Шукӯҳи шаҳаншаҳони «Шоҳнома»

Донишиёни доно бар онанд, ки мутолааи «Шоҳнома» ва дарёфтани маънии жарфи он дониши густурдаи касро мехоҳад ва бинобар сабаби гусехтагии идроки хонандаи тоҷик аз гузаштаи фароторихӣ ва тоисломӣ ва ҳамзамон худноогоҳии таборӣ мабни бар ҷуғрофиёи торихии худро танҳо дар маҳдудаи Вароруд дидан ва кӯшиши марказҳои давлатдориву фарҳангии қавми тоҷикро дар ин фалот ҷустан, бисёре аз ҳамдиёронро ба ғалатгӯиҳову ғалатнигориҳо гирифтор кардааст. Дар нигари мо ин каҷандешиҳо дар бегонагӣ ба хати форсӣ, зимнан аз мутолиаи китобҳои гузаштагони дурамон маҳрум будан, реша дорад. Ҳамин андакхониҳост, ки борҳо мушоҳида кардаем, одамони дар ҷойгоҳи баланди илмиву идорӣ қарор дошта, бедуни камтарин мулоҳиза шоҳ Исмоили Сомониро бунёнгузори давлати тоҷикон бозгӯ мекунанд ва бо чунин гуфтори худ мехоҳанд гузаштаи дури тоҷиконро ба таъкид ишора намоянд. Читать далее »

Ҳофиз мехӯрд пинҳон шароб

(Назари гузаро ба торихи бодагусорӣ)

Ҳанӯз аз хотир фаромӯш нашуда, ки 30-40 сол пеш ағлаби донишҷӯёни бахши забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, ба иллати ворид шуда натавонистан дар печидагиҳои ҳикмати тасаввуф, нокоми  имтиҳони устоди зиндаёд Шарифҷон Ҳусейнзода мегардиданд. Лек бад-он сон, ки возеҳ буд қисмати бештари файласуфону адабиётшиносонамон худ низ огоҳии равшане аз нозукиҳои ин рукни фалсафаи миллӣ надоштанд. Читать далее »

Обишхӯри маҳалгароӣ кадомин чашма аст?

Ончуноне пайдост ҷавонони ҳушманди тоҷик пеши худ ва меҳони  ҷомеаи тоҷикӣ пурсише ба миён мегузоранд, ки падидаи зишту кареҳи маҳалгароӣ аз куҷо реша гирифта, обишхӯри кадом чашмаи нопок аст. Ин аст, ки дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла дар «Блогистони Озодӣ», рӯзноманигори овозаманд, Зафар Абдуллоеви гиромӣ пиромуни пайдоиши маҳалгароии тоҷикон ҷӯёи андешаҳои дигарон шуданд, ки инҷонибро водор сохтанд то барои дарёфти посух ҷустори гузарое дошта бошам. Читать далее »

Гургон ва туркон дар «Шоҳнома»

Бисёре аз мардуми ҷаҳон аз бостон барои худ нишон, аломат, символ  аз ҳайвоне,  ё паррандае чун рамз интихоб карда, онро вижагии миллии худ донистаанд ва аз он боифтихор нерӯи рӯҳи бардоштаанд. Одамон ғолибан он паррандаву ҳайвонеро, ки аз хотири ҷисму сифатҳои неки худ монанди ҷасорат, ҳушёрӣ, озодипарастӣ, тавозуни (гармонияи) ҷисм ва дигар вижагиҳо овозаманд гаштаанд, ба сурати намод ва рамзи миллии худ пазируфтаанд. Читать далее »

49 сол, ё шояд 490 соли Русия дар Точикистон

Чанде расонаҳои хабарӣ пиромуни паймони Русияву Тоҷикистон барои дар кишвари мо 49 соли дигар бозмондани нерӯҳои низомии Русия сару садо баланд карда буданд ва бахше аз онҳо пурсише ба миён гузоштанд, ки чаро муддати паймонро маҳз ба 49 рақам задаанд, на масалан ба 50, 55, ё 47, 48. Читать далее »

