурсид, ки дар қиболи чӣ ва дар ҳамкешиву ҳамёрӣ бо кадом тоҷикбадбинон чунин маводи хатарзоро дар саросари кишвар пахш кардаанд?

Воқеан, рафиқе гуфта, ки бахше аз кормандони студияи «Ҳамсадо» омӯзондаҳои литсейҳои тоҷикиву туркӣ ва дипломдорони донишкадаҳои Истамбулу Анқара мебошанд. Ин дархӯри маъниест, ки дарахти дирӯз сабзондаи донишсароҳои самти туркӣ дошта, имрӯз гул кардаанд ва дар ҷараёни бороварии меваҳои талхи тоҷикгурезиву форсиситезӣ мебошанд.

Набояд аз дида дур дошт, ки миллати тоҷики масъунияти (иммунитети) миллии худро аз даст дода, бояд ба хурдтарин омезишҳо, аз ҷумла омезишҳо бо фарҳангу забони бегонагон эҳтиёт варзад, ҳамеша ин нуктаро пеши дидор дошта бошад, ки ин 5 – 6 миллион нуфуси камтарин метавонад дар ғори беҳудуди бузургманишони мағрибиву машриқӣ фурӯ равад.

Гар номи мо надонанд…
Моҳи гузашта як ҳайати 12 нафараи олимони Тоҷикистон ба Машҳади Ирон, барои ширкат дар ҳамоиши донишпажуҳон зери унвони «Ҳазораи Шоҳнома» рафта буданд. Чун банда мақоланавиc, ё пажуҳишгари ғайрирасмӣ мебошам, барои иштирок дар ин ҳамоиш лоиқам надонистанд. Албатта, заррае ҳам нороҳат нашудам, гарчи дар миёни 15 соли ахир беш аз 20 мақола бо диди нав пиромуни ин шоҳкори беҳамто интишор намудаам ва тавре маълум аст, маҳфили «Шоҳномахонӣ» низ бо ҷавонони ҳушманд баргузор мекунам. Ин ҷо маро навиштаи Убайди Зоконӣ таскин мебахашад, ки гуфтааст:

Гар номи мо надонанд, бигзор то надонанд,

Гар ҳеҷамон набошад, бигзор то набошад.

Бо хор хуш бароем, гар гул ба даст н-ояд,

Бо хок раҳ бисозем, гар бурё набошад.

Ҳарчанд, бандаро дар Тоҷикистон барои сафар ба ин ҳамоиш лоиқ надониста бошанд ҳам, аммо ду ҳафта пас аз баргузории он ҳамоиши «Шоҳномашиносон», дар Машҳад як ҷилд маҷмуаи мақолаҳо бо унвони «Шохномапажӯҳ», дар ҳаҷми 432 саҳифа ба чоп расид, ки дар баробари мақолаҳои пажӯҳандагони шинохтаи Ирон, Ҳиндустон ва бархе кишварҳои урупоӣ, аз Тоҷикистон танҳо се мақолаи инҷонибро, бедуни камтарин талошу хоҳиш аз тарафи банда нашр кардаанд, ки ба рости ниҳоят миннатдор шудам ва бори дигар ба нуктасанҷиву арҷгузории ба андешаи нави бародарони иронӣ қоил шудам.

Булбуле, ки лонаи ҷовидона дар дилҳо дорад
(Идомаи матлаби “Кош, Аҳмад Зоҳире медоштем”)

Манзури банда аз ёдоварии ошуфтагиҳои дар боло оварда ба заҳмати омӯзиш ва тавре ки Аҳмад Зоҳир гуфтааст «…ба абдоъ ва ибтикор» даъват кардан аст. Ва ӯ сирф бо бедорхобиҳо, мутолиа , омӯзиш аз устоди пуртаҷриба, ба дили соҳибзавқон роҳ ёфтааст. Устодаш Фазлаҳмади Найнавоз, ки на танҳо дар синну сол аз шогирд 25 сол бузургтар буд, балки маҳорати фавқулодда дар навохтани саксафон, клорнет, труба, най ва ғайра дошт. Аммо дар кишвари мо гӯё дигар арзише ба устодиву шеършиносӣ намондааст ва чун ин ошуфтагиҳои ҳунарӣ ба василаи дастгоҳҳои моҳвораӣ ба ҷаҳон пахш мегарданд, касро дар назди ҳамтаборони ирониву афғонистонӣ озарму шармаш меояд, ки нуктасанҷони он кишварҳо, шарикони ҳунару адабиёти форсиву тоҷикиамон ба ҳунармандии беҳунарон метавонанд дар ҳайрат монанд.