Зартушт Ҳазрати Иброҳим аст

Ончуноне дар гуфтори гузаштаамон ёдрас шуда будем иллати нотавониҳои фақеҳону олимон дар муҳтавои уқёнусмонанди “Қуръон” аст, ки пиромуни тафсирҳои худ дар бозшинохти шахсиятҳои барҷастаи рӯйи саҳифаҳои каломи Худованд омада, ба натиҷагириҳои зидду нақиз ва гаҳе омиёнаву аз мантиқ дур расидаанд.

 Ва гумон меравад чун «Қуръон» и карим, ки бо забони қадими арабӣ табйин шудааст, ва бо он забон гӯиши форсӣ ғайриманъусу мушкилифода менамуд ва шояд бад – ин сабаб номҳои Зартушт ва Курӯш ба гунаи забонҳои сомӣ Иброҳим ва  Искандар ифода ёфта бошанд. Читать далее »

«Дар Қуръон Искандар ба ҷои Куруш зикр шудааст»

Дар ҳадиси паёмбари ислом, Муҳаммад (с) ишора гардидааст, ки «ман аз паси 8000 паёмбар, ки ниме аз онон аз бани Исроил буданд, ба нубувват мабъус (фиристода шуда) гаштаам». Донишманди Қуръоншинос Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ (1671 – 1732), дар «Қиссаҳои Қуръон» ин ҳадисро бозгуфта илова кардааст, ки «аз миёни онҳо 313 нафар, аз ҷумла Ҳазрати паёмбари хотим мурсал (фиристода) буданд ва ба саволи мизони китобҳои нозил шуда Ҳазрати расули акрам фармудаанд: Маҷмуан сад саҳифаву чаҳор китоб бар анбиё нозил гашт, 50 саҳифа бар Шис, 30 саҳифа бар Идрис, ва 20 саҳифа бар Иброҳим». (Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ, «Қиссаҳои Қуръон», Т. 1380, мутобиқ ба с. 2001, саҳ.23) Ва аммо китобҳои нозил шуда иборатанд аз «Таврот», «Инҷил», «Забур» ва «Қуръон». Читать далее »

Ғалабаи тундии туркӣ бар нармии тоҷикӣ

Ҷойи шак нест агар гуфта шавад, ки миллати тоҷикро мебояд дар пайи боззоии андешаи миллии худ талоши паййгиронаву ҷиддитаре дошта бошад. Борҳо гуфтаем ва боз хоҳем гуфт, ки ҳама даъватҳо ба гунаи «бознигарии миллӣ», «худогоҳии миллӣ», «хештаншиносӣ», «худогоҳии таборӣ» бад – он сабаб ба миён омадаанд, ки тоҷикон дар қиморхонаи торих ҳамаро, аз ҷумла андешаи миллии хешро бохтаанд. Аз ин бохти маргбори миллат дар солҳои 60 – 70 асри гузашта чанд бедордили ангуштшуморе, чун Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Валӣ Самад садо баланд мекарданд ва танҳо чандсад равшандили дигар ба он гӯш фаро медоданд, гуфтаҳоро дуруст дармеёфтанд, аммо аз бими режим ва дастнигарӣ ба бегонагон наметавонистанд сухане озод бигӯянд. Имрӯз ба шарофати истиқлолият, ки бедуни кадом муҳобот аз натиҷаи наъраи дигарандешони Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне аз Тарковскиву Солженитсин то Бозор Собиру Лоиқу Тоҳири Абдуҷаббор ба тоҷикон арзонӣ шудааст, мо метавонем дар роҳи бозшинохти хостҳои миллии худ пой устувор гузоштаа, ба хештани хеш баргардем. Читать далее »

Гар номи мо надонанд…

Моҳи гузашта як ҳайати 12 нафараи олимони Тоҷикистон ба Машҳади Ирон, барои ширкат дар ҳамоиши донишпажуҳон зери унвони “Ҳазораи Шоҳнома” рафта буданд. Чун банда мақоланавиc, ё пажуҳишгари ғайрирасмӣ мебошам, барои иштирок дар ин ҳамоиш лоиқам надонистанд. Албатта, заррае ҳам нороҳат нашудам, гарчи дар миёни 15 соли ахир беш аз 20 мақола бо диди нав пиромуни ин шоҳкори беҳамто интишор намудаам ва тавре маълум аст, маҳфили «Шоҳномахонӣ» низ бо ҷавонони ҳушманд баргузор мекунам. Ин ҷо маро навиштаи Убайди Зоконӣ таскин мебахашад, ки гуфтааст:

Гар номи мо надонанд, бигзор то надонанд,
Гар ҳеҷамон набошад, бигзор то набошад.
Бо хор хуш бароем, гар гул ба даст н-ояд,
Бо хок раҳ бисозем, гар бурё набошад.

Ҳарчанд, бандаро дар Тоҷикистон барои сафар ба ин ҳамоиш лоиқ надониста бошанд ҳам, аммо ду ҳафта пас аз баргузории он ҳамоиши «Шоҳномашиносон», дар Машҳад як ҷилд маҷмуаи мақолаҳо бо унвони “Шохномапажӯҳ”, дар ҳаҷми 432 саҳифа ба чоп расид, ки дар баробари мақолаҳои пажӯҳандагони шинохтаи Ирон, Ҳиндустон ва бархе кишварҳои урупоӣ, аз Тоҷикистон танҳо се мақолаи инҷонибро, бедуни камтарин талошу хоҳиш аз тарафи банда нашр кардаанд, ки ба рости ниҳоят миннатдор шудам ва бори дигар ба нуктасанҷиву арҷгузории ба андешаи нави бародарони иронӣ қоил шудам.

Булбуле, ки лонаи ҷовидона дар дилҳо дорад

     (Идомаи матлаби “Кош, Аҳмад Зоҳире медоштем”)

Манзури банда аз ёдоварии ошуфтагиҳои дар боло оварда ба заҳмати омӯзиш ва тавре ки Аҳмад Зоҳир гуфтааст «…ба абдоъ ва ибтикор» даъват кардан аст. Ва ӯ сирф бо бедорхобиҳо, мутолиа , омӯзиш аз устоди пуртаҷриба, ба дили соҳибзавқон роҳ ёфтааст. Устодаш Фазлаҳмади Найнавоз, ки на танҳо дар синну сол аз шогирд 25 сол бузургтар буд, балки маҳорати фавқулодда дар навохтани саксафон, клорнет, труба, най ва ғайра дошт. Аммо дар кишвари мо гӯё дигар арзише ба устодиву шеършиносӣ намондааст ва чун ин ошуфтагиҳои ҳунарӣ ба василаи дастгоҳҳои моҳвораӣ ба ҷаҳон пахш мегарданд, касро дар назди ҳамтаборони ирониву афғонистонӣ озарму шармаш меояд, ки нуктасанҷони он кишварҳо, шарикони ҳунару адабиёти форсиву тоҷикиамон ба ҳунармандии беҳунарон метавонанд дар ҳайрат монанд.