Набудани нақди адабӣ, вуҷуд надоштани таҳлили мӯҳтавои расонаҳои хабарии ҳамагонӣ, аз ҷумла телевизион, ба вайронии бунёди фарҳанги асил меовард. Набояд ҳар тоза аз роҳ расидаро, ки алифбое аз ҳунар намедонанд, ҳанӯз марҳилаеро нагузашта, лақаби «хонандаи сол», дода, ҳазёнхониеро «суруди сол» донист ва онҳоро гаштаву баргашта аз шишаи телевизион нишон дод, зеро ин амр ниҳоят зиёнбор буда, ба ҷавҳари ҳунар зарба мезанад. Вақте ягон болонишини соҳиби завқи маҳдуд аз фалон овозхони мутаввасит ва ҳатто камҳунару беистеъдод хушаш омадааст ва шоме базми ӯро гарм кардааст, ба ҳар восита ӯро ҷилвагари оинаи нилгун, саҳифаҳои рӯзномаҳо ва саҳнаҳои калон мекунад, ному ҳиммати фарҳанги як миллатро паст мезанад. Пас, донишмандону фарҳангмандони чирасухан набояд дар интиқоду таҳлили барномаҳои ҳунарӣ истиҳола кунанд. Бояд эҷодкорона пазируфтани танқид, дидани ҳусну қубҳи андӯхтаҳои худ ва ислоҳ кардани онро омӯзонд, то чизи нобу тозае ба фарҳанги мардуми тоҷик зам гардад. Бояд дар ситоишу унвонбахшии ҷавонон ба саросемагӣ роҳ надод, чунки аз болобардориҳои бармаҳал, ҷавон мағрур гашта, ба истилоҳи Аҳмад Зоҳир «пеш аз пухта шудан, мешиканад».

Мағрур нагаштан яке аз пояҳое буд, ки шӯҳрату маҳбубияти ӯро дар худ такя дода буд. Ончуноне худи ӯ ба такрор гуфта буд: «…ғурури ҳунарӣ, шикасти ҳунариро бор меоварад. Дар кори ҳунарӣ рақобат созанда аст, аммо машрут ба ин ки ин рақобатҳо салим бошанд, на ҳасодатомез …». Ва онҳое, ки медонистандаш гуфтаанд, ӯ худ ба ҳеҷ кас ҳасодат намеварзид ва дилаш пур аз меҳри инсонҳо буд.

Аҳмад Зоҳир савдогариро аз ҳунар ҷудо карда буд. Яке аз дӯстонаш дар маҷаллаи «Овоз» навишта буд: «чун барои дилаш ва барои ҳунараш нағма сар медод, ҳунараш дар дил менишаст ва занг аз дил мезудуд». Ба рости ӯ шоу-бизнесро намепазируфт ва дар тӯйҳову нишастҳои бемоягон сурӯдхониро аз мақоми хеш поён ва таҳқир медонист. Шефтагони ҳунари Аҳмад Зоҳир то ҳанӯз бар ақидаҳои мухталифанд, ки чаро видеофилмҳояш ба мерос намондааст?!

Дӯсти донишманди мо Султони Ҳамад нақли Забеҳуллои Амонёр – яке аз азизони ӯро овардааст, ки мутобиқи он боре ба иллати нотавонбинии маъмури кажниҳоду бехиради телевизиони Кобул, имконияти сабти видеоии Аҳмад Зоҳирро аз даст дода буданд. Ин боре буд. Аммо ба таври умда ӯ барои сабти видеофилмӣ комилан талош надошт. Ба хубӣ дарк мекард, ки нобиғаи ӯ ба таблиғу реклама эҳтиёҷ надорад. Медонист, ки аз нишондиҳии пай дар пайи филмӣ, қадри ҳунарманд мекоҳад, ба тадриҷ боиси дилсардии ҳаводоронаш мегардад.

Аҳмад Зоҳир дар баробари ба мутолиаи китоб бахшидани соатҳои зиёди умри кӯтоҳи хеш, аз дастаи оркестри худ низ, ворид шуданро ба мӯҳтавои шеър дархосту талаб дошт. Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо рӯзноманигорони маҷаллаи «Жувандун» гуфтааст: «…дар мавриди оркестр сахтгириҳое дорам. То ҷойи имкон оркестри ман бояд муҷаҳҳаз бошад..» Сахтгирии ӯро бо навозандагони оркестр, аз як касетаи маҷлисиаш, ки назди мо маҳфуз аст, метавон пай бурд. Агар возеҳтар бигӯем, ҷараёни тамрини дар он касета сабт шуда, на сахтгирии як устод ба шогирдон, балки ташреҳи маънии як ғазал аз тарафи рафиқе ба рафиқони ҳамсабақи дигар аст. Ин сабти маҷлисӣ, ба таври зайл омадааст:

Аҳмад Зоҳир бо ҳамкоронаш мегӯяд: Назимҷон, нав як чизи нав сохтем…, ҳамира сабт кунем, ёдимон нарава. Шеъриш мақбул аст гӯш кунин:

Ман дар ин вайрона манзил, ганҷҳо гум кардаам,

Мурғи дилро ман ба тӯфони бало гум кардаам.

Шеъриша гӯш кунин:

Ман яке гум кардаам к-ам дар ҷаҳонам то абад,

Гар намешуд куфр мегуфтам, худоро гум кардаам.

Ва ин ду байтро гаштаю баргашта мехонад, оҳангашро бо аккордеон менавозад, таъкид мекунад, ки ибораи «киам», ба хотири риояи вазн, бояд «к-ам», хонда шавад.

Аҳмад Зоҳир ба ҳама созҳои мусиқии ба истилоҳ шарқиву ғарбӣ пайванде дошт ба сони гирифтори як ошиқи гулҳо дар гулистони шугуфаҳо, аммо дар нигари мо ин булбули  беҳамто чун соҳирони ҳунари ҷаҳонӣ Раҷ Капур, Ҳенрико Массес меҳри вижае ба аккордеон дошт. Ва ҳамин буд, ки ғолибан бо аккордеон таронаҳои тозаашро тамрин мекард, гаҳ – гоҳе бо сози аккордеон дар саҳна намоён мешуд. Дар ин ҷо мехоҳам хаёли хонандаи гиромиро ба як таронае равона созам, ки дар он нолаи ҷигарсӯзи аккордеон аз гулӯи тиллоии Аҳмад Зоҳир, чунин сатрҳои ҳушбарандаро ҳамроҳӣ мекунад:

Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад,[1]

Ҳар ҷо, ки диле бошад, дар доми бало уфтад.

Охир чи зиён уфтад султони мамоликро

Кутоҳназаре рӯзе бар ҳоли гадо уфтад.