Набудани нақди адабӣ, вуҷуд надоштани таҳлили мӯҳтавои расонаҳои хабарии ҳамагонӣ, аз ҷумла телевизион, ба вайронии бунёди фарҳанги асил меовард. Набояд ҳар тоза аз роҳ расидаро, ки алифбое аз ҳунар намедонанд, ҳанӯз марҳилаеро нагузашта, лақаби «хонандаи сол», дода, ҳазёнхониеро «суруди сол» донист ва онҳоро гаштаву баргашта аз шишаи телевизион нишон дод, зеро ин амр ниҳоят зиёнбор буда, ба ҷавҳари ҳунар зарба мезанад. Вақте ягон болонишини соҳиби завқи маҳдуд аз фалон овозхони мутаввасит ва ҳатто камҳунару беистеъдод хушаш омадааст ва шоме базми ӯро гарм кардааст, ба ҳар восита ӯро ҷилвагари оинаи нилгун, саҳифаҳои рӯзномаҳо ва саҳнаҳои калон мекунад, ному ҳиммати фарҳанги як миллатро паст мезанад. Пас, донишмандону фарҳангмандони чирасухан набояд дар интиқоду таҳлили барномаҳои ҳунарӣ истиҳола кунанд. Бояд эҷодкорона пазируфтани танқид, дидани ҳусну қубҳи андӯхтаҳои худ ва ислоҳ кардани онро омӯзонд, то чизи нобу тозае ба фарҳанги мардуми тоҷик зам гардад. Бояд дар ситоишу унвонбахшии ҷавонон ба саросемагӣ роҳ надод, чунки аз болобардориҳои бармаҳал, ҷавон мағрур гашта, ба истилоҳи Аҳмад Зоҳир «пеш аз пухта шудан, мешиканад».

Мағрур нагаштан яке аз пояҳое буд, ки шӯҳрату маҳбубияти ӯро дар худ такя дода буд. Ончуноне худи ӯ ба такрор гуфта буд: «…ғурури ҳунарӣ, шикасти ҳунариро бор меоварад. Дар кори ҳунарӣ рақобат созанда аст, аммо машрут ба ин ки ин рақобатҳо салим бошанд, на ҳасодатомез …». Ва онҳое, ки медонистандаш гуфтаанд, ӯ худ ба ҳеҷ кас ҳасодат намеварзид ва дилаш пур аз меҳри инсонҳо буд.

Аҳмад Зоҳир савдогариро аз ҳунар ҷудо карда буд. Яке аз дӯстонаш дар маҷаллаи «Овоз» навишта буд: «чун барои дилаш ва барои ҳунараш нағма сар медод, ҳунараш дар дил менишаст ва занг аз дил мезудуд». Ба рости ӯ шоу-бизнесро намепазируфт ва дар тӯйҳову нишастҳои бемоягон сурӯдхониро аз мақоми хеш поён ва таҳқир медонист. Шефтагони ҳунари Аҳмад Зоҳир то ҳанӯз бар ақидаҳои мухталифанд, ки чаро видеофилмҳояш ба мерос намондааст?!

Дӯсти донишманди мо Султони Ҳамад нақли Забеҳуллои Амонёр – яке аз азизони ӯро овардааст, ки мутобиқи он боре ба иллати нотавонбинии маъмури кажниҳоду бехиради телевизиони Кобул, имконияти сабти видеоии Аҳмад Зоҳирро аз даст дода буданд. Ин боре буд. Аммо ба таври умда ӯ барои сабти видеофилмӣ комилан талош надошт. Ба хубӣ дарк мекард, ки нобиғаи ӯ ба таблиғу реклама эҳтиёҷ надорад. Медонист, ки аз нишондиҳии пай дар пайи филмӣ, қадри ҳунарманд мекоҳад, ба тадриҷ боиси дилсардии ҳаводоронаш мегардад.

Аҳмад Зоҳир дар баробари ба мутолиаи китоб бахшидани соатҳои зиёди умри кӯтоҳи хеш, аз дастаи оркестри худ низ, ворид шуданро ба мӯҳтавои шеър дархосту талаб дошт. Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо рӯзноманигорони маҷаллаи «Жувандун» гуфтааст: «…дар мавриди оркестр сахтгириҳое дорам. То ҷойи имкон оркестри ман бояд муҷаҳҳаз бошад..» Сахтгирии ӯро бо навозандагони оркестр, аз як касетаи маҷлисиаш, ки назди мо маҳфуз аст, метавон пай бурд. Агар возеҳтар бигӯем, ҷараёни тамрини дар он касета сабт шуда, на сахтгирии як устод ба шогирдон, балки ташреҳи маънии як ғазал аз тарафи рафиқе ба рафиқони ҳамсабақи дигар аст. Ин сабти маҷлисӣ, ба таври зайл омадааст:

Аҳмад Зоҳир бо ҳамкоронаш мегӯяд: Назимҷон, нав як чизи нав сохтем…, ҳамира сабт кунем, ёдимон нарава. Шеъриш мақбул аст гӯш кунин:

                        Ман дар ин вайрона манзил, ганҷҳо гум кардаам,

                        Мурғи дилро ман ба тӯфони бало гум кардаам.