Ногуфта нагузорем, ки мутобиқ кардани мазмуни шеър бо оҳанг ва он ҳам оҳанги эстрадӣ, ҳунари баландтар мехоҳад. Инҷониб барои худ як касетаи якунимсоатаи аудиоӣ таҳия карда будам, ки дар он 9-сурудаи овозхонҳои машҳуртарини ҷаҳониеро гирд овардаам, ки Аҳмад Зоҳир низ он хонданиҳоро ба форсӣ мутобиқ сохта, яъне шеъри баёнгари он мазмунро пайдо карда, хондааст. Он чи мехоҳам бозгӯ кунам ин аст, ки гӯши касе ба қабули мусиқии ноб қодир бошад, бартарии овози мамдуҳи моро дармеёбад. Дар касет мо хонданиҳои фаронсавиҳо, Ҳенрико Массес (ва вариантҳои форсии Аҳмад Зоҳир, «О диторам, диторам…», «Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман …», Шарл Ознаур (варианти Аҳмад Зоҳир «Дигар ашкам марез…», воқеъан бо ин оҳанги фаронсавӣ бисёр овозхонҳои рус суруди «Дорогой длинною» ро хондаанд), тенори бузурги итолиёвӣ Марио Лантс (варианти Аҳмад Зоҳир «Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ…»), ногуфта намонад, ки оҳанги марғуби ба классика шомил шударо, қариб ҳамаи овозхонҳои машҳури дунё, аз ҷумла тенорҳои барҷаста Пласидо Доминго, Лучано Паваротти ва овозхони машҳуру нотакрори эстрадаи Испаниё, Хулио Иглесиес хондаанд. Дар он касета инчунин аз оркестри Пол Мариал (варианти Аҳмад Зоҳир «Танҳо шудам, танҳо…» – ин таронаро шодравон Кароматулло Қурбон низ, дар пайравӣ бо ӯ хондааст), сурудаҳои оҳангсозону овозхонони машҳури Ҳиндустон, Мукеш («Чарлакило», бо вариантҳои ҳам ҳиндӣ ва ҳам форсии Аҳмад Зоҳир («Чашм ба роҳат, дил ба ёдат гиря кардам», «Ман нагӯям ки маро аз қафас озод кунед…», Муҳаммад Рафӣ, «Ма шаир ту наҳӣ», аз кинофилми «Бобби»). Инчунин дар касетаи мазкур валси машҳури русии «Мавҷҳои Амур»- оҳанги дӯстдоштаи Раҷ Капур, ки дар аксарияти кинофилмҳояш, аз ҷумла «Ҷаноби 420», «Сангам», «Исми ман ширинкор», «Бобби» ба кор бурдааст, ба варианти бастабандӣ кардаи Аҳмад Зоҳир омадааст. Ин оҳанги марғуб бо ғазали машҳури Ҳофиз, метавон гуфт, гул кардааст.

Душ аз масҷид сӯи майхона омад пири мо,

Чист ёрони тариқат баъд аз ин тадбири мо.

Дар мавриди бастабандии моҳиронаи таснифи мазкур мехостам чунин илова кунам, ки пажӯҳишгарони ашъори Ҳофиз тасбит кардаанд, мундариҷаи ин ғазал ба қиссаи маъруфи Шайх Санъони Фаридаддини Аттор иртибот дорад. (Шайхи бузурге, ки ба хотири ишқи духтари румӣ тарки намоз карда, ба дини насронӣ гароид. Шайх  ба хоҳишҳои муридонаш эътибор намедиҳаду пас аз мудохила аз олами улво, дубора ба ислом бармегардад). Ҳангоми бодиққат гӯш кардани ин тарона, шахси аз адабиёти классикӣ огоҳ, ба нобиғаи Аҳмад Зоҳир қоил мешавад. Зеро ки сӯфиён, ҳангоми рақси «самоъ», мисли «валс» чарх мезананд. (ҳатто фарзияе мавҷуд аст, ки мабни бар он урупоиҳо валсро аз рақси самоъи тариқати тасаввуф баргирифтаанд.) Ва дар ин ҷо низ валси «Мавҷҳои Амур» дар ғазали Хоҷаи Шероз воқеан масту махмуркунанда гаштааст:

Мо муридон рӯй сӯи қибла чун орем, чун ?

Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад пири мо .

Ёдкарди ин нукта зарур дониста мешавад, ки Аҳмад Зоҳир як идда аз таронаҳои дар ҷавонӣ эҷод кардаашро, ки гумон меравад бо овои нисбатан нозуки ҷавонӣ берун оварда мешуданд, дар синни камолоти хеш бозбинӣ ва такмил додааст. Чунин менамояд, ки ба хурдтарин назарногирӣ ба вокҳои қобили кашиш бознигарӣ карда, онҳоро азнав сайқал додааст. Бад – он соне ки таронаеро бо матлаъи “Хоб аз чашмонам рабудӣ, эй бевафо, бевафо, Қалби маро ту шикастӣ, худхоҳи бадгӯ чаро?, дар се вариант ба сабт расидааст, вале сурудаи охиринаш нисбат ба пешиниҳо бо лаҳни гиротару тамкини устодона берун омада, ҷигарҳоро мехарошад.