Шеъриша гӯш кунин:

Ман яке гум кардаам к-ам дар ҷаҳонам то абад,

                        Гар намешуд куфр мегуфтам, худоро гум кардаам.

 

Ва ин ду байтро гаштаю баргашта мехонад, оҳангашро бо аккордеон менавозад, таъкид мекунад, ки ибораи «киам», ба хотири риояи вазн, бояд «к-ам», хонда шавад.

Аҳмад Зоҳир ба ҳама созҳои мусиқии ба истилоҳ шарқиву ғарбӣ пайванде дошт ба сони гирифтори як ошиқи гулҳо дар гулистони шугуфаҳо, аммо дар нигари мо ин булбули  беҳамто чун соҳирони ҳунари ҷаҳонӣ Раҷ Капур, Ҳенрико Массес меҳри вижае ба аккордеон дошт. Ва ҳамин буд, ки ғолибан бо аккордеон таронаҳои тозаашро тамрин мекард, гаҳ – гоҳе бо сози аккордеон дар саҳна намоён мешуд. Дар ин ҷо мехоҳам хаёли хонандаи гиромиро ба як таронае равона созам, ки дар он нолаи ҷигарсӯзи аккордеон аз гулӯи тиллоии Аҳмад Зоҳир, чунин сатрҳои ҳушбарандаро ҳамроҳӣ мекунад:

Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад,[1]

Ҳар ҷо, ки диле бошад, дар доми бало уфтад.

Охир чи зиён уфтад султони мамоликро

Кутоҳназаре рӯзе бар ҳоли гадо уфтад.

Ногуфта нагузорем, ки мутобиқ кардани мазмуни шеър бо оҳанг ва он ҳам оҳанги эстрадӣ, ҳунари баландтар мехоҳад. Инҷониб барои худ як касетаи якунимсоатаи аудиоӣ таҳия карда будам, ки дар он 9-сурудаи овозхонҳои машҳуртарини ҷаҳониеро гирд овардаам, ки Аҳмад Зоҳир низ он хонданиҳоро ба форсӣ мутобиқ сохта, яъне шеъри баёнгари он мазмунро пайдо карда, хондааст. Он чи мехоҳам бозгӯ кунам ин аст, ки гӯши касе ба қабули мусиқии ноб қодир бошад, бартарии овози мамдуҳи моро дармеёбад. Дар касет мо хонданиҳои фаронсавиҳо, Ҳенрико Массес (ва вариантҳои форсии Аҳмад Зоҳир, «О диторам, диторам…», «Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман …», Шарл Ознаур (варианти Аҳмад Зоҳир «Дигар ашкам марез…», воқеъан бо ин оҳанги фаронсавӣ бисёр овозхонҳои рус суруди «Дорогой длинною» ро хондаанд), тенори бузурги итолиёвӣ Марио Лантс (варианти Аҳмад Зоҳир «Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ…»), ногуфта намонад, ки оҳанги марғуби ба классика шомил шударо, қариб ҳамаи овозхонҳои машҳури дунё, аз ҷумла тенорҳои барҷаста Пласидо Доминго, Лучано Паваротти ва овозхони машҳуру нотакрори эстрадаи Испаниё, Хулио Иглесиес хондаанд. Дар он касета инчунин аз оркестри Пол Мариал (варианти Аҳмад Зоҳир «Танҳо шудам, танҳо…» – ин таронаро шодравон Кароматулло Қурбон низ, дар пайравӣ бо ӯ хондааст), сурудаҳои оҳангсозону овозхонони машҳури Ҳиндустон, Мукеш («Чарлакило», бо вариантҳои ҳам ҳиндӣ ва ҳам форсии Аҳмад Зоҳир («Чашм ба роҳат, дил ба ёдат гиря кардам», «Ман нагӯям ки маро аз қафас озод кунед…», Муҳаммад Рафӣ, «Ма шаир ту наҳӣ», аз кинофилми «Бобби»). Инчунин дар касетаи мазкур валси машҳури русии «Мавҷҳои Амур»- оҳанги дӯстдоштаи Раҷ Капур, ки дар аксарияти кинофилмҳояш, аз ҷумла «Ҷаноби 420», «Сангам», «Исми ман ширинкор», «Бобби» ба кор бурдааст, ба варианти бастабандӣ кардаи Аҳмад Зоҳир омадааст. Ин оҳанги марғуб бо ғазали машҳури Ҳофиз, метавон гуфт, гул кардааст.

                        Душ аз масҷид сӯи майхона омад пири мо,

                        Чист ёрони тариқат баъд аз ин тадбири мо. 

            Дар мавриди бастабандии моҳиронаи таснифи мазкур мехостам чунин илова кунам, ки пажӯҳишгарони ашъори Ҳофиз тасбит кардаанд, мундариҷаи ин ғазал ба қиссаи маъруфи Шайх Санъони Фаридаддини Аттор иртибот дорад. (Шайхи бузурге, ки ба хотири ишқи духтари румӣ тарки намоз карда, ба дини насронӣ гароид. Шайх  ба хоҳишҳои муридонаш эътибор намедиҳаду пас аз мудохила аз олами улво, дубора ба ислом бармегардад). Ҳангоми бодиққат гӯш кардани ин тарона, шахси аз адабиёти классикӣ огоҳ, ба нобиғаи Аҳмад Зоҳир қоил мешавад. Зеро ки сӯфиён, ҳангоми рақси «самоъ», мисли «валс» чарх мезананд. (ҳатто фарзияе мавҷуд аст, ки мабни бар он урупоиҳо валсро аз рақси самоъи тариқати тасаввуф баргирифтаанд.) Ва дар ин ҷо низ валси «Мавҷҳои Амур» дар ғазали Хоҷаи Шероз воқеан масту махмуркунанда гаштааст:

                                 Мо муридон рӯй сӯи қибла чун орем, чун ?

                                   Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад пири мо .

 

Ёдкарди ин нукта зарур дониста мешавад, ки Аҳмад Зоҳир як идда аз таронаҳои дар ҷавонӣ эҷод кардаашро, ки гумон меравад бо овои нисбатан нозуки ҷавонӣ берун оварда мешуданд, дар синни камолоти хеш бозбинӣ ва такмил додааст. Чунин менамояд, ки ба хурдтарин назарногирӣ ба вокҳои қобили кашиш бознигарӣ карда, онҳоро азнав сайқал додааст. Бад – он соне ки таронаеро бо матлаъи “Хоб аз чашмонам рабудӣ, эй бевафо, бевафо, Қалби маро ту шикастӣ, худхоҳи бадгӯ чаро?, дар се вариант ба сабт расидааст, вале сурудаи охиринаш нисбат ба пешиниҳо бо лаҳни гиротару тамкини устодона берун омада, ҷигарҳоро мехарошад.

Як идда ҳунармандон мехоҳанд сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро бо лаҳни ӯ бисароянд ва бархе аз онҳо монанди Азизи Ваҳҳоб (воқеан, чаро ин истеъдоди беҳамтои тоҷик дар пушти парда қарор дорад?!) як каме ба дардсароии ин ҳотифи нағмаҳои осмонӣ наздик мешавад, вале дигарон ҳар чи талош варзанд, ба гумони мо  ба ҳамон андоза нотавониҳояшонро дар сабки шеършиносиву аз жарфои дил оҳанг бурун овардан, ба намоиш мегузоранд. Аз хонандаи гиромӣ хоҳиш мешавад ба  таронае, ки бо чунин матлаъ суруда мешавад таваҷҷӯҳ зоҳир карда, амри нотакрории ҳунари Аҳмад Зоҳирро яқин донанд:

Ишқу  меҳрат кӯрии зебои ман,

Риштаҳо бастаст(у) андар пойи ман.