Як идда ҳунармандон мехоҳанд сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро бо лаҳни ӯ бисароянд ва бархе аз онҳо монанди Азизи Ваҳҳоб (воқеан, чаро ин истеъдоди беҳамтои тоҷик дар пушти парда қарор дорад?!) як каме ба дардсароии ин ҳотифи нағмаҳои осмонӣ наздик мешавад, вале дигарон ҳар чи талош варзанд, ба гумони мо  ба ҳамон андоза нотавониҳояшонро дар сабки шеършиносиву аз жарфои дил оҳанг бурун овардан, ба намоиш мегузоранд. Аз хонандаи гиромӣ хоҳиш мешавад ба  таронае, ки бо чунин матлаъ суруда мешавад таваҷҷӯҳ зоҳир карда, амри нотакрории ҳунари Аҳмад Зоҳирро яқин донанд:

Ишқу  меҳрат кӯрии зебои ман,

Риштаҳо бастаст(у) андар пойи ман.

Бештар аз чил сол аст, ки бо таронаҳои Аҳмад Зоҳир рӯҳамонро об додаем. Баъзан ҳини мутолааи чакомаҳои шоирони бузурге, чун Мавлоно ва Ҳофиз, ҳолатҳое рух додааст, ки ба иллати сабукандешии худ аз каломи осмонии ин паямбарони назми порсӣ, диламон такон нахӯрдааст. Вале ҳангоми шунидани он ғазал бо овои Аҳмад Зоҳир жарфтар андешида, ҳатман байте ба гӯшаи дил ҷой гирифтааст, зеро мисли ӯ кам хонандае пайдо мешавад, ки тавассути оҳанг андешаро бозгӯ карда тавонад. Мехостам ин нуктаро арз кунам, ки дар зарфи ин чил соли ниюшандаи таронаҳои ӯ будан, ҳамеша наздам суол мегузоштам, ки дарду ғаму доғи ҷигарсӯзи ин ноздонаи як хонадони сарватманд, зебое ки ҳамаи дӯшизаҳои як шаҳри азим гирифтораш буданд ва барояш тамоми васоили айшу нӯш матраҳ буд, дар чист? Аз чист, ки ҳатто дар хондани чунин таронаҳои шӯх, чун «Шодӣ кунед, эй дӯстон, ман шодаму осудаам …», ё «Қадаҳро сар кунед, шабро саҳар кунед… » овои ҷигарсӯз аз қаъри дилаш мебаромад?! Шояд аз он ки ӯ дарк карда буд, ки зиндагӣ худ фоҷеае беш нест, ё магар медонист, ки аз дасти нокасе, миллатбохтае, заҳҳокнажоде ҷони ҷавон аз даст хоҳад дод. Ӯ худ гуфта буд, дар зиндагӣ ҳамеша чизҳое ҳаст, ки ба осоиши рӯҳии инсонҳо имконият намедиҳад ва як инсони солим наметавонад аз ғам бегона бошад; «… дар нигариши худ ба сӯи зиндагӣ ҳар чи қадар аз шакл ба муҳтаво ва аз сатҳ ба умқ биравем трожеди (фоҷеа) комилтар мегардад, дардҳо бараҳнатар ва ғуссаҳо ҷонсӯзтар… » (Маҷаллаи «Жувандун», 21.06.1979.). Ё шояд ӯ ғам надошт, вале ғамҳои мардуми худро мехонд . Эҳсоси баланди як бинишвар, чашмони бинои як меҳанпарвар фақру нотавонии мардумашро медид, ғарқ шудани кишварашро дар дарёи бадбӯи сиёсатолуд ҳис мекард : «…ман ниҳояти орзӯямро дар ин мебинам, ки як рӯз шоҳиди хушбахтии инсонҳо бошам…», гуфта буд боре. (Маҷаллаи «Жувандун», 21.06.1980).

Дар бораи Аҳмад Зоҳир гуфтании фаровон ва арсаи пажӯҳиши бекарон мавҷуд аст ва меарзад, ки талошҳову омӯхтанҳо, оҳангсозиҳову ифодаҳои каломи бадеъ ва умуман бинишу табъи латифи хориқулоддаи ин ҳотифи оҳангҳои осмониро ба риштаи таҳрир дароварда, дастури овозхонони мусиқии модерни тоҷик гардонд. Дар зимн зеҳнҳои пок ва завқҳои латиф тарбия кард, зеро суруд афзори нерӯманди фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад.

[1] яъне «афтад»