Бештар аз чил сол аст, ки бо таронаҳои Аҳмад Зоҳир рӯҳамонро об додаем. Баъзан ҳини мутолааи чакомаҳои шоирони бузурге, чун Мавлоно ва Ҳофиз, ҳолатҳое рух додааст, ки ба иллати сабукандешии худ аз каломи осмонии ин паямбарони назми порсӣ, диламон такон нахӯрдааст. Вале ҳангоми шунидани он ғазал бо овои Аҳмад Зоҳир жарфтар андешида, ҳатман байте ба гӯшаи дил ҷой гирифтааст, зеро мисли ӯ кам хонандае пайдо мешавад, ки тавассути оҳанг андешаро бозгӯ карда тавонад. Мехостам ин нуктаро арз кунам, ки дар зарфи ин чил соли ниюшандаи таронаҳои ӯ будан, ҳамеша наздам суол мегузоштам, ки дарду ғаму доғи ҷигарсӯзи ин ноздонаи як хонадони сарватманд, зебое ки ҳамаи дӯшизаҳои як шаҳри азим гирифтораш буданд ва барояш тамоми васоили айшу нӯш матраҳ буд, дар чист? Аз чист, ки ҳатто дар хондани чунин таронаҳои шӯх, чун «Шодӣ кунед, эй дӯстон, ман шодаму осудаам …», ё «Қадаҳро сар кунед, шабро саҳар кунед… » овои ҷигарсӯз аз қаъри дилаш мебаромад?! Шояд аз он ки ӯ дарк карда буд, ки зиндагӣ худ фоҷеае беш нест, ё магар медонист, ки аз дасти нокасе, миллатбохтае, заҳҳокнажоде ҷони ҷавон аз даст хоҳад дод. Ӯ худ гуфта буд, дар зиндагӣ ҳамеша чизҳое ҳаст, ки ба осоиши рӯҳии инсонҳо имконият намедиҳад ва як инсони солим наметавонад аз ғам бегона бошад; «… дар нигариши худ ба сӯи зиндагӣ ҳар чи қадар аз шакл ба муҳтаво ва аз сатҳ ба умқ биравем трожеди (фоҷеа) комилтар мегардад, дардҳо бараҳнатар ва ғуссаҳо ҷонсӯзтар… » (Маҷаллаи «Жувандун», 21.06.1979.). Ё шояд ӯ ғам надошт, вале ғамҳои мардуми худро мехонд . Эҳсоси баланди як бинишвар, чашмони бинои як меҳанпарвар фақру нотавонии мардумашро медид, ғарқ шудани кишварашро дар дарёи бадбӯи сиёсатолуд ҳис мекард : «…ман ниҳояти орзӯямро дар ин мебинам, ки як рӯз шоҳиди хушбахтии инсонҳо бошам…», гуфта буд боре. (Маҷаллаи «Жувандун», 21.06.1980).

            Дар бораи Аҳмад Зоҳир гуфтании фаровон ва арсаи пажӯҳиши бекарон мавҷуд аст ва меарзад, ки талошҳову омӯхтанҳо, оҳангсозиҳову ифодаҳои каломи бадеъ ва умуман бинишу табъи латифи хориқулоддаи ин ҳотифи оҳангҳои осмониро ба риштаи таҳрир дароварда, дастури овозхонони мусиқии модерни тоҷик гардонд. Дар зимн зеҳнҳои пок ва завқҳои латиф тарбия кард, зеро суруд афзори нерӯманди фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад.


[1] яъне «афтад»

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